Фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон


alloh
Памфлет

Субҳи рӯзи якуми моҳи шарифи Рамазон аз кор ҷавоб гирифта, барои аз муоинаи техникии солона гузаронидани автомобилам ба Бунгоҳи муоинаи техникӣ рафтам. Навбатам дуюм буд, яке аз кормандон гуфт, ки автомобилро дар назди хати муоина гузорам ва каме интизор шавам. Баъди 5 дақиқа ӯ аз ман калиди мошинро гирифта, гуфт:
— Ако, хоҳиш, шумо ба назди ходимони мо, ба касса равед ва ҳаққи хизматро пардозед, то ин вақт мо автомобилатонро муоина мекунем.
Ман «хуб» гуфта, аз паси иҷрои расмиёти муоинаи техникӣ шудам. Ба касса омада, ҳаққи муоинаи техникӣ, суғуртаи давлатӣ ва корти экологияро пардохтам. Пас аз ин ба ман гуфтанд, ки ба саҳни ҳавлӣ баромада, дар соя нишинам, худашон ҳуҷҷатҳоро оварда ба ман медиҳанд. Ба ростӣ, ҳайрон шуда ба берун баромадам ва дар хараке, ки солҳои қаблӣ набуд, интизор нишастам.
Корафтодае ба наздам омада нишаст ва бо ӯ дар бораи автомобилҳо ба чақ-чақ даромадем. Аз байн ним соат ҳам нагузашта буд, ки як нафар масъули Бунгоҳи муоинаи техникӣ маро суроғ карда, ҳуҷҷатҳоямро оварда дод:
— Марҳамат, ҳуҷҷатҳоятонро гиред. Автомобили шуморо аз муоинаи техникӣ гузаронидем. Ҳеҷ камбудие нест. Хуш бошед, — гуфт ӯ.
Ман ҳайрон ҳуҷҷатҳоро аз дасти ӯ гирифтам ва сӯи мошинам равон шудам. То ҳол бовар намекардам, ки аз ман ягон сомонӣ ҳам зиёд аз тарофаи муоинаи техникӣ нагирифтанд. Ҳар сол ин ҷо новобаста аз камбудие надоштани автомобил аз муоинагарон сар карда, то кассиру кормандони БДА бо ҳар баҳона дар умум камаш сад сомонӣ чойпулӣ меканданд.

Аз муоинаи техникӣ баромада, ба хона равон шудам. Роҳам аз маҳаллаи 33-юм, аз растаи гӯштфурӯшон мегузашт. Он ҷо мошинро таваққуф карда, хостам аз ҳисоби 100 сомонии ришва надодаам, гӯшт бихарам. Дар раста анвои гуногуни гӯшти гӯсфанду гов мефурӯхтанд. Нархи гӯшти говро пурсидам. «32 сомонӣ», посух дод қассоб. Ба гӯшам бовар намекардам. Инро фурӯшанда магар пай бурд, ки гуфт:
— Мо қассобон тасмим гирифтем, ки дар моҳи шарифи Рамазон нархи гӯштро 1 сомонӣ паст кунем.
«Аҳсан!», — гуфтам ба ӯ ва ба дӯкони дигар назар кардам. Он ҷо низ гӯшти гов 32 сомонӣ қимат дошт. Дар бозори маҳаллаи 103-юми мо гӯшти гов ҳамеша 34 сомонӣ фурӯхта мешавад. 3 дӯконе, ки дар бозор ҳаст, ҳеҷ ба ҳам рақобат намекунанд ва қассобон ба муштариён гӯшти пастсифатро низ бо ин нарх мефӯрӯшанд.
Растаи гӯштфурӯшонро чарх зада, ба назди дӯконе омадам, ки гӯшти буққа мефурӯхт. Нархи гӯшт ин ҷо низ 32 сомонӣ буд. Қассоб маро дида, пурсид:
— Ако, ба шумо чӣ хел гӯшт диҳам? Нишон диҳед, бо хости шумо гӯштро пора мекунам.
— Пораи беравғани камустухон диҳед.
— Бошад, чанд кило?
— 3 кило ё каме бештар.
Қассоб пораи лаҳмро болои тарозу гузошта, гуфт:
— Ба 98 сомонӣ, мешавад?
— Бале, — гуфтам ва пули гӯштро пардохтам.
— Хуш омадед, боз биёед!- гуфт қассоб.
Аз муносибати хуши кормандони Бунгоҳи муоинаи техникӣ ва қасоббони растаи гӯштфурӯшӣ рӯҳболида гардида, суръатро тез карданамро надониста мондам. Дар хиёбони Бобоҷон Ғафуров корманди БДА ишораи ист кард. Мошинро дар канори роҳ манъ карда, аз мошин фаромаданӣ шудам, ки милиса тозон ба назди дари мошин омада, гуфт:
— Не, аз мошин нафароед. Ман нозири калони БДА, майор Раҳматов. Ако, шумо бо суръати тез омадед. Аз рӯи нишондоди радари мо бо суръати 70 км дар як соат ҳаракат мекардед. Ҳоҳиш, қоидаи ҳаракатро дар шаҳр риоя кунед. Ба шумо роҳи сафед, — гуфт ӯ ва ҳатто ҳуҷҷати ронандагӣ напурсид.
— Ҷарима мекунед?- ҳайрон пурсидам ман.
— Не, вазифаи мо ҷаримаситонӣ нест. Балки пешгирии қоидавайронкунӣ аст. Боз дар ин моҳи шарифи Рамазон дили касеро ранҷондан аз рӯи мусулмонӣ ҳам нест. Биравед, Худо ҳофиз, — гуфт ӯ.
— Ташаккур,- гуфтам ва ба хона равон шудам.
Субҳи рӯзи дигар пиёда озими кор шудам. Дар истгоҳ мардум ба навбат ба маршруткаҳо савор мешуданд. Касе мисли ҳарвақта пешдастӣ карда, худро ба мусофирбар намегирифт. Пулчинакҳои маршруткаҳо ҳам «Корвонда биё, бача», гуфта, гулӯ намедаронданд. Ҳатто ронандаҳои «Старекс»-ҳо ҳам дар курсиҳои назди дар ба ҷои се нафар дигар чор нафарро савор намекарданд. Бароям ҳамаи ин аҷиб менамуд. Зеро тӯли солҳои охир чунин назму тартиботро дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе он тараф истад, ҳатто дар Хуҷанди таърифӣ надида будам.
Ба кор омадам, котибаи раис ончунон хуш пазироӣ кард, ки чунин муносибатро ҳатто дар хоби шаб ҳам орзу намекардам.
Раис бошад, бо эҳтиром пешвозам гирифт ва ба роҳаткурсии рӯбарӯяш шинонда, гарму ҷӯшон ҳолпурсӣ намуд ва гуфт:
— Устод, бисёр хоҳиш мекунам, ки аз пайи омода кардани ҳисоботи нимсола шавед. Агар аз ҳозир шурӯъ накунед, фурсат аз даст меравад.
— Ман аллакай шурӯъ кардаам. Насиб бошад, то 28-уми июн қисми асосии ҳисобот омода мешавад. Нишондиҳандаҳои ҳисоботиро бошад, баъди анҷоми моҳ мебарорем, — гуфтам ман.
— Ба ҳар ҳол устод хоҳиш мекунам.
— Бошад, гуфтам ва ба дафтари кориам омада, аз пайи ҳисобот шудам.
Бегоҳ ба хона омада, аз муоширати рафиқ занак ба ҳайрат афтодам. Ӯ маро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифта, дигар намегуфт, ки яхдон холӣ асту ман чизе наовардаам. Баръакс гуфт, ки худ аз маошаш ғизо харидааст ва минбаъд ҳар ду бори рӯзгорро мекашем, то ба ман мушкил наафтад.
Се ҳафта аст, ки зиндагӣ ба ин маром идома дорад. Ба ростӣ, гумон мекардам, ки чунин муошират ва муносибати одамон ҳамагӣ чанд рӯз идома меёбаду зиндагӣ боз ба маҷрои худ бармегардад. Зеро мо тоҷикистониён одати бе ришваситонӣ зиндагӣ кардан, дурӯғ нагуфтану тамаллуқ накардан, рафтори боодобонаву муоширати эҳтиромонаро аз даст додаем. Баъзеҳо барои соҳибмансаб шудан ё манфиат гирифтан дӯсти наздик ва ҳатто бародари ҳамхуни худро мефурӯшанд. Барояшон арзишҳои инсонӣ ҳеҷ қимате надоранд. «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» шиори асосии зиндагии онҳост. Ҳамин аст, ки мо бо дарёфти истиқлолият ва ба бозори иқтисодӣ ворид шудан хислатҳои хуби инсониро фаромӯш кардаем.
Инак, моҳи шарифи Рамазон ба интиҳои худ мерасад. Оё фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон дар моҳҳои дигар низ идома меёфта бошанд?! Ё барои инсонвор зиндагӣ кардан соли дигару Рамазони навро интизор шавем?

Ҷовид Муқим

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: