Archive for Июль 2017

Ку ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ?



Пеш аз оғози мавзӯи мазкур латифаи халқие ба ёдам расид, ки чунин аст:
Дар давраи авҷи ҷанги шаҳрвандӣ ҷавоне бо тайёра аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд омадааст. Ӯ пеш аз парвоз аз ошхонае хӯроки шабмонда хӯрда будааст, ки ишкамаш тоб додааст. Ҷавон то аз тайёра фаромадан базӯр тоқат кардааст. Чун ӯ аз тайёра поин шудааст, банди эзораш дар даст ба ҷустуҷӯи ҳоҷатхона даромадааст. Ниҳоят ҷавон посбони фурудгоҳро дида, пурсидааст:
— Бобо ишкамам тоб дода истодааст, дар куҷо дашт кунам?
— Ҳамин ҷо кардан гир, фурудгоҳ дашти калон аст, — маслиҳат додааст мӯйсафед.
— Не айб аст, ин ҷо одамон гашта истодаанд, — гуфтааст ҷавон.
— Душанберо дашт кардед, шарматон наомад? Дашт кардан гир, писарам, — гуфтааст ба ҷиддӣ мӯйсафеди хуҷандӣ.

Дар суҳбате як нафар, ки аз Ҳиндустон баргашта буд, хотираҳои сафарашро аз ин кишвари афсонавӣ ба ваҷд нақл мекард. Яке аз ҳозирин аз лаҳзае хомӯш мондани суҳбаторо истифода карда, аз ӯ пурсид: «Ба наздикӣ аз телевизиони Русия барномаеро оид ба Ҳиндустон тамошо кардам. Дар навор дидам, ки мардум дар кӯча қазои ҳоҷат мекунанд, оё ин воқеият дорад?».
— Бале, дуруст аст. Ман ҳам инро дидам, — тасдиқ намуд ноқил бо таассуф.
— Мардуми бефарҳанг будаанд, — луқма партофт яке.
— Тамаддуни онҳо аз мо ҳам пешрафта аст, — гуфт дигаре ва афзуд: — Агар вазъ чунин идома ёбад, дар Душанбе ҳам мардум ба қазои ҳоҷат кардан дар кӯча одат мекунанд. Кадоме аз шумо ягон ҳоҷатхонаи ройгони ҷамъиятиро дар пойтахт медонед? – суол кард ӯ.
— Пеш, дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар бозору паркҳо ва хиёбону гулгаштҳои серодам ҳоҷатхонаҳои бепул буданд, — гуфт яке.
— Ҳозир чӣ?- боз пурсид ӯ.
Читать далее

Реклама

Инсофу одамгарӣ



Оби радиатори сабукравам кам мешуд. Ҳеҷ иллаташро намеёфтам. Аввал гумон кардам, ки об ҷӯшида, прокладкаро сӯзондааст ва он ба картери равғани муҳаррик гузаштааст. Вале равғани муҳаррик зиёд нашуда буд. Инро Тилло, устои автосервиси деҳаи мо ҳам дида, тасдиқ кард, ки ба муҳаррик об нагузаштааст. Аз ин хурсанд, шудам, ки «ба хайр аст». Зеро агар ба муҳаррик об мегузашт, хароҷоти зиёд кардан лозим меомад.
Ӯ маслиҳат дод, ки як-ду рӯз ба радиатор об рехта гардам, маълум мешудагист, ки об куҷо мешавад. Ба ӯ гӯш дода, бо мошинам ба шаҳри Душанбе баргаштам. Ба хона расида, дидам, ки аз зери муҳаррик об чакида истодааст. Бо як нигоҳ муайян карда намешуд, ки об аз куҷо мечакад. Тахмин задам, ки об аз патрубкаи печка мечакад, вале инро дақиқ кардан мушкил буд. Аппарати турбо ва генератор барои дидан халал мерасониданд.
Як дӯстам аз ҳоли ман огоҳ шуда, гуфт, ки устои шиносашро мебинад ва бо ӯ маслиҳати таъмири сабукрави маро мекунад. Ӯ назди усто рафта, занг зад, ки устои шиносаш банд будааст ва суроғаи устои дигарро додааст. Дӯстам гуфт, ки ба назди ин усто меравад ва агар ӯ розӣ шавад, ба ман занг мезанад. Баъди чанде ӯ занг зада гуфт, ки мошинро ба поёни фабрикаи «Ширин» ба устохонае, ки дар дохили собиқ автобазаи Раёсати савдои гӯшту шир (дар замони Шӯравӣ) биёрам. Ман радиаторро аз об пур карда, ба он ҷо равон шудам. Мошинро бо суръати аз 40 км соат зиёд намерондам, то бо фишори баланд, оби радиатор рехта наравад. Дӯстам маро дар даромадгоҳи автобаза интизор буд. Мошинро назди дарвозаи бокси кушода рондам. Ин ҷо дар саҳни ҳавлӣ мошинҳои зиёде меистоданд ва касе онҳоро таъмир намекард. Даруни бокс низ муҳаррики ду мошини хориҷӣ кушода меистод ва чанд нафар он ҷо менишастанд. Умар ном усто омада сабукрави маро дид ва айбе наёфт, зеро аз мошин об намерехт. Ман муҳаррикро ба кор дароварда гардиши чархзании онро тезонидам ва об ба чакидан даромад. Умар инро дида, гуфт, ки калиди мошинро монда равем, ва бегоҳи рӯзи дигар омада мошинро гирем, ӯ онро соз мекунад. Читать далее

Рақамивазкунӣ зарурат ва ё «бизнес»-и нав?



Шоми 15 июли соли равон як дӯстам гуфт, ки рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе кормандони БДА сабукравашро боздошта, ӯро барои рақами давлатии намунаи «РТ» доштанаш тибқи моддаи 314-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима кардаанд. Воқеан, тибқи моддаи мазкур «Барои идора кардани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунад, — ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо (100-150 сомонӣ) ҷарима таъйин карда мешавад».
Ӯ гуфт, ки қарори ҳукумат баромадааст ва бояд рақами давлатии автомобилҳо ба намунаи нави «TJ» иваз карда шаванд. Ман як рӯзи дароз навбатпоӣ карда рақами мошинамро иваз кардам, ту ҳам рақами нав бигир, маслиҳат дод, ӯ. Рӯзи дигар чанд нафари дигарро дидам, ки гуфтаҳои дӯстамро тасдиқ карданд ва онҳо низ тавсия доданд, ки рақами автомобиламро, ки «РТ» буд, иваз бикунам.
Барои дар ин бора маълумоти саҳеҳ гирифтан ба чанд шиноси ҳуқуқдонам муроҷиат кардам, касе аз онҳо дар ин бора иттилоъ надоштанд. Аз сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ эълонеро дар ин мавзӯъ пайдо кардам, ки 14 июли соли 2017 ба чунин шакл нашр шуда буд:
«Э Ъ Л О Н !!!

http://mvd.tj/index.php/tj/g-shai-e-lon-va-ozmun-o/14054-e-l-o-n-2
Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2013, №103 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, №306», шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар мӯҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста шуда, оид ба ҳар як далели идора кардани воситаи нақлиёт бо чунин шаҳодатномаи ронандагӣ нисбати ронандагон мутобиқи моддаи 336-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ татбиқ мегардад.
Ҳамчунин, мутобиқи моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995, №196 «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва моддаи 71 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи нақлиёт бо боздошт ва нигаҳдории он дар истгоҳи махсус, манъ карда мешавад.
Барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ (СТ ҶТ 1020-2013) мувофиқат намекунад, нисбати чунин ронандагон дар асоси моддаи 314-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо татбиқ карда мешавад.
Ба ронандагоне, ки воситаи нақлиётро бо шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳна ва рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ идора менамоянд, тавсия дода мешавад, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин онҳоро ба шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва рақами қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ иваз намоянд.
Барои иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва барои иваз намудани рақами қайди давлатӣ шиносномаи шахсӣ, шаҳодатномаи техникӣ ва рақами қайди давлатӣ ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА-и маҳалли ҷойи зист пешниҳод карда мешаванд.
Шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти бештар метавонанд бо телефонҳои 235-05-12, 235-04-23 ва 235-79-29 муроҷиат намоянд».
Читать далее

ИСРОФКОРӢ ҲАРОМ АСТ!



Ба қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол гузашт ва он то андозае пеши исрофкориро гирифта, ҳангоми барпо намудани ҷашну маросимҳо ба сарфаю сариштакорӣ мусоидат намуд. Аз таҷрибаи ин солҳо бармеояд, ҳанӯз ҳам анъана ва маросимҳое ҳастанд, ки танзим мехоҳанд.
Масалан, Иди Фитри гузашта бори дигар собит кард, ки аксари мардуми мо ҳоло ҳам зоҳирпарастӣ карда, дастархони пурдабдаба меороянд ва ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Ҳол он ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба муносибати Иди саиди Фитр аз ҷумла иброз намуда буданд, ки «… дар рӯзи ид ҳангоми оростани дастурхони идона ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд ва фаромӯш накунанд, ки хоксориву сариштакорӣ яке аз хислатҳои беҳтарини мардуми мо буда, ба зиёд шудани хайру баракат дар ҳар хонадон мусоидат мекунад».
Ашхоси доро метавонад дастархони пурдабдаба биорояд, вале мардуми нодор ҳам худро ба онҳо баробар карда, барои дастархони идона охирин маблағашонро масраф мекунанд ва баъд то ба даст овардани маош азоби бепулӣ мекашанд.
Шояд ҳамагон шоҳиди он шуда бошанд, ки дар баъзе маҳалҳо хонаводаҳо чанд дастархони идона меороянд. Дар меҳмонхона барои мардон, дар хонаи дигар барои занон ва боз дастархон барои ҷавонону духтарон густурда мешавад. Одат шудааст, ки мардон ва ҷавонону наврасон алоҳида баъди намози ид хона ба хона мегарданд ва гӯё фотиҳа мехонанд. Баъди нисфирӯзӣ ё рӯзи дуюми ид навбати занону духтарон мерасад. Албатта, як нафар наметавонад, ки агар даҳ хона гашта бошад, дар ҳама ҷо ғизо хӯрад. Анвои дастархон дар рӯзи гармо то бегоҳ вайрону исроф мешавад.
Бояд гӯям, ки дар баъзе маҳаллаҳои мардуми бумии водии Ҳисор ва Айниву Панҷакент дар рӯзи ид хона ба хона гаштан роиҷ нест. Мардум барои фотеҳахонӣ ба хонаи азодор як рӯз қабл аз ид мераванд ва барои ин ягон хел дастархони пурдабдаба густурда намешавад. Рӯзи ид бошад, ба хонаи падару модар, хоҳару бародар ва дигар хешони наздик мераванд. Яъне идро дар доираи оила ҷашн мегиранд.
Солҳои кӯдакиву наврасии мо дар деҳаҳое, ки мардуми бумии Ҳисор зиндагӣ мекарданд, идгардаки кӯдакон набуд. Яъне кӯдакон халта гирифта, дар ба дар намегаштанд ва байни худ мусобиқа намекарданд: «кӣ бештар сақич ҷамъ мекунад». Дар он солҳо кӯдакон танҳо ба хонаи хешовандони наздикашон идгардак мерафтанд ва соҳибхонаҳо онҳоро хуш истиқбол мекарданд. Дар рӯзи иди гузашта ба чашми худ дидам, ки дар деҳаи мо идгардаки кӯдакон роиҷ гашта, имсол нисбати соли гузашта теъдоди кӯдакони халтабадаст бештар шудааст. Дӯстонам аз шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ мегӯянд, ки ин амал дар зодгоҳи онҳо анъана нест ва онро ба Душанбе омада, дидаанд.
Читать далее