Archive for the ‘Uncategorized’ Category

САТР ВА ОЗОДӢ



САТР ВА ОЗОДӢ
Андеша

Чанд моҳ қабл аз рӯ ба рӯи Осорхонаи миллии Тоҷикистон як гурӯҳи хурди духтарони сатрпӯш, ки дар тан либосҳои якрангаи дароз ва танг доштанд, вориди автобус шуданд. Яке аз онҳо, ки нохунҳои дарози нилуранг, мижгону абрӯи рангкашида ва лабони сурхи ҷигарӣ дошт, аз дигарон фарқ мекард. Ӯ бо касе бо телефони дастиаш баланд ва беодобонаву бешармона суҳбат мекард, ки атрофиён аз шуниданаш нороҳат мешуданд.
Ба дӯстам, ки бо ҳам дар автобус сафар доштем ва ин ҳодисаро мушоҳида мекардем, гуфтам: — Вақте рафтори беодобона мекунӣ, чунин либос, ки ба қавле аз тақводор будани шахс гувоҳӣ медиҳад, чӣ маънӣ дорад?
Ӯ лабханде карда гуфт: — Ин тарзи либоспӯширо баъзе духтарон дар филмҳои туркӣ дида, ба худ мӯд кардаанд. Масалан, ҳамсояи ман чанд духтари қадрас дорад. Яке аз онҳо бар хилофи модар ва хоҳарони бузургу хурди худ сатрпӯш аст. Ҳамсояамон мегӯяд, ки духтараш на намоз мехонаду на рӯза мегирад. Ӯ ба қаҳрамонони филмҳои туркӣ тақлид карда, сатрпӯш шудааст. Читать далее

Реклама

ЧАНОР ВА ХАРСАНГ



ЧАНОР ВА ХАРСАНГ

Масал

Дар миёни дарёи кӯҳӣ дар паси харсанг навниҳоли чанор сабз шуд. Харсанг синаи худро сипар карда, чанори наврустаро аз селоби баҳорӣ ва мавҷҳои пуртуғёни дарё дар тобистон ҳифз мекард. Ҳангоми зимистон бошад, харсанг бо тани худ чанорро аз боди сард паноҳ карда, мунису ғамхори навниҳол буд. Чанор аз ин ғамхориҳо миннатдор буд ва дар ҳаққи харсанг дуои нек мекард.
Ҳамин тавр навниҳол дар паноҳи харсанг сабзида нумӯ кард ва дарахти азиме гардид. Ӯ ба замин амиқу паҳно реша медавонид, то мустаҳкамтар ба по истад.
— Ба сӯи ман реша надавон, ки синаамро чок мекунӣ, — ба чанор муроҷиат кард харсанг.
— Ба куҷо реша давонам, ту то қаъри дарё ҳамаро банд кардаӣ? Даврони ту гузашт. Акнун навбати ман, — гуфт чанор бовиқорона, гӯё ки тамоми дунё зери пояш бошад.
Харсанг оҳи сарде кашиду хомӯш монд. Ба чанори худбину носипос сухан гуфтан асар надошт.
Решаҳои чанор синаи харсангро чоку тани онро пора-пора карданд. Мавҷи дарё санпораҳои харсангро, ки ҳазорҳо сол мустаққар буд, шуста бо худ бурд. Дар миёни дарё чанори мағрур қомат афрохта, ҷилва мекард. Дар ин обраҳа аз ӯ бузургтару зӯртар дигар дарахте набуд.
Баҳор сербориш омад ва оби дарё зиёд шуд. Чанор ба мавҷҳои сел базӯр истодагарӣ карда, ҳамсояи мӯнису ғамхораш — харсангро ба ёд меовард. Афсӯс мехӯрд, вале пушаймонӣ дигар суде надошт. Шаб сели даҳшатноке омад ва чанори мағрурро решакан карда бо худ бурд.
Дарё ҳамоно равон аст, вале касе чанори мағрурро ёд надорад.

Ҷовид Муқим

ПАЙДОИШ ВА ТАШАККУЛИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ИМА



ТДУ (УДК) 659:621.397.13 (73)
ПАЙДОИШ ВА ТАШАККУЛИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ИМА

Муқимов М. А.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Тибқи Қонуни намунавӣ «Дар бораи пахши ҷамъиятӣ», ки соли 1998 Иттифоқи алоқаи барқӣ ва ЮНЕСКО қабул кардаанд, телевизиони ҷамъиятӣ муассисаест, ки аз ҷониби ҷомеа маблағгузорӣ ва назорат шуда, ба манфиати ҷомеа хизмат мекунад. Аз рӯи принсипҳои мазкур телевизионҳои ҷамъиятӣ дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ба мисли BBC дар Британияи Кабир, PBS дар ИМА, NHK дар Япония ва ОТР дар Россия фаъолият мекунанд. Ҳамин аст, ки телевизиони ҷамъиятӣ на ба давлат тааллуқ дораду на ба шахси алоҳида ё ширкати хусусӣ. Вай моликияти ҷамъиятӣ мебошад.
Дар шабакаҳои телевизиони ҷамъиятӣ баҳсҳои сиёсӣ ва тарғиботи динӣ пахш намешаванд. Муҳтавои асосии пахши телевизиони ҷамъиятиро, ки барои ҳамаи аҳолӣ равона шудааст, барномаҳои таҳсилотиву пажӯҳишӣ, маърифатӣ, санъату тафреҳӣ ва хӯрокпазӣ ташкил медиҳанд.
Феълан, дар беш аз 40 кишвари ҷаҳон телевизионҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд, ки аз ҳам фарқ мекунанд. Вале моделҳои миллии пахши ҷамъиятӣ новобоста аз шаклҳои гуногуни фаъолият чанд омили муштарак низ доранд.
Аввалан, телевизион ва радиои ҷамъиятӣ дар асоси қонуни алоҳида, ё як боби қонуни ВАО таъсис дода мешаванд.
Дувум, телевизион ва радиои ҷамъиятӣ аз ҷониби ҷомеа тавассути сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ назорат карда мешаванд, ки ин мустақилиятро аз давлат кафолат медиҳад.
Сеюм, маблағгузории пахши ҷамъиятӣ мувофиқи қонун сурат гирифта, имконияти ба манфиати тиҷоратӣ истифода бурдани шабакаро аз байн мебарад.
Чорум, муҳтавои телевизион ва радиои ҷамъиятӣ, сиёсати барномасозии он дар асоси иттилои объективӣ сохта шуда, барои қонеъ кардани манфиати аудиторияи васеи муштариён равона гардидааст [15, с. 5]. Читать далее

МАТБУОТИ МУОСИР ВА ЧАНДРАСОНАӢ



МАТБУОТИ МУОСИР ВА ЧАНДРАСОНАӢ

Муқимов М. А., доктори улуми филология,
профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

То моҳи феврали соли 2018 дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон 371 рӯзнома (109 давлатӣ) 243 маҷалла (103 давлатӣ) сабти ном шуда буданд, ки аксарашонро нашрияҳои хусусӣ ташкил медиҳанд. Бино ба як пажӯҳиши Бюрои САҲА дар Тоҷикистон солҳои охир дар ҷумҳурӣ тиражи нашрияҳои хусусӣ, ки обунаи иҷборӣ надоранд, поин рафта истодааст. Тибқи пажӯҳиши мазкур тиражи нашрияҳои хусусӣ дар соли 2016 аз 8 то 40 фоиз коҳиш ёфтааст [4]. Раванди мазкур дар соли 2017 низ идома дошт, ки омилҳои гуногун дорад. Аввалан, якхела будани муҳтавои рӯзномаҳо ва ба талаботи аудитория ҷавобгӯ набудани маводи онҳо, ки асосан аз худсонсурии рӯзноманигорону ноширон сар мезанад. Дуюм, гарон будани нархи фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо. Масалан, аз се сомонӣ кам набудани як дона рӯзномаи 16 саҳифагии формати А3 ё камаш 10 сомонӣ будани як маҷалла. Нархи мазкур барои аксари муштариён, ки мехоҳанд, матбуотро мутолиа кунанд, дандоншикан аст. Сеюм, кам шудани шумораи нафароне, ки нашрияҳои коғазӣ мутолиа мекунанд. Чорум, сари вақт дастрас набудани нашрияҳо дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ.
Ба назари инҷониб раванди мазкур дар солҳои минбаъда низ идома хоҳад ёфт. Аз ҷумла, шумораи нафароне, ки қаринаи коғазии нашрияҳоро мутолиа мекунанд, сол то сол кам хоҳад шуд. Зеро бо рушди технологияҳи муосири иртиботӣ аксаран акнун иттилоъро аз Интернет дастрас мекунанд. Махсусан, ҷавонон камтар ба нашрияҳои коғазӣ рӯ оварда, бештар иттилои дилхоҳашонро аз сомонаҳо тавассути телефонҳои мобилӣ ва планшет мутолиа менамоянд. Барои ҳамин ҳам ноширон барои аз даст надодани аудиторияи худ бояд аз технологияҳои муосири пахши иттилоъ истифода намоянд. Читать далее

АСКАРӢ БОЯД ЯК СОЛ ШАВАД



Андеша

Мавсими аскаргирӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Ҳамасола бо кӯшиши зиёди кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ нақшаи аскаргирӣ иҷро мешавад. Зеро аксари ҷавонони синни даъватӣ бо хоҳиши худ ба аскарӣ рафтан намехоҳанд ва бо ҳар роҳ аз хизмати ҳарбӣ канораҷӯӣ мекунанд.
Дар кишварҳои ҳамсояи мо — Чин ва Ӯзбекистон ҷавонон барои ба аскарӣ рафтан худ талош мекунанд ва ҳато аз «тағо» истифода мебаранд. Зеро баъди хизмати аскарӣ барои онҳо бисёр дарҳо боз мешаванд ва имтиёзҳои пешбинишуда дар ҳаёти минбаъдаи онҳо нақши муҳим мебозад.
Ба наздикӣ Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” тағйирот ворид карда, ба аскарон баъзе имтиёзҳо дод. Аз ҷумла, дар давоми хидмат ба сарбозони қаторӣ дар шаш моҳ як маротиба рухсатии 20-рӯза ва ба сержантҳо рухсатии 30-рӯза дода, маблағи роҳкиро аз ҳисоби қисми ҳарбӣ пардохт мегардад.
Тибқи тағйирот ба қонун ба сарбозе, ки оиладор аст, имконият дода шудааст, ки дар масофаи 100 километр то хонааш хидмат кунад, то хабаргирӣ аз хонаводааш осон бошад. Бояд гуфт, ки ҳоло тибқи низомномаи дохилӣ наздикони аскарони оиладор метавонанд моҳе ду бор ба хабаргирии онҳо биёянд ва як ҳуҷраи оилавӣ дар ихтиёри онҳо гузошта мешавад. Ин пешниҳод хуб аст, вале он метавонад ба издивоҷи бармаҳал низ дар байни ҷавонон мусоидат намояд. Яъне ҷавононе, ки ҳоло ба ҳаёти мустақилона омода нестанд, барои аз чунин имтиёз бархӯрдор шудан, бармаҳал издивоҷ мекунанд. Читать далее

ФИЛМЕ, КИ ҲАНӮЗ ҲАМ ТАМОШОБИН ДОРАД



Аз 13 то 15 октябри соли равон бо ибтикори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дар толори кинотеатри «Кайҳон» Фестивали 10-уми кинои Аврупо баргузор гардид. Фестивали мазкур дар доираи чорабиниҳои «Ҳафтаи Аврупо», ки аз 11 то 21 октябр идома дошт, гузаронида шуд.
Дар доираи кинофестивал 9 филми кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Финландия, Эстония, Олмон, Чехия, Шветсия, Испания, Словения, Латвия, Австрия ва Руминия пешкаши тамошобинон гардид, ки ҳамаашон хеле олӣ буданд. Масалан, филми «Деҳаи хурдакаки ширини ман» соли 1987 ба Ҷоизаи «Оскар» пешниҳод шуда буд. Филми «Шамшерзан»-ро, ки қаҳрамони воқеӣ (Эндел Нелис (1925–1993) дорад, филмбардорони Эстония, Финландия ва Олмон муштаракан ба навор гирифтаанд, Ҷоизаи миллии Финландия «Чусси»-ро сарфароз гардидааст. Филми «Ҷазираи хурд»-и Испания соҳиби Ҷоизаи Академияи кинои Аврупо ва 10 ҷоизаи дигар буда, филми «Хурӯси бесар» бошад, бо Ҷоизаи Иттифоқи синамогарони Руминия қадр гаштааст.
Дар рӯзи аввали кинофестивал Филми мазҳакавии режиссёри чех Иржи Мензел «Деҳаи хурдакаки ширини ман» намоиш дода шуд. Бояд гуфт, ки нахустнамоиши филми мазкур ҳанӯз 1 августи соли 1985 дар Прага пешкаши тамошобинон гардида буд. Читать далее

КАЙ ИМИҶИ МИЛИСА БОЛО МЕРАВАД?



Ҷияни ҳафтсолаам дар роҳ кормандони бозрасии автомобилиро, ки мошинҳоро манъ мекарданд, дида пурсид:
-Тағо, гаишник ҳам милиса аст?
— Бале, — гуфтам.
— Пас чаро аз ронандаҳо пул мегирад?- боз пурсид ӯ.
— Ба ростӣ, намедонистам чӣ гӯям.
Воқеан ҳам, имрӯз ҳатто кӯдаки хурдсол ҳам медонад, ки кормандони БДА ришваситонӣ мекунанд ва имиҷи милисаро коҳиш додаанд. Паст шудани обрӯи милиса пеш аз ҳама аз худи онҳо, аз рафтору муошират ва одобашон вобаста аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки милисаҳои боодоб ва хушмуомила ангуштшуморанд.
Дар суҳбате як нафар тоҷики ҳолландӣ дар бораи рафтори пулис дар ин кишвар гуфт, ки онҳо хеле хушмуомилаанд. Агар ронанда қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон карда бошад, гуноҳашро ба хубӣ фаҳмонида ҷарима мекунанд ва боз бахшиш мепурсанд, ки ӯро ташвиш додаанд. Агар дар мошин кӯдак бошад, бахшиш пурсида, ронандаро ҷарима намекунанд, то ки ин ба равони ноболиғон таъсири манфӣ нарасонад ва хусуматро нисбати пулис ба вуҷуд наорад.
Ҳамчунин дӯсти ҳолландии мо гуфт, ки агар дар кӯча аз пеши пулис кӯдак барояд, ӯ ҳатман ба вай пуфак туҳфа мекунад. Ин амал ба хотири аз хурдӣ дарк кардани кӯдакон будааст, ки пулис дӯст ва муҳофизатгари онҳо мебошад. Шояд ба онҳо ҳар саҳар пуфак медиҳанд, ки имижи пулисро байни кӯдакон боло баранд, мегӯяд ӯ. Читать далее