Archive for Февраль 2020

АВВАЛИН МЕДИАМАГНАТИ ТОҶИКИСТОН



АВВАЛИН МЕДИАМАГНАТИ ТОҶИКИСТОН

Муқимов М. А. -профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Агар Акбари Саттор имрӯз бо мо мебуд, 10 феврал 55-сола мешуд. Ӯ умри тулонӣ надида бошад ҳам, дар ҷомеаи Тоҷикистон нақши боризе гузошта, номи худро дар лавҳаи таърих сабти ҷовидона намуд. Дар бораи шахсияти Акбар ман зиёд ҳарф намезанам, зеро аксар, ки ӯро мешинохтанд, шояд бештар аз ман донанд. Фақат ман ин нуктаҳоро мегӯям, ки Акбари Саттор инсони комил ва марди ҳақиқӣ, шахси дилкушоду дасткушод буд. Садҳо нафар аз суфраи ӯ нон хӯрдаанд ва садҳо нафари дигарро кумаки молиявию маънавӣ расонидааст. Акбар на шикваи зиндагӣ мекарду на касеро бад мегуфт. Бо шароиту имкон ва мартабае, ки дошт хоксор буд ва худро ҳаргиз аз дигарон боло намегузошт, бо ҳама муносибати самимиву дӯстона дошт.
Акбари Саттор фаъолияти тӯлонии бевоситаи хабарнигорӣ надошта бошад ҳам, тавонист, ки яке аз поягузорони матбуоти муосири замони истиқлоли Тоҷикистон гардад. Ӯ соли 1990 баъди хатми факултаи журналистикаи Донишгоҳи Санкт-Петербург (он вақт Ленинград) ба номи А. Жданов ба Тоҷикистон баргашт. Баъди чопи рӯзномаи навтаъсиси Шӯрои Олии Тоҷикистон – «Садои мардум» 1-уми январи соли 1991 муддате ба ҳайси хабарнигор ва баъд мудири шуъба фаъолият кард.
Бо соҳибистиқлол шудани кишвар дар соли 1991 ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Вазъи иқтисодиву сиёсии кишвар ноором буд. Матбуот ҳам ба бӯҳрони иқтисодӣ гирифтор шуд. Аксари нашрияҳо аз чоп монданд ва ё пайваста ба табъ намерасиданд. Маош сари вақт пардохта намешуд. Акбар ҳам чун аксари зиёиёни он замон ба тиҷорат даст зад, то оилаашро таъмин бикунад. Ба қавли худи Акбар ӯ аз Чин коло оварда мефурӯхт ва зиндагиашро мечархонид [1]. Вале дар зеҳнаш бозгашт ба журналистика буд. Бинобар ин бо як миқдор маблағи аз тиҷорат ба даст овардааш рӯзномаи «Дайджест пресс»-ро таъсис дод. Ҳамин тавр 18 ноябри соли 1994 аз ҷониби ӯ Ширкати «Чархи гардун» таъсис дода шуд. Читать далее

ОҶОНСИИ ИМА ОИД БА ВАО-И ГЛОБАЛӢ



УДК: 070 (1-87)
ОҶОНСИИ ИМА ОИД БА ВАО-И ГЛОБАЛӢ

Муқимов М. А. — профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Таърихи ВАО-и байналхалқии ИМА аз соли 1942 оғоз мегирад. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон, 24 феврали соли 1942 Ҳукумати ИМА барои пахши барномаҳо ба Италия ва Олмони фашистӣ Радиои «Садои Америка»-ро таъсис дод ва аввалин барномаҳо ба забони итолиёвӣ ва немисӣ пахш шуданд [4,9]. То охири соли 1942 Радиои «Садои Америка» аллакай бо 22 забон ба хориҷа барнома пахш мекард.
Ҳамон вақт зери назорати Департаменти давлатии ИМА Маъмурияти иттилооти байналхалқӣ таъсис дода шуд. Бо қарори Конгресси ИМА 1-уми августи соли 1953 ба ҷои ташкилоти мазкур Оҷонсии иттилоотии ИМА (United States Information Agency — USIA) – органи тарғиботи хориҷӣ таъсис ёфт, ки то 1-уми октябри соли 1999 фаъолият карда, тобеи Департаменти давлатӣ буд. 3 -юми апрели соли 1978 USIA ба Оҷонсии иртиботи байналхалқии ИМА табодули ном кард. Вале моҳи августи соли 1982 номи аввалаи он баргардонида шуд.
Умури пахши байналхалқии Ҳукумати ИМА аз соли 1990 якҷоя фаъолият доранд. Ҳамон вақт Оҷонсии иттилоотии ИМА барои дар як ташкилот муттаҳид кардани се расонаи худ – «Садои Америка», Умури телевизион ва кинои «Worldnet», Радио ва ТВ «Марти» Бюрои пахшро таъсис дод. Воқеан, 16-уми майи соли 2004 барои кам кардани хароҷоти «Worldnet» (шабакаи ҷаҳонӣ), ки соли 1983 таъсис ёфта буд, он ба «Садои Америка» ҳамроҳ карда шуд.
Пахши байналхалқии Ҳукумати ИМА аз 30 апрели соли 1994, баъди имзои Қонун дар бораи «Пахши байналхалқӣ» (International Broadcasting Act №103-236) аз ҷониби президент Билл Клинтон боз ҳам муттаҳид гардид. Тибқи қонунгузорӣ Бюрои байналхалқии пахш (IBB) ё ин ки Шӯрои идораи пахш (BBG — Broadcasting Board of Governors), ки ваколати назорати ҳамаи пахши байналхалқии давлатии ғайриҳарбиро дошт, таъсис дода шуд. Бояд гуфт, ки асоси қонуни мазкурро Хартияи «Садои Америка», ки соли 1976 президенти ИМА Ҷералд Форд имзо карда буд, ташкил медиҳад. Читать далее