ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ


inf-war

Муқимов М. А. доктори улуми филология,
профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Ҷанги иттилоотӣ таърихи кӯҳан дошта, бо пайдоиши давлатҳо ва мухолифату рақобати байни онҳо ташаккул ёфтааст. Вале аввалин маротиба муҳаққиқи канадагӣ Маршалл Маклюэн солҳои 60-уми асри ХХ дар бораи ҷанги иттилоотӣ рӯшод дар матбуот навиштааст. Китобҳои ӯ «Галактикаи Гутенберг» (с. 1962), «Медиум — ин пайғом аст» (с. 1967), «Ҷанг ва сулҳ дар деҳаи глобалӣ» (с. 1968) мавзӯи мазкурро фаро мегиранд. Профессор Маршалл Маклюэн доир ба ҷанги иттилоотии ИМА гуфта аст, ки «Ветнам аввалин ҷанги телевизионии ИМА буд. Ҷангҳои қаблӣ бо кӯмаки кинову расм ва сурату матбуот бурда мешуд [6].
Ҷанги иттилоотӣ ин таъсиррасонии нақшавӣ ба тамоми системаи иттилоотиву иртиботии душман ва давлатҳои бетараф ба мақсади ташаккул додани фазои мусоиди ҷаҳонии иттилоотӣ барои гузаронидани амалиётҳои сиёсӣ мебошад, ки назорати аксари ин фазоро таъмин менамояд. Дар замони муосир ҷанги иттилоотиро асосан кишварҳои абарқудрат барои амалисозии ҳадафҳои геополитикии худ мебаранд.
Ходими илмии Институти таҳқиқотҳои стратегии Русия Дмитрий Беляев ба суоли хабарнигори маҷаллаи бритонии «Jane’s Intelligence Review» — «Оё ҳангоми ҷанги иттилоотӣ журналистика метавонад воқеънигорона бошад?», мегӯяд, ки ҳангоми инъикоси ҳодисаҳои доғи байналхалқӣ ВАО-и Ғарб хеле кам аз воқеият ҳарф мезананд. Мутаассифона, имрӯз ҷомеаи Ғарб ба ҳар чизе, ки тарғиботи расмӣ ва расонаҳои «мустақил» мегӯянд, бовар мекунанд [3].
Собиқ шореҳи яке аз рӯзномаҳои маъруфи Олмон – «Frankfurter Allgemeine Zeitung» Удо Улфкотте ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунад. Ӯ соли 2014 китоби «Журналистони фурӯхташуда»-ро аз чоп баровард. Удо Улфкотте дар ин асар собит мекунад, ки дар Олмон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо журналистон бо дастур ва супориши мақомоти амниятӣ маводи дурӯғин менависанд. Аксари рӯзномаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ бо ташкилотҳои америкоӣ аз ҷумла РМК ҳамкорӣ доранд. «Озодии сухан дар Олмон ин, сохтакорӣ буда, баҳои афзоиши ҳамкорӣ бо хадамоти махсус аст. …Агар шумо ҳамкорӣ накунед, ҳеҷ гоҳ элитаи касбӣ намешавед» [9], мегӯяд Удо Улфкотте.
ИМА аз ҷумлаи кишварҳоест, ки тавассути дастгоҳҳои тарғиботиаш ба мисли телевизион ва радиои «Садои Америка», Телевизиони «Ал-Ҳурра», Радиои «Сава» (барои кишварҳои Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ), Радио ва телевизиони Мартӣ (барои Куба), Радиои «Аврупои озод»/«Озодӣ», Радиои «Осиёи озод» ба 61 забони миллӣ ва ба 125 кишвари дунё ҷанги иттилоотии густурда мебарад. Ба ин мақсад масалан, соли 2014 аз буҷа 733 миллион доллар ва соли 2015 беш аз 750 миллион доллар ҷудо шуда буд. Аудиторияи расонаҳои мазкур ҳафтае ҳудуди 210 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ба ғайри ин Worldnet – шабакаи телевизионии Оҷонсии иттилоотии ИМА низ дар пахши иттилоъ ба хориҷа саҳм дорад.

Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанги иттилоотии кишварҳои Ғарб асосан ба давлатҳои лагери сотсиалистӣ равона шуда буд. Масалан, Раёсати марказии кашшофии ИМА барои бурдани тарғибот ба кишварҳои сотсиалистии Аврупои Шарқӣ соли 1949 Ширкати «Аврупои озод» ва барои бурдани тарғибот ба Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1951 Ширкати «Кумитаи радиои «Озодӣ»-ро таъсис дод. Ҳамин тавр 4 июли соли 1950 Радиои «Аврупои озод» ва 1 марти соли 1953 Радиои «Озодшавӣ» (баъдан «Озодӣ») ба фаъолият шурӯъ карданд [7. — 17].
Аллен Даллес (1883-1969), ки солҳои 1953 — 1961 вазифаи директори Раёсати марказии кашшофии ИМА-ро ба уҳда дошт, дар вақташ оид ба мубориза бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ тавассути ҷанги иттилоотӣ чунин гуфта буд: «Мо ҳар он чизе, ки дорем – тилло, иқтидори моддиро барои фиребдиҳӣ ва аҳмақ кардани одамон равона мекунем ва бо ин бенизомиро ҷорӣ карда, арзишҳои онҳоро номаълум ба тақаллубӣ иваз менамоем ва маҷбур мекунем, ки онҳо ба ин арзишҳо бовар бикунанд…»[5].
Феълан Радиои «Аврупои Озод»/Радиои «Озодӣ» яке аз воситаҳои пуриқтидори таблиғоти ИМА ба хориҷа маҳсуб гардида, барномаҳояш аз пойтахти Ҷумҳурии Чех, шаҳри Прага пахш мешаванд. Радиои мазкур тавассути Конгресси ИМА таъминоти молӣ шуда, барномаҳояш ба 28 забон дар ҳудуди кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Русия, Кавказ, Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна пахш мешаванд ва беш аз 35 миллион шунаванда доранд. Радиои «Озодӣ» маҷмӯан ҳафтае 1000 соат барнома нашр мекунад. Гуфта мешавад, ки Радиои «Аврупои озод»/Радиои «Озодӣ» 1150 хабарнигор ва 19 бюро дар мамолики Шарқ, Аврупои Ҷанубиву Шарқӣ, Кавказ, Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик дорад.
Пахши барномаҳо ба забони тоҷикӣ дар Радиои «Озодӣ» соли 1954 шурӯъ шудааст, вале он вақт онҳо чандон нуфуз надоштанд. Танҳо соли 1977 шуъбаи тоҷикии радио таъсис ёфт, ки рӯзе ду маротиба барномаҳои нимсоата пахш мекард. Баъдан барномаҳои нимсоатаи радио ҳамарӯза 4 маротиба садо медоданд [7. — 42]. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ тарғиботи кишварҳои абарқудрати Ғарб ба давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ тавсеа ёфт. Аз ҷумла, баъди соҳибистиқлолияти Тоҷикистон пахши барномаҳои тоҷикии Радиои «Озодӣ» ба се соат ва баъдан ба шаш соат дар як рӯз расиданд.
Соли 2016 маъмурияти Радиои «Аврупои озод»/Радиои «Озодӣ» барои боз ҳам тавсеа додани тарғибот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ лоиҳаи наверо бо номи Умури ахбори Осиёи Марказӣ роҳандозӣ намуд. Дар шуъбаи мазкур беш аз 10 нафар фаъолият мекунанд, ки ҳамашон донандаи забонҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Умури мазкурро журналисти тоҷик, собиқ корманди бахши тоҷикии Радиои «Озодӣ» Салими Аюбзод роҳбарӣ мекунад.
Умури номбурда ҳамарӯза дар сомонаи худ — http://www.centralasian.org ахбор, акс ва маводи видеоии ройгонро нашр мекунад ва ба почтаи электронии обуначиён — журналистон ва ВАО-и Осиёи Марказӣ мефиристад. Дар ҳамин ҳол ВАО-и обуначӣ метавонад бе нишон додани сарчашмаи иттилоъ ва ё бо он маводи мазкурро озоду ройгон истифода барад. Маводи мазкур ба забонҳои қазоқӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Туркманистон таҳия карда мешаванд. Дар сомона бахши «Директ» — сервиси кушодаи рақамии маводҳои аудиовизуалӣ мавҷуд аст, ки барои телевизиону радио ва истифодаи рақамӣ пешбинӣ шудааст. Обуначиён худ метавонанд мустақиман маводи заруриашонро аз махзани «Директ» дастрас намоянд. Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоӣ низ фиристода мешавад. Дар сомонаи http://www.centralasian.org гуфта мешавад, ки ҳадафи лоиҳа мусоидат ба ҷамъоварӣ ва пахши озоди иттилоъ ва кӯмак ба ВАО-и кишварҳои Осёи Марказӣ мебошад[12].
Маводи Радиои «Озодӣ»-ро ба ғайр аз сомонаи худи радио – http://www.ozodi.org боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли «Фейсбук», «Одноклассники», «Твиттер», «Ютуб» дастрас кардан мумкин аст. Дар сомона бошад, ба ғайр аз мутолиаи матнҳо маводи радиоро метавон гӯш кард ё тамошо намуд. Ҳамчунин ҳар рӯз аз соати 17 то 17:15 пахши мустақими хабарҳои рӯзи Тоҷикистону минтақа ва ҷаҳон аз «Ozodi TV» сурат мегирад.
Бояд зикр кард, ки маводи Радиои «Озоди»-ро баъзе расонаҳои Тоҷикистон таблиғ мекунанд. Масалан, Сомонаи ОИ «Азия плюс» — news.tj ҳамарӯза сархати барномаҳои Радиои «Озодӣ»-ро бо унвони «Ахбори Радиои «Озодӣ»: Имрӯз дар Тоҷикистон ва ҷаҳон» анонс мекунад [10].
Ба ғайри ин Радиои «Имрӯз» ҳар рӯзи корӣ аз соати 8:00 то соати 8:10 дақиқа рӯи мавҷи 107,4 FM ахбори Радиои «Озодӣ»-ро пахш мекунад.
Қобили зикр аст, ки ҳоло намояндагии Радиои «Озодӣ» ва Би-Би-Си (радиои Британияи Кабир) дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баста аст. Дар Русия фаъолияти Радиои «Озодӣ» соли 2012 ва Радиои «Садои Америка» соли 2014 қатъ карда шудааст.
Моҳи июни соли 2015 бахши форсии Радиои «Садои Америка» бинобар надоштани шунаванда пахши барномаҳояшро барои Ҷумҳурии Исломии Эрон қатъ кард. Радиои мазкур соли 1979, баъди ғалабаи Инқилоби исломӣ фаъолияташро шурӯъ карда буд. Дар ҳамин ҳол аз моҳи декабри соли 2002 ин ҷониб лоиҳаи муштараки радиоҳои «Озодӣ» ва «Садои Америка» бо номи Радиои «Фардо» шабонарӯзӣ 24 соат барои Ҷумҳурии Исломии Эрон ахбору мусиқӣ пахш мекунад. Аз соли 2008 радиои мазкур пурра ба тобеияти Радиои «Аврупои озод»/Радиои «Озодӣ» гузаштааст.
Бояд гуфт, ки солҳои охир ҷанги иттилоотӣ нисбати Тоҷикистон аз ҷониби расонаҳои хориҷӣ тавсеа ёфта истодааст. Телевизиону радио ва сомонаҳои хориҷӣ ба забони тоҷикӣ ва ё русӣ барои Тоҷикистон барнома ё мавод пахш мекунанд. 28 апрели соли 2015 ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар матлаби худ «3 ТВ аз 3 қудрат. Ҷанг дар ҳарими иттилоотии Тоҷикистон оғоз шуд?» изҳори нигаронӣ карда буд, ки якбора се телевизион дар хориҷ — «Висоли ҳақ» (Амрико, Саудӣ), CATV (Central Asian TV) — Телевизиони Осиёи Марказӣ (Русия) ва СNТ (Central Asian New TV) ё Телевизиони нави Осиёи Марказӣ (Қирғизистон) барои Тоҷикистон барнома пахш мекунанд. «Висоли ҳақ» ба эҳтимоли зиёд аз ҷониби хадамоти махсуси Амрико, Исроил ва Англия сармоягузорӣ мешавад, ки ақидаҳои салафияро таҳти пўшиши ақидаҳои аҳли суннат ва ҷамоат таблиғ дорад, менависад ҳафтанома.
Central Asian TV аз Маскав пахш мешавад. Сомонаи obob.tv менависад, ки дар бораи шабакаи мазкур маълумоте дар сомонаи «CATV» вуҷуд надорад [11].
Воқеан ҳам, муассисони он муаррифӣ нашудаанд, аммо аз барномаҳояш рӯшан мешавад, ки он ба мухолифини ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ тааллуқ дорад.
Ба навиштаи ҳафтаномаи «Нигоҳ» муассиси Телевизиони нави Осиёи Марказӣ (Central Asian New TV) Зафар Сӯфии Фарғонӣ, шоир ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик мебошад, ки чанд сол қабл хабаргузорӣ ва ҳафтаномаи «Озодагон» – ро дар Тоҷикистон таъсис додааст. Воқеан ҳам, Зафар Сӯфӣ дар мусоҳибааш ба Радиои «Озодӣ» ба ӯ тааллуқ доштани телевизиони мазкурро тасдиқ кардааст [14]. Вале муаллифи мақола қайд мекунад, ки «дар доираҳои истихборотӣ бар инанд, ки ин тарҳҳо аз ҷониби Эрон роҳандозӣ шудааст ва ҳадаф на фақат Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ аст» [15].
Дарвоқеъ, баъзан номаълум мемонад, ки муассиси асосии расона кист. Аксаран маблағгузории расона ба таври печида сурат мегирад ва ҳатто кормандони ин муассиса худ намедонанд, ки ба кӣ хизмат мекунанд. Зеро расона дар як кишвари нейтралӣ сабти ном мешавад ва маблағгузориаш тавассути ширкатҳои миёнрав сурат мегирад.
Ҷанги иттилоотиро метавон ҷанги шаҳрвандӣ низ номид, зеро технологияҳои иттилоотӣ дар хонаи мо хӯҷаинӣ карда, ҳар яки моро водор менамояд, ки ягон идеяро қабул бикунем ва дигарашро инкор намоем. Вазифаи ҷанги иттилоотӣ дар он аст, ки бояд ҳадафҳо, нигоҳ ва ҷаҳонбинии одамонро аз дохил бишканад. Дар ин ҳол хатари аз ҳама асосӣ дар он мешавад, ки «душмани иттилоотӣ» ноайён ва мутлақо номуайян аст.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, доктори улуми фалсафа С. Ятимов дар мақолаи худ «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» шаклгирии шуури рӯзмараро ба ВАО иртибот дода, мегӯяд, ки ҳадафи ҳуҷуми иттилоотии душман маҳз ба шуури муқаррарӣ ва психологияи ҷамъиятии давлатҳои миллӣ равона карда шудааст.
Воқеан ҳам, шуури рӯзмарра доираи фаҳмишҳои омма мебошад, ки аз ҳар ҷиҳат осебпазир аст ва метавонад, зери таъсири тарғиботи расонаҳо ташаккул ёбад. Ба қавли муҳаққиқ С. Ятимов «дар структураи шуури рӯзмарра, ҳамакнун беш аз пеш ҷузъиёти хориҷӣ, бегона қувват мегирад. Аз бозе ки асбобе бо номи радио, баъдан телевизион, ҳамакнун васоити ахбор ва алоқаи электронӣ пайдо гаштааст, шаклгирии ҷузъиёти шуури рӯзмарра мансуб ба ононест, ки аз маблағҳои ҳангуфти нафту газ ва ононе, ки аз ин хазинаҳо дар ҳар шакл бархӯрдоранд, инчунин имконоти ба ҳамин монанд вобастагӣ доранд» [17].
Рушди технологияҳои иттилоотӣ шаклу шеваи нави пешниҳоди иттилоъро ба вуҷуд овард. Таъсири ВАО-и интернетӣ имрӯз беш аз ҳама ба назар мерасад. Воқеан, имрӯз ҷавонон бештар ба Интернет рӯ овардаанд ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд истифода мебаранд. Масалан, тибқи омори расмӣ моҳи августи соли 2016 дар Тоҷикистон 2,8 миллион нафар аз Интернет истифода мебурданд [16]. Буҳрони молиявӣ ба ин соҳа низ таъсир расондааст ва теъдоди истифодабарандагони Интернет нисбат ба аввали соли 2015 1 миллион нафар кам шудааст. Албатта, ин ҳолат муваққатӣ аст ва минбаъд шумораи муштариёни Интернет хоҳад афзуд.
Дар ИМА барои бурдани ҷанги иттилоотӣ аз воситаҳои ҳозиразамони иртиботӣ истифода мекунанд. Аз ҷумла, соли 2015 дар офиси пахши барномаҳои Радиои «Аврупои озод»/«Озодӣ» дар Прага медиадепартаменти рақамӣ (DIGIM) таъсис дода шуд, ки ҳадафаш бурдани ҷанги иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоии «ВКонтакте», «Одноклассники», «Facebook» ва «Twitter» мебошад. «Ба ин мақсад солона беш аз 15 миллион доллар ҷудо карда мешавад» [13].
Пушида нест, ки ҳоло ба ғайр аз ВАО намудҳои гуногуни санъат ва кино барои бурдани тарғиботи густурда алайҳи кишвари рақиб истифода мешаванд. Ба қавли ходими илмии Институти таҳқиқотҳои стратегии Русия Дмитрий Беляев бозиҳои видеоӣ низ абзори мағзшӯӣ мебошанд. Ӯ бозиҳои видеоиро аз абзорҳои имрӯз маъмули мавҷуда пурсамартар медонад [2]. Имрӯз чунин бозиҳо хеле зиёд паҳн гардидаанд ва бо он на танҳо кӯдакон, балки калонсолон низ бозӣ мекунанд. Таҳиягарони чунин барномаҳо, ки аслан кишварҳои хориҷӣ ҳастанд, дар бозиҳо ҳадафҳои таблиғотии худро ҷойгир мекунанд. Соатҳо машғули чунин бозӣ шудан шахсро пойбанди олами виртуалӣ карда, ӯро ба аҳмақӣ мебарад.
Воқеан, зери таъсири ВАО олами воқеӣ ба олами виртуалӣ — ба ҷаҳони хаёлӣ табдил ёфта истодааст. Истифодаи технологияҳои виртуалӣ одамонро ба қаҳрамонҳои тахайюлӣ табдил медиҳанд. Дар натиҷа насле ба воя мерасад, ки олами воқеиро намебинад. Барои вай олами виртуалӣ хуштар аст.
Бояд гуфт, ки агар технологияҳои нави иттилоотиро ҳамчун олоти бурдани ҷанги иттилоотӣ ҳисоб кунем, пас он барои инсоният ба фоҷиаи умумибашарӣ табдил меёбад.
Тарғиботи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Идораи бурунмарзии Радиои Тоҷикистон 16 октябри соли 1949 шурӯъ шудааст. Ҳадаф аз таъсиси он дар мисоли Тоҷикистон тарғиб намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии шӯравӣ ва дастовардҳои ҷомеаи сосиалистӣ буд. Он замон ҳаҷми барномаҳо аз ду соат иборат буда, асосан ба забонҳои форсӣ ва дарӣ шунавонда мешуданд.
Муаллифи ин сатрҳо ҳанӯз соли 2006 пешниҳод карда буд, ки барои аксуламали таблиғотии радиоҳои хориҷӣ Радиои Тоҷикистон бояд пахши барномаҳояшро ба хориҷа тавсеа бахшад [8. — 61].
1-уми июни соли 2007 дар заминаи идораи барномаҳои бурунмарзӣ ва шабакаи «Фурӯғи ориёно»-и Радиои Тоҷикистон Радиои «Овози тоҷик» таъсис ёфт, ки шабонарӯзӣ 24 соат барнома пахш мекунад. Аз ҷумла, аз соати 8-и субҳ то соати 19 барномаҳои аслӣ ва баъдан аз соати 19 то соати 7-и субҳ субҳ барномаҳо такроран пешниҳод мешаванд. Дар радиои мазкур ба забони тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ, русӣ ҳамарӯза дусоатӣ ва ба забонҳои ӯзбекӣ, ҳиндӣ арабӣ ва англисӣ яксоатӣ барномаи аслӣ аз ҷумла, хабар, шарҳ, гузориш, барномаҳои фарҳангию мусиқӣ пахш карда мешавад. Барномаҳои мазкур аслан муаррифгари сиёсат, фарҳанг, варзиш ва умуман ҳаёти Тоҷикистон буда, камтар ҳадафи ҷанги иттилоотӣ доранд. Дар ҳамин ҳол ба назари мо барномаҳои радиои мазкур бояд ба аксуламали ҷанги иттилоотии расонаҳои хориҷӣ равона шуда бошад. Ҳамчуни теъдоди забонҳои пахши барномаҳо низ бояд афзун карда шаванд. Масалан, бояд ба забонҳои қирғизӣ, қазоқӣ, туркманӣ, хитоӣ, уйғурӣ, пашту, урду, ҷопонӣ, немисиву фаронсавӣ ва испаниву итолиявӣ барномаҳо пахш карда шаванд. Аз ҷониби дигар, соатҳои пахши барномаҳоро ба забони англисӣ ва русӣ зиёд кардан лозим аст.
Омили асосии амнияти иттилоотӣ таъмини пахши иттилои воқеӣ ва беғараз барои аҳолӣ тавассути ВАО мебошад. Зеро норасоии иттилоъ метавонад боиси идоракунии тафаккури мардум гардад. Бинобар ин Конвенсияи Аврупоӣ оид ба телевизионҳои наздимарзӣ аз пахшкунандагони телевизион тақозо мекунад, ки дар барномаҳои ахборӣ факт ва ҳодисаҳо бояд одилона баррасӣ гардида, ташаккулёби озоди ақидаҳо ҳавасманд карда шаванд [4]. Барои риояи талаботи мазкур дар қонунҳои кишварҳои аврупоӣ меъёрҳои мувофиқ дохил карда мешаванд. Масалан, дар Британияи Кабир чунин меъёр мавҷуд аст, ки аз ширкатҳои хусусии радиову телевизион таъмини пахши ахбори беғараз талаб карда мешавад. Барои беғаразона будани барномаҳои иттилоотӣ ва ҳуҷҷатӣ, таъмини гуногунандешӣ ва тавозуни назарҳо ҳангоми инъикоси ҳодисаҳои муҳими иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоӣ шарҳ додани онҳо манъ аст. Тавозуни шарҳҳои ғаразнок дар барномаҳои муаллифӣ бояд бо ақидаҳои дигари дар ҷомеа мавҷуда тавассути пахши чунин барномаи дигар дар ҳамон вақти муайян сурат гиранд. Чунин талаботи пешниҳоди иттилоъ бо шаклҳои гуногун дар кишварҳои демократии Ғарб муқаррар шудаанд. Аз ҷумла, қонунгузории телевизиону радиои Фаронса риояи қоидаи «сеяк»-ро талаб мекунад, ки тибқи он ҳангоми баррасии ҳодисаҳои муҳим барои ифодаи мавқеи худ сеяки вақти барнома ба гурӯҳи аксари вакилони порлумон, сеяки вақт ба мухолифин ва сеяки дигари вақти барнома ба Ҳукумати Фаронса дода мешавад. Ин нукта ба баромади президенти Фаронса дахл намекунад. Дар ИМА қоидаи ҷудо будани факт аз шарҳи он риоя карда мешавад. Дар қонунгузории ВАО-и Олмон шарти таъмини беғаразии пахшкунандагони барномаҳои телевизиону радио муқаррар гардидааст
Сабаби асосии ба расонаҳои хориҷӣ рӯ овардани аҳолӣ набудани эътимод ба ВАО-и кишвар аст. Мутаассифона, бо сабабҳои гуногун ВАО-и Тоҷикистон пахши иттилои воқеӣ ва беғаразро барои аҳолӣ таъмин карда наметавонад. Ҳатто масъулин ба расонаҳо хабари дурӯғро пешниҳод мекунанд. Масалан, Ширкати “Барқи тоҷик” эълон кард, ки бо далели сардӣ ва коҳиши оби дарёи Вахш аз 1-уми ноябри соли 2016 маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ мешавад. ОИ «Озодагон» дар идомаи хабари мазкур дурӯғ будани ин идаоро ишора менамояд:
«Шартгузории “Барқи тоҷик” барои риояи “лимит” дар ҳолест, ки мардуми навоҳии Тоҷикистон мегӯянд, давоми ҳафтаҳои охир барқро бо маҳдудият мегирифтанд» [1].
Воқеан, то он вақте ки ВАО-и чи давлатӣ ва чи хусусии Тоҷикистон ба аҳолӣ сари вақт хабари воқеӣ ва беғаразро пешниҳод накунанд, муштариёни расонаҳои хориҷӣ коҳиш нахоҳанд ёфт.

Адабиёт ва сарчашмаҳо

1. “Барқи тоҷик” “лимит” ва шарти иҷрои онро эълон кард:/ ozodagon.com. 2011-2016. — URL: http://www.ozodagon.tj/28254-bari-toik-limit-va-sharti-iroi-onro-elon-kard.html (Дата обращения: 01.11.2016).
2. Беляев Д. Видеоигры как информационное оружие:/ dbelyaev.ru. 2016. — URL: https://dbelyaev.ru/p/22602/ (Дата обращения: 16.08.2016).
3. Беляев Д. Об информационной войне — британскому журналу Jane’s Intelligence Review:/ dbelyaev.ru. 2016. — URL: https://dbelyaev.ru/p/22656/ (Дата обращения: 05.09.2016).
4. Информационная безопасность в СМИ: правовое обеспечение:/ НЭС. 2016.-
URL: http://vocabulary.ru/dictionary/1095/word/informacionaja-bezopasnost-v-smi-pravovoe-obespechenie (Дата обращения: 15.10.2016).
5. Информационная война: стратегия и тактика виртуальных сражений:/ Студми. 2013 -2016. — URL:
http://studme.org/128104195833/politologiya/informatsionnaya_voyna_strategiya_taktika_virtualnyh_srazheniy (Дата обращения: 26.10.2016).
6. McLuhan M. Understanding me. Lectures and interviews.- Cambridge, 2003, p. 156.
7. Муким Дж. Радио «Свобода»: ложь и правда [Текст] / Джовид Муким.-Душанбе, 2005.-180 с.
8. Муқим Ҷ. Сиёсат ва ҷанги иттилоотӣ [Текст] / Ҷовид Муқим. – Душанбе: Деваштич, 2006.- 71 с.
9. Немецкий журналист рассказал, как СМИ фабрикуют факты:/ «Вести» интернет-газета». 2001-2016. — URL: http://www.vesti.ru/doc.html?id=2069070 (Дата обращения: 26.10.2016).
10. Новости Радио «Озоди»: Сегодня в Таджикистане и мире:/ news.tj. 1997-2016. — URL: https://www.news.tj/ru/news/tajikistan/20161027/novosti-radio-ozodi-segodnya-v-tadzhikistane-i-mire-27102016 (Дата обращения: 27.10.2016).
11. Central Asia TV» — азиатский канал с русской составляющей:/ OBOB.TV. 2016 —
URL: http://obob.tv/veshhateli-i-kanaly/central-asia-tv-aziatskiy-kanal-s-russkoy-sostavl/ (Дата обращения: 26.04.2016).
12. Служба новостей Центральной Азии:/ RFE/RL, Inc. 2016 — URL: http://www.centralasian.org/p/4860.html (Дата обращения: 10.10.2016).
13. СМИ: США намерены вести с Россией информационную борьбу в соцсетях:/ МИА «Россия сегодня». 2016 — URL:
https://ria.ru/society/20150414/1058384332.html#ixzz3XUmxJVI8 (Дата обращения: 14.04.2015).
14. СNТ – новое телевидение о событиях в Центральной Азии:/ RFE/RL, Inc. 2016 — URL: http://rus.ozodi.org/a/cnt-a-new-regional-tv-in-central-asia-/26980980.html (Дата обращения: 27.04.2016).
15. Хайруллоҳ Д. 3 ТВ аз 3 қудрат. Ҷанг дар ҳарими иттилоотии Тоҷикистон оғоз шуд? [Текст] / Д. Хайруллоҳ // Нигоҳ, 2015 – 28 апрел.
16. Число пользователей Интернета в Таджикистане резко сократилось:/avesta.tj. 2004–2016 — URL: avesta.tj/2016/08/03/chislo-polzovatelej-interneta-v-tadzhikistane-rezko-sokratilos/ (Дата обращения: 20.10.2016).
17. Ятимов С. Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (шуури муқаррарӣ) [Текст] / С. Ятимов // Ҷумҳурият. – 2015. — 17 декабр.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: