«САДОИ АМЕРИКА» ДАСТГОҲИ ТАРҒИБОТИИ ҲУКУМАТИ ИМА



УДК: 07 (1-87) (55)

«САДОИ АМЕРИКА» ДАСТГОҲИ ТАРҒИБОТИИ ҲУКУМАТИ ИМА
Муқимов М. А.- профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

«Садои Америка» бузургтарин ташкилоти иттилоотии мултимедиявии ИМА буда, мақари асосиаш дар шаҳри Вашингтон ҷойгир аст. Вай ба забони англисӣ ва 45 забони дунё барнома пахш мекунад. Аз моҳи январи соли 1994 иттилои пахшкардаи «Садои Америка» дар Интернет дастрас аст. Радиои «Садои Америка» 24-уми феврали соли 1942 алорағми тарғиботи Олмони фашистӣ аз ҷониби Ҳукумати ИМА таъсис дода шуд. «Мо дар бораи Амрико ва ҷанг суҳбат хоҳем кард. Хабарҳо метавонанд хуб ё бад бошанд. Мо ба шумо рост мегӯем», – бо ин суханон оғоз шуд барномаҳои радио. Дар аввал пахши барномаҳо барои душманони ҳамонвақтаи ИМА ба забони немисӣ ва итолиявӣ шурӯъ шуд [4, 9].
То охири соли 1942 аллакай Радиои «Садои Америка» бо 22 забон барнома пахш мекард. Ҳоло ба ғайр аз радиову телевизион барномаҳои «Садои Америка» тавассути 48 сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо забонҳои гуногуни дунё пахш карда мешаванд. «Садои Америка» аз буҷаи давлат тариқи Оҷонсии Федералии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ (USAGM) маблағгузорӣ мегардад. Мустақилияти редаксия ва иҷрои рисолати «Садои Америка» тавассути қонун кафолат дода мешавад, то ки журналистонро аз фишори сиёсатмадорон ва мансабдорони давлатӣ ҳифз намояд.
Соли 1976 президенти ИМА Ҷералд Форд Хартияи «Садои Америка»-ро имзо кард, ки дар он омадааст:
1. «Садои Америка» ҳамчун сарчашмаи боэътимод ва маъруфи ахбор хизмат мекунад. Ахбори «Садои Америка» аниқ, объективӣ ва ҳамаҷониба хоҳад буд.
2. «Садои Америка» на танҳо муаррифгари як ҷузъи ҷомеаи америкоӣ аст, балки ғояҳо ва институтҳои муҳими америкоиро ҳамаҷониба ва бо тавозун инъикос менамояд.
3. «Садои Америка» амалҳои Иёлоти Муттаҳидаро возеҳ ва самаранок муаррифӣ мекунад ва инчунин мубоҳисаҳо ва андешаҳои масъули ин амалиётро пешниҳод хоҳад кард.

Соли 1994 Конгресси ИМА санади пахши Иёлоти Муттаҳидаро қабул кард. Тибқи ин қонун, рӯзноманигорони «Садои Америка» бояд мундариҷаи эътимоднок, дақиқ, объективӣ, мутавозинеро эҷод кунанд, ки гуногунии фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Амрикоро инъикос намояд [2].
Соли 2016 Конгресси ИМА бори дигар таъкид намуд, ки вазифаҳои ҷамъоварии ахбор ва инъикоси он бояд мустақилият ва воқеияти иттилоотро таъмин кунанд.
Аз соли 1948 то соли 2013, мутобиқи «Санади мубодилаи иттилоот ва таҳсилоти соли 1948» (Information and Educational Exchange Act of 1948) дар қаламрави Иёлоти Муттаҳида пахши «Садои Америка» (ва расонаҳои монанди он) манъ карда шуда буд, то ки америкоиҳоро гирифтори тарғиботи ҳукумати худ накунад ва ба нофаҳмиҳои сиёсати дохилӣ наорад. 2 январи соли 2013 президенти вақти ИМА Барак Обама қонунро дар бораи “Ваколатҳо дар соҳаи мудофиаи миллӣ” имзо кард, ки тибқи он “Садои Америка” метавонад барномаҳояшро дар дохили кишвар низ тавассути расонаҳо ва воситаҳои дигар пахш бикунад. Албатта, махсус барои ИМА омода кардани барномаҳо манъ аст [1].
Сабаби қабули санади мазкур дар он аст, ки бо рушди Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ муштариён дар тамоми дунё ва худи ин кишвар метавонанд ба маводҳои расонаҳои тарғиботии ИМА дастрасӣ дошта бошанд.
Ташаббускори асосии пахши барномаҳои «Садои Америка» бо забони русӣ Аверелл Ҳарриман (1891-1986), сафири ИМА дар СССР (солҳои 1943-1946) буд. Дар оғози соли 1946, бо назардошти самаранокии маҳдуди таблиғоти чопии ИМА дар ИҶШС (паҳнкунии танг, шароити сензураи шӯравӣ), вай ба ҳукумати худ исбот кард, ки «радио ягона воситаи ИМА аст, ки ба мардуми шӯравӣ озодона ва мустақим муроҷиат мекунад».
Шуъбаи забони русии Радиои «Садои Америка» соли 1947 ба фаъолият шурӯъ кард ва бо оғози ҷанги сард яке аз авлавиятҳои ИМА гардид. Муҳоҷирони “мавҷи дуввум” ва афсари гурезаи маъруфи иктишофии шӯравӣ Александр Бармин аз кормандони аввалини ин бахш буданд.
Баъдан «Садои Америка» пахши барномаҳояшро барои ҷумҳуриҳои миллии Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳ монд. Аз ҷумла, соли 1949 пахши барномаҳо бо забони украинӣ, соли 1951 — ба забонҳои литвонӣ, латишӣ, эстонӣ, гурҷӣ, арманӣ ва озарӣ оғоз ёфт.
Дар миёнаи солҳои 70-уми асри гузашта бо назардошти сиёсати хориҷӣ «Садои Америка» аз нав созмон дода шуд ва дигар он радиостансияи давлатӣ маҳсуб намешуд. Акнун рӯзноманигорони радио имконият доштанд, ки нуқтаи назари шахсии худ ё редаксияро иброз доранд. Албатта, ин дигаргунӣ бесабаб набуд, зеро агар радиои давлатӣ зидди ягон кишвар тарғибот барад, пас ин мавқеи расмии ИМА нисбати он мамлакат дониста мешуд. Дар сурати бурдани чунин тарғибот аз радиои ғайридавлатӣ ҷавобгарии он аз дӯши Ҳукумати ИМА бардошта мешуд.
Бо дигар шудани мақоми радио лаҳни радио дурушт гардида, тарғибот рушод сурат мегирифт. Воқеан, бо дигар шудани мақоми радио тағйироти куллие дар вазифаҳои аслии тарғиботии он ба вуқӯъ наомадааст. Ва чун қабл радио аз ҷониби давлат маблағгузорӣ мешавад. Чӣ хеле, ки аз сомонаи худи ин расона бармеояд: «Садои Америка» як ҷузъи Оҷонсии давлатии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ (USAGM) мебошад, ки аз ҷониби Конгресси ИМА маблағгузорӣ мешавад [10].
Ҳукумати Шӯравӣ барои пешгирии тарғиботи Радиои «Садои Америка» ба мавҷзании барномаҳои русӣ ва дигар забонҳои халқҳои СССР шурӯъ кард. Дар ҳамин ҳол солҳои 1970 — 1980 -ум мавҷзанӣ чандон шунидани барномаҳои радиоро халалдор намекард.
Солҳои 1990-1998 барномаҳои Радиои «Садои Америка» ба забони русӣ аз соати 22:00 то соати 24:00 пахш мешуд. Мавзӯи барномаҳо инъикоси амиқи масъалаҳои барои ИМА муҳим буд, ки паҳншавии демократия, волоияти қонун, ҳуқуқи инсон, мубориза алайҳи фасод, терроризм ва низоъҳои қавмиро фаро мегирифтанд.
Соли 2006, ҳаҷми пахши барномаҳо ба Русия 3 соат дар як рӯз (аз он 1 соат такрори барномаҳои дирӯза) буд. Ҳамчунин як барномаи нимсоатаи телевизионӣ бо забони русӣ ба қисмати аврупоии Русия тавассути моҳвора пахш карда мешуд. Ҳамзамон, бинобар тағйири сиёсати ИМА нисбати баъзе кишварҳо пахши барномаҳои «Садои Америка» барои Албания, Босния, Македония, Сербия кам карда шуданд ва пахши барномаҳо бо забонҳои ҳиндӣ, хорватӣ, туркӣ, тайиландӣ, булғорӣ, юнонӣ ва гурҷӣ комилан қатъ карда шуд. Маблағҳои сарфашуда барои пахши барномаҳо ба кишварҳои Шарқи Наздик равона гардид. Аз ҷумла, Телевизиони «Садои Америка» бо забони форсӣ мустаҳкам шуд, Радиои «Фардо», ки барои бурдани тарғибот ба Эрон ихтисос дода шудааст, барои таҳияи сомонааш маблағгузории иловагӣ дарёфт кард. Шабакаи телевизионии «Ал-ҳурра» ба шабонарӯзӣ гузаронида шуд, барномаҳои «Садои Америка» барои Афғонистон тавсеа ёфтанд.
27 июли соли 2008 бахши русии «Садои Америка» пахши барномаҳояшро қатъ кард ва пурра ба Интернет пайваст шуд. Дар натиҷа дар ин шуъба аз 44 нафар корманд 21 нафарашон ихтисор шуданд.
Телевизиони «Садои Америка» аз соли 1984 барнома пахш мекунад. Бахши русии телевизиони мазкур аз соли 2000-ум фаъолият дорад.
Солҳои 2005-2007-ум дар қатори барномаи ҳафтаинаи телевизионии «Окно в мир» рӯзҳои корӣ пахши барномаи нимсоатаи хабарии «Объектив» роҳандозӣ шуд. Аз моҳи октябри соли 2014 бошад, лоиҳаи муштараки бахши русии «Садои Америка» ва Радиои «Свобода» — Телевизиони «Настоящее время» (Current Time) бо забони русӣ оғоз гардид. Моҳи октябри соли 2016 пахши барномаи нави телевизионии яксоатаи ҳаррӯзаи «Настоящее время. Америка» (Current Time. America) аз студияҳои «Садои Америка» дар Вашингтон ва Ню-Йорк шурӯъ шуд [7].
Бояд гуфт, ки бурдани тарғибот ба Русия яке аз афзалиятҳои «Садои Америка» маҳсуб мешавад. Масалан, соли 2019 барои фаъолияти бахши русии «Садои Америка» («Голос Америки») 9,08 миллион доллар ҷудо шуда буд.
Дар давраи директори иҷроияи Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-глобалӣ будани Ҷон Лансинг (2015-2019) соли 2017-ум шабакаи сомонаҳои «Полиграф» ва «Фактограф» ба забони русӣ сохта шуданд, ки ҳадафашон аксуламал ба дезинформатсия дар ВАО-и Россия мебошад [6].
«Садои Америка» ба ғайр аз забони форсӣ бо забонҳои дарӣ, пашту, урду ва курдӣ низ барнома дорад. Ҳоло дар Осиёи Марказӣ Радиои «Садои Америка» танҳо ба забони ӯзбекӣ барои Ӯзбекистон барнома пахш мекунад. Дар бахши ӯзбекии «Садои Америка» Ҷавдат Сайҳон мудир аст. Ӯ зодаи Туркия буда, факултаи муҳандисии Донишгоҳи давлатии Истанбул, риштаи наворбардории магистратураи Донишгоҳи Америкаро дар Вашингтон хатм кардааст ва аз соли 1985 дар соҳаи радиову телевизион фаъолият мекунад [12].
«Садои Америка» ҳеҷ гоҳ ва махсус ба забони тоҷикӣ барнома пахш накардааст. Вале дар солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон мухбири бахши форсии «Садои Америка» Аҳмадшоҳи Комил ва духтари ӯ Шаҳноз Комилзода, мухбири Радиои «Фардо» (2002-2008) фаъолият карда, аз офиси душанбегии Радиои «Озодӣ» гузориш медоданд.
Оҷонсии давлатии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ (USAGM) дар амалӣ кардани фаъолияташ аз мафҳуми «як ташкилот — расонаҳои зиёд» истифода мекунад. Масалан, Радиои «Аврупои Озод» / «Озодӣ» ва «Садои Америка» дар пахши барномаҳо ба ҳамдигар ҳамкорӣ мекунад, то ки ахбор, агрегатҳои иттилоотӣ, шабакаҳои тақсимшуда ва сарчашмаҳои дигар якҷоя истифода шаванд. Ҳамин аст, хабари як расона агар мувофиқ бошад, ҳатман дар расонаҳои дигари ин шабакаҳо пахш мешаванд.
Миқдори забонҳои пахши барнома ва миқдори соатҳои эфирӣ ба ҳар як забон, вобаста аз афзалиятҳои Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва вазъияти ҷаҳон тағйир меёбад. Дар соли 2001, тибқи хабарномаи Бюрои байналмилалии пахши телевизионӣ (IBB) «Садои Америка» ба 53 забон, аз ҷумла 12 телевизион пахш карда мешуд. Масалан, дар моҳи июли соли 2007, «Садои Америка» 30 дақиқа пахши ҳаррӯзаро дар Радиои Сомалӣ илова кард. Агар ин кишвар ба ҳадафҳои ИМА мувофиқ бошад, пахши барномаҳо ба он қатъ мегардад ё коҳиш дода мешавад. Агар ба мисли Эрон ин кишварҳо ба сиёсати ИМА мухолифат кунанд, дастгоҳи тарғиботии ин абарқудрат ва яккатоз ҳаматарафа нисбати онҳо ҷанги иттилоотии густурдаро ба роҳ мемонад.
27-уми сентябри соли 2019 бахши испании «Садои Америка» пахши барномаи ҳафтаинаи чандрасонаии 30-дақиқагии «Венесуэла 360»-ро дар бораи рӯйдодҳои ҷорӣ ба забони испанӣ оғоз кард. Барнома мусоҳиба ва таҳлили муфассали хабарҳоро дар бар гирифта, ба мавзӯъҳое мисли сиёсати ИМА дар минтақа, амиқтар шудани буҳрони гуманитарӣ ва иҷтимоӣ, инчунин мушкилоти иқтисодӣ, масоили гурезаҳои Венесуэла ва роҳҳои ояндаи кишвар бахшида мешавад [15].
Барномаи телевизионии «Венесуэла 360», ки барои платформаҳои чандрасонаӣ мутобиқ карда шудааст, дорои аҷзои интерактивӣ буда, барои ҷалби тамошобинон дар Венесуэла ва гирифтани маълумот дар бораи мавзӯъҳо ва ғояҳои ояндаи барнома пешбинӣ шудааст.
Пахши барномаи нав аз студияи ба тозагӣ таъмирёфта дар дафтари «Садои Америка» дар Вашингтон, округи Колумбия оғоз гардид. Муҷрии барнома рӯзноманигорони собиқадори бахши испанӣ Натали Салас Гуайтеро ва Каролина Валладарес мебошанд. Дар барнома мухбирони «Садои Америка» аз ИМА ва кишварҳои Америкаи Лотинӣ низ иштирок мекунанд. Барнома дар сайти http://www.voanoticias.com тавассути пахши моҳворавӣ ва шарикони расонаҳои Испания дар Венесуэла дастрас аст.

Пахши барномаҳои форсии Радиои «Садои Америка» соли 1979, бо дигар шудани сохти давлатдорӣ дар Эрон оғоз гардидааст. Ҳоло барои Эрон Телевизиони «Садои Америка 365» (VOA 365) шабонарӯзӣ барнома пахш мекунад. Муҳтавои он тавассути шабакаи моҳворавӣ, радио, сомона (www.ir.voanews.com) ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасанд [14].
Аз 24 соати барномаҳои шабонарӯзии форсӣ 6 соат барномаҳои аслӣ ва боқимонда такрор мебошанд. Аз ҷумла, дар як шабонарӯз 9 барномаи хабарӣ пахш мешавад. Ҳамчунин маҷаллаҳои гуногуни ҳафтаина пешкаши муштариён мегарданд. Масалан, барномаи «Соати шаҳрванд» барои ифшои ришвахӯрӣ ва қонуншиканиҳо дар Ҳукумати Эрон бахшида шудааст. Дар мизи гирди «Шоҳмот» масоили сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Эрон мавриди мубоҳисаи коршиносон қарор мегирад. Барномаи «Саҳифаи охир» бошад, таҳқиқоти журналистӣ аст, ки фасоди муассисаҳои Эронро дар ҳама сатҳҳои ҷомеа фош мекунад.
«Садои Америка 365» ҳамчунин аз телевизионҳои CNN, ABC News, National Geographic TV ва Channel Smithsonian барномаҳои ҷолибро харида, ба форсӣ пахш мекунад. Дар ҳамин ҳол барномаҳои асосӣ ҳадафи тарғиботӣ доранд.
15-уми ноябри соли 2019 Ҳукумати Эрон дар бораи ду маротиба болоравии нархи бензин ва бо ҳисса фурӯхтани он хабар дод, ки сабаби норозигиҳо дар 29 вилоят (остон) ва беш аз сад шаҳру минтақа дар саросари ин кишвар гардид. Эътирозгарон ба кӯчаву майдонҳо баромаданд ва баъзеҳо мағозаву бонкҳоро оташ заданд. Дар натиҷаи шикасти муқовимати эътирозгарон аз ҷониби пулис ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон тайи як ҳафта садҳо нафар куштаву ҳазорҳо нафар боздошт шуданд.
Ҳодисаи мазкур тайи як моҳи пажӯҳиши мо аз мавзӯи асосӣ ва меҳварии Радиои «Фардо» ва Телевизиони «Садои Америка 365» ва шабакаҳои иҷтимоии расонаҳои мазкур буд. Аз ҷумла, 30. 11. 2019 дар барномаи ахбори телевизион (соати 15:00 ба вақти Душанбе) хабарнигор Руё Маликӣ такя ба иттилои Созмони Авфи байналмилал гузориш дод, ки 161 нафар қурбонии ин эътироз аст, вале дар асл шумораи кушташудагон бештар мебошад [11].
«Дар Инстаграм навиштанд, ки беш аз 365 нафар кушта шуда, зиёда аз 7 ҳазор нафар боздошт шуданд», гуфт хабарнигор.
Баъди ин назари коршинос оид ба беназирии тазоҳурот нисбат ба эътирозҳои солҳои пеш муқоиса карда шуд. Ӯ гуфт, ки ҳамаи эътирозҳои Шарқи Наздик як мабнои иқтисодӣ доранд.
Соати 15:15 дақиқа, пас аз тафсири рӯзномаҳои Эрон ахбори Радиои «Фардо» аз Прага пахш шуд. Дар аввал дар бораи ду моҳи эътироз дар Ироқ, кушта шудани 354 нафар ва захмӣ гардидани 8 ҳазор нафари дигар хабар дода шуд.
Одил Маҳдӣ, сарвазири Ироқ истеъфои худро ба порлумон пешниҳод кардааст. «Истеъфои нахуствазир воқеан ҳам, метавонад барои ором шудани кишвар мусоидат намояд», — гуфт як коршинос.
Сипас дар бораи вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар бораи эътирозҳои Эрон гузориш дода шуд.
Соати 15:30 дақиқа барномаи таҳлилии яксоата оғоз гардид. Дар оғоз иттилои Созмони «Авфи байналмилал» дар бораи кушта шудани 161 нафар такроран садо дод. Гуфта шуд, ки нархи бензин якбора 3 маротиба қимат шуда, аз 1 ҳазор ба 3 ҳазор риёл расидааст, ки боиси эътирозҳо гардид.
Сипас хабари ОИ Ассошиэйтед Пресс дар бораи баробар шудани 1 доллар ба 30 ҳазор риёл пахш шуд.
Дар чашмандозе ба он чӣ, ки тайи ду ҳафта гузашт, садои роҳбарияти Эрон садо дод: «Хориҷиҳо пул харҷ карданд, то ин ҳаракатро анҷом диҳанд. Ин ҳаракат ба василаи мардум нобуд карда шуд», — гуфт Алии Ҳоманаӣ.
«Кадом мардум?», — гуфт муҷрии барнома. Ӯ ҳар як сухани Алии Ҳоманаиро шунавонида, интиқод мекард. «То хостаҳои мардум амалӣ нашавад, эътироз аз байн намеравад», — гуфт барандаи барнома. Барномаи мазкур рӯзи дигар, соати 18:40 дақиқа такроран пахш шуд.
Қобили зикр аст, ки нимаи дуюми моҳи ноябр ва нимаи аввали моҳи декабри соли 2019 дар аксари барномаҳои «Садои Америка 365» сухан оид ба тазоҳурот мерафт. Ҳатто 02.12.2019 дар барномаи хабарҳои варзишӣ (соати 7:00) масъалаи эътирозҳо баррасӣ гардида, боз саркӯб шудани мардум, кушта шудани онҳо, қатъи Интернет бардошта шуд. 4-уми декабр бошад, (соати 9:15 дақиқа) гузориши Шаҳриёри Сиёмӣ дар бораи кушта шудани кӯдакону наврасон дар эътирозҳои Эрон пахш шуд. Дар ин бора Эҳсони Меҳробӣ низ гузориш дод. Ин мавзӯъ қаблан ҳам садо дода буд. Дарвоқеъ, аксари расонаҳои ИМА ба аудиторияи худ танҳо ҳамон хабареро пахш мекунанд, ки ба манфиати худашон аст [5].
Баъзан дар ин барномаҳо рӯйирост масъалаи сарнагун кардани сохти мавҷудаи давлати Эрон бардошта мешавад. Масалан, 05.12.2019 (Соати 9:00) як нафар зан аз Эрон дар гирдиҳамоии эътирозӣ шиор мепартофт: “Нест бод режими фашистии мазҳабӣ дар Эрон!» Ҳамин суханон боз соати 9:32 дақиқа такроран садо доданд.
«Садои Америка» аз соли 1959 омӯзиши забони англисиро тавассути радио ба роҳ мондааст. Соли 2014 бо афзоиши барномаҳо бахши алоҳидаи омӯзиши забони англисӣ таъсис дода шуд ва ҳоло он сарчашмаи мултимедиявии ахбори «Садои Америка» барои омӯзандагони забони англисӣ дар тамоми ҷаҳон мебошад [9].
Барномаҳои аудиоӣ ва видео бо субтитрҳо — «Забони англисӣ дар як дақиқа», «Забони англисӣ дар филмҳо», «Грамматикаи рӯзонаи ТВ» ва «Омӯзиши забони англисӣ» бо истифода аз луғат барои навҷавонон, матнҳои онлайнӣ, MP3 ва подкастҳо ба муштариён имкон медиҳанд, ки хонанд, гӯш кунанд ва забони англисии амрикоиро омӯзанд. Барномаҳои забони англисӣ дар сомонаи https://learningenglish.voanews.com/ инчунин дар радио ва моҳвора пахш мешаванд ва дар youtube.com/voalearningenglish, facebook.com/voalearningenglish ва twitter.com/voalearnenglish дастрасанд.
Ба иттилои масъулин шумораи муштариёни «Садои Америка» солҳои охир рӯ ба афзоиш дорад. Масалан, дар соли молиявии 2019 муштариёни ҳарҳафтаинаи «Садои Америка» 5.7 миллион нафар афзоиш ёфта, шумораи аудиторияи глобалии ҳарҳафтаинаи он 280,9 миллион нафарро ташкил дод. Муштариёни «Садои Америка», ки аз бузургтарин панҷ шабакаи Оҷонсии ВАО-и глобалии ИМА (USAGM) мебошад, дар тӯли панҷ соли охир муттасил густариш ёфтааст.
Афзоиши назаррас дар Мексика (5,2 млн. ё 7.3%), Афғонистон (4,3 млн. ё 35,1%), Покистон (3 млн. ё 2,2%), Зимбабве (2.4 млн. ё 28.6 %) ва Малавӣ (2.4 млн. ё 21.6 %) ба қайд гирифта шуд. Вале дар Индонезияи сераҳолӣ шумораи муштариён 8,7 млн. ё 6,8% ва Нигерия 1,2 млн. ё 1,8% кам шуд. Дар ҳамин ҳол дар Индонезия, бо вуҷуди аз даст додани аудиторияи телевизионӣ, муштариёни расонаҳои рақамии «Садои Америка» аз соли 2016 ба ин ҷониб қариб 600 фоиз афзоиш ёфтааст.
«Афзоиши аудиторияи мо инъикоси умеди мардум ба ахбори беғараз ва мустақил аст», — мегӯяд директори «Садои Америка» Аманда Беннетт. «Ман аз он ифтихор дорам, ки «Садои Америка» ҳамчун намуна барои матбуоти озод дар тамоми ҷаҳон хизмат мекунад.»[16].
Бояд гуфт, ки ҳамасола Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ барои расонаҳои зери назораташ маблағи кам дархост мекунад. Вале Конгресси ИМА баъди баррасӣ маблағи бештар ҷудо менамояд. Масалан, барои соли 2018 685.154.000 дархост шуда буд, вале беш аз 803.528.000 доллар ҷудо карда шуд. Дар соли 2019 бошад, 661.133.000 доллар дархост шуда бошад ҳам, дар асл 807.686.000 доллар ҷудо гардид. Ҳоло Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ барои соли 2020 628.076.000 доллар дархост кардааст [8]. Аз рӯи таҷрибаи солҳои гузашта, албатта Конгресси ИМА барои фаъолити расонаҳои Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ маблағи бештаре ҷудо мекунад.
Дар ҳамин ҳол буҷаи «Садои Америка» дар соли 2018 199,8 млн. долларро ташкил дод.

АДАБИЁТ

1. Американцам станут доступны материалы на многих языках мира/ golos ameriki.ru. 2009-2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.golos-ameriki.ru/a/us-bbg-open/1577452.html (Санаи истифодабарӣ: 25.09. 2019).
2. Голос Америки/golos ameriki.ru. 2009-2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.golos-ameriki.ru/p/3980.html (Санаи истифодабарӣ: 25.11. 2019).
3. «Голос Америки» // Иванян Э. А. Энциклопедия российско-американских отношений. XVIII-XX века. — Москва: Международные отношения, 2001. — 696 с. — ISBN 5-7133-1045-0
4. Муким Джовид. Радио «Свобода»: ложь и правда. Монография/Джовид Муким. ¬– Душанбе: Деваштич, 2005. – 180 с.
5. Муқимов М. А. Нақши ВАО дар низоми нави ҷаҳонӣ / Паёми ДМТ, бахши илмҳои филологӣ, № 2 . — Душанбе: Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума, 2018. — С. 251 – 255. ISSN 2413-516Х
6. Президент USAGM Джон Лансинг подал в отставку/ ruherald.com. 2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://ruherald.com/prezident-usagm-dzhon-lansing-podal-v-otstavku/ (Санаи истифодабарӣ: 21.09.2019).
7. Русская служба «Голоса Америки»: 70 лет в эфире/ golos ameriki.ru. 2009-2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.golos-ameriki.ru/a/voa-70-about-us/3727576.html (Санаи истифодабарӣ: 18.11.2019).
8. США за год потратят на пропаганду в России 2 млрд рублей/ life.ru. 2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://life.ru/t/новости/1220046/ssha_za_ghod_potratiat_na_propaghandu_v_rossii_2_mlrd_rubliei (Санаи истифодабарӣ: 20.09.2019).
9. About Us/ VOA. 2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://learningenglish.voanews.com/p/5373.html (Санаи истифодабарӣ: 28.11.2019).
10. About Radio VOA/ VOA. 2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.insidevoa.com/p/5831.html (Санаи истифодабарӣ: 17.11.2019).
11. AI: Дар саркӯби эътирозҳо дар Эрон 161 кас кушта шудаанд/ RFE / RL. 2007-2019. — [Манбаи электронӣ]. URL: https://www.ozodi.org/a/30300348.html (Санаи истифодабарӣ: 30.11.2019).
12. «Amerika ovozi» o’zbek xizmati xodimlari/ VOA. 2019.- [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.amerikaovozi.com/p/5648.html (Санаи истифодабарӣ: 28.11.2019).
13. Harold W. Geisel. Inspection of U.S. International Broadcasting to Russia (англ.) // Office of Inspector General: United States Department of State and the Broadcasting Board of Governors. — 2013. — September. — ISSN ISP-IB-13-50.
14. VOA Broadcasting to Iran/ VOA. 2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.insidevoa.com/p/6425.html (Санаи истифодабарӣ: 08.12.2019).
15. VOA Launches Venezuela-Focused TV News Program/ VOA. 2019.- [Манбаи электронӣ] — URL:
https://www.insidevoa.com/a/voa-launches-venezuela-focused-tv-news-program/5101277.html (Санаи истифодабарӣ: 08.12.2019).
16. VOA’s Weekly Audience Surpasses 280 Million/ VOA. 2019.- [Манбаи электронӣ] — URL:
https://www.insidevoa.com/a/voa-weekly-audience-surpasses-280-million/5175852.html (Санаи истифодабарӣ: 10.12.2019).

«САДОИ АМЕРИКА» ДАСТГОҲИ ТАРҒИБОТИИ ҲУКУМАТИ ИМА

Дар мақолаи мазкур фаъолияти Радиои «Садои Америка», ки аз 24-уми феврали соли 1942 барои хориҷа барнома пахш мекунад, мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. «Садои Америка» бузургтарин ташкилоти иттилоотии мултимедиявии ИМА буда, мақари асосииаш дар шаҳри Вашингтон ҷойгир аст. Вай ба забони англисӣ ва 45 забони дунё барнома пахш мекунад. Аз моҳи январи соли 1994 иттилои пахшкардаи «Садои Америка» дар Интернет дастрас аст. Ҳоло ба ғайр аз радиову телевизион барномаҳои «Садои Америка» тавассути 48 сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо забонҳои гуногуни дунё пахш карда мешаванд. Миқдори забонҳои пахши барнома ва миқдори соатҳои эфирӣ ба ҳар як забон, вобаста аз афзалиятҳои Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва вазъияти ҷаҳон тағйир меёбад. «Садои Америка» аз буҷаи давлат тариқи Оҷонсии Федералии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ (USAGM) маблағгузорӣ мегардад.
Шуъбаи забони русии Радиои «Садои Америка» соли 1947 ба фаъолият шурӯъ кард ва бо оғози ҷанги сард яке аз авлавиятҳои ИМА гардид. Баъдан «Садои Америка» пахши барномаҳояшро барои ҷумҳуриҳои миллии Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳ монд.
Дар миёнаи солҳои 70-уми асри гузашта бо назардошти сиёсати хориҷӣ «Садои Америка» аз нав созмон дода шуд ва дигар он радиостансияи давлатӣ маҳсуб намешавад.
Пахши барномаҳои форсии Радиои «Садои Америка» соли 1979, бо дигар шудани сохти давлатдорӣ дар Эрон оғоз гардидааст. Ҳоло барои Эрон Телевизиони «Садои Америка» 365 (VOA 365) шабонарӯзӣ барнома пахш мекунад. Дар ин барномаҳо вай аз роҳбарияти давлати Эронро интиқод намуда, тарғиб мекунад, ки сохти давлатдорӣ сарнагун карда шавад. Махсусан ин баъди эътирозҳои моҳи ноябри соли 2019 дар Эрон бештар ба назар мерасад. Аз пажӯҳиш бармеояд, ки «Садои Америка» чун дигар расонаҳои тарғиботии ИМА барои амалӣ кардани ҳадафҳои геополитикии кишвар истифода мешавад.
Калимаҳои калидӣ: тарғибот, ВАО, расонаҳо, «Садои Америка», Радиои «Озодӣ», Радиои “Фардо,” USAGM, телевизион, Эрон, ИМА, Иттиҳоди Шӯравӣ.

«ГОЛОС АМЕРИКИ» ПРОПАГАНДИЧЕСКИЙ ИНСТРУМЕНТ ПРАВИТЕЛЬСТВА США

В этой статье анализируется деятельность Радио «Голос Америки», которая вышла в эфир 24 февраля 1942 года для фашисткой Германии и Италии. «Голос Америки» — крупнейшая в США мультимедийная информационная организация, базирующаяся в Вашингтоне. Он вещает на английском и 45 языках мира. С января 1994 года информация, опубликованная «Голосом Америки», доступна в Интернете. Помимо радио и телевидения, «Голос Америки» вещает на 48 сайтах и в социальных сетях на разных языках по всему миру. Количество языков вещания и количество часов для каждого языка будут различаться в зависимости от приоритетов Правительства Соединенных Штатов и ситуации в мире. «Голос Америки» финансируется Правительством США через Агентство США по глобальным медиа (USAGM).
Русскоязычная служба Радио «Голос Америки» начала вещать передачи в 1947 году, и со времен холодной войны она стала одним из приоритетов Соединенных Штатов. Затем «Голос Америки» транслировал программы для национальных республик Советского Союза. В середине 1970-х «Голос Америки» был реорганизован и больше не был государственной радиостанцией.
Персидское радиовещание «Голоса Америки» началось в 1979 году с изменения государственного строя в Иране. Теперь Телевидение «Голос Америки 365» (VOA 365) транслирует 24-часовую программу. В этих программах он критикует правительство Ирана и призывает к свержению государственного строя. Это особенно заметно после протестов в Иране, в ноябре 2019 года. Исследования показали, что «Голос Америки» используется как другие СМИ подконтрольные Агентство США по глобальным медиа для достижения геополитических целей страны.
Ключевые слова: пропаганда, СМИ, “Голос Аменики”, Радио “Свобода”, Радио «Фарда», USAGM, телевидение, Иран, США, Советский Союз.

VOICE OF AMERICA US GOVERNMENT PROPAGANDA TOOL
This article analyzes the activities Radio «Voice of America», which aired on February 24, 1942 for fascist Germany and Italy. Voice of America is the largest multimedia information organization in the United States based in Washington. It broadcasts in English and 45 languages of the world. Since January 1994, information published by Voice of America has been available on the Internet. In addition to radio and television, Voice of America broadcasts on 48 sites and social networks in different languages around the world. The number of broadcast languages and the number of hours for each language will vary depending on the priorities of the United States Government and the situation in the world. Voice of America is funded by the US Government through the United States Global Media Agency (USAGM).
The Russian-language service of Voice of America Radio began broadcasting in 1947, and since the Cold War it has become one of the priorities of the United States. Then, Voice of America broadcast programs for the national republics of the Soviet Union. In the mid-1970s, Voice of America was reorganized and was no longer a state radio station.
The Voice of America Persian broadcasting began in 1979 with a change in the political system in Iran. Voice of America 365 Television (VOA 365) now broadcasts a 24-hour program. In these programs, he criticizes the Iranian government and calls for the overthrow of the political system. This is especially noticeable after the protests in Iran in November 2019. Studies have shown that Voice of America is used by the US Global Media Agency as other media to achieve the country’s geopolitical goals.
Keywords: propaganda, media, «Voice of America Radio», «Liberty», Radio «Farda», USAGM, television, Iran, USA, Soviet Union.

Сведения об авторе: Мукимов Мухамади Аминович (Джовид Муким) — Таджикский национальный университет, доктор филологических наук, профессор кафедры международной журналистики. Адрес: Таджикистан, 734025, г. Душанбе, проспект Рудаки, 17. E-mail: jovidm@mail.ru
Information about the author: Muqimov Muhamadi Aminovich – Tajik national university, Doctor of Philology, Professor, Department of International Journalism. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Avenue 17. E-mail: jovidm@mail.ru

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: