Archive for 01.07.2017

ИСРОФКОРӢ ҲАРОМ АСТ!



Ба қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол гузашт ва он то андозае пеши исрофкориро гирифта, ҳангоми барпо намудани ҷашну маросимҳо ба сарфаю сариштакорӣ мусоидат намуд. Аз таҷрибаи ин солҳо бармеояд, ҳанӯз ҳам анъана ва маросимҳое ҳастанд, ки танзим мехоҳанд.
Масалан, Иди Фитри гузашта бори дигар собит кард, ки аксари мардуми мо ҳоло ҳам зоҳирпарастӣ карда, дастархони пурдабдаба меороянд ва ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Ҳол он ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба муносибати Иди саиди Фитр аз ҷумла иброз намуда буданд, ки «… дар рӯзи ид ҳангоми оростани дастурхони идона ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд ва фаромӯш накунанд, ки хоксориву сариштакорӣ яке аз хислатҳои беҳтарини мардуми мо буда, ба зиёд шудани хайру баракат дар ҳар хонадон мусоидат мекунад».
Ашхоси доро метавонад дастархони пурдабдаба биорояд, вале мардуми нодор ҳам худро ба онҳо баробар карда, барои дастархони идона охирин маблағашонро масраф мекунанд ва баъд то ба даст овардани маош азоби бепулӣ мекашанд.
Шояд ҳамагон шоҳиди он шуда бошанд, ки дар баъзе маҳалҳо хонаводаҳо чанд дастархони идона меороянд. Дар меҳмонхона барои мардон, дар хонаи дигар барои занон ва боз дастархон барои ҷавонону духтарон густурда мешавад. Одат шудааст, ки мардон ва ҷавонону наврасон алоҳида баъди намози ид хона ба хона мегарданд ва гӯё фотиҳа мехонанд. Баъди нисфирӯзӣ ё рӯзи дуюми ид навбати занону духтарон мерасад. Албатта, як нафар наметавонад, ки агар даҳ хона гашта бошад, дар ҳама ҷо ғизо хӯрад. Анвои дастархон дар рӯзи гармо то бегоҳ вайрону исроф мешавад.
Бояд гӯям, ки дар баъзе маҳаллаҳои мардуми бумии водии Ҳисор ва Айниву Панҷакент дар рӯзи ид хона ба хона гаштан роиҷ нест. Мардум барои фотеҳахонӣ ба хонаи азодор як рӯз қабл аз ид мераванд ва барои ин ягон хел дастархони пурдабдаба густурда намешавад. Рӯзи ид бошад, ба хонаи падару модар, хоҳару бародар ва дигар хешони наздик мераванд. Яъне идро дар доираи оила ҷашн мегиранд.
Солҳои кӯдакиву наврасии мо дар деҳаҳое, ки мардуми бумии Ҳисор зиндагӣ мекарданд, идгардаки кӯдакон набуд. Яъне кӯдакон халта гирифта, дар ба дар намегаштанд ва байни худ мусобиқа намекарданд: «кӣ бештар сақич ҷамъ мекунад». Дар он солҳо кӯдакон танҳо ба хонаи хешовандони наздикашон идгардак мерафтанд ва соҳибхонаҳо онҳоро хуш истиқбол мекарданд. Дар рӯзи иди гузашта ба чашми худ дидам, ки дар деҳаи мо идгардаки кӯдакон роиҷ гашта, имсол нисбати соли гузашта теъдоди кӯдакони халтабадаст бештар шудааст. Дӯстонам аз шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ мегӯянд, ки ин амал дар зодгоҳи онҳо анъана нест ва онро ба Душанбе омада, дидаанд.
Читать далее

Реклама