ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ОБ ДАР РАДИОИ «ОЗОДӢ»



ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ОБ ДАР РАДИОИ «ОЗОДӢ»

Муқимов М. А.- профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Нобаробар тақсим шудани сарчашмаҳои об дар ҷаҳон боиси глобалӣ шудани ин масъала гардидааст. Ҳоло қариб якуним миллиард нафар одамон дар мамолики Осиёву Африка ва Америкаи Лотинӣ аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд [2, 10]. Дар Тоҷикистон низ қариб 40 фоизи аҳолии кишвар ба оби ошомидании тоза дастрасӣ надоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масоили глобалии об чор маротиба бо ташаббус ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кардааст, ки онҳо аз ҷониби СММ пазируфта шудаанд. Аз ҷумла, ташаббусҳои Тоҷикистон «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» амалӣ гардиданд ва ҳоло Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мавриди амал қарор дорад. Мутобиқи қатъномаи қабулшуда, Даҳсолаи Байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз 22 марти соли 2018 (Рӯзи байналмилалии захираҳои об) шуруъ шуда, 22 марти 2028 ба анҷом мерасад.
Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иҷрои вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об, густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориҳо дар ин соҳа мебошад.
Ҳамин аст, ки ҷомеаи ҷаҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдоми байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари роҳбарони 10 кишвари дигари аъзои СММ узви Гурӯҳи сатҳи баланд оид ба об мебошад.
Мақсад аз ин ташаббусҳои Тоҷикистон ҳушдор додани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз проблемаи глобалии мазкур буда, дар ҳамкорӣ роҳҳои ҳалли масъалаҳои обро пайдо кардан аст.
Мавзӯи мазкур дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ инъикоси худро ёфтааст. Аз ҷумла, расонаи тарғиботии ИМА – Радиои «Озодӣ» тӯли 10 соли охир дар ин мавзӯъ қариб 50 мавод пахш кардааст, ки дар онҳо масоили об ва тағйирёбии иқлим аз нигоҳи ин расона баррасӣ шудаанд.

Аз ҷумла, 24-уми сентябри соли 2009 гузориши Радиои «Озодӣ» аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи СММ пахш шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар СММ гуфтааст, ки обёрии нодуруст ва ифтитоҳи заминҳои бисёри кишт, дар минтақа, ки зоҳиран ишорае ба Ӯзбекистон аст, сабаби норасоии об дар Осиёи Марказӣ шудааст. Танҳо дар давоми садсолаи гузашта ҳаҷми заминҳои обёришаванда аз 2,5 то 9 миллион гектар зиёд гардида, шумораи аҳолӣ дар Осиёи марказӣ аз 20 миллиони соли 1956 ба зиёда аз 63 миллиони ҳозира расидааст [12].
5-уми апрели соли 2010 Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон омад. Ин нахустин дидори Пан Ги Мун аз Тоҷикистон, пас аз ҳашт соли боздиди Кофӣ Аннон, собиқ дабири кулли ин созмони байналмилалӣ буд. Хабарнигори «Озодӣ» дар такя ба гуфтаҳои Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон маводи мазкурро омода кардааст. Дар он гуфта мешавад, ки дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, нигарониҳои беасоси кишварҳои минтақа, ба хусус Ӯзбекистон дар мавриди тақсими захираҳои об ва иҷрои лоихахои энергетикӣ, ба хусус сохтмони НБО «Роғун» матраҳ шавад. «Мухолифат ба бунёди неругоҳи «Роғун» аз сӯи Ӯзбакистон то ҳаддест, ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, кишвари ҳамсоя аз ба истилоҳ «муҳосираи эълоннашудаи иқтисодӣ» кор гирифта, дар муддати ду моҳи охир ҳудуди 1000 вагони ҳомили бору колои Тоҷикистонро дар қаламрави кишвараш боздошт кардааст» [1].
Воқеан, ду ҳафта пеш аз ин сафари Пан Ги Мун сарвазири вақти Тоҷикистон Оқил Оқилов дар ҷараёни сафараш ба Ню-Йорк дар чаҳорчӯби ширкат дар муколамаи сатҳи олии Маҷмаи умумии СММ таҳти унвони «Маблағгузорӣ барои рушд» бо дабири кулл мулоқот карда, нигарониҳои ҷониби Ӯзбекистон дар мавриди тақсими захираҳи об дар минтақа ва бунёди неругоҳи барқии обии Роғунро бепоя хонд. Ӯ гуфт, ҷониби Ӯзбекистон метарсад, ки баъд аз бунёди Роғун тақсимоти об нохолисона мешавад ва Тоҷикистон обро ба нафъи худ истифода хоҳад бурд. Аммо, дар айни замон, кишвараш ҳамагӣ 15 дарсади тамоми оби дарёҳояшро истифода мекунад.
Нахуствазири Тоҷикистон дар ин нишаст таъкид кард, ки СММ метавонад дар ҳалли вазъи баамаломада ва масъалаҳои марбут ба тақсимоти манобеъи обу энергетикии минтақа нақши муҳим бозад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи сетнябри соли 2010 дар Ассамблеяи Генералии СММ дар шаҳри Ню-Йорк иштирок кард. Дар доираи сафари мазкур Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли СММ Пан Ги Мун мулоқот намуда, масъалаҳои мубрами минтақаро ба миён гузошт. Аз ҷумла, муносибати ғайридӯстонаи Ӯзбекистони ҳамсоя нисбати Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон аз дабири кулл, дахолати бештари СММ-ро ба ин қазия ва мусоидат дар бартараф намудани мушкилот даъват намуд. Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон, яке аз сабабҳои бад шудани муносибатҳо, ин нақшаҳои бунёди неругоҳҳои бузурги обӣ дар дарёҳои Тоҷикистон аст.
Э. Раҳмон ба дабири кулли СММ иттилоъ дод, ки Тоҷикистон дар робита ба экспертизаи бунёди нерӯгоҳҳои бузурги обӣ ба Бонки Ҷаҳонӣ лоиҳаи ҳамкории мушаххасро пешниҳод кардаааст.
Ба гуфтаи Радиои «Озодӣ» «як сол қабл, Тоҷикистон аз СММ расман дархост намуд, ки ташхиси обамборҳои кишвар, минтақа ва вазъи экологӣ анҷом дода шавад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори таассуф гуфт, ки то ҳол аз СММ посухеро ба ин пешниҳоди худ дарёфт накардааст» [16].
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки даҳаи дуюми моҳи июни соли 2012 дар Бразилия баргузор гардид, таваҷҷӯҳи иштирокчиёнро ба сарнавишти баҳри Арал ҷалб кард. Ӯ зимни суханронии худ аз таъсири хушкшавии баҳри Арал ба вазъи муҳити зист, хусусан ба тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа изҳори нигаронӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки “дар чунин ҳолат беҳтар гардидани вазъияти мавҷуда ва рушди минбаъдаи устувори минтақа фақат ба ҳамкории мутақобилан судманд дар бахши истифодаи оқилонаи захираҳои оби минтақа вобаста аст.” [15].
Ҳамчунин Э. Раҳмон дар нишасти мазкур даъват кард, ки дар ҷараёни татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи сарчашмаҳои оби ошомиданӣ диққати махсус дода шавад.
28-уми ноябри соли 2010 маросими басташавии маҷрои дарёи Вахш барои нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 баргузор гардид. Дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Маҷиди Номҷӯй, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мақомоти дигари ҳар ду кишвар ширкат намуданд.
Радиои “Озодӣ” дар як матлаби худ аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим иқтибос овардааст: «Тоҷикистон яке аз махзанҳои асосии пиряху обҳои соф буда, дар қаламрави он 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд ва дар баробари дигар халқҳои минтақа мо ҳам ҳуқуқи истифода аз ин сарвати табииро дорем»[17].
Э. Раҳмон ҳамчунин таъкид кард, ки истифода аз захираҳои об ба муҳити зисти минтақа ва тавозуни захираҳои об умуман таъсири манфӣ намерасонад, баръакс рушди соҳаи нерўи барқи обӣ ба пешрафти иқтисодиёти минтақа такони ҷиддӣ мебахшад. Илова бар ин, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва ҳангоми норасоии шадиди об василаи беҳтарини танзими манобеи обу энергетика мебошад.
Бояд гуфт, ки НБО Сангтӯда-2 бо сармоягузории муштараки Тоҷикистон ва Эрон бо маблағи 225 миллион доллар бунёд шуда, баъди 12,5 соли баҳрабардории маблағгузори асосӣ ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад.
Моҳи сентябри соли 2010 Струан Стивенсон, намояндаи вижаи дафтари раиси вақти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (Қазоқистон) оид ба масъалаҳои экология ва муҳити зист ба Тоҷикистон сафар карда, бо вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гул, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандмурод Зикиров ва дигарон мулоқот намуд. Ҳамзамон, ӯ аз НБО Норак ва Роғун дидан намуд. Струан Стивенсон пас аз сафар таассуроти худро дар номаҳояш ба Президенти Парлумони Аврупо Ежи Бузек, Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Дэвид Камерон иброз намуда гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳамчун шарики калидии стратегии Аврупо ва Ғарб дар Осиёи Марказӣ метавонад нақши муҳим бозад [13].
НБО Роғун сарчашмаи нерӯи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза аст, ки ҳам талаботи Тоҷикистон ва ҳам талаботи кишварҳои ҳамҷаворро аз қабили Афғонистону Покистон бо қувваи барқ таъмин хоҳад кард. Лоиҳаи мазкур барои кулли Осиёи Марказӣ, ки эҳтиёҷи рӯзафзун ба қувваи барқ дорад, василаи муассири ҳалли ин мушкилот хоҳад шуд, мегӯяд Струан Стивенсон.
Ҳамчунин Струан Стивенсон, вакили Порлумони Аврупо, раиси вақти гурӯҳи байнипорлумонӣ оид ба тағйирёбии иқлим, танаввӯи биологӣ ва рушди устувор пас аз сафар ба Тоҷикистон ва боздид аз маҳалли сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун мақолае навишт, ки барои муаррифии Тоҷикистон дар Аврупо аҳамияти калон дорад. 14 июли соли 2011 Радиои «Озодӣ» мақолаи мазкурро ба забони тоҷикӣ ба нашр расонид [10].
Дар мақолаи мазкур Струан Стивенсон Тоҷикистонро тавсиф карда, дар бораи мушкилоти сохтмони НОБ-и Роғун, зиддияти Ӯзбекистон ҳарф мезанад ва аз сохтмони нерӯгоҳи мазкур, ки барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол менамояд, истиқбол мекунад.
Ба гуфти Струан Стивенсон Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон худро тадриҷан аз ботлоқи мушкилиҳо берун мекашад ва ҳамзамон вазъи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуотро беҳтар намудаву ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва оғози беҳбуди иқтисоди “пешпохӯранда” машғул мешавад.
“Ром кардан”-и нерӯи беҳудуди захирахои бузурги оби Тоҷикистон бахши калидии ин фароянд аст.
Интиқоли мӯътамади барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон иқтисодиёти харобгардидаи минтақаро тағйир хоҳад дод ва барои шаҳрвандони азияткашидаву ҷангзада ва бебизоати он ҷойҳои корӣ ва имкониятҳои нав фароҳам хоҳад овард. Ин ҳамон чизест, ки мо дар Ғарб бояд аз он истиқбол ва ҳимоят кунем, мегӯяд Струан Стивенсон.
20 декабри соли 2010 аз ҷониби СММ соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон карда шуд. Тибқи ташаббуси мазкур 20-21 августи соли 2013 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид.
Дар конфронcи масоили об дар Душанбе ҳафт муовини Дабири кулли СММ, мутахассисону коршиносони он, беш аз 900 нафар сиёсатмадорону олимон ва коршиносони бахшҳои гунгогуни вобаста ба об ва ҳифзи муҳити зист аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок намуданд [14].
12 апрели соли 2015 Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон дар ҳамоиши ҳафтуми ҷаҳонӣ дар масъалаи об, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, пешниҳод намуд, ки боз як даҳсолаи дигари байналмилалии об эълон карда шавад. Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ 57 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранд, мегӯяд Радиои «Озодӣ».
Бояд гуфт, ки Радиои «Озодӣ» аксаран дар матлаби худ аз Ҳукумати Тоҷикистон ва вазъи мавҷуда интиқод мекунад. Масалан дар матлаби мазкур, ки «Пешниҳоди боз як даҳсолаи об аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон» ном дорад, ҳамчунин чунин гуфта мешавад: «Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл гурӯҳе аз сокинони рустои Яккабеди ноҳияи Файзобод барои таъмири қубури обашон, ки се киломтер дуртар аз деҳаашон ҷойгир аст, рафта, даҳ нафарашон зери ярч монданд. То кунун ҷасади шаш тан аз онҳо аз зери хок берун оварда шуда, ҷустуҷӯи чор тани дигари онҳо идома дорад. Сокинони Яккабед мегӯянд, солҳо боз ба сахтӣ обро дастрас мекунанд ва ахиран вайрон шудани қубури об онҳоро ба ҷое бурд, ки бо ҳалокати даҳ нафарашон анҷом ёфт» [8].
Дар хабари дигар, ки аз баргузории ҳамоиши натиҷагирӣ аз даҳсолаи “Об барои ҳаёт”(2005 — 2015) дар Душанбе иттилоъ медиҳад, гуфта мешавад, ки 9-11-уми июн дар ин конфронс Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ иштирок мекунад. Дар ин конфронс беш аз якуним ҳазор нафар, намояндагони 99 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.
Дар охири ҳамин матлаб як сархати интиқодӣ такроран аз маводи «Пешниҳоди боз як даҳсолаи об аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон (ВИДЕО)» (Апрел 12, 2015 https://www.ozodi.org/a/tajik-presidents-speech-in-korea-about-water/26951357.html) оварда шудааст:
«Дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 57 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранду бас. Бино бар гузоришҳои байнулмилалӣ танҳо дар вилояти Хатлони Тоҷикистон 22 деҳа аз оби ошомиданӣ маҳрум аст» [4].
Ҷумлаи охири матни боло дар маводи «Баҳси об, мудирият ва иродаи сиёсӣ», ки 9-уми августи соли 2016 пахш шуд, такрор ёфтааст [3].
9 июни соли 2015, дар рӯзи оғози Конфронси байналмилалии натиҷагирӣ аз даҳсолаи “Об барои ҳаёт” (2005 — 2015) дар ш. Душанбе Радиои «Озодӣ» маводеро бо номи «Оби Тоҷикистон кай бо нафт баробар мешавад?» пахш намуд, ки бо сархати интиқодии зерин шурӯъ мешавад:
«Даҳсолаи нави байнулмилалии об, ба ақидаи коршиносон, замоне натиҷа хоҳад дод, ки вазифаҳои он аз сатҳи шиору ормон ба дараҷаи тарҳу барномаҳои мушаххас расонда шаванд.
Анҷуман байнулмилалии об дар ҳоле дар Тоҷикистон баргузор шуд, ки бо вуҷуди захираҳои бузурги обаш аҳолии ин кишвар ба камбуди оби ошомиданӣ рӯбарӯст ва ҳам барномаҳои содир кардани оби Тоҷикистон ба хориҷ аз сатҳи идея ва тарҳҳои тахминӣ фаротар нарафтааст» [7].
Муаллифи мавод А. Ашӯров аз суханронии Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон иқтибос мекунад, ки ҳарчанд 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад, аҳолии кишвар ҳар сол то 6 моҳ бо камбуди нерӯи барқ рӯбарӯст. Ҳамчунин 40 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надорад.
Сипас муаллиф ақидаи доктори улуми иқтисод, корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон Ҳоҷимуҳаммад Умаровро оид ба фурӯши об ба хориҷа меорад. Мавсуф мегӯяд, ки “дар мавриди интиқоли оби Сарез ба Эрон ягон лоиҳаи илман асоснок вуҷуд надорад.”
22 декабри соли 2016 Радиои «Озодӣ» хабареро бо номи «СММ пешниҳоди Душанберо дар бораи об пазируфтааст» пахш кард. Дар он гуфта мешавад, ки пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълони даҳсолаи дигари «Об барои рушди устувор» аз сӯи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст.
Муаллиф дар охири хабар мегӯяд, Тоҷикистон то кунун як Даҳсолаи «Об барои ҳаёт»-ро баргузор кардааст. Аммо соҳибназарон мегӯянд, бо ин вуҷуд, дастрасии сокинон дар баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ мушкил аст ва сокинон аз садҳо метр бо хару ароба об мекашонанд [11].
20-22-юми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид. Радиои «Озодӣ» аз оғози конфронси мазкур иттилоъ дода, гуфт, ки ба қавли Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тайи 60 соли охир ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёнаи солона ба андозаи як дараҷа аз рӯйи Селтсий боло рафтааст. «Зери таъсири ин омилҳо дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ дар шакли сел, аз маҷрои дарёҳо баромадани об, фаромадани тарма ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар хисороти ҷиддӣ мерасонанд. Гузашта аз ин, тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан як ҳазор пиряхи хурду миёнаро талаф додем», — гуфт ӯ [18].
30 апрели соли 2019 сомонаи ОИ «Центразия» навишт, ки ҳоло дар Тоҷикистон 22 корманди Радиои «Озодӣ» сабти ном шудаанд, ки чунин штатро ягон расонаи хориҷӣ дар ҷумҳурӣ надорад. Дар ҳамин ҳол онҳо вақтҳои охир ягон руйдоди муҳим, ба мисли сохтмони НБО Роғун, рушди иқтисодиёти кишварро инъикос накарда, ҳамаро бо ранги сиёҳ нишон медиҳанд [9].
Чӣ тавре ки дар боло мисол овардем, мухбирони Радиои «Озодӣ» дар маводи худ баъди додани иттилоъ ҳатман бо гуфтаҳои гуногун аз Тоҷикистон ва ҳукумати он интиқод мекунанд. Воқеан ҳам, баъзан дар маводҳои Радиои «Озодӣ» далелҳо ба манфиати ноширон нодуруст тафсир карда мешаванд [5, 55].

АДАБИЁТ

1. Бан Ки Мун ба Тоҷикистон омад /ozodi.org. 2007-2019. [Манбаи электронӣ]. URL: https://www.ozodi.org/a/2002462.html (Санаи истифодабарӣ: 20.09. 2019).
2. Баҳромзода М.З. Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масоили об. Монография/М.З. Баҳромзода. ¬– Душанбе, 2018. – 112 с.
3. Баҳси об, мудирият ва иродаи сиёсӣ. /ozodi.org. 2007-2019. [Манбаи электронӣ]. URL: https://www.ozodi.org/a/water-duspute-still-a-political-problem-region-/27910881.html (Санаи истифодабарӣ: 15.09. 2019).
4. Маҳмадаминов: «Агар масъалаи об ҷиддӣ намебуд, Бан Ки Мун намеомад»/ozodi.org. 2007-2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.ozodi.org/a/international-confronce-about-water-in-dushanbe-city/27058134.html (Санаи истифодабарӣ: 10.10.2019).
5. Муким Джовид. Радио «Свобода»: ложь и правда. Монография/Джовид Муким. ¬– Душанбе: Деваштич, 2005. – 180 с.
6. Муқимов М. А. Воқеият ва инъикоси он дар расонаҳои Тоҷикистон/ М.А. Муқимов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ.– Душанбе: Сино. – 2014. -№ 3/9 (154). – С. 321 – 327.
7. Оби Тоҷикистон кай бо нафт баробар мешавад? «/ozodi.org. 2007-2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.ozodi.org/a/high-level-water-conference-in-dushanbe/27061687.html (Санаи истифодабарӣ: 11.10.2019).
8. Пешниҳоди боз як даҳсолаи об аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон (ВИДЕО) /ozodi.org. 2007-2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.ozodi.org/a/tajik-presidents-speech-in-korea-about-water/26951357.html (Санаи истифодабарӣ: 10.10.2019).
9. Продажная свобода/ centrasia.org. 2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://centrasia.org/newsA.php?st=1556648160 (Санаи истифодабарӣ: 13.10.2019).
10. Ром кардани обҳои Тоҷикистон/ozodi.org. 2007-2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.ozodi.org/a/24265848.html (Санаи истифодабарӣ: 21.09.2019).
11. СММ пешниҳоди Душанберо дар бораи об пазируфтааст/ozodi.org. 2007-2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.ozodi.org/a/28190493.html (Санаи истифодабарӣ: 21.09.2019).
12. Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар СММ /ozodi.org. 2007-2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.ozodi.org/a/1829865.html (Санаи истифодабарӣ: 21.09.2019).
13. Таассуроти ман аз сафари Тоҷикистон/ozodi.org. 2007-2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.ozodi.org/a/2205873.html (Санаи истифодабарӣ: 19.09.2019).
14. Тоҷикистон кишвари озмоишии энержӣ/ozodi.org. 2007-2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.ozodi.org/a/25077351.html (Санаи истифодабарӣ: 20.09.2019).
15. Э. Раҳмон аз сарнавишти Арал изҳори ташвиш кард/ozodi.org. 2007-2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.ozodi.org/a/24619724.html (Санаи истифодабарӣ: 17.09.2019).
16. Эмомалӣ Раҳмон дар СММ аз мушкилот бо Узбакистон сухан гуфт/ozodi.org. 2007-2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.ozodi.org/a/2164552.html (Санаи истифодабарӣ: 18.09.2019).
17. Э. Раҳмон: «Мо ҳақ дорем аз захираҳои табиии худ истифода барем»/ozodi.org. 2007-2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.ozodi.org/a/2232590.html (Санаи истифодабарӣ: 18.09.2019).
18. Эмомалӣ Раҳмон: Осиёи Марказӣ дучори камобӣ шудааст. ВИДЕО/ozodi.org. 2007-2019. — [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.ozodi.org/a/29305744.html (Санаи истифодабарӣ: 25.09.2019).

ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ОБ ДАР РАДИОИ «ОЗОДӢ»

Дар мақолаи мазкур инъикоси масоили об дар радиоии америкоии «Озодӣ» баррасӣ гардидааст. Тӯли 10 соли охир дар сомонаи радиои номбурда ҳудуди 50 мавод дар ин мавзӯъ ба чоп расидааст, ки проблемаҳои гуногунро фаро гирифтаанд. Муаллиф бо мисолҳои мушаххас чӣ тавр инъикос гардидани ин мавзӯъро дар радиои мазкур пажӯҳиш мекунад. Дар аксари ин маводҳо оид ба захираҳои об ва ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба об, ки СММ пазируфтааст, сухан меравад. Ҳамчунин дар ин маводҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар СММ, конфронсҳои байналмилалӣ оид ба масоили об ва вохӯриҳо бо дабири кулли СММ иқтибос оварда шудаанд. Аз ҷумла, аз суханрониҳо дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки даҳаи дуюми моҳи июни соли 2012 дар Бразилия баргузор гардид, дар рӯзи оғози Конфронси байналмилалии натиҷагирӣ аз даҳсолаи “Об барои ҳаёт” (2005 — 2015) дар ш. Душанбе (9 июни соли 2015), Конфронси байналмилалӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки 20-22-юми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва ғайра истифода шудаанд.
Радиои «Озодӣ» аксаран дар матлаби худ аз Ҳукумати Тоҷикистон ва вазъи мавҷуда интиқод мекунад. Масалан, такрор ба такрор дар маводҳо мегӯянд, ки «дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 57 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранду бас. Бино бар гузоришҳои байналмилалӣ танҳо дар вилояти Хатлони Тоҷикистон 22 деҳа аз оби ошомиданӣ маҳрум аст».
Воқеан ҳам, баъзан дар маводҳои Радиои «Озодӣ» далелҳо ба манфиати ноширон нодуруст тафсир карда мешаванд.
Калимаҳои калидӣ: Душанбе, об, тағйирёбии иқлим, СММ, ВАО, расонаҳо, Радиои «Озодӣ», президент,Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон.

ОСВЕЩЕНИЕ ВОДНЫХ ПРОБЛЕМ В РАДИО «СВОБОДА»

В статье анализируется освещение водных проблем в американском Радио «Свобода». В течение последних 10 лет на сайте этого радио опубликовались около 50 материалов по этой тематике. Автор на конкретных примерах исследует освещения темы в названной радио. В большинстве этих материалах рассказывается о водных ресурсах и инициативы Таджикистана о воде которых одобрила ООН. Также в этих материалах ссылаются на выступлениях Президента Таджикистана Эмомали Рахмона в сессиях Генеральной Ассамблеи ООН и международных водных конференциях, и встречах с Генеральным секретарем ООН. В том числе выступления в форуме ООН об устойчивом развитие в Бразилии в 2012 году, Международное конференция об итогах Десятилетие “Вода для жизни ” (2005 — 2015) в Душанбе (9 июня 2015 г.), Международное конференция о начале Международное Десятилетие действие “Вода для устойчивого развитие ” 2018-2028 годы, которая проходила 20-22-юми июня 2018 года в городе Душанбе и другие были использованы в материалах сайта.
Таджикская служба Радио «Свобода» в большинстве случаях в своих материалах критикует Правительство Таджикистана и нынешнего состояния экономики. К примеру, в статьях повторится, что «только 57 процентов населения Таджикистана имеют доступ к чистой питьевой воды. По международным отчётам только в Хатлонской области 22 деревня не имеют питьевую воду».
Автор отмечает, что иногда в материалах «Радио Озоди» факты в пользу издателей комментируются некорректно.
Ключевые слова: Душанбе, вода, изменение климата, ООН, СМИ, Радио «Свобода», президент, Таджикистан, Эмомали Рахмон.

COVERING WATER PROBLEMS IN THE RADIO «LIBERTY»

The article analyzes the coverage of water issues in the American Radio Liberty. Over the past 10 years, about 50 materials on this topic have been published on the site of this radio. The author explores specific topics in a named radio using concrete examples. Most of these materials talk about water resources and the initiatives of Tajikistan on water which the UN approved. Also in these materials reference is made to the speeches of the President of Tajikistan Emomali Rahmon at sessions of the UN General Assembly and international water conferences, and meetings with the UN Secretary General. Including speeches in the UN Forum on Sustainable Development in Brazil in 2012, the International Conference on the outcome of the Decade “Water for Life” (2005 — 2015) in Dushanbe (June 9, 2015), the International Conference on the launch of the Decade “Water for Sustainable” development ”2018-2028, which took place on June 20-22, 2018 in Dushanbe and others were used in the materials of the site.
The Tajik service of Radio Liberty, in most cases, criticizes the Government of Tajikistan and the current state of the economy in its materials. For example, the articles will repeat that “only 57 percent of the population of Tajikistan have access to clean drinking water. According to international reports, only in the Khatlon region 22 villages do not have drinking water. ”
The author notes that sometimes in the materials of Radio Ozodӣ the facts in favor of the publishers are incorrectly commented.
Keywords: Dushanbe, water, climate change, UN, mass media, Radio «Liberty», President, Tajikistan, Emomali Rahmon.
Сведения об авторе: Мукимов Мухамади Аминович (Джовид Муким) — Таджикский национальный университет, доктор филологических наук, профессор кафедры международной журналистики. Адрес: Таджикистан, 734025, г. Душанбе, проспект Рудаки, 17. E-mail: jovidm@mail.ru
Information about the author: Muqimov Muhamadi Aminovich – Tajik national university, Doctor of Philology, Professor, Department of International Journalism. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Avenue 17. E-mail: : jovidm@mail.ru

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: