ДӮСТИ МАН ҲАЙДАРӢ



ДӮСТИ МАН ҲАЙДАРӢ

Ин ном ба устодону шогирдони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қариб 30 сол боз ошност. Дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи ДМТ Саъдулло Баҳриевич Ҳайдаровро ҳамагон Ҳайдарӣ ном мегиранд. Вақте Ҳайдарӣ мегӯянд, шахси фозилу доно, каме шӯхтабъ, вале инсони ҷиддиву сахтгир ва устоди серталаб пеши назар меояд. Ӯро шахси орому беозор мегӯянд, зеро ба касе кор надорад ва ҳатто мӯрро озор намедиҳад, ба гурӯҳбозиву дасисаҳо низ шарик намешавад.
Саъдулло Ҳайдарӣ 10-уми феврал 60 -сола мешавад, вале ман гумон мекунам, ки ӯро 100 сол боз мешиносам. Дар асл бошад, моҳи августи соли 1987, ҳангоми имтиҳонҳои дохилшавӣ ба шуъбаи навтаъсиси журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин бо Саъдулло шинос шуда будам. Баъди имтиҳонҳо маълум шуд, ки аз 25 нафар донишҷуёни гурӯҳи навтаъсиси ихтисоси журналистика мо ду нафар аз ҳама калонсолем, зеро ҳамон сол довталабони таваллуди соли 1970, ки акнун мактаби миёнаро хатм карда буданд, шомили донишгоҳ шуданд. Яъне мо аз онҳо 9 — 10 сол калон будем.
Воқеан, Ҳайдарӣ баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент 8 соли собиқаи омӯзгорӣ дар зодгоҳаш — деҳаи Фароб дошт. Ман бошам, факултаи иқтисодии донишгоҳро хатм карда, хизмати аскариро низ паси сар намуда будам. Ҳамчунин таҷрибаву собиқаи кор дар муассисаҳои гуногунро доштам. Албатта, синну сол, ҷаҳонбинӣ ва мутолиаи зиёд моро ба ҳам қарин мекард. Ҳамин буд, ки мо бо ҳам дӯсти наздик шудем.
Дар бораи давраи донишҷӯӣ қисса намекунам, зеро дар ин бора дар хотираҳоям бахшида ба 50-солагии соҳибҷашн аллакай гуфтаам. Ҳоло ин ҷо хотираҳоро аз даҳсолаи охир варақгардон мекунам.

Фароб деҳаи дурдастарин ва баландтарин дар марзи шаҳри Панҷакент бошад ҳам, онро асосан талу теппаҳои хокӣ иҳота кардаанд ва кӯҳхои сангину осмонбӯс танҳо аз дур намоёнанд. Бинобар ин Ҳайдарӣ зодаи деҳаи кӯҳистон бошад ҳам, чандон таҷрибаи кӯҳгардиро дар сангистон надорад. Вале ба ин нигоҳ накарда, аксаран дар сафари кӯҳистон моро ҳамроҳӣ мекунад. Ба ёдам ҳаст, ки боре донишҷуёнро барои тамошои шар-шараи Гусғарф ба ноҳияи Варзоб бурда будем. Чун аз деҳаи Гусғарф берун шудем, донишҷӯён чун мурғони аз қафас раҳида ба сӯи доманаи кӯҳ пароканда гардиданд.
Аз деҳа пайраҳае ба шар-шара мебурд, ки роҳаш осонгузар буд. Вале донишҷӯён ба умеди чукричинӣ ва кам кардани роҳ ба сӯи шахҳо равона шуданд. Онҳо ба зудӣ дур рафта, дигар садои моро намешуниданд. Ман Ҳайдариро дар пайраҳа гузошта, хоҳиш кардам, ки бо он боло рафтан гирад ва худ аз пайи донишҷӯён ба суӣ шахҳо равон шудам. Як қисми донишҷӯён то расидани ман ба болои кӯҳ баромада буданд. Ман боқимондаҳоро ҷамъ карда бо роҳи бехавфтар ба сӯи шар-шара рафтанӣ будем, ки шогирдам Раҳматулло гуфт: — Устод Ҳайдарӣ дар шах руст кардаанд, — ба ақиб нишон дод ӯ.
Ман гумон карда будам, ки Ҳайдарӣ бо пайроҳа аллакай бо болои кӯҳ баромадааст. Вале ӯ аз паси мо ба сӯи шахҳо рафта будааст. Ҳоло Ҳайдарӣ дар ҷое қарор дошт, ки аз он ҷо гузаштан хеле хавфнок буд. На ба боло бармадан имкон дошту на ба қафо баргашта мешуд. Як ҳаракати ноҷо ба вартаи бетаг мебурд. Агар ба поён нигарӣ, чашмонат сиёҳӣ мезанад. Ӯ ҷон ба каф дар оҳугузар меистод.
Ману Раҳматулло аз боло ба сӯи Ҳайдарӣ наздик шудем. Таёқи дасти маро Раҳматулло дошту ман бо кумаки он аз харсанг поин шудам. Ба Ҳайдарӣ расида аз ӯ хоҳиш кардам, ки ба поён нигоҳ накунад ва худро ба даст гирифта, чӯбро дорад ва боэҳтиётона харсангро барояд. Раҳматулло аз боло чӯбро маҳкам дошта, ба Ҳайдарӣ кӯмак кард ва баъди чанде мо ба ҷои бехавф баромадем.
Рангу рӯйи Ҳайдарӣ канда буд, вале ба ин нигоҳ накарда шӯхӣ мекард: — камтар дертар меомадед, бо Азроил суҳбат мекардам.
Ҳайдарӣ баъди ин ҳодиса ҳам тарсе надорад ва дар кӯҳгардӣ моро аксаран ҳамсафар аст.
Моҳи ноябри соли гузашта, нахустфарзанди Ҳайдарӣ, ҷигарбандаш Шерафкан, ки акнун бол бароварда парвоз мекард, баъди бемории кӯтоҳмуддате нобаҳангом олами фониро падруд гуфт. Волидон нақша доштанд, ки имсол писарашонро хонадор мекунанд, духтари дӯстоштааш Шерафканро интизор буд. Вале орзуҳо ба бод рафтанд. Офаридагор умри ӯро 25 сол муайян карда будааст. Аз даст додани фарзанд, осон нест, захми ҷонкоҳест чун корде ба ҷигар. Таҳаммул кардани марги фарзанд ғайриимкон аст. Аз ин ғам дили пӯлодин ҳам занг мезанад. То дами вопасин дар дилу дидаҳо мемонад ёди фарзанд. Марги наздикон ба охир расидани зиндагӣ нест. Ҳаёт идома дорад. Барои хушрӯзии фарзандони дигар бояд зист.
Ҳайдарӣ ҳамаи инро хуб дарк мекунад ва дарун – дарун месӯзад, вале инро ба касе ошкор намекунад. Баъзан дар қатори дигарон механдад, агарчӣ дар дилаш фарёд аст.
«Аз зарбаҳои зиндагӣ, аз шикасти рӯзгор набояд дилсарду рӯҳафтода шуд. Зеро зиндагӣ худ талош барои зистан аст», — ба худ меандешад дӯсти ман Ҳайдарӣ ва аз паси кору зиндагӣ мешавад.
60 сол барои мард синни пирӣ нест, балки шасти камолот аст, ки баъди ин шахс оқилу хирадманд гардида, дарки зиндагӣ мекунад ва барояш дунёи нави фазилат боз мешавад.

Ҷовид Муқим

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: