САРЛАВҲА БОЯД БАЁНГАРИ МАВОДИ РАСОНАӢ БОШАД



САРЛАВҲА БОЯД БАЁНГАРИ МАВОДИ РАСОНАӢ БОШАД

Муқимов М. А.- профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Ба қавли муҳаққиқи рус М.И. Шостак «бе ягон муҳобот дар журналистикаи шӯравӣ матнҳои хуб нисбат ба сарлавҳаҳои хуб бештар буданд» [12]. Феълан дар замони бозори иқтисодӣ маводи журналистӣ низ ҳамчун мол дар бозор баромад карда, сарлавҳа яке аз омилҳои серхонанда шудани он мебошад. Ҳамин аст, ки талаботи журналистикаи Шӯравӣ оид ба ба муҷазу кӯтоҳ будани сарлавҳа дар замони муосир кор намеояд.
Сарлавҳаҳои матбуоти муосирро метавон ба намудҳои гуногун ҷудо кард. Масалан, аз рӯи мураккабӣ се намуди асосии сарлавҳаҳо мавҷуданд:
1. Оддӣ, ки аз як ҷумла иборат аст ва метавонад тасдиқкунанда ё суолӣ бошад: «Дар Ӯзбекистон Қонун «Дар бораи нерӯи сулҳомези ҳастаӣ» қабул шуд» (https://www.ozodi.org/a/30159952.html);
2. Мураккабкардашуда. Сарлавҳаҳои мазкур аз якчанд қисмҳои алоҳидаи мантиқан анҷомёфта сохта мешаванд: «Духтари 13-сола чӣ гуна зери тепловоз монд? Парванда боз шуд» (https://www.ozodi.org/a/30158228.html);
3. Маҷмӯи сарлавҳа, ки аз сарлавҳаи асосӣ ва зерсарлавҳаҳо иборат аст: «Нархи орд дар Тоҷикистон боз боло рафт. Боди қиматӣ аз куҷо мевазад? Магар боз орд арзон мешавад?».
Ҳамчунин метавон сарлавҳаҳоро аз рӯи омилҳои дигар, масалан, таъсири эҳсосиашон ба мухотабон ба намудҳо ҷудо кард:
1. Ҷолиб: «Келин дар косаи хушдоман қурбоққа андохт» (http://www.oila.tj/news/kelin-dar-kosai-khushdoman-urboa-andokht);
2. Даҳшатнок: «Дар ИМА, дар хонаи духтури фавтида боқимондаҳои ҷисми 2246 кӯдаки таваллуднашударо ёфтанд» (https://www.pravda.ru/news/world/1434476-usa/);
3. Ҳайратангез: «Таваллуди Зулайхо дар Абхозистон бозгашт ба Тоҷикистонро мушкил кард» (https://www.ozodi.org/a/tajik-migrant-problem-in-abkhaziya/30162951.html);
4. Моҷароҷӯёна: «Хушдоман ҷоғи домодро шикаст!» (http://www.oila.tj/news/khushdoman-oi-domodro-shikast);
5. Маҳрамона: «Мехоҳед занатон дугоник зояд?» (http://www.oila.tj/news/mekhoed-zanaton-dugonik-zoyad).

Новобаста аз намудҳо ҳадафиҳамаи сарлавҳаҳо хубтару бештар ҷалб кардани диққати муштариён ба мавод мебошад. Барои мисол ба рӯйихати сарлавҳаҳои сомонаи ОИ АМИТ «Ховар» аз 14 сентябри соли 2019 менигарем:
• Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев: «Мақсади мо роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 мебошад» 14:06.
• Ғизои солим – гарави саломатист. Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Барномаи ғизои мактабиро амалӣ месозад 9:53.
• «Ариана Металл Пласт» — қадами устувор дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар бозори дохилӣ 9:40.
• Дар Душанбе китоби «Сангнавиштаҳои олимони Самарқанд (X-XIV)» муаррифӣ гардид 9:24.
• Ҷабҳаи бузурги созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон. Соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ҷашни 30-солагии Истиқлолиятро бо дастовардҳои беназир таҷлил мекунанд 9:08.
• Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ мешавад 9:04.
• Тақвими АМИТ «Ховар»: имрӯз 14 сентябр, шанбе, 257-умин рӯзи соли 2019 аст 8:00.

Бояд гуфт, ки баъзан ноширон барои ҳангоманок шудани сарлавҳа аз усулҳои ғайриахлоқӣ истифода мебаранд. Масалан, сомонаи faraj.tj 19 декабри соли 2018 маводеро бо номи ҳангомадори «Қаландаров оилаҳоро вайрон мекунад, ё занҳо худашон ӯро даъват мекунанд?» [5] ба табъ расонид. Дар ин мавод бе дигар кардани ном ва макони ҳодиса дар бораи ишқварзии сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Сангвор М. К. ва аз ҷониби додситонии ноҳия аз кор озод шудани ӯ сухан меравад. Шабона, ҳангоми ба назди зани шавҳардор рафтани М. К. хешовандони марди ҷабрдида ӯро дошта мезананд. Шавҳари зан баъди бозгашт аз Душанбе аз болои ӯ ба додситонӣ шикоят мекунад. Ба қавли бародари он зан М. К. ба монанди оилаи хоҳараш, боз се хонаводаи дигарро дар ноҳия вайрон кардааст Дар ин мавод номи зан ва шавҳараш низ бе тағйирот оварда шудааст. Аз нигоҳи ахлоқӣ бе тағйирот овардани ному насаби иштирокдорони ин қисса хуб нест. Зеро онҳо дар ҷомеа ангуштнамо мешаванд. Дар як рӯзи пахш ин маводи ҳангомадорро 2954 нафар хондаанд. Яъне, сарлавҳа тавонист таваҷҷуҳи хонандаҳоро ҷалб бикунад.
20 декабри соли 2018 сомонаи akhbor.com маводи мазкурро аз сомонаи «Фараж» бо тағйири ном «“Зан худаш дарро кушод…” раиси занакбозро аз мансаб ронданд» (https://akhbor.com/-p8141-168.htm) бознашр карда, навишт, ки «сомонаи «Ахбор” қаблан дар бораи ин қазия гузориш дода буд, вале аз нашри номҳо ва видеои лаҳзаи боздошти ин мансабдор дар хонаи зани шавҳардор ба далелҳои ахлоқӣ худдорӣ карда буд».
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки сарлавҳаҳо ва маводи ғайриахлоқӣ асосан дар расонаҳои хусусӣ нашр мешаванд. Масалан, 28 августи соли 2019 сомонаи oila.tj маводеро бо унвони «Моҳшариф аз н. Шаҳринав: ҳамсояи бачабоз писарамро таҷовуз кардааст!» (http://www.oila.tj/news/mosharif-az-n-sharinav-amsoyai-bachaboz-pisaramro-10-bor-taovuz-kardaast) чоп намуд, ки дар он бе ишораи тағйир додани номи ҷабрдидаҳо ва макони ҳодиса дар бораи таҷовуз шудани писарчаи 14-сола сухан меравад. Агар ин қисса рост бошад, пас ин оила чӣ тавр дигар дар ин макон зиндагӣ мекунад?!
Сарлавҳа дар расона вазифаҳои гуногун дорад. Аз ҷумла, сарлавҳа вазифаҳои номинативӣ (исмӣ), иртиботӣ ва рекламавиро иҷро мекунад. Сарлавҳаи маводи хабарӣ ҳамчунин вазифаи иттилоотиро низ дорад. Дар ҳамин ҳол дар сарлавҳаҳои маводи таҳлилӣ вазифаи баҳогузорӣ мақоми аввалро мегирад. Бояд гуфт, ки дар сарлавҳа мавқеи муаллиф баён мегардад.
Яке аз муҳимтарин вазифаи сарлавҳаи номинативӣ он аст, ки мухотаб онро мутолиа карда, мефаҳмад, ки дар мавод сухан дар бораи чӣ меравад. Боз як вазифаи муҳими сарлавҳа ҷалб кардани диққати ауидитория мебошад. Барои нашрияе, ки дар рақобат аст, пешниҳоди сарлавҳаҳои ҷолиб омили комёбӣ дар бозор аст.
Сарлавҳаи рӯзнома бояд муҷазу ҷолиб, забонаш соддаву равон ва барои хонанда фаҳмо бошад, то ки таваҷҷуҳи мухотабро ба хондани мавод ҷалб бикунад. Воқеан, сарлавҳа баёнгари матлаби асосии рӯйдод мебошад. Масалан, «Вазири тиҷорати Туркманистон баъди барканорӣ ба зиндон рафт» (https://www.ozodi.org/a/30166636.html).
Дар матбуоти оммавии тиҷоратӣ вазифаи рекламавии сарлавҳа бештар ба назар мерасад. Нақши рекламавии сарлавҳа дар кӯшиши ҳар чӣ бештар ҷалб кардани диққати хонанда ба маводи муаллиф зуҳур мекунад.
Нақши сарлавҳа дар маводи журналистӣ хеле калон буда, вай дар худ бори маъноиро мегирад ва бо ин аз сарлавҳаҳои маводи адабӣ фарқ мекунад. Ҳамин аст, ки профессори забоншиноси тоҷик Баҳриддин Камолиддинов дар ин бора мегӯяд: «суханороӣ, аслан ба табиати услуби нутқи рӯзноманигорӣ хос нест» [6, 10].
Муҳаққиқи рус М.И. Шостак намудҳои гуногуни сарлавҳа, аз қабили «сарлавҳа-хроника», «сатри равон», «резюме», «иқтибос» ва ғайраро номбар мекунад.
Сарлавҳаҳо бояд иттилоъ диҳанд ё ҷалб бикунанд. Дар ин ҳол хонанда нашрияро ба даст мегирад ва мехонад. Ҳамин тавр сарлавҳа нақши иртиботиро байни субъект (ВАО) ва объект (ауидитория) мебозад [4].
Сарлавҳа барои ташаккули таъсир ба эҳсосоти хонанда низ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, сарлавҳа бояд маънои духӯра надошта бошад. Зеро хонанда маънои онро дуруст нафаҳмида, ба иштибоҳ меафтад.
Бояд гуфт, ки баъзан расонаҳо барои ҷалби хонандаҳо ба маводашон сарлавҳаҳои даҳшатафзо мегузоранд: «Ҷазо барои пӯшидани шими ҷинс: муаллим хонандаро зад ва либосашро дар танаш дарронд…» (07/05/2019. https://akhbor.com/-p9160-170.htm).
Ё сарлавҳаи дигар чунин аст: «Зане ду тифли навзодро аз ошёнаи 2-юм ба замин партофт» (11.09.2019. https://tajikistantimes.com/world/zane-du-tifli-navzodro-az-oshyonai-2-um-ba-zamin-partoft/).
Меъёрҳои ахлоқиро вайрон кардани хабарнигорони расонаҳои машҳури хориҷӣ низ мушоҳида мешавад. Масалан, моҳи майи соли 2019 Ширкати радио ва телевизиони Британия Деннӣ Бейкер, хабарнигори BBC Radio 5 Live-ро барои таҳқири оилаи маликаи кишвар аз кор ронд. Хабарнигор дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии «Твиттер» акси маймуни шимпанзеро нашр карда, чунин навишт: “Шоҳзода зоишгоҳро тарк мекунад”[1].
Баъзе ноширон барои чархондани сомонаашон хабарҳои дурӯғро низ нашр мекунанд. Масалан, 11-уми феврали соли 2019 дар сомонаҳои «Asia Times», «Ориён инфо» ва шабакаи иҷтимоии «Facebook» хабари пурҳангомае бо унвони «Як мард дар Душанбе вориди мактаб шуда, мехост духтарчаи синфи чорумро таҷовуз кунад», пахш шуд. Вале таҳқиқи ОИ «Азия Плюс» нишон дод, ки ин хабар комилан бардурӯғ буда, масъулин як ҳодисаи соли 2018-ро, ки он дар Бишкек рух додааст, барои ҷалби хонандаҳо нашр кардаанд. Таҳқиқ нишон дод, ки ин хабарро дар бораи ҳодисаи Бишкек чанд нашрияи Қирғизистон аз қабили «Knews», «Взглядь» ва «Kaktus media» [9] чоп карда будааст. Муттасаддиёни сомонаҳои тоҷикӣ хабари дурӯғро дар сомонаҳои худ чоп карда, ба ҳадафи худ расиданд: дар муддати кӯтоҳ 2 ҳазор нафар онро мутолиа карданд.
Тибқи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» сарлавҳа бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунад [7]. Вале баъзан дар матбуот сарлавҳаҳои ҳангомаомез истифода мешаванд, ки бозгӯи муҳтавои мавод набуда, барои ҷалби хонандаҳо гузошта шудаанд. Масалан, 24 апрели соли 2015 сомонаи «pressa.tj» матлаберо бо унвони «Ишқварзии Шералӣ Ҷӯраев дар ҳаммоми “Панҷшер”-и Душанбе» ба табъ расонид. Вақте ки шахс сарлавҳаи мазкурро мутолиа мекунад, дар аввал ба ёдаш номи овозхони машҳури Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев меояд. Вале аз муҳтавои матлаби мазкур маълум мешавад, ки Шералӣ Ҷӯраев ном ҷавон, ки сокини ш. Душанбе аст, дар даруни мошинаш бо духтари ноболиғ ишқварзӣ кардааст.
19 сентябри соли 2014 ОИ «Озодагон» низ хабареро барои ҳангомадор шуданаш «Ҳалокати Ҷурабек Муродов дар садама ва боздошти ронандаи фирорӣ» номгузорӣ намуда буд. Дар Тоҷикистон аксар Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродовро мешиносанд ва вақте дар сарлавҳа ин номи шиносро мебинанд, ба он таваҷҷуҳ мекунанд [11].
Хонанда баъди мутолиаи сархати дуюми хабар мефаҳмад, ки шахси фавтида ба овозхони шинохта Ҷӯрабек Муродов ҳамном аст. Чунин сарлавҳагузорӣ вайрон кардани одоби касбии журналистӣ маҳсуб шуда [8], обрӯи рӯзноманигор ва расонаро паст мекунад. Ҳамчунин дар матлабҳои зикргардида нисбати ду овозхони шинохта беэҳтиромӣ содир гардидааст.
Пахш шудани хабарҳои нодуруст ва таҳрирталаб аз паст будани сатҳи касбии кормандони расонаҳо ва бемасъулиятии онҳо далолат медиҳад.
Тибқи моддаи 29-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» [2] журналист уҳдадор аст, ки саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад. Вале имрӯз журналистон на ҳамеша уҳдадории мазкурро риоя мекунанд.
Тибқи банди дуюми моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» — воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд [2]. Беаҳамиятӣ ва каммасъулиятии журналистон баъзан боиси нашри иттилои носаҳҳеҳ мегардад.
Масалан, сомонаи Радиои «Озодӣ» 15 сентябри соли 2019 бо унвони «Мирзо Боқӣ, шоир ва файласуфи тоҷик, дар 74-солагӣ даргузашт» хабареро пахш намуд. Дар аввали хабар гуфта мешавад, ки Мирзо Боқӣ, шоир ва файласуфи тоҷик, рӯзи 15-уми сентябр дар 75-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Яъне маълумоти сарлавҳа бо матни хабар мувофиқ нест [8].
Баъди чанд соат дар сомонаи мазкур сӯгномае аз ҳаёту фаъолияти эҷодии шоир бо номи дигар – «Даргузашти Мирзо Боқизода, ҷӯяндаи сарчашмаи абадият» пахш гардид, ки дар он насаби шодравон аз Боқӣ ба Боқизода иваз шуда буд (https://www.ozodi.org/a/died-tajik-poet-mirzo-boqizoda/30165302.html).
Ҳақиқатнигорӣ яке аз усули муҳим ва асосии фаъолияти журналистӣ буда, чунин мазмун дорад, ки идораи воситаи ахбори омма ва журналист иттилооти ҳаққонӣ ва саҳеҳ, иттилооти мукаммал, саривақтӣ ва дақиқро омода кунанд ва интишор диҳанд [7].
Дар ҳолати пешниҳод кардани хабари аз ҳақиқат дур обрӯю эътибори воситаи ахбори омма дар байни хонандагонаш коҳиш ёфта, боиси кам шудани теъдоди аудитория мегардад.
Ҳуқуқи истифода аз воситаҳои ахбор яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон буда, он тибқи моддаи 30-юми Сарқонун дар баробари озодии сухан ва нашр дар Тоҷикистон кафолат дода шудааст [3]. Дар ҳамин ҳол касе ё мақомоте кафолат намедиҳад, ки иттилои пахшкардаи ВАО воқеиву беғараз ва саривақтиву сареҳ аст.

АДАБИЁТ

1. BBC хабарнигорро баъди нашри акси маймун ва ишора ба таваллуди шоҳзода барканор кард/ozodi.org. 2007-2019. [Манбаи электронӣ]. URL: https://www.ozodi.org/a/29930499.html (Санаи истифодабарӣ: 10.09. 2019).
2. Закон Республики Таджикистан «О периодической печати и других средствах массовой информации»/Сборник нормативно – правовых актов Республики Таджикистан в сфере средств массовой информации. – Душанбе: Издательство Бухоро, 2014.- 408 с.
3. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон/ durahshon.tj. 2013-2016. [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.durahshon.tj/fan/view_post.php?id=43 (Санаи истифодабарӣ: 10.09. 2019).
4. Корнилова К. Е. Функции заголовков современных журналистских текстов/ cyberleninka.ru. 2019. [Манбаи электронӣ]. URL: https://cyberleninka.ru/article/n/funktsii-zagolovkov-sovremennyh-zhurnalistskih-tekstov (Санаи истифодабарӣ: 09.09. 2019).
5. «Қаландаров оилаҳоро вайрон мекунад, ё занҳо худашон ӯро даъват мекунанд?»/ faraj.tj. 2011-2015. [Манбаи электронӣ]. URL: http://faraj.tj/khabari-ruz123/item/2817-alandarov-oila-oro-vajron-mekunad-jo-zan-o-khudashon-ro-da-vat-mekunand.html (Санаи истифодабарӣ: 08.09. 2019).
6. Камолиддинов Б. Сухан аз баҳри дигарон гӯянд. Монография /Баҳриддин Камолиддинов. – Душанбе: Дониш, 2015. – 400 с.
7. Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон/ nansmit.tj. 2009-2019. [Манбаи электронӣ]. URL: http://taj.nansmit.tj/tafsiri-meyor%D2%B3oi-axlo%D2%9Bii-faoliyati-zhurnalist%D3%A3-dar-to%D2%B7ikiston/ (Санаи истифодабарӣ: 10.09. 2019).
8. «Мирзо Боқӣ, шоир ва файласуфи тоҷик, дар 74-солагӣ даргузашт»/ozodi.org. 2007-2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.ozodi.org/a/30164942.html (Санаи истифодабарӣ: 15.09. 2019).
9. Мужчина проник в школу Бишкека и попытался изнасиловать четвероклассницу/ kaktus.media.2019. [Манбаи электронӣ]. URL: https://kaktus.media/doc/370452_myjchina_pronik_v_shkoly_bishkeka_i_popytalsia_iznasilovat_chetveroklassnicy.html (Санаи истифодабарӣ: 12.09. 2019).
10. Муқимов М. А. Воқеият ва инъикоси он дар расонаҳои Тоҷикистон/М.А. Муқимов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ.– Душанбе: Сино. – 2014. -№ 3/9 (154). – С. 321 – 327.
11. Ҳалокати Ҷӯрабек Муродов дар садама ва боздошти ронандаи фирорӣ/ ozodagon.com. 2011-2015. [Манбаи электронӣ]. URL: http://www.ozodagon.com/18136-alokati-rabek-murodov-dar-sadama-va-bozdoshti-ronandai-firor.html (Санаи истифодабарӣ: 19.09.2014).
12. Шостак М.И. Журналист и его произведения: Практическое пособие/М.И. Шостак.- М., 1998. — С. 77.

САРЛАВҲА БОЯД БАЁНГАРИ МАВОДИ РАСОНАӢ БОШАД

Дар мақола нақши сарлавҳа дар маводи расонаҳо баррасӣ гардидааст. Муаллиф дар бораи намуди сарлавҳаҳо ва вазифаи онҳо маълумот дода, ҳар яки онҳоро бо мисолҳои мушаххас аз сомонаҳои интернетӣ таҳлил кардааст.
Баъзе расонаҳо барои ҷалби бештари хонандагон дар маводашон аз сарлавҳаҳои ҳангомаангез ва баъзан даҳшатафзо истифода мекунанд. Баъзан дар сарлавҳагузорӣ вайрон кардани меъёрҳои ахлоқӣ ва талаботи қонуни матбуот низ ба назар мерасад. Муаллиф мисол меорад, ки баъзан масъулон барои чархонидани сомонаи худ хабарҳои дурӯғро низ пахш мекунанд. Чоп шудани хабарҳои нодуруст ва таҳрирталаб аз паст будани сатҳи касбии кормандони расонаҳо ва бемасъулиятии онҳо далолат медиҳад.
Дар ҳолати пешниҳод кардани хабари аз ҳақиқат дур обрӯю эътибори воситаи ахбори омма дар байни хонандагонаш коҳиш ёфта, боиси кам шудани теъдоди аудитория мегардад.
Калимаҳои калидӣ: Сарлавҳа, ВАО, расонаҳо, рӯзнома, Радиои «Озодӣ», «Озодагон» «Фараж», Интернет, шабакаи иҷтимоӣ,Тоҷикистон.

ЗАГОЛОВКА ДОЛЖНА ОТРАЖАТЬ СУТЬ МАТЕРИАЛА

В статье анализируется роль заголовок в материалах СМИ. Автор статьи на основе конкретных примеров из вебсайтов приводит виды заголовок и расскажет об их функциях.
Некоторые СМИ для привлечения читателей в своих материалах используют сенсационные и вызывающие заголовки. Иногда в заголовках выявляется нарушения этических норм журналистики и требование закона о печати. Автор приводит пример фейкових новостей. Некоторые ответственные лица для монетизации сайта распространяют неправдивые, но сенсационные сообщения. Сообщение фейковых новостей и требующие редактированию материалов доказывает о непрофессионализме и безответственности сотрудников СМИ.
В случае распространения ложных новостей, СМИ теряют свою репутацию и авторитет, что приводит к снижению читательской аудитории.
Ключевые слова: Заголовка, СМИ, газета, Радио «Свобода», «Озодагон» «Фараж», Интернет, социальные сетьи, Таджикистан

HEADER SHOULD REFLECT ESSENCE OF MATERIAL

The article analyzes the role of the headline in the media. The author of the article, based on specific examples from websites, gives the headline views and talks about their functions.
Some media outlets use sensational and challenging headlines to attract readers. Sometimes headlines reveal violations of journalistic ethics and press law requirements. The author gives an example of fake news. Some responsible people for the monetization of the site publish untrue, but sensational messages. Reporting fake news and requiring editing materials proves the lack of professionalism and irresponsibility of the media.
In the case of the spread of false news, the media lose their reputation and credibility, which leads to a decrease in readership.
Keywords: Title, mass media, newspaper, Radio «Liberty», «Ozodagon», «Farazh», Internet, social networks, Tajikistan.
Сведения об авторе: Мукимов Мухамади Аминович (Джовид Муким) — Таджикский национальный университет, доктор филологических наук, профессор кафедры международной журналистики. Адрес: Таджикистан, 734025, г. Душанбе, проспект Рудаки, 17. E-mail: jovidm@mail.ru
Information about the author: Muqimov Muhamadi Aminovich – Tajik national university, Doctor of Philology, Professor, Department of International Journalism. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Avenue 17. Phone: 918 74 44 65. E-mail: : jovidm@mail.ru

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: