Сафари кӯҳҳои Фон


Qullai Mirali
Сафари кӯҳҳои Фон
Очерки сафарӣ
Чанд сол буд, ки орзуи сафари Кӯли Калони шаҳри Панҷакентро доштам. Инак, охири моҳи июли соли равон чунин имконият даст дод. Дотсенти факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мастон Умедов дар қатори ҳамкоронаш ману устодони факултаи журналистикаи ҳамин донишгоҳ, дотсентон Дӯстмурод Бобоев ва Сӯҳроби Мирзоалиро ба сайри Кӯли Калон даъват кард. Ҷамшеди Сабоҳиддин, собиқ шогирдамон, ки дар шаҳри Душанбе дар ҳамсоягии мо зиндагӣ дошт, аз ин нияти мо огоҳ шуда, хоҳиши ба мо роҳбалад шуданро кард. Ӯ зодаи деҳаи Артучи Панҷакент мебошад ва Кӯли Калон дар ин мавзеъ ҷойгир аст. Мо бо дилу ҷон ба ин розӣ шудем. Зеро Мастон ҳамкоронашро аввал ба деҳаи Рукнобод (собиқ Шӯрча), ба хонаи волидонаш даъват карда буд. Онҳо рӯзи 22 июл озими Кӯли Калон мешуданд. Мо барои ӯро ташвиш надодан тасмим гирифтем, ки худ то деҳаи Артуч биравем ва шабро он ҷо гузаронида, субҳ ба Кӯли Калон равон шавем.
Ҳамин тавр, мо субҳи 21 июли соли 2016 аз Душанбе баромадем ва нисфирӯзӣ ба деҳаи Рукнободи Панҷакент расидем. Аз ин ҷо, аз роҳи калон ба чап гашта мебояд ба ҷануб, ба деҳаи Панҷрӯди ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ рафт, ки то он ҷо тақрибан 17 километр масофа аст. 12 июли соли 2012 мо барои зиёрати мазори устод Рӯдакӣ ба деҳаи Панҷруд сафар карда будем. Бинобар ин роҳ бароямон шинос аст. Роҳи мазкур то оромгоҳи маликулшуаро асфалтпӯш бошад ҳам, ҷо-ҷо дар селроҳаҳо хароб шудааст. Деҳаҳои Зери Ҳисор, Кулолӣ ва Панҷрӯд паси ҳам дар шарқи ҳамдигар ҷойгир буда, бо ҳам пайвастанд. Маркази ҷамоат дар деҳаи Кулолӣ ҷойгир аст. Аз Панҷрӯд то деҳаи Артуч, ки дар шарқ ҷойгир мебошад, тақрибан 5 километр роҳи сангпӯш аст, ки чанд сол пеш селу обхезӣ вайрон карда буд.
Моро дар деҳаи Артуч падари Ҷамшед, раиси хоҷагии деҳқонии «Артуч», зиёии асил Сабоҳиддин Элбоев меҳмондорӣ кард. Сари дастурхон то дер дар бораи вазъи деҳот, хоҷагии кишоварзӣ суҳбат кардем.

Кӯли Калон саргаҳи рӯди Артуч

Субҳ, баъди ношто раис моро бо мошини «Мусо»-и худ ба алплагери «Артуч», ки аз деҳа тақрибан 8 км ҷанубу шарқ ҷойгир аст, овард. Мо ин ҷо ба бошишгоҳи алпинистон шинос шудем. Лагер серодам бошад ҳам, сайёҳони хориҷӣ наменамуданд. Барои истироҳат асосан сокинони маҳаллӣ оилавӣ аз шаҳри Панҷакент омада буданд. Воқеан, то ба ин ҷо бо мошинҳои сабукрав, аз қабили «Опел» ва «Жигули» омадан мумкин аст. Бошишгоҳи мазкур нисбатан обод буда, аз якчанд хона ва коттеҷҳои алоҳида иборат аст. Ин ҷо барқ доимӣ буда, антеннаи алоқаи мобилии «Tcell» насб карда шудааст, ки метавон занг зад.
Агар аз даромадгоҳ (шимол)-и алплагер лаб-лаби дарёи Артуч ба сӯи шарқ ҳаракат бикунӣ, тақрибан баъди 3 соат (5 км) ба Кӯли Калон мерасӣ. Дар ҷануби алплагер бошад, кӯли Чуқурак ҷойгир аст. Аз он ҷо низ агар дар шарқ ағбаро убур бикунӣ, аз ҷануби Кӯли Калон мефароӣ. Агар кӯҳи қисми ғарбии кӯли Чуқуракро гузарӣ, ба дараи Киштут мебароӣ.
Мо дар алплагер ҷиянҳои Ҷамшедро интизор шудем. Онҳо бояд маркабҳоро аз деҳаи Артуч меоварданд. Ниҳоят баъди ним соат ду писарбачаи 11-12-сола ду хари ҳангиро савор шуда омаданд. Роҳи мошин боз тақрибан 1 км боло мерафт. Аз он боло бояд борҳоямонро ба хар бор карда мерафтем. С. Элбоев моро бо мошинаш то охири роҳи мошингард овард. Дар он ҷо борхалтаҳо ва чанд кӯрпачаву кампалро ба як хар бор кардем. Шарикамон Дӯстмурод Бобоев, ки зодаи ҳамин маҳал аст, ба яке аз харҳо савор шуд. Маълум буд, ки ману Сӯҳробро ягон хари бақувват ҳам дар ин роҳи пурпечутоби кӯтал ва сангин бардошта наметавонад. Аз ҷониби дигар, дар ин роҳ, ки маркаб худ бе бор базӯр ҳаракат мекунад, харсаворӣ бароямон бераҳмӣ нисбати ин ҷонвар менамуд.
Ба гуфти Ҷамшед, ки қаблан ба Кӯли Калон омада будааст, барои ба ин мавзеъ расидан мо бояд ду турушро бароем. Мардуми маҳаллӣ туруш гуфта, кӯтали баланди сангинро мегӯянд, ки ба мисли ағба аст. Кӯтали якумро бо азоб боло шудем. Дӯстмурод дар мавзеи мушкилгузар пиёда мешуд, зеро агар аз хар сарозер шавӣ, рост ба қаъри дарёи Артуч мезанӣ ва зинда мондани шахс ягон эҳтимолият надорад.
Pairahai K kalon
Баъди боло шудани туруши якум мавзеи ҳамворе ҳудуди 500 метр воқеъ аст. Баромадан ба туруши дуюм нисбатан осон менамояд, зеро кас ба ҳаракат кардан ба роҳи сангину мушкилгузар одат мекунад. Аз ҷониби дигар, роҳ чун туруши якум рост боло намешавад. Ин ҷо дарё аз зери сангҳо шорида мебарояд ва ҷӯи калонро мемонад. Қаблан чунин ҳолатро мо дар кӯли Темур ва кӯли Ҷувозак, ки дар қаторкӯҳҳои Ҳисор воқеанд, дида будем. Оби ин кӯлҳо низ ба мисли Кӯли Калон мустақиман ба таври кушода ба дарё пайваст набуда, аз зери сарбанд гузашта берун мешаванд. Дар охири туруши дуюм дарёи Артуч, ки аз Кӯли Калон сарчашма мегирад, пурра дар зери сангҳо гум мешавад.
Ниҳоят туруши дуюмро ҳам бо мушкилӣ паси сар карда, ба пастхамие расидем, ки хеле фарох буд. Дар аввал харсангҳо ва пастиву баландиҳо бо арчазори сирак намудор шуданд. Метавон тахмин кард, ки ин мавзеъ як вақтҳо зери об будааст. Баъди боз каме ҳаракат кардан дар ҷануби мо Кӯли Калон намудор шуд. Аслан Кӯли Калон номи мавзее мебошад, ки аз шаш кӯли хурд ва як кӯли калон иборат аст. Калонтарин кӯл дар қисми ҷанубии ин пастхамӣ воқеъ буда, оби кӯлҳои дигар ба он мерезанд. Оби кӯлҳо тобистон нисбатан гарм буда, аз 5 то ба 15 градус Селсий мерасад ва дар онҳо оббозӣ кардан мумкин аст. Рӯдҳо аз тармаву чашмаҳо оғоз гирифта, ширинанд. Ба кӯли аз ҳама калон як дарёча аз қисми шимол, аз кӯлҳои болоӣ ва дарёчаи дигар аз қисми ҷануб мерезад. Замоне ба ин кӯлҳо тухми ширмоҳӣ паҳн карда шуд ва ҳоло ин намуди моҳиҳо ба шароит мутобиқ гашта, афзоиш ёфтаанд. Вале, мутаассифона, моҳигирон онҳоро бо тӯр шикор мекунанд. Мавзеи Кӯли Калон дар пастхамӣ, аз сатҳи баҳр дар баландии аз 2832 метр то 2950 ҷойгир буда, гирду атрофи онро арчазор иҳота кардааст.
Kuli Kalon
Мастону меҳмононаш болотар аз Кӯли Калон, дар назди кӯли шашум хайма зада буданд. Аз ин ҷо чор тараф хеле хуб намудор буд. Мо дар наздикии онҳо ҷойи мувофиқеро пайдо карда, хаймаҳои худро насб намудем. Сӯҳроб бо худ аз Душанбе хаймаи сенафараро гирифта буд. Ҷамшед бо ҳамсинф ва ҳамсояаш Маҳбуб, ки ҳамагӣ як ҳафта пеш аз мардикорӣ, аз Маскав баргашта буд, хаймаи дунафараро дар шафати мо заданд.
Ҷамшед ҷиянҳояшро баъди чоштхӯрӣ ба хонаашон ҷавоб дод. Воқеан, вақте ки мо ба ин ҷо расидем, як нафар аз хешовандони Мастон гӯсфандеро сар мезад. Дар чошт моро бо дилу ҷигар ва гӯшти гӯсфанд меҳмондорӣ карданд. Ба ростӣ, ман гӯшти бузу гӯсфанд истеъмол карда наметавонам, вале ба хотири мизбон як пора ҷигарро ба даҳон бурдам. Ба машомам бӯи гӯсфанд расид. Бо як азоб ин луқмаро фурӯ бурдам ва ишкамро бо нону бодиринг ва помидор сер кардам.
Сари дастурхон як нафар аз сокинони маҳаллӣ, Усто Басир, гилкори чирадасти деҳаи Ғойитан, ки аз хешовандони Мастон мебошад, дар бораи аз ин мавзеъ бо сайёҳон ба кӯли Аловиддин сафар карданаш нақл кард. Ӯ гуфт, ки субҳ соати 6 аз Кӯли Калон баромада, нисфирӯзӣ ба кӯли Аловиддин расидааст ва баъди каме истироҳат ба роҳ баромада, соати 4-и пас аз зӯҳр ба Кӯли Калон баргаштааст. Ман пурсидам, ки пас дар як рӯз ба кӯли Аловиддин рафта, баргашта омадан мумкин аст?
«Албатта», посух дод ӯ. Ману Сӯҳроб азм кардем, ки пагоҳ ба тамошои кӯли Аловиддин рафта, бармегардем. Ҷамшеду Маҳбуб низ ин пешниҳоди маро дастгирӣ карданд. Дӯстмурод, ки харсавору пиёда ба Кӯли калон баромада буд, аз сафар бо мо ба кӯли Алвиддин даст кашида гуфт: «Мо барои истироҳат ба ин ҷо омадем. Сафари шумо истироҳат набуда, азоб аст». Ҳақ бар ҷониби ӯ буд. Вале мо ба хотири тамошо ба азоб кашидан омода будем. Тасмим гирифтем, ки пагоҳ бо дамидани субҳ ба роҳ мебароем.
Шом ҳаво абру тира гашт ва гумон кардем, ки борон меборад. Зеро шаби гузашта чанд маротиба борони пуршиддат борида буд. Бинобар ин, хӯроки шомро дар хаймаҳо тановул кардем. Мизбон барои меҳмонон аз гӯшти гӯсфанд дамлама пухта буд. Таом хеле иштиҳоовар менамуд, вале ман даст ба табақи сергӯшт набурда, бо як бурда фатири равғанин, ки завҷаи Сӯҳроб махсус барои ин сафар пухта буд, қаноат кардам. Баъди шомхӯрӣ боз ягон соат суҳбат карда, сипас аз пайи хоб шудем. Суҳроб бандҳои дари хаймаро баст, то ки ягон ҳашарот ё ҷонвар надарояд.
Хаста бошам ҳам, хобам намебурд. Дар хайма хоб кардан бароям чандон мувофиқ набуд: агар пойҳоямро дароз мекардам, онҳо ба сутун ва дари хайма мерасиданд. Аз ҷониби дигар, дар рахти хоби сафарӣ, ки барои ҳарбиён пешбинӣ шуда буд, ман дуруст намеғунҷидам. Вале агар бе он хоб бикунӣ, аниқ хунук буд. Аз рӯи таҷрибаи кӯҳгардӣ медонистам, ки аз сардӣ хоб рафта намешавад. Ҳоло хайма сард наменамуд. Зеро мо дар таги рахти хоб кӯрпачаҳои пашминро, ки Ҷамшед аз хонаашон гирифта буд, густурда будем. Албатта, кӯрпачаҳои пашмин нисбат ба пахтагин гармтаранд ва чун намад намиро намегузаронанд. Ман хоб карда натавониста, аз як паҳлу ба паҳлуи дигар мегаштам. Бар замми ин садои хурроккашии рафиқон ҳатто аз хаймаҳои ҳамсоя ба гӯш расида, касро нороҳат мекард.

Сафари кӯлҳои Аловуддин ё пиёда аз Панҷакент ба Айнӣ

Намедонам кай хобам бурдааст, вале чун одат соати 4-и субҳ аз хоб бедор шудам. Дари хаймаро боз карда, ба берун нигоҳ кардам, ҳаво сард ва ҳанӯз торик бошад ҳам, осмон кушода буд ва моҳу ситораҳо рӯшан ба назар мерасиданд. Суҳробро аз хоб бедор кардам ва ба берун баромадам. Аз хаймаи дасти чап Ҷамшедро садо кардам, то ӯ низ бедор шавад. Баъди ним соат ба сафари кӯли Аловиддин омода шудем. Усто Басир пеш аз ҳаракат ба мо дар як халтаи селофанӣ гӯшту думбаи обҷӯши гӯсфанд, 2 нон ва дар як термоси яклитра чой дода гуфт, ки махсус барои ман картошка ҷӯшондааст. Ба ӯ ташаккур гуфта, тӯшаи роҳро гирифтем. Суҳроб дар борхалтаи худ як фатир ва як баклажка об гирифт. Ҳамин тавр, соати 4-у 45 дақиқа ману Суҳроб ва Ҷамшеду Маҳбуб ба роҳ баромадем.
Аз чаҳор нафари мо танҳо Ҷамшед ба кӯли Аловиддин сафар карда буд. Бинобар ин ӯ пеш-пеш ва мо аз қафо аз қисми шимоливу шарқии кӯли Бибиҷон (Бибиҷаннат) гузашта, ба ағбаи Аловиддин баромаданро шурӯъ кардем. Акнун субҳ медамид. Чи хеле ки қаблан гуфта будем, Кӯли Калон дар пастхамӣ ҷойгир аст ва пеши нурҳои офтобро кӯҳҳои атроф мегиранд. Дар ҳамин ҳол нурҳои офтоб аз шарқ ба қуллаи Миралӣ (5132 м), ки дар шарқу ҷануби мо истодааст, расида, пиряхҳои онро ҷило медоданд.
Мо оғози ағбаи Аловуддинро миёнабур карда мебароем, ки пайраҳааш хеле кӯтал аст. Роҳи харгарди ағба, ки нисбатан ҳамвортар аст, 500 метр болотар аз шарқу ҷануби мо сар мешавад. Мо ба мушкилӣ лаб-лаби ҷӯй боло мебароем, зеро ба кӯҳгардӣ ҳанӯз одат накардаем. Дар қисми шарқу ҷануби мо, тақрибан 100 метр дуртар, дар ҷойи шамолпаноҳ қӯтани гӯсфандон воқеъ аст. Чӯпонон рамаро ба чаро бурдаанд. Дар қӯтан хаймаи чӯпонон ба назар мерасад. Саге дар қӯтан аккос мезад, вале ёрои наздик шудан надошт. Аз хайма чӯпонбачае чашмонашро молида баромад ва моро дида, сагашро ба наздаш даъват кард.
Мо каме болои сангҳо нишаста, дам гирифтем ва баъд роҳамонро идома додем. Ҷамшед гуфта буд, ки қуллаи ағба дар болои ҳамин кӯтал ҷойгир аст ва баъди он нишебӣ сар мешавад. «То болои ағба роҳи андаке мондааст» гуфта, мо роҳгардиамонро метезонем. Ниҳоят ба баландӣ расидем. Он ҷо ҳамворие буд, ки аз поин наменамуд. Аз ин ҳамворӣ роҳи кӯтали хеле дароз то охири ағба идома меёфт.
Nimai agbai Alovuddin
— Канӣ охири ағба? — мепурсам аз Ҷамшед.
— Ба ростӣ, ман гумон мекардам, ки ҳамин ҷо аст, — посух дод ӯ. – Ман чанд сол пеш омада будам, дар ёдам намондааст, — худро сафед кард ӯ.
Ҳамин вақт садои баланди таркиш ба гӯш расид. Он аз қуллаи Миралӣ, ки дар ҷануби мо ҷойгир буд, меомад. Ба он сӯ нигаристем. Аз гармии нурҳои офтоб, ки ба қулла мерасид як пора тарма аз пирях канда шуда, ба поён мерафт. Он ба сангҳо зада, чун барфреза паҳну парешон гардид ва ба тармаи зербуда пайваст.
Мо роҳамонро идома медиҳем. Барои кӯҳгардон бо пайраҳа ҳаракат кардан хеле муҳим аст. Дар ин ҷо пайраҳаҳо зиёданд, ки дар натиҷаи ҳаракати бузу гӯсфандон ба вуҷуд омадаанд. Аксари онҳо дар нимароҳ гум мешаванд ва ё ба бунбаст мебаранд. Ҳамин аст, ки дар назди пайраҳаи асосӣ шахсони савобгир ё кормандони ширкатҳои сайёҳӣ сангҳоро ба ҳам теппача карда, самти ҳаракатро бо пайраҳа ишора намудаанд. Пайраҳаи мо аз назди рӯдаке мегузарад. Ҷамшед баклажкаро аз оби он пур мекунад. Оби он хеле сард аст, зеро офтоб ҳанӯз ба ин тарафи ағба намерасад. Маълум, ки ин рӯдак аз тармаи қуллаи рости ағба сарчашма мегирад.
Мо бо мушкилӣ роҳамонро идома медиҳем, зеро он пайваста рӯ ба баландшавӣ дорад. Берун аз пайраҳаи мо, тақрибан 100 метр дуртар дар тарафи шимоли мо ҷавони камондор пайдо шуд, ки дар камараш корд овезон буд. Ӯ дод зада, аз мо пурсид:
— Тақрибан 15 адад буз аз баландӣ нишеб шуданд. Шумо онҳоро надидед?
— Не, — сар ҷунбонда гуфт Ҷамшед.
— Дар ин ҷои серодам бузи кӯҳӣ чӣ кор мекунад? – гуфтам ман ба ҳамроҳонам.
— Баъзан бузҳо аз ағба мегузаранд ва шикорчиҳои моҳир дар ин кӯҳҳо буз шикор мекунанд, — гуфт Ҷамшед.
— Шикори бузҳо манъ аст-ку, — гуфт Сӯҳроб.
— Кӣ инро риоя мекунад, — посух дод Ҷамшед ва мо роҳамонро идома додем.
Маҳбуб, ки дар Маскав ошпаз аст ва баъди як сол нав ба зодгоҳаш баргаштааст, нерӯи зиёд дорад. Ӯ аз мо пеш мегузарад ва тез ағбаро боло шудан мегирад. Мо хеле монда шудаем ва баъди ҳар сад метр каме дамамонро рост карда, ба боло ҳаракат мекунем. Охири ағба регзор аст ва бо он боло шудан азоби алим мебошад. Ниҳоят ба болои ағбаи Аловуддин мерасем. Баландии ағба ба гуфте 3730 м. ва аз рӯи маълумоти сарчашмаи дигар 3790 метр аз сатҳи баҳр буда, ин ҷо боди сард мевазад ва он рӯи касро гӯиё лесида мегузарад. Ман ба соати телефон менигарам. Соат 10- у 45 дақиқа шудааст. Яъне, мо то ин ҷо 6 соат ҳаракат кардаем. Аз болои ағба ба шарқ менигарем. Пеши мо аз чап қуллаи Чапдара (5197 м.) ва аз рост қуллаи Бодхона (5304 м.) менамояд. Дар поин, дар водии дарёи Чапдара ду кӯли Аловуддин ба назар мерасад, ки якумӣ нисбатан калонтар аст.
Dar  boloi agbai Alovuddin
Мо дар болои ағба чанд акс гирифтем ва дар паси кӯҳпора, ки гирдашро сайёҳон санг бардошта шамолпаноҳ кардаанд, барои истироҳати кӯтоҳ истодем. Суҳроб аз борхалтааш фатир баровард ва мо якпорагӣ аз он гирифта, бо чойи термос ношто кардем. Барои зиёд истодан вақт надорем, зеро ҳоло мо бояд ағбаро фароем ва кӯлҳои Аловуддинро тамошо карда, ба Кӯли Калон пас гардем. Бинобар ин, ағбаро сарозер мешавем. Дар аввал роҳ нишебу хеле хатарнок аст. Агар по лағжад, сиҳат мондан дар гумон аст. Мо бо эҳтиёт поин шудан мегирем. Аз дур назди харсангҳои сари роҳ хаймаҳои сайёҳон ба назар мерасад. Маълум, ки онҳо шабро ин ҷо гузаронидаанд. Аз пешамон сайёҳе баромад, ки борхалтааш вазнин буду базӯр ба боло ҳаракат мекард. Ман бо ӯ бо англисӣ саломуалейк карда, аз куҷо буданашро пурсидам. Ӯ аз Маскав будааст. Бо Дмитрий ба русӣ суҳбатро идома додем. Ӯ гуфт, ки шариконаш аз пас омада истодаанд. Вай бояд пештар аз онҳо ба Кӯли Калон расида, хайма занад. Мо бо Дмитрий хайрухуш карда, роҳамонро идома додем.
Qullahoi Chapdara va Bodkhona az agbai Alovuddin
Аз кӯҳ фаромадан аз баромаданаш ҳам мушкилтар аст. Агар шахс мувозинатро нигоҳ дошта натавонад, аниқ ки сарозер мешавад. Бинобар ин, боэҳтиётона ҳаракат кардан лозим аст. Ҳамин аст, ки барои баромадани ағба ва фаромадани он қариб як хел вақт сарф мешавад.
Мо ҳангоми фаромадан ду марду ду зани сайёҳ — шарикони Дмитрийро вохӯрдем, ки бо азоб ағбаро мебаромаданд. Мо бошад, бо мушкилӣ ағбаро мефаромедем. Ниҳоят баъди қариб се соати ҳаракат мо ба кӯли Аловуддин фаромадем ва ба чойхонаи Алибой, ки дар лаби рӯде, ки аз кӯл мебарояд, воқеъ аст, барои истироҳат истодем. Соат 13-45 дақиқа буд. Мо то ба ин ҷо расидан расо 9 соат ҳаракат кардем ва тақрибан 20 км масофаро тай намуда, аз Панҷакент ба ноҳияи Айнӣ омадем. Бо роҳи мошингард аз деҳаи Артучи Панҷакент то ин ҷо тақрибан 140 км масофа аст. Тавассути ағбаҳои Кӯли Калон ва Аловуддин он камтар аз 35 км мебошад.
Алибой, сокини деҳаи Пасрӯд моро ба сурфа, сари дастархон даъват кард. Пурсидем, ки чӣ ғизо дорад. Ӯ гуфт, ки хомшӯрбои гӯшти серка ҷӯшида истодааст. Мо бо худ гӯшту думбаи гӯсфанд доштем ва хоҳиш кардем, ки табақи холӣ ва корд биёрад. Ҷамшед аз борхалта гӯшту думбаро бароварда пора кард ва картошкаҳоро низ дар табақ монд. Ман як пора картошкаро ба даҳон бурдам. Картошка бӯи равғани гӯсфанд мекард, зеро онро бо гӯшту думба дар як дег ҷӯшонида буданд. Алибой нони бозориву чойи кабуд ва дар як лаълӣ қанди сафеду конфет ва мағз овард. Ман бо чанд пора қанди сафед чой ва нон хӯрдам.
Ҳамин вақт як гурӯҳи сайёҳони франсуз аз кӯли Мутний (Хира), ки болотар (дар ҷануб) аз кӯли Аловуддин, дар баландии 3540 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, баргаштанд. Аз ин ҷо то кӯли мазкур тақрибан дар 3 соат расидан мумкин аст. Сайёҳон, ки аксарашан миёнсол ва солхӯрда буданд, сари мизҳо, ки зери хайма гузошта шуда буданд, нишастанд. Ба онҳо духтари гандумгуни тоҷик тарҷумонӣ мекард. Онҳо ба Алибой квасу пиво фармуданд.
Мо чошт хӯрда шудем. Ба Алибой барои чой пул додем, нагирифт. Барои ба Кӯли Калон баргаштан аз ӯ маслиҳат пурсидем. Зеро бо ағбаи Аловуддин баромадан бароямон хеле мушкил менамуд. Гумон мекардем, ин ағбаро, ки одатан дар 3 соат мебароянд, мо бо ин хастагӣ дар 5 соат ҳам баромада наметавонем. Мо медонистем, ки аз Маркази байналхалқии кӯҳнавардиву сайёҳии «Вертикал — Аловуддин» тавассути ағбаи Лаудан низ ба Кӯли Калон баргаштан мумкин аст. Ба шуниди мо роҳи мазкур дарозтар бошад ҳам, нисбатан осонгузар мебошад. Дар ин бора назари Алибойро, ки 20 сол боз ба сайёҳон хизмат мерасонад, пурсон шудем. Ӯ маълумоти моро тасдиқ карда, гуфт, ки роҳи ағба аз қисми шимолу ғарбии алплагер шурӯъ мешавад. Алибой маслиҳат дод, ки дар алплагер Акрамбойро пайдо бикунем: ӯ ба мо роҳи ағбаро нишон медиҳад.
Мо бо Алибой хайрухуш карда, ба самти муқобил, сӯи кӯли Аловуддин равона шудем, ки аз чойхона тақрибан 50 метр болотар дар ҷануб ҷойгир аст. Дар қисми шарқии кӯли мазкур кӯли дигар воқеъ аст, ки ба гурӯҳи кӯлҳои Аловуддин дохил мешавад. Мо ба соҳили ғарбии кӯл омада, назди харсанге, дар сояи арча барои фурсате дамгирӣ истодем.
Dar kuli Alovuddin
Дар соҳили шимолии кӯл боз як чойхонае воқеъ аст. Назди он як гурӯҳи сайёҳон истироҳат доштанд. Ду нафари онҳо дар лаби кӯл, ки одамро гӯр намекунад, ба оббозӣ машғул буданд. Мо ҳам мехостем, ки оббозӣ бикунем, вале барои ин фурсат надоштем. Бинобар ин, дар манзараи кӯл чанд акс гирифтем ва баъд пойафзолҳоямонро кашида, нишастем, то андаке бошад ҳам, истироҳат бикунем. Ҳамин вақт Алибой барои зангзанӣ бо пайраҳа боло шуд. Зеро дар ин ҷо наметавон бо телефони мобилӣ занг зад. Дар боло, ки ин ҷо дар ҷануб воқеъ аст, алоқаи мобилӣ пайдо мешавад. Пайраҳаи мазкур ба кӯли Мутний мебарад. Аз он ҷо ба қуллаи Чимтарға баромадан мумкин аст.
Мо баъди истироҳати кӯтоҳмуддат озими сафар шуда будем, ки Алибой аз пайраҳа поин шуд. Бо ӯ то чойхонааш суҳбаткунон фаромадем. Ба гуфти ӯ ду соли охир теъдоди сайёҳони хориҷӣ хеле кам шудааст. Сабабашро ӯ дар қимат будани хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ ва гаронии роҳкирои тайёраҳо ба Тоҷикистон маънидод кард. Воқеан ҳам, ширкатҳои сайёҳӣ барои сафари 7-рӯзаву 10-рӯза ба кӯҳҳои Фон аз 750 то 850 доллар мегиранд, ки ба ин роҳкиро ва меҳмонхона дохил намешавад. Роҳкирои ҳавопайпо ба Тоҷикистон хеле гарон аст. Бинобар ин, сайёҳон аз Русия сафари Туркия ё Испанияву Юнонро авлотар медонанд, ки камаш ду- се маротиба арзонтар мебошад.

Бозгашт ба Кӯли Калон тавассути ағбаи Лаудан

Мо соати 14-у 45 дақиқа бо Алибой боз хайрухуш карда, ба сӯи Маркази байналхалқии кӯҳнавардиву сайёҳии «Вертикал — Аловуддин» раҳсипор мешавем. Пайраҳа лаб-лаби дарёи Чапдара, ки аз кӯли калони Аловуддин шодоб мегардад, моро ба поин, ки ин ҷо шимол аст, мебарад. Ин ҷо водии дараи Чапдара танг бошад ҳам, манзарааш нисбати Кӯли Калон зеботар аст, зеро арчаҳои солору зебо дар ду тарафи рӯд сар кашидаанд. Дарёи Чапдара шохоби рости дарёи Пасрӯд (ҳамноми деҳа) мебошад, ки он дар Сарбода ба Фондарё мерезад. Дар пеши роҳамон боз чанд кӯли хурд баромад, ки манзараҳои зебо доштанд. Баъди ним соати ҳаракат ба МБКС «Вертикал — Аловуддин» расидем.
Dar Chapdara
Соли 1991 ширкати Вертикал аз Москва ба сохтмони Маркази байналхалқии кӯҳнавардиву сайёҳии «Вертикал — Аловуддин» шурӯъ карда буд. Оғоз шудани ҷанги шаҳрвандӣ ба пурра амалӣ гардидани ин лоиҳа монеъ шуда бошад ҳам, соли 1995 алплагер аввалин кӯҳнавардонро қабул кард. Ҳоло алплагер аз се котеҷи дуошёна ва биноҳои ёрирасон иборат аст. Ҳар як котеҷ аз як ҳуҷраи якнафара ва ду ҳуҷраи чорнафара иборат аст. Яъне дар як вақт дар ҳамаи котеҷҳо 27 нафар сайёҳон метавонанд ҷойгир шаванд. Мутаассифона, бошишгоҳ бо барқи доимӣ ва алоқаи мобилӣ таъмин нест. Ба гуфти истироҳаткунандагон бо торик шудан барқ тавассути генератори дизелӣ ба муддати 2 соат дода мешавад. Вале агар хароҷоти он пардохта шавад, барқ иловатан низ пешниҳод мегардад.
Бояд гуфт, ки аз МБКС «Вертикал — Аловуддин» то шаҳраки Сарбодаи ноҳияи Айнӣ, яъне то роҳи Душанбе — Хуҷанд 30 км масофа буда, роҳи мошингард, ки танҳо автомобилҳои ҳарҷогард ҳаракат мекунанд, ин ҷо ба охир мерасад. Аз ин ҷо ба боло, ба кӯли Аловуддин танҳо бо пайраҳа рафтан мумкин аст.
Чун вориди алплагер шудем, Ҷамшед ба ҷустуҷӯи Акрамбой рафт. Мо бошад, ба сӯи даричаи ғарбии бошишгоҳ равона шудем. Сари роҳи мо як гурӯҳ сокинони маҳаллӣ дар сояи дарахтон дастурхон густурда, истироҳат мекарданд. Бо онҳо саломуалейк кардем. Маълум шуд, ки як нафари онҳо аз Панҷакент буда, бо ҳамкоронаш аз шаҳри Хуҷанд барои истироҳат омадаанд. Ӯ моро сари дастархон муроот кард. Дар дастархон як табақ гуштбирёни серка, чанд шиша арақ ва нуқлу навои зиёде буд. Мо бо баҳонаи он ки саросемаем эҳтиромона даъвати онҳоро рад кардем. Ҷамшед низ расида омад. Чӣ тавре ки Алибой гуфта буд, пайраҳаи ағбаи Лаудан аз ҳамин даричаи ғарбии алплагер оғоз мешуд.
Мо ба пайраҳа баромадем ва ба ғарб ҳаракат карда, роҳ ба болои ағба гирифтем. Пайраҳа аз байни арчазор гузашта моро ба дарае овард. Ин ҷо чашмае оғоз мешуд. Акрамбой гуфтааст, ки мо бояд аз ин ҷо ба рост гардем, вале Ҷамшед ӯро нодуруст фаҳмидааст ва мо мустақим лаб-лаби рӯдаке боло шудан гирифтем. Пайраҳа кӯтал бошад ҳам, аз байни арчазор мебурд ва мо душвориро камтар эҳсос мекардем. Маҳбубу Ҷамшед чун ягон арчаи хушкшударо медиданд, тахмин мезаданд, ки «ин бурс чанд хар ҳезум мешавад» ва афсӯс мехӯрданд, ки аз ин ҷо онро ба Артуч бурдан мушкил аст.
Ниҳоят пайраҳа рост сарболо шуд. Маълум буд, ки мо раҳгум задаем, зеро агар рост равем, пайраҳа ба бунбаст мебурд. Ба чап ҳам рафта намешуд: он ҷо пеши қулларо тахтасангҳои калон мегирифт ва бе ҷиҳози махсуси кӯҳгардиву омодагии ҳамаҷониба мо ба он баромада наметавонистем. Бинобар ин, мо худро ба дасти рост гирифта, болои кӯҳ баромадан гирифтем. Ҳамин вақт ду подабон, яке ҷавону дигаре солор аз паси мо, тақрибан 50 метр ақибтар пайдо шуданд. Онҳо чӯҷакабкеро, ки аз мо тарсида байни буттаҳои алаф пинҳон шуда будааст, дошта гирифтанд. Ҷамшед аз онҳо роҳро пурсид. Онҳо ишора карданд, ки ба шимол, болои кӯҳ бароем. Мо болои кӯҳ, ки ба ҷанубу ғарб, сӯи қуллаи ағбаи Лоудан мебарад, баромадем. Дар болои кӯҳ пайраҳаеро дидем, ки бо он ҳаракат кардан хеле осон буд. Акнун маълум шуд, ки мо иштибоҳ карда будем ва бояд аз назди чашма ба тарафи рост гашта, ба ин пайраҳа мебаромедем ва бо он боло мешудем.
Подабонҳо низ ба ин пайраҳа боло шуда, ба паси кӯҳ гузаштанд, ки он ҷо дараи дигаре буд. Дар пастхамии он ҳудуди 50 — 70 сар гов чаро доштанд. Ҷамшед ба назди онҳо поин фаромад ва баъди лаҳзае ишора карда, ки мо ҳам поин шавем. Ӯ бо чӯпонҳо ба сӯи кашари тобистона ба ҷанубу ғарб ҳаракат карданд. Мо ба онҳо расида, саломуалейк кардем. Маълум шуд, ки ин моли авули деҳаи Пасрӯд будааст. Ба гуфти онҳо мо бояд ба болои кӯҳи дигар, ки дар шимоламон ҷогир аст, бароем ва бо пайраҳа то болои ағба ба ҷанубу ғарб ҳаракат кунем. Агар аз паси ағба бо пайраҳа, ки роҳаш уреб аст, ба шарқ ҳаракат бикунем, боз ҳамин ду кӯҳро гузашта, ба ағбаи Арзанпая мерасем ва бо он ба Кӯли Калон мефароем.
Kuli K
Мо бо онҳо хайрухуш карда, аз рӯдаке, ки аз ин ҷо ҷорӣ буд, баклажкаамонро бо об пур кардем ва ба кӯҳ баромаданро шурӯъ намудем. Ниҳоят бо азоб ба пайраҳаи болои кӯҳ, ки ба болои ағба мебарад, расидем. Ин ҷо муддате дам гирифта, якпорагӣ фатирро бо об хӯрдем ва роҳамонро идома додем. Рӯз бегоҳ мешуд, мо бояд то фаромаданӣ торикӣ ба пайраҳаи ағбаи Арзанпая мерасидем, вагарна роҳро гум карданамон мумкин буд. Воқеан, агар ҳоло мо аз ин кӯҳ ба тарафи шимол мефаромадем, ба дараҳои атрофи Пасрӯд бармегаштем. Роҳи мо ҳоло ба ғарбу ҷануб мерафт. Дар қарибиҳои болои ағба дар ду тарафи пайраҳа чукрӣ мерӯид, ки ҳоло пир шудааст. Ҳангоми фаромадани ағбаи Аловуддин низ аз пешамон чукрӣ баромада буд, ки дар кӯҳҳои назди Кӯли Калон мушоҳида накарда будем. Маҳбуб чанд дона чукрӣ чида, дар борхалтааш ҷой кард. Қобили зикр аст, ки дар ду тарафи ағбаҳои Аловуддин ва Лаудан растании чойкаҳак зиёд паҳн шудааст. Вайро чорво намехӯрад, вагарна кайҳо чун растаниҳои дигар бузу гӯсфандон «мелесиданд». Ниҳоят соати 19-у 25 дақиқа мо ба болои ағбаи расидем. Мо аз алплагер то ин ҷо расо 4 соат ҳаракат карда будем.
Мо зуд бо пайраҳа поин шудем. Воқеан ҳам, пайраҳа бо роҳи уреб ба сӯи шарқ мерафт, ки ҳаракат кардан бо он чандон мушкил набуд. Мо як кӯҳро гузашта, бо ҳамон пайраҳа ба кӯҳи дигар расидем. Акнун роҳ ба боло мерафт. Мо ба сӯи шимол ба ағба баланд шудем. Ин ҷо ҳаракат кардан дар қумзор нисбатан мушкил буд. Вақте ки мо ба болои ағбаи Арзанпая расидем, соат 20-у 25 дақиқа буд ва торикӣ мефаромад. Зуд пайраҳаро пайдо карда бо он поин шудан гирифтем.
Дар як лаҳза ҳамаро торикӣ фаро гирифт, пеши поро дида намешуд. Ҷамшед чароғаки хурде доштааст, онро рӯшан кард. Сӯҳроб барои сафар оташафрӯзак гирифта буд. Чароғаки он низ дар торикӣ ба мо кор дод. Маҳбуб пеш-пеш ҳаракат мекард ва Ҷамшед пеши пойи ӯ ва худашро рӯшан мекард. Баъди ӯ ман ҳаракат мекардам ва Сӯҳроб пеши пойи ману худашро бо чароғакаш мунаввар менамуд. Мо пай ба пай монда мефаромедем, зеро 5-6 қадам пештарро намедидем. Аз ин ҷо чароғакҳои хаймаҳои Кӯли Калон ба назар расида, моро барои тез ҳаракат кардан рӯҳбаланд мекарданд. Мо аз ин ҷо тахмин мезадем, ки кадомаш хаймаи мо аст. Вале бо поин шудан чароғакҳо кам шудан гирифтанд. Маълум буд, ки бошандагони хаймаҳо чароғҳоро хомӯш карда, хоб рафтаанд ва ҳезуми гулханҳо низ сӯхта хокистар шудаанд.
Билохира ба водӣ фаромадем. Ин ҷо дар марғзор пайраҳа гум шуд ва мо тахминан ба сӯи чап, ба шарқу ҷануб ба сӯи кӯли Бибиҷон ҳаракат кардем. Аз пешамон шиварзор баромад. Агар ин ҷо эҳтиёт накунӣ, ба ботлоқ ғӯтидан мумкин аст. Ҳамин вақт аз пеш чароғаке пайдо шуда ба мо ишора мекард, ки ба он сӯ биравем. Ҷамшед гумон кард, ки ягон чӯпони ҳамдеҳааш ҳаст, ки ин ҷо қӯтан доранд. Ӯ садо баланд кард ва аз он тараф низ овоз баромад. Баъди чанд дақиқа мо ба назди соҳиби садо расидем. Марди тақрибан 50- сола ба пешвози мо омад. Ҷамшеду он мард ҳамдигарро шинохтанд. Ӯ муаллим аз деҳаи Яккахона буд, ки ин ҷо тобистон хайма зада, ба сайёҳон хизмат мерасонд. Ӯ Павел ном сайёҳи шиносашро, ки якка аз кӯли Аловуддин меомадааст, интизор буд. Муаллим барои ба ботлоқ наафтидани ӯ ба роҳ баромада будааст. Ӯ ба мо роҳи наздиктаринро нишон медиҳам гуфта, ба назди хаймааш ба соҳили ҷанубии кӯли Бибиҷон овард. Мо дарёчаро аз рӯи сангҳо гузашта ба муқобили кӯле, ки хайма зада будем, гузаштем. Ӯ ба мо пайраҳаеро нишон дода гуфт, ки аз ин ҷо баъди тақрибан 100 қадам мо ба хаймаҳоямон мерасем.
Мо аз даруни арчазор гузаштем, вале ҳеҷ не ки ба хаймаҳо бирасем. Дар пеш ягон чароғ рӯшан набуд ва мо наметавонистем чизеро нишон бигирем. Ман гуфтам, ки мо бояд ба лаби кӯл бароем ва қад-қади он ба ҷануб поин шудан гирем. Зеро ҳоло дар қисми ғарбии мо кӯҳ истодааст. Хаймаҳои мо поинтар аз ин кӯҳ ҷойгир буданд. Ҳамин тавр мо поин рафта ба ҷое расидем, ки кӯли шашум ба охир расида, ҷазирачае оби онро ба ду рӯд ҷудо мекард. Хаймаҳои мо дар рӯ ба рӯи ҳамин ҷазирача буд. Мо «Бобоев» гуфта, фарёд задем. Дар он тарафи ҷазирача ду суробе пайдо шуданд. Мо ҳоло бояд дарёчаро аз болои сангҳо гузашта, ба ҷазирача мерасидем ва аз он ҷо боз аз болои сангҳо рӯди дигарро мегузаштем. Об рӯд дар торикӣ калон менамуд ва бо рӯшании чароғҳои мо болои сангҳо пой гузоштан мушкил буд. Мо сангеро дар ҷойи калони рӯд гузошта ба ҷазирача гузаштем. Аз он тараф нафаре аз меҳмонони Мастон, ки бедорхобӣ кашидааст, ба кӯмаки мо омада, сангеро ба дарё монд ва мо сиҳату саломат обро убур кардем. Дӯстмурод дар тан ҷомаи сиёҳ пеши мо рост меистод. Маълум, ки садои мо ӯро аз хоб бедор кардааст.
— Ман гумон кардам, ки шумо шаб дар кӯли Аловуддин мондед.
— Воқеан ҳам Алибой ба мо пешниҳод карда буд, ки шаб дар чойхонаи ӯ монда истироҳат бикунем ва аз субҳ баргардем, — гуфтам ман. — Вале мо гуфта будем-ку, бармегардем.
— Барои шумо дар дег оши палав мондаанд, гарм карда хӯред, — гуфт Дӯстмурод.
Ба соати телефон нигаристам, соат 11-и шаб шуда буд. Мо имрӯз дар 18 соат вақт аз Кӯли Калон ба кӯли Аловуддин рафта баргаштем, ки аз ин 17 соаташ дар роҳ будем. Мо, устодони донишгоҳ, ки ба кори ҷисмонӣ машғул нестем, бе тайёрии пешакӣ имрӯз беш аз 50 км масофаро тай карда будем. Баъдтар маълумамон шуд, ки сайёҳон одатан дар як рӯз аз як кӯл ба кӯли дигар мерафтаанд ва истироҳат карда, рӯзи дигар сафарашонро идома медодаанд. Ҷамшеду Маҳбуб ва Сӯҳроб иқрор шуданд, ки роҳгардӣ барояшон хеле мушкил ва хастакунанда буд ва чун ба болои ағбаи Аловуддин расиданд ва аз дур кӯлҳоро диданд, дар дил хоҳиши баргаштан карданд. Вале азми маро дида, мардӣ аз даст наравад, гуфта роҳро идома додаанд.
Ман ба хайма омадам ва батинкаи кӯҳгардиамро кашидам. Хеле хаста шуда будам. Хӯрок хӯрдан намехостам. Баъди чанде Ҷамшеду Маҳбуб ош гарм карда оварданд. Ман ташна будам, чой нӯшидам. Сӯҳроб ҳам ош нахӯрд. Баъди ғундоштани дастурхон азми хоб кардем. Гумон мекардам, ки ба ин кӯфтагӣ чун сарро ба болин мемонам, хобам мебарад. Вале имшаб ҳам бедорхобӣ кашидам.

Бозгашт

Субҳ барвақт аз хоб хестам. Мо ният доштем, ки имрӯз ба Душанбе бармегардем. Баъди ношто меҳмонони Мастон низ ба водӣ, ба Рукнобод баргаштанӣ буданд. Ҷамшед ба баландӣ, ба ҷои дастраси алоқа рафт, то занг занад, ки ҷиянҳояш харҳоро биёранд. Мо хаймаро кандем ва борхалтаҳоямонро омодаи сафар намудем. Хешовандони Мастон маркабҳои овардаашонро ҳамин ҷо нигоҳ дошта буданд, бинобар ин, онҳо зуд ба сӯи алплагери Артуч поин шуданд. Воқеан, дар ин се рӯзе, ки дар кӯли калон будем, хешовандону ҳамдеҳаҳои Мастон Умедов, ки аз коргару деҳқон сар карда, то духтуру муаллим буданд, моро хеле хуб ва сидқан меҳмондорӣ карданд. Чунин мизбониро на ҳама метавонад.
Соати 9 ҷиянҳои Ҷамшед харҳоро савор шуда омаданд. Мо борҳоро ба як хар бор кардем. Ба хари дигар Д. Бобоев савор шуд ва мо ба роҳ баромадем.
Аз ин ду туруше, ки дар аввал гуфта будем, фаромадан ба мисли баромадан мушкил буд. Пеши роҳамон занону кӯдакон ва ҷавонону мардон баромаданд, ки бо ин пайраҳа ба Кӯли Калон мебаромаданд. Маълум буд, ки онҳо аз шаҳри Панҷакент барои истироҳат ба алплагери Артуч омадаанд ва акнун мехоҳанд ин кӯлҳои зеборо тамошо кунанд. Мутаассифона, аксари онҳо пойафзоли кӯҳгардӣ надоштанд. Занону духтарон пойафзоли тобистона пӯшида буданд, ки хоси роҳи ҳамвори асфалт аст. Бинобар ин онҳо бо сад азоб боло мешуданд. Пойҳояшон ба сангҳо зада хуншор мешуд. Албатта, бо ин пойафзол ағбаро фаромадан боз ҳам мушкил буд.
Мо оҳиста-оҳиста ҳаракат карда, баъди се соат ба алплагер расидем. Он ҷо бо мошин ба Артуч омадем ва баъди хӯроки чошт, соати қариб 4 озими Душанбе шудем.
IMG_0456
Қобили зикр аст, ки кӯҳҳои Фон қисми баландтарини қаторкӯҳҳои Зарафшон мебошад. Дар ин ҷо 11 қулла ба мисли Ганзаи Хурд (5031м), Чапдара (5050 м), Қуфл (5070 м), Энергия (5105 м), Миралӣ (5132 м), Бодхона (5138 м), Ганзаи Калон (5306) ва ғайра воқеанд. Қуллаи аз ҳама баландтарин Чимтарға (5487 м) мебошад. Ҳамчунин дар ин мавзеъ қариб 30 кӯлҳои хурду бузург мавҷуданд. Кӯли аз ҳама калон Искандаркӯл аст. Қуллаҳои осмонбӯс, ҳавои тозаву оби мусаффо ва манзараҳои дилфиреби кӯҳҳои Фон кӯҳнавардону сайёҳонро ба ин мавзеъ ҷалб мекунанд. Давраи хуби сайёҳат ба ин мавзеъ охири моҳи июн ва аввали моҳи сентябр аст. Зеро он давраи бебориш ва камхатар дар кӯҳистон маҳсуб мешавад.
Аввалин кӯҳнавардии русҳо ба кӯҳҳои Фон дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба охири солҳои сиюми асри ХХ рост меояд. Соли 1949 китоби кӯҳнавардон Мухин А.С. ва Гусев В. Ф. «Фанские горы» (Кӯҳҳои Фон) ба табъ расид. Асари мазкур дар як муддати кӯтоҳ китоби саримизии кӯҳнавардону сайёҳон гардид. Баъди ин сайёҳати кӯҳнавардон ба ин мавзеъ афзуд. Кӯҳҳои Фон ҳоло ҳам барои сайёҳону кӯҳнавардон ҷолиб аст. Вале мавҷуд набудани хизматрасонии замонавӣ, гаронии нархи нақлиёти ҳавоӣ ба Тоҷикистон, ҳамчунин интиқоли сайёҳон дар дохили кишвар мушкил эҷод мекунад. Масалан, то ҳол дар МБКС «Вертикал — Аловуддин» барқи доимӣ нест. Ҳол он ки дар рӯдхонаи Чапдара даҳҳо НБО-и хурд сохтан мумкин аст. Воқеан, дар дарёчаи Артучи шаҳри Панҷакент ду НБО-и хурд бо иқтидори аз 250 то 350 квт. соат фаъол аст, ки яке деҳаи Панҷрӯд ва дигаре деҳаҳои Артуч, Мадоро ва Яккахонаро бо барқ таъмин менамояд.
Мавзеи мазкур барои сайёҳони дохилӣ низ мароқангез аст, вале боз набудани хизматрасонии босифату дастрас ва нархҳои дандоншикани ширкатҳои сайёҳӣ пеши рушди ин соҳаро мегирад.
Мо ба Душанбе баргаштем, вале як пораи диламон дар кӯҳҳои Фон монд. Манзараҳои дилфиреби он моро боз ба ҷониби худ мекашад. Насиб бошад, соли оянда тавассути дараи Киштут ба кӯлҳои Ало сафар хоҳем кард.

Ҷовид Муқим,
рӯзноманигор

Реклама

2 комментария

  1. Posted by АНОХИТА on Август 18, 2016 at 1:30 пп

    Бехтарин!!! Ачоиб!!!

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: