МЕДИАИ НАВ ВА ТАРҒИБОТ



УДК 07 (047.6):(055).(575.3)
МЕДИАИ НАВ ВА ТАРҒИБОТ

Муқимов М. А.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ҳеҷ гоҳ одамон чун имрӯза ин қадар зиёд дастрасӣ ба иттилоъ надоштанд, ки Интернет муҳайё кардааст. Хонандагону бинандагон ва шунавандагон дар бораи воқеаҳо он қадар иттилоъ доранд, ки ҳамон қадар донистан мехоҳанд.
Бо пайдоиш ва ташаккули воситаҳои нави иттилоърасонӣ тарғиботи ҳадафноки кишварҳои абарқудрат нисбати ҳарифони сиёсии худ аз ВАО-и урфӣ ба медиаи нав — шабакаҳои иҷтимоӣ гузашт. Зеро имрӯз бо рушди Интернет қисми зиёди аҳолии фаъоли дунё рӯ ба шабакаҳои иҷтимоӣ овардаанд.
Воқеан ҳам, аз пайдоиши шабакаҳои иҷтимоӣ муҳлати зиёде нагузашта бошад ҳам, онҳо дар муддати кӯтоҳ манбаъҳои урфии иттилоотиро паси худ гузошта, ба маъруфтарин сарчашмаи пахшу дастрасии иттилоъ табдил ёфтанд. Аввалин шабакаи иҷтимоӣ «SixDegrees.com» соли 1997 ба вуҷуд омада, соли 2001 қариб 1 миллион нафар муштарӣ дошт. Маъруфтарин ва сермуштаритарин шабакаи иҷтимоӣ – «Фейсбук» бошад, 4 феврали соли 2004 аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи Гарвард Марк Цукерберг ва ҳамхонаҳояш Эдуардо Саверин, Дастин Московитс ва Крис Хюз таъсис ёфтааст. Замимаи феълан машҳури он — «Instagram»-ро Кевин Систр ва Майк Кригер аз Сан-Франциско 6 октябри соли 2010 роҳандозӣ намуданд, ки барои табодули аксу видео ва аҷзои шабакаи иҷтимоӣ истифода мешавад. Сервиси мазкур барои аксу наворбардорӣ ва пахши онҳо қулай аст. Аз соли 2012«Instagram» ба «Facebook» тааллуқ дорад.
Аз рӯи маълумоти ҳисоботи «Global Digital Report» шумораи истифодабарандагони Интернет дар аввали соли 2018 ба 4,021 млрд. нафар расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 фоиз бештар аст. Аудиторияи шабакаҳои иҷтимоӣ бошад, 3,196 млрд. нафарро ташкил дод, ки ин нисбати соли пешина 13 фоиз зиёд мебошад.
Теъдоди истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ бошад, дар аввали соли 2018 дар дунё 5,135 млрд. нафар буд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 фоиз афзудааст [15].
Бино ба маълумоти расмӣ то августи соли 2017 дар Тоҷикистон истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 7,3 миллион муштариро ташкил дод [18]. Албатта, дар асл ин нишондиҳанда камтар аст, зеро як нафар муштарӣ 2-3 ва аз ин ҳам бештар симкорт дорад.
Аз рӯи ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ, ки 13 июни соли 2017 дар Душанбе муаррифӣ гардид, ҳамагӣ 17 фоизи аҳолии Тоҷикистон ба Интернет дастрасии доимӣ доранд [2].
Ин тақрибан ба 1,5 млн. нафар баробар аст. Дар ҳамин ҳол Ҷ. Маҷидзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар як ҷаласаи порлумон 7 июни соли 2017 шумораи истифодабарандагони Интернетро дар ҷумҳурӣ 3 млн. нафар гуфта буд [11]. Ба назари мо, нишондиҳандаи Бонки ҷаҳонӣ ба воқеият наздик аст, зеро қимати Интернет дар Тоҷикистон хеле гарон аст ва на ҳама қудрати харидории доимии онро доранд.
То ба ҳанӯз пажӯҳиши густурдае дар бораи теъдоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва маъруфияти онҳо дар Тоҷикистон гузаронида нашудааст. Вале ба маълумоти пажӯҳишии коршиноси медиаи нав Рустам Гулов истифодабарандагони «Facebook» дар Тоҷикистон ҳудуди 7 фоизи корбарони Интернетро ташкил медиҳанд, ки ин ба 193 ҳазор нафар баробар аст [1]. 75 фоизи корбарони Фейсбук дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он сукунат доштаанд. Фейсбук дар Тоҷикистон бештар байни мардон маъруф буда, 140 ҳазор нафар дар он аккаунти худро кушодаанд.


Солҳои охир шумораи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути воситаҳои мобилӣ афзуда истодааст. Масалан, дар аввали соли 2018 39 фоизи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз воситаҳои мобилӣ истифода кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз зиёд аст [15].
Дар ҳамин ҳол истифодаи компютерҳои мизӣ барои ворид шудан ба шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати соли гузашта 3 фоиз кам шудааст.
Дар Аврупои Шимолӣ, Ғарбӣ ва Ҷанубӣ ҳамчунин Америкаи Шимолӣ аз 74 то 94 фоиз, дар Русия 76 фоизи аҳолӣ аз Интернет истифода мебаранд. Аз ҳама бештар истифодабарандагони Интернет дар Арабистони Саудӣ афзудааст. Аз январи соли 2017 теъдоди истифодабарандагони Интернет 32 фоиз зиёд шудааст. Ҳол он ки шумораи истифодабарандагони Интернет дар ҷаҳон ҳамагӣ 13 фоиз афзудааст.
Аз ҳисоботи «GlobalWebIndex» бармеояд, ки сокинони Индонезия, Филиппин, Мексика, Ҳиндустон ва Бразилия ба даҳгонаи муштариёни фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ шомиланд, ки нисбат ба ИМА, Британияи Кабир ва мамолики Аврупо бештар аст [15].
«Facebook» яке аз шабакаҳои машҳури иҷтимоӣ маҳсуб шуда, дар як моҳ беш аз 2 млрд. нафар муштариёни фаъол дорад. Ҳоло дар зинаи дуюм бо 1,5 млрд. муштариён «YouTube» меистад. Шабакаҳои «Facebook Messenger» ва «WhatsApp» аз рӯи рейтинг дар ҷои сеюм ва чорум қарор доранд.
Пас аз ин шабакаҳо платформаҳое машҳуранд, ки қисми зиёди муштариёнашон дар манотиқи ҳавзаи Осиё ва уқёнуси Ором сукунат доранд. Шабакаҳои «QQ», «WeChat» ва «Qzone» бо беш аз 600 млн. муштарӣ аз ин ҷумла мебошанд. Баъдан дар ин манотиқ, дар ин зина шабакаҳои асосан дар Ғарб машҳур «Tumblr», «Instagram» ва «Twitter» меистанд.
Сокинони Русия нисбат ба шабакаҳои «Facebook», «Twitter» ва «Google+» бештар аз сервиси видеоии «YouTube»истифода мебаранд. Дар ҳамин ҳол аз шабакаи «Facebook» 40 фоизи муштариён пайваста дидан мекунанд.
Дар Русия воридшавӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ 47 фоизро ташкил дода, қариб 70 фоиз дар онҳо аккаунти худро доранд. Аз рӯи маълумоти «Statista» дар Русия 63 фоизи пурсидашудагон ба «YouTube», 61 фоиз «Вконтакте» ва 35 фоиз ба «Facebook» таваҷҷуҳ доранд. Дар байни мессенҷерҳо бо 38 фоиз «Skype» ва «WhatsApp» пешсафанд.
Муштариёни шабакаи иҷтимоии Русия «Одноклассники», ки соли 2007 таъсис ёфтааст, низ рӯ ба афзоиш дошта, 330 млн. нафарро ташкил мекунад. Аз рӯи маҳбубият он дар дунё дар ҷои 27-ум қарор дорад.
Чӣ тавре ки гуфтем, дар байни шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз ҳама «Facebook» ва ширкатҳои дигари тобеи он маъруфанд. Масалан, воридшавӣ ба «Facebook Messenger» 47 фоизро ташкил медиҳад ва он баъди «Facebook» дар ҷои дуюм аст. «Instagram» бошад, аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷои сеюм қарор дорад. Аз рӯи маълумоти «Pew Internet» «Facebook» аз рӯи шумораи муштариёни фаъол дар як шабонарӯз пешсаф буда, ин нишондиҳанда 76 фоизро ташкил медиҳад [15]. Нишондиҳандаи мазкур барои «Instagram» ба 51 фоиз баробар аст. Дар ҳамин ҳол муштариёни фаъоли «Twitter» 42 фоизро дар як шабонарӯз ташкил медиҳанд.
Ба ҳисоби миёна соли 2017 дар як шабонарӯз корбарони Интернет аз Филлипин — 237 дақиқа, Бразилия — 219 дақиқа, Русия-139 дақиқа, ИМА 121 дақиқа ва Япония 48 дақиқа вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарф карда буданд.
Аз се як ҳиссаи вақти худро истифодабарандагони Интернет ба шабакаҳои иҷтимоӣ масраф мекунанд. Аз ҷумла, агар ба ҳисоби миёна як муштарӣ 2 соату 15 дакиқа вақташро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузаронад, пас ҷавонони аз 16 то 24-сола қариб 3 соат вақти худро ба шабакаҳои иҷтимоӣ мебахшанд.
Аз рӯи синну сол ҳиссаи корбарони Интернет, ки аз «Фейсбук» истифода мебаранд, гуногун аст. Масалан, 89 фоизи ҷавонони 20-29-сола аз ин шабакаи иҷтимоӣ истифода мебаранд. Ҳиссаи наврасону ҷавонони 14-19 сола бошад, ба 61 фоиз баробар аст. Ҳатто 70-фоизи шахсони аз 60-сола боло корбари «Facebook» мебошанд.
Бинобар ин, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ метавон аудиторияи гуногунро новобаста ба синну сол, ҷинс, вазъи иҷтимоӣ ба худ ҷалб кард ва онҳо беҳтарин пойгоҳ барои бурдани тарғиботи ҳадафмандона мебошад.
Агар «Facebook» яке аз шабакаҳои сермуштарӣ маҳсуб шавад, пас «YouTube» аз рӯи нишондиҳандаи дидан кардан дар ҷои аввал меистад. Муштариён барои тамошои роликҳои видеоӣ маҳз ба ин шабака муроҷиат мекунанд.
Дар Руссия бештар мессенҷерҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин серверҳои табодули аксҳо аз қабили «Instagram» машҳуранд.
Солҳои охир шабакаҳои нави иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, зуд байни мардум маъруфият пайдо мекунанд. Масалан, теъдоди корбарони шабакаи иҷтимоии «Vero» аз соли таъсисаш — 2015 ба 3,5 млн. нафар расидааст. Шабакаи мазкурро миллиардери лубнонӣ Аймар Ҳарирӣ таъсис додааст. «Vero» ҳам ба мисли «Instagram» ва «Facebook» буда, махсусияти асосиаш лентаи хронологӣ ва мавҷуд набудани реклама аст. Минбаъд ҷорӣ кардани абонентпулӣ барои муштариён дар назар аст, ки ҳамагӣ чанд долларро дар як сол ташкил медиҳад.
Бо пайдо шудани технологияҳои рақамии иттилоотӣ ва глобализатсияи иттилоот ҷанги иттилоотӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифта, тавсеа ёфтааст. Ҳамакнун кишварҳои абарқудратӣ ғарбӣ нисбати рақибони худ ба мисли Русия, Хитой, Эрон ва шарикони стратегии онҳо ҷанги иттиллоотии густурда мебаранд. Албатта, ин кишварҳо низ аксуламали худро нишон медиҳанд. Аз ин ҷанги иттилоотӣ беш аз ҳама аудиторияи расонаҳо зиён мебинанд. Зеро онҳо дар гирдоби иттилоот монда, намедонанд, ки кадом хабар воқеӣ асту кадом дурӯғ ё тарғибот [6, с. 253].
То ба ҳанӯз дар ИМА ва Аврупо ба маснади президентӣ расидани Д. Трампро дар соли 2016 ба тарғиботи Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста медонанд ва нисбати ин мамлакат таҳрим ва чораҳои гугогун меандошанд.
Департаменти давлатии ИМА охири моҳи августи соли 2018 дар пойгоҳи фармоишҳои давлатӣ эълонеро ҷойгир карда, мехоҳад, ки барои ифшо кардани дурӯғи ҷониби Русия ва бурдани тарғибот дар бахши русии шабакаҳои иҷтимоӣ умуреро таъсис диҳад [16].
ИМА тавассути ин амал мехоҳад бо истифода аз блогерҳои русзабон ба манфиати худ тарғибот бурда, ба афкори омма таъсир расонад. Албатта, барои ин кор ба блогерҳо хидматпулии хуб пардохта мешавад. Шабакаҳои иҷтимоии «Twitter», «Facebook», «YouTube», «Telegram» ва ғайра ҳамчун воситаҳои асосии бурдани ҷанги иттилоотӣ истифода хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол маъмурияти баъзе аз шабакаҳои иҷтимоии ИМА аккаунтҳои машҳурро, ки муҳтавояшон ба сиёсати ИМА мувофиқат намекунад, таҳти сонсур қарор дода, баъзеашонро маҳкам мекунанд. Аз ҷумла, «Facebook» ва «Twitter» аллакай садҳо аккаунтҳои «номувофиқ»-ро бастанд.
Ба қавли муовини директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои стратегӣ ва пешгӯиҳои Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия Никита Данюк ИМА танҳо дар солҳои 2015 — 2018 барои бурдани ҷанги иттилоотӣ дар Русия беш аз 80 млн. доллар сарф кардааст. Барои дастгирии иттилоотии табадулоти давлатии Украина дар солҳои 2011 – 2015 бошад, беш аз 40 млн. доллар равона шудааст [22].
Бояд гуфт, ки кишварҳои абарқудрат барои бурдани тарғиботи ҳадафнок нисбати рақибони худ аз ВАО-и ин кишварҳо низ ба манфиати худ истифода мекунад. Барои амалӣ сохтани ин ҳадаф расонаҳои мазкур тавассути бурсияҳои гуногун маблағгузорӣ карда мешаванд. Ҳамчунин кормандони алоҳидаи ба онҳо «содиқ»-и ин расонаҳоро бо ҳар роҳу восита ҳавасманд мекунанд.
Ба қавли «Правда.Ру» Конгресси ИМА лоиҳаи қонунеро пешниҳод карда буд, ки барои маблағгузории барномаҳои байналхалқии Департаменти давлатӣ ҷудо кардани 5,4 млрд. долларро дар соли 2018 дар назар дошт [22].
Дар ҳамин ҳол ИМА аз ҷумлаи кишварҳоест, ки тавассути дастгоҳҳои тарғиботиаш ба мисли Телевизион ва радиои «Садои Америка», Телевизиони «Ал-Ҳурра», Радиои «Сава» (барои кишварҳои Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ), Радио ва телевизиони Мартӣ (барои Куба), Радиои «Аврупои озод»/«Озодӣ», Радиои «Осиёи озод» ба 61 забони миллӣ ва ба 125 кишвари дунё ҷанги иттилоотии густурда мебарад [7, с. 267].
Ба гуфти Н. Данюк солҳои охир эътимоди муштариён ба расонаҳои тарғиботии ИМА коҳиш ёфтааст. Масалан, дар ҳисоботи соли 2017-и Шӯрои идораи масоили пахши барномаҳои ИМА (BBG — Broadcasting Board of Governors.) омадааст, ки теъдоди нафароне, ки ба барномаҳои иттилоотии расонаҳои BBG бовар доранд, аз 91,9 фоизи соли 2013 то 67,2 фоиз дар соли 2016 поин рафтааст [22]. Воқеан, 22-юми августи соли 2018 ташкилоти мазкур номашро ба USAGM – Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ иваз кард.
Барои ҳамин ҳам, барои нигоҳ доштани таъсири худ дар фазои иттилоотии рақибон кишварҳои ғарбӣ ба воситаҳои нав ва муассири тарғиботӣ — шабакаҳои иҷтимоӣ такя мекунанд. Платформаҳои мазкур имконият медиҳанд, ки дар онҳо дар баробари матну акс, маводи чандрасонаӣ истифода шавад.
Масалан, дар «Instagram», ки аввали моҳи июни соли 2018 муштариёраш дар як моҳ ба 1 млрд. нафар расид, функсияи IGTV фаъол аст. Функсияи мазкур имконият медиҳад, ки дар «Instagram» видеоролики ҳаҷмаш то 60 дақиқа ҷойгир карда шавад.
Бо истифода аз имконияти мазкур собиқ муҳаррири Телевизиони «ОТВ-Прим»-и Владивосток Геннадий Шулга дар шабакаи «Instagram» Телевизиони «Newsbox24»-ро таъсис додааст, ки обуначиёнаш 142 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Ин теъдод ба қариб чоряки аҳолии шаҳри Владивосток баробар аст [14]. Муштариёни телевизиони мазкур ахборро тавассути телефонҳои мобилӣ тамошо мекунанд. Зеро ҷавонон аксаран иттилоъро бо телефон аз шабакаҳои иҷтимоӣ мегиранд.
Шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳалли баъзе масъалаҳо метавонад кумак бикунад. Зеро расонаӣ шудани ин проблемаҳо масъулонро водор мекунад, ки чорае биандешанд. Масалан, Радиои «Озодӣ» мегӯяд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар озод кардани журналисти тоҷик Хайрулло Мирсаидов, ки моҳи июли соли 2018 ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, мусоидат кардааст. Дар Интернет бо номи «Озодӣ ба Хайрулло» маъракае созмон дода шуд. Ҳамчунин дӯсти ӯ, журналист ва филмсоз Майкл Андерсон ба “амалиёт”-и озодии Хайрулло дар “Твиттер” шуруъ кард [10].
Эҳтимол чунин фишори маҷозӣ сабаб шуд, ки Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 15-уми август ба бозбинии парвандаи Хайрулло Мирсаидов оғоз кард ва ӯ 22-юми август озод шуд, менависад сомонаи Радиои «Озодӣ». ак брендам взмодействовать с ауСолҳои охир шабакаҳои иҷтимоӣ ҳадафмандона барои паҳн кардани хабарҳои дурӯғин ва тарғибот аз ҷониби мақомоти вижаи давлатҳо, аҳзоби сиёсӣ, гурӯҳҳои ҷинояткор ва ҳатто шахсони алоҳидаи манфиатдор истифода мешаванд. Барои ин амал дар «Facebook» ё «Twitter» аккаунт кушода мешавад, ки онро чанд нафар аз номи гурӯҳи пеш номаълуми сиёсӣ идора мекунанд. Ҳатто онро метавонад, ки як нафар роҳандозӣ намояд. Хабари пахшкардаи онҳоро баъзе расонаҳо чун сарчашмаи мӯътамади иттилоъ истифода мебаранд. Дар натиҷа чунин хабарҳои дурӯғин тавассути хабаргузориҳои маъруф бознашр гардида, дар тамоми олам паҳн мешаванд. Роҳбарони баъзе давлатҳо чунин хабарҳоро ҳадафмандона ба манфиати худ истифода карда, тасмими сиёсӣ мегиранд.
Ба қавли вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Ҷӯрахон Маҷидзода 80 фоизи корбарони Интернет дар Тоҷикистон ба сомонаҳои номатлуб дастрасӣ доранд. Онҳо ҳамарӯза метавонанд ба 90 ҳазор иттилоъ аз созмонҳои ифротиву террористӣ дар бораи ҳамроҳ шудан ба сафи онҳо дастрасӣ дошта бошанд [11].
Ҳамин буд, ки соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» тағйирот ворид карда шуд. Ин амал ба ҷустуҷӯи ифротгароёну террористон тавассути Интернет равона шудааст.

Соли 2016 Додситонии Мюнхен нисбати асосгузори «Facebook» Марк Сукерберг барои наандешидани чораи зарурӣ барои лағв кардани маводе, ки бадбинӣ бармеангезад ва даъвати зӯроварӣ дорад, тафтишот оғоз кард [3]. Ба иттилои вазири адлияи Олмон Хейко Маас «Facebook» камтар аз нисфи маводеро, ки аз онҳо муштариён шикоят мекунанд, лағв менамояд.
Ба иттилои қаринаи электронии рӯзномаи «The New York Times» шабакаи иҷтимоии «Facebook» ҳоло барномаеро таҳия кардааст, ки метавонад лентаҳои ахбори муштариёнро сонсур бикунад [20]. Дар ҳамин ҳол худи «Facebook» ба сонсур машғул намешавад. Ин корро шарикони «Facebook» дар кишварҳо амалӣ мекунанд. Ба гуфти яке аз кормандони ширкат барномаи мазкур махсус барои истифода дар Чин сохта шудааст, то ба ин васила ба бозори ин кишвар ворид бишаванд.
Қобили зикр аст, ки ҳоло мессенҷерҳо низ чун паҳнкунандаи хабарҳои дурӯғин истифода мешаванд. Масалан, аз тариқи мессенҷери маъруфи «WhatsApp» ба муштариён чунин хабарҳо фиристода мешаванд, ки асоси воқеӣ надоранд [21]. Ба ягон нафар корбари «WhatsApp» дар бораи ҳодисаи фавқулодаи дурӯғ бо сарлавҳаи «Диққат! Ин хабарро ба ҳама фиристед!» нома меояд ва аз ӯ хоҳиш карда мешавад, ки онро ба шиносону дӯстонаш фиристонад. Баъзан барои бознашри хабарҳо ба корбари мессенҷер подоше ваъда мекунанд. Ҳамчунин дар баъзе номаҳо муштарӣ тарс дода мешавад, ки агар ӯ ин хабарро паҳн накунад, ба бемории табобатнашванда гирифтор мешавад. Муштариёни зудбовар чунин номаҳоро ба шиносонашон фиристода, ба паҳн кардани хабарҳои дурӯғ мусоидат менамоянд.
Воқеан, хабарҳои дурӯғ — ин дидаву дониста паҳн кардани дезинформация дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои урфӣ ба мақсади гумроҳ кардани муштариён ба манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва ғайра мебошад.
Ректори Донишгоҳи Байкал, доктори илмҳои иқтисод, профессор А. П. Суходолов ахбори дурӯғро ба 5 намуди асосӣ ҷудо кардааст:
I. Вобаста ба таносуби иттилои боэътимод ва беэътимод.
II. Вобаста аз эътимоднокии вазъияти вақт ва ҷои баргузории ҳодиса.
III. Вобаста аз таркиби ашхоси дар хабар номбаршуда.
IV. Вобаста аз мақсади ташкил ва паҳн кардан.
V. Вобаста аз сатҳи дарки эътимоднокӣ [17].
Дар навбати худ ҳар яке аз ин намудҳо аз таркибҳои алоҳидаи ҳадафнок иборат буда, ба шаклу гунаи худ мувофиқи мақсадҳои пешбинӣ гардида истифода мешаванд.
Сарчашмаи иттилои дурӯғ ҳамеша ҳаст. Ин дар худи табиати иртиботот нуҳуфтааст, мегӯяд таҳлилгари амрикоӣ, шореҳи маҷаллаҳои «New York», «Harper’s», «Esquire» ва рӯзномаи «The New York Observer» Филип Уайсс [4].
Ба назари Андрей Кошкин, сиёсатшиноси ҳарбӣ, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва сотсиологияи Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов хабарҳои дурӯғ — ин ҷиҳати манфии ҷомеаи иттилоотӣ аст, ки дар аввал надидем. Дар байни иттилое, ки ҳамарӯза пахш мешавад, бояд ахбори дурӯғ нопадид гардад. Вале касе онҳоро махсус ва ҳадафмандона мечархонад.
Ба гуфти Андрей Кошкин, имрӯз хабарҳои дурӯғин ҳамаи проблемаҳои қабули қарори зарурии сиёсиро ҳал мекунанд. Яъне, хабарҳои дурӯғ махсус таҳия гардида, барои роҳандозии қарори муайяни сиёсӣ равона шудаанд [19].
«Facebook» муҳтавои маводи дурӯғинро шартан ба се намуд ҷудо мекунад – маълумоти сохта, аз муҳтавҳои иттилоъ гирифта шуда ва изҳороти беэътимоди матнӣ. Ба гурӯҳи аввал, сурат ва видеое дохиланд, ки тавассути монтаж сохта шудаанд. Ба гурӯхи дуюм, аксҳои воқеӣ шомиланд, ки барои идора кардани афкори омма ба онҳо зерматни нодуруст навиштаанд. Ба гурӯҳи сеюм, тасвирҳое дохил мешаванд, ки дар онҳо ахбори дурӯғ ҷойгир карда шудаанд [12].
Баъди интиқодҳо аз ҷониби муштариён «Facebook» алайҳи ахбори дурӯғ ва тарғиботӣ муборизаи густурдаеро роҳандозӣ карда истодааст.
Алгоритмҳои махсус муҳтавои сурат ва наворро пайгирӣ карда, онро аз рӯи якчанд хусусият аз қабили шарҳи корбарон, эҳтимолияти монтаж, вақти аксу наворбардорӣ ва ғайра тафтиш мекунад. Дар ҳамин ҳол коршиносони соҳа самаранокии ин амалро маҳдуд медонанд.
Президенти Франсия Эмманюэл Макрон дар оғози соли равон аз тариқи Телевизиони «France 24» изҳор дошт, ки то охири соли 2018 қонуне таҳия мекунанд, ки барои мубориза ба зидди паҳн кардани хабарҳои дурӯғ ва тарғибот дар Интернет равона шудааст [5]. Ба гуфти Эмманюэл Макрон ҳазорҳо аккаунтҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳн кардани маводи тарғиботӣ машғуланд. Шабакаҳои иҷтимоӣ бояд барои шаффофияти иттилои пахшшуда масъулият дошта бошанд ва шахсияти рекламадиҳандагону нозирони онҳоро ифшо намоянд. Тибқи чораҳои пешбинишаванда додгоҳ метавонад маъмурияти шабакаи иҷтимоӣ ва ё сомонаро уҳдадор кунад, ки маводро лағв намояд ё аккаунт ва сомонаро бандад.
Вазорати умури хориҷии Русия барои пешгирии паҳншавии хабарҳои дурӯғ тасмим дорад, ки ба Москва намояндаҳои шабакаҳои ҷаҳонии иҷтимоиро даъват карда, маҳаки муайян кардани ҳабарҳои дурӯғ ва аккаунтҳои паҳнкунандаи онҳоро таҳия намоянд. Ба қавли намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова «таҳияи системаи универсалии муайян кардани аккаунтҳои дурӯғпаҳнкунӣ бояд бо дарназардошти меъёрҳои байналхалқии эътирофгардидаи одоб, фарҳанг ва озодии сухан сохта шаванд» [13].
Бояд гуфт, ки соли 2017 ба Қонуни Федератсияи Русия «Дар бораи иттилоот, технолгияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи иттилоот тағйирот ворид карда шуд. Тибқи он моликони агрегатҳои иттилоотӣ бояд пеш аз паҳн кардан, мӯътамадии ахбори аҳамияти ҷамъиятӣ доштаро санҷанд ва дар ҳолати ба онҳо муроҷиат кардани мақомоти масъул зуд паҳн кардани чунин хабарро боз доранд.
Паҳн шудани иттилои дурӯғ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ оқибатҳои нохуш дошта, метавонад муқобилистии кишварҳои мухолифро афзун намояд ва ҳатто ба ҷанги воқеӣ биёрад. Радиои «Озодӣ» аз қавли дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг хабар дод, ки дар посух ба ҳамлаҳои киберии Русия НАТО метавонад аз банди 5-уми оинномаи эътилоф дар бораи чораҳои дастаҷамъонаи дифоӣ истифода кунад [9].
Тибқи банди 5-уми оинномаи НАТО, ҳамлаи мусаллаҳона ба як ё чанд кишвари узви он ҳамчун ҳуҷум ба тамоми аъзои паймон дониста хоҳад шуд. Аъзои НАТО моҳи декабри соли 2015 дар робита ба эҳтимоли истифодаи банди панҷум дар посух ба ҳамлаҳои киберӣ ба созиш расида буданд.
Пажӯҳиши мо собит мекунад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиботи ҳадафмандона рӯз то рӯз афзуда, Интернет ба пойгоҳи асосии ҷанги иттилоотӣ табдил ёфтааст.

АДАБИЁТ

1. Аудитория Facebook в Таджикистане составляет только 6,8% :/ ИП Гулов Р.Р. 2016 — 2018. [Манбаи электронӣ] — URL: http://alifbo.com/auditoriya-facebook-v-tadzhikistane-sostavlyaet-tolko-68/ (Санаи истифодабарӣ: 31.07.2018).
2. ВБ: Всего 17% населения в Таджикистане регулярно пользуются интернетом:/ Медиа группа «ASIA-Plus». 1997 – 2018. [Манбаи электронӣ]- URL: https://www.news.tj/news/tajikistan/economic/20170613/vsemirnii-bank-vsego-17-naseleniya-v-tadzhikistane-regulyarno-polzuyutsya-internetom (Санаи истифодабарӣ:15.06.2018).
3. В Германии начали расследование против Марка Цукерберга:/ Медиа группа «ASIA-Plus». 1997 – 2018. [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.news.tj/ru/news/world/20161105/v-germanii-nachali-rassledovanie-protiv-marka-tsukerberga (Санаи истифодабарӣ: 05.06.2018).
4. Вся правда о «фейках»:/ ООО «Правда.Ру». 1999-2018. [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.pravda.ru/society/how/defendrights/29-05-2018/1385005-fake-0/ (Санаи истифодабарӣ: 29.05.2018).
5. Макрон анонсировал план по борьбе с фейковыми новостями в интернете:/ АО Росбизнесконсалтинг. 1995–2018. [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.rbc.ru/politics/04/01/2018/5a4da40a9a79478db748fa4b?from=main Санаи истифодабарӣ: 04.01.2018).
6. Муқимов М. А. Нақши ВАО дар низоми нави ҷаҳонӣ / М.А. Муқимов// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ,. — Душанбе: Сино, 2018. -№ 2 — С. 251 – 255.
7. Муқимов М. А. Ҷанги иттилоотӣ ва таъмини амнияти фазои иттилоотӣ / М.А. Муқимов// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – Душанбе: Сино, 2017.- 4/2. — С. 266.-271.
8. Муқим Ҷ. Сиёсат ва ҷанги иттилоотӣ. Монография / Ҷовид Муқим. – Душанбе: Деваштич, 2006.- 71 с.
9. «НАТО метавонад алайҳи Русия аз банди 5-умро истифода кунад»:/ RFE/RL. Inc. 2007-2018. [Манбаи электронӣ]- URL: https://www.ozodi.org/a/29494077.html (Санаи истифодабарӣ: 17.09.2018).
10. Оё шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба Тоҷикистон адолат биоваранд?:/ RFE/RL. Inc. 2007-2018. [Манбаи электронӣ]- URL: https://www.ozodi.org/a/29452767.html (Санаи истифодабарӣ: 25.08.2018).
11. Пользователи Интернета в Таджикистане получают до 90 тыс. сообщений с экстремистским содержанием:/ ИА «Авеста». 2004–2018. [Манбаи электронӣ] — URL: http://avesta.tj/2017/06/07/polzovateli-interneta-v-tadzhikistane-poluchayut-do-90-tys-soobshhenij-s-ekstremistskim-soderzhaniem. (Санаи истифодабарӣ: 07.06. 2017).
12. Проверят все мемы: Facebook борется с «русскими троллями»:/ АО «Газета.Ру» (1999-2018) [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.gazeta.ru/tech/2018/09/14/11967433/factchecking.shtml (Санаи истифодабарӣ: 14.09.2018).
13. Россия предложила создать вакцину от фейков:/ ООО «Правда.Ру». 1999-2018. [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.pravda.ru/society/social_networks/07-09-2018/1392861-fake-0/ (Санаи истифодабарӣ: 07.09.2018)
14. Самодельные СМИ: кто и как создает новые медиа в российских регионах:/ АО Росбизнесконсалтинг. 1995–2018. [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.rbc.ru/magazine/2018/07/5b4352f39a79479859d5e6ea?from=right_5 (Санаи истифодабарӣ: 26.07.2018).
15. Социальные цеты в 2018 году: глобальное исследование:/ ООО «Твинс» 2008 – 2018. [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.web-canape.ru/business/socialnye-seti-v-2018-godu-globalnoe-issledovanie/ (Санаи истифодабарӣ: 20.03.2018).
16. США создают «диванные войска»:/ ООО «Правда.Ру». 1999-2018. [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.pravda.ru/world/northamerica/usacanada/31-08-2018/1392415-usa-0/ (Санаи истифодабарӣ: 31.08.2018).
17. Феномен «фейковых новостей» в современном медиапространстве:/ Cyberleninka. 2018. [Манбаи электронӣ] — URL: https://cyberleninka.ru/article/n/fenomen-feykovyh-novostey-v-sovremennom-mediaprostranstve (Санаи истифодабарӣ: 25.08.2018).
18. Цифровая Центральная Азия. Часть вторая: мобильные телефоны:/ Медиа группа «ASIA-Plus». 1997 – 2018. [Манбаи электронӣ] — URL: https://news.tj/ru/news/centralasia/20180330/tsifrovaya-tsentralnaya-aziya-chast-vtoraya-mobilnie-telefoni (Санаи истифодабарӣ: 20.08.2018).
19. Fake news для нужных политических решений:/ ООО «Правда.Ру». 1999-2018. [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.pravda.ru/world/04-07-2018/1387942-koshkin-0/ (Санаи истифодабарӣ: 04.07.2018).
20. NYT: Facebook разработал программы для цензурирования новостей пользователей:/Независимая газета. 1997-2018. [Манбаи электронӣ] — URL: http://www.ng.ru/news/563138.html (Санаи истифодабарӣ: 07.09.2018).
21. WhatsApp: мессенджер фейков:/ Yoki.ru. 2005-2018. [Манбаи электронӣ] — URL: http://www.yoki.ru/style/kurs/24-08-2018/466325-0/ (Санаи истифодабарӣ: 24.08.2018).
22. 80 млн долларов на «войну»: как раскручивают «майдан» в России:/ ООО «Правда.Ру». 1999-2018. [Манбаи электронӣ] — URL: https://www.pravda.ru/politics/22-09-2017/1349210-money-0/ (Санаи истифодабарӣ: 22.09.2017).

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: