Инъикоси муноқишаҳои марзӣ дар матбуот


Sarhad
М. Муқимов, профессори
кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон 976 км марзи муштарак дошта, он дар вилояти Суғд 514 километрро ташкил медиҳад. Аз он 157 км дар ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ, 56 км дар ноҳияи Ғончӣ, 17 км дар ноҳияи Спитамен, 43 км дар ноҳияи Конибодом ва 186 км дар ноҳияи Исфара ҷойгир аст. Дар ҳамин ҳол аз рӯи тақсимоти маъмурӣ ва санадҳои давраи Иттиҳоди Шӯравӣ 145 ҳазору 200 га замини наздимарзӣ дар ноҳияҳои Масчоҳи Кӯҳӣ, Ғончӣ, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Исфара баҳсӣ мебошанд. Ҳамин аст, ки аз соли 1974 ба ин ҷониб танҳо дар ноҳияи Исфара беш аз 12 маротиба муноқиша байни қирғизҳо ва тоҷикон сар задааст, ки дар баъзеи онҳо ҷонибҳо аз силоҳи оташфишон истифода бурдаанд ва қурбониён низ ҳастанд. Мавзӯи мазкур дар матбуот чӣ гуна баррасӣ мешавад?

28 апрели соли 2013 байни сокинони деҳаи қирғизнишини Оқсойи ноҳияи Бодкон ва деҳаи Хоҷа Аълои Исфара, ки ҳамсоядеҳаанд, муноқиша сар зад. Сомонаи қирғизии Tegrinews.kz дар такя ба хабари ОИ «Интерфакс» ин мавзӯъро баррасӣ намудааст. Ба гуфти Сардори милисаи ноҳияи Бодкони Қирғизистон Арстан Усенов сабаби муноқиша роҳи сӯи чарогоҳ будааст. Сокинони деҳаи Оқсой таъмири роҳро бе огоҳ кардани марзбонон оғоз кардаанд. Дар натиҷа шаҳрвандони Тоҷикистон роҳсозони қирғизро латукӯб карда, баъдан ба ҳудуди Тоҷикистон бурдаанд .
Сардори милиса ҳамзамон мегӯяд, ки дар бораи вазъияти воқеӣ маълумоти дақиқ надорад ва аниқ намедонад, ки ҳоло чанд нафар шаҳрвандони Қирғизистон дар ҳудуди Тоҷикистонанд. Дар ҳамин ҳол Арстан Усанов гуфтааст, ки гӯё сокинони деҳаи Хоҷа Аъло чанд аспи қирғизҳоро аз чарогоҳ рабудаанд. Сокинони деҳаи Оқсой ба ғазаб омада, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро латукӯб кардаанд.
Дар охири хабар гуфта мешавад, ки деҳаи Оқсой дар наздикии қитъаи муайяннашудаи сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон дар байни ду деҳаи Тоҷикистон, дар бунбасти Ворух ҷойгир аст.
Хабари мазкур яктарафа буда, дар он маълумот танҳо аз як сарчашма оварда шудааст ва он беғаразона нест. Дар хабар сокинони Тоҷикистон дар сар задани муноқиша муттаҳам карда мешаванд.
Дар ибтидои соли 2013 сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон 3 маротиба роҳи деҳаи Ворухи Исфараро бастанд ва ин чанд маротиба боиси муноқишаи марзӣ гардид. Ниҳоят 11 январи соли 2014, тақрибан соати 12:20 дақиқа ҷониби Қирғизистон бо истифода аз пуштибонии 20 нафар марзбонон дар назди деҳаи Хоҷа Аъло ба сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош – Оқсой идома доданӣ шуданд. Дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона 5 нафар марзбони қирғиз, як милиса ва 2 сарҳадбони тоҷик захм бардоштанд.
Рӯзномаи «Asia-Plus» дар мавзӯи мазкур мақола чоп кардааст. Хайрулло Мирсаидов дар такя ба изҳороти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон менависад, ки марзбонони қирғиз ба огоҳии сарҳадбононои тоҷик ҳақорат дода, ба сӯи онҳо тир холӣ карданд. Дар натиҷа 2 нафар марзбонони тоҷик захм бардошта, ҳоло дар госпитал қарор доранд .
Бино ба маълумоти ВУХ –и Тоҷикстон ҳамон рӯз, тақрибан дар ҳамин вақт дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намояндаҳои дастаи марзбонони Қирғизистон ба хати сарҳади Тоҷикистон наздик шуда аз марзбонони тоҷик талаб кардаанд, ки сарҳадро тарк кунанд. Ҳадафи талаби мазкур оғози сохтмони ғайриқонунии роҳи мошингарди Кулунду – Мақсат мебошад, омадааст дар изҳороти мазкур.
Ҳамон рӯз Хадамоти марзи давлатии Қирғизистон низ дар бораи ҳодисаи назди деҳаи Хоҷа Аъло изҳорот пахш карда, дар сар задани муноқиша Тоҷикистонро мутаҳам кардааст. «Дар вақти муноқиша марзбонони тоҷик аввалин шуда сӯи сарҳадбонони қирғиз тир кушоданд» , омадааст дар изҳороти номбурда. Муаллиф дар маводи худ дар такя ба изҳороти расмии ҷонибҳо муноқишаи мазкурро баррасӣ карда, гуфтааст, ки ҷонибҳо натиҷаи тафтишоти қазияро интизор нашуда, якдигарро дар сар задани муноқиша гунаҳкор кардаанд. Воқеан, чанд рӯз пас ҷонишини сарвазири Қирғизистон Токон Мамитов изҳор доштааст, ки муноқиша бо айби марзбонони қирғиз рух додааст, вале ӯ дар истифодаи силоҳ марзбобони тоҷикро гунаҳкор донистааст.
10 июли соли 2014 як гурӯҳ сокинони деҳаи Ворухи Исфара аз сӯи марзбонони қирғиз мавриди тирборон қарор гирифтанд. Дар натиҷа як нафар куштаву 8 тани дигар захмӣ шуданд. Сафоиддин Шаропови 36-сола ҳамроҳи ҳамдеҳаҳояш барои тармими лӯлаҳои обгузар ба маҳаллаи Бедак мераванд. Ин гурӯҳ зери ҳамлаи ногаҳонии марзбонони қирғиз мемонад, ки дар натиҷа Сафоиддин Шаропов ҷон месупорад.
Ҳодиса дар замоне рух дод, ки ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон лоиҳаи шартнома оид ба масоили марзиро ба шакли ниҳоияш мерасонданд, менависад ҳафтаномаи «Нигоҳ».
Дар бораи ин ҳодиса рӯзномаи «Asia-Plus» дар такя ба изҳороти ВУХ-и Тоҷикистон менависад, ки соати 11:30 дақиқа дар ҳудуди замини хоҷагии кооперативии «Ворух» шаҳрвандони Тоҷикистон ба гузаронидани лӯлаи обгузар машғул буданд. Ба назди онҳо сарҳадбонони қирғиз, ки дар қитъаи танзимнашудаи пости «Тамдик» хизмат мекарданд, омада таҳқир карданд. Марзбонони қирғиз аз сокинони Тоҷикистон ғайриқонунӣ талаб карданд, ки корро қатъ кунанд ва ин маҳалро тарк намоянд.
Ҳамин вақт марзбонони тоҷик барои муайян кардани вазъият ба ҷои ҳодиса омаданд ва кӯшиш карданд, ки пеши амали сарҳадбонони қирғизро гиранд. Дар ҷавоб сарҳадбонони қирғиз ногаҳон ба ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон аз силоҳи оташфишон тир кушоданд. Дар натиҷа як сокини деҳаи Ворух ҳалок шуд ва 7 нафар сокини осоишта захмӣ шуданд. Ҳамчунин як нафар марзбони тоҷик аз тирпарронӣ захм бардошт. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон қайд кардааст, ки «марзбонони тоҷик ягон тир накушодаанд».
Ҳафтаномаи «Asia-Plus» дар маводи худ назари Хадамоти марзбонии Қирғизистонро низ меорад, ки ба қавли онҳо муноқиша бо айби шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирифтааст. Марзбонони қирғиз барои пешгирии амали шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳаво тир кушодаанд, вале сарҳадбонони тоҷик дар ҷавоб ба сӯи онҳо тир паррондаанд.
Дар хабари мазкур рӯзномаи «Asia-Plus» бо истифодаи назари ҷонибҳои мухолиф мавзӯъро баррасӣ кардааст.
1 августи соли 2014 рӯзномаи «Asia-Plus» ба мавзӯи муноқишаи 10 июл баргашта, дар маводаш «Иғвоангезӣ дар сарҳад идома дорад», навиштааст, ки ҳангоми хуруҷи нерӯҳои ҳарбии иловагии Тоҷикистон аз Исфара боз дар Ворух ҳодисае рӯй дод. Сокини деҳаи Оқсой, муовини раиси ноҳияи Бодкон Таалай Иброҳимов бо як гурӯҳ пеши нерӯҳои тоҷикро гирифта, тарс додааст, ки роҳро мебандад, агар озордиҳандаи духтарашро пайдо накунанд.
Баъдан маълум шуд, ки як ҷавон, ки дар сохтмони хонаи сокини маҳаллаи Сангтӯда кор мекардааст, ба духтари Таалай Иброҳимов гап партофтааст ва ӯ дар қаҳр шуда, телефонашро ба сӯи ҷавон ҳавола додааст. Телефони дастӣ ба замин афтода шикастааст. Ҷавон 8 ҳазор рубл ҳаққи телефонро талофӣ кардааст.
Ба гуфти тоҷикони маҳаллӣ Таалай Иброҳимов яке аз иғвогарони муноқишаҳо мебошад. Аз ҷумла, баъди муноқишаи 7 май, вақте ки роҳи Исфара Ворух аз ҷониби қирғизҳо баста шуд, шаҳрвандони Қирғизистон аз ҳукумати кишварашон талаб карданд, ки раиси маҳалла Таалай Иброҳимовро ба вазифаи раиси ноҳияи Бодкон таъин намоянд. Ҳамин тавр ин шахс муовини раиси ноҳияи Бодкон таъин гардид .
3-юми августи соли 2015 боз дар ноҳияи Исфара байни сокинони марзнишини Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зад.
Ба қавли мухбири РИА «Новости» Лидия Исамова сокинони деҳаи Кӯктоши Қирғизистон канали обро, ки аз он деҳаҳои Тоҷикистон шодоб мешаванд, бастанд. Дар ҷавоб сокинони деҳаи Сомониёни Тоҷикистон роҳ ба сӯи гӯристони қирғизҳоро, ки аз ин деҳа мегузарад, маҳкам карданд. 3-юми августи соли 2015 аз ҳодисаи мазкур муноқиша бархест ва ҷонибҳо ҳамдигарро бо санг заданд. 4-уми август ба иттилои марзбонони тоҷик сокинони деҳаи Кӯктош аз туфанги шикорӣ ба сӯи сокинони деҳаи Сомониёни Тоҷикистон тир кушоданд. Ҳамчунин қирғизҳо аз шишаҳои моеъи оташангез, ки «Коктейли Молотов» мегӯянд, истифода намуданд. Дар натиҷа 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, 2 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд .
Дар натиҷаи гуфтушуниди сардори идораи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи президенти Тоҷикистон Шариф Файзуллоев ва муовини сардори Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Искандер Мамбеталиев, ки 7-уми август ба анҷом расид, муноқишаи мазкур ҳалли худро ёфт. Ба қавли мухбири ОИ «Азия Плюс» дар натиҷаи гуфтушуниди ҷонибҳо тасмим гирифта шуд, ки роҳ ба сӯи қабристони қирғизҳо боз карда шавад. Ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, ки аз шабакаи обёрӣ бемалол истифода баранд.
Бояд гуфт, ки муноқишаи мазкур боз ба манфиати қирғизҳо ҳал карда шуд. Аз ҷумла, ба гуфти мухбири ОИ «Азия Плюс» сокини деҳаи Сомониён, ки роҳи гӯристони қирғизҳо аз он ҷо мегузарад, тасмим гирифтааст, ки ба таври ихтиёрӣ деворашро ба ду метр ба даруни ҳавлиааш мегирад .
Чӣ тавре ки дар боло зикр кардем, муноқиша дар Исфара, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Хатое, ки роҳбарони вақти кишвар карданд, имрӯз боиси муноқиша мегардад. Аз ҷумла, дар охири солҳои 80-уми асри ХХ, дар даврони котиби якуми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон будани Қаҳҳор Маҳкамов, дар асоси ҳуҷҷате бо имзои собиқ раиси Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ Иззатулло Ҳаёев, дар ҳудуди байни ҷамоатҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух 350 га замин ба қирғизҳо барои истифодаи муваққатӣ дода шуда буд. Ин заминҳо то ҳол бозгардонида нашудаанд ва яке аз сабабҳои низои сарҳадӣ мебошанд.
Яке аз сабабҳои асосии низоъ баҳси сарҳадӣ мебошад, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Воқеан, 21-уми сентябри соли 2000-ум Комисиияи байнидавлатӣ оид ба мушаххасгардонӣ ва аломатгузории марзи давлатӣ бо Қирғизистон таъсис ёфт, вале мушкили ҷониби қирғизҳо замоне сар зад, ки тақсимоти марзӣ дар нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Ғончӣ оғоз гардид. Вақте сухан дар бораи ин қаламрав рафт, Қирғизистон қарори он санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиеро, ки соли 1989 қабул шуда, қаблан ба он такя мекард, якбора инкор намуда, тасмими комиссияи муштараки солҳои 1957-1959-ро, ки масъалаҳои истифодаи замин ва обёрии онро танзим намуда, ба манфиати ҷониби қирғизистон аст, ҳамчун асос қарор дод. Масалан, деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар он обтақсимкунанда ҷойгир аст, мутобиқи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1989 ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Имрӯз Қирғизистон ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1958-1959 такя намуда, иддао мекунад, ки деҳаи мазкур ба ӯ тааллуқ дорад.
Дарвоқеъ асноди бойгониҳои Русия собит мекунад, ки ҳудуди деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара дар қаламрави ҷумҳурии Қирғизистон дар бумбаст (анклав) набуда, балки ба шаҳри Исфара пайваст аст.
Ҳафтаномаи «Asia-Plus» бо унвони «Чӣ тавр муноқишаҳои сарҳадиро ҳал кард?» 23-юми январи соли 2014 мақолае чоп кардааст. Дар он дар асоси суханони масъулин ва коршиносони Тоҷикистону Қирғизистон роҳҳои ҳалли ин масъала баррасӣ шудааст. Илҳом Қулиев, коршиноси қирғиз гуфтааст, ки Тоҷикистон дар ҷаласаҳои комиссияи муштарак борҳо пешниҳод кардааст, ки марзҳои баҳсталаб баробар байни кишварҳо тақсим карда шавад, вале ҷониби Қирғизистон ба ин розӣ нашудааст.
И. Қулиев гуфтааст, ки санадҳои иловагие, ки аз бойгониҳои Русия ёфт шудаанд, собит мекунанд, ки Ворух пеш анклав набуда, ба шаҳри Исфара пайваст будааст. Ба гуфти ӯ баръакс маҳалле, ки ҳоло Қирғизистон роҳи мошингард сохтанӣ аст, ҳудуди Тоҷикистон буда, деҳаи Оқсойи Қирғизистон дар бунбаст мебошад.
Сардори ситоди Нерӯҳои марзбони КДАМ-и Тоҷикистон, генерал-майор Шараф Файзуллоев ин гуфтаҳоро ҷонибдорӣ намудааст. Ӯ изҳор доштааст, ки ман дар даст асноди собиткунанда дорам, ки сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош – Оқсой – Тамдик тавассути ҳудуди Тоҷикистон мегузарад.
Дар ҷавоб ба ин изҳорот муовини сарвазири Қирғизистон Токон Мамитов ба рӯзномаи «Вечерний Бишкек» гуфтааст, ки роҳи мошингард дар ҳудуди Тоҷикистон сохта шуда истодааст ва Тоҷикистон рӯйирост дурӯғ мегӯяд.
«Asia-Plus» дар такя ба иттилои Радиои «Мавҷи Олмон» (Deutsche Welle) аз қавли коршиноси мустақили лоиҳаҳои Осиёи Марказӣ аз Бишкек Кубат Рахимов роҳҳои ҳаллӣ қазияро овардааст. Коршиноси қирғиз гуфтааст, ки ҷонибҳо сараввал бояд раванди мушаххассозӣ ва аломатгузории марзро анҷом диҳанд. Ҳамчунин ба Иттиҳоди гумрукӣ шомил шудани Қирғизистон ва Тоҷикистон низ ба ҳалли қазия мусоидат менамояд. Ҳамчунин Кубат Рахимов дар маҳалҳои баҳсталаб сохтани минтақаҳои озоди иқтисодиро яке аз роҳҳои ҳалли масъала медонад.
Воқеан, моҳи январи соли 2016 мақомоти Қирғизистон эълон карда буданд, ки лоиҳаи созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро омода ва ба ҳукумати кишварашон пешниҳод кардаанд. Гуфта мешуд, ки ду кишвар барои муайян кардани ҳудуди 519.9 километри марз ба созиш расидаанд. Ҳоло 396 километр ё 40 фоизи марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон баҳсталаб боқӣ мондааст.
Алмосбек Атамбоев, президенти Қирғизистон 24-уми март ба хабарнигорон гуфта буд, ки ба фарқ аз Ӯзбакистон дар масоили марзӣ бо Тоҷикистон мушкил надоранд. Ӯ изҳори умед карда буд, ки моҳи майи соли равон созишномаи таърихӣ миёни Душанбеву Бишкекро дар масоили марзӣ ба имзо мерасонанд. Ба бовари ӯ, дар чанд соли оянда мушкилоти марзӣ бо Тоҷикистон комилан ҳал хоҳад шуд.
Ин гуфтаҳоро Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек тасдиқ намуда, изҳори умед кардааст, ки моҳи майи соли равон дар мулоқоти Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон муоҳадаи таърихии дуҷониба имзо хоҳад шуд .
Артем Драбкин, журналисти рус, ки соли 2008 ҳангоми муноқиша дар Гурҷистон хабарнигорони британиро ҳамроҳӣ мекард, дар бораи инъикоси муноқишаҳо ба маҷаллаи «Русский журнал» мусоҳиба додааст. Ӯ гуфтааст, ки фаъолияти мо дар ин масъала аз бритониҳо ба куллӣ фарқ мекунад.
Вазифаи тележурналистони Британия, ба навор гирифтани ҳодиса ва онро ба тамошобинон пешниҳод кардан аст. Ҳангоми омода кардани сюжет мухбир ягон хел баҳогузории сиёсӣ намекунад. Танҳо ҳангоми пахши мустақим барандаи ахбор метавонад вобаста ба баҳогузории вазъияти мавҷуда суол диҳад. Сюжет на дар бораи он, ки дирӯз чӣ буд, балки ҳоло чист, сохта мешавад. Агар хабарнигори бритонӣ гӯяд, ки дирӯз дар ин ҷо танкҳои зиёди русҳо буд, ба ӯ механданд ва аз вазифааш барканор менамоянд.
Воқеънигорӣ яке аз асосҳои муҳими фаъолияти журналистӣ буда, аз идораи воситаҳои ахбори омма ҳангоми нашр ва паҳн намудани иттилоот беғаразӣ ва холисиро тақозо менамояд . Аз чанд маводе, ки баррасӣ кардем, маълум шуд, ки расонаҳои Тоҷикистон, бахусус нашрияи «Asia-Plus» маводҳои худро дар асоси сарчашмаҳои гуногун ва назарҳои ҷонибҳои мухолиф пешниҳоди хонандаҳои худ мегардонад. Яъне дар онҳо тавозуни назарҳо дида мешавад. Баръакс, дар нигоштаҳои сомонаи tengrinews.kz беғаразӣ ва холисӣ эҳсос намешавад. Ин расонаи қирғизӣ мавзӯъро аз нигоҳи манфиати кишвари худ баррасӣ менамояд.
Marz

Реклама

2 комментария

  1. Бехтарин !!!

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: