Archive for the ‘Экономика’ Category

ДАР ДУШАНБЕ МАГАР ШОЛӢ ОБ МЕМОНАНД?



ДАР ДУШАНБЕ МАГАР ШОЛӢ ОБ МЕМОНАНД?
Мушоҳида

Чанд сол аст, ки обмонии гулгашту хиёбонҳо ва дарахтону сабзаҳои кӯчаҳои пойтахтро мушоҳида мекунам. Баъзан обмонҳо ягон меъёри агрономиро риоя накарда, ба гулу дарахтон ва сабзаҳо чунон муносибат мекунанд, ки гӯё шолӣ об мемонда бошанд. Онҳо ба дарахтону сабзаҳо то ду рӯз об мемонанд. Дар натиҷа ин майдонҳо пур аз об чун шолизор мегарданд ва об ба пиёдагарду роҳи мошингард мебарояд ва баъдан онро хароб мекунад. Масалан, 23 июни соли равон дар боғи «Ҷавонон», дар назди истгоҳи автобусҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон об аз зери дарахтон баромада ба роҳи пиёдагардон гузашта буд. Воқеан, солҳои қаблӣ, ки ҳанӯз боғи «Ҷавонон» набуд, дар ин ҷо «шолиобмонӣ»-ро мушоҳида мекардем.
Ҳамон рӯзи 23-юми июн дар миёни роҳе, ки аз шаҳраки Меҳробод тавассути маҳаллаи 112-ум ба кӯчаи Б. Ғафуров, ба сӯи ҷануб меравад, дар майдони тақрибан 6 сотих аз 6 лӯлаи қутраш камаш 40 мм об фаввора зада майсазорро зери об карда буд.
Соати тақрибан 11-и 25-уми июн низ аз ин ҷумакҳо об фаввора зада ба сабзазор мерехт. Гумон намекунам, ки рӯзи якшанбе (24 июн) касе ин ҷумакҳоро маҳкам карда бошад. Агар мабодо обро маҳкам карда бошанд ҳам, магар зарурате ҳаст, ки пас аз як рӯз боз ба ин мавзеъ об бимонӣ?
25 июн ҳамчунин мушоҳида шуд, ки аз ин мавзеъ тақрибан 200 метр поинтар ба чанорҳои лаби роҳи қисми шарқии маҳаллаи 112-ум обро аз ҷӯйбор сар додаанд. Об ончунон зиёд буд, ки гирди дарахтон ва сабзазорро кӯл карда буд. Читать далее

Реклама

КАЙ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН СОҲАИ СЕРДАРОМАД МЕШАВАД?


????????????????????????????????????


КАЙ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН СОҲАИ СЕРДАРОМАД МЕШАВАД?

Соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон афзалиятнок маҳсуб ёфта, он метавонад яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёт гардад. Масалан, соли гузашта беш аз 359 ҳазор нафар аз 113 мамлакати ҳориҷӣ аз Тоҷикистон дидан карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 47385 нафар зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти кишвар наздики 180 миллион доллари амрикоӣ ворид гаштааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2016 23 миллиону 692 ҳазору 500 доллар зиёд мебошад. Шумораи сайёҳон дар се соли охир қариб ду маробтиба афзоиш ёфтааст. Тибқи пешбиниҳо бояд то соли 2020 аз Тоҷикистон 1 миллион нафар сайёҳони хориҷӣ дидан намоянд. Барои ба ин ҳадаф расидан тӯли се соли боқимонда корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан лозим аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 23 апрели соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода буд, ки амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ имкон медиҳад, ки саҳми соҳаи мазкур дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 то ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз расонида шавад. Пешвои миллат дар Пайёми навбатиаш 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро “Соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард, ки ин бозгӯи таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат нисбати соҳа мебошад.
Барои рушди соҳа моҳи майи соли 2017 Кумита оид ба рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин амал саривақтӣ ва шоистаи таҳсин аст.
Иқлими Тоҷикистон имкон медиҳад, ки тамоми сол сайёҳон аз кишвари мо дидан намоянд. Кӯҳҳои осмонбӯс, оби мусаффои кӯлу дарёҳои шӯх, табиати дилангез ҳамеша таваҷҷӯҳи сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад. Ба ғайри ин, тамошои ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ, осорхонаҳо ва тарзи зиндагии мардум барои сайёҳон ҷолиб аст. Вале, суст рушд кардани инфрасохтори хизматрасонӣ, гарон будани нархи ҳавопаймо, мавҷуд набудани хатсайрҳои мустақим аз мамолики Аврупову Амрико ва шаҳрҳои бузурги Русия, ба талабот ҷавобгӯ набудани роҳҳои мошингард дар мавзеъҳои сайёҳӣ, нарасидани мутахассисони кордону соҳибтаҷрибаи соҳа, дастрас набудани харитаи хатсайрҳои сайёҳӣ ва ғайра мушкилотест, ки монеаи пешравии соҳа мегарданд.
Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад. Читать далее

АСП ҲАМАРО МЕХӮРАД



АСП ҲАМАРО МЕХӮРАД
Мушоҳида
Ду сол қабл бо чанд нафар дӯстон ба сафари қаторкӯҳӣ Ҳисор баромадем. Бо сабукрав то мавзеи Тармағел омадем ва он ҷо лаби чашма, зери арчаи куҳансол, болои тахтасанг дам гирифта, пас аз фаромадани қиёми рӯз ба сӯи қуллаи Тахти Сулаймон пиёда раҳсипор шудем. Роҳи мо аз байни дашту ҷангалзор ва кӯҳу пушта мегузашт. Бароям табиат ғайричашмдошт менамуд: миёнаҳои моҳи июн бошад ҳам, аз сабзаву гулҳои шукуфон осоре набуд. Алаф як ваҷаб ҳам қад надошт. Ин ҳолро дида, ҳамсинфам Тағоймурод, ки солҳои тӯлонӣ дар собиқ хоҷагии давлатӣ саркор буд, тахмин кард: — Шояд имсол ин ҷо бориш нашуда бошад. Солҳои пеш, ки ин роҳи мошингард соз буд ва говҳои хоҷагиро ба мавзеи Ёли Хар мебурданд, дар ин вақт алаф аз миён боло мешуд, — гуфт ӯ.
— Ба ёди ман ҳам ҳаст, ки тобистон ба кӯҳ моли фермаи колхозро меоварданд. Баъзан мо дӯстон ба назди ҳамсинфамон шодравон Шариф, ки ба падараш, подабони ферма кумак мекард, меомадем. Он вақт алаф дар баъзе мавзеъ ба қади мо мерасид ва даруни ҷангал гум шудан ҳам мумкин буд, — гуфтам ман.
— Ман 40 сол пешро намегӯям. Ба ин ҷо ман бори охир 10 сол пеш омада будам, гуфт Тағоймурод.
— Аз он ки сари рустаниҳоро чаридаанд, маълум мешавад, ки онро чорво хӯрдааст, — гуфтам ман.
— Гову гӯсфанд ин хел чарогоҳро лайс намекунад, — гуфт Тағоймурод ҳамчун шахси чорводор.
Дере нагузашта дар домани кӯҳи Тахти Сулаймон рамаи гӯсфандонро дар чаро дидем. Вақте ба назди чӯпонҳо расидем, Тағоймурод баъди салому ҳолпурсӣ чун шахси кордида пурсид: — Ин рамаи шахсии шумо аст?
— Не, мо чӯпонем, рамаи раиси ноҳияро мебонем, — гуфт яке, ки аз афташ сарчӯпон буд.
— Чаро имсол алаф кам аст? – боз пурсид Тағоймурод.
— Галаи аспон ҳамаро хӯрданд, — посух дод сарчӯпон ба сӯи шимол ангушти ишоратиашро бурда.
Ба он сӯ назар кардем. Дар он ҷо гурӯҳ-гурӯҳ аспони гала мечариданд.
— Бе ин ҳам чарогоҳ каму мол бисёр, — гуфт сарчӯпон ва афзуд: — Баъди асп дигар алаф намемонад, вай ҳамаро мехӯрад. Читать далее

МОҲИ ТИҶОРАТ ФАРО РАСИД



МОҲИ ТИҶОРАТ ФАРО РАСИД

Ҳамсояҳо ҳангоми суҳбат аз гарон шудани нархи маҳсулот дар бозор изҳори нигаронӣ карданд. Яке гуфт, ки ин савдогарони бозорҳо аксаран намозгузору рӯзагир бошанд ҳам, савобҷӯи моҳи Шарифи Рамазон нестанд. Савдогарон ба ҷои арзон кардани молашону савоб гирифтан, баръакс онро гаронтар мефурӯшанд.
Ҳамсояамон Абӯсаид ин гапро шунида гуфт: «Рӯзи якуми рамазон баъди хондани намози шом дар масҷид аз як савдогари бозор, ки дар барам буд, пурсидам: — Вазъи бозор чӣ гуна аст? Нарх-ку баланд нашудааст?
Савдогар ин суханони маро шунида, шӯрида гуфт: — Чӣ ин қадар нарх мегӯед?! Магар мо зану бача надорем? Агар дар ҳамин моҳ мо бизнес накунем, кай мекунем?!».
Воқеан, чун ҳарсола бо оғоз шудани моҳи Шарифи Рамазон нархи маҳсулот дар бозор якбора боло рафт. Зеро савдогарон аз афзоиши талабот ба хӯрокворӣ истифода карда, нархи маҳсулоташонро зиёд карданд. Ҳамин аст, ки новобаста ба пухта расидани анвои гуногуни меваю сабзавот ва афзудани он дар бозорҳо нархи маҳсулот поин намеравад.
Бахусус нархи мева дар бозорҳо дандоншикан аст. Масалан, дар бозорчаи «Муросо» воқеъ дар маҳаллаи 102-юм як кило гелос аз 10 то 20 сомонӣ нарх дорад. Ҳол он ки кайҳо боз дар баъзе бозорҳо ҳатто дар рӯзҳои боронӣ нархи гелос аз 10 сомонӣ зиёд набуд.
Чанд рӯз қабл аз дӯкони назди хона қаламфури булғориро пурсидам. Гуфтанд, ки тамом шудааст. Ҳайрон шудам, охир саҳар дӯкондор як халта қаламфур оварда буд ва килояшро 12 сомонӣ мефурӯхт. Дӯкондор гуфт, ки вақти ба хонааш рафтан, ёвараш ҳамаи қаламфурро ба ҳанноти бозор яклухт фурӯхтааст. Вақте ба бозор омадам, ҳамон қаламфурро акнун килояш 18 сомонӣ мефурӯхтанд. Читать далее

ҚОНУНИ МАРДУМӢ



Тағйиру иловаҳо, ки 23 августи соли равон вакилони МН ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.08.17, №1461) ворид карданд, тақозои замон буда, дар натиҷаи назарпурсии телевизионии беш аз думоҳаи сокинони кишвар таҳия гардидааст. Қонуни мазкур 10 сол қабл низ баъди пурсишҳои оммавӣ бо дархосту пешниҳоди мардум қабул гардида буд. Ин муддат собит кард, ки қонун ба тағйиру иловаҳо ниёз дорад. Зеро ҳанӯз ҳам мардум дар иди Рамазон ва Қурбон, дар тӯй ва маросими азодорӣ ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ медоданд. Аз ҷумла, дар идҳо ашхоси дорову нодор дастархони пурдабдаба ороста, марду зан, ҷавонону наврасон ба хонаи ҳамдигар то се рӯз идгардак рафта, ба исрофкорӣ роҳ медоданд. Дар натиҷа оилаҳои камбизоат зиёни зиёди моддӣ медиданд.
Акнун, тибқи тағйиру иловаҳо ба моддаи 7-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст.
Дар Иди Қурбони гузашта то андозае талаботи мазкур риоя шуд. Вале ҳоло на ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ дарк карданд, ки риояи қонуни мазкур ба нафъи худи онҳо мебошад.
Аксари хонандагони рӯзнома хуб дар хотир доранд, ки хатнасур барои оилаҳои камбизоат як мушкили азим маҳсуб мешуд. Аксаран саробони оила маблағе надошт, ки писарашро хатнасур кунад. Баъзан писарҳо хатна нокарда мактабхон мешуданд. Дар ҷомеа баъзан барои хатнасур накардан оиларо сарзаниш ҳам менамуданд. Тағйироти нав ба моддаи 8-уми қонуни номбурда, ин мушкилотро аз байн бурд. Ҳоло хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад.
Воқеан ҳам, даъвати овозхонҳо ба хатнасур аз гаронтарин харҷи тӯйдор маҳсуб мешуд. Писардор солҳо барои хатнасур пул ҷамъ мекард, аз ризқи даҳони кӯдаконаш сарфа мекард, то овозхони номдорро ба тӯйи фарзандаш даъват намояд. Як таксирони шиносам нақл кард, ки чанд моҳ қабл нафареро аз деҳот ба сабукраваш савор кардааст. Он мард, гуфтааст, ки ман писарамро хатнасур мекунам. Завҷаам ва хешу табор хоҳиш доранд, ки ба тӯй фалон ҳофизи номдорро биёрем. «Барои он ҳофизро ёфтан метавонӣ ба ман кӯмак бикунӣ, пулашро медиҳам», гуфтааст ӯ. Читать далее

Инсофу одамгарӣ



Оби радиатори сабукравам кам мешуд. Ҳеҷ иллаташро намеёфтам. Аввал гумон кардам, ки об ҷӯшида, прокладкаро сӯзондааст ва он ба картери равғани муҳаррик гузаштааст. Вале равғани муҳаррик зиёд нашуда буд. Инро Тилло, устои автосервиси деҳаи мо ҳам дида, тасдиқ кард, ки ба муҳаррик об нагузаштааст. Аз ин хурсанд, шудам, ки «ба хайр аст». Зеро агар ба муҳаррик об мегузашт, хароҷоти зиёд кардан лозим меомад.
Ӯ маслиҳат дод, ки як-ду рӯз ба радиатор об рехта гардам, маълум мешудагист, ки об куҷо мешавад. Ба ӯ гӯш дода, бо мошинам ба шаҳри Душанбе баргаштам. Ба хона расида, дидам, ки аз зери муҳаррик об чакида истодааст. Бо як нигоҳ муайян карда намешуд, ки об аз куҷо мечакад. Тахмин задам, ки об аз патрубкаи печка мечакад, вале инро дақиқ кардан мушкил буд. Аппарати турбо ва генератор барои дидан халал мерасониданд.
Як дӯстам аз ҳоли ман огоҳ шуда, гуфт, ки устои шиносашро мебинад ва бо ӯ маслиҳати таъмири сабукрави маро мекунад. Ӯ назди усто рафта, занг зад, ки устои шиносаш банд будааст ва суроғаи устои дигарро додааст. Дӯстам гуфт, ки ба назди ин усто меравад ва агар ӯ розӣ шавад, ба ман занг мезанад. Баъди чанде ӯ занг зада гуфт, ки мошинро ба поёни фабрикаи «Ширин» ба устохонае, ки дар дохили собиқ автобазаи Раёсати савдои гӯшту шир (дар замони Шӯравӣ) биёрам. Ман радиаторро аз об пур карда, ба он ҷо равон шудам. Мошинро бо суръати аз 40 км соат зиёд намерондам, то бо фишори баланд, оби радиатор рехта наравад. Дӯстам маро дар даромадгоҳи автобаза интизор буд. Мошинро назди дарвозаи бокси кушода рондам. Ин ҷо дар саҳни ҳавлӣ мошинҳои зиёде меистоданд ва касе онҳоро таъмир намекард. Даруни бокс низ муҳаррики ду мошини хориҷӣ кушода меистод ва чанд нафар он ҷо менишастанд. Умар ном усто омада сабукрави маро дид ва айбе наёфт, зеро аз мошин об намерехт. Ман муҳаррикро ба кор дароварда гардиши чархзании онро тезонидам ва об ба чакидан даромад. Умар инро дида, гуфт, ки калиди мошинро монда равем, ва бегоҳи рӯзи дигар омада мошинро гирем, ӯ онро соз мекунад. Читать далее

Рақамивазкунӣ зарурат ва ё «бизнес»-и нав?



Шоми 15 июли соли равон як дӯстам гуфт, ки рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе кормандони БДА сабукравашро боздошта, ӯро барои рақами давлатии намунаи «РТ» доштанаш тибқи моддаи 314-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима кардаанд. Воқеан, тибқи моддаи мазкур «Барои идора кардани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунад, — ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо (100-150 сомонӣ) ҷарима таъйин карда мешавад».
Ӯ гуфт, ки қарори ҳукумат баромадааст ва бояд рақами давлатии автомобилҳо ба намунаи нави «TJ» иваз карда шаванд. Ман як рӯзи дароз навбатпоӣ карда рақами мошинамро иваз кардам, ту ҳам рақами нав бигир, маслиҳат дод, ӯ. Рӯзи дигар чанд нафари дигарро дидам, ки гуфтаҳои дӯстамро тасдиқ карданд ва онҳо низ тавсия доданд, ки рақами автомобиламро, ки «РТ» буд, иваз бикунам.
Барои дар ин бора маълумоти саҳеҳ гирифтан ба чанд шиноси ҳуқуқдонам муроҷиат кардам, касе аз онҳо дар ин бора иттилоъ надоштанд. Аз сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ эълонеро дар ин мавзӯъ пайдо кардам, ки 14 июли соли 2017 ба чунин шакл нашр шуда буд:
«Э Ъ Л О Н !!!

http://mvd.tj/index.php/tj/g-shai-e-lon-va-ozmun-o/14054-e-l-o-n-2
Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2013, №103 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, №306», шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар мӯҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста шуда, оид ба ҳар як далели идора кардани воситаи нақлиёт бо чунин шаҳодатномаи ронандагӣ нисбати ронандагон мутобиқи моддаи 336-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ татбиқ мегардад.
Ҳамчунин, мутобиқи моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995, №196 «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва моддаи 71 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи нақлиёт бо боздошт ва нигаҳдории он дар истгоҳи махсус, манъ карда мешавад.
Барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ (СТ ҶТ 1020-2013) мувофиқат намекунад, нисбати чунин ронандагон дар асоси моддаи 314-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо татбиқ карда мешавад.
Ба ронандагоне, ки воситаи нақлиётро бо шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳна ва рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ идора менамоянд, тавсия дода мешавад, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин онҳоро ба шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва рақами қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ иваз намоянд.
Барои иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва барои иваз намудани рақами қайди давлатӣ шиносномаи шахсӣ, шаҳодатномаи техникӣ ва рақами қайди давлатӣ ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА-и маҳалли ҷойи зист пешниҳод карда мешаванд.
Шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти бештар метавонанд бо телефонҳои 235-05-12, 235-04-23 ва 235-79-29 муроҷиат намоянд».
Читать далее