Инсофу одамгарӣ



Оби радиатори сабукравам кам мешуд. Ҳеҷ иллаташро намеёфтам. Аввал гумон кардам, ки об ҷӯшида, прокладкаро сӯзондааст ва он ба картери равғани муҳаррик гузаштааст. Вале равғани муҳаррик зиёд нашуда буд. Инро Тилло, устои автосервиси деҳаи мо ҳам дида, тасдиқ кард, ки ба муҳаррик об нагузаштааст. Аз ин хурсанд, шудам, ки «ба хайр аст». Зеро агар ба муҳаррик об мегузашт, хароҷоти зиёд кардан лозим меомад.
Ӯ маслиҳат дод, ки як-ду рӯз ба радиатор об рехта гардам, маълум мешудагист, ки об куҷо мешавад. Ба ӯ гӯш дода, бо мошинам ба шаҳри Душанбе баргаштам. Ба хона расида, дидам, ки аз зери муҳаррик об чакида истодааст. Бо як нигоҳ муайян карда намешуд, ки об аз куҷо мечакад. Тахмин задам, ки об аз патрубкаи печка мечакад, вале инро дақиқ кардан мушкил буд. Аппарати турбо ва генератор барои дидан халал мерасониданд.
Як дӯстам аз ҳоли ман огоҳ шуда, гуфт, ки устои шиносашро мебинад ва бо ӯ маслиҳати таъмири сабукрави маро мекунад. Ӯ назди усто рафта, занг зад, ки устои шиносаш банд будааст ва суроғаи устои дигарро додааст. Дӯстам гуфт, ки ба назди ин усто меравад ва агар ӯ розӣ шавад, ба ман занг мезанад. Баъди чанде ӯ занг зада гуфт, ки мошинро ба поёни фабрикаи «Ширин» ба устохонае, ки дар дохили собиқ автобазаи Раёсати савдои гӯшту шир (дар замони Шӯравӣ) биёрам. Ман радиаторро аз об пур карда, ба он ҷо равон шудам. Мошинро бо суръати аз 40 км соат зиёд намерондам, то бо фишори баланд, оби радиатор рехта наравад. Дӯстам маро дар даромадгоҳи автобаза интизор буд. Мошинро назди дарвозаи бокси кушода рондам. Ин ҷо дар саҳни ҳавлӣ мошинҳои зиёде меистоданд ва касе онҳоро таъмир намекард. Даруни бокс низ муҳаррики ду мошини хориҷӣ кушода меистод ва чанд нафар он ҷо менишастанд. Умар ном усто омада сабукрави маро дид ва айбе наёфт, зеро аз мошин об намерехт. Ман муҳаррикро ба кор дароварда гардиши чархзании онро тезонидам ва об ба чакидан даромад. Умар инро дида, гуфт, ки калиди мошинро монда равем, ва бегоҳи рӯзи дигар омада мошинро гирем, ӯ онро соз мекунад.

— Об аз куҷо мечакад? — пурсидам ман.
— Ба фикрам тирезачаи блок пӯсидааст ва аз он ҷо об мечакад, — гуфт ӯ.
Арзиши хизмататон чанд сомонӣ мешавад?
-300 сомонӣ, -гуфт ӯ ва афзуд, ки қисмҳои эҳтиётиро аз худ мемонад.
— Кам намешавад? Охир таъмири муҳаррик худ чунин қимат дорад, — савдо кардам ман.
— Кораш мушкил аст, генератор ва турборо кушодан лозим аст. Худи кушодани ин қисмҳо аз 300 сомонӣ зиёд мешавад. Ман шуморо мефаҳмам, кризис аст. Барои ҳамин ҳам 250 сомонӣ диҳед, ман мошинатонро соз мекунам, — гуфт Умар.
— Нархи осмонӣ гуфта истодааст, — изҳор намудам ба дӯстам.
— Бале, хеле қимат мегӯяд, — тасдиқ кард ӯ. – Мегӯем, ки саҳар меоем, — пешниҳод кард дӯстам.
— Майлаш, саҳар биёед. Мо соати ҳашту ним ба кор меоем, — гуфт Умар.
Субҳ соати ҳафту ним ман ба устохона ҳозир шудам. Дари устохонаи Умар баста буд. Дар охири ҳамин қатор устохонаи дигаре кушода буд, ки мошинҳро ранг мекард. Ман интизори Умар истодам. Офтоб баланд шуда буд ва кас ҷои соя мекофт. Соат ҳашту ним шуд, вале аз устоҳо дарак набуд. То ин вақт чанд корафтода омаданд ва устоҳоро наёфта баргаштанд. Ҳамин вақт мӯйсафеде савори ҷипи «Лексус» омад. Бо ӯ чанд вақт чақ-чақ кардем. Ӯ гуфт, ки устоҳо ҳамсояаш мешаванд. Ин устохонаи моторист Икром аст, ки бо бародару хешовандонаш кор мекунад.
Ниҳоят соати нуҳу ним Икром бо ду шогирдаш пайдо шуд, вале аз бародараш Умар дарак набуд. Ӯ гуфт, ки Умар ҳозир меояд. Ман интизор истодам ва соати даҳу ним Умар омад. Аз ӯ пурсидам, ки оё мошинамро таъмир мекунад. Ӯ гуфт, ки 250 сомонӣ диҳам, то бегоҳ сабукравамро соз мекунад.
— Ба ин маблағ кадом корҳоро анҷом медиҳед? — пурсидам ман.
— Генератору турборо мекушоем ва агар ягон патрубка сӯрох шуда бошад, ширеш карда, соз мекунем, — гуфт ӯ.
— Хизматонаатон кам намешавад,- пусидам ман.
— Не, ба маблағи аз ин кам рост намеояд, — гуфт ӯ.
— Бекор истодаед-ку?
— Мо кор дорем, — гуфт Умар. Вале дар асл ба мушоҳидаи ман ӯ ва шариконаш бекор менишастанд.
Ман ба хулосае омадам, ки устое, ки сотати даҳу ним ба кор меояд, танбалу беҳунар аст ва кори ҳалол ҳам намекунад.
Ин мушоҳидаамро занг зада ба дӯстам гуфтам. Ӯ гуфт, ки оҳиста-оҳиста ҳаракат карда ба Ҳисор биёям, ӯ устои дигаре меёбад. Ман муҳаррикро ба кор дароварда, бо роҳи назди Раёсати БДА-и Тоҷикистон ба шаҳри Ҳисор равон шудам.
Вақте аз шаҳраки Айнӣ мегузаштам, чашмам ба автосервисе афтод. Мошинро он ҷо нигоҳ дошта, ба устохона даромадам. Дар як бокс усто Файзулло ва шогирдаш Саидалӣ бекор менишастанд.
— Аз мошинам об мечакад, таъмир мекунед, — пурсидам баъди салому ҳолпурсӣ.
— Мошинро ба дарун дароред, — гуфт Файзулло.
Ӯ мошинро дида, гуфт, ки мушкиле нест, зуд созаш мекунанд.
— Хизмататон чанд пул мешавад? — пурсидам ман.
— 50 сомонӣ диҳед, мешавад, — гуфт Файзулло.
— Ман розӣ, корро сар кунед.
Дар 15-20 дақиқа Саидалӣ бо як чобукӣ генератор ва турборо аз муҳаррик ҷудо кард. Маълум шуд, ки патрубкаи резинии печка аз ҷои хамут сӯрох шудааст.
— Ин мошинҳои хубанд, нағз нигоҳ кардан даркор. Ман камаш 10-то чунин мошинҳоро ба қисмҳо ҷудо кардаам, — гуфт Файзулло ва ҷои сӯрохшудаи патрубкаро бурида, онро аз нав ба ҷояш гузошт.
Файзуллову Саидалӣ дар 40-50 дақиқа мошини маро соз карданд. Ман 50 сомонӣ ҳаққи хизмати онҳоро дода, роҳамро идома додам ва ба дӯстам занг зада гуфтам, ки дигар усто накобад. Беҳтарин устоҳо дар шаҳраки Айнӣ будаанд.
Воқеан, аз ин мисоли овардаи ман метавон хулоса кард, ки хизматрасонӣ барои таъмири мошинҳо дар шаҳри Душанбе хеле гарон аст. Устоҳои камҳунар, вале пулпараст барои корашон нархҳои осмонӣ мегузоранд ва мизоҷон ноилоҷ ба ин розӣ мешаванд. Бинед, ки барои як кор Умар 250 сомонӣ хост ва гуфт, ки ин кори мушкилу заҳматталаби якрӯза аст. Вале устоҳои боинсоф Файзуллову Саидалӣ аз ман ҳамагӣ 50-сомонӣ гирифта дар қариб як соат мошинамро соз карданд.
Кош, сафи чунин устоҳои боисоф зиёд мешуданд!

Ҷовид Муқим

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: