МОҲИ ШАРИФ ГУЗАШТ…



Ҷовид Муқим
Андешаҳо дар танҳоӣ
Моҳи шарифи Рамазон ҳам гузашт ва азобу ташвиши якмоҳаи рӯзадорон паси сар шуд. Имсол аксари рӯзҳои моҳи рамазон ба аввали тобистон рост омад ва ғайриинтизор баъзе рӯзҳо ҳаво хеле тасфида, иродаи мусулмононро санҷид. Албатта, мушкили асосӣ ташнагии тоқатфарсо буд. Махсусан онҳое, ки дар ҳавои кушод кори ҷисмонӣ мекарданд, азоби сахт доштанд.
Тули ин моҳ агар мабодо корафтодаи ягон идора мешудед, ҳатман коратон омад намекард, зеро ашхоси масъулро дар вақташ дар ҷои кор дарёфт кардан мушкил буд: онҳо дер ба кор меомаданду барвақт мерафтанд. Аз теъдоди мизҳои холии корӣ пай бурдан мумкин буд, ки кормандон навбати ҳузурро роҳандозӣ кардаанд. Дар идораҳои хурди ғайриистеҳсолӣ бошад, кормандон дари ғурфаҳоро баста, дар сардии кондитсионер ҳаловат бурда, хоб мекарданд, то зудтар вақти корӣ ба охир бирасад. Рӯзадорони бекор низ дар ин як моҳ аз хоб сер шуданд. Онҳо аксари вақти рӯзадориро бо хоб гузарониданд, то ки гуруснагиву ташнагиро эҳсос накунанд. Ҳамчунин ин моҳ кайфиҳо дар хумори носу сигор азоби алиме доштанд ва то шом ба зӯр тоқат карда, баъди кушодани рӯза як каф нос зери забон партофта, хумор мешикастанд. Баъзеҳо тоқат накарда, аз худ фатво дода буданд, ки носу сигор рӯзаро намешиканад ва ин амалро роҳандозӣ ҳам менамуданд.

Дар ин моҳ мардуми рӯзадор аз гуруснагӣ ва ташнагӣ хеле асабӣ шуда буданд ва ба оддитарин сухан муносибати дағалона карда, табъи дигаронро нохуш менамуданд.
Субҳ шаҳр хомӯш буд. Зеро аксар баъди саҳархӯрӣ то дер дар хоб буданд. Нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ камодаму дастрас буд. Бегоҳ вақти ифтор низ маҳаллаҳои аҳолинишини сокит буданд. Дар кӯча пашша пар намезад. Зеро вақти тановули ғизои деринтизор буд. Вале аксар барои дар ғафлат намондан то вақти саҳархӯрӣ бедор буданд. Махсусан ҷавонону наврасон дар саҳни ҳавлиҳои биноҳои бисёрқабата интизори саҳархӯрӣ дилхушӣ мекарданд, то ки дигарон низ бедорхобӣ бикашанд.
Акнун шаҳр ба маҷрои аввалаи худ баргашта истодааст. Субҳи рӯзи аввали баъди иди Ваҳдати миллӣ автобусу микроавтобусҳо серодам буданд, агарчи донишҷӯёну мактаббачаҳо ба таътил баромадаанд.
30 рӯзи тақводорӣ
Дар моҳи Шарифи Рамазон аксари мусулмонони Тоҷикистон тақводор мешаванд. Теъдоди намозгузорони масҷидҳои панҷвақта ва намози ҷумъа ба маротиб меафзояд. Чанд нафарро медонам, ки 11 моҳ арақ менӯшанду зинокорӣ мекунанд, вале чун моҳи Шарифи Рамазон расид, ёди Худову расул карда, рӯза мегиранду панҷ вақт намоз мегузоранд. Як нафарро мешиносам, ки мегӯяд, «Дар ин моҳ аз арақхӯриву бадгардӣ парҳез карда, истироҳат мекунам». Дигаронро медонам, ки ҳамагӣ як рӯз қабл аз оғози рамазон шаробнӯширо қатъ карда, ибодатро оғоз намуданд.
Баъзеи дигарон мегӯянд, ки барои саломатӣ рӯза медоранд. Онҳо бо як тир ду фохтак мезананд: рӯза гирифта лоғар мешаванд (чарбуи баданашонро об мекунанд) ва ҳамчунин аркони исломро иҷро мекунанд.
Дар ин моҳи Шарифи Рамазон ҳатто баъзе галстукдорони атеисти зиёинамо низ даҳонбаставу панҷвақта шуда буданд.
Мегӯянд, ки ҳатто фоҳишаҳо ба «рухсатии меҳнати»-и ройгон баромада буданд ва ё танҳо аз ифтор то саҳархӯрӣ кор мекарданд.
Вале дар баробари тақводорӣ ришвагирии кормандони БДА ва баъзе аз идораҳое, ки бе «хизматона» кор буд намешавад, аз байн нарафта буд. Шояд касе аз масъулон фатво дода буд, ки ришвагирӣ дар моҳи Шарифи Рамазон дукарата ҳалол аст, агар закоти мол бидиҳӣ.
Моҳи фиребу ҳаннотӣ
Дар моҳи Шарифи Рамазон дар кишварҳои исломӣ нархи маҳсулот арзон карда мешавад. Тоҷирон кӯшиш мекунанд, ки ба мардум маҳсулоти босифату арзон пешниҳод бикунанд ва бо ин савоб бигиранд. Дар ҷумҳурии мо, ки кишвари демокративу дунявӣ аст, савдогарони бозор савобгириро аз маблағғункунӣ авло медонанд ва нархҳоро дар ин моҳ якбора боло мебардоранд. Масалан, дар шаҳри Душанбе нархи гӯшт якбора аз 37 сомонӣ ба 39-40 сомонӣ расид. Албатта, савдогарон тавсияи шаҳрдориро ба инобат гирифта, нархи гӯшти говро 38 сомонӣ навиштанд, вале ба ин нарх гӯшти босифат пайдо карда намешуд. Ба ин нарх гӯшти модагови пиру лоғари серустухон фурӯхта мешуд. Қассобон гӯшти хубро аз яхдон ба мизоҷони серпулашон бо нархи дилхоҳашон мефурӯхтанд.
Нархи меваю сабзавот ва полезиҳо низ дар ин моҳ ҳеҷ арзон нашуд. Ба вижа, нархи картошка аз 4,5 сомонӣ кам набуд. Нархи пиёз низ дар даҳаи охири рамазон 1 сомонӣ боло рафта, ба 3,5 сомонӣ расид. Дар арафаи ид бошад, нархҳо боз якбора боло рафтанд, зеро ҳаннотон хуб медонанд, ки талабот меафзояд ва мардум хоҳ нохоҳ барои оростани дастархони идона охирин маблағашро дареғ надошта, харид мекунад.
Нархро ҳаннотони бозорҳо гарон мекарданд. Масалан, онҳо помидорро аз деҳқонон 1,5 сомонӣ харида, ба 3-4 сомонӣ мефурӯхтанд. Нархи мева ҳам ба ҳамин шакл ду — дувуним маротиба гарон фурӯхта мешуд.
Соли равон тоҷирон фиреби дигареро роиҷ карданд. Онҳо аз деҳқонон меваи хоми нав ранг гирифтаро арзон харида, дар қуттиҳо чанд рӯз нигоҳ дошта «мепазонданд» ва мефурӯхтанд. Ҳамин буд, ки ба бозор олуву зардолу ва шафтолуи хом роҳ ёфт. Зеро агар ин анвои мева пухта бошад, донакаш ҷудо мешавад. Фурӯши тарбузу харбузаи хому нимранг дар бозору қади кӯчаҳо низ ба чашм мерасид.
Хуллас, дар ин моҳи Шарифи Рамазон баъзе ашхос бо тоату ибодат, кори нек ва хайру эҳсон савоб гирифтанд, вале ҳаннотони бозорҳо сармояашонро афзун карданд.
Ҳолдонҳо мегӯянд, ки Рамазони оянда 17-уми майи соли 2018 шурӯъ мешавад. Шояд то он вақт ҳаннотони бозорҳои мо савобгириро меомӯзанд ва мусулмони комил мешаванд?!

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s