МУСОҲИБА ҲАМЧУН ЖАНР ДАР ҲАФТАНОМАИ «АДАБИЁТ ВА САНЪАТ»



Муқимов М. А.,
доктори улуми филология, профессори
кафедраи журналистикаи байналхалқии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Мусоҳиба яке аз жанрҳои ҷолиб ва серистеъмоли ВАО маҳсуб мешавад. Дар ҳамин ҳол дар мусоҳиба «чунин суолҳоро пурсидан даркор аст, ки хонандаҳо ба он рағбат доранд», мегӯяд муҳаққиқ Э. Полетаев [3. -252]. Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар соли 2016 ҳамагӣ 21 мусоҳиба ба табъ расонидааст, ки ин нисбат ба ёдномаву шодбошиҳо ба маротиб кам аст. Мутаассифона, соли 2016 дар баробари мусоҳибаҳои хубу ҷолиб дар ҳафтанома мусоҳибаҳои сусту камарзиш низ ба табъ расидаанд. Масалан, дар шумораи 7 январи соли 2016 (№1) мусоҳибаи Абдухалили Абдусаид «Сурудам – ҳофизи рози дили ман» бо овозхон Матлуба Раҳимова чоп шудааст, ки бо чунин суол оғоз мегардад: «Шумо чун чеҳраи фарҳангу ҳунари дар деҳот камолёфта дар муҳити шаҳр худро чӣ гуна эҳсос мекунед?». Барои хонандагони ҳафтанома шунидани посухи суоли мазкур ҷолиб нест.
Муаллиф ҳамчунин ба мусоҳиби худ чунин суол медиҳад: «Вобаста ба ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангу ҳунарҳои заифро ба коми худ мекашад, мусиқии суннатии мо оянда дошта метавонад?». Мусоҳиб мегӯяд, ки «Ман ҳамеша ба ҳамин чиз хушбин ҳастам, зеро дар ансамбли «Фалак» 80 дарсади коргаронаш ҷавонон ҳастанд, дар «Шашмақом» ва «Дарё» низ». Магар ба ин суол мутахассиси соҳа – мусиқишинос посух нагӯяд? Умуман чунин суолгузорӣ хоси нашрия баобрӯи «Адабиёт ва санъат» нест. Мусоҳибаи мазкур дар сатҳи маводи нашрияҳои хонаводагӣ иншо шудааст.
Вақти интихоби мавзӯъ муаллиф бояд ба аҳамиятнокии он барои ҷомеа диққат медод. Зеро на ҳар гуна мусоҳиба барои ҷомеа пураҳамият ва диққатҷалбкунанда аст.
Дар шумораи 11 феврали соли 2016 (№6) мусоҳибаи Толиби Луқмон «Саттор Турсун: шояд аз феъли замона дур мондаам» дар ҳаҷми қариб 3 саҳифаи рӯзнома чоп шудааст. Мусоҳиба бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ба мавзӯи иҷтимоӣ бахшида шуда, хеле тӯлонӣ аст. Онро кӯтоҳу ихчам карда, дар як саҳифаи рӯзнома ҷойгир кардан мумкин буд. Зеро хонандаи муосир ба чунин мусоҳибаҳои тӯлонӣ таваҷҷуҳ намекунад.
Аниқ муайян кардани ҳадафи мусоҳиба аз муваффақиятҳои муаллиф маҳсуб мешавад. Мо аз ин мусоҳиба чӣ мехоҳем? Дар бораи шахсияти мусоҳиб навиштанӣ ҳастем ё дар бораи проблемае бо ӯ суҳбат кардан мехоҳем? [2. -23]

25 феврали соли 2016 (№8) дар ҳафтанома мусоҳибаи Қодири Рустам «Сатторзода: адабиёт барои миллати мо болотар аз адабиёт аст» ба муносибати 75-солагии профессор Абдунабӣ Сатторзода чоп шудааст, ки хеле ҷолиб аст. Дар мусоҳиба вазъи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ баррасӣ гардидааст. Мутаассифона номи муаллифи мусоҳиба ҳам дар аввал ва ҳам дар охири мавод чоп шудааст, ки хоси рӯзнома нест.
Чӣ хеле, ки зикр кардем, бояд мусоҳиба ба хонанда маълумоти наву ҷолиб пешниҳод намояд. Вале ин талабот на ҳамеша дар ҳафтанома риоя мешавад. Масалан, дар ҳамин шумораи 25 феврали соли 2016 (№8) мусоҳибаи хабарнигори ҳафтанома бо директори нашриёти «Адиб» Гурез Сафар, ки аз Намоиши байналхалқии китоб дар Минск баргаштааст, ба табъ расидааст. Аксари маълумоти мусоҳибаи мазкур аллакай дар шумораи пешини ҳафтанома (№7) дар хотираи сафари Баҳроми Раҳматзод («Дар канори дӯстон»), ки иштирокчии ин намоиши китоб буд, чоп шудааст.
Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» 19-уми майи соли 2016 (№20) мусоҳибаи Толиб Луқмонро бо номи «Мӯъмин Қаноат: шеър навоварӣ меписандад» бахшида ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон чоп кардааст. Воқеан, мусоҳиба бо Мӯъмин Қаноат хуб аст, вале аз матн бармеояд, ки он ихтисор шудаасту охираш нотамом мондааст. Масалан, дар муқаддимаи мусоҳиба муаллиф ворид шуданашро ба ҳавлии устод Мӯъмин қаноат тасвир карда, якбора чун «тарошаи аз бом афтода» аз суолаш шурӯъ мекунад. Дар мақтаи мусоҳиба низ «қайчӣ» задани матн мушоҳида мешавад.
Бояд гуфт, аксаран ҳафтанома аз сарлавҳаи иқтибосӣ истифода мекунад, ки на ҳамеша мақбул аст. Аз чунин намуди сарлавҳа танҳо ҳамон вақт истифода мекунанд, ки воқеан ҳам он ифшогари матн ва сухани асосии мусоҳиб бошад.
Агар журналист дар бораи шахсият навиштанӣ бошад, бояд қаблан дар бораи қаҳрамони худ маълумот дошта бошад, вагарна мусоҳиба воқеӣ ва беғараз намешавад [2.- 23]. Яке аз муаллифони доимии ҳафтанома, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ортиқ Қодир бо ҳамкори худ Гуландом Сафаралиева мусоҳибае (6-уми июли соли 2016 (№27) оростааст, ки ҷолибу хонданист. Аз мусоҳибаи мазкур хонанда баъзе маълумоти навро аз ҳаёти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Г. Сафаралиева пайдо мекунад.
Муваффақияти мусоҳиба ба суолҳои омодакардаи журналист вобастагӣ дорад. Ин ҷо дониши ӯ дар бораи проблема ва мусоҳиб барои омода кардани суолҳо кӯмак мекунад [2. — 21]. Мутаассифона, ин нуктаро журналистон ҳамеша ба назар намегиранд. Дар шумораи 14-уми июли соли 2016 (№28) мусоҳибаи «Зарнисори мо – умеду ифтихори мо» ба табъ расидааст. Матлаби мазкур пас аз ғолиб омадани Зарнисор Набиева дар озмуни пианинанавозон дар Федератсияи Русия навишта шудааст. Пешниҳоди матлаби мазкур барои хонанда ҷолиб нест. Масалан, суоли аввал чунин шурӯъ мешавад: «Зарнисор, таҳсил дар мактаби мусиқӣ интихоби худат буд ё волидайн?». Саволи дуюм бошад, чунин аст: «Баъди ғолибият дар озмуни байналмилалӣ чӣ эҳсосе доштӣ?». Оё посух ба чунин суолҳо барои хонандаҳои ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», ки калонсолону аҳли зиё ҳастанд, ҷолиб аст? Ба назари мо бояд аз забони қаҳрамон чӣ тавр ғолиб омадани ӯ ба хонандаҳо гуфта мешуд, беҳтар мебуд.
Дар шумораи 28-уми июли соли 2016 (№30) мусоҳибаи А. Раҳмонқулов «Хуршед Алидод: дар Тоҷикистон бахту саодат ёфтам» ба табъ расидааст. Муаллиф меҳвари мусоҳибаро ба ҳаёти шахсии овозхон бахшидааст ва фаъолияти эҷодии ӯ аз назар дур мондааст. Аз маълумоти дар расонаҳо чопшуда бармеояд, ки дар ин мусоҳиба саҳифаҳои зиндагиномаи Х. Алидод нокушода мондаанд. Масалан, сабаби аслии аз Афғонистон ба Тоҷикистон фирор кардани овозхон гуфта нашудааст.
Дар мусоҳиба суоли бемавқеъ низ ҳаст: «Оё боре ба ватани аслӣ баргаштанро орзу доштед?». Аслан «ба зодгоҳ баргаштан» мантиқӣ мебуд. Мусоҳиб ба ин савол чунин посух медиҳад: «Ман ба диёри пешинаам барои хабаргирии хешу табор баъди 43 сол сафар карда будам». Суоли мазкур дар ин шакл бехабарии муаллифро нишон медиҳад, ҳол он ки дар ин бора дар матбуот иттилоъ чоп шуда буд. Аз ҷониби дигар, ин мусоҳибаи мустақим нест. Муаллиф агар воқеан ҳам, аз ин хабар огоҳ набошад, баъди мусоҳиб шудан суолро таҳрир карда, ба шакли дигар медод.
Дар шумораи 4-уми августи соли 2016 (№31) мусоҳибаи «То забон дорем, дар ҷаҳон пойдорем» бо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ба табъ расидааст. Муаллиф мегӯяд, ки «… соҳиби мақоми давлатӣ шудани забони тоҷикӣ низ аз меваҳои шаҳдбори истиқлолияти мост». Ба ҳамагон маълум аст, ки 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол гардид. Аввалин Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ҳанӯз 22 июли соли 1989 қабул шуда буд.
Муаллиф дар бораи забони тоҷикӣ ҳарф зада, чунин суол медиҳад: «То имрӯз Кумита чӣ гуна иқдомотеро анҷом дод?». Дар ин ҷумла аввалан, «кумита» бояд бо ҳарфи хурд навишта шавад. Сониян, «иқдомот» дар шакли ҷамъи ҷамъ гуфта шудааст, ки дурусташ «иқдом» мебошад. Мусоҳибаи мазкур гӯиё аз ҳисоботи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон навишта шуда, ҷолибу хонданӣ нест.
Дар шумораи мазкур (№31) мусоҳибаи дигар бо номи «Лаъли ҳунари Бадахшон» ба табъ расидааст. Муаллиф ба истиқболи 80-солагии Театри мусқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ бо директори он Лангар Соҳибназаров мусоҳиб шудааст. Муаллиф аввал дар бораи таърихи пешинаи театр каме маълумот дода мегӯяд, ки «Дар соли таҷлили солгарди хеш театр дар чӣ вазъият қарор дорад? Барои посух гирифтан ба ин ва чанд саволи дигар муроҷиат кардем ба сарвари муассисаи мазкур Лангар Соҳибназаров».
Сипас, суоли мухбир меояд: «Имрӯзҳо, ки тамоми мардуми кишвар ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд, шояд шумо серкоред, зеро Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров низ ҷашни 80-солагии худро қайд мекунад. Омодагиҳо хубанд?». Баъди посух, ки аз 4 ҷумлаи мураккаб иборат аст, муаллиф мегӯяд: «Чанд рӯз пеш дар як маводи интернетӣ чунин сатрҳоро хондам: …» Иқтибоси муаллиф аз ин мавод, ки манбаъ ва муаллифашро намеорад, қариб нисфи мусоҳиба аст. Дар матни мазкур сухан аз вазъи бади театр, ки саҳнаи хуб надорад, тамошобинонро маҷбурӣ ба театр меоранд, меравад.
«Оё ҳақиқатан ҳам чунин аст? – суол мекунад мухбир. «Бале, ин суханон сад дар сад ҳаққанду рост, аммо…» — посух мегӯяд директори театр. Аз охири мусоҳиба бармеояд, ки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон ҳангоми сафари кориаш ба вилоят барои сохтмони бинои замонавии театр санги асос гузоштааст.
Мусоҳибаи мазкур ним саҳифаи рӯзнома буда, бо як сурати намуди умумии шаҳри Хоруғ чоп шудааст. Акси мазкур бозгӯи маводи номбурда нест.
Муваффақият ва камбудии мусоҳиба ба суол вобаста аст [4. -54], мегӯяд профессор И. К. Усмонов. Мусоҳибаи Ортиқи Қодир «Салоҳиддин Шукуров: аввал лётчик шудан мехостам» (11-уми августи соли 2016 (№32) ба қавли муаллиф «… аз боби фаъолияти эҷодиву рӯзгори Салоҳиддин Шукуров» бахшида шудааст. Дар асл бошад, гуфта мешавад, ки С. Шукуров 25 сол боз дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ кор мекунад ва дар мусоҳиба баъзе андешаҳои ӯ оид ба ҷавонон ва театр аст. Мусоҳиб дар муқоисаи ҷавонони даврони Шӯравӣ ва имрӯз мегӯяд, ки аз лиҳози ахлоқу одоб ва фарҳангу маърифат байни онҳо фарқияти зиёде ҳаст. Қобили зикр аст, ки на дар бораи зиндагиномаи мусоҳиб ва на дар бораи фаъолияти эҷодии ӯ дар саҳна сухани беш ва ҷолибе нест. Мутаассифона, аз мусоҳиба симои эҷодии ҳунарпеша рӯшан намегардад.
Дар ҳамин шумораи 11-уми августи соли 2016 (№32) мусоҳибаи мухбири ҳафтанома «Ашрафи Афзал: ҳаҷв силоҳи тавоност» бо сармуҳаррири маҷаллаи «Хорпуштак» чоп шудааст. Мусоҳиба бо суоли «Мехостам дар ибтидо хонандагони ҳафтаномаи «Адабиёт ва Санъат»-ро бо дирӯзи маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» ошно намоед», оғоз мегардад. Мусоҳиб бо се ҷумла мегӯяд, ки аз соли 1926 то имрӯз маҷалла бо номҳои «Мулло Мушфиқӣ», «Калтак», «Бигиз», «Мушфиқӣ», «Хоҷа Насриддин» ва аз соли 1953 бо номи «Хорпуштак чоп мешавад. Муаллиф мегӯяд, ки «Мо аз рӯи маълумотномаи «Ҳаҷви даврони Шӯравии солҳои 1917 – 1963» огоҳӣ пайдо кардем, ки маҷаллаи «Хорпуштак» дар байни тамоми нашрияҳои ҳаҷвии собиқ Шӯравӣ хеле пешқадам будааст. Бояд гуфт, ки Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991 аз байн рафт, ин маҷмӯа маълумоти то соли 1963-ро дар мегирад ва аз рӯи он баҳо додан ба фаъолияти маҷалла мантиқӣ нест. Дар мусоҳиба гуфта мешавад, ки маҷалла дар даври Шӯравӣ бо тиражи 100-120 ҳазор нусха моҳе ду маротиба чоп мешуд ва ба он адибони шинохта ҳамкорӣ мекарданд. Дар бораи имрӯзи маҷалла бошад, гуфта намешавад, ки он бо кадом тираж чоп мешавад?
Дар шумораи 1-уми сентябри соли 2016 (№35) мусоҳибаи мухбири АМИТ «Ховар» бо унвони «Мирзо Муллоаҳмад: ном бояд нотакрору зебо бошад» ба табъ расидааст. Дар мусоҳиба профессор Мирзо Муллоаҳмад дар бораи номгузории кӯчаву маҳалҳо андешаҳои худро иброз намудааст. Профессор аз такрори номҳо изҳори нигаронӣ карда мегӯяд: «Имрӯз ҳатто тоҷирон, ки барои Тоҷикистон ягон хизмат накардаанду имкони молиявӣ доранд, кӯшиш мекунанд, ки ягон кӯчаро ба номашон гузоранд». Мусоҳиба мавзӯи муҳимро фаро гирифтааст. Дар ҳамин ҳол дар ин мавод номи муаллиф дарҷ нагардидааст. Мутаассифона, ин амал дар мусоҳибаи дигари мухбири АМИТ «Ховар» 20-октябри соли 2016 (№42) низ такрор шудааст.
Дар шумораи 8-уми сентябри соли 2016 (№36) мусоҳибаи Робияи Холмирзо бо наворбардори шинохта Заур Дахте бо номи «Мавҷҳои ранг дар ҳар акси ӯст» ба табъ расидааст, ки ба ҳаёт ва фаъолияти наворбардор бахшида шудааст. Заур Дахте бо алам мегӯяд, ки бинобар мушкилоти молӣ наворбардории баъзе филмҳои ҳунарӣ аз қабили «Фирдавсӣ» ва «Камоли Хуҷандӣ» нотамом монданд. Масалан, филми «Камоли Хуҷандӣ» бояд 10 қисм сабт мешуд, вале он ҳамагӣ чору ним қисм ба навор гирифта шуд. Қобили зикр аст, ки аслан мусоҳиба бояд як мавзӯи мушаххасро дар бар гирад. Вале муаллиф бо З. Дахте дар ҳар мавзӯъ, аз ҷумла телевизиони «Синамо» суҳбат мекунад. Ба назари мо, агар меҳвари мусоҳиба ҳамон филмҳои нотамом мебуд, ҷолибтар мешуд.
Дар муаррифии мусоҳиба иттилои нодуруст пешниҳод шудааст: «Заур Дахте зодаи шаҳри Махачқалъаи Доғистон, ҳамдеҳаи Расул Ғамзатов аст». Суоле пайдо мешавад, ки агар ӯ дар шаҳри Махачқалъа таваллуд шудааст, чӣ тавр метавонад ҳамдеҳаи шоир Расул Ғамзатов бошад. Расул Ғамзатов зодаи деҳаи Тсадаи ноҳияи Хунзах аст.
Дар ҳамин шумора (8-уми сентябри соли 2016 (№36) мусоҳибаи Раъно Хӯҷаева «Ҳофизе аз сарзамини лаълу ёқут» бо овозхони ишкошимӣ Абдулшаҳиди Саодатшо ба табъ расидааст. Дар зерсарлавҳа ё лид чунин омадааст: «Муҳовара бо овозхон Абдулшаҳиди Саодатшо, ки ҳунараш чун лаълу ёқути диёраш дурахш дорад». Баъдан ин гуфтаҳо дар оғози мусоҳиба ба ин маъно такрор мешаванд: «Абдулшаҳид аз диёри лаълдори Ишкошим асту ҳофизест, ки ҳунараш чун лаълу ёқути кӯҳистонаш дурахш дорад». Баъди ин сатрҳо тавсифи овозхон ва мукофотҳои ӯ номбар гардида, мусоҳиба бо ин суол оғоз мегардад: «Бародари гиромӣ, огоҳем, ки шумо чанде пеш дар Ҷумҳурии халқии Хитой қарор доштед. Ҳикояти ин сафарро шунидан мехоҳем».
Овозхон дар бораи ин сафараш маълумоти кӯтоҳе медиҳад ва мегӯяд, ки дар ин ноҳияи Тошқӯрғон буд ва бо овозхонҳои ин диёр чанд суруди тоҷикиро омодаву сабт кардаанд. Сипас, хабарнигор ба овозхон чунин мегӯяд: «Огоҳем, ки Шумо солҳои тӯлонӣ дар Афғонстони ҳамсоя низ фаъолият доштед». А. Саодатшо дар бораи ин сафараш низ маълумот медиҳад. Бояд гуфт, ки аз муаррифии мусоҳиба хонанда гумон мебарад, ки ҳоло ӯ бо «ҳунари чун лаълу ёқут»-и А. Саодатшоҳ шинос мешавад. Вале матн ба сафарҳои овозхон бахшида шудаанд. Маълумот дар бораи ин сафарҳо низ комил нест. Масалан, гуфта намешавад, ки ин сафарҳо кай сурат гирифтанд ва чӣ вақт идома ёфтанд.
13-уми октябри соли 2016 (№41) дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мусоҳибаи Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад «Аз «Тангно» ба паҳно» бо Музаффар Муҳиддин чоп шудааст. Оғози мусоҳиба чунин шурӯъ мешавад: «Ҳамон шом бо Музаффар Муҳиддин дар маъракае вохӯрдам. Ӯ чанд соат пеш аз Чин баргашта, таассуроташро бо ҳавас рӯи варақ меовард». Магар дар маърака метавон таассуротро «бо ҳавас рӯи варақ овард»? Мусоҳиба асосан ба таассуроти сафари М. Муҳиддин ба Чин ва иштирок ӯ дар Фестивали нуҳуми Академияи театрии Шанхай ва дастгирии раиси вилояти Суғд аз фаъолияти «Суғдсинамо меравад. Мусоҳибаи мазкур ба Рӯзи кинои тоҷик — 16 октябр бахшида шудааст. Вале дар асл танҳо дар 4 ҷумла сухан аз омодагӣ ба наворбардории филми «Тангно» меравад. Яъне меҳвари мусоҳиба аз мавзӯъ берун аст. Дар мусоҳибаи мазкур аксе аз филми «Рустам ва Суҳроб»-и Борис Кимёгаров чоп шудааст, ки ба ин мусоҳиба ҳеҷ иртиботе надорад.
Ҳафтанома 3-юми ноябри соли 2016 (№44) мусоҳибаи Салими Зарафшонфарро бо номи «Аз дудаи хуршедсаворон моем» бо шоири эронӣ Масъуди Сипанд чоп кардааст. Маълум мешавад, ки шоир ҳанӯз ҳангоми дар пулиси Эрон кор карданаш шеър мегуфтааст ва баъди ба ИМА кӯчиданаш он ба шуғли дӯстдоштааш табдил ёфтааст. Ӯ аз инсонгарии ориётаборон ҳарф мезанад ва мегӯяд, ки шиори беҳтаринро Зардушт гуфтааст: «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек!». Ба қавли М. Сипанд гӯри Зардушт дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон аст, ки онро барой поймол накардани мутаассибон мазори ҳазрати Алӣ эълон доштаанд. Мусоҳиба хеле хубу хонданӣ аст.
Дар шумораи 17-уми ноябри соли 2016 (№46) мусоҳибаи мухбири АМИТ «Ховар» Зулолаи Нур бо киношинос Саъдулло Раҳимов «Ояндаи синаморо ба кӣ мешавад бовар кард?» чоп шудааст. Мутаасифона аз мусоҳиба ба ин суол посуқи дақиқи рӯшан пайдо нашуд. Маълум мешавад, ки мусоҳиба «қайчӣ» шудааст. Зеро суоли аввал чунин шурӯъ мешавад: «Метавон гуфт, ки ин синамобазми «Дидор» ғайримаъмулӣ буд». Суоли мазкур чун тарошаи аз бом афтода аст. Зеро дар лиди мавод ҳарфе дар бори ин кинофестивал нест. Суолҳои мусоҳиба тӯлонӣ ва худ ишоракунандаи посуханд.
Ҳафтанома 15-уми декабри соли 2016 (№50) дар саҳифаҳои 4-ум ва 5-ум ду мусоҳибаи як саҳифагӣ чоп кардааст. Аз ҷумла, мусоҳибаи М. Исмат «Оши палав – муаррификунандаи фарҳанги миллӣ» бо фолклоршинос Дилшод Раҳимов чоп шудааст. Дар Ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ оши палав ҳамчун намунаи ғайрифарҳангии ҷаҳонӣ сабти ном шуд. Роҳбари гурӯҳи таҳияи номинатсияи мазкур Д. Раҳимов дар мусоҳиба оид ба раванди омода гардидани ин санад ва мавқеи оши палав дар рӯзгори мардуми тоҷик нақл мекунад. Ба гуфти фолклоршинос ҳоло дар Тоҷикистон аз 80 то 100 намудӣ оши палав мавриди истифода будааст.
Мусоҳиба хеле тӯлонӣ аст ва аз оши палав ба мавзӯи ҷаҳонишавии Наврӯз мегузарад. Ба ғайри ин гуфта намешавад, ки ин Ҷаласаи 11-уми ЮНЕСКО кай ва дар куҷо доир гаштааст. Ҳол он ки ба ин суолҳо посух гуфтан асоси маводи иттилоотии журналистика аст.
Дар ҳамин шумора (15-уми декабри соли 2016 (№50) мусоҳибаи Зоири Саъдулло «Ҳама дорем оҳи нокашида» бо наворбардори кино Заур Дахте чоп шудааст. Дар Хонаи синамогарони Тоҷикистон 80-солагии филмбардори шинохтаи кишвар Заур Дахте барпо шудааст ва муаллиф ба ҳамин муносибат бо соҳибҷашн мусоҳиба оростааст. Дар мусоҳиба баъзе лаҳзаҳои ҷолибро хондан мумкин аст. Масалан, филми мустанади наворбардор оид ба НБО, ки соли 1961 сабт шуда буд, нусхаи аввали он дар Маскав категорияи аввалро гирифтааст, вале дар «Тоҷикфилм» ба он дараҷаи сеюм додаанд.
Дар мусоҳиба сухан аз ҳаёт ва фаъолияти З. Дахте меравад. Вале аз матн зиндагиномаи наворбардор чандон рӯшан намешавад. Масалан, дар посух ба суоли аввал «Чӣ сабаб шуд, ки Шумо касби филмбардориро пеша намудед ва аз сабақи устодон чӣ натиҷае бардоштед?», чунин омадааст: «Баъд аз хатми синфи ҳафтум падарам маро ба хонаи бачагонаи шаҳри Иваново супорид. Падарам аз муҳоҷирони Эрон аст. Ман мутаваллиди шаҳри Махачқалъа ҳастам. Ҳанӯз солҳои панҷоҳум ба Тоҷикистон муҳоҷир шуда будем. Аз ин сабаб падарам зарур донист, ки таҳсилро дар хонаи бачагона идома диҳам. Дар ин ҷо фарзандони муҳоҷирони мамлакатҳои гуногун таҳсил менамуданд… Пас аз хатми мактаб, мутаассифона, ба омӯзишгоҳи олии авиатсионӣ дохил нашудам. Ночор ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи энергетикии шаҳри Иваново супоридам. Комёб гардидам, вале ба ин касб дилбастагӣ надоштам. Баъд аз се моҳ тарки донишгоҳ намуда, ба Душанбе баргаштам». Аз ин матн маълум нест, ки ӯ аз Душанбе ба Иваново рафтааст ё аз Махачқалъа? Мантиқан ӯ бояд аз Душанбе нарафта бошад, зеро солҳои 50-ум онҳо ба Тоҷикистон муҳоҷир шудаанд. Ҳамчунин дар ин мусоҳиба солҳои зиндагиномаи наворбардор дақиқ гуфта нашудаанд.
Баъзеҳо гумон мекунанд, ки мусоҳиба жанри осон аст. Вале дар асл чунин нест. Барои мусоҳибаи хубу ҷолиб навиштан журналист бояд заҳмати зиёд кашад. Бояд ӯ ҳамон иттилоеро пешниҳод кунад, ки барои аксари аудитория наву ҷолиб аст. Барои журналист донистани завқ ва талаботи аудиторияи худ муҳим аст, мегӯяд мухаққиқи рус Инҷиев А. А. [1. -271].
Қобили зикр аст, ки на ҳамаи мусоҳибаҳо дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ҳирфаӣ навишта шудаанд. Интихоби дурусти мавзӯъ ва мусоҳиб онро ҷолибу хонданӣ мекунад. Фаромӯш набояд кард, ҳамон вақт ба ин жанр рӯ меоранд, ки гуфтаҳои қаҳрамон аз забони худи ноқил ҷолиб аст. Вагарна ин маълумотро метавон дар қолаби жанрҳои дигар пешниҳод кард.

Адабиёт

1. Инджиев А. А. Универсальный справочник начинающего журналиста [Текст] / А. А. Инджиев. – Ростов на Дону, 2007. — 496 с.
2. Муқим Ҷовид. Мусоҳиба ва техникаи таҳияи он [Матн] / Ҷовид Муқим. — Душанбе: Озар, 2013. — 160 с.
3. Полетаев Э. Рӯзноманигории байналхалқӣ: роҳнамо барои муаллифон аз Осиёи Марказӣ [Матн] / Э. Полетаев.- Душанбе, 2005. – 280 с.
4. Усмонов И. К. Жанрҳои публитсистика [Матн] / И. К. Усмонов. — Душанбе, 2009. — 139 с.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: