Archive for Июнь 2017

МОҲИ ШАРИФ ГУЗАШТ…



Ҷовид Муқим
Андешаҳо дар танҳоӣ
Моҳи шарифи Рамазон ҳам гузашт ва азобу ташвиши якмоҳаи рӯзадорон паси сар шуд. Имсол аксари рӯзҳои моҳи рамазон ба аввали тобистон рост омад ва ғайриинтизор баъзе рӯзҳо ҳаво хеле тасфида, иродаи мусулмононро санҷид. Албатта, мушкили асосӣ ташнагии тоқатфарсо буд. Махсусан онҳое, ки дар ҳавои кушод кори ҷисмонӣ мекарданд, азоби сахт доштанд.
Тули ин моҳ агар мабодо корафтодаи ягон идора мешудед, ҳатман коратон омад намекард, зеро ашхоси масъулро дар вақташ дар ҷои кор дарёфт кардан мушкил буд: онҳо дер ба кор меомаданду барвақт мерафтанд. Аз теъдоди мизҳои холии корӣ пай бурдан мумкин буд, ки кормандон навбати ҳузурро роҳандозӣ кардаанд. Дар идораҳои хурди ғайриистеҳсолӣ бошад, кормандон дари ғурфаҳоро баста, дар сардии кондитсионер ҳаловат бурда, хоб мекарданд, то зудтар вақти корӣ ба охир бирасад. Рӯзадорони бекор низ дар ин як моҳ аз хоб сер шуданд. Онҳо аксари вақти рӯзадориро бо хоб гузарониданд, то ки гуруснагиву ташнагиро эҳсос накунанд. Ҳамчунин ин моҳ кайфиҳо дар хумори носу сигор азоби алиме доштанд ва то шом ба зӯр тоқат карда, баъди кушодани рӯза як каф нос зери забон партофта, хумор мешикастанд. Баъзеҳо тоқат накарда, аз худ фатво дода буданд, ки носу сигор рӯзаро намешиканад ва ин амалро роҳандозӣ ҳам менамуданд. Читать далее

ПАЙДОИШ ВА ТАШАККУЛИ РАДИОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ИМА


ПАЙДОИШ ВА ТАШАККУЛИ РАДИОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ИМА

Муқимов М. А., доктори улуми филологӣ,
профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Консепсияи Радиои ҷамъиятӣ дар Аврупо пайдо шуда, рушд кард ва ҳамчун шакли ғайритиҷоратии радио ба ИМА гузашт. «Феълан радиои ҷамъиятӣ дар ИМА аз се шабакаи истеҳсолгарони барномаҳои радио иборат аст: Радиои миллии ҷамъиятӣ, Радиои байналхалқии ҷамъиятӣ, ВАО-и ҷамъиятии Америка» [3, 10]. Ҳамчунин дар ин кишвар Радиои ҷамъиятии табодул — Public Radio Exchange (PRX) низ фаъолият дорад. Радиои миллии ҷамъиятӣ истеҳсолгари асосии муҳтавои иттилоотӣ мебошад. Радиои байналхалқии ҷамъиятӣ бошад, бо радиоҳои ҷамъиятии дигар кишварҳо ҳамкорӣ карда, кӯшиш мекунад, ки назари байналхалқиро дар бораи ахбор ба шунавондаҳои америкоӣ пешниҳод намояд. Дар ҳамин ҳол ВАО-и ҷамъиятии Америка нисбат ба се шабакаи номбаршуда бештар барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ истеҳсол менамояд.
Тибқи Қонуни намунавии ЮНЕСКО оид ба пахши ҷамъиятӣ (соли 1998) телевизион ва радиои ҷамъиятӣ ин ташкилоти ғайритиҷоратӣ аст, ки барои қонеъ кардани талаботи ҷомеа аз ҷониби худи ҷомеа сохта шуда, ҷомеа онро маблағгузорӣ ва назорат мекунад. Читать далее