ИСРОФКОРӢ ҲАРОМ АСТ!



Ба қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол гузашт ва он то андозае пеши исрофкориро гирифта, ҳангоми барпо намудани ҷашну маросимҳо ба сарфаю сариштакорӣ мусоидат намуд. Аз таҷрибаи ин солҳо бармеояд, ҳанӯз ҳам анъана ва маросимҳое ҳастанд, ки танзим мехоҳанд.
Масалан, Иди Фитри гузашта бори дигар собит кард, ки аксари мардуми мо ҳоло ҳам зоҳирпарастӣ карда, дастархони пурдабдаба меороянд ва ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Ҳол он ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба муносибати Иди саиди Фитр аз ҷумла иброз намуда буданд, ки «… дар рӯзи ид ҳангоми оростани дастурхони идона ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд ва фаромӯш накунанд, ки хоксориву сариштакорӣ яке аз хислатҳои беҳтарини мардуми мо буда, ба зиёд шудани хайру баракат дар ҳар хонадон мусоидат мекунад».
Ашхоси доро метавонад дастархони пурдабдаба биорояд, вале мардуми нодор ҳам худро ба онҳо баробар карда, барои дастархони идона охирин маблағашонро масраф мекунанд ва баъд то ба даст овардани маош азоби бепулӣ мекашанд.
Шояд ҳамагон шоҳиди он шуда бошанд, ки дар баъзе маҳалҳо хонаводаҳо чанд дастархони идона меороянд. Дар меҳмонхона барои мардон, дар хонаи дигар барои занон ва боз дастархон барои ҷавонону духтарон густурда мешавад. Одат шудааст, ки мардон ва ҷавонону наврасон алоҳида баъди намози ид хона ба хона мегарданд ва гӯё фотиҳа мехонанд. Баъди нисфирӯзӣ ё рӯзи дуюми ид навбати занону духтарон мерасад. Албатта, як нафар наметавонад, ки агар даҳ хона гашта бошад, дар ҳама ҷо ғизо хӯрад. Анвои дастархон дар рӯзи гармо то бегоҳ вайрону исроф мешавад.
Бояд гӯям, ки дар баъзе маҳаллаҳои мардуми бумии водии Ҳисор ва Айниву Панҷакент дар рӯзи ид хона ба хона гаштан роиҷ нест. Мардум барои фотеҳахонӣ ба хонаи азодор як рӯз қабл аз ид мераванд ва барои ин ягон хел дастархони пурдабдаба густурда намешавад. Рӯзи ид бошад, ба хонаи падару модар, хоҳару бародар ва дигар хешони наздик мераванд. Яъне идро дар доираи оила ҷашн мегиранд.
Солҳои кӯдакиву наврасии мо дар деҳаҳое, ки мардуми бумии Ҳисор зиндагӣ мекарданд, идгардаки кӯдакон набуд. Яъне кӯдакон халта гирифта, дар ба дар намегаштанд ва байни худ мусобиқа намекарданд: «кӣ бештар сақич ҷамъ мекунад». Дар он солҳо кӯдакон танҳо ба хонаи хешовандони наздикашон идгардак мерафтанд ва соҳибхонаҳо онҳоро хуш истиқбол мекарданд. Дар рӯзи иди гузашта ба чашми худ дидам, ки дар деҳаи мо идгардаки кӯдакон роиҷ гашта, имсол нисбати соли гузашта теъдоди кӯдакони халтабадаст бештар шудааст. Дӯстонам аз шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ мегӯянд, ки ин амал дар зодгоҳи онҳо анъана нест ва онро ба Душанбе омада, дидаанд.

Ин нуқотро ба назар гирифта, пешниҳод мекунем, ки ба моддаи 7-уми Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки «Ҷашнҳои расмӣ» ном дорад, чунин илова карда шавад:
«Дар Иди Фитр ва дигар идҳо хона ба хона гашта, идгардак кардани занону мардон, ҷавонону духтарон ва кӯдакон ба ғайр аз хонаводаи хешовандон манъ аст».
Маросимҳои дафну азодорӣ низ дар Тоҷикистон аз маъракаҳои серхарҷ маҳсуб мешавад. Баъди қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» то андозае ин маъракаҳо ба танзим даромаданд, вале амалия нишон медиҳад, ки тадбирҳои дар моддаи 11-уми қонун зикргардида таҷдиди назар мехоҳанд. Зеро баъзе сарватмандон дар оши чил ё сол ончунон дастархон меороянд, ки болои миз ба ғайр аз шири мурғу шароб дигар анвои гуногуни ғизоро метавон дид.
Дар ҳамин ҳол, то он ҷое, ки мо медонем, дар кишварҳои исломӣ чун Эрону Арабистон дар маросимҳои дафну азодорӣ ба иштирокчиён ягон таъом дода намешавад. Аз ҷониби дигар, маросими дафну азодорӣ тӯй ё хурсандӣ нест, ки он ҷо ғизо бихӯрӣ. Воқеан ҳам, вақте ҷигарбанди азодор фавтидааст ва мардум дар ин маърака ғизо мехӯранд, худ аз рӯи одобу одамгарӣ нест.
Тибқи муқаррароти моддаи 11-уми Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маросими «чил» ба таври ихтиёрӣ бо иштироки то 80 нафар бо додани як таъом, маросими «сол» ба таври ихтиёрӣ бо иштироки то 100 нафар бо додани як таъом гузаронида мешавад. Бояд гуфт, ки ба маросими «чил» ва «сол» чандин маротиба аз ин меъёр зиёдтар одамон меоянд. Агар шахси фавтида одами машҳуру баобрӯ бошад ва ё хешони мансабдор ва серпул дошта бошад, шумораи иштирокчиёни ин маъракаҳо аз ҳазор нафар ҳам бештар мегардад. Дар ин ҳол наметавон ба 80 ё 100 нафар таъом доду дигаронро «танзим» гуфта, ба маърака (фотиҳа) роҳ надод.
Барои ҳалли ин масъала пешниҳод мекунем, ки моддаи 11-уми қонуни мавҷуда ба ин шакл таҳриру илова шавад:
«Моддаи 11. Маросимҳои дафну азодорӣ
Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.
Маросими «се» «чил» ва «сол» бе густурдани дастархон ва додани таъом гузаронида мешавад.
Шахсони азодор метавонанд маросими «сол»-ро ба таври ихтиёрӣ бо додани як пиёла чой
дар моҳи шарифи Рамазон, рӯзи иди Қурбон ва вақти дигаре, ки ба баргузории соли фавтида мувофиқат мекунад, гузаронанд.
Дар маросимҳои дафну азодорӣ ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ», ҳамчунин додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй манъ аст».
Дар воқеъ, чӣ хеле ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба муносибати Иди саиди Фитр гуфтанд: «Маблағҳои аз маъракаву чорабиниҳои серхароҷоту нодаркор сарфашударо пеш аз ҳама, барои бартараф кардани камбудиҳои рӯзгор, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва таълиму тарбияи фарзандон, ки ояндаи мо мебошанд, сарф кардан ё дасти дармондаву муҳтоҷеро гирифтан айни савоб аст».
Чӣ тавре ки дар боло зикр кардем, ҳаёт худ тақозо менамояд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷдиди назар карда шавад, то ки хароҷоти беҳудаи мардум кам гардад. Ин амал дар навбати худ ба коҳиши камбизоатӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Ҷовид Муқим

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: