ВАЗЪИ МАТБУОТИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН



ВАЗЪИ МАТБУОТИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

Муқимов М. А., профессори кафедраи
журналистикаи байналхалқии ДМТ

Тибқи маълумоти Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта дар ҷумҳурӣ 376 рӯзнома (112 адад давлатӣ ва 264 адад ғайридавлатӣ) [2,39], 245 маҷалла (114 адад давлатӣ ва 131 адад ғайридавлатӣ) [2,46] фаъолият мекарданд.
11 март 108-солагии матбуоти тоҷик таҷлил гардид. Тӯли ин солҳо матбуот шебу фарози зиёдеро тай кард. Дар ин муддат танҳо матбуоти давраи бозсозӣ ва гуногунандешии Михаил Горбачёвро метавон озоду демократӣ номид. Зеро фаъолият ва рушди матбуот аз системаи сиёсии мавҷуда дар кишвар вобастагии зиёде дорад. Муаллифони китоби «Чор назарияи матбуот» Сиберт Ф. Питерсон Т. Шрамм В. дуруст қайд мекунанд, ки «… матбуот ҳамеша шакл ва рангҳои ҳамон сохтори иҷтимоӣ ва сиёсиро мегирад, ки дар он фаъолияти иҷтимоиро, ки ба василаи он муносибати байни одамон ва меъёрҳои иҷтимоӣ муайян карда мешаванд, ифода менамояд» [8, 297]. Воқеан ҳам, дар ҷомеаи худкома наметавон матбуоти озоду демократиро роҳандозӣ намуд. Ба ҳамин монанд ҳаргиз дар сохтори коммунистии шӯравӣ матбуот «ҳукумати чорум» буда наметавонад, гарчӣ дар замони шӯравӣ матбуот нуфузи зиёд дошт.
Бояд ёдовар шуд, ки аввалин Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ – 14 декабри соли 1990 қабул шуда буд. Моддаи 2-юми қонуни мазкур ба озодии матбуот бахшида шуда, ҳамон вақт ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳуқуқ дода буд, ки фикру ақидаашро озодона баён кунад, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор намояд [1, 91-92].
Қонуни номбурда сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқидро манъ карда буд. Бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон аз аввалин кишварҳо буд, ки дар он чунин як қонуни демократӣ қабул гардид.
6 ноябри соли 1994 Сарқонуни Тоҷикистон аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Моддаи 30-юми Сарқонун озодии баёнро кафолат дода, сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқидро манъ кардааст [4].

Ин нуктаи Сарқонун дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки 19 марти соли 2013 қабул шудааст, зикр гардидааст:
1. Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд.
2. Ҳар шахс ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дар шаклҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда паҳн намудани онҳоро дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дорад.
3. Ҳама гуна поймол кардани озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма аз ҷониби шахс, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, аз ҷумла дахолат кардан ба фаъолияти касбии редаксияи воситаи ахбори омма, ғайриқонунӣ боздоштан ва ё қатъ намудани фаъолияти он тибқи қонунгузорӣ боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд.
4. Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст.
5. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ ба инҳисори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма роҳ дода намешавад [5].
Воқеан ҳам, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол қонунҳое қабул шудаанд, ки ба озодии сухан ва рушди ВАО мусоидат мекунанд. Вале тӯли 5 соли охир вазъи озодии баён дар кишвар коҳиш ёфта истодааст. Тибқи ҳисоботи СҶ «Гузоришгарони бидуни марз» моҳи майи соли гузашта Тоҷикистон аз рӯи шохиси озодии матбуот дар байни 180 мамлакат дар ҷои 161-ум қарор дошт, ки ин нишондиҳандаи бад маҳсуб мешавад ва дар Осиёи Марказӣ танҳо Ҷумҳурии Туркманистон дар рӯйихат пас аз мо мебошад.
Имрӯз нашрияе нест, ки беғаразона воқеиятро гӯяд. Расонаҳо ба олоти тарғиботи муассисон, таърифҳои пулакӣ табдил ёфта, талаботи хонандаҳоро ба иттилои воқеӣ қонеъ гардонида наметавонанд. Дар ҳамин ҳол ҳастанд журналистоне, ки дилашон ба ҷомеа месӯзад ва мехоҳанд воқеиятро бигӯянд. Вале минбар надоранд ва онҳо ҳам ба рафти об бел мезананду худсонсурӣ мекунанд. Ҳамин худсонсурии журналистон, сармуҳаррирон ва билохир муассисон аст, ки имрӯз нашрияҳо шахси нобино, ношунаво ва лолро мемонанд. Олга Тутубалина, муҳаррири гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс» мегӯяд, ки мо – муҳаррирон, журналистон, соҳибони расонаҳо солҳои зиёдест, ки худсонсурӣ мекунем. Мо медонем, ки дар бораи чӣ навиштан мумкин асту, дар бораи чӣ хомӯш будан беҳтар аст. Сухан танҳо дар бораи масоили сиёсӣ намеравад. Мавзӯъҳои доғи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ мавриди худсонсурӣ қарор мегирад. Ин ҳақиқати воқеии замони муосир аст, мегӯяд ӯ [11].
Моҳи ноябри соли 2018 Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR)-и Британияи Кабир пажӯҳишеро оид ба вазъи ВАО ва нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузарониданд. Тибқи таҳқиқоти мазкур ВАО-и Тоҷикистон нақши худро дар ҷомеа ҳамчун «ҳукумати чорум» аз даст дода истода, журналистон аз инъикоси мавзӯъҳои ҷиддӣ худдорӣ менамоянд [9].
Ба қавли Марат Мамадшоев, муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон хатарҳо ва мушкилоти асосии ВАО-и кишвар омӯзиши нокифояи касбӣ, худсонсурӣ, захираҳои нокифояи молӣ, одоби пасти касбӣ ва дахолати давлат ба расонаҳо мебошад [7].
Ба гуфти М. Мамадшоев истеҳсоли маводи чопӣ дар Тоҷикистон таҳти назорат аст, агарчӣ сонсури мустақим нест. Вале матбааҳо барои чопи рӯзномаҳо бояд аз мақомоти дахлдор иҷозат бигиранд [7]. Воқеан, тибқи бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 312 матбаа (36 адад давлатӣ ва 276 адад ғайридавлатӣ) дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ” фаъолият менамоянд [6]. Аз ин маълумот бармеояд, ки теъдоди матбааҳои хусусӣ аз давлатӣ 7,6 маротиба зиёд аст, вале онҳо ҳам дар фаъолияти худ мустақил нестанд.
Имрӯз расонаҳои чи хусусиву чи давлатӣ таҳти назорати мақомоти кишвар фаъолият доранд ва ҳамчунин бо онҳо ҳамкорӣ менамоянд. Умед Бобохонов, муассис ва сармуҳаррири гурӯҳи расонаҳои «Азия плюс» яке аз сабабҳои бастани сомонаашонро дар кишвар ба рад кардани чопи маводи «баъзе сохторҳои давлатӣ» рабт медиҳад [11]. Воқеан, сомонаи «Азия Плюс» аз 29 ноябри соли 2018 дар ҷумҳурӣ бе VPN кушода намешавад.
Бояд гуфт, ки матбуоти хусусӣ барои муассисонаш сараввал бизнес буда, барои гирифтани фоида таъсис дода шудааст. Вале дар замони маҳдудиятҳои гуногун аз ҷониби мақомоти расмӣ ва худсонсурӣ нашрияҳо талаботи аудиторияи худро қонеъ гардонида наметавонанд ва аз як ҳиссаи даромадашон маҳрум мешаванд.
Озодии матбуот аз озодона ҷустан, дарёфт кардан, истеҳсол намудан ва паҳн кардани иттилоъ иборат аст. Ҳамчунин он ҳуқуқи озодона баён намудани ақидаро дар бар мегирад. Ҳуқуқҳои мазкур на ҳамеша риоя мешаванд. Ва аксаран дар иҷро гардидани ин ҳуқуқҳо барои журналистон ва ВАО-и давлативу хусусӣ тафриқа гузошта мешавад. Масалан, дар дастрасӣ ба сарчашмаҳои иттилоъ ва паҳн кардани он ба журналистони ВАО-и давлатӣ бартарӣ дода мешавад.
Матбуоти давлатӣ ва ҳизби ҳоким аз имтиёзҳо ва обунаи иҷборӣ бархурдоранд. Бинобар ин онҳо бо тиражи даҳҳо маротиба зиёд аз нашрияҳои хусусии ҷамъиятиву сиёсӣ чоп мешаванд. Дар ҳамин ҳол агар нашрияи хусусӣ бо мақомоти расмӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ монда бошад ва аз хати кашидаи онҳо берун набарояд, он низ барои «хомӯш»-у «гапдаро» буданаш соҳиби имтиёз мешавад. Масалан, ба идораву корхонаҳо супориш дода мешавад, ки ҳангоми обуна ин нашрияҳоро ҳам фаромӯш накунанд.
Агар обунаи иҷборӣ, маблағгузории давлатӣ ва рекламаҳои пинҳонӣ набошад, тиражи рӯзномаҳо ба маротиб коҳиш меёфт ва аксари редаксияҳои рӯзномаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ касод мешуданд.
Имрӯз дар Тоҷикистон танҳо бозори нашрияҳои хонаводагӣ ва фароғатӣ, ки муҳтавояшон барои хонандаҳои ғайрисиёсӣ равона шудааст, нисбатан гарм аст. Воқеан ҳам, дар кишвар теъдоди дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ ба маротиб кам шуда, дар дӯконҳои мавҷуда низ аксаран нашрияҳои хонаводагӣ ва фароғатӣ фурӯхта мешаванд. Даромади асосии ин дӯконҳо асосан аз фурӯшу майда-чуйда, носу сигор ва сақич ба даст меояд.
Бино ба гузориши Радиои «Озодӣ», ки дар Рӯзи матбуоти тоҷик пахш шуд, Бадахшон Зардакова 8 моҳ пеш дар маркази шаҳри Бохтар, назди Коллеҷи омӯзгорӣ дӯкони нашрияфурӯшӣ кушодааст, вале ҳоло ба хулосае омадааст, ки аз набудани харидорон дӯконашро бандад. Ба қавли Б. Зардакова «ҳатто муаллимон ҳам ба дӯкон наздик намешаванд»[3].
Набудани матолиби хонданӣ як сабаби бехаридор мондани рӯзномаҳо аст, мегӯяд Орзуи Карим, хабарнигори Радиои «Озодӣ» дар Бохтар.
Бехаридор мондани нашрияҳо на танҳо хоси Бохтар, балки тамоми Тоҷикистон аст, чун солҳои ахир ба сабаби фишору таҳдиди мақомот ба хабарнигорон, бисёре аз онҳо аз инъикоси мушкилоти ҷомеа метарсанд, мегӯяд Орзуи Карим [3].
Бояд гуфт, ки дар Афғонистони ба мо ҳамсояи ҷангзада новобаста аз мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ камаш 50 рӯзномаи ҳаррӯза ба табъ мерасанд, ки тиражашон аз 1000 то 5000 нусха аст [10, 60]. Ҳамзамон ҳудуди 100 номгӯ нашрияҳои давлатӣ [8, 42], зиёда аз 250 ҳафтаномаҳои марказӣ [10, 64-84], 202 маҷалла дар Кобул [8, 84], ва 170 ҷаридаи 15-рӯза дар вилоятҳои кишвар ба табъ мерасанд [10, 113]. Ба ғайр аз ин дар Ҷумҳурии Афғонистон 20 гоҳнома дар қолаби газета чоп мешавад [10, 135]. Албатта, ин теъдод матбуот хонандаи худро дорад. Матбуоти муосири Афғонистон аз рӯи проблемабардорӣ, муҳтаво ва озодбаёнӣ аз матбуоти имрӯзаи мо хеле пешсаф аст.
Тибқи як пурсиши сотсиологӣ, ки соли 2019 аз ҷониби ТҶ «Машварати расонавӣ» гузаронида шуда буд, 56,6 фоизи респондентон гуфтаанд, ки рӯзнома мутолиа намекунанд [2, 39]. Ин рақам аз нишондиҳандаи соли 2018 — 4 дар сад камтар аст. Дар ҳамин ҳол 91,4 фоизи пурсидашудагон гуфтаанд, ки умуман маҷалла намехонанд [2, 46]. Сабаби асосии мутолиа накардани матбуотро пурсидашудагон «вақт нест» гуфтаанд, ки ба назари ин ҷониб чандон воқеият надорад. Зеро агар нашрияҳо муҳтавои ҷолиб дошта бошанд, хонандаи худро пайдо мекунанд. Дар ҳамин ҳол танҳо 14,3 фоизи респондентон иқрор шудаанд, ки муҳтавои рӯзномаҳо [2, 41] ҷолиб нест. Дар ҳамин ҳол 18 фоизи пурсидашудагон муҳтавои маҷаллаҳоро ҷолиб намедонанд [2, 48]. Албатта, пурсиши интихобии 2446 нафар вазъияти умумии матбуотро аниқ нишон намедиҳад. Вале аз он ки солҳои охир тиражи нашрияҳо (ба вижа матбуоти хусусӣ) кам шуда истодааст ва муҳтавои онҳо хонданӣ нест, вазъияти матбуоти мустақил бӯҳронӣ боқӣ мемонад.

АДАБИЁТ

1. Асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти васоити ахбори омма. — Душанбе, 2008.- 222 с.
2. Афзалиятҳои расонавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо. — Душанбе, 2019. – 70 с.
3. «Дилам ба нашрияҳое месӯзад, ки соатҳо дар берун меистанду зард мешаванд» ВИДЕО/ RFE/RL.Inc. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.ozodi.org/a/press-day-in-tajikistan/30481933.html (Санаи истифодабарӣ: 10.03.2020).
4. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон/Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2014 – 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://adliya.tj/tj/constitution (Санаи истифодабарӣ: 10.03.2020).
5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»/ММҚТ. 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: http://base.mmk.tj/view_sanadhoview.php?showdetail=&sanadID=293&language=tj (Санаи истифодабарӣ: 11.03.2020).
6. Маълумоти мухтасари оморӣ/ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://vfarhang.tj/index.php/tj/dar-borai-vazorat/omor (Санаи истифодабарӣ: 11.03.2020).
7. Свобода слова в Таджикистане: не ищи, не спрашивай, не говори/ IWPR. 2020.- [Манбаи электронӣ] — URL: https://cabar.asia/ru/svoboda-slova-v-tadzhikistane-ne-ishhi-ne-sprashivaj-ne-govori/ (Санаи истифодабарӣ: 11.03.2020).
8. Сиберт Ф. Питерсон Т. Шрамм В. Чор назарияи матбуот. Журналистика. Ҷ. 4. /Фред Сиберт, Теодор Питерсон, Вилбур Шрамм. — Душанбе, 2011. – 474 с.
9. Состояние СМИ и роль социальных сетей в Казахстане, Кыргызстане, Таджикистане и Узбекистане / ИА Азия плюс. 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://news.tj/news/tajikistan/society/20181108/issledovanie-zhurnalistika-kak-chetvertaya-vlast-utratila-svoyu-rol-v-tadzhikistane (Санаи истифодабарӣ: 10.03.2020).
10. Ҳазратӣ Ғуломризо. ВАО-и муосири Афғонистон. /Ғуломризо Ҳазратӣ. – Душанбе, 2018.-187 с.
11. Что случилось со свободой слова в Таджикистане?/Internews Kazakhstan. 2020. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://newreporter.org/2019/05/03/chto-sluchilos-so-svobodoj-slova-v-tadzhikistane/ (Санаи истифодабарӣ: 12.03.2020).

Оставьте комментарий