ОҶОНСИИ ИМА ОИД БА ВАО-И ГЛОБАЛӢ



УДК: 070 (1-87)
ОҶОНСИИ ИМА ОИД БА ВАО-И ГЛОБАЛӢ

Муқимов М. А. — профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Таърихи ВАО-и байналхалқии ИМА аз соли 1942 оғоз мегирад. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон, 24 феврали соли 1942 Ҳукумати ИМА барои пахши барномаҳо ба Италия ва Олмони фашистӣ Радиои «Садои Америка»-ро таъсис дод ва аввалин барномаҳо ба забони итолиёвӣ ва немисӣ пахш шуданд [4,9]. То охири соли 1942 Радиои «Садои Америка» аллакай бо 22 забон ба хориҷа барнома пахш мекард.
Ҳамон вақт зери назорати Департаменти давлатии ИМА Маъмурияти иттилооти байналхалқӣ таъсис дода шуд. Бо қарори Конгресси ИМА 1-уми августи соли 1953 ба ҷои ташкилоти мазкур Оҷонсии иттилоотии ИМА (United States Information Agency — USIA) – органи тарғиботи хориҷӣ таъсис ёфт, ки то 1-уми октябри соли 1999 фаъолият карда, тобеи Департаменти давлатӣ буд. 3 -юми апрели соли 1978 USIA ба Оҷонсии иртиботи байналхалқии ИМА табодули ном кард. Вале моҳи августи соли 1982 номи аввалаи он баргардонида шуд.
Умури пахши байналхалқии Ҳукумати ИМА аз соли 1990 якҷоя фаъолият доранд. Ҳамон вақт Оҷонсии иттилоотии ИМА барои дар як ташкилот муттаҳид кардани се расонаи худ – «Садои Америка», Умури телевизион ва кинои «Worldnet», Радио ва ТВ «Марти» Бюрои пахшро таъсис дод. Воқеан, 16-уми майи соли 2004 барои кам кардани хароҷоти «Worldnet» (шабакаи ҷаҳонӣ), ки соли 1983 таъсис ёфта буд, он ба «Садои Америка» ҳамроҳ карда шуд.
Пахши байналхалқии Ҳукумати ИМА аз 30 апрели соли 1994, баъди имзои Қонун дар бораи «Пахши байналхалқӣ» (International Broadcasting Act №103-236) аз ҷониби президент Билл Клинтон боз ҳам муттаҳид гардид. Тибқи қонунгузорӣ Бюрои байналхалқии пахш (IBB) ё ин ки Шӯрои идораи пахш (BBG — Broadcasting Board of Governors), ки ваколати назорати ҳамаи пахши байналхалқии давлатии ғайриҳарбиро дошт, таъсис дода шуд. Бояд гуфт, ки асоси қонуни мазкурро Хартияи «Садои Америка», ки соли 1976 президенти ИМА Ҷералд Форд имзо карда буд, ташкил медиҳад.

Соли 1998 Дар ИМА Қонун «Дар бораи ислоҳот ва таҷдиди сохтори корҳои хориҷӣ» қабул шуд. Тибқи қонуни мазкур 1-уми октябри соли 1999 Шӯрои идораи пахш (BBG) ё ин ки Шӯрои идораи пахши барномаҳои телевизиону радио ташкилоти мустақил гардида, масъулияти идораи «Садои Америка», Идораи пахши барномаҳо барои Куба, Радиои «Аврупои озод»/Радиои «Озодӣ», Радиои «Осиёи озод» ва Шабакаҳои пахши барномаҳои Шарқи наздик (MBN)-ро ба дӯш гирифт [18].
Ҳоло «Садои Америка» бузургтарин ташкилоти иттилоотии мултимедиявии ИМА буда, мақари асосиаш дар шаҳри Вашингтон ҷойгир аст. Вай ба забони англисӣ ва 45 забони дунё барнома пахш мекунад. Аз моҳи январи соли 1994 иттилои пахшкардаи «Садои Америка» дар Интернет дастрас аст. Ҳоло ба ғайр аз радиову телевизион барномаҳои «Садои Америка» тавассути 48 сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо забонҳои гуногуни дунё пахш карда мешаванд. Феълан Аманда Беннетт вазифаи директори радио ва телевизиони «Садои Америка»-ро ба уҳда дорад. «Садои Америка» яке аз 5 шабакаи пахши барномаҳои ИМА ба хориҷа аст, ки таҳти назорати Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ (USAGM) мебошад.
Радиои «Аврупои Озод»/Радио «Озодӣ» расонаи дуюмест, ки таҳти назорати USAGM қарор дорад. Воқеан, Радиои «Аврупои Озод» ҳамчун ташкилоти алоҳида пахши барномаҳояшро 4 июли соли 1950 аз студия дар Ню-Йорк барои Чехословакия шуруъ карда, сипас барои кишварҳои сотсиалистии Европаи Шарқӣ идома додааст. Радиои«Озодӣ», ки барои Иттиҳоди Шӯравӣ пешбинӣ шуда буд, 1-уми марти соли 1953 пахши барномаҳояшро ба забони русӣ аз Мюнхени Олмон оғоз карда, сипас барномаҳояшро ба забонҳои дигари халқҳои СССР тавсеа бахшидааст. 1 октябри соли 1976 ин ду радио муттаҳид карда шуданд. Ҳоло 28 бахши Радиои «Аврупои Озод»/Радиои «Озодӣ» ба 21 кишвари олам барнома пахш мекунанд. Дар шаҳри Прага ва 19 шуъбаи он дар кишварҳои мухталиф 400 рӯзноманигори штатӣ ва 750 хабарнигори ғайриштатӣ ифои вазифа мекунанд. Радиои мазкур яке аз бузуртарин расонаи таблиғотии ИМА мебошад [5]. Ҷейми Флай аз соли 2019 президенти Радиои «Аврупои Озод»/Радиои «Озодӣ» аст.
Идораи пахши барномаҳо барои Куба ВАО-и сеюми байналхалқии ИМА мебошад, ки аз радио ва телевизиони «Марти» иборат аст. Радиои «Марти» соли 1983 таъсис ёфта, 20-уми майи соли 1985 пахши барномаҳои он ба забони испанӣ барои Куба шурӯъ шуд. Телевизиони «Марти» бошад, 27-уми марти соли 1990 пахши барномаҳояшро оғоз кард. Идораи пахши барномаҳо барои Куба дар шаҳри Майамии иёлоти Флорида ҷойгир аст. Шабакаи мазкур маркази чандрасонаии иттилоотӣ ва таҳлилӣ буда, барои бурдани тарғибот ба Ҷумҳурии Куба таъсис ёфтааст [7]. Аз моҳи сентябри соли 2019 Эмилио Васкес вазифаи директори Идораи пахши барномаҳо барои Кубаро ба уҳда дорад.
Радиои «Осиёи озод» 12-уми марти соли 1996 аз ҷониби Кумитаи озодии Осиё таъсис ёфта, барномаи аввалини он 29 сентябри соли 1996 ба эфир баромад.
Ҳадафи радио бурдани тарғибот ба кишварҳои Осиёи Шарқӣ ва Осиёи Ҷанубӣ Шарқӣ аст, ки қаблан рӯ ба тарзи рушди сотсиалистӣ оварда буданд ва аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ дастгирӣ меёфтанд.
Штаб-квартираи радио дар шаҳри Вашингтони иёлоти Колумбияи ИМА ҷойгир аст. Радио ба 9 забон дар 6 мамлакат — Бирма, Камбоҷа, Лаос, Ҷумҳурии Халқӣ — Демократии Корея, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ветнам барнома пахш мекунад. Радиои «Осиёи озод» ҳамчун умури ахбори интернетӣ низ фаъолият дорад. Радиои «Осиёи озод» 10 сомонаи чандрасонаии интерактивӣ дорад, ки 9-тои он ба забонҳои пахши барномаҳо буда, сомонаи 10-ум ба забони англисӣ аст [6]. Аз моҳи ноябри соли 2019 Бэй Фанг президенти нави Радиои «Осиёи озод» мебошад.
ИМА барои кишварҳои арабзабон бошад, тавассути Шабакаҳои пахши барномаҳои Шарқи наздик (MBN) тарғиботи густурда мебарад. Вай ташкилоти ғайритиҷоратии иттилоотии ИМА буда, телевизионҳои «Ал-Ҳурра», «Ал-Ҳурра-Ироқ», Радиои «Сава», Радиои «Офия Дарфур», лоиҳаҳои интернетии «Садо баланд бикун», «Садоҳои Мағриб»-ро идора мекунад. Радиои «Сава» аз 23 марти соли 2002 ба пахши барномаҳояш ба забони арабӣ оғоз кардааст. Телевизиони «Ал-Ҳурра» шабакаи моҳворавӣ буда, аз 14 феврали соли 2004 ба забони арабӣ ва лаҳҷаҳои он ба 22 кишвари Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ барнома пахш мекунад. Штаб-квартираи Шабакаҳои пахши барномаҳои Шарқи наздик дар шаҳри Спрингфилди иёлоти Виргиния ҷойгир аст. Шабакаҳои мазкур барномаҳои худро аз штаб-квартираи MBN дар Виргинияи Шимолӣ ва бюроҳояш дар Қоҳира, Дубай, Байтулмуқаддас, Бейрут, Эрбил, Работ, Бағдод ва Вашингтон пахш мекунанд [8]. Ҳоло Алберто Фернандес президенти Шабакаҳои пахши барномаҳои Шарқи наздик мебошад.
Шӯрои идораи пахш — BBG (Шӯрои идораи телевизиону радиошунавонӣ) дар асоси дуҳизбӣ таъсис ёфта, аз 9 нафар иборат буд. Ба он котиби давлатии ИМА аз рӯи вазифа ва 8 нафари дигар, ки таҷрибаи фаъолият дар ВАО ва умури хориҷӣ доштанд, дохил мешуданд. Аз рӯи қонун бештар аз 4 нафар аз як ҳизб наметавонистанд аъзои шӯро бошанд. Аъзои шӯроро президент таъин мекунад ва Сенат тасдиқ менамояд. Аъзои аввалин Шӯрои идораи телевизиону радиошунавонӣ 11-уми августи соли 1995 савганд ёд карданд, ки инҳо буданд: Дэвид У. Берк (август 1995—2002), Тед Эдвард Кауфман (август 1995 — декабр 2008), Том С. Корологос, Бетт Бао Лорд, Алберто Х. Мора , Черил Халперн , Марк Натансон , Карл Шпилфогел.
Баъдан Норман Паттиз (май 2000 — март 2006), Кеннет Томлинсон (августи 2002), Уолтер Айзексон (июл 2010 — январ 2012), Дана Перино (июл 2010 — декабр 2012), Виктор Эш (июн 2010—2013), Майкл Линтон (июл 2010 — май 2013), Сюзен Мак-Кю (июл 2010 — май 2014) узви шӯро буданд.
То моҳи январи соли 2015 инҳо аъзои Шӯрои идораи телевизиону радиошунавонӣ буданд: Ҷеффри Шелл, Мэттю Армстронг, Леон Арон, Райан Крокер, Майкл Кемпнер, Карен Корнблах, котиби давлатӣ Ҷон Керри (аз рӯи вазифа), Майкл Михан, Кеннет Вайнштейн.
Моҳи декабри соли 2016, баъди қабули Қонун «Дар бораи мудофиа барои соли молиявии 2017» Шӯрои идораи телевизиону радиошунавонӣ таҳти идораи як нафар узви шӯро қарор гирифт ва аъзои шӯро то ба 5 нафар кам карда шуд. Акнун шӯро танҳо ваколати машваратӣ дорад [1].
Тибқи қонуни мазкур директори генералии Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ аз ҷониби президент таъин гардида, Сенат тасдиқ менамояд. Қаблан аъзои шӯро метавонистанд бемуҳлат таъин гарданд. Акнун аъзои шӯро ба муддати 5 сол таъин мешаванд.
Феълан Кеннет Вайнштейн раиси Шӯрои идораи Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ маҳсуб мешавад. Ӯ президент ва директори иҷроияи Институти Ҳадсон мебошад. Узви дигари шӯро, доктор Леон Арон дар вазифаи директори лоиҳаи пажӯҳишҳо оид ба Россия дар Институти америкоии соҳибкорӣ фаъолият мекунад. Ӯ солҳои 1990 – 2004 иштирокчии барномаҳои бахши русии Радиои «Садои Америка» ва телешоуи «Нигоҳе аз Америка» буд. Узви сеюми шӯро Райан Крокер узви Кумитаи байналхалқии машваратӣ буда, ҳамчунин ба ҳайати Кумитаи махсус оид ба ояндаи пахши кӯтоҳмавҷи радиоӣ шомил аст. Узви чоруми шӯро Майкл У. Кемпнер асосгузор, президент ва директори иҷроияи ширкати иртибот бо ҷомеаи MWWPR мебошад, ки соли 1986 дар Ню-Йорк таъсис ёфтааст. Узви панҷуми шӯро Карен Корнблах ходими калони илмӣ ва директори барномаи техникии Фонди Маршалл мебошад.
Котиби давлатии ИМА Майк Помпео, ки қаблан директори Раёсати марказии кашшофӣ буд, аз рӯи вазифа узви шӯро аст. Мишел Ҷуда, ёвари котиби давлатӣ оид ба робита бо ҷомеа, намояндаи вазорати корҳои хориҷӣ дар шӯро мебошад. [14].
Ҷаласаи шӯро дар давоми сол барои муҳокимаи фаъолияти Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ, баррасии сиёсат ва стратегияи роҳбарӣ, шунидани ҳисобот гирд меояд.
22 августи соли 2018 барои навсозии фаъолият Шӯрои идораи пахш — BBG (Шӯрои идораи телевизиону радиошунавонӣ) номашро ба Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ (USAGM – US Agency for Global Media) иваз кард. Вазифаи ташкилоти мазкур назорати ҳамаи фаъолияти телевизиону радиошунавонии хориҷӣ ва таъмини идораи стратегӣ мебошад. Он ҳамчун пул байни Ҳукумати ИМА ва расонаҳои таблиғотии он ба хориҷа хизмат мекунад.
Кормандони Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ қарори шӯроро иҷро карда, назорати ҳамаи пахши байналхалқии ИМА-ро амалӣ менамоянд. Онҳо ба шӯро дастгирии техникӣ, касбӣ ва маъмурӣ расонида, роҳбарии стратегӣ ва идораи барномаҳои баъзе муассисаҳоро анҷом медиҳанд [17].
Директори иҷроияи Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ Ҷон Лэнсинг моҳи сентябри соли 2019 аз вазифааш истеъфо дода, президент ва директори генералии Радиои миллии ҷамъиятӣ таъин гардид [2], [9]. Ҳоло дар сомонаи Радиои миллии ҷамъиятӣ (NPR) http://www.npr.org номи Ҷон Лэнсинг дар вазифаи мазкур сабт шудааст [15].
Ӯ соли 2015 бо фармони президент Барак Обама ба вазифаи директори иҷроияи Шӯрои идораи телевизиону радиошунавонӣ таъин гардида буд. Дар давраи роҳбарии Ҷон Лэнсинг аудиторияи расонаҳои зертобеи Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ ба беш аз 100 миллион нафар зиёд карда шуд. Зеро дар ҳамин давра барои афзоиши тарғибот ба хориҷа, махсусан Русия ва Эрон расонаҳои нав таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, соли 2017 бо роҳбарии ӯ шабакаи телевизионии русии «Настоящее время» (вақти ҳозира), сомонаҳои «Полиграф», «Фактограф», соли 2019 «Север реалии» ва ғайра таъсис дода шуданд. Барои тавсеаи тарғибот ба Ҷумҳурии Исломии Эрон телевизиони шабонарӯзии форсии «Садои Америка» — VOA 365 ба фаъолият шуруъ кард.
Президенти ИМА Доналд Трамп ҳанӯз моҳи июни соли 2018 Майкл Пэкро ба вазифаи директори иҷроияи Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ пешниҳод карда буд. М. Пэк продюсери филмҳои мустанад аст. Ӯ қаблан роҳбари Институти консервативии Клэрмонт дар Калифорния буд ва дар ташкилоти ғайритиҷоратии Корпоратсияи пахши ҷамъиятӣ кор мекард. Солҳои 1990-ум ӯ роҳбари телевизиони байналхалқии «WorldNet» буд. Соли 2002 президент Ҷорҷ Буши хурдӣ М. Пэкро ба узвияти Шӯро оид ба улуми инсонӣ ворид намуд. Ӯ 19 сентябри соли 2019, баъди қариб 16 моҳи пешниҳод дар баррасии кумитаи байналхалқии Сенат ба суолҳо вобаста ба фаъолияти минбаъдааш дар вазифаи директори иҷроияи Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ посух дод [3].
Бояд гуфт, ки пас аз истеъфояшро эълон кардани директори иҷроияи Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ Ҷон Лэнсинг директори Идораи пахши барномаҳо барои Куба Томаса Регаладо 20 сентябри соли 2019 аз вазифааш истеъфо дод. Ӯ моҳи июни соли 2018 ба ин вазифа таъин гардида буд [13]. Томас Регаладо то ба ин вазифа таъин шуданаш ҳамчун журналисти касбӣ ва ду давра мири шаҳри Майами фаъолият кардааст. Ҳоло вазифаи директори Идораи пахши барномаҳо барои Кубаро муовини қаблии директор — Эмилио Васкес иҷро карда истодааст.
20 ноябри соли 2019 дар роҳбарии расонаи дигари Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ – Радиои «Осиёи озод» тағйирот ба вуҷуд омада, Бэй Фанг президенти нави радио таъин гардид [11]. Бэй Фанг дар ин вазифа Либби Люро иваз кард. Ҳоло Либби Лю ҳамчун директори генералии Фонди технологияҳои кушодаи Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ фаъолият мекунад.
Бэй Фанг журналисти касбӣ буда, аз моҳи октябри соли 2016 дар вазифаи директори иҷроияи Радиои «Осиёи озод» фаъолият мекард. Ӯ хатмкардаи донишгоҳи Гарвард буда, 20 соли собиқаи журналистӣ дорад. Ҳамчунин Бэй Фанг қаблан дар вазифаи ҷонишини ёвари котиби давлатӣ низ фаъолият кардааст.
Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ паҳн кардани маводи мултимедиявӣ ва дастгирии техникиву маъмурии шабакаҳои пахши байналхалқии ИМА-ро таъмин менамояд. Вай шабакаи глобалии стансияҳои паҳнкунанда, системаҳои моҳворавӣ, шабакаҳои нахӣ ва системаи Интернетро, ки ба расонаҳои зери назораташ хизмат мерасонанд, идора мекунад.
Идораи сиёсат ва таҳқиқоти Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ барои таҳия ва такмили стратегия, инчунин арзёбӣ ва баҳодиҳии таъсир масъул аст.
Рисолати Оҷонсӣ аз ду ҳадафи умумии стратегӣ иборат аст:
— тавсеаи озодии иттилоот ва баён, ки ба таври куллӣ барои ҷамъиятҳои озод, кушода ва демократӣ эътироф шудаанд ва дар навбати худ манфиатҳои Амрикоро тавассути субот, сулҳ, иттифоқҳо ва савдо дастгирӣ мекунанд;
— табодули таҷриба ва арзишҳои демократии Амрико, ки ҳадафҳои якхела доранд.
Ҳадафҳои мазкур бо сутунҳои сеюм ва чоруми Стратегияи амнияти милли (САМ)-и ИМА — “Нигоҳ доштани сулҳ тавассути нерӯ” ва “Пешрафти таъсироти Амрико” бо истифода аз иттилооти дақиқ ва объективӣ барои тақвияти арзишҳои амрикоӣ дар соҳаи демократия ва озодии баён мувофиқат карда, пешниҳоди САМ «таблиғу ташвиқи душманонро фош кунед,» ба роҳбарӣ гирифта шудааст.
Тавре ки САМ эътироф мекунад: «Давлатҳое, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандони худро эҳтиром мекунанд, ҳамчун воситаи беҳтарини пешрафт, хушбахтии инсонӣ ва сулҳ боқӣ мемонанд.» САМ инчунин ваъда медиҳад, ки «дар аксари ҷаҳон озодиҳои Амрико рӯҳбаландкунанда буда, Иёлоти Муттаҳида ҳамеша бо касоне, ки озодиро меҷӯянд, ҳамраъй аст. Мо дар байни тамоми онҳо байрақи озодӣ ва имконият хоҳем буд.” [16].
Бояд гуфт, ки ҳамасола барои фаъолияти расонаҳои зертобеи Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешавад. Масалан, барои соли молиявии 2017 — 748,3 млн. доллари ИМА, барои соли молиявии 2018 – 685,2 млн. доллар, барои соли молиявии 2019 – 661,1 млн. доллар ва барои соли молиявии 2020 628,1 млн. доллар маблағ дархост шуда буд [19]. Аз маълумоти мазкур бармеояд, ки сол аз сол барои тарғиботи хориҷӣ маблағи камтар дархост мешавад. Дар асл бошад, маблағи масрафшуда барои фаъолияти расонаҳои мазкур зиёдтар аст. Зеро Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ аз Конгресс маблағи камтар дархост мекунад, вале намояндагони порлумон аз соли 2016 ба ин ҷониб аз дархост бештар маблағ ҷудо мекунанд. Масалан, «соли 2020 USAGM 808 млн. доллар мегирад, ки он 180 млн. доллар аз маблағи дархостшуда бештар аст» [10]. Воқеан ҳам, Конгресси ИМА барои тарғибот ба хориҷа аз маблағи дархостшуда бештар маблағ ҷудо мекунад. Масалан, Конгресс ба Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ барои соли молиявии 2019 қариб 808 млн. доллар, барои соли 2018 — 807,5 млн. доллар ва соли молиявии 2017 – 782 млн. доллар ҷудо кард.
Чунин амал қаблан ҳам ба назар мерасид. Масалан, соли 2011 Шӯрои идораи телевизион ва радиошунавонӣ (BBG) барои мубориза бо сонсури интернетӣ аз Конгресси ИМА 10 млн. доллари иловаги маблағ гирифт. Он вақт ҳангоми баррасии буҷа президент Барак Обама аз BBG дастгирӣ карда буд.
Аз рӯйи маълумоти сомонаи http://www.usagm.gov муштариёни расонаҳои Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ рӯ ба афзоиш мебошад. Ҳоло аудиторияи такрорнашавандаи расонаҳо ҳафтае 350 миллион нафар буда, маводи онҳо дар беш аз 100 мамлакати дунё ба 61 забон дастраси муштариён аст. Ин дар ҳолест, ки соли 2013 аудиторияи умумии ин расонаҳо (радио, ТВ ва Интернет) ҳамагӣ 206 млн. нафар дар як ҳафта буд [12].

АДАБИЁТ

1. Агентство США по Global Media ( USAGM )/ usagm.gov. 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://ru.qwe.wiki/wiki/U.S._Agency_for_Global_Media?ddexp4attempt=1 (Санаи истифодабарӣ: 25.01. 2020).
2. Глава Агентства США по глобальным медиа уходит в отставку/ golos ameriki.ru. 2009-2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.golos-ameriki.ru/a/usagm-chief-executive-john-lansing-resigns-/5072606.html (Санаи истифодабарӣ: 06.09. 2019).
3. Кандидат на пост главы USAGM Майкл Пэк ответил на вопросы сенаторов/golos ameriki.ru. 2009-2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.golos-ameriki.ru/a/trump-nominee-pledges-independence-for-us-government-news-outlets/5091630.html (Санаи истифодабарӣ: 20.01. 2020).
4. Муким Джовид. Радио «Свобода»: ложь и правда. Монография/Джовид Муким. ¬– Душанбе: Деваштич, 2005. – 180 с.
5. Муқимов М. А. Нақши Радиои «Озодӣ» дар фазои иттилоотии Тоҷикистон / Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бахши илмҳои филологӣ. — Душанбе: Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума, 2018. -№ 3. — С. 268 – 273. ISSN 2413-516Х
6. Муқимов М. А. Радиои «Осиёи озод» дастгоҳи тарғиботии ИМА. / Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бахши илмҳои филологӣ. — Душанбе: Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума, 2019. -№2. — С. 320 – 325. ISSN 2413-516Х.
7. Муқимов М. А. Тарғиботи расонаҳои электронии ИМА ба Ҷумҳурии Куба. / Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бахши илмҳои филологӣ. — Душанбе: Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума, 2019. -№4. — С. 282 – 288. ISSN 2413-516Х.
8. Муқимов М. А. Шабакаҳои пахши шарқи наздик тарғибгари манфиатҳои ИМА / Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бахши илмҳои филологӣ. — Душанбе: Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума, 2019. -№3. — С. 304 – 311. ISSN 2413-516Х
9. Президент USAGM Джон Лансинг подал в отставку/ ruherald.com. 2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://ruherald.com/prezident-usagm-dzhon-lansing-podal-v-otstavku/ (Санаи истифодабарӣ: 21.09.2019).
10. Русофобский маневр: США увеличили бюджет «Голоса Америки» и «Радио Свобода» / вперёдроссия.рф. 2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://вперёдроссия.рф/blog/43348995773/Rusofobskiy-manevr:-SSHA-uvelichili-byudzhet-«Golosa-Ameriki»-i- (Санаи истифодабарӣ: 18.11.2019).
11. Bay Fang named Radio Free Asia’s new president/ rfa.org. 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.rfa.org/about/releases/bayfang_president-11202019123259.html (Санаи истифодабарӣ: 24.01.2020).
12. BBG Global Audience Estimate From the FY 2013 Performance and Results Report/.bbg.gov. 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: http://www.bbg.gov/wp-content/media/2013/12/2013-Audience-Overview-Factsheet.pdf (Санаи истифодабарӣ: 15.01.2020).
13. Director Regalado Leaves TV and Radio Martí/ usagm.gov. 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.usagm.gov/2019/09/20/director-regalado-leaves-tv-and-radio-marti/ (Санаи истифодабарӣ: 18.01.2020).
14. Explore a list of former members of the Board/ usagm.gov. 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.usagm.gov/who-we-are/board/ (Санаи истифодабарӣ: 25.01.2020).
15. NPR Board of Directors/ npr. 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.npr.org/about-npr/182676957/npr-board-of-directors (Санаи истифодабарӣ: 26.01.2020).
16. Strategy and Results/ usagm.gov. 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.usagm.gov/our-work/strategy-and-results/ (Санаи истифодабарӣ: 23.01.2020).
17. Structure/ usagm.gov. 2020. — [Манбаи электронӣ] https://www.usagm.gov/who-we-are/organizational-chart/(Санаи истифодабарӣ: 21.01.2020).
18. The history of U.S. civilian international broadcasting/ usagm.gov. 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.usagm.gov/who-we-are/history/ (Санаи истифодабарӣ: 20.01.2020).
19. USAGM by the numbers/ usagm.gov. 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.usagm.gov/news-and-information/press-room/ (Санаи истифодабарӣ: 21.01.2020).

ОҶОНСИИ ИМА ОИД БА ВАО-И ГЛОБАЛӢ

Дар мақолаи мазкур таърихи ташаккули Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ ва фаъолияти он мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. Таърихи ВАО-и байналхалқии ИМА аз соли 1942 оғоз мегирад. 24 феврал Ҳукумати ИМА барои пахши барномаҳо ба Олмони фашистӣ ва Италия Радиои «Садои Америка»-ро таъсис дод. Аввалин барномаҳои ин радио ба забони немисӣ ва итолиёвӣ пахш шуданд.
Ҳамон вақт зери назорати Департаменти давлатии ИМА Маъмурияти иттилооти байналхалқӣ таъсис дода шуд. 1-уми августи соли 1953 бошад, ба ҷои ташкилоти мазкур Оҷонсии иттилоотии ИМА (United States Information Agency — USIA) – органи тарғиботи хориҷӣ таъсис ёфт, ки то 1-уми октябри соли 1999 фаъолият карда, тобеи Департаменти давлатӣ буд.
Соли 1998 Дар ИМА Қонун «Дар бораи ислоҳот ва таҷдиди сохтори корҳои хориҷӣ» қабул шуд. Тибқи қонуни мазкур 1-уми октябри соли 1999 Шӯрои идораи пахши барномаҳои телевизиону радио (BBG) ташкилоти мустақил гардида, масъулияти идораи «Садои Америка», Идораи пахши барномаҳо барои Куба, Радиои «Аврупои озод»/Радиои «Озодӣ», Радиои «Осиёи озод» ва Шабакаҳои пахши барномаҳои Шарқи наздик (MBN)-ро ба дӯш гирифт.
22 августи соли 2018 барои навсозии фаъолият Шӯрои идораи телевизиону радиошунавонӣ номашро ба Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ (USAGM – US Agency for Global Media) иваз кард. Вазифаи ташкилоти мазкур назорати ҳамаи фаъолияти телевизиону радиошунавонии хориҷӣ ва таъмини идораи стратегӣ мебошад.
Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ дар шаҳри Вашингтони округи Колумбия ҷойгир аст. Дар оҷонсӣ ва расонаҳои зертобеи он ҳудуди 4000 нафар фаъолият мекунанд. Дар 5 шабакаи расонаҳои зертобеи оҷонсӣ ва 95 сомона ҳафтае 4100 соат муҳтавои аслии маводҳо ба тамоми олам паҳн карда мешаванд.
Калимаҳои калидӣ: тарғибот, ВАО, «Садои Америка», Радиои “Аврупои Озод”/Радиои «Озодӣ», Радиои “Осёи озод,” Вашингтон, ЮСИА, USAGM, USIA.

АГЕНСТВА США ПО ГЛОБАЛЬНЫМ МЕДИА

В данной статье анализируется история развития и деятельность Агентства США по глобальным медиа. История международных СМИ США восходит к 1942 году. 24 февраля правительство США учредило Радио «Голос Америки» для трансляции программ для фашистской Германии и Италии. Первые радиопрограммы транслировались на немецком и итальянском языках.
В то время под надзором Государственного департамента США была создана Администрация международной информации. 1 августа 1953 года оно было заменено Информационным агентством США (USIA), который подчинялся Государственному департаменту.
В 1998 году в США была принято «Закон о реформе и реструктуризации иностранных дел». В соответствии с этим законом, 1 октября 1999 года на основе USIA было создано Совет по телерадиовещанию (BBG), который стал независимой организацией, ответственной за управление телерадиовещанием «Голос Америки», Радио «Свободная Европа» /Радио «Свобода», Радио «Свободная Азия», Управление вещанием на Кубу и Ближневосточную вещательную сеть (MBN).
22 августа 2018 года Совет по телерадиовещанию переименовали в Агентства США по глобальным медиа (USAGM), чтобы обновить свою деятельность. Миссия этой организации заключается в том, чтобы контролировать все зарубежные телевизионные и радиопередачи, и обеспечивать стратегическое управление.
Штаб-квартира Агентства США по глобальным медиа находится в Вашингтоне, округ Колумбия. В агентстве и его филиалах работают около 4000 человек. В 5 подразделений агентства и на 95 сайтах по всему миру распространяется 4100 часов оригинального контента в неделю.
Ключевые слова: пропаганда, СМИ, “Голос Аменики”, Радио “Свободная Европа”/ Радио “Свобода”, Радио «Свободная Азия», Вашингтон, USAGM, USIA, США.

The United States Agency for Global Media

This article analyzes the history and development of the United States Agency for Global Media. The history of US international media dates back to 1942. On February 24, the US government established Voice of America Radio to broadcast programs for fascist Germany and Italy. The first radio programs were broadcast in German and Italian.
At that time, the International Information Administration was created under the supervision of the US Department of State. On August 1, 1953, it was replaced by the United States Information Agency (USIA), which was subordinate to the Department of State.
In 1998, the United States passed the Foreign Reform and Restructuring Act. In accordance with this law, on October 1, 1999, on the basis of the USIA, the Broadcasting Board of Governors (BBG) was created, which became the independent organization responsible for managing the broadcasting of Voice of America, Radio Free Europe / Radio Liberty, Radio Free Asia ”, Cuba Broadcasting Management and the Middle East Broadcasting Network (MBN).
On August 22, 2018, the Broadcasting Board of Governors was renamed the United States Agency for Global Media (USAGM) to update its operations. The mission of this organization is to control all foreign television and radio broadcasts and provide strategic management.
The United States Agency for Global Media is headquartered in Washington, DC. The agency and its branches employ about 4,000 people. In 5 divisions of the agency and on 95 sites around the world, 4100 hours of original content are distributed per week.
Keywords: propaganda, mass media, «Voice of America», Radio «Free Europe» / Radio «Liberty», Radio «Free Asia», Washington, USAGM, USIA, USA.

Сведения об авторе: Мукимов Мухамади Аминович (Джовид Муким) — Таджикский национальный университет, доктор филологических наук, профессор кафедры международной журналистики. Адрес: Таджикистан, 734025, г. Душанбе, проспект Рудаки, 17. E-mail: jovidm@mail.ru
Information about the author: Muqimov Muhamadi Aminovich – Tajik national university, Doctor of Philology, Professor, Department of International Journalism. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Avenue 17. E-mail: jovidm@mail.ru

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: