АВВАЛИН МЕДИАМАГНАТИ ТОҶИКИСТОН



АВВАЛИН МЕДИАМАГНАТИ ТОҶИКИСТОН

Муқимов М. А. -профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Агар Акбари Саттор имрӯз бо мо мебуд, 10 феврал 55-сола мешуд. Ӯ умри тулонӣ надида бошад ҳам, дар ҷомеаи Тоҷикистон нақши боризе гузошта, номи худро дар лавҳаи таърих сабти ҷовидона намуд. Дар бораи шахсияти Акбар ман зиёд ҳарф намезанам, зеро аксар, ки ӯро мешинохтанд, шояд бештар аз ман донанд. Фақат ман ин нуктаҳоро мегӯям, ки Акбари Саттор инсони комил ва марди ҳақиқӣ, шахси дилкушоду дасткушод буд. Садҳо нафар аз суфраи ӯ нон хӯрдаанд ва садҳо нафари дигарро кумаки молиявию маънавӣ расонидааст. Акбар на шикваи зиндагӣ мекарду на касеро бад мегуфт. Бо шароиту имкон ва мартабае, ки дошт хоксор буд ва худро ҳаргиз аз дигарон боло намегузошт, бо ҳама муносибати самимиву дӯстона дошт.
Акбари Саттор фаъолияти тӯлонии бевоситаи хабарнигорӣ надошта бошад ҳам, тавонист, ки яке аз поягузорони матбуоти муосири замони истиқлоли Тоҷикистон гардад. Ӯ соли 1990 баъди хатми факултаи журналистикаи Донишгоҳи Санкт-Петербург (он вақт Ленинград) ба номи А. Жданов ба Тоҷикистон баргашт. Баъди чопи рӯзномаи навтаъсиси Шӯрои Олии Тоҷикистон – «Садои мардум» 1-уми январи соли 1991 муддате ба ҳайси хабарнигор ва баъд мудири шуъба фаъолият кард.
Бо соҳибистиқлол шудани кишвар дар соли 1991 ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Вазъи иқтисодиву сиёсии кишвар ноором буд. Матбуот ҳам ба бӯҳрони иқтисодӣ гирифтор шуд. Аксари нашрияҳо аз чоп монданд ва ё пайваста ба табъ намерасиданд. Маош сари вақт пардохта намешуд. Акбар ҳам чун аксари зиёиёни он замон ба тиҷорат даст зад, то оилаашро таъмин бикунад. Ба қавли худи Акбар ӯ аз Чин коло оварда мефурӯхт ва зиндагиашро мечархонид [1]. Вале дар зеҳнаш бозгашт ба журналистика буд. Бинобар ин бо як миқдор маблағи аз тиҷорат ба даст овардааш рӯзномаи «Дайджест пресс»-ро таъсис дод. Ҳамин тавр 18 ноябри соли 1994 аз ҷониби ӯ Ширкати «Чархи гардун» таъсис дода шуд.

Он замон Интернет ҳанӯз дар Тоҷикистон маъмул нагашта буд. Бинобар ин, шиносону дӯстони Акбар аз Маскаву Алмаато ва Бишкеку дигар шаҳрҳои собиқ Шӯравӣ нашрияҳои гуногунро, ки маводи ҳангоманоку хонданӣ доштанд, бо ҳар роҳу восита ба ӯ мефиристонданд. Акбар бо маводи ин нашрияҳо шумораи навбатии рӯзномаашро тарҳрезӣ мекард. «Дайджест пресс», ки рӯзномаи русӣ буд, танҳо барои ҳуруфчинӣ ва саҳифабандӣ заҳмат мехост.
Он вақт дар фазои иттилоотии Тоҷикистон холигие ба вуҷуд омада буд. Мардум, ки ҳоло мутолиаро фаромӯш накарда буданд, шумораҳои навбатии «Дайджест пресс»-ро интизорӣ мекашиданд ва дар муддати кӯтоҳ он маҳбуби хонандагон гардид. Акбар аз маблағи ғуншуда соли 1995 рӯзномаи «Чархи гардун»¬-ро таъсис дод. Ин аввалин газетаи хусусӣ буд, ки бевосита аз маблағи муассис бе дахолат аз хориҷаву дохили кишвар таъсис ёфта, маводи асл чоп мекард.
Ҳамин тавр замони ноширии Акбар шурӯъ шуд ва пайи ҳам нашрияҳои “Авиценна”, “Алладин”, “Зан ва мард” “Студент” ва ғайра рӯи чоп омаданд. Албатта, на ҳамаи нашрияҳои ӯ дар бозори матбуот муваффақ шуданд. Ҳадафи худи Акбар ҳам бизнеси матбуот набуд. Ӯ мехост талаботи хонандаҳоро ба ин ё он иттилоъ қонеъ гардонад. Вақте нимаи дуюми солҳои 90-уми садаи гузашта яке аз рӯзномаҳои пойтахт «Вечерний Душанбе», ки аз 1 октябри соли 1968 ҳамчун органи мақомоти Хукумати иҷроияи шаҳри Душанбе чоп мешуд, аз нашр бозмонд, аҳли редаксия аз Акбари Саттор хоҳиш карданд, ки ин нашрияро муассисӣ бикунад. Акбар ба хотири коллектив ва хонандаҳои рӯзнома ин нашрияи зиёноварро маблағгузорӣ намуд ва фаъолияти онро ба роҳ монд. Мутаассифона, баъди чанд моҳи марги Акбар чопи «Вечерний Душанбе» дар охири соли 2015 қатъ гардид [3].
Акбар соҳибкор буд, вале корчаллон не. Воқеан ҳам бо шароиту имконияте, ки ӯ дошт, метавонист аз сарватмандтарин шахсони кишвар гардад. Вале ӯ аз пайи пулу мол ва сарват намегашт. Бо ҳар чизе ки дошт қаноат мекард ва будаашро бо дӯстон ба ҳам медид.
Вақте ки Акбари Сатторро соли 2006 раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб карданд, хоҳишмандони ин вазифа зиёд буданд. Вале касе, ки метавонист ин ташкилоти он замон парокандаро гирд ораду фаъолияташро аз маблағи худ ба роҳ монад, танҳо Акбар буд. Воқеан ҳам, ӯ аз ҳамон вақт то дами маргаш дар ин вазифаи ҷамъиятӣ аз сидқи дил кор кард ва дар рушди Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, муаррифии он дар дохилу хориҷи кишвар саҳми арзанда гузошт. Ӯ тавонист, ки ҳамкории дуҷонибаи ҳукумату ВАО-ро ба роҳ монад. Ҳамин буд, ки дар вақти пеш гузоштани манфиатҳои миллӣ расонаҳои хусусӣ ва мухолифандеша низ ҳамеша ҷонибдори сиёсати ҳукумату давлат буданд.
Ӯ проблемаҳои журналистикаи муосирро хуб дарк мекард ва мегуфт, ки бозори матбуот ба таври зарурӣ рушд накардааст, бозори солими реклама мавҷуд нест, мардум ба матбуот дастрасии хуб надоранд ва онро кам мутолиа мекунанд. Ҳамзамон ВАО талаботи воқеии аудиторияро қонеъ карда наметавонад. Боварии мардум ба расонаҳо коҳиш ёфтааст, ки аз худи мо – журналистон вобаста аст, мегуфт Акбар.
Ба қавли Акбари Саттор дар марҳилаи ҳозира барои аз байн нарафтани матбуот нашрияҳо ба кумаки молиявии давлатӣ ниёз доранд. Шояд ҳамин талошҳои Акбар буд, ки ба Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» моддаи 5-ум — «Дастгирии давлатии воситаҳои ахбори омма» ворид шудааст, ки аз ҷумла чунин мебошад:
«Дастгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ба таври маблағгузории мақсаднок, кӯмаки молиявӣ ва дигар намудҳои дастгирии давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад» [4].
Акбар хуб дарк мекард, ки Фаъолияти ВАО аз бисёр ҷиҳат ба журналистони ҳирфаӣ иртибот мегирад. Вале он маоше, ки ноширон пешниҳод мекунанд, ночиз аст.
«Проблема дар нашрияҳо аст, ки наметавонанд ба журналистон маоши арзанда пардохт намоянд. Ҳар як журналисти ҷавоне, ки ба редаксия ба кор меояд, мехоҳад, ки на камтар аз 300 доллар маош гирад. Вале ноширон чунин қудрат надоранд. Бозори фурӯши нашряҳо коҳиш ёфтааст, бозори реклама хеле суст аст, корхонаҳо аз реклама додан метарсанд, ки баъди ин мақомоти тафтишкунанда меоянд. Агар мо мехоҳем, ки матбуоти озод дошта бошем, бояд табақаҳои дигари аҳолӣ ҳам бояд рушд бикунанд. Махсусан бизнеси хурду миёна бояд рушд бикунад. Дар ин ҳол вазъияти реклама беҳ мегардад ва аз ин вазъи худи матбуот ҳам беҳ мегардад» [1], гуфта буд Акбар дар як мусоҳибааш.
Акбар ҳамчун шахси ҳирфаӣ хуб медонист, ки роҳандозии як нашрияи мустақили ҷиддӣ кори осон нест. Доштани чунин нашрия дар Тоҷикистон зиёновар аст. «Вале барои ман ҳамчун соҳибкори соҳаи ВАО ва журналисти касбӣ доштани чунин рӯзнома муҳим аст» [1], мегуфт Акбар.
Акбари Саттор вазъи матбуоти маҳаллиро хуб дарк мекард. Медонист, ки матбуоти маҳаллӣ чун даврони Шӯравӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия хизмат мекунад ва ба ҷои чоп кардани навигариҳои маҳал иттилои расонаҳои марказиро бознашр менамояд. Ӯ мехост, ки рӯзномаҳои ноҳиявӣ аз тобеи мақомоти маҳаллӣ берун гардида, ба ҷои чанд нашрияи зиёновар як расонаи минтақавӣ таъсис дода шавад [5]. Дар ин ҳол нашрияҳои минтақавӣ хусусӣ ё ҷамъиятӣ мешаванд ва маводи ҷолиб чоп мекунанд.
Роҳи дигари аз тобеияти мақомоти маҳаллӣ баровардани нашрияҳои маҳаллиро Акбар дар таъсиси замимаҳои маҳаллии рӯзномаи «Ҷумҳурият» медид.
Ӯ ба ҳамаи журналистон новобаста аз фаъолияташон дар расонаҳои давлатӣ ва хусусӣ ё хориҷӣ муносибати якхела дошт ва бо онҳо ҳамкорӣ мекард. Агар проблемае вобаста ба ҳуқуқи журналист сар занад, ҳамеша садо баланд мекард ва ба қадри имкон кумак мерасонид. Акбар ҳамеша ба журналистон озодӣ медод ва ҳеҷ гоҳ аз онҳо талаб намекард, ки рӯзи дароз дар редаксия беҳуда нишинанд [2].
Акбари Саттор дар баробари раиси Иттифоқи журналистон буданаш, ҳамчунин солҳо узви Комиссияи марказии интихобот ва референдумҳо, узви Шӯрои муқовимат бар зидди коррупсия буд ва дар ин вазифаҳои ҷамъиятӣ содиқона фаъолият мекард.
САРЧАШМАҲО
1. Акбари Саттор: “Мы не претендуем на политическую власть ”/Радио «Озоди». 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://rus.ozodi.org/a/26697793.html (Санаи истифодабарӣ: 02.02. 2020).
2. Акбари Саттор похоронен в родовом селе/ Радио «Озоди». 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://rus.ozodi.org/a/27215369.html (Санаи истифодабарӣ: 04.02. 2020).
3. «Вечерний Душанбе». Полвека истории столичной газеты/ Asia-Plus. 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://asiaplustj.info/news/tajikistan/society/20181001/vechernii-dushanbe-polveka-istorii-stolichnoi-gazeti (Санаи истифодабарӣ: 20.01. 2020).
4. Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»/ ММҚ назди Президенти Тоҷикистон. 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: http://base.mmk.tj/view_sanadhoview.php?showdetail=&sanadID=293&language=tj (Санаи истифодабарӣ: 04.04. 2020).
5. Районные газеты в Таджикистане переживают глубокий кризис/ medialaw.asia. — [Манбаи электронӣ] — URL:2020. http://medialaw.asia/posts/14-03-2014/79909.html (Санаи истифодабарӣ: 03.02. 2020).

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: