Рақамивазкунӣ зарурат ва ё «бизнес»-и нав?



Шоми 15 июли соли равон як дӯстам гуфт, ки рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе кормандони БДА сабукравашро боздошта, ӯро барои рақами давлатии намунаи «РТ» доштанаш тибқи моддаи 314-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима кардаанд. Воқеан, тибқи моддаи мазкур «Барои идора кардани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунад, — ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо (100-150 сомонӣ) ҷарима таъйин карда мешавад».
Ӯ гуфт, ки қарори ҳукумат баромадааст ва бояд рақами давлатии автомобилҳо ба намунаи нави «TJ» иваз карда шаванд. Ман як рӯзи дароз навбатпоӣ карда рақами мошинамро иваз кардам, ту ҳам рақами нав бигир, маслиҳат дод, ӯ. Рӯзи дигар чанд нафари дигарро дидам, ки гуфтаҳои дӯстамро тасдиқ карданд ва онҳо низ тавсия доданд, ки рақами автомобиламро, ки «РТ» буд, иваз бикунам.
Барои дар ин бора маълумоти саҳеҳ гирифтан ба чанд шиноси ҳуқуқдонам муроҷиат кардам, касе аз онҳо дар ин бора иттилоъ надоштанд. Аз сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ эълонеро дар ин мавзӯъ пайдо кардам, ки 14 июли соли 2017 ба чунин шакл нашр шуда буд:
«Э Ъ Л О Н !!!

http://mvd.tj/index.php/tj/g-shai-e-lon-va-ozmun-o/14054-e-l-o-n-2
Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2013, №103 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, №306», шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар мӯҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста шуда, оид ба ҳар як далели идора кардани воситаи нақлиёт бо чунин шаҳодатномаи ронандагӣ нисбати ронандагон мутобиқи моддаи 336-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ татбиқ мегардад.
Ҳамчунин, мутобиқи моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995, №196 «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва моддаи 71 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи нақлиёт бо боздошт ва нигаҳдории он дар истгоҳи махсус, манъ карда мешавад.
Барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ (СТ ҶТ 1020-2013) мувофиқат намекунад, нисбати чунин ронандагон дар асоси моддаи 314-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо татбиқ карда мешавад.
Ба ронандагоне, ки воситаи нақлиётро бо шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳна ва рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ идора менамоянд, тавсия дода мешавад, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин онҳоро ба шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва рақами қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ иваз намоянд.
Барои иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва барои иваз намудани рақами қайди давлатӣ шиносномаи шахсӣ, шаҳодатномаи техникӣ ва рақами қайди давлатӣ ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА-и маҳалли ҷойи зист пешниҳод карда мешаванд.
Шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти бештар метавонанд бо телефонҳои 235-05-12, 235-04-23 ва 235-79-29 муроҷиат намоянд».

Аз эълони мазкур чандон рӯшан набуд, ки дар асоси кадом санад БДА бе муқаррар кардани муҳлати муайян ивазкунии рақамҳои давлатиро роҳандозӣ карда, ҷаримаситонӣ низ мекардааст. Барои ҳамин ҳам барои шинос шудан бо талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2013, №103 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, №306» онро аз сомонаи Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон ва сомонаи Президенти Тоҷикистон ҷӯё шудам. Мутаассифона, дар ин сомонаҳо қарори мазкурро пайдо накардам.
Субҳи 19 июл рақамҳои давлатии сабукравамро кушода бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба раёсати БДА-и ҷумҳуриявӣ, ки дар маҳаллаи 33-юми пойтахт ҷойгир аст, равон шудам.
Вақте соати 8 ба он ҷо расидам, дар саҳн ва дохили бинои шуъбаи бақайдгирӣ ва имтиҳонгирии БДА издиҳоми одамонро дидам. Ба қавле аз серодамӣ «сӯзан партоӣ, рост меистод». Базӯр аз байни одамон роҳ ёфта вориди ҳавлии шуъбаи бақайдгирӣ шудам. Дар ду тарафи ҳавлӣ ғурфаҳои зиёде ҷойгир буданд, ки ба мизоҷон хизматҳои гуногунро аз қабили навиштани ариза, додани суғурта ва ғайраро пулакӣ анҷом медоданд. Ҳамчунин дар ин ҷо, кассаи пулгирӣ барои иваз кардани рақами давлатӣ ва кассаи «Амонатбонк» барои қабули ҷаримапулӣ фаъол буданд. Дар назди ҳар ғурфа даҳҳо нафар навбат мепоиданд. Чашмам ба эълоне афтод, ки маъюбон, иштирокчиёни ҶБВ ва нафарони ба онҳо баробаркардашуда барои иваз кардани рақами давлатӣ ба ҳуҷраҳои 1, 2 ва 3 муроҷиат намоянд. Ман ҳамчун ҷанговари интернатсионалист ба ҳуҷраи рақами 1 муроҷиат кардам. Он ҷо сардори шуъбаи бақайдгириву имтиҳонот полковник Сӯҳроб Оқилзода менишаст. Ӯ ҳуҷҷатҳои маро аз назар гузаронида гуфт, ки дар паспорти техникии мошин на ҳамаи рақамҳои бордон навишта шудаанд, бинобар ин рафта онро пурра нависам. Тибқи талаботи нав бояд рақами бордон пурра навишта шавад. Пеш танҳо рақамҳои охир навишта мешуд гуфт ӯ. «Зуд баргардед, ки одам бисёр мешавад», таъкид намуд полковник. Ман ба хона омадам ва рақами бордонро навишта ба БДА баргаштам. Дар назди утоқи сардор аллакай чанд нафар навбат мепоиданд. Чун навбатам расид, ба ҳуҷра ворид шудам. С. Оқилзода ба паспорти техникӣ рақами бордонро навишта имзо кард ва ба Бахтиёр ном нафаре, ки он ҷо буд, ҳуҷҷатҳоямро дода, хоҳиш намуд, бароям ариза чоп кунад. Ба ман бошад, гуфт, ки баъди аризаро гирифтан ба касса рафта пули иваз кардани рақами давлатиро супорам ва аз шуъбаи «Шаҳри бехатар» низ гузарам. Агар ҷаримае дошта бошам, онро ба кассаи «Амонатбонк» пардохт намоям ва баъди анҷоми ин расмиёт ҳуҷҷатҳоро боз ба ӯ оварда супорам.
Дар ғуфраҳои саҳни ҳавлӣ барои чопи як ариза аз мизоҷон 5 сомонӣ мегирифтанд. Бозори онҳо гарм буд. Бахтиёр барои ман ройгон ариза чоп кард ва гуфт, ки боз ба куҷо муроҷиат бикунам. Ман ба ғуфраи пулгирӣ навбат гирифта, аз ҳозирон фаҳмидам, ки иваз кардани рақами давлатӣ ва дар баробари он паспорти техникӣ 430 сомонӣ арзиш додааст. Кассир ҳуҷҷатҳои маро дида, барои имтиёз доштанам аз ман 360 сомонӣ гирифт ва ба паси аризаам муҳр зад, ки маблағи рақамивазкунӣ пардохт карда шуд.
Баъди ин дар назди тирезачаи ҳуҷраи рақами 8, ки шуъбаи «Шаҳри бехатар» буд, ба навбат истодам. Ин ҷо одам чунон бисёр буд, наздик рафта намешуд. Тирезачаи ҳуҷра тақрибан ҳар ним соат кушода мешуд ва Дилшод ном нафаре як даста аризаи мизоҷонро ҷамъ карда мегирифт ва баъди дар компютер муқоиса кардан онро бармегардонид. Агар ронанда қоидавайронкунӣ дошта бошад, ба ӯ мегуфт, ки ҷарима супорида баргардад. Ба ронандагоне, ки ҷарима надоштанд, ба аризаашон муҳр мезаданд, ки қарздор нестанд. Баъди ин амал ронанда метавонист, ки ҳуҷҷатҳояшро барои ивазкунии рақами давлатӣ пешниҳод намояд. Дар назди тирезаи шуъбаи «Шаҳри бехатар» журналист Зулфиқори Исмоилро дидам, ки навбат меистод. Ӯ гуфт, ки ду маротиба навбат истода, ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод кардааст, вале дар аризааш нанавиштаанд, ки ҷарима дорад ва ё қарздор нест. Ҳоло ӯ дафъаи сеюм баргардонидани аризаашро интизор буд. Дар ҳамин ҳол нафарони миёнраву кормандони БДА ва шиносҳои онҳо бенавбат аз дар даромада корашонро буд мекарданд. Барои мардуми авом бошад, навбатпоӣ пеши ин тирезача азоби алим буд. Аз гармии ҳаво кас нафастанг гардида, дар як лаҳза курта аз арақи бадан тар мешуд. Баъзеҳо шӯхӣ мекарданд, ки ба саунаи бепул омадаанд. Воқеан, чунин ҳол дар назди ҳуҷраҳои дигар низ ба назар мерасид. Дар даҳлези ин бино ҳамагӣ як кондитсионер кор мекард, ки он танҳо 2-3 мураббаъ масоҳатро андаке хунук мекарду бас ва мавҷудияти он эҳсос ҳам намешуд. Баъзеҳо аз гармии тоқатфарсо ва интизории тӯлонӣ ба ҷон омада, мегуфтанд, ки кош ба миёнравҳо пули иловагӣ дода, корашонро буд мекарданд. Воқеан ҳам, аз чанд нафар шунидам, ки барои рақамивазкунӣ ба миёнравҳо 600 сомонӣ (170 сомонӣ аз андозаи муқарраршуда зиёд) ва аз ин бештар пул додаанд. Миёнравон аслан фурӯшандаҳои мағозаҳои комиссионӣ, аризанависон ва ғайра буданд, ки даста-даста ҳуҷҷатҳои мизоҷонро гирифта, худ бенавбат ҳуҷра-ба ҳуҷра гашта, рақами давлатии автомобилро иваз мекарданд.
Ниҳоят соати даҳу си дақиқа ҳуҷҷатҳои маро дар қатори дигар ҳуҷҷатҳо Дилшод гирифт ва соати ёздаҳу бист дақиқа баргардонид. Ман қоидавайронкуние надоштам ва дар аризаам муҳр меистод, ки қарздор нестам. Ман ҳуҷҷатҳоро бояд ба сардори шуъбаи бақайдгириву имтиҳонот полковник С. Оқилзода месупоридам. Назди дари кабинети сардор 5-6 нафар навбат мепоиданд. Ниҳоят навбатам расида ба ҳуҷра ворид шудам. С. Оқилзода ҳуҷҷатҳоямро гирифта дид ва онро ба ёвараш, ки сари компютер менишаст, дода гуфт, ки барои гирифтани шиносномаи техниӣ ва рақами давлатӣ омода намояд. Ӯ ба ман гуфт, ки рақамҳои куҳнаамро болои ғарами рақамҳо гузорам ва соати 6-и бегоҳ омада, рақамҳои нави давлатиамро бигирам. Ман ташаккур гуфта, аз кабинети сардор баромадам ва ба телефони дастиам назар кардам, соат 12 мешуд, вале издиҳоми одамон кам нашуда буд.
Соати панҷу ним ба БДА омадам. Дар назди тирезачаи ҳуҷраи рақамдиҳӣ нафарони зиёд навбат мепоиданд. Як нафар капитан, ки Манучеҳраш ном бурданд, дар компютер ҳуҷҷатгузорӣ мекард ва Сорбон ном шахс, ки либосҳои мулкӣ дошт, паспорти мизоҷонро гирифта, ба онҳо шиносномаи техникӣ ва рақамҳои нави автомобилро бармегардонид. Дар ин ҷо низ бозори миёнравҳо гарм буд. Баъзеҳо 4-5 рақам мегирифтанд. Бо як азобе шиносномаамро ба Сорбон дароз кардам, ӯ гуфт, ки ҳуҷатҳои ман омода нашудаанд, пагоҳ оям. Ба капитан муроҷиат кардам, ӯ ҳам гуфт, ки паспорти техникӣ ва рақами давлатии мошини ман омода нест. Боз маҷбур шудам, ки ба сардори онҳо С. Оқилзода муроҷиат кунам. Ӯ ҳам гуфт, ки агар ҳуҷҷатҳо омода набошад, пагоҳ субҳ оям. Ҳамин вақт ёвари сардор суҳбати моро шунида, гуфт, ки рақамҳои шумо омода аст. Ман худам шиносномаи техникии шуморо дидам, гуфт, ӯ. Бо супориши полковник ӯ паспорти маро гирифта ба ҳуҷраи рақамдиҳӣ даромад ва баъди 15 дақиқа шиносномаи техникӣ ва рақамҳои нави давлатии автомобиламро ба ман оварда дод. Соати қариб 7-и бегоҳ ман аз БДА берун шудам. Як рӯзи ман барои иваз кардани рақами давлатии автомобилам гузашт.
Воқеан, ҳамин рӯз соати 12:12 дар сомонаи ВКД чунин эълон пайдо шуд:

«Э Ъ Л О Н !!!
http://mvd.tj/index.php/tj/g-shai-e-lon-va-ozmun-o/14147-13-4
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки мӯҳлати иваз намудани рақамҳои қайди давлатие, ки ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ (СТ ҶТ 1020-2013) мувофиқат намекунад, то санаи 1-уми декабри соли 2017 тамдид карда мешавад…»
Суоле пайдо мешавад, ки ҳадаф аз рақамивазкуниҳо дар чист? Чаро рақами давлатие, ки БДА худ додааст, акнун ғайристандартӣ шудааст? Мардум гунаҳкор нест, ки стандарти рақамҳои давлатиро дигар кардаанд. Ин рақамҳои «РТ» низ мувофиқи стантарти давлатӣ буданд. Охир соҳибони автомобилҳо ин рақамҳоро низ харида буданд ва агар ҳукумат мехоҳад, ки рақамҳои давлатии мошинҳо иваз карда шаванд, пас мантиқан ин амал бояд ройгон анҷом дода мешуд. Дар ИМА рақамҳои давлатии мошинро шахс метавонад ба номаш барорад ва ин ҳеҷ як мушкилотро ба вуҷуд намеорад. Аз ҷониби дигар, ҳеҷ зарурате надорад, ки ҳар сари чанд вақт рақамҳои мошинҳо тағйир дода шаванд. Рақами мошинҳо ҳам ба мисли ному насаби шахс аст ва ҳеҷ зарурате нест, ки он ба «ов» ва «зода» иваз карда шаванд.
Дар ҳамин ҳол аз ин рақамивазкунӣ даҳҳо ҳазор нафар (шояд сад ҳазор нафар рақамҳои куҳна дошта бошанд) соҳибони автомобил зарари моддӣ ва маънавӣ мебинанд. 430 сомонӣ, ки ба рақамивазкунӣ масраф мешавад, пули кам нест. Он аз маоши ҳадди ақал, ки 400 сомонӣ мебошад, зиёд аст. Ба ин роҳпулии аҳолии деҳотро, ки ба маркази ноҳия мераванд, ҳисоб кунем, аз 500 сомонӣ ҳам меафзояд ва ин аз маоши як муаллими деҳот зиёд аст. Аксари нафақахӯрон бошанд, 250 сомонӣ нафақа мегиранд. Онҳо маблағи иваз кардани рақами мошинашонро надоранд. Аз ҷониби дигар, нафақахӯрон ва нафарони камбизоат сабукравҳои замони шӯравӣ доранд. Онҳо чӣ бикунанд, вақте нархи сабукравашон баробари иваз кардани рақами давлатӣ аст?
Суоле пеш меояд, чаро ҳар тасмиме, ки мансабдорон пеш мегиранд, ба ҷои беҳбуди зиндагии мардум мушкилоти шаҳрвандонро афзун мекунад?! Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои беҳбудии зиндагии мардум ва коҳиш додани камбизоатӣ равона шудааст. Магар рақамивазкунии автомобилҳо хароҷоти зиёдатие нест, ки ба буҷаи оилаҳои камбизоат таъсири манфӣ мерасонад?!

Ҷовид Муқим

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: