Archive for 23.04.2012

Байрақ



Байрақ
Сухани рӯз
Як мансабдори тоҷик ба Амрико сафар карда мебинад, ки дар назди виллаҳои шахсӣ байрақи ИМА-ро барафрохтаанд. Ӯ ҳайрон шуда, аз роҳбалад мепурсад:
-Чаро дар назди хонаҳо байрақ задаанд?
-Соҳибони ин виллаҳо аз ҳукумату давлат ҷонибдориашонро ҳамин тавр ифода мекунанд. Чӣ, дар шумо ин хел нест магар?
— Дар мо ҳама аз давлату хукумат ҷонибдоранд. Бинобар ин мо як байрақмонаки 165-метра сохтем,-гуфт мансабдори тоҷик.
P.S. Ин ҷонибдориро Ҳукумати вилояти Суғд хуб мефаҳманд. Бо ибтикори хукумати вилоят дар шаҳри Хуҷанд байрақмонаки 70-метра сохта мешавад.