Хомӯшии ВАО-и давлатӣ
Бегоҳии 12 январи соли 2012 дар шаҳри Маскав ба ҷони журналисти шинохтаи тоҷик Додоҷони Атовулло сӯиқасд сурат гирифт. Шахси номаълум Додоҷонро ба вохӯрӣ даъват карда, ба ӯ ду корд зад. Журналист аз ин ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ шуд. Шукри худо, ки ҳоло хатар ба ҷони Додоҷон таҳдид намекунад ва ӯ сиҳат мешавад.
Ин хабари шум баъди чанд соат дар расонаҳои хабарии Русия паҳн шуд ва онро аввали рӯзи 13 январ – соати 5-у 14 дақиқа хабарнигории «Азия плюс» дар такя ба манбаъҳои русӣ нашр кард. Баъдан хабари сӯиқасд ба чони Додоҷони Атовулло дар сомонаҳои оҷонсиҳои иттилоотии хусусии Тоҷикистон – «Озодагон», «Tojnews», «Pressa.tj» пахш шуданд. Ҳамон рӯз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон, Медиа-Алянси Тоҷикистон ва Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон – «Афрўз» бо пахши баёния сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигор Додоҷони Атовуллоро маҳкум карда, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия тақозо кардаанд, ки нисбати ин ҳодиса таҳқиқи амиқ гузаронида шавад. Читать дальше
16 Янв
Хомӯшии ВАО-и давлатӣ
29 Ноя
УЗРЕ БАДТАР АЗ ГУНОҲ, Ё ТАРСАКИИ МАСКАВ

УЗРЕ БАДТАР АЗ ГУНОҲ, Ё ТАРСАКИИ МАСКАВ
Дар мавзӯи қазияи халабонҳои рус чизе навиштанӣ набудам, зеро он тӯли се ҳафта ҳангомаи расонаҳо шуда буд, вале анҷоми шармандавори он маро ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон бетараф гузошта наметавонад.
22- юми ноябри соли равон Додгоҳи вилояти Хатлон ду командири тайёраҳои АН-72-и Ширкати оффшории «Ролкан Инвестмент Лтд» шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро озод кард. Судя бо дархости Толибҷон Азимов, муовини додситони вилояти Хатлон, ки дар мурофиаи судии ин халабонон ба ҳайси айбдоркунанда ширкат мекард, ба ҳар ду судшаванда 2 солу шаш моҳу 14 рӯзи зиндонро раво дид. Аммо бинобар татбиқи Қонуни авф, ки аз 20 августи соли 2011 қабул шуда буд, ду соли ҷазои зиндонро аз ҳукми халабонҳо кам кард. Ҳамин тавр, бо назардошти он ки, халабонҳо, аллакай, шаш моҳ дар боздоштгоҳ қарор доштанд, онҳо аз толори додгоҳ озод гардиданд.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз 8 ноябр Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Владимир Садовничий ва Алекей Руденкоро барои ғайриқонунӣ дохил шудан ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон, барои вайрон намудани меъёрҳои байналмилалии парвоз ва барои интиқоли ғайриқонунии муҳаррики тайёра ба мӯҳлати 10 солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум карда буд. Вале бо татбиқи Қонуни авф дусолӣ аз ҳукми онҳо кам карда шуд. Ҳамин тавр ҳар кадоми онҳо ба ҳашту ним сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Ин амал дар расонаҳои Русия мавзӯи рақами 1 шуда, боиси эътирози мансабдорону сиёсатмадорон ин кишвар гардид. Ҳамзамон фишороварӣ ба мақомоти Тоҷикистон ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик оғоз гардид. Билохира, Додситони вилояти Хатлон ба ҳукми Суди шаҳри Қӯрғонтеппа эътироз карда, хоҳони аз нав баррасӣ шудани қазияи халабонҳо шуд. Ҳол он ки чанде қабл додситони кулл Шерхон Салимзода дар нишасти матбуотӣ ин ҳукми судро воқеӣ гуфта буд. Ба гуфти додситони кулл дар дохили ҳар ду тайёраҳои АН-72 боз шаш сарнишини дигар аз Русия, Украина, Беларус ва Қазоқистон ҳузур доштанд, ки нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ кушода нашудааст ва онҳо бегуноҳ дониста шудаанд. Читать дальше
21 Ноя
Хабар чӣ гуна бояд бошад? Ё чаро барномаи «Ахбор» баёнгари ҳаводиси рӯз нест?
Ҷовид Муқим,
профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ
Телевизион дар паҳн кардани иттилоъ нисбат ба рӯзномаҳо бартарият дорад. Зеро вай метавонад тезтар ва муассиртар хабарро паҳн кунад. Вале ин афзалияти телевизион дар Тоҷикистон чандон истифода намешавад.
Дар сӯҳбат мутахассисони соҳаи журналистика аксаран мегӯянд, ки бинандагони телевизионҳои Тоҷикистон каманд, зеро барномаҳояшон дар сатҳи касбӣ нестанд. То кадом андоза ин иддао воқеият дорад? Барои муайян кардани теъдоди бинандагони телевизионҳои фаромиллии Тоҷикистон – ТВ «Шабакаи аввал», ТВ «Сафина», ТВ «Ҷаҳоннамо» ва ТВ «Баҳористон» мо пажӯҳише анҷом додем. Ба пурсиши мо 200 нафар сокинони шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он посух гуфтанд. Аз ҷумла, дар пурсиш 125 нафар (62,5 фоиз) сокини шаҳри Душанбе ва 75 нафар (37,5 фоиз) истиқоматкунандагони деҳот иштирок карданд. Аз рӯи ҷинс 115 нафар (57,5 фоиз)- и респондентон мард ва 85 нафар (42,5 фоиз)-и боқимонда занҳо буданд. Респондентон аз рӯи синну сол ба 5 гурӯҳ тақсим карда шуданд: синни аз 16 то 25-сола, синни аз 26 то 35-сола, синни аз 36 то 50-сола, синни аз 51то 60-сола ва синни аз 61-сола боло. Аз пурсидашудагон 69 нафар (34,5 фоиз) аз 16 то 25-сола буданд ва аксари онҳоро донишҷӯёни макотиби олӣ ташкил мекарданд. 46 нафар (23 фоиз)-и дигари пурсидашудагон синни аз 26 то 35-сола доштанд. Ба гурӯҳи респондентони 36-50-сола 40 нафар (20 фоиз) шомил буданд. Дар пурсиш 26 нафари аз 51 то 60-сола иштирок карданд. Ҳамчунин 19 нафар (9,5 фоиз)-и аз 61-сола боло пурсида шуданд. Аз рӯйи нишондиҳандаи таҳсилнокӣ аксари респондентон- 86 нафар (43 фоиз) таҳсилоти олӣ доштанд. Ҳамчунин 66 нафар (33 фоиз)-и пурсидашудагон таҳсилоти олии нопурра ва 48 нафар (24 фоиз) таҳсилоти миёна доштанд. Читать дальше
28 Окт
Чӣ дунёе?!
Чӣ дунёе?!
Андешаҳо дар танҳоӣ

Матбуотро варақ мезанаму ба даҳшат меафтам. Ба навиштаи «Имрӯз-News» падаре дар Балҷувон духтари 14-солаашро барои дер ба хона омаданаш зада куштааст. Ба навиштаи рӯзномаҳои дигар, чанде қабл марде дар Масчоҳ занашро бо корд зада ба қатл расонидааст. Чанде пештар марди дигаре амаки худро барои соҳиб шудан ба хонааш кушта буд. Ба навиштаи рӯзномаи «Вечерний Душанбе» бо фармоиши Бибимахфират Абдуллоева ном зани 37-солаи тоҷик, ки феълан шаҳрванди Русия аст, шавҳараш Умарҷон дар шаҳри Душанбе кушта шудааст.
Ман намефаҳмам, ки магар метавонад инсони солимақл ба чунин ваҳшоният қодир бошад?! Чӣ шудааст ҷомеаи моро? Чаро мардум ин қадар бераҳму сангдил шудаанд?! Наход ҷони инсонӣ чунин қимат дошта бошад?! Читать дальше
7 Сен
ИСТИҚЛОЛ
Имрӯз аксари мардум аз истиқлолият ҳарф мезананд ва мансабдорон ҳар таҳаввулоти хубе, ки дар ҷумҳурӣ рух медиҳад аз шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон медонанд. Кор то баҷое расидааст, ки ким-кадом соҳибкор барои гирифтани фоида сехи қаннодӣ кушодааст ва инро низ Телевизиони «Шабакаи аввал» ба истиқболу ифтихори Истиқлолият маънидод мекунад. Баъзеҳо ончунон даҳон пур карда дар бораи истиқлолият ҳарф мезананд, ки гӯё тӯли ин 20 соли Истиқлолияти Тоҷикистон зиндагии мардум нисбати давраи шӯравӣ беҳ шуда, шаҳрвандони кишвар дар сарзамини «биҳиштосо» рӯзгори осуда дошта бошанд.
Воқеан, биёед андеша кунем, ки то кадом андоза мо соҳибистиқлолем ва то куҷо он барои зиндагии осудаву арзандаи шаҳрвандон мусоидат кардааст?
Набояд фаромӯш кард, ки истиқлолияти сиёсиро Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои ИДМ дар натиҷаи аз ҳам пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ба даст овардааст. Дигарон он вақт барои давлатсозӣ кӯшиданд. Мо бошем, барои мансабталошӣ ҷанги ҳамватанӣ кардем ва билохира ба сарамон зад, ки «теша ба решаи худ зада истодаем». Вақте инро дарк намуда, аз нав мансабтақсимкунӣ кардем, ки алакай Ватан вайронаву иқтисод фалаҷ гардида, садҳо ҳазор нафар шаҳрвандон кушта шуда буданд. Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳанӯз ҳам «дар хами як кӯчаем» ва иқтисоди мо то ба давраи соли 1991 нарасидааст. Читать дальше
29 Авг
ИСТИҚЛОЛ БАҲРИ ЧИСТ?

Луқма
Имрӯз маъмултарин ва серистеъмолтарин ибора дар забони радиову телевизион, матбуот ва мансабдорони сатҳи гуногун «Ба истиқболи 20-солагиии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» аст. Мансабдорон ҳар як таҳаввулоти хубе, ки дар ҷомеа рух медиҳад, ҳатман ба «20-солагии Истиқлолият» рабт медиҳанд. Кор ба ҷое расидааст, ки бе ин ибора ягон суханронӣ шурӯъ намешавад. Баъзан истифодаи ин ибора ба ифрот мерасад ва аз мантиқ мебарояд. Аз Телевизиони «Пойтахт» як мансабдоре мегӯяд, ки то ҷашни Истиқлолият ҷӯйбору партовҳоро тоза мекунанд. Магар бе ҷашн онҳо вазифадор нестанд, ки партовҳоро тоза бикунанд?! Мансабдори дигаре ба журналист мегӯяд, ки ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба боғи ҳайвонот мори «питон» овардаанд. Ҳамчунин кадом як мактабро таъмир кардаанд ва инро ҳам ба 20-солагии Истиқлолият иртибот медиҳанд. Ҳамин мондааст, ки мансабдорони тамаллуқкор бигӯянд: «Ба истиқболи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон говҳо сершир шудаанду мурғҳо тухмдеҳ». Ин амалҳо ҳамон маъракаҳои давраи шӯравии коммунистонро мемонанд, ки бояд ҳатман дар арафаи идҳои Якдилии меҳнаткашон -1-уми май ва ғалабаи Инқилоби Сотсиалистии Октябр – 7 ноябр ягон иншоотро сохта ба истифода диҳанд. Читать дальше
15 Авг
ВАТАН
Дар давраи шӯравӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин факултаи вижаи омода кардани донишҷӯёни хориҷӣ барои макотиби олии Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекард. Дар ин факулта донишҷӯён аз кишварҳои сотсиалистӣ ва демократии олам забони русӣ омӯхта, минбаъд дар дигар макотиби олии ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун таҳсил мекарданд. Рӯзе як муаллими донишгоҳ ба донишҷӯи афғон насиҳат кард:
- Хуб таҳсил карда, ихтисос гиред ва рафта ватанатонро чун мо обод кунед.
- Устод, хуб содаед. Ватан он ҷост, ки дӯкон дорӣ, -гуфт донишҷӯ.
6 Июн
Чашмони сӯзон

Ҷавонзане зуд-зуд шавҳар мекард. Ин зани зебо ва даҳ ангушташ ҳунар беш аз ҳафтае дар хонаи шавҳар намеистод. Ҳатто мӯйсафедони занмурдаи ташна низ беш аз ҳафтае бо ӯ хонадорӣ намекарданд. Ҳамагон бо се талоқ аз ӯ ҷудо мешуданд. Овоза шуд, ки ҷавонзан боди шикамашро нигоҳ дошта наметавонад ва сабаби талоқгириаш низ ҳамин аст.
Билохира, хешу табор барои ҷавонзан мардеро пайдо карданд. Аз издивоҷи онҳо ду ҳафта гузашт, вале хомӯшӣ буд. Ҳама ҳайрон буданд, ки чӣ хел ин дафъа домод тоқат кардааст. Бинобар ин тағои арӯс барои хабаргирӣ омада, аз домод пурсон шуд: Читать дальше
6 Июн
Сарзада

Писари ҳамсоя, ки дар омӯзишгоҳи техникӣ таҳсил мекард, рӯзе аз Шодиқул пурсид:
- Амак, ҳамин сарзада гуфтанашон чӣ маънӣ дорад?
- Чӣ хел сарзада?- суолро нафаҳмида пурсид Шодиқул.
- Баъзан агар ягон корро нодуруст кунам, додом сарзада мегӯянд. Дар омӯзишгоҳ низ муаллимамон маро сарзада мегӯянд. Охир сари ман сипа-сиҳат аст!
- Ҳа, нав фаҳмидам. Вақти дар ишками очат буданат, додот ба сарат мезаданд. Ана, барои ҳамин ҳам ин хел кӯдакҳоро сарзада меноманд,- шӯхӣ кард Шодиқул.
3 Июн
Ҳароратсанҷ

Шодиқул, журналисти музофотӣ нақл кард, ки барои таъмини оила дар мактабу омӯзишгоҳ дарс медодам ва боз дар редаксияи газета кор карда, ба хона хаста меомадам ва хӯроки шом хӯрда мехобидам. Ҳис кардам, ки муносибати рафиқ занак нисбати ман рӯз ба рӯз бад шуда истодааст. Сабаб пурсидам:
-Чаро лабу лунҷат овезон? Ман чӣ гуноҳ кардам? Шабу рӯз кор мекунам, то ки шумо камбудие надошта бошед.
- Дуруст аз субҳ то шом кор гуфта, гум мешавед, вале шабкориатонро надидем. Хӯроки шом мехӯреду кунда барин хоб меравед, – шиква кард рафиқ занак. Читать дальше



