Барои хонанда бояд навишт


asБарои хонанда бояд навишт

(Баррасии маводи публитсистии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар соли 2016)

Ҷовид Муқим,
доктори улуми филология, профессори
кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Публитсистика як намуди маводи адабиёт ва журналистика аст, ки проблемаҳои муосири муҳими масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро баррасӣ мекунад. Ҳадафи публитсистика ин таъсир расонидан ба ҷомеа, ҷалби таваҷҷуҳи одамон ба ягон факту воқеа ва ба вуҷуд овардани вокуниши онҳо мебошад. Мавзӯи публитсистика ин ҳодиса ё ҳолатест, ки айни замон мегузарад ва ё пештар сурат гирифтааст. Ҳамчунин ин метавонад андешаи муаллиф дар бораи ягон ҳодисаву рӯйдод бошад. Дар публитсистика бояд ҳамеша мавқеи муаллиф аниқ ифода ёбаду рӯшан зоҳир гардад. Ҳамчунин дар навиштаҳои публитсистӣ бояд тахаюлоти бадеӣ ҷой надошта бошад. Услуби навишти публитсистӣ бо эҳсосият ва мубоҳиса аз маводҳои дигар фарқ мекунанд. Публитсистика афкори ҷомеаро ба вуҷуд оварда онро ташаккул медиҳад. Публитсистика ҳамчунин дар ташкили маъракаҳои сиёсӣ нақши муҳим дорад.
Дар натиҷаи пажӯҳиши шумораҳои соли 2016-уми ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» маълум гардид, ки аксаран саҳифаҳои аз 1-ум то 3-юми нашрия маводи расмиро фаро мегирад. Дар ин саҳифаҳо суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маводи дигари расмӣ ва вокунишҳо ба онҳо ба табъ расидаанд. Масалан, 21 январи соли 2016 (№3) мақолаи Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо номи «Адабиёт бояд ҳамқадами замон бошад» ба табъ расидааст. Муаллиф аз нокифоя будани таълифи асарҳои адибон дар замони муосир изҳори нигаронӣ карда, пеши аҳли эҷод вазифаҳо мегузорад. Аз ҷумла, аз адибон тақозо мешавад, ки ғояҳои ватандӯстӣ, муқаддас доштани марзу буми Тоҷикистон, садоқат ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллиро дар асарҳояшон тарғиб намоянд.
Дар саҳифаҳҳи 2-3-юми шумораи 1-уми сентябри соли 2016 (№35) мақолаи профессор Атахон Сайфуллоев «Истиқлоли давлатӣ ва инқилоби фикрии халқ» ба табъ расидааст. Дар мақола оид ба истиқлоли миллӣ ва дастовардҳои адабиёти тоҷик сухан меравад.

Метавон хулоса кард, ки ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» соли гузашта дар чопи маводи расмӣ ва вокунишҳо ба онҳо муваффақ буда, аз уҳдаи пешниҳоди чунин матлабҳо ба хубӣ баромадааст.
Дар бораи ҳаёту фаъолият ва ҳидоятҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафтанома дар соли 2016 маводи зиёде чоп кардааст. Вале ба назари мо дар ду матлаб симои воқеии Президенти Тоҷикистон ба таври табиӣ пешниҳоди хонанда шудааст. Яке аз беҳтарин мавод нигоштаи журналист ва нависанда Садриддин Ҳасанзода «Ду дидор» (28-уми апрели соли 2016 (№17) мебошад. Муаллиф бардошти худро аз ду вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ дар ин матлаб ҷой дода, симои ӯро ҳамчун як шахсӣ одиву мардумӣ ва дар ҳамин ҳол ҳамчун як инсони донову заковатманд ва самимӣ ифшо намудааст.
Дар шумораи 18 августи соли 2016 (№33) хотираҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо аз сафарҳояш бо Президенти Тоҷикистон ва вохӯриҳои сарвари давлат бо мардуми кишвар бо номи «Се ҳикоят» чоп шудааст. Муаллиф тавонистааст, ки дар ин қиссаҳо симои инсондӯстонаи Эмомалӣ Раҳмонро кушояд.
Дар ҳикояти аввал нависанда аз сафараш бо Президент Эмомалӣ Раҳмон 6 сентябри соли 2001-ум ба хоҷагии Қурбон Зардаков дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва истиқболи мардум нақл мекунад. Ҳангоми вохӯрӣ бо аҳли заҳмати хоҷагӣ ва аҳолӣ мизбонон мехостанд, ки пеши пои Ҷаноби Олӣ як буққаи калонеро бикушанд. Ҷавонон буққаро афтонда пойҳояшро бастанд ва қассоб кордро ба даст гирифта онро забҳ карданӣ буд. Президент «сабр бикун», гуфта аз ҷой мехезанд ва пеши қассоб мераванд. Кордро аз дасти ӯ мегиранд. Ҳама хомӯш интизор мемонанд, ки чӣ мешавад. Эмомалӣ Раҳмон кордро гирифта хам мешавад ва банди пои буққаро бурида, онро озод мекунад. Ҳамагон аз ин амали Президент ҷонибдорӣ карда, чаппак мезананд.
Дар қиссаи дуюм, ки аз сафари Президенти Тоҷикистон дар таърихи 15-уми апрели соли 2011 ба шаҳри Ваҳдат ва иштирок дар ифтитоҳи пули нав болои дарёи Элок, ба истифода омода будани 4,5 километр роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон ва боздид аз боғу токзори хоҷагии «Ёқут-2000» дар саршавии ағбаи «Чормағзак» нақл мекунад, боз нависанда таваҷҷуҳи хонандаро ба амале ҷалб мекунад, ки раҳму шафқат доштани Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад. Дар болои теппае барои меҳмонон як пиёла чой ташкил карда буданд. Ин ҷо ҷавоне қафасҳои парандаҳоро ба тамошо гузошта буд. Президент баъди тамошоии онҳо лаҳзае хомӯш монд ва ба ҷавон муроҷиат кард: «…Ин чумчуқакҳо азони худат?».
Ҷавон «бале», гуфта посух дод.
«Харидӣ», пурсиданд Президент. Ҷавон хомӯш монд. Ҷаноби Олӣ ба ҷавон як миқдор пул доданд ва дари қафасҳоро кушода, паррандаҳоро озод карданд.
Дар ҳикояти сеюм, ки 20 июни соли 2016 рух додааст, муаллиф аз ифтитоҳи бинои истиқоматӣ ва бозори «Марва» бо иштироки Президенти Тоҷикистон дар маҳаллаи «Зарафшон»-и Душанбе нақл мекунад. Ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон дар растаи гӯштфурӯшон бо қассобҳо суҳбат мекунад. Як ҷавоне аз онҳо дар суҳбат мегӯяд, ки ӯ худ гов намекушад: «Ҷаноби олӣ, бовар кунед, дилам намешавад, ки мол кушам».
«Худат ҳам дили бараҳм доштаӣ», мегӯяд Президент. Ин суханон бори дигар собит мекунад, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон худ шахси бараҳманд.
Яке аз воқеаҳои фарҳангии хотирмони соли гузашта баргузории Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз моҳи март дар шаҳри Душанбе буд. Ба истиқболи маъракаи мазкур ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» як силсила маводи гуногунро ба табъ расонидааст. Аз ҷумла, хотираҳои Бахтиёри Муртазо аз ду ҳамоиши адибони форсигӯ (соли 1958 ва 1967), ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардидаанд, таҳти унвони «Душанбе – Ҳироти Ҷомию Навоӣ» 11 феврали соли 2016 (№6) ба табъ расидааст.
Дар шумораи 18 феврали соли 2016, (№7) мақолаи Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муҳаммадюсуф Имомзода ва Умар Сафар «Аз моварои солҳо» ба табъ расидааст. Дар маводи мазкур муаллифон аз Симпозиуми адибони форсигӯ, ки моҳи декабри соли 1967 дар Душанбе баргузор шуда буд, ёд мекунанд.
Ҳамчунин ду саҳифаи шумораи 25 феврали нашрия ба истиқболи ин ҳамоиши адибон бахшида шудааст. Дар аввал ҳафтанома мусоҳибаи мухбири АМИТ «Ховар»-ро бо раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо номи «Низом Қосим: ҳамоиш рӯҳи Наврӯз дорад», чоп кардааст. Сипас, нигоштаи профессор Атахон Сайфуллоев «Мо баҳри дилшиносон шеъру тарона ҳастем» ба табъ расидааст, ки аз баргузории Симпозиуми назми форсӣ дар Душанбе (12-13 декабри соли 1967) маълумот медиҳад.
Ба истиқболи Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз 3 марти соли 2016 (№9) порчае аз хотираҳои Бибии Касроӣ дар бораи падараш, шоири маъруфи Эрон Сиёвуши Касроӣ бо номи «Хазарро диду хун гирист» чоп шудааст. Муаллиф дар ин мавод аз муҳоҷирати иҷбории падар аз Эрон ба Афғонистон, Русия ва Шведсия нақл мекунад.
Дар ҳамин шумора ҳамчунин ҳотираи Ҳикмат Раҳмат аз Симпозиуми шоирони форсигӯ, ки декабри соли 1967 баргузор шуда буд, ба табъ расидааст.
Бахшида ба чорабинии мазкур 10-уми марти соли 2016 (№10) мақолаи профессор Шоҳзамон Раҳмон «Шеър ҳам хонандаро пайванд созад бо ватан» чоп шудааст, ки мулоҳизаҳои муаллифро оид ба шеъри форсии тоҷикӣ дар Симпозиуми назми форсизабонон ва баъд аз онро дар бар мегирад.
Мақолаи профессор Абдунабӣ Сатторзода «Нодирпур, шеъри нав ва «дарахти калони кундапаҳн» (17-уми марти соли 2016 (№11) низ ҳамин мавзӯъро фаро гирифтааст.
Дар шумораи 31-уми марти соли 2016 (№12-13) суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат (20.03.2016) чоп шудааст.
Нигоштаи Парда Ҳабиб «Аз Панҷоб то Панҷрӯд» (31-уми марти соли 2016 (№12-13) аз сафари як гурӯҳи адибони ҳамоиши мазкур ба ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент нақл мекунад. Муаллиф дар ин мавод арзи сипоси шоири афғони муқими Олмон Латифи Нозимиро ба Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон, ки адибони форсигӯйро ба ҳам овардааст, иброз намуда, аз шеърхониҳо ва таассуроти эшон нақл кардааст.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло низ дар ин шумора андешаҳои худро перомуни ҳамоиши мазкур ва сафари адибон ба зодгоҳи Рудакӣ дар матлаби «Ҳамоиши сухан, ҳамоиши муҳаббат» иброз намудааст.
Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» соли гузашта чанд сафарномаи адибонро низ чоп кардааст. Масалан, дар шумораи 14 январи соли 2016 (№3) сафарномаи Лаълҷубаи Мирзоҳасан «Субҳи Бартанг» таҳти рубрикаи «публитсистика» чоп шудааст. Дар маводи мазкур муаллиф аз сафари гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди заминларзаи 7 декабри соли 2015 ба мавзеи Бартанги Болои ноҳияи Рӯшон ва вохӯрии онҳо бо мардуми осебдида нақл мекунад. Мавод ба мавзӯи муҳим бахшида шуда, муаллиф тавонистааст, ки бо овардани баъзе лаҳзаҳо онро ҷолиб намояд. Вале дар ҳамин ҳол дар ин мавод баъзе камбудиҳо ҷой доранд. Масалан, муаллиф менависад: «Дар маркази суҳбат зилзила ва вазъи бади он меистод». Дурусташ «оқибати бади он» аст. Ҳамчунин дар ин мавод рӯзи сафар гуфта нашудааст, ки дар маводи публитсистӣ мавҷудияти он ҳатмӣ мебошад.
Нигоштаи Маҷид Салим «Роғун-мазҳари нур» (18 феврали соли 2016, №7) аз сафари як гурӯҳи наврасону ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе ба НБО-и Роғун нақл мекунад. Муаллиф рафти сафар, вохӯриҳоро бо масъулини сохтмони нерӯгоҳ ва маҳфили бадеиву ҳунариро дар шаҳри Роғун ба риштаи тасвир кашидааст.
Дар шумораи 5-уми майи соли 2016 (№18) хотираҳои сафари Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор ба Ҳолланд ва иштирокаш дар маҳфили адабии Конуни байналмилали Рӯдакӣ ба табъ расидааст.
6-уми июли соли 2016 (№27) нигоштаи Равшани Махсумзод «Раҳи дуру дилҳои наздик» дар ҳафтанома ба табъ расидааст, ки он аз таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мурғоб нақл мекунад. Муаллиф дар ҳайати як гурӯҳе бо вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба ноҳияи мазкур сафар доштанд ва ӯ хотироти худро дар ин бора навиштааст, ки ҷолиб мебошад.
Дар шумораи 14-уми июли соли 2016 (№28) сафарномаи Маҷид Салим «Аз сафар овардаем савғои хуб» чоп шудааст. Дар ин мавод муаллиф сафари як гурӯҳи адибонро ба Бадахшон барои ширкат дар Иди Ваҳдати миллӣ ва барпо кардани маҳфилҳои шеъру суруд дар Хоруғу Роштқалъа ба қалам додааст.
11-уми августи соли 2016 (№32) дар ҳафтанома сафарномаи Юнус Юсуфӣ бо номи «Шукӯҳи кӯҳи сомонист ин ҷо» чоп шудааст, ки хеле ҷолибу самимӣ мебошад. Дар очерки мазкур муаллиф сафараш ба Бадахшон ва иштирокаш дар машварати адибони ҷавони вилояти ВМКБ ва саёҳаташ ба чашмаи «Авҷ»-ро ба қалам додааст. Махсусан симои Алидоди Чароғабдол, мудири китобхонаи вилоятӣ бо овардани лаҳзаҳои сафар бо ӯ рӯшан ифшо шудааст. Алидоди Чароғабдол дар очерк ҳамчун инсони ростагору соҳибқавл ба тасвир омадааст. Муаллиф дар сафарнома тавонистааст, ки ин гӯшаи кишварро бо ҳама ҳусну таровати доштааш тасвир намояд.
8-уми декабри соли 2016 (№49) дар ҳафтанома сафарномаи Нур Табаров «Ин хок накҳати шеър дорад», чоп шудааст. Муаллиф дар ин матлаб аз сафараш ба шаҳри Табрези Эрон қисса мекунад.
Мусоҳиба яке аз жанрҳои ҷолиб ва серистеъмоли ВАО маҳсуб мешавад. Ҳафтанома дар соли 2016 ҳудуди 21 мусоҳиба ба табъ расонидааст, ки ин нисбат ба ёдномаву шодбошиҳо ба маротиб кам аст. Соли 2016 як қатор мусоҳибаҳои ҷолиб ба мисли мусоҳибаи Қодири Рустам «Сатторзода: адабиёт барои миллати мо болотар аз адабиёт аст» (25 феврали соли 2016, (№8) ба муносибати 75-солагии профессор Абдунабӣ Сатторзода чоп шудааст. Дар мусоҳиба вазъи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ баррасӣ гардидааст. Мутаассифона, номи муаллифи мусоҳиба ҳам дар лид ва ҳам дар охири мавод чоп шудааст, ки хоси рӯзнома нест.
Мусоҳибаи Толиби Луқмон бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад «Адабиёт муросоро намепарварад» 31-уми марти соли 2016 (№12-13) ба табъ расидааст. Меҳвари мусоҳибаро китоби дуюми нависанда «Гардиши девбод» ва мушкилоти адабиёти муосир ташкил медиҳад.
Ҳафтанома 6-уми июли соли 2016 (№27) мусоҳибаи Ортиқ Қодир «Гуландом Сафаралиева: нақши лоиқи худам орзуст»-ро ба табъ расонидааст. Муаллиф бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гуландом Сафаралиева мусоҳибае оростааст, ки хеле табиӣ ва самимӣ мебошад.
Дар шумораи 1-уми сентябри соли 2016 (№35) мусоҳибаи мухбири АМИТ «Ховар» бо унвони «Мирзо Муллоаҳмад: ном бояд нотакрору зебо бошад», ба табъ расидааст. Дар мусоҳиба профессор Мирзо Муллоаҳмад дар бораи номгузории кӯчаву маҳалҳо андешаҳои худро иброз намудааст.
20-уми октябри соли 2016 (№42) дар ҳафтанома мусоҳибаи хабарнигори АМИТ «Ховар» бо адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов бо номи «Дарахти дӯстӣ биншон» ба табъ расидааст, ки ба дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бахшида шудааст. Мутаассифона, дар ду мусоҳибаи охир номи муаллиф оварда нашудааст.
Дар шумораи 3-юми ноябри соли 2016 (№44) мусоҳибаи Салими Зарафшонфар «Аз дудаи хуршедсаворон моем» бо шоири эронӣ Масъуди Сипанд чоп шудааст. Ӯ аз инсонгарии ориётаборон ҳарф мезанад ва мегӯяд, ки гӯри Зардушт дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон аст, ки онро барои поймол накардани мутаассибон мазори ҳазрати Алӣ эълон доштаанд. Мусоҳиба хеле хубу хонданӣ аст. Вале як суоли муаллиф, ки мегӯяд: «Шумо ҳоло дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯзгор ва осори Ҳофизи Шерозӣ сабақ медиҳед. Чаро маҳз Ҳофиз?», шарҳ мехоҳад. Аз ин гуфтаҳо хонанда гумон мекунад, ки Масъуди Сипанд устоди донишгоҳи миллӣ аст. Дар асл бошад, ӯ муваққатан як курси махсус дорад.
Мутаассифона, соли 2016 дар баробари мусоҳибаҳои хубу ҷолиб дар ҳафтанома мусоҳибаҳои сусту камарзиш низ ба табъ расидаанд. Масалан, Дар шумораи 7 январи соли 2016 (№1) мусоҳибаи Абдухалили Абдусаид «Сурудам – ҳофизи рози дили ман» бо овозхон Матлуба Раҳимова чоп шудааст. Суоли охири муаллиф чунин аст: «Таманниёти шумо дар Соли нав?». Ҳол он ки ин шумораи нашрия баъди як ҳафтаи гузаштани иди Соли нав чоп шудааст. Одатан чунин таманниётро қабл аз оғози соли нав мепурсанд. Умуман чунин суолгузорӣ хоси нашрия баобрӯи «Адабиёт ва санъат» нест.
Бояд гуфт, ки дар шумораи 11 феврали соли 2016 (№6) мусоҳибаи Толиби Луқмон «Саттор Турсун: шояд аз феъли замона дур мондаам» дар ҳаҷми қариб 3 саҳифаи рӯзнома чоп шудааст, ки хеле ҳам тӯлонӣ мебошад.
25 феврали соли 2016, (№8) дар ҳафтанома мусоҳиба бо директори нашриёти «Адиб» Гурез Сафар, ки аз Намоиши байналхалқии китоб дар Минск баргаштааст, ба табъ расидааст. Аксари маълумоти мусоҳибаи мазкур аллакай дар шумораи пешинаи ҳафтанома, дар хотираи сафари Баҳроми Раҳматзод («Дар канори дӯстон»), ки иштирокчии ин намоиши китоб буд, чоп шудааст.
Дар шумораи 14-уми июли соли 2016 (№28) мусоҳибаи «Зарнисори мо – умеду ифтихори мо» ба табъ расидааст. Матлаби мазкур пас аз ғолиб омадани Зарнисор Набиева дар озмуни пианинанавозон дар Федератсияи Русия навишта шудааст. Пешниҳоди матлаби мазкур барои хонанда ҷолиб нест.
Дар шумораи 28-уми июли соли 2016 (№30) мусоҳибаи А. Раҳмонқулов «Хуршед Алидод: дар Тоҷикистон бахту саодат ёфтам» ба табъ расидааст. Муаллиф меҳвари мусоҳибаро ба ҳаёти шахсии овозхон бахшидааст ва фаъолияти эҷодии ӯ аз назар дур мондааст. Дар мусоҳиба суоли бемавқеъ низ ҳаст: «Оё боре ба ватани аслӣ баргаштанро орзу доштед?». Аслан «ба зодгоҳ баргаштан» мантиқӣ мебуд.
Дар мусоҳиба камбудие дар суолгузорӣ ба назар мерасад. Муаллиф дар аввал ба мусоҳиби худ «ту» гуфта муроҷиат мекунад ва баъд бо эҳтиром дар шакли ҷамъ суол медиҳад.
Дар шумораи 4-уми августи соли 2016 (№31) мусоҳибаи «То забон дорем, дар ҷаҳон пойдорем» бо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ба табъ расидааст. Муаллиф мегӯяд, ки «… соҳиби мақоми давлатӣ шудани забони тоҷикӣ низ аз меваҳои шаҳрдбори истиқлолияти мост». Ба ҳамагон маълум аст, ки 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол гардид. Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ҳанӯз ду сол қабл — 22 июли соли 1989 қабул шуда буд.
Дар шумораи 8-уми сентябри соли 2016 (№36) мусоҳибаи Робияи Холмирзо бо наворбардори шинохта Заур Дахте бо номи «Мавҷҳои ранг дар ҳар акси ӯст» ба табъ расидааст, ки ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ бахшида шудааст. Дар муаррифӣ гуфта мешавад: «Заур Дахте зодаи шаҳри Махачқалъаи Доғистон, ҳамдеҳаи Расул Ғамзатов аст». Бояд, гуфт, ки шоир Расул Ғамзатов зодаи деҳаи Тсадаи ноҳияи Хунзах мебошад.
13-уми октябри соли 2016 (№41) мусоҳибаи Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад «Аз «Тангно» ба паҳно» бо Музаффар Муҳиддин чоп шудааст. Оғози мусоҳиба чунин шурӯъ мешавад: «Ҳамон шом бо Музаффар Муҳиддин дар маъракае вохӯрдам. Ӯ чанд соат пеш аз Чин баргашта, таассуроташро бо ҳавас рӯи варақ меовард». Магар дар маърака метавон таассуротро «бо ҳавас рӯи варақ овард»? Дар мусоҳибаи мазкур аксе аз филми «Рустам ва Суҳроб»-и Борис Кимёгаров чоп шудааст, ки ба ин мусоҳиба ҳеҷ иртиботе надорад.
Воқеан, ин шумора дар арафаи баргузории Кинофестивали ҳафтуми байналмилалии «Дидор» дар Душанбе, ки аз 16 то 20 октябр баргузор гардид, чоп шудааст, ва редаксия метавонист дар ин мавзӯъ маводи арзишманде пешниҳод кунад. Ногуфта намонад, ки раиси ИНТ Низом Қосим роҳбари ҳакамони кинофестивали мазкур буд.
Қобили зикр аст, ки на ҳамаи мусоҳибаҳо ҳирфаӣ навишта шудаанд. Интихоби дурусти мавзӯъ ва мусоҳиб маводро ҷолибу хонданӣ мекунад. Фаромӯш набояд кард, ҳамон вақт ба ин жанр рӯ меоранд, ки гуфтаҳои қаҳрамон аз забони худи ноқил ҷолиб аст. Вагарна ин маълумотро метавон дар қолаби жанрҳои дигар ба аудитория пешниҳод кард.
Истифодаи дурусти вожаҳо дар забони тоҷикӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз маҳсуб мешавад. Оид ба ин мавзӯъ ҳафтанома якчанд матлабро интишор додааст. Масалан, мақолаи Юнус Юсуфӣ «Таҳдиди кӯча ба забон ва саранҷоми бади он» (14 январи соли 2016 №2), ки ба истифодаи вожаву истилоҳоти ғалат ва бегона дар забони тоҷикӣ бахшида шудааст, хеле саривақтист. Муаллиф вожаҳои «кӯмак», «утоқ», «тахфиф»-ро, ки имрӯз дар забони мо серистеъмол шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода, мегӯяд, ки ҷои муодили тоҷикии онҳо «ёрӣ», «кулба», «арзон» танг шудааст.
Дар шумораи 16-уми июни соли 2016 (№24) нигоштаи Сипеҳри Ҳасанзод «Аз кӯча гузар кардам дӯш» чоп шудааст, ки ба ғалатнигориҳо дар овезаҳои муассисаву корхона, мағозаву бозор ва ширкату биноҳои шаҳри Душанбе бахшида шудааст.
15-уми декабри соли 2016 (№50) ҳафтанома мақолаи доктори улуми филология Ҳасани Султон «Танӯр ё тандур»-ро чоп кардааст. Муаллиф бо мисолҳо собит мекунад, ки тарзи дурусти истифодаи ин калима дар забони тоҷикӣ «танӯр» аст, ва он ба ин шакл таърихи беш аз ҳазорсола дорад.
Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» соли гузашта ба муносибати зодрӯзи шахсони маъруфи аҳли адабу фарҳанги тоҷик қариб дар ҳар шуморааш ҷашнномаву шодбошӣ ба табъ расонидааст. Ҷашнномаи Муртазо Зайниддинов «Пайвандгари риштаҳои дӯстӣ» (14 январи соли 2016 (№2) ба муносибати 80-солагии адабиётшинос Вали Самад, нигоштаи профессор Равшан Раҳмонӣ «Пажӯҳандаи дақиқназар» (28 январи соли 2016 (№4) ба муносибати 70-солагии адабиётшинос Аламхон Кӯчаров, шодбошиҳои «Як умр дар талоши сухани ҳақ» бахшида ба 70-солагии Саттор Турсун, бахшида ба 80-солагии Алӣ Бобоҷон ва Салишо Ҳалимшо (11 феврали соли 2016 (№6), ҷашнномаи «Таълими ӯст ҷонфизой» (28-уми апрели соли 2016 (№17) бахшида ба 80-солагии профессор Субҳон Амирқулов, шодбошии Маҷид Салим «Анбони дурдонаҳои Абдуғаффор» (11-уми августи соли 2016 (№32) бахшида ба 60 — солагии адиб Абдуғаффори Абдуҷаббор, шодбошиии Тилло Некқадам «Сурудҳояш сарҳад надорад» (15-уми сентябри соли 2016 (№37) бахшида ба 80-солагии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хуршед Алидодов аз ин ҷумлаанд.
Соли гузашта дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» аз ҳама бештар ёднома чоп шудааст, ки аз ҳаёту фаъолияти аҳли фарҳангу адаби равоншод нақл мекунад. Ёдномаи дотсент Шариф Комилзода «Боғбони як чаман лола» (14 январи соли 2016 №2) ба ифтихори 100-солагии хореографи мумтози тоҷик Ғаффор Валаматзода, ёдномаи Ортиқи Қодир «Марде аз диёри ҳунар» (28 январи соли 2016 №4) бахшида ба фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Борис Наматиев, ёдномаи Обидҷон Матхолов «Ҳомии хазинаи тиллоӣ» (7-уми апрели соли 2016 (№14) бахшида фаъолияти эҷодии собиқ коргардони Радиои Тоҷикистон Ҳалима Насибулина, хотираҳои Сайфулло Қулаев «Чор сабақи устод Мирсаид Миршакар» (21-уми апрели соли 2016 (№16), хотираҳои Ато Ҳамдам «Насими боғи устод» (28-уми апрели соли 2016 (№17) аз саргузаштҳои кӯтоҳи шоири шодравон Бобо Ҳоҷӣ, ёдномаи Р. Абдулқодир «Ҳамсафари рӯди Ҳисор» (2-юми июни соли 2016 (№22) оид ба ҳаёту фаъолияти рӯзноманигори шодрвон Мӯсо Мавлавӣ, нигоштаи Мадина Мирзоҳаётова «Зуҳраи навогари Шарқ» (30-юми июни соли 2016 (№26) бахшида ба 85-солагии зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Лайло Шарипова, ёдномаи Т. Халилӣ «Аз сӯхтан то сохтан» (6-уми июли соли 2016 (№27) дар бораи рассоми шинохтаи тоҷик Ашӯр Ҳайдаров, хотираҳои Темур Назаров «Вопасин дидор бо устод» (11-уми августи соли 2016 (№32) дар бораи охирин вохӯрии Ҳабибулло Назаров бо Мирзо Турсунзода дар беморхонаи ҳукуматӣ, ёдномаи Ортиқи Қодир «Булбули шӯридаи гулзори ишқ» (8-уми сентябри соли 2016 (№36) оид ба фаъолияти ҳунарии овозхони шинохтаи тоҷик, шодравон Субҳони Саид, ёдномаи Бахтиёри Муртазо «Хӯшачин ва орди маҳин» (8-уми декабри соли 2016 (№49) ба муносибати 90-солагии тарҷумони мумтози тоҷик Шамсӣ Собир ва ғайра аз ин ҷумла мебошанд.
Дар шумораи 14-уми апрели соли 2016 (№15) бахшида ба зодрӯзи устод С. Айнӣ мақолаи профессор Абдунабӣ Сатторзода «Китоби муқаддаси қавми муаззам» чоп шудааст. Меҳвари мақоларо китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» ва басҳо атрофи он ташкил дода, муаллиф доир ба зери бори тӯҳмати ҳамкасбон мондани С. Айниро дар соли 1937 мавриди баррасӣ қарор додааст.
Дар ҳамин шумора нигоштаи Қурбон Аламшо «Айнӣ ва Шоҳтемур» ба табъ расидааст. Муаллиф аз шиносоии Ш. Шотемур бо С. Айнӣ ва ёриаш ба ӯ дар чопи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» дар Маскав ва ободии рӯзгораш нақл мекунад, ки хеле ҷолиб аст.
Дар мавзӯи мазкур мақолаи адабиётшинос Ҷумъабой Азизқулов низ бо номи «Сарзамини мо худ аз осори ӯ сар мешавад» (5-уми майи соли 2016 (№18) ба табъ расидааст.
Боиси дастгирист, ки ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» соли гузашта анъанаи чопи шумораи муштаракро бо нашрияҳои кишварҳои хориҷӣ аз нав ба роҳ монд. Аз ҷумла, 4 феврали соли 2016 (№5) шумораи муштараки ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва ҳафтаномаи «Литература и мастацтва» (Белорус) ба табъ расид. Дар ин шумора нигоштаи Низом Қосим бо номи «Муждаи баҳори ҳамкорӣ» дар бораи робитаҳои адабии Тоҷикистону Белорус ба табъ расидааст. Маводи нависандаи Белорус Ирина Кочеткова «Дар ҳарими оинҳои инсондӯстӣ» аз маҳфили рӯнамоии китоби Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон» дар Минск нақл мекунад. «Дар масири қаҳрамониҳо» ном дорад мақолаи журналисти Белорус Елена Стелмах оид ба қаҳрамониҳои халқи Белорус дар давраи ҶБВ. Толиби Луқмон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти коргардони тоҷик Маргарита Қосимова, ки аз соли 1992 дар Минск зиндагӣ дорад, низ маводе нигоштааст.
Соли гузашта ҳафтанома якқатор мақолаҳои ҷолибро нашр кардааст. Аз ҷумла, мақолаи Рӯзии Аҳмад «То набинӣ куркури каррокро…» (18 феврали соли 2016, №7) ба маросимҳои мавсимии водии Ҳисор бахшида шудааст. Муаллиф дар бораи ин маросимҳо сухан карда, баъзе корҳои кишоварзиро, ки ин маросимҳо ҳангоми анҷоми онҳо сурат мегиранд, ба тафсил нақл менамояд. Чунин тарзи пешниҳоди матлаб хеле ҷолиб буда, ба хонанда иттилои нав медиҳад, ки онро метавон дар амал истифода кард. Масалан, муаллиф тарзи гӯр кардани буттаҳои анорро дар фасли тирамоҳ, ки аз сардиҳои зимистон эмин медорад, хеле хуб тасвир кардааст.
Ба назари мо шумораи 5-уми майи соли 2016 (№18), ки бахшида ба рӯзи Ғалаба дар ҶБВ чоп шудааст, аз беҳтарин шумораҳои ҳафтанома дар соли 2016 буд. Масалан, дар шумораи мазкур бахшида ба рӯзи Ғалаба дар ҶБВ нигоштаи Азизаи Хубон «Ман ҷониби ту равам зафарманд» чоп шудааст. Муаллиф дар ин мавод мактубҳои фронтии шоири шаҳид Ҳабиб Юсуфиро баррасӣ кардааст.
Дар ҳамин шумора ба ифтихори рӯзи Ғалаба маводи зиёде дар бораи иштирокчиёни ҶБВ аз миёни аҳли фарҳангу адабиёт чоп шудааст. Масалан, матлабҳои «Аввалин драматурги касбӣ» оид ба Абдулҳақ Усмонов ва «Истеъдоде, ки бемаҳал ғуруб кард» оид ба Мардон Розиқов, ҳунарпешаи Театри театри давлатии ба номи Лоҳутӣ маълумот медиҳанд. Ин ду нафар дар ҶБВ ҳалок гаштаанд.
Хотираҳои Бахтиёри Муртазо «Сафири адабии ду халқ» дар бораи мутарҷим ва нависандаи зиндаёд Тойтӯра Ботирқулов хеле самимӣ ва ҷолиб иншо шудааст. Тойтӯра Ботирқулов низ иштирокчии ҶБВ буд ва баъди хатми факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Қирғизистон ба Тоҷикистон омада, то охири умр ин ҷо зиндагӣ ва эҷод кардааст.
Ёдномаи Мансур Суруш «Гусел дар вокзал» ба адиб Минел Левин бахшида шудааст, ки ӯ ҳам иштирокчии ҶБВ буд. Нигоштаи мазкур низ хеле самимӣ аст.
Нигоштаи Султонмуроди Одина «Боғи сабзи истиқлол» 19-уми майи соли 2016 (№20) яке аз беҳтарин маводи публитсистии ҳафтанома дар соли 2016 маҳсуб мешавад. Муаллиф дар бораи бунёди боғи гелос дар ноҳияи Ҳисор, ки номи «25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»-ро гирифтааст, сухан ронда, хеле ҷолиб ин маъракаро тасвир намудааст. Ӯ аввал дар бораи гузаштаи ин мавзеъ, ки «Замини себи Салоҳ» ном дорад, ҳарф зада, сипас дар бораи шинондани гелосҳои ба ниҳолҳои муҳлаб пайвандшуда ва иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин маъракаи боғбунёдкунӣ нақл мекунад.
Соли гузашта ҳафтанома ҳамагӣ ду лавҳа чоп кардааст. Дар шумораи 2-юми июни соли 2016 (№22) лавҳаи Толиби Луқмон бо номи «Дар раҳгузари бод» чоп шудааст, ки хеле ҷолиб аст. Дар ин лавҳа муносибати ҷомеа ба китоб, беҳурматӣ нисбат ба он хеле рӯшан инъикос шудааст. Муаллиф тавонистааст, ки дар як лавҳаи хурдакак проблемаи калонро баррасӣ намояд.
30-юми июни соли 2016 (№26) ҳафтанома лавҳаи Одили Нозир «Ҳиммати гадо»-ро чоп кардааст, ки хеле ҷолиб аст. Муаллиф бо як дӯсташ ба ҷавони гадое, ки ақли расо надорад ва дер боз ӯро мешиносад, соати 10-и шаб дар истгоҳи Универмаги марказии Душанбе вомехӯранд. Дӯстон ба гадо, ки одатан дар гузаргоҳи зеризаминии ин мавзеъ талбандагӣ мекунад, 8 сомонӣ медиҳанд. Гадо ин пулро намегирад ва мегӯяд, ки «Не, ман дар кор нестам. Вақти кории ман аз 9-и саҳар то то 8-и шаб».
Дар мавзӯи театр ва ҳунарпешаҳо соли гузашта бештар Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ортиқи Қодир мавод навиштааст, ки дар жанрҳои гуногун эҷод шудаанд. Масалан, 21-уми июли соли 2016 (№29) мақолаи «Драматургияи қирғиз дар саҳнаи тоҷик» ба табъ расидааст. Дар матлаби мазкур муаллиф дар бораи дар саҳнаҳои театрҳои Тоҷикистон» намоиш дода шудани пейесаҳои драматургони қирғиз сухан меронад. Ӯ аз ҷумла, дар бораи соли 1969 аз ҷониби коргардон Хушназар Майбалиев таҳия гардидани драмаи нависандаи қирғиз Мар Байҷонов «Дуэл» дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нақл карда, мегӯяд, ки он аз лиҳози услубу ғоя ва тобишҳои равониву психологӣ дар таърихи театри тоҷик саҳифаи наве кушод.
Соли гузашта профессор Иброҳим Усмонов дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат якчанд мақола оид ба театр ва матбуот чоп кардааст. Аз ҷумла, дар шумораи 10-уми марти соли 2016 (№10) мақолаи ӯ оид ба фаъолияти эҷодии Убайдулло Раҷабов бо номи «Андешаҳои як мухлис» ба табъ расидааст. Муаллиф образҳои ҳаҷвии дар саҳнаи театр ва кино офаридаи Убайдулло Раҷабовро мавриди назар қарор додааст.
18 августи соли 2016 (№33) дар ҳафтанома матлаби дигари И. Усмонов «Дардро бо ханда куштан ихтирои ман набуд» чоп шудааст, ки аз эҷодиёти ҳунарпешаи театр Саидмурод Мардонов нақл мекунад.
Дар шумораи 22-уми сентябри соли 2016 (№38) мақолаи профессор Иброҳим Усмонов «Хуршеде аз дили баҳри Хазар» ба табъ расидааст, ки хеле ҷолиб мебошад. Муаллиф дар ин мавод рӯзномаи маҳаллии хукуматӣ — «Закаспийская туземная газета»-ро, ки ба забонҳои тоҷикӣ (форсӣ) ва туркманӣ аз 14-уми декабри соли 1914 то моҳи январи соли 2017 ҳафтае ду маротиба 216 шумора чоп шудааст, баррасӣ менамояд.
Дар шумораи 20-октябри соли 2016, (№42) боз як мақолаи профессор И. К. Усмонов «Родмарде дар саргаҳи матбуоти тоҷик» ба табъ расидааст, ки ба зиндагиномаи журналист Қосим Дайламӣ бахшида шудааст.
Дар шумораи 29-уми сентябри соли 2016 (№39) маводи Муҳриддин Сабурӣ «Овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст» ба табъ расидааст. Муаллиф дар ин мавод дар бораи сурудаҳои бевазну бемаънии овозхонҳои ҷавон ва тарғиб гардидани онҳо аз ҷониби ронандаҳои микроавтобусҳо дар ҷомеа изҳори нигаронӣ мекунад.
Дар шумораи 13-уми октябри соли 2016 (№41) мақолаи академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва профессор Равшан Раҳмонӣ «Эҳёи ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон» ба табъ расидааст, ки аз таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии он нақл мекунад. Муаллифон мегӯянд, ки бо саъю кӯшиши Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон ҷашни Меҳргон аз нав бо тамоми шукуҳу шаҳоматаш дар кишвари мо эҳё шуд.
20-октябри соли 2016, (№42) ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мақолаи киношинос Тилло Некқадамро бо номи «Зи шоҳон касе чун Сиёвуш набуд», ба табъ расонидааст. Дар матлаби мазкур, ки ба 40-солагии нахустнамоиши филми Борис Кимёгаров «Достони Сиёвуш» бахшида шудааст, муаллиф дар бораи таҳияи филми мазкур ва тақдири минбаъдаи нақшофарандаҳо нақл мекунад. Масалан, маълум мешавад, ки иҷрокунандаи нақши қаҳрамони асосии филм Фарҳод Юсуфов минбаъд худ дар баробарӣ актёрӣ, режиссёр ва сенариянавис шудааст. Ӯ соли 1989 ба Канада кӯчида, номашро ба Марк Жозеф иваз кардааст ва дар шаҳри Квебек зиндагӣ дошта ба коргардонӣ ва филмнависӣ машғул аст. Тилло Некқадам аз муаллифони ҳафтанома мебошад, ки аз навиштаҳояш хонанда иттилои наверо оид ба санъати кино ва ҳунарпешаву таҳиягарони филмҳо пайдо карда метавонад.
Дар шумораи 27-уми октябри соли 2016 (№43) маводи публитсистии Мансур Суруш «Чаманзодему аз як шохсорем» ба табъ расидааст. Дар матлаби мазкур муаллиф аз забони Аза Қаноатова, осетинзане, ки дар Тоҷикистон бузург шуда, шавҳари тоҷик дорад, ду қиссаро оид ба дӯст доштани Тоҷикистон нақл мекунад. Дар қиссаи аввал сухан аз Виктор Авакови арманӣ, ҳамсояи Аза Бекировна меравад, ки рассоми ороишгар асту баъди барҷомондагӣ ӯро духтараш ба шаҳри Можайск мебарад. В. Аваков хоҳиш мекунад, ки агар мабодо дар Русия вафот кунад, турбаташро ҳатман ба Тоҷикистон оранд, то рӯҳаш ором ёбад.
Қиссаи дуюм аз зиндагии хеши дури Аза Бекировна – Рамазон Тсориев нақл мекунад, ки баъди ҶБВ бо оилааш аз Осетияи Шимолӣ ба деҳаи Себистони Данғара омада, маскун мешаванд. Рамазон сартарош мешаваду занаш кондуктори автобус. Ӯ дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта ба ватанаш бармегардад ва он ҷо мефавтад. Ӯ пеш аз марг, дар беҳушиаш ба тоҷикӣ бо ҳамсояҳои себистониаш видоъ мегӯяд. Матлаби мазкур хеле ҷолиб буда, аз одаму одамгарӣ ва дӯстӣ қисса мекунад.
Дар ҳафтанома 10-уми ноябри соли 2016 (№45) андешаҳои Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон А. Раҳмонқулов бо номи «Наттоқ тӯтӣ нест» чоп шудааст. Муаллиф дар бораи телевизиони тоҷик сухан карда, изҳори нигаронӣ мекунад, ки баъзе ровиёни телевизион ҳунари тахассусӣ, донишу маърифати муошират надоранд. Бояд гуфт, ки ин андешаҳо дар маводи қаблии муаллиф бо номи «Аз хуб ба хубтар бикӯшем» ҳанӯз 18 феврали соли 2016 (№7) дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» қариб бо ҳамин мазмун чоп шуда буд. Дар маводи охирин баъзе ҷумлаҳо такрори матлабӣ қаблӣ мебошанд. Масалан, сархати мазкур, ки бо чунин ҷумла оғоз мешавад: «Вазъияти ахбор ба забони тоҷикӣ ва русӣ низ ташвишовар аст…», такрор мебошад. Ҳамчунин ду сархати пасомада низ айнан ба чунин шакл дар матлаби «Аз хуб ба хубтар бикӯшем» чоп шудааст. Мисоли мазкур аз он далолат медиҳад, ки масъулони чоп бепарвоӣ зоҳир кардаанд.
Бояд гуфт, ки А. Раҳмонқулов бо номи Алӣ Ризо низ матлаб менависад ва аз муаллифони сермаҳсули ҳафтанома дар бораи ҳунарпешаҳои театр мебошад.
Эссе жанри публитсистиву бадеист, ки таассуроти шахсӣ ва мулоҳизаи муаллифро оид ба масъала ё предмети мушаххас инъикос мекунад. Он аз ҷиҳати вазифа ва ҳаҷм бо мақолаи илмӣ ва очерки адабӣ ҳамсарҳад аст. Образнокӣ, ҳаракату амали қаҳрамон, ҳикматгӯи, мухолифати тафаккур, ифшогӯии маҳрамона ва оҳанги гуфтугӯ аз хусусиятҳои услубии эссе мебошанд. Дар шумораи 24-уми ноябри соли 2016 (№47) эссеи Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун «Ҷоннисор» ду саҳифа чоп шудааст. Дар ин матлаб муаллиф аз шиносоиаш бо журналисти маъруфи тоҷик равоншод Мазҳабшо Муҳаббатшоев нақл карда, дар бораи ҷасорат ва ҷоннисории ӯ дар матбуот қисса мекунад.
Дар шумораи 15-уми декабри соли 2016 (№50) мулоҳизаи Ҷумъа Қуддус «Драмнависӣ мактаб мехоҳад» ба табъ расидааст. Муаллиф пешниҳод мекунад, ки бинобар ба дромнависӣ рӯ наовардани ҷавонон дар барномаҳои таҳсилоти умумӣ соатҳои алоҳидаи фанни мазкур ба роҳ монда шавад.
Дар нашрия соли 2016 хабарҳои адабиву фарҳангӣ дар ҳар шумора ба назар расида, сари вақт чоп шудаанд.
Соли гузашта дар ҳафтанома якчанд гузориш (репортаж) чоп шудааст, ки ба қалами Т. Халилӣ (Т. Луқмон) тааллуқ доранд. Аз ҷумла, дар шумораи 13 октябри соли 2016 (№41) гузориши мусаввар бо номи «Мардуми соҳибкитобем аз азал» чоп шудааст, ки аз Намоишгоҳи шашумини байналмилалии «Китоби Душанбе» нақл мекунад. Чорабинии мазкур аз 7 то 9-уми октябри соли 2016 дар назди бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир гардид. Муаллиф дар гузориши худ рӯзи ифтитоҳи Намоишгоҳи шашумини байналмилалии «Китоби Душанбе»-ро ба риштаи тасвир кашидааст. Муаллиф дуруст қайд мекунад, ки «Бештари китобҳои бадеии тоҷикӣ болотар аз 30 сомонӣ арзиш доранд, ки ҳар касе барои харидани онҳо қодир нест ва шояд яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани шумораи харидорони китоб низ ҳамин бошад».
Дар шумораи 10-уми ноябри соли 2016 (№45) гузориши Т. Халилӣ «Арвоҳаки холдораки хоҳараки ман» аз маҳфили шеъри Бозор Собир дар толори ИНТ чоп шудааст. Муаллиф тавонистааст, ки дар ин жанр муҳтавои маҳфили шеърро ба хонандагони ҳафтанома пешниҳод кунад. Бозор Собир дар бораи хусусияти асосии шеъри асри ХХ ва ХХI мегӯяд, ки шеър аз шуур рӯ ба шиор овард, ки воқеият дорад.
Дар шумораи 22-29-уми декабри соли 2016 (№51-52) гузориши Т. Халилӣ «Аз ҷаласаи раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон» чоп шудааст. Маводи мазкур аз ҷаласаи ҳисоботии раёсати ИНТ, ки 19 декабри соли 2016 баргузор гардида буд, маълумот медиҳад. Гузоришҳои номбурда ҷолиб буда, ба талаботи ин жанр ҷавобгӯ мебошанд.
Ҳафтанома соли 2016 ду фоторепортаж низ чоп кардааст. Аз ҷумла, дар шумораи 24-уми ноябри соли 2016 (№47) фоторепортажи «Бо ҳунар аз дилу ҷон дар хидмати ҳамдилон» чоп шудааст, ки аз Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус» (10-15 ноябри соли 2016) нақл мекунад. 13 октябри соли 2016 (№41) бошад, як саҳифа фоторепортаж аз Намоишгоҳи шашумини байналмилалии «Китоби Душанбе» чоп шудааст.
Боиси хурсандист, ки соли гузашта тули чанд моҳ дастури Рустами Ваҳҳобзода «Шеър ва дониш» зери рубрикаи «дарси маҳорат» ба табъ расид, ки барои шоирони ҷавон хеле муфид аст.

Дар баробари комёбиҳо дар ҳафтанома баъзе камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Масалан, ҳафтанома навоварӣ намуда, акси баъзе соҳибҷашнҳоро дар даруни доллар ба ҷои сурати президенти ИМА фотомонтаж кардааст. Ин амал дар мусоҳибаи «Ҳама дорем оҳи нокашида», ки ба 80-солагии наворбардор Заур Дахте 15 декабри соли 2016 (№50) чоп шудааст, ба назар мерасад.
Бояд гуфт, ки ҳафтанома дар бораи адибон ва ҳунарешаҳои зиндаёд, кӯҳансол ва бознишаста нисбатан кам мавод чоп мекунад ва бо ин онҳоро ба кӯи фаромӯшӣ мениҳад.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар мусоҳибааш ба мухбири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат (31-уми марти соли 2016) гуфтааст, ки «Адиб ба таъбири маъмул, чун фарзанди замон дар баду неки он шарик аст». Пас бояд ҳафтанома ин шарикии адибонро бо ҳаёти ҷомеа мунъакис намояд.
Кормандони редаксия гумон мекунанд, ки агар мавзӯъҳои доғи иқтисодиву иҷтимоиро сарфи назар кунанд, онҳо аз байн мераванд. Бояд гуфт, ки аҳли қалам ва хонандаҳои нашрия низ аз ин мушкилот берун настанд. Чопи мавод дар ин мавзӯъҳо рӯзномаро ҷолибу хонданӣ мекунад.
Аз мутолиаи ҳафтанома бармеояд, ки баъзе соҳаҳои санъат, аз ҷумла оҳангсозӣ, рассомӣ, кино, ва ҳунари овозхониву раққосии муосир дар соли гузашта нисбатан камтар инъикос шудаанд.
Редаксия театршинос ва киношиноси ҳирфавӣ надорад. Аз ин рӯ, бо додани ҳаққи қалами хуб онҳоро аз берун ҷалб кардан мумкин аст.
Чаро дар бораи эҳсонкории баъзе ашхоси нафақахӯр, ки ба ҳаҷ нарафтанду пул ё роҳ сохтанд, адибон очерк ё лавҳа наменависанд?
Фелетон ва памфлет, ки аз жанрҳои асосии ҳаҷви публитсистӣ мебошанд, солҳои охир фаромӯш шуда истодаанд. Масалан, дар соли 2016 ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ягон фелетон ва памфлет чоп накардааст.
Дар саҳифаи охири ҳар шумораи «Адабиёт ва санъат» таъкид мешавад, ки идораи ҳафтанома маводро дар ҳаҷми 4-5 саҳифаи компютерии ҳарфи андозаи 14-и Arial TJ ва Times Tj қабул мекунад. Аз мутолиаи шумораҳои яксолаи нашрия маълум мешавад, ки редаксия ин талаботи худро риоя намекунад ва ба баъзе муаллифон имтиёз додааст, ки як матлабашон дар шумора ду саҳифа ва аз ин бештар чоп шавад. Бояд гуфт, ки агар чунин матлаб барои хонанда ҷолиб бошад, боке нест. Вале аксаран дар чунин мавод пургӯӣ зиёд аст ва хонанда ба он таваҷҷуҳ намекунад.
Баъзан шакли пешниҳоди мавод тағйир мехоҳад. Масалан, ба ҷойи пургӯиҳо метавон бо як мухбирнома ё лавҳа фикри худро гуфт ё тасвир кард, ки барои хонанда ҷолиб бошад.
Воқеан, «Жожхоӣ публитсистика нест» омадааст дар нақди Шӯроҳои очерку пубитсистика ва нақди адабии ИН Тоҷикистон (11-уми августи соли 2016 (№32). Баъзе муаллифон гумон мекунанд, ки ҳар чӣ нависанд, онро мехонанд. Мутаассифона, имрӯз хонанда кам асту нависанда зиёд. Бинобар ин барои хонанда бояд навишт.
Аз таҳқиқ мушоҳида мешавад, онҳое, ки аз журналистикаи амалӣ ба саҳнаи адабиёт омадаанд, дар навиштани маводи публитсистӣ — бадеӣ бештар муваффақанд. Масалан, ин дар навиштаҳои Абдулҳамиди Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Ато Ҳамдам, Мансур Суруш ва дигарон хуб эҳсос мешавад.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: