БИЗНЕСИ ТОҶИКӢ


БИЗНЕСИ ТОҶИКӢ

Баъди воҳимаи 4-уми март оид ба пешгирии коронавирус, ки дар ВАО-и кишвар сурат гирифт, мардум якбора ба хариди хӯроквории мавриди ниёзи аввал шурӯъ карданд. Тоҷирон аз афзоиши талабот истифода карда, нархро якбора 20-30 фоиз боло бурданд. Воҳима пас аз 2-3 рӯз паси сар шуд, ва мағозаву бозорҳо аз орду равған ва дигар маводи ғизоӣ лабрез гардид, вале нархҳо ҳамон хел боқӣ монданд. Вале ҳоло оҳиста-оҳиста боз рӯ ба болоравӣ доранд. Масалан, ба ҳисоби миёна нархи як кило нахуду лӯбӣ аз 10-12 сомонии қаблӣ ба 15-17 сомонӣ, наск аз 8 сомонӣ ба 10-11 сомонӣ, марҷумак аз 8 сомонӣ ба 12-13 сомонӣ, биринҷ аз 10-15 сомонӣ ба 13-18 сомонӣ, макарон аз 7 сомонӣ ба 9 сомонӣ, картошка аз 4,5 сомонӣ ба 7 сомонӣ, як дона тухми мурғ аз 60 дирам ба 90-95 дирам расидааст.
Дар ҳамин ҳол баъзе истеҳсолкунандагони маводи ғизоӣ аз фиреби назар истифода карда, ба муштариён маҳсулоти худро бо ҳаҷми хурду вазни камтар дар борҷомаҳои ба пешина монанд бо нархҳои қаблӣ ба фурӯш бароварда истодаанд, то ки харидор қимат шудани маҳсулотро эҳсос накунад.
Агар таваҷҷуҳ карда бошед, ҳаҷм ва вазни нон низ кам шудааст, вале нархи пешина боқӣ мондааст. Нонфурӯши бозор мегӯяд, ки орд боз қимат шуда ба 240 сомонӣ расидааст. Барои ҳамин ҳам нонпазҳо вазни нонро кам карда, бо ҳамин хароҷоти иловагиашонро таллофӣ мекунанд.
Фурӯшандаи мағозае, ки аксаран аз он ҷо харид мекунам, мегӯяд, «Аз болоравии пайвастаи нархҳо фирмаҳо чун қаблан молашонро ба муҳлати дароз ба нася намеоранд. Ҳамон рӯз ё рӯзи дигар пули маҳсулоти овардаашонро талаб мекунанд». Албатта, болоравии нархи доллар ба 70-80 дирами расмӣ ва коҳишёбии сомонӣ низ яке аз сабаби болоравии нархҳо мебошад. Вале дар ин ҳолат набояд нархи баъзе маҳсулот аз 20 то 50 фоиз меафзуд.
Сабаби дигари афзудани нархи маҳсулот дар бозори истеъмолӣ «бизнеси тоҷикӣ»-и мо аст. Савдогарони ҳаннот барои гирифтани даромади муфт маҳсулоти яклухт харидаашонро дар бозор бо нархи дучанду сечанд мефурӯшанд. Махсусан, вақте ки талабот ҳаст ва онҳо дар бозор яккатозанд, ба маҳсулоташон нархи дилхоҳашонро мегузоранд. Дар ҳамин ҳол истеҳсолкунандаи аввалияи маҳсулот, масалан, деҳқон аз ин нархгузории ҳаннотон қариб фоидае намегирад.
Ногуфта намонад, ки ҳамасола то расидани ҳосили нав нархи пиёзу картошка як муддате кӯтоҳе боло меравад, вале имсол нархи ин маҳсулот якбора 2 маротиба афзуд, ки дар ин амал саҳми ҳаннотони бозорҳо низ ҳаст.

Аз рӯи мушоҳидаҳои ҳамасола боз рӯзҳои наздик боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар назар аст. Зеро моҳи шарифи Рамазон наздик аст ва талабот ба маводи ғизоӣ меафзояд. Савдогарони ҳаннот аз афзоиши талабот ба хӯрокворӣ истифода карда, боз нархҳоро зиёд мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар кишвар қаҳатӣ нест, мағозаву бозорҳо пур аз маҳсулот буда, қиматӣ аст ва ин ҳолатро асосан савдогарони беинсоф ва ҳаннотон барои гирифтани даромади муфт роҳандозӣ мекунанд. Дар Қирғизистони ба мо ҳамсоя тоҷирони гаронфурӯш аз ҷониби мақомот расман ҷарима карда мешаванд, то дар ин вазъияти мушкил барои гирифтани даромади муфт мардуми худро ғорат накунанд.
Ҷовид Муқим

Оставьте комментарий