ҚОНУНИ НАВИ МАТБУОТ БА МАНФИАТИ КИСТ?



Матни русии лоиҳаи Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки ба баррасии вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст, мо аз сомонаи Анҷумани мустақили ВАО-и мустақили Тоҷикистон дастрас кардем, ки 3 августи соли равон нашр намудаанд. Мутаассифона, матни тоҷикии санади мазкур интишор наёфта буд. Лоиҳаи қонуни нав асосан рӯйнависи қонуни пешина мебошад, ки 20 сол пеш-14 декабри соли 1990, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ қабул шудааст. Масалан, ҳар ду қонун ҳам аз 40 модда иборатанд. Вале дар лоиҳаи қонуни нав ҷойивазкунии моддаҳо ва якҷоя шудани баъзе аз онҳо ба назар мерасад. Ҳар ду қонун низ аз 6 боб иборатанд, вале ҷойи баъзе бобҳо ба мисли моддаҳо тағйир ёфтаанд, ки ин мантиқан дуруст аст.
Тафовути аввали лоиҳа дар он аст, ки моддаи 1-уми он аз баёни маҳфумҳои асосии қонун ба мисли «иттилооти оммавӣ», «воситаҳои ахбори омма» ва ғайра шурӯъ мешавад, ки дар қонуни пешин набуд. Тафовути дигар, он аст, ки дар лоиҳаи мазкур моддаҳо ба бандҳои алоҳида ҷудо карда шудаанд. Дар қонуни амалкунанда бошад, моддаҳо аз чанд сархат иборатанд.
Тафовути муҳим ва асосии лоиҳаи қонун ин банди 3-юм ва 4-уми моддаи 26-ум ва банди 2-юми моддаи 27-ум мебошанд. Агар тибқи қонунгузории амалкунанда пешниҳоди иттилоъ ба ВАО аз ҷониби ташкилоту идора, муассисаҳо ва шахсони мансабдор аз рӯзи муроҷиат тӯли 1 моҳ сурат гирад, пас дар лоиҳаи мазкур он то 3 рӯзро ташкил мекунад. Феълан мансабдорон аз ин нуктаи қонун истифода карда ба муроҷиати журналистон барои гирифтани иттилоъ зуд посух намедиҳанд ва агар маълумоти мазкур ба манфиаташон набошад, то як моҳ аз посух гуфтан худдорӣ мекунанд. Акнун бошад, тибқи талаботи моддаҳои номбаршуда ин мӯҳлат ҳамагӣ то 3 рӯзро ташкил медиҳад. Аз ҷониби дигар, дар таҳияи бандҳои 3-юм ва 4-уми моддаи 26-уми лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» талаботи фармони № 622 -и Президент аз 7 феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба
маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ба инобат гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар банди 3-юми моддаи 26-уми лоиҳаи қонуни нав ташкилотҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба маводи танқидӣ ва таҳлилии ВАО дар мӯҳлати то 3 рӯз посух гӯянд. Агар ҷавоб гуфтан омӯзиши иловагиро талаб кунад, пас тибқи банди 4-уми моддаи 26-уми лоиҳаи қонуни мазкур роҳбарони ташкилоту муассисаҳо вазифадоранд, ки ба маводи танқидӣ ва таҳлилии ВАО оид ба фаъолияташон дар мӯҳлати на зиёда аз 2 ҳафтаи чоп ё пахши он дар эфир посух гӯянд.
Ногуфта намонад, ки тибқи банди 2-юми моддаи 27-ум, агар маълумоти пурсидашавандаро дар тӯли 3 рӯз пешниҳод кардан ғайриимкон бошад, пас ба таъхир додани иттилоъ мумкин аст. Дар ҳамин ҳол дар ин бора ба муроҷиаткунанда тӯли 3 рӯзи гирифтани дархости хаттӣ бояд хабар дод. Дар ҳамин ҳол банди мазкур мухолифи банди 3-юми моддаи 26-уми лоиҳаи қонуни нав мебошад, ки мӯҳлати ба муроҷиати ВАО иттилоъ доданро 3 рӯз муайян кардааст.
Бояд, гуфт, ки моддаи 6-уми қонуни ҷорӣ –«Роҳ надодан ба сӯистифода ба озодии сухан» аксаран аз ҷониби журналистону коршиносони мустақил мавриди баҳс қарор гирифта, он монеа ба озодии баён дониста мешуд. Матни моддаи мазкур чунин аст:
«Интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахборе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ даъват мекунад, шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозад, ҷанг, зулму зӯроварӣ, терроризм бо ҳамаи зуҳуроташ, хусумати нажодию миллӣ ва динӣ, инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигар, фаҳшу фуҷур (порнография)- ро таблиғ мекунад, ба содир намудани кирдори ҷиноятии дигар даъват менамояд, дар воситаҳои ахбори омма манъ аст.
Истифодаи воситаҳои ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, дидаву дониста чоп кардани хабару мақолаҳои дурӯғин, маълумотҳои тӯҳмату иғвоангез, шаъну шарафи шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро паст мезананд, манъ аст».
Ин ҷо ибораҳои «шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозад» аксаран интиқод мешуданд, ки озодии суханро коҳиш медиҳанд. Матни моддаи мазкур, ки ба ду банд ҷудо шудааст, бо андаке тағйир ба моддаи 7-уми лоиҳаи қонуни нав кӯчидааст. Яъне дар банди 2-юми моддаи 7-ум, ки пеш сархати дуюми моддаи 6-ум буд ибораи «аз ҷониби қонун таъқиб карда мешавад» илова карда шудааст. Ҳамин тавр, моддаи 7-уми лоиҳаи қонуни нав –«Роҳ надодан ба сӯистифода ба озодии сухан» нисбатан шадидтар гаштааст.
Бояд гуфт, ки вобаста ба моддаи 7-ум, ки дар қонуни ҷорӣ моддаи 6-ум аст, ба дигар моддаҳои лоиҳаи қонун хато рафтааст. Аз ҷумла, дар банди 1-уми моддаи 11-ум – «Рад кардани бақайдгирии воситаҳои ахбори омма», банди 3-юми моддаи 13- «Қатъи табъу нашри воситаҳои ахбори омма», банди 1-уми моддаи 27-ум –«Рад кардани иттилоъдиҳӣ» ба моддаи 6-ум ишора шудааст, ки дар воқеъ дар лоиҳаи қонуни нав вай моддаи 7-ум ҳисоб мешавад. Ҳамчунин дар банди 3-юми моддаи 13-ум — «Қатъи табъу нашри воситаҳои ахбори омма» ба талаботи моддаи 22-ум ишора шудааст, ки он саҳеҳ нест. Дар лоиҳаи қонуни нав матни моддаи мазкур бо афтидани сархати дуюм, ки такрори банди 1-уми моддаи 7-ум аст, ба моддаи 21-ум кӯчидааст.
Дар банди 4-уми моддаи 23-юми лоиҳаи қонун низ ба ҷои «диктор» — «директор» чоп шудааст.

Пешниҳодҳо

Ба назари банда мӯҳтавои бандҳои 3-юм ва 4-уми моддаи 26-уми лоиҳаи қонун бояд аз ҳам ҷудо карда шаванд. Зеро дар банди 3-юм якбора ду маънӣ омадааст ва он идомаи мантиқии банди 4-ум мебошад. Аз ҷумла, дар банди 3-юм чунин гуфта мешавад: «Ташкилотҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурии расмиро бидиҳанд ва ба маводи танқидӣ ва таҳлилӣ, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунад, дар мӯҳлати на зиёда аз 3 рӯзи муроҷиат ё чопи он (пахши он дар эфир) посух гӯянд».
Дар банди 4-уми моддаи 26-уми лоиҳаи қонуни нав бошад, чунин омадааст: «Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо вазифадоранд, ки ба маводи танқидӣ ва таҳлилӣ оид ба фаъолияташон дар мӯҳлати на зиёда аз 2 ҳафтаи чоп ё пахши он дар эфир ба воситаҳои ахбори оммаи мазкур посух гӯянд». Чӣ хеле ки мебинед, банди 4-ум мантиқан идомаи қисми дуюми банди 3-юми моддаи 26-уми лоиҳаи қонун мебошад. Аз ин рӯ, ба назари мо ба ҳам мувофиқ кардани ин моддаҳо беҳтар аст. Ҳамчунин аз амалияи рӯзноманигорӣ бармеояд, ки аксаран мансабдорон ва роҳбарони корхонаву идораҳо бо ҳар баҳона ба додани маълумоте, ки ба манфиаташон нест, саркашӣ мекунанд. Ин нуктаро низ ба назар гирифта, банди 3-юми моддаи 26-уми лоиҳаи қонуни нав бояд чунин таҳрир шавад: «Вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои истеҳсоливу ҷамъиятӣ, корхонаву муассисаҳо ва ғайра новобаста аз шакли моликияташон, ҳамчунин шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти заруриро, ки мувофиқи қонун ифшо карданашон мамнӯъ нест, дар мӯҳлати на зиёда аз 3 рӯзи муроҷиат бидиҳанд».
Ҳамакнун бояд банди 4-уми моддаи 26-ум чунин таҳрир карда шавад: «Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо вазифадоранд, ки ба маводи танқидӣ ва таҳлилӣ оид ба фаъолияташон дар мӯҳлати на зиёда аз 3 рӯз ва дар ҳолати агар ҷавоб гуфтан омӯзиши иловагиро талаб кунад, 2 ҳафтаи чоп ё пахши он дар эфир ба воситаҳои ахбори оммаи мазкур посух гӯянд».
Бояд гуфт, ки моддаи 32-юми лоиҳаи қонуни нав, ки « Ваколат» ном дорад, такрори моддаи 33-юми қонуни амалкунанда буда, банди 3-юми он бояд мувофиқи талаботи рӯз тағйир дода шавад. Феълан банди мазкур чунин омадааст:
«Воситаҳои ахбори омма бо иҷозати мақомоти расмӣ метавонанд дар мамлакатҳои хориҷӣ мухбирони худро дошта бошанд».
Чӣ тавре ки дар боло қайд кардем, қонуни ҷорӣ ҳанӯз 20 сол пеш, то соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон қабул шуда буд ва он вақт ВАО-и хусусӣ вуҷуд надошт. Акнун вазъият дигар буда, бо ҷаҳонишавии иттилоот чунин садгузорӣ нашояд. Аз ин рӯ, банди 3-юми моддаи 32-юми лоиҳаи қонуни нав бояд чунин таҳрир шавад:
«Воситаҳои ахбори омма метавонанд дар мамлакатҳои хориҷӣ мухбирони худро дошта бошанд».

Қобили тазаккур аст, ки фаъолияти журналистӣ аз рӯи махсусияти касбӣ ва шароити корӣ ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад. Зеро он хислати эҷодӣ дошта меҳнати ақлонии бошиддат аст, ки давомнокиаш дар сикли технологии редаксия ҳангоми омодаи чопу пахш кардани мавод ба танзим дароварда намешавад. Ҳамчунин фишори доимии равонӣ ҳини дарёфти иттилоъ ва омода кардани мавод, сафарҳои доимии хидматӣ, аз ҷумла ба маҳали ҳодисаҳои фавқулодда, иҷрои супоришҳои махсуси хатарзо, ки ҳамаи ин ба саломатии журналист зарар доранд, омили дигарест, ки ба ҳифзи иҷтимоии махсус ниёз доштани рӯзноманигоронро тақозо мекунад.
Бояд гуфт, ки дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба ин нуктаи муҳим ва зарурӣ –ҳифзи иҷтимоии журналистон дахолат карда нашудааст. Аз ин рӯ, пешниҳод мекунем, ки ба он як боби нав бо унвони «Ҳифзи иҷтимоии журналистон» шомил карда шавад, ки он аз рӯи тартиби мантиқӣ бояд боби 5-уми қонуни нав гардад. Қобили зикр аст, ки ин амал дар қонунгузории мо ба назар мерасад. Масалан, моддаи 31-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» (14 декабри соли 1996) ба ҳифзи иҷтимоии кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ бахшида шудааст.
Феълан меҳнати журналистон ба таври зарурӣ ҳифз карда намешавад. Ба вижа ин амал дар ВАО-и хусусӣ бештар ба назар мерасад. Баъзан дар як утоқ, ки ягон шароити корӣ надорад, 8-10 нафар фаъолият мекунанд. Ҳамчунин 5- 6 нафар бо маоши ночиз ба ҷои 10-15 нафар кор мекунанд. Ба ғайри ин соҳибон (муассисон)-и ВАО мекӯшанд, ки Кодекси меҳнатро сарфи назар карда ба журналистон рухсатии меҳнатӣ надиҳанд ва ё онро ба камтарин мӯҳлат пешниҳод намоянд. Ин нуктаҳоро ба назар гирифта чунин пешниҳод дорем:
Моддаи 33. Ҳифзи меҳнат
1. Кормандони ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматии худ аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешаванд.
2. Ҳифзи меҳнати журналист аз рӯӣ меъёрҳои муқарраргардидаи ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, санитариву гигиенӣ ва профилактивию табобатӣ сурат мегирад.
3. Ба журналистон ҳуқуқи ҳифзи меҳнат, имтиёзҳо ва талофиҳо барои меҳнати вазнину шароити зарарнок, ба муоинаи тиббӣ, бимаи иҷтимоӣ, ба тафтиши ҳамаҷонибаи ҳолатҳои нохуш, марг ва зараре, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ рух додааст, аз ҷониби давлат ва соҳибон (муассисон, ҳаммуассисон)-и ВАО кафолат дода мешавад.
4. Журналистон ҳуқуқи ҳамасола гирифтани рухсатии меҳнатии на кам аз 36 рӯзи тақвимӣ ва табобати ҳатмӣ дар санаторияву курортро аз ҳисоби соҳибон (муассисон, ҳаммуассисон)-и ВАО доранд.
5. Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҳалок гаштани корман¬дони ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳояшон ва ё меросхуронашон кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми на камтар аз даҳ маоши солонаи шахси ҳалокшуда аз рӯи вазифаи охирини хидматиаш дода мешавад. Ба меросхурон ба андозаи маоши миёнаи қурбоншудагон нафақаи гум кардани саробон таъин мегардад.
6. Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ маҷрӯҳ шудани корманди ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин васила имкони идома додани фаъолияти касбиашро аз даст додааст, ба вай кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми на камтар аз панҷ музди солонаи кор аз рӯи вазифаи охирини хидматии ӯ дода мешавад.
7. Агар корманди ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҷароҳати дигар бардошта бошад, ба ӯ кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми на камтар аз панҷ маоши миёнаи якмоҳааш дода мешавад.
8. Товонпулӣ, ҳавасмандкунӣ ва имтиёзҳо ба журналистон, ки вазифаҳои хидматиро дар шароити ба ҷону саломатиашон хатарзо адо мекунанд (кардаанд) аз ҷониби соҳибон (муассисон, ҳаммуассисон)-и ВАО таъмин карда мешаванд.
9. Тартиби пардохти маблағҳои дар моддаи мазкур зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Имрӯз маоши журналистон дар муқоиса ба дигар соҳаҳо хеле ночиз аст ва он низ аксаран аз ҷониби соҳибон (муассисон)-и ВАО сари вақт пардохта намешавад. Борҳо шунидаам, ки соҳибони ВАО-и хусусӣ ба кормандонашон баъзан 2-3 моҳ маош намедиҳанд. Вале журналистон барои аз ҷои корашон маҳрум нашудан ноилоҷ тоқат мекунанд. Ҳамчунин ҳодисаҳои бе шартномаи меҳнатӣ ва бе пур кардани дафтарчаи меҳнатӣ кор фармудани журналистон низ ба мушоҳида мерасанд.
Моддаи 34. Музди меҳнат
1. Музди меҳнати журналистон аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоикистон бо назардошти махсусият ва шароити сангини фаъолияти рӯзноманигорӣ ба танзим дароварда мешавад.
2. Ба музди меҳнати журналист маоши вазифавӣ, изофапулиҳо, ҳаққи қалам ва мукофотпулӣ дохил мешавад.
2. Ҳаҷми музди меҳнати журналистони ВАО-и ғайридавлатӣ аз рӯи қарордоди иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, ҷумҳуриявӣ, шартномаи меҳнатии коллективӣ ва шартномаи инфиродии меҳнатӣ дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, ки на камтар аз 80 дар сади музди меҳнати сармуҳаррири нашрия (радио ва телевизион)-ро ташкил медиҳад.
3. Журналистони ВАО-и давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ хизматчии давлатӣ ҳисоб шуда, аз имтиёзҳо ва изофапулиҳое, ки барои ҳамин категорияҳои вазифаҳои хизмати давлатӣ пешниҳод шудаанд, бархурдоранд.
4. Музди меҳнати роҳбари ВАО-и давлатӣ бояд на камтар аз музди меҳнати муовини роҳбари мақомоте, ки муассис аст, бошад.

Феълан ҳангоми ба сафари хидматӣ фиристодани журналистон низ беадолатиҳо ба назар мерасанд. Худи роҳбарони ВАО аз ҳисоби редаксия ба сафари хидматӣ мераванд, вале ба кормандонашон ҳаққи сафарро намепардозанд. Ин нуктаро ба назар гирифта ворид кардани моддаи дигар низ ба қонун мувофиқи мақсад аст.
Моддаи 35. Тартиби пардохти сафари хидматии журналистон ва шароити фаъолияти онҳо дар сафар
1. Журналист ба сафари хидматӣ дар ҳоле фиристода мешавад, ки агар редаксия харҷи онро мувофиқи меъёри муқарраргаштаи қонунгузорӣ пешакӣ пардохта бошад.
2. Редаксия танҳо дар ҳолати таъмини бехатарии журналист ва кафолати пардохти зиёну имтиёзҳо метавонад ӯро ба барои иҷрои вазифаҳои касбӣ ба маҳали ҳолатҳои фавқулодда фиристад.
3. Роҳбарони редаксияҳо бояд журналистонеро, ки ба маҳали ҳолатҳои фавқулодда мефиристанд, бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва воситаҳои визуалӣ, ки аз намояндаи ВАО будани онҳо дарак медиҳад, таъмин намоянд.
Моддаи 36. Таъминоти нафақа
1. Таъминоти нафақаи журналистон тибқи Моддаи 12-уми (Нафақаҳои имтиёзнок вобаста ба шароити махсуси меҳнат) Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат мегирад.
2. Дар вақти ба журналистон муқаррар кардани нафақа меъёр, усул ва тартиби ҳисоб кардани нафақа барои хизматчиёни давлатӣ истифода мешавад.
3. Дар ҳолати захм бардоштан, контузия шудан ё лат хӯрдани журналист ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ дар маҳали ҳолатҳои фавқулодда ба ӯ моддаи 241 –уми (Маъюбият дар натиҷаи осеби ҳарбӣ) Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.
Моддаи 37. Ҷавобгарӣ ҳангоми сӯиқасд ба ҷон ва саломатии журналист
1. Ҷавобгарӣ барои содир кардани ҷиноят нисбати журналист ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва монеъ шудан ба фаъолияти хидматии ӯ ба ҷавобгарӣ барои содир намудани чунин амал нисбати кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот баробар дониста мешавад.
2. Фаъолияти хидматии журналист наметавонад барои ҳабс, боздошт ва гирифтани маводи ҷамъу омода карда, воситаҳои техникии дар кор истифодабарандаи ӯ сабаб шавад.
3. Журналист ё ВАО аз паҳн кардани иттилое, ки воқеият надорад, озод карда мешавад, агар суд муайян кунад, ки журналист поквиҷдонона амал карда онро тафтиш намудааст.
Моддаи 38. Дастгирии иловагии ҳифзи иҷтимоии журналистон
1. Барои таъмини шароити хуби корӣ ба журналистон ҳуқуқи доштани манзили иловагӣ дар ҳаҷми на камтар аз 10 метри мураббаъ нисбати меъёри муқарраршуда дар фонди манзили давлативу мунисипалӣ дода мешавад.
2. Соҳибон (муассисон)-и ВАО роҳкирои журналистонро барои истифодаи нақлиёти шаҳрӣ (маҳаллӣ) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ мепардозанд.
3. Ҳангоми фавти журналист соҳибон (муассисон)-и ВАО хароҷоти гӯру чӯб ва мондани санги мазорро мепардозанд.
Воқеан, чунин қонун, ки ҳифзи иҷтимоии журналистонро кафолат медиҳад, дар дигар мамлакатҳо вуҷуд дорад. Аз ҷумла, аз 1-уми январи соли 1998 дар Ҷумҳурии Украина Қонун «Дар бораи дастгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ва ҳифзи иҷтимоии журналистон» амал мекунад. Аз ин рӯ, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ворид кардани боби «Ҳифзи иҷтимоии журналистон» мувофиқи мақсад аст.
Ҷовид Муқим,
доктори улуми филология,
профессори кафедраи журналистикаи
байналхалқии ДМТ

2 комментария

  1. Posted by ЧАМШЕД on 14 сентября, 2010 at 3:57 пп

    Пешниходоти профессор бобати дастгирии ичтимоии журналистон кобили пазирои мебошад. Масъулину мураттибони Конун бо назардошти имконоту шароити имрузу фардо ба хотири баланд бардоштани кадри ахли калам дар чомеа умед дорем аз ин пешниходот ба Конуни матбуот ва дигар ВАО тагиротхо ворид менамоянд.
    Пешниход перомуни он ки «Журналист ё ВАО аз паҳн кардани иттилое, ки воқеият надорад, озод карда мешавад, агар суд муайян кунад, ки журналист поквиҷдонона амал карда онро тафтиш намудааст» ба назари банда шархи равшантареро вобаста ба вазъ такозо дорад.
    Масъалаи таъмини манзили зист барои журналистони расонахои хусуси аз чониби давлат дар шароити мо гумон аст амали гардад.
    Боки хама пешниходот мушаххас ва ба манфиати журналистон чомеа мебошад.

    Ответить

    • Posted by jovidmuqim on 14 сентября, 2010 at 4:45 пп

      Ин чо сухан аз он меравад, ки журналист вокеъбинона санадхоро тафтиш кардааст, вале ба у маълумоти носаххехро пешниход кардаанд.

      Ответить

Оставьте комментарий