РАДИОИ «ОСИЁИ ОЗОД» ДАСТГОҲИ ТАРҒИБОТИИ ИМА



УДК: 070(575.3) (575) (1-87)
РАДИОИ «ОСИЁИ ОЗОД» ДАСТГОҲИ ТАРҒИБОТИИ ИМА

Муқимов М. А.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

ВАО новобаста аз муҳтаво, шакл, намуд ва аудиторияи худ бунёдан ниҳоди сиёсӣ маҳсуб мешавад [6, с. 251]. Пайдо шудани технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ду даҳсолаи охир ба ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ овард ва он ба табдили иттилоъ ҳамчун омили муборизаи сиёсӣ ва олоти амалигардонии ҳадафҳои давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Ҳамин тавр, ВАО силоҳи пурқудрати таъсиррасонӣ ба муҳити иттилоотӣ ва имиҷи давлат гардид. Ҳамин аст, ки аксари кишварҳо барои амалӣ кардани аҳдофи сиёсии худ аз тарғиботи расонаҳо истифода мекунанд. Масалан, ИМА барои роҳандозии сиёсати хориҷии худ як қатор расонаҳоро таъсис дода, «… тавассути дастгоҳҳои тарғиботиаш ба мисли Телевизион ва радиои «Садои Америка», Телевизиони «Ал-Ҳурра», Радиои «Сава» (барои кишварҳои Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ), Радио ва телевизиони Мартӣ (барои Куба), Радиои «Аврупои озод»/«Озодӣ», Радиои «Осиёи озод» ба 61 забони миллӣ ва ба 125 кишвари дунё ҷанги иттилоотии густурда мебарад» [7, с. 267].
Радиои «Осиёи озод» ташкилоти хусусии ғайритиҷоратӣ аст, ки аз ҳисоби Конгресси ИМА (буҷаи федеролии ИМА) маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ (аз соли 1995 то 22 августи соли 2018 ташкилоти мазкур бо номи Шӯрои идораи пахши барномаҳо — BBG фаъолият мекард) идора карда мешавад. Радиои мазкур 12-уми марти соли 1996 аз ҷониби Кумитаи озодии Осиё таъсис ёфта, барномаи аввалини он 29 сентябри соли 1996 ба эфир баромад.
Ҳадафи радио бурдани тарғибот ба кишварҳои Осиёи Шарқӣ ва Осиёи Ҷанубӣ Шарқӣ аст, ки қаблан рӯ ба тарзи рушди сотсиалистӣ оварда буданд ва аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ дастгирӣ меёфтанд.
Штаб-квартираи радио дар шаҳри Вашингтони иёлоти Колумбияи ИМА ҷойгир аст. Хонум Либбӣ Лю, хитоии зодаи Калифорния аз моҳи сентябри соли 2005 президенти радио ва журналисти байналхалқӣ Хонум Бау Фанг директори иҷроияи радио мебошад. Буҷаи солонаи радиои мазкур беш аз 38,3 млн. долларро ташкил медиҳад. Ҳамчунин он қисман аз ҷониби Хазинаи фарҳанг ва озодии Корея маблағгузорӣ мешавад. Радио ба 9 забон дар 6 мамлакат — Бирма, Камбоҷа, Лаос, Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ветнам барнома пахш мекунад. Радиои «Осиёи озод» ҳамчун умури ахбори интернетӣ низ фаъолият дорад. Радиои «Осиёи озод» 10 сомонаи чандрасонаии интерактивӣ дорад, ки 9-тои он ба забонҳои пахши барномаҳо буда, сомонаи 10-ум ба забони англисӣ аст.
Бояд гуфт, ки маводи Радиои «Осиёи озод» аз соли 2005-ум аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути подкастҳо, RSS ва твиттер-каналҳо низ паҳн карда мешаванд.
Дар Радиои «Осиёи озод» 256 нафар корманди штатӣ, 140 нафар хабарнигорони маҳаллӣ ва мухбирони ғайриштатӣ фаъолият мекунанд.
Рисолати Оҷонсии ВАО-и глобалӣ дастгириву ҳифзи озодӣ ва демократия тавассути пахши иттилои воқеӣ ва объективӣ дар бораи ИМА ва ҷаҳон ба шунавандаҳои хориҷӣ мебошад.
Рисолати Радиои «Осиёи озод» бошад, — ин пешниҳод кардани иттилои аниқу саривақтӣ ва ахбори мамолики Осиё аст, ки ҳукумати онҳо дастрасиро барои матбуоти озод манъ кардаанд [14].

Барномаҳои Радиои «Осиёи озод» аз ахбори дохилӣ ва иттилое, ки барои шунавандаҳо ҷолиб аст, таҳия мегарданд. Ҳар як идораи радио барномаҳоеро таҳия мекунад, ки фарҳангу забон ва авлавияти хоҳиши шунавандаҳои маҳаллии ҳамон бахшро фаро гирифтаанд. Радиои «Осиёи озод» уҳдадор аст, ки аз руи стандартҳои беғаразӣ, аниқӣ ва адолат фаъолият бикунад.
Дар ҳамин ҳол Радиои «Осиёи озод» чун дигар расонаҳои хориҷии ИМА асосан барои бурдани тарғибот таъсис ёфтааст. Константин Асмолов, номзади илми таърих, мутахассиси пешбари Маркази таҳқиқоти Кореяи Пажӯҳишгоҳи Шарқи Дури АУ Россия мегӯяд, ки имрӯз Радиои «Осиёи озод» ҳамон вазифаеро иҷро карда истодааст, ки дар давраи «ҷанги сард» Радиои «Аврупои озод»/»Озодӣ» анҷом медод [4].
Ба қавли роҳбарияти Радиои «Осиёи озод» маводи онҳоро расонаҳои машҳури ИМА аз қабили «New York Times», «Washington Post», CNN, MSNBC, «The Wall Street Journal» ва ғайра чун сарчашмаи муътамади иттилоъ иқтибос мекунанд [15].
Радиои «Осиёи озод» дар баробари истифодаи барномаҳои маърифативу фарҳангӣ тамаркузашро ба воқеоти мамлакатҳои пахшаш карда, иттилои доғеро мешунавонад, ки дар ин кишварҳо сонсур мешавад ва мардум ба он дастрасӣ надоранд.
Бинобар ин аз таъсиси Радиои «Осиёи озод» мавҷи онро Ҳукумати Хитой, Кореяи Шимолӣ, Ветнам хомӯш мекунанд, то ки муштариён ба барномаҳои радиои мазкур дастрасӣ надошта бошанд.
Ҳатто соли 1998 ба 3 хабарнигори Радиои «Осиёи озод», ки мехостанд аз Вашингтон ба Пекин рафта, сафари президент Билл Клинтонро дар ҶХХ инъикос намоянд, иҷозаи вуруд ба кишварро надоданд. Ҳамчунин дар баъзе кишварҳо сомонаи Радиои «Осиёи озод» филтр мешавад ва муштариён наметавонанд ба он дастрасӣ дошта бошанд.
Масалан, 30-юми марти соли 2010 веб-филтри Хитой — «Сипари тиллоӣ» тасодуфан ба таври муваққатӣ ҳамаи ҷӯяндаҳои Гуглро дар Хитой, ки сомонаи Радиои «Осиёи озод»- ро меҷӯстанд, маҳкам кард [13].
Чунин вазъият дар дигар кишварҳои минтақа низ ба назар мерасад. Моҳи сентябри соли 2017 дар шаҳри Пномпен, пойтахти Камбоҷа бюрои Радиои «Осиёи озод» дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ пас аз 20 соли фаъолият баста шуд. Пас аз ин ҳодиса, моҳи ноябр ду нафар хабарнигорони камбоҷагии Радиои «Осиёи озод» Уон Чин ва Йонг Сотеаринро ба ҷосусӣ айбдор карда, ба ҳабс гирифтанд [2].
Журналистони бахши кхмерии Радиои «Осиёи озод» бо дахолати созмонҳои байналхалқӣ ва бо пардохти гаравпулӣ аз ҷониби радио баъди беш аз 8 моҳи зиндонӣ, соли 2018 ба озодӣ баромаданд.
Соли 2011 бо маблағгузории федеролӣ Либбӣ Лю Хазинаи технологияҳои кушодаро таъсис дода, дар Радиои «Осиёи озод» лоиҳаи барномаи глобалии технологияҳои озодии Интернетро роҳандозӣ намуд. Барномаи мазкур барои барҳам задани сонсури Интернет метавонад дар тамоми гӯшаи дунё ба мардум хизмат расонад.
Чӣ хеле ки қаблан қайд намудем, Радиои «Осиёи озод» аввалин барномаашро 29 сентябри соли 1996 барои Ҷумҳурии Халқии Хитой ба забони хитоии шимолӣ шурӯъ кардааст. Ҳоло ба ин забон шабонарӯзе 12 соат барнома пахш карда мешавад.
Моҳи декабри соли 1996 Радиои «Осиёи озод» ба пахши барномаҳояш, ба забони тибетӣ шурӯъ кард. Ҳоло ба ин забон ҳамарӯза 10 соат барнома пахш карда мешавад.
Радиои «Осиёи озод» ҳамчунин барои ҶХХ аз моҳи декабри соли 1998 ба забони уйғурӣ ҳамарӯза 2 соат барнома пахш мекунад. Уйғурҳо асосан дар Вилояти Худмухтори Синзян — Уйғур зиндагӣ мекунанд. Дар ин вилоят беш аз 10 миллион нафар уйғурҳо сукунат доранд.
Яъне, дар маҷмӯъ дар як шабонарӯз Радиои «Осиёи озод» барои ҶХХ 24 соат барнома пахш мекунад. Агар барномаҳои радиоро ба забони катонӣ, ки як лаҳчаи забони хитоӣ аст ва сокинони ҷанубу шарқи Хитой ба он гуфтугӯ мекунанд, ба назар гирем, пас дар як шабонарӯз барномаҳои РОС барои ин мамлакат 26 соатро ташкил мекунад.
Моҳи феврали соли 1997 ИМА тарғиботи худро ба давлати дигари Осиёи Ҷанубӣ Шарқӣ – Мянма (Бирма) шурӯъ кард. Феълан Радиои «Осиёи озод» ба забони бирмагӣ ҳамарӯза 4 соат барнома пахш мекунад. Аҳолии Мянма тақрибан ба 60 миллион нафар расида, 68 фоизашро бирмагиҳо ташкил мекунанд. Дар ин ҷо беш аз 100 миллату халқиятҳо зиндагӣ карда, забони бирмагӣ давлатӣ мебошад.
Моҳи марти ҳамон сол пахши барномаҳои радиои номбурда ба забони кореягӣ барои Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея (Кореяи Шимолӣ) оғоз шуданд. Ҳоло Радиои «Осиёи озод» ҳамарӯза барои ин кишвар 5 соат барнома пахш мекунад. Аҳолии ин кишвар ҳудуди 25,5 миллион нафар буда, қисми асосии онро кореягиҳо ташкил медиҳанд.
Моҳи августи соли 1997 пахши барномахои Радиои «Осиёи озод» барои Лаос шурӯъ шуданд. Ҳоло ба забони лаосӣ шабонарӯзе 2 соат барнома пахш карда мешавад. Аҳолии ин кишвар бештар аз 6,8 миллион нафар буда, дар он ҳудуди 70 қабилаву халқиятҳо зиндагӣ мекунанд.
Ҳамчунин моҳи сентябри соли 1997 Радиои «Осиёи озод» барои Шоҳигарии Камбоҷа ба забони кхмерӣ ба пахши барномаҳояш шурӯъ кард. Ҳоло ба ин забон ҳамарӯза 2 соат барнома шунавонида мешавад. Ба забони мазкур ҳудуди 21 миллион нафар дар Камбоҷа, Ветнам, Таиланд, Лаос, ҶХХ, ИМА, Франсия ва Австралия гуфтугӯ мекунанд.
Дар Камбоҷа ҳудуди 15,6 миллион нафар сукунат дошта, беш аз 80 фоизи аҳолиро кхемерҳо ташкил мекунанд. Ба забони кхмерӣ, ки ба оилаи австралиягиву осиёӣ дохил мешавад, қариб 96 фоизи мардум гуфтугӯ мекунанд.
Моҳи майи соли 1998 пахши барномаҳои Радиои «Осиёи озод» ба забони 9-ум – кантонӣ оғоз гардид. Ҳоло радио ҳамарӯза ба ин забон 2 соат барнома пахш мекунад. Ба забони мазкур беш аз 70 млн. нафар дар ҷануб ва шарқи Хитой аз ҷумла, дар Ҳонконг, Макао, Гуандун, Гуансӣ ва Хайнан гуфтугӯ мекунанд. Ҳамчунин донандагони ин лаҳчаи забони хитоӣ дар Ветнам, Малайзия, Индонезия, Таиланд, Сингапур, Филиппин ва дар ҷомеаи хитоиҳои кишварҳои дигари олам сукунат доранд. Дар бисёр мактабҳои Ҳонконг, Макао и Гуандун ба ин лаҳча таҳсил сурат мегирад. Ҳамчунин ин лаҳҷа дар ВАО ва муассисаҳои давлатии Макао ва Гуандун истифода мешавад.
Радиои «Осиёи озод» барои фаъолияти пурсамараш борҳо бо мукофоту ҷоизаҳо қадр гардидааст. Аз ҷумла, солҳои 2000, 2005, 20007, 2008 – бо мукофоти ҳарсолаи «Ҳуқуқи инсон», соли 2010 — бо мукофоти «Ҷасорати журналистӣ» ва ғайра мукофотонида шудааст.
Дар ҳамин ҳол ба қавли коршиносони соҳа, Радиои «Осиёи озод» на ҳамеша ахбори воқеӣ пахш мекунад. Масалан, 17 июли соли 2016 Радиои «Осиёи озод» дар такя ба «Asia Press International RFA» хабар дод, ки дар Кореяи Шимолӣ аз китобҳои дарсӣ аксҳои оилаи роҳбари давлат Кимро гирифтанд, то ки кӯдакон болои онҳо наққошӣ накунанд. Гӯё сарчашмаи онҳо 75 нусха китобҳои дарсии гуногунро дастрас кардааст ва дар ягонтои онҳо портрети Ким Ир Сен, Ким Чен Ир ва Ким Чен Ин набудааст. Вале радио дар бораи он ки шояд чунин аксҳо дар китобҳои дарсӣ, масалан, китоби математика набошад, ҳарфе нагуфт. «Воқеан, шахспарастии оилаи Кимҳо дар Кореяи Шимолӣ он қадар нест, ки дар хориҷа тавсифаш мекунанд», мегӯяд Константин Асмолов, номзади илми таърих, мутахассиси пешбари Маркази таҳқиқоти Кореяи Пажӯҳишгоҳи Шарқи Дури АУ Россия [4].
26 сентябри соли 2016 Радиои «Осиёи озод» дар бораи ба таври оммавӣ ба Кореяи Ҷанубӣ фирор кардани сокинони манотиқи марзии Кореяи Шимолӣ иттилоъ пахш кард. Ба гуфти ин расона дар ин манотиқ обхезии калон рӯй дода, симхори марзро чаппа кардааст. Дар натиҷа системаи назоратӣ аз кор мондааст ва барои фирор шароити мусоид фароҳам омадааст. Бояд гуфт, ки ҳамон вақт обхезӣ дар манотиқи шимолии мамлакат ба вуқӯъ омада буд, ки бо Кореяи Ҷанубӣ пайваст нест.
Тибқи талаботи Кодекси ахлоқии журналисти Радиои «Осиёи озод» хабарнигорони он набояд овоза ва иттилои беасосро дар барномаҳояшон ҷой диҳанд ва аз рӯи имконият бояд беш аз як сарчашмаи иттилоъро истифода баранд[12].
Агар мабодо журналисти Радиои «Осиёи озод» ба ягон хатое дар ахбор, табсира ва ё маводи дигар роҳ диҳад, бояд ҳатман онро дар ҳамон барнома ислоҳ намояд.
Баъзан дурӯғпароканиҳои Радиои «Осиёи озод» хеле соддаву ғайримантиқӣ аст. Масалан, 14 ноябри соли 2016 Радиои «Осиёи озод» дар бораи маъракаи ҷамъкунии фолгаи алюминий барои сохтани тӯрҳои махфигардӣ аз моҳворҳои ҷосусии америкоӣ дар Кореяи Шимолӣ хабар дод. Ба қавли радио мактаббачаҳо низ дар ин маърака иштирок намуда, қуттии холии сигор ҷамъ карда истодаанд, то ки фолгаи онро низ барои ин «маводи стратегӣ» истифода баранд [4].
Тибқи талаботи ахлоқии Радиои «Осиёи озод» ҳангоми инъикоси терроризм ва ифротгароӣ ё таҳдиди зӯроварӣ бояд ба табдил ёфтани радио ба пойгоҳи тарғиби чунин амалҳо роҳ дода нашавад. Вале аксаран терроризм, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ аз мавзӯъҳоеанд, ки мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорони ин расонаи америкоӣ қарор мегиранд.
Чӣ хеле ки қаблан ишора кардем, Радиои «Осиёи озод» аксаран ба мавзӯъҳои доғ таваҷҷуҳ мекунад, ки дар ин бора расонаҳои дохилии кишвар иттилои воқеӣ пахш намекунанд. Масалан, 3-юми декабри соли 2015 бахши уйғурии радиои номбурда дар такя ба пулиси маҳаллӣ дар бораи моҳи ноябр аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Чин кушта шудани 17 нафар гумонбари ҳуҷуми хунини 18-уми сентябр ба шахтаи ангишт иттилоъ дод. Аз ин шумора 7 нафар занону кӯдакон буданд [9]. Аз рӯи маълумоти расмӣ бошад, дар ин амалиёт 28 гумонбар вақти аз ғор баромадан кушта шудаанд. Воқеан, бори аввал дар бораи ҳуҷум ба шахтаи ангишт бахши уйғурии Радиои «Осиёи озод» иттилоъ дода буд.
Ҳуҷуми мазкурро ҷудоихоҳони уйғур барои фишорроварӣ ба Ҳукумати Хитой анҷом додаанд. Уйғурҳо яке аз 10 миллати сернуфуси олам мебошанд, ки давлати худро надоранд. Соли 1949, вақти ба тобеияти ҶХХ даромадани вилояти мазкур «беш аз 75 фоизи аҳолиро уйғурҳо ташкил мекарданд, хитоиҳо бошад, 7% буданд. Ҳоло бошад, бо кӯчида омадани хитоиҳо аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ шумораи уйғурҳо дар вилоят танҳо 46 фоиз аст» [11].
Поймол шудани ҳуқуқи инсон низ аз мавзӯъҳои асосии Радиои «Осиёи озод» мебошад. Махсусан, поймол шудани ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ дар барномаҳои радио чашмрас аст. «Яке аз ҷанбаҳои стратегияи ИМА нисбати Хитой истифодаи мавзӯи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои фишороварӣ мебошад, менависад маҷаллаи «Геополитика ва сиёсати ҷаҳонӣ» [1].
Бино ба хабари Радиои «Осиёи озод» дар як қатор мактабҳои Вилояти худмухтори Синзяну Уйғур, аз ҷумла, дар мактабҳои ноҳияи Инин (округи худмухтори Илӣ — Қазоқ) таҳсил ба забони қазоқӣ ва уйғурӣ манъ карда шудааст. «Истифодаи китобҳои дарсӣ ва дигар маводи омӯзишӣ ба забони уйғурӣ ва қазоқӣ бояд пурра қатъ карда шавад», омадааст дар ин хабар [3].
Дар Хитой ҳудуди 1,5 миллион қазоқҳо зиндагӣ мекунанд, ки қисми зиёдашон дар округи худмухтори Илӣ-Қазоқ сукунат доранд.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз соли 1984 дар Хитой Қонун дар бораи «Ҳуқуқ ба мухторияти этникӣ» қабул шуда буд, ки онро ҳукумат иҷро намекунад ва ҳамеша ақаллиятҳои миллӣ ба мисли қазоқҳо, уйғурҳо ва тибетиҳо зери фишори хитоиҳо қарор доранд.
10 августи соли 2018 Гэй Макдаугалл, узви Комиссияи СММ оид ба табъизи нажодӣ дар ҷаласаи ин созмон дар Женева изҳор дошт, ки 2 миллион нафар уйғурҳо ва намояндагони ақаллиятҳои мусулмон Дар Хитой дар «лагерҳои сиёсии тарбияи идеологӣ»-и Вилояти худмухтори Синзяну Уйғур нигоҳ дошта мешаванд [10].
Кодекси ахлоқии Радиои «Осиёи озод» тақозо мекунад, ки журналистон бояд дар маводу барномаҳои худ лаҳни орому беғаразонаро нигоҳ дошта, ба мубоҳиса, тарғибот ё таҳқир нисбати ҳамагуна одамон, гурӯҳҳо ва ҳукуматҳо роҳ надиҳанд.
Журналистон барои беғаразу объективӣ будан, бояд аз ягон ҳизби сиёсӣ, гурӯҳи мухолифин, ташкилоти дорои характери динии кишварҳои пахши барномаи радио вобаста набошанд ва ягон нуқтаи назари сиёсиро дастгирӣ накунанд [12]. Дар ҳамин ҳол ба қавли коршиносони соҳа, хабарнигорони Радиои «Осиёи озод» на ҳамеша меъёрҳои Кодекси ахлоқиро риоя карда, ахбори воқеӣ пахш мекунанд.
Воқеан, тарғиботи ИМА зидди Хитой ва кишвархои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ барои одамоне пешбинӣ шудааст, ки қобилияти дарккуниашон барои баҳогузории иттилои интиқодӣ паст аст. Яъне тарғибот ба мардуми авом, ки аксари аҳолии ин кишварҳоро ташкил мекунанд, равона гардидааст. Ин дар навбати худ имкон медиҳад, ки ба осонӣ ба тафаккури оммаи васеи мардум таъсир расонида шавад.

АДАБИЁТ

1. Американские неоконсерваторы лицемерно используют правозащитную проблематику против Китая:/ Мир политики. 2018. [Манбаи электронӣ] — URL: http://mirpolitiki.net/politika/amerikanskie-neokonservatory-licemerno-ispolzujut-pravozawitnuju-problematiku-protiv-kitaja-201205.html (Санаи истифодабарӣ: 22.09.2018).
2. В Камбодже журналисты Радио Свободная Азия обвинены в шпионаже:/ RFE/RL, Inc. 2018. [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.svoboda.org/a/28861119.html (Санаи истифодабарӣ: 05.06.2018).
3. В СУАР частично запрещено обучение на уйгурском и казахском языках:/Uyghur Today. 2018. [Манбаи электронӣ] — URL: http://uyghurtoday.com/2017/10/14/v-suar-chastichno-zapreshcheno-obuchenie-na-ujgurskom-i-kazahskom-yazykah/ (Санаи истифодабарӣ: 23.08.2018).
4. Как Радио «Свободная Азия» выпускает на свободу целые стаи уток:/ Inca Group «War and Peace». 2006-2017. [Манбаи электронӣ] — URL:http://www.warandpeace.ru/ru/reports/view/116843/(Санаи истифодабарӣ: 05.07.2017).
5. Муким Дж. Радио «Свобода»: ложь и правда. Монография / Джовид Муким. — Душанбе: «Деваштич», – 2005. – 181 с.
6. Муқимов М. А. Нақши ВАО дар низоми нави ҷаҳонӣ / М.А. Муқимов// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ,. — Душанбе: Сино, 2018. -№ 2 — С. 251 – 255.
7. Муқимов М. А. Ҷанги иттилоотӣ ва таъмини амнияти фазои иттилоотӣ / М.А. Муқимов// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2017.- 4/2. — С. 266.-271.
8. Муқим Ҷ. Сиёсат ва ҷанги иттилоотӣ. Монография / Ҷовид Муқим. – Душанбе: Деваштич, 2006.- 71 с.
9. Насилие в провинции Синьцзян: Есть ли у Китая проблемы с террором?:/ИА «ОБЗОР.PRESS. 2018. [Манбаи электронӣ]- https://obzor.press/press/12508-nasilie-v-provinczii-sinczzyan-est-li-u-kitaya-problemyi-s-terrorom (Санаи истифодабарӣ: 23.08.2018).
10. ООН: Китай содержит больше двух миллионов уйгуров в политических лагерях для «идеологического перевоспитания»:/ Uyghur Today. 2018. [Манбаи электронӣ]- URL: http://uyghurtoday.com/2018/08/18/oon-kitaj-soderzhit-bolshe-dvuh-millionov-ujgurov-v-politicheskih-lageryah-dlya-ideologicheskogo-perevospitaniya/ (Санаи истифодабарӣ: 20.08.2018).
11. Уйгурские исследования — обзор последних работ:/ «CAA Network» 2018. [Манбаи электронӣ] — http://inozpress.kg/news/view/id/52222 (Санаи истифодабарӣ: 15.09.2018).
12. Code of Journalistic Ethics:/ RFA. 2018. [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.rfa.org/about/info/codeofethics.html (Санаи истифодабарӣ: 28.09.2018).
13. Google blames China’s ‘great firewall’ for outage:/ CNN. 2018. [Манбаи электронӣ] — URL: https://money.cnn.com/2010/03/30/technology/google_china/ (Санаи истифодабарӣ: 15.07.2018).
14. Mission:/RFA. 2018. [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.rfa.org/about/info/mission-08272007132826.html (Санаи истифодабарӣ: 27.09.2018).
15. 15th Anniversary Resolution:/ RFA. 2018. [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.rfa.org/about/info/15th-anniversary-resolution.html (Санаи истифодабарӣ: 25.09.2018).

Оставьте комментарий