ПАЙДОИШ ВА ТАШАККУЛИ РАДИОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ИМА


ПАЙДОИШ ВА ТАШАККУЛИ РАДИОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ИМА

Муқимов М. А., доктори улуми филологӣ,
профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Консепсияи Радиои ҷамъиятӣ дар Аврупо пайдо шуда, рушд кард ва ҳамчун шакли ғайритиҷоратии радио ба ИМА гузашт. «Феълан радиои ҷамъиятӣ дар ИМА аз се шабакаи истеҳсолгарони барномаҳои радио иборат аст: Радиои миллии ҷамъиятӣ, Радиои байналхалқии ҷамъиятӣ, ВАО-и ҷамъиятии Америка» [3, 10]. Ҳамчунин дар ин кишвар Радиои ҷамъиятии табодул — Public Radio Exchange (PRX) низ фаъолият дорад. Радиои миллии ҷамъиятӣ истеҳсолгари асосии муҳтавои иттилоотӣ мебошад. Радиои байналхалқии ҷамъиятӣ бошад, бо радиоҳои ҷамъиятии дигар кишварҳо ҳамкорӣ карда, кӯшиш мекунад, ки назари байналхалқиро дар бораи ахбор ба шунавондаҳои америкоӣ пешниҳод намояд. Дар ҳамин ҳол ВАО-и ҷамъиятии Америка нисбат ба се шабакаи номбаршуда бештар барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ истеҳсол менамояд.
Тибқи Қонуни намунавии ЮНЕСКО оид ба пахши ҷамъиятӣ (соли 1998) телевизион ва радиои ҷамъиятӣ ин ташкилоти ғайритиҷоратӣ аст, ки барои қонеъ кардани талаботи ҷомеа аз ҷониби худи ҷомеа сохта шуда, ҷомеа онро маблағгузорӣ ва назорат мекунад.

Дар ИМА соли 1912 ва соли 1927 Қонун «Дар бораи радио» ва соли 1934 Қонун «Дар бораи иртиботот» қабул шуданд, ки онҳо ба рушди радиоҳои тиҷоратӣ мусоидат намуда, ҷузъҳои ғайритиҷоратии барномаҳоро қариб пурра аз байн бурданд. Агарчи Қонун «Дар бораи иртиботот» (Communications Act) тақозо мекард, ки «давлат барои он иҷозати пахши барномаҳои радиоиро медиҳад, ки ҳадаф на гирифтани фоида, балки инъикоси манфиатҳои ҷомеа ва қонеъ кардани талаботи он аст» [5, 218]. Радиои ҷамъиятӣ дар ИМА ҳамчун алтернативаи радиоҳои тиҷоратӣ ба вуҷуд омадааст. Зеро радиостансияҳои тиҷоратӣ, ки ҳадафашон манфиатбардорӣ аз пахши барномаҳо мебошад, талаботи шунавандагонро ба барномаҳои ҷолиби фарҳангиву маърифатӣ ва иҷтимоӣ қонеъ карда наметавонистанд. Ҳамин буд, ки дар миёнаи солҳои 1920-ум донишгоҳҳои манотиқи Ғарби Миёнаи ИМА иқтидори таҳсилотии радиоро ба назар гирифта, радиоҳои ғайритиҷоратӣ таъсис доданд. Вале аввалин радиостансияи таҳсилотӣ ҳанӯз соли 1919 дар Донишгоҳи шаҳри Мэдисон (иёлоти Висконсин) таъсис ёфтааст [5, 217]. Дар аввал фаъолияти радиоҳои мазкур ба маблағгузории худӣ асос ёфта буданд. Аз солҳои 1930-юм ба онҳо бурсияҳои давлатӣ ҷудо карда мешуданд. Дар ин давра таҳияи барномаҳои худӣ хеле гарон буд ва таъсиси ҳамкории умумимиллии радиоҳо имкон надошт. Зеро технологияи онвақтаи сабту пахши радиоӣ ба ҳамкории доимӣ имкон намедод. Барои ҳалли масъалаи мазкур Ассосиатсияи пахшкунандагони барномаҳои таҳсилотӣ (National Association of Educational Broadcasters — NAEB) таъсис дода шуд. Баъди таъсиси ассосиатсияи мазкур Комиссияи федеролии алоқаи ИМА дар ҳар як бозори ҷуғрофӣ барои радиоҳои таҳсилоти дар мавҷи миёна 5 ҷой ҷудо кард. Аз соли 1945 бошад, барои радиоҳои таҳсилотӣ дар мавҷи FM 12 ҷой ҷудо карда шуд.
Радиои миллии ҷамъиятӣ — National Public Radio
Соли 1967 дар ИМА Қонун «Дар бораи пахши ҷамъиятӣ» қабул гардид, ки ба таъсиси Корпоратсияи пахши ҷамъиятӣ — Corporation for Public Broadcasting (CPB) асос гузошт. 7 ноябри соли 1967 CPB таъсис ёфт. Қонун талаб мекард, ки CPB ба рушду афзоиши радиоҳои ҷамъиятӣ мусоидат намояд. 26 феврали соли 1970 барои таъмини ҷамъоварӣ ва истеҳсоли ахбор дар тамоми ИМА ва ҳамоҳангсозии системаи умумиллии радиоҳои ғайритиҷоратӣ Радиои миллии ҷамъиятӣ — National Public Radio (NPR) таъсис дода шуд. NPR ташкилоти бузурги ғайритиҷоратии ИМА буда, ба ҷои Шабакаи миллии радиоҳои таҳсилотӣ таъсис ёфтааст ва аз моҳи апрели соли 1971 барнома пахш мекунад. Якумин президенти NPR Доналд Квейл буд ва ӯ дар офиси марказӣ ҳамагӣ 30 нафар корманд дошт. Бояд зикр кард, ки он вақт 90 радиостансия узви NPR буданд [9]. Соли 2017 бошад, NPR беш аз 900 радиостансияҳои ҷамъиятиро дар ИМА муттаҳид мекард.
Офиси асосии NPR дар шаҳри Вашингтон ҷойгир буда, он дар хориҷа дар шаҳрҳои Мехико, Рио-де-Жанейро, Лондон, Берлин, Рим, Найробӣ, Дакар, Қоҳира, Маскав, Истанбул, Бейрут, Байт-ул-Муқаддас (Иерусалим), Деҳлии Нав, Исломобод, Шанхай, Пекин ва Сеул 17 намояндагӣ дорад. Дар дохили ИМА бошад, 16 бюрои NPR фаъол аст. Соли 2016 теъдоди шунавандаҳои NPR дар як ҳафта беш аз 37,4 миллион нафар буд.
NPR дар аввал ба истеҳсол ва ҷудо кардани барномаҳо машғул буд ва соли 1977 бо Ассосиатсияи радиостансияҳои ҷамъиятӣ якҷоя шуд. Ҳамин вақт теъдоди радиостансияҳои узви NPR ба 190 адад расид. Дар таркиби ташкилоти мазкур NPR ба ғайр аз паҳн кардани барномаҳо ва идоракунӣ, манфиати радиои ҷамъиятиро пеши Конгресси ИМА намояндагӣ мекунад. Ҳамчунин вай дастгирӣ ва идораи моҳвораҳои пахши барномаҳои радиоиро таъмин менамояд. Соли 1979 NPR аввалин шабакаи умумимиллии радиоҳои моҳворавиро дар ИМА таъсис дод.
NPR иттиҳодияи радиостансияҳо буда, ба он радиостансияҳои ғайритиҷоратӣ ва таҳсилотие шомил мешаванд, ки 5 нафар корманди доимӣ дошта, шабонарӯзе на камтар аз 18 соат барнома пахш бикунанд. Ҳамчунин радиостансияҳои ҷамъиятӣ наметавонанд пурра динӣ ва ё мактабӣ бошанд. Ҳар як узви иттиҳодия дар интихоби президенти NPR як овоз дорад. Бояд гуфт, ки радиои ҷамъиятӣ аз ҷониби намояндаҳои ҷомеа идора карда мешаванд, то ки фаъолияти он шаффоф бошад. Барои идора ва таҳияи буҷаи Радиои миллии ҷамъиятӣ аз тариқи овоздиҳӣ шӯрои директорон интихоб карда мешавад, ки аз 10 нафар намояндагони радиостансияҳо, 5 нафар узви ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раиси шӯро иборат аст. Аъзои шӯрои директорон ба муҳлати 3 сол интихоб карда мешаванд.
Моҳи январи соли 1994 Делано Люис, президенти ширкати C & P Telephone директори генералӣ ва президенти NPR интихоб гардид ва моҳи августи соли 1998 аз вазифааш истеъфо дод. Моҳи ноябри соли 1998 шӯрои директорони NPR Кевин Клоз, директори Бюрои пахши байналхалқиро ба вазифаи президент ва директори асосии иҷроияи Радиои миллии ҷамъиятӣ таъин намуд. Бояд гуфт, ки қаблан Кевин Клоз дар вазифаи президенти Радиои «Аврупои озод» Радиои «Озодӣ» фаъолият карда буд [2, 46]. Моҳи сентябри соли 2006 Кевин Клоз вазифаи директори генералиро ба Кен Штерн, ки қаблан бо ӯ дар Радиои «Аврупои озод»/Радиои «Озодӣ» кор мекард, вогузошт, вале президенти NPR боқӣ монд. Моҳи марти соли 2008 шӯрои директорони NPR Кен Штернро барои муноқиша карданаш бо аъзои шӯрои директорон аз вазифааш сабукдӯш намуд. Феълан Ярл Мон (Jarl Mohn) президент ва директори асосии иҷроияи NPR мебошад.
Асоси мустақилияти радиоҳои ҷамъиятиро маблағгузорӣ ташкил медиҳад. Маблағгузории радиоҳои ҷамъиятӣ дар ИМА тавассути системаи дотатсияҳо, ки ҳукумати федеролӣ ба Корпоратсияи пахши ҷамъиятӣ (Corporation for Public Broadcasting) – СРВ медиҳад, сурат мегирад. Ҳамчунин ба буҷаи радиоҳои ҷамъиятӣ маблағ аз ҳукумати иёлот, шаҳр ва ғайра ворид мегардад. Мувофиқи қонунгузории ИМА радиоҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқи пахши рекламаро надоранд. Бинобар ин, радиоҳои ҷамъиятӣ дар ИМА чун дар Аврупои Ғарбӣ барои реклама бо радиоҳои тиҷоратӣ рақобат намекунанд. Вале онҳо барои ба худ моил кардани шунавандаҳо дар рақобат ҳастанд. Афзоиши аудитория бошад, тавассути пешниҳоди жанрҳои гуногун ва намудҳои ҷолиби барномаҳо сурат мегирад, ки дар радиоҳои тиҷоратӣ пахш намешаванд.
Солҳои 1970 ва аввали солҳои 1980 аксари маблағгузории NPR аз ҳисоби ҳукумати федеролӣ сурат мегирифт. Баъдан ҳукумат дастгирии молиявиро ба радиоҳои ҷамъиятӣ коҳиш дод.
Ҳоло қисми асосии даромади истеҳсолии NPR аз ҳисоби радиостансияҳои аъзои ташкилоти мазкур дохил мешаванд. Маблағи боқимондаро туҳфаву бурсия ва хайрияҳои хазинаҳои гуногун ва сарпарастони инфиродӣ ташкил медиҳанд. Ин тарзи маблағгузорӣ на ҳамеша хароҷоти Радиои миллии ҷамъиятиро пӯшонида метавонад.
NPR мустақиман аз ҷониби ҳукумати федеролӣ маблағгузорӣ нашавад ҳам, ба он тавассути Корпоратсияи пахши ҷамъиятӣ (СРВ) ва ташкилотҳои дигар маблағ ҷудо мегардад. Масалан, соли 2009 2 фоизи даромади умумии NPR аз ҷониби Департаменти таҳсилот ва Вазорати савдои ИМА маблағгузорӣ шудааст. Соли 2012 бошад, 10,9% маблағи даромадҳои радиои ҷамъиятӣ аз сарчашмаҳои федеролӣ сурат гирифтааст.
Соли 2010 даромади NPR 180 млн. долларро ташкил дод, ки қисми асосии ин маблағ аз барномасозӣ, бурсияву ҳайрияҳо ва ҳаққулузвияти стансияҳо ворид шудааст.
Моҳи октябри соли 2010 NPR аз Институти «Ҷомеаи кушода» (Фонди Ҷорҷ Сорос) ба маблағи 1,8 млн. доллари ИМА бурсия гирифт. Бурсия барои амалӣ кардани лоиҳаи «Таъсири ҳукумат» равона шуда, ҳадафаш то соли 2013 ба 100 нафар афзун кардани теъдоди хабарнигорони радиостансияҳои узви NPR дар ҳамаи 50 иёлот буд.
Даромади NPR дар соли молиявии 2015 аз чунин манбаъҳо ба даст омада буд: хазинаҳо-10%, ҳамкорон ва донишгоҳҳо -12%, ғайра -7%, маблағгузории федеролӣ тавассути CPB – 9% мақомоти ҳукумати федералӣ ва маҳаллӣ — 5%, корпоратсияҳо – 20%, шахсони алоҳида-37 % [8].
Соли 2016 даромади амалиётии умумии NPR ба 213 миллиону 129 ҳазору 508 доллар баробар буд, ки ин нисбати соли 2015 беш аз 9,5 миллион доллар зиёд аст. Даромади NPR дар соли 2016 танҳо аз барномаҳои ахбор, иттилоъ ва тарҳсозӣ 88,942,833 (дар соли 2015 — 84,523,724) доллар, барномасозӣ ва мусиқӣ 25,680,664 (дар соли 2015 — 21,966,963) долларро ташкил дод. Дар соли 2016 маблағгузории федеролӣ ба NPR ба 145 ҳазор доллар (соли 2015 — 65 ҳазор доллар), бурсияи CPB 1 миллиону 942 ҳазор (соли 2015 — 1 миллиону 272 ҳазор) доллар баробар буд. Дар ҳамин ҳол хароҷоти NPR дар соли 2016 ба 209 миллиону 510 ҳазору 550 доллар баробар буд. Ин нишондиҳанда дар соли 2015 — 197 миллиону 924 ҳазору 644 долларро ташкил мекард [7].
Тибқи омори NPR 41 фоизи маблағи буҷа барои омода кардани ахбор ва истифодаи техника масраф гардида, 30 фоизи дигари маблағ барои рушд ва сохтани барномаҳо истифода мешавад. Барои барномасозии бахши мусиқӣ — 11%, барномаҳои расонаҳои рақамӣ -9 % ва 9 %–и дигари маблағ барои пайваст шудан бо моҳвора харҷ мешавад.
Мушкилоти молиявӣ аксар вақт ба фаъолияти радиоҳои ҷамъиятӣ таъсири манфӣ мерасонад. Барои рафъи мушкилоти мазкур маъмурият бештар ба ихтисори кормандон ва барҳам додани барномаҳо даст мезанад. Масалан, моҳи сентябри соли 2013 10 фоизи кормандони NPR (аз 840 нафар) ихтисор карда шуданд. Радиоҳои маҳаллии ҷамъиятӣ, ки буҷаи калон ва теъдоди зиёди кормандон надоранд, аксаран барномаҳояшонро аз NPR ва ё ширкатҳои дигари барномасоз мехаранд.
Соли 1988 NPR аз консепсияи барномасозии мутамарказ даст кашида ба радиоҳои маҳаллӣ барномаҳои алоҳида ё бастаи барномаҳоро пешниҳод кард. Ин имконият дод, ки радиоҳо мувофиқи вазъи молиявӣ ва талаботи шунавандаҳояшон барномаҳоро аз NPR харидорӣ намоянд.
Аз рӯи оиннома ҳадафи асосии NPR таҳияи маҳсулоти иттилоотии дараҷаи олӣ, инъикоси ҳамаҷонибаи ҳодисаву чорабиниҳо, идеяҳо ва сохтани барномаҳои муаллифӣ мебошад. NPR 24 соат барномаҳои гуногунро пахш мекунад, ки ҳар яке шунавандаҳои худро доранд. Махсусан барномаҳои иттилоотии радио шунавандаҳои зиёд доранд. Масалан, барномаи «Morning Edition» (нашри субҳона) дар як ҳафта беш аз 12 миллион шунаванда дошта, аз рӯи маҳбубияти аудиторияи радио дар ИМА дар ҷои сеюм қарор дорад. Теъдоди кормандоне, ки ба омода кардани барномаҳои ахборӣ машғуланд, беш аз 340 нафаранд, ки ин қариб 40 фоизи шумораи умумии кормандони радиоро ташкил медиҳанд. NPR ҳамчунин барномаи иттилоотии субҳона ва рӯзона дошта, шабонарӯзӣ ҳар соат ахбори кӯтоҳ пахш мекунад.
Мухбирони NPR дар доғтарин гӯшаҳои олам ҷонашонро ба хатар гузошта фаъолият мебаранд ва радиоро бо иттилои нав таъмин менамоянд. Бори аввал дар таърихи NPR 5 июни соли 2016, дар музофоти Ҳилманди Афғонистон мухбирони радио Дэвид Гилкей (суратгир) ва Забеҳулло Таманно (тарҷумон) аз дасти толибон кушта шуданд [7].
Аз рӯи омори NPR соли 2015 аудиторияи Радиои миллии ҷамъиятиро 87% сафедпӯстон, 54 фоиз хатмкардаҳои коллеҷҳо ташкил медоданд, ки маоши солонаи аксарашон (49%) беш аз 75 ҳазор доллар аст. Аз рӯи ҷинсият 51 фоизи шунавандаҳои NPR занҳо мебошанд.
NPR барои тавсеаи аудиторияи худ аз платформаҳои гуногуни рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунад. Ҳанӯз моҳи августи соли 2009 замимаи барномаҳои радио барои айфон ва моҳи декабри соли 2009 барои андроид мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тобистони соли 2009 сомонаи радио http://www.npr.org аз нав сохта шуд, ки он ба мустақиман гӯш кардани барномаҳо имконият медиҳад. Ҳоло NPR дар твиттер 2,5 миллион ва дар фейсбук беш аз 2,4 миллион нафар мухлис дорад.
ВАО-и ҷамъиятии Америка — American Public Media
ВАО-и ҷамъиятии Америка (American Public Media — APM) ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, дувумин истеҳсолгар ва дистрибютори барномаҳои радиои ҷамъиятӣ баъди NPR мебошад. 800 радиостансия барномаҳои ширкати мазкурро истифода мекунанд. Ҳамчунин APM яке аз бузургтарин шабакаи радиоҳои ҷамъиятиро дар ИМА доро мебошад. 43 радиои ҷамъиятӣ дар иёлоти Миннесота, Калифорнияи Ҷанубӣ ва Флорида аз ҷониби APM идора мешаванд. Штаб-квартираи APM дар шаҳри Сент-Поли иёлоти Миннесота ҷойгир аст [6].
Таърихи APM аз радиои таҳсилотӣ дар Донишгоҳи Ҷони муқаддас дар шаҳри Коллеҷвилли иёлоти Миннесота оғоз мегирад, ки онро Уилям Хю Клинг соли 1967 таъсис дода буд. Дар як муддати кӯтоҳ теъдоди радиоҳои ҷамъиятӣ дар ин иёлот ба 38 адад расида, ташкилоти ғайритиҷоратии радиоҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шуд. Соли 1982 иёлоти Миннесота аз шарикони асосии таъсиси Радиои ҷамъиятии байналхалқӣ — Public Radio International (PRI) буд, ки онро низ Уилям Хю Клинг таъсис додааст.
Радиои ҷамъиятии байналхалқӣ — Public Radio International
Радиои ҷамъиятии байналхалқӣ — Public Radio International (PRI) яке аз истеҳсолгарони барнома ва паҳнкунандагон он барои радиоҳои ҷамъиятӣ маҳсуб ёфта, бо Радиои миллии ҷамъиятӣ, ВАО-и ҷамъиятии Америка ва Радиои ҷамъиятии табодул рақобат мекунад. Штаб-квартираи PRI дар шаҳри Миннеаполиси иёлоти Миннесота ҷойгир аст. Феълан ширкати мазкур барномаҳои радиоиро дар форматҳои гуногуни мусиқӣ, шоу ва мазҳакаҳои радиоӣ истеҳсол мекунад ва муштариёни он беш аз 450 радиоҳои ғайритиҷоратии ИМА мебошанд. Ба ғайри ин ширкатҳои Кооперативи радиои ҷамъиятӣ (Public Radio Cooperative), Консорсиуми консерту мусиқӣ (Concert Music Consortium) ва ғайра барои радиоҳои ҷамъиятӣ барнома истеҳсол мекунанд [1,15].
PRI соли 1983 ҳамчун алтернативаи NPR барои паҳн кардани барномаҳо таъсис ёфтааст. Он вақт чаҳор стансия – Шабакаи радиои ҷамъиятии Миннесота, WGBH дар Бостон, WNYC дар Ню-Йорк ва KUSC дар Лос-Андҷелес Радиои ҷамъиятии Америкаро ҳамчун синдикат таъсис доданд [10]. Соли 1994 Корпоратсия номашро ба Радиои ҷамъиятии байналхалқӣ — Public Radio International (PRI) иваз кард. PRI дар ҳамаи 50 штати ИМА ва Канада радиостансияҳои шарикӣ дошта, барои онҳо барнома истеҳсол мекунад. Дар ҳамин ҳол ширкати мазкур чандон бузург нест. Дар он ҳамагӣ қариб 100 нафар дар офисҳои Миннеаполис, Бостон ва Нью-Йорк кор мекунанд. Феълан Ҷонатан К. Эбботт президент ва директори генералии PRI мебошад.
PRI «шарики идоракунанда»-и Радиои ҷамъиятии Америка (APR) буда, пахши моҳворавии радиоиро тавассути Sirius XM Radio таъмин менамояд. APR аз PRI, Chicago Public Radio, WGBH дар Бостон ва WNYC дар Нью-Йорк таркиб ёфтааст. PRI дар ИМА барномаҳои махсусан машҳурро барои радиоҳои ҷамъиятӣ паҳн мекунад. Масалан, Барномаи иттилоотии ҷаҳонии «The World», ки бо BBC ва WGBH Boston таҳия мешаванд, хеле нуфузи калон доранд. PRI ҳар ҳафта беш аз 280 соат барнома барои стансияҳо ва шунавандаҳо паҳн мекунад. Ҳадафи PRI ҳамчун сарчашмаи муҳтавои фарқкунандаи иттилоъ хизмат кардан ба муштариён аст. Тақрибан 900 филиали радиостансияҳо барномаҳои PRI-ро пахш мекунанд ва онҳоро ҳафтае тақрибан 9 миллион нафар гӯш мекунанд. Барномаҳои PRI дар Америкаи Шимолӣ тавссути моҳвора пахш карда мешавад. То моҳи сентябри соли 2006 PRI дар шабакаи Sirius Satellite Radio 136, канали худро дошт. Бо қатъ кардани пахши ин канал XM Radio барномаҳои бештари PRI-ро мавриди истифодаи радиои ҷамъиятии худ қарор медиҳад. PRI стратегияи радиои моҳворавиро дар ҳамҷоягӣ бо радиоҳои ҷамъиятии дигар амалӣ менамояд. Масалан, соли 2002 PRI дар шарикӣ бо Радиои ҷамъиятии Чикаго, Радиои ҷамъиятии WGBH Boston Радиои ҷамъиятии Америкаро таъсис дод. Соли 2003 ба онҳо Радиои ҷамъиятии WNYC–и Ню-Йорк ҳамроҳ шуд.
PRI аз ҳисоби абонентпулӣ, маблағгузории корпоративӣ, бурсияҳо ва ғайра фаъолият мекунад. Камтар аз 2 фоизи буҷаи амалиётии PRI аз ҳисоби муассисаҳои ҳукуматии ИМА маблағгузорӣ мешавад.
Радиои ҷамъиятии табодул — Public Radio Exchange
Радиои ҷамъиятии табодул — Public Radio Exchange (PRX) ин платформаи интернетии ғайритиҷоратӣ барои ба таври рақамӣ паҳн кардан, тамошо кардан ва иҷозатдиҳии барномаҳо мебошад. PRX шабакаи иҷтимоӣ ва ҷамоати шунавандаҳо, продюсерону стансияҳо аст, ки метавонад тамоми 24 соат дар шабонарӯз барномаҳои беҳтаринро ба муштариён пешниҳод намояд. PRX яке аз таҳиягарон ва дистрибюторе аст, ки истеҳсолгарони аудио ва видеоро бо муштариёнашон муттаҳид мекунад. Вай аз овозхонҳои нав, форматҳои нави пахш ва бизнес-моделҳои нав ҷонибдорӣ менамояд.
Ҳадафи PRX таъсиси бозори боадолат барои барномаҳои эҷодии аудиоӣ ва ҷамоати онлайнӣ иборат буда, имконияти бештар барои барномасозии гуногунранги босифат барои ҷалби бештари шунавандаҳо мебошад [11]. Ширкат ба радиоҳо иҷозат медиҳад, ки порчаҳои барномаҳоро гӯш карда, пахш намоянд ва назари шунавандаҳояшонро дар ин бора бифаҳманд. Дар сомонаи PRX ҳазорҳо барномаҳои гуногунранг мавҷуданд, ки муштариён метавонанд, онро барои радиои худ бо пардохти маблағи муайяне бигиранд. Сомона ва хизматрасонии PRX моҳи сентябри соли 2003 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Вай бо дастгирии Корпоратсияи пахши ҷамъиятӣ, Хазинаи миллии санъат, Хазинаи Форд, Институти «Ҷомеаи кушода» ва ғайра дар муддати ду сол (аз соли 2001-то 2003) сохта шуда буд. 19 июли соли 2009 PRX замимаи Public Radio Player 2.0-ро барои айфон роҳандозӣ намуд, ки аз ҷониби Корпоратсияи пахши ҷамъиятӣ маблағгузорӣ шуда буд. Барномаҳои PRX аз ҷониби радиоҳои гуногуни ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Масалан, соли 2011 ду радиостансия: KPBZ дар Спокани Вашингтон ва WREM дар Кантони Ню-Йорк пурра аз барномаҳои PRX истифода мебурданд. Мавзӯи барномаҳои пешниҳодкардаи PRX гуногунрангу васеъ буда аз ҷавонону занон то ҷангу сиёсат, илму технология, варзиш мусиқӣ ва ғайраро фаро мегирад.
Хуллас, радиоҳои ҷамъиятӣ дар фазои иттилоотии ИМА мавқеи хос дошта, дар дастрасии иттилои наву беғараз ва барномаҳои маърифативу иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Адабиёт ва сарчашмаҳо

1. Браун Д. Эффективный менеджмент на радио и телевидении [Текст] / Д. Браун, У. Коул. — М.: Мир, 2001.Т. 2. – 559 с.
2. Муким Дж. Радио «Свобода»: ложь и правда [Текст] / Джовид Муким. – Душанбе: Деваштич, 2005. – 180 с.
3. Оганджанян, С. Л. Общественное радиовещание США: автореф. дис… канд. фил. наук: 10.01.10 [Текст] / С. Л. Оганджанян [Место защиты: МГУ]. – М., 2011. — 24 с.
4. Стандарты общественного телерадиовещания [Текст] / Сост. А.К Алагушев, Э. К. Сариева. — Бишкек, 2006. – 173 с.
5. Федотов М. Соединенные штати Америки [Текст] /М. Федотов // Энциклопедия общественного вещания / А. И. Артищев, Н.И. Бударина, Ю.И. Вдовин и др. — М., 2005. – 384 с.
6. American Public media / APM — 2017. — URL: http://americanpublicmedia.publicradio.org/ (Дата обращения: 15.06.2017).
7. Annual Report 2016 / NPR-2017. — URL: http://www.npr.org/about/annualreports/2016_Annual_Report.pdf (Дата обращения: 12.06.2017).
8. National Public Radio / NPR-2017. — URL: http://www.npr.org/about-npr/178660742/public-radio-finances (Дата обращения: 12.03.2017).
9. Overview And History/ NPR-2017. — URL: http://www.npr.org/about-npr/192827079/overview-and-history (Дата обращения: 25.05.2017).
10. Public_Radio_International / wikipedia – 2017. — URL: https://en.wikipedia.org/wiki/Public_Radio_International (Дата обращения: 16.06.2017).
11. What is PRX / PRX — 2003-2017. — URL: http://www.prx.org/about-us/what-is-prx (Дата обращения: 15.06.2017).

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: