Колонка дар матбуоти хусусии Тоҷикистон


110222093722_uk_press_review_144
Колонка дар матбуоти хусусии Тоҷикистон

Муқимов М. А., доктори улуми филологӣ,
профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Колонка — сутун тарҷумаи калимаи англисии column буда, ҳоло ба се маъно истифода мешавад: сутуни газета, рубрикаи газета ва жанри матбуот.
Аз соли 1650 дар Аврупо барои беҳтар кардани сифати чоп ва хоно шудани рӯзнома матнро ба колонкаҳо (сутунҳо) тақсим мекарданд. Истифодаи колонка дар кори амалӣ ҳамчун як элементи чоп соли 1760 васеъ паҳн шуд. Баъдтар он ҳамчун рубрикаи газета истифода гардид ва ба журналистикаи ИМА низ кӯчид. Он вақт барои муроҷиати муҳаррир ва ё сухани ягон муаллифи машҳур колонкаи махсус ҷудо карда мешуд, ки ҳамеша дар як саҳифа, як ҷой ва зери рубрикаи «Колонка» ба чоп мерасид. Соли 1800 рӯзномаи «Aurora» (Филоделфия) дар сутуни дуюми газета колонкаи муҳаррирро нашр кард. Аз ҳамин вақт дар сохти газета «Сутуни муҳаррир» шакл гирифт ва то имрӯз дар бисёре аз рӯзномаву маҷаллаҳо он истифода мешавад.
Сатрнависӣ ба шакли имрӯза, ки онро дар Ғарб колумнистика мегӯянд, дар асри XIX дар ИМА ба вуҷуд омада, ташаккул ёфтааст, агарчӣ қаблан шакли он дар Аврупо пайдо шудааст. 6 майи соли 1835, муҳаррири газетаи «New York Herald» Ҷеймс Гордон Беннет дар мавзӯи муҳими иҷтимоӣ сутун навишт ва онро ҳоло чун санаи аввалин колумнистика медонанд. Пас аз ин рӯзномаҳои маъруф дар мавзӯъҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ сутунҳои муаллифӣ чоп мекарданд.
Моҳи январи соли 1886 дар маҷаллаи «Harper’s New Monthly Magazine» сутуни «Editor’s Study» пайдо шуд, ки ба қалами нависанда Уилям Дин Хоуэллс тааллуқ дошт. Ӯ то моҳи марти соли 1892 бештар дар мавзӯъҳои муҳими рӯзи Амрико ва Аврупо, ки мардумро ба ташвиш меоварданд, сутуннависӣ мекард. Уилям Дин Хоуэллсро аз беҳтарин сутуннависони асри XIX дар ИМА медонанд. Солҳои 1920-1930 дар ИМА сутуннависӣ аз жанри маъмули матбуот маҳсуб мешуд. Ҳоло бошад, жанри мазкур мавқеи худро аз даст додааст ва бо телевизион рақобат карда наметавонад.
Соли 1889 аввалин нишонаҳои колумнистика дар Русия пайдо шудаанд. Масалан, яке аз публитсистони машҳури рус Алексей Сергеевич Суворин, ки муҳаррир ва муассиси рӯзномаи «Новое время» буд, аз соли 1889 матлабҳои интиқодӣ дар мавзӯъҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ менавишт. Нигоштаҳои ӯ аксаран қолаби сутуннависиро доштанд. Дар давраи Ҳукумати Шӯравӣ бошад, сутуннависӣ ҳамчун жанр истифода намешуд, зеро ба ҳукумати худкома публитсистикаи муаллифӣ лозим набуд ва ақидаи инфиродӣ дастгирӣ намешуд. Танҳо бозсозии горбачевӣ дар соли 1985 ба пайдоиш ва ташаккули сутуннависӣ дар СССР мусоидат намуд.
Ҳоло дар журналистикаи тоҷик, махсусан дар матбуоти хусусӣ ин тарзи нигориш ба таври зиёд истифода мешавад ва он ҳамчун як воситаи асосии муаррифии андешаи муаллиф, эҳсосоти ӯ оид ба ягон ҳодисаву рӯйдод ба хонандагон мебошад.

Жанри мазкур ин андешаи инфиродии муаллиф ба ягон мавзӯи доғ аст, ки бо як низоми муайяни вақт ва ҷои доимӣ дар як рӯзнома ё маҷалла ва солҳои охир дар сомона ба табъ мерасад. Асоси нақли муаллифро дар колонка мушоҳидаҳои шахсии сутуннавис ташкил медиҳанд. Ақидаи шахсии муаллиф бошад, бевосита ба хонанда равона гардида, ӯро ба баррасии проблемаи мадди назар ҷалб карданӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол андешаи муаллиф аксаран субъективӣ аст. Ҳаҷми колонка одатан то 200 сатри газета (12 ҳазор аломат) мебошад, зеро матни аз ин зиёд барои аудитория душворхон мешавад. Сутуннависиро метавон дар ҳамаи ВАО истифода кард. Масалан, ҳоло дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ видеокалонкаҳо ташаккул ёфта истодаанд. Дар телевизиону радио низ метавон ин жанрро истифода бурд.
Дар илми журналистикаи тоҷик ҳанӯз ҳам сутуннависиро чун жанри алоҳида нашинохтаанд. Профессор И. К. Усмонов колонкаро ҳамчун жанри алоҳида қабул надорад. Ӯ дар китобаш «Жанрҳои публитсистика» мегӯяд, ки «Аксарияти сармақолаҳои матбуоти шахсӣ ба номи «сутуни муҳаррир» ва дигар истилоҳи муродифи он чоп мешаванд» [6 — 65]. Китоби мазкур 7 сол қабл чоп шудааст ва тӯли ин солҳо сутуннависӣ ҳамчун жанри алоҳида дар матбуоти тоҷик ташаккул ёфт. Воқеан ҳам, сармақола наметавонад жанри колонка бошад. Зеро вай чун колонка ақидаи шахсии муаллиф нест. Чӣ тавре ки профессор И. К. Усмонов дар китоби номбурда менависанд, «… сармақола фикри редаксия аст» [6 — 65]. Аз ҷониби дигар, на ҳамеша сутуни муҳаррир ба талаботи жанрии колонка мувофиқ меояд.
Профессор М. Муродов низ мегӯяд, ки «Зимнан сутун ё колонкаи муҳаррир як навъ хусусияти сармақоларо дорад. Аммо на ҳамеша нигоштаҳои муҳаррирон, хоса мухаррирони нашрияҳои хусусӣ ба талаботи сармақола ҷавобгӯ аст» [4 — 170]. Муаллиф дар китоби «Асосҳои эҷодӣ журналистӣ» оид ба сутуннависӣ маълумот дода, баъзе хусусиятҳояшро номбар кардааст, вале онро дар қатори жанрҳои алоҳидаи таҳлилӣ ворид накардааст. Аз он ки муаллиф дар бораи колонка дар бахши «Падидаҳои замон ва жанрҳои таҳлилӣ»-и ҳарф мезанад, ӯ низ дар ақидааш устувор нест, ки сутуннависӣ жанри алоҳида мебошад.
Сутуннависӣ таърихан ҳамчун усули навиштани маводи журналистӣ ташаккул ёфта, ҳоло дар системаи жанрҳо ҷойгоҳи хоси худро дорад ва дар Тоҷикистон аз жанрҳои маъмулии матбуоти хусусӣ мебошад. Воқеан, сутуннависӣ дар матбуоти Ғарб (журналистикаи иттилоотӣ) ягона имконияти изҳори мавқеи шахсии журналист вобаста ба ягон мавзӯи рӯз дар матбуот мебошад, ки дигар ягон жанри журналистикаи Аврупо ва ИМА надорад. Қолаби сутуннависӣ барои ҳамаи моделҳои журналистика ягона буда, онро метавон ба гурӯҳи жанрҳои таҳлилӣ дохил кард. Агарчӣ дар он ҷузъҳои жанрҳои ахборӣ ва публитсистӣ- бадеӣ аз қабили эссе ва фелетон низ ба назар мерасад.
Характеристикаи асосии жанрии сутуннависӣ аз рӯи мавзӯъ эҳсоси шахсии муаллифро нисбати ягон чизи мушаххас фаро гирифта, вазифааш нишон додани нуқтаи назари муаллиф барои ҷалб кардани таваҷҷуҳи аудитория ба вазъияти мавҷуда ва баҳодиҳии он мебошад. Усули пешниҳоди матлаб ба таври таҳлили образӣ, яъне тавъам будани таҳлил ва умумияти бадеӣ сурат мегирад. Аз рӯи мундариҷа сутуннависӣ ин занҷираи фактҳо, ҳодиса ё рӯйдод аст, ки барои муаллиф ҳамон вақт муҳим намуда, муҳокимаи он вокуниш ба ин факту рӯйдод мебошад. Аз рӯи шакл ¬¬сутуннависӣ ин нақли озод аст, ки дар он ҷузъҳои жанрҳои гуногун аз хабар то эссе ба назар мерасанд. Аксаран колонка аз фелетон хусусиятҳои интиқодӣ ва тамасхуру кинояро ба худ гирифтааст.
Симо ва шахсияти муаллиф дар сутуннависӣ мавқеи асосӣ ва муҳимро дорад. Зеро аудитория ба он таваҷҷуҳ мекунад: «Кӣ? Чӣ мегӯяд?». Яъне, маъруфияти муаллиф пеши хонандаҳо аз талаботи асосии сутуннависӣ аст. Бинобар ин, журналистон, адибон, сиёсатмадорони шинохта ва дигарон, ки пеши мардум маҳбубият пайдо карда, аудитория ба суханонашон эътимод доранд, ба сутуннависӣ машғул мешаванд. Дар матбуоти Ғарб талаботи мазкур ҳатман риоя карда мешавад. Мутаассифона, дар матбуоти хусусии муосири Тоҷикистон имрӯз шахсони ба аудитория ношинос ва ҳатто донишҷӯён ҳам сутуннавис шудаанд. Масалан, дар ҳафтаномаҳои «Нигоҳ» аксаран шахсони маъруф, ки онҳоро хонандагон мешиносанд, сутуннависӣ мекунанд. Вале дар нашрияҳои «Фараж» ва «Asia-Plus» нафарони ба аудитория ношинос, ки маъруф нестанд, колонка менависанд. Албатта, дар ин ҳол матлаби чунин муаллифонро намехонанд ва интизор ҳам намешаванд.
Дар ҳамин ҳол, колонка аз ҳама бештар дар ҳафтаномаи ҷамъиятӣ-сиёсии «Фараж», ки ба таъсисаш (22 декабри соли 2006) соли равон 10 сол мешавад, чоп шуда, мавқеи махсуси худро дорад. Нашрия аз шумораи аввали худ ба ин жанр таваҷҷӯҳи хоса дошта, аз имкониятҳои сутуннависӣ ба таври васеъ истифода мебарад. Ҳамин аст, ки ҳафтанома қариб дар ҳамаи шумораҳои худ колонка чоп мекунад ва баъзан онро ба матлаби асосии шумора табдил медиҳад. Масалан, 6 апрели соли 2016 (№16) ҳафтаномаи «Фараж» 6 колонка чоп кардааст. Дар саҳифаи якум колонкаи Хуршед Атовулло, муассиси нашрия бо номи «САрҳаД», дар саҳифаи сеюм колонкаи сармуҳаррир Фазлиддин Асозода бо номи «зИДдият», дар саҳифаи панҷум колонкаи хабарнигори «Фараж» Шамсулло Фозилов бо унвони «исТЕЪДОД», дар саҳифаи ҳафтуми нашрия колонкаи хабарнигор Хусрав Шоҳсаидов бо номи «ХУДкушӢ», дар саҳифаи 10-уми нашрия колонкаи Бибиҷон Ашӯрова бо номи «Фиреб» ва дар саҳифаи 11-ум колонкаи Доро Сӯҳробӣ бо номи «Тарс» чоп шудааст.
Воқеан, дар як шумораи ҳафтанома, ки ҳамагӣ аз 16 саҳифа иборат аст, чоп кардани 6 колонка мувофиқи мақсад набуда, эътибори колонкаро пеши хонандаҳо коҳиш медиҳад. Аз ҷониби дигар, аз ин 6 мавод танҳо 3 колонкаи аввал ба талаботи сутуннависӣ ҷавобгӯ аст ва ҳеҷ зарурати онҳоро ба шакли колонка чоп кардан набуд.
Бояд гуфт, ки чунин амал дар нашрия нав нест. Масалан, 5 августи соли 2015 дар саҳифаи сеюми ҳафтаномаи «Фараж» (№32 (453) маводи Ҷ. Мирбозхонова бо номи «Намеёбанд!?» ба табъ расид. Муаллиф дар он маълумоти аз нишастҳои матбуотии ташкилоту идораҳо гирифтаашро оид ба маблағҳои буҷетиро дуздидани ашхоси мансабдори идораҳои гуногуни Тоҷикистон меорад. Ӯ дар сархати охирин, ҳамагӣ дар ду ҷумла мегӯяд, ки онҳоро намеёбанд. Яъне, дар ин матн ҳамагӣ дар ду ҷумла, андешаи шахсии муаллиф, эҳсосоти ӯ нисбат ба ин амал оварда шудааст, ки ин ҳеҷ ба талаботи жанрии колонка бозгӯ нест.
Ногуфта намонад, ки дар ҳамин саҳифа маводи Нигора Саидбекова бо номи «Агроинвестбонк», Сирки давлатӣ, Кумитаи занон… боз кӣ дуздид?» чоп шудааст. Ин матлаб ба мавзӯи колонкаи Ҷ. Мирбозхонова бахшида шуда, дар он оид ба изофанависиҳо ва дуздидани маблағҳои давлатӣ сухан меравад.
Дар ҳафтаномаи «Самак» низ якчанд сол колонка чоп мешуд. Аз ҷумла, Ҷасур Абдуллоев, сармуҳаррири вақти ҳафтаномаи «Самак» аз соли 2008 дар нашрияи «Фараж» ба колонканависӣ шурӯъ карда, минбаъд онро дар «Самак» идома додааст. Ӯ аз сутуннависони чирадаст маҳсуб мешавад. Сентябри соли 2015 Ҷасур ва ҳамсабақаш Диловар Салимов, ки ӯ ҳам дар ҳафтаномаи «Самак» ва «Фараж» колонка менавишт, барои таҳсил ба Русия рафтанд. Баъди ин сутуннависӣ дар нашрияи мазкур аз байн рафт.
Ҳафтаномаи ҷамъиятӣ-сиёсии «Нигоҳ» як замон шакли махсуси пешниҳоди колонкаро дошт. Колонка дар ин нашрия бештар дар саҳифаҳои 3, 5, 7 ва баъзан 14 нашр мешуд. Рубрикаи колонкаҳои «Нигоҳ» аз дигар рӯзномаҳо фарқ мекард. Масалан, дар саҳифаи 3-юм зери рубрикаи «Бидуни Format» (ҳоло он аз байн рафтааст) колонкаи сармуҳаррири рӯзнома Фаридун Раҳнавард чоп мешуд. Мазмуни колонкаҳои ӯ асосан иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошанд. Ӯ дар воқеъ дар навишти колонка хеле муваффақ аст. Махсусан, колонкаҳои ӯ «Либоси номаълум» (№1 (434) 01.04.2015), «Ору кор» (№3 (436) 15. 04. 2015), «Кош Худо подшоҳ мебуд!» (№9 (442) 27.05.2015), «Шаф-шаф неву бизнес» (№10 (443) 03.06.2015) ва ғайра аз беҳтарин матлаб дар ин жанр маҳсуб мешаванд.
Дар нашрияи «Нигоҳ» солҳои гуногун Маҳбуби Ганҷалӣ, Фаҳриддини Холбек, Дориюши Раҷабиён ва дигарон низ колонка менавиштанд. Аз ҷумла, колонкаи Фаҳриддини Холбек бо номи «Баёни аёну ноаён аз Фахриддини Холбек» ба табъ мерасиданд. Сутуннависӣ ҳоло ҳам дар нашрияи «Нигоҳ» маъмул аст. Ҳоло дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» колонкаҳои Абдуазими Абдуваҳҳоб, Муҳибуллоҳ Қурбон ва дигарон ба табъ мерасад. Аз ҷумла, колонкаи Абдуазими Абдуваҳҳоб бо рубрикаи «Паём ба оянда аз Абдуазими Абдуваҳҳоб» чоп мешавад.
Нависанда Муҳибуллоҳ Қурбон аз соли 2015, баъди ба ҳафтаномаи «Нигоҳ» омаданаш ба сутуннависӣ шурӯъ кардааст. Колонкаҳои ӯ бештар ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ бахшида шудаанд. Масалан, колонкаи «Ҳилаи бонкӣ» (№36 (469). 02.12.2015) мавзӯи аз банкоматҳо гирифта натавонистани маблағи хурдро ба доллар баррасӣ мекунад. Муаллиф дар охир мегӯяд: «Эҳтимол дар бонкҳои мо танҳо ҳангоми қабули пасандоз онро бо ҳар асъоре, ки пешниҳод кунед, мегиранд, аммо мисли афсонаҳои «рафтан ҳасту баргаштан нест», доллар ҳам ба бонкҳо осон дарояд ҳам на фақат барнамегардад, балки «бандагиро ба ҷо меорад!».
Қобили зикр аст, ки дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» низ баъзе колонкаҳо ба талаботи жанрӣ ҷавобгӯ нестанд. Масалан, 26-уми январи соли 2016, дар нашрия колонкаи Фаҳриддини Холбек бо номи «Дӯсту душман» (№43 (476) ба табъ расид. Дар маводи мазкур сард шудани муносибати Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ баррасӣ гардидааст. Муаллиф инро ба созмони террористӣ эълон шудани ҲНИТ рабт медиҳад.
Маводи мазкур дар саҳифаи 1-ум чун колонка чоп шудааст, вале он аз як сутун зиёд буда, идомааш дар саҳифаи 3-юм дар 2 сутун ба табъ расидааст. Он ба талаботи колонка ҷавоб намедиҳад ва бештар хусусияти сармақоларо гирифтааст.
Бояд гуфт, ки на ҳар кас аз уҳдаи сутуннависӣ мебарояд ва на ҳар журналист ё нависанда ва умуман шахси маъруф метавонад колумнист бошад. Масалан, дар рӯзномаҳои ИМА, ки теъдоди журналистонаш аз 100 нафар то ҳазор нафар ва аз ин ҳам бештар аст, танҳо ду-се нафар аз уҳдаи ин кор мебароянд. Дар хориҷа агар колумнист машҳур бошад, рӯзномаҳо ба ӯ навиштани колонкаро фармоиш медиҳанд ва маводи мазкурро бо нархи гарон мехаранд. Дар мо бошад, имрӯз донишҷӯёну мухбирони навкор ҳам колумнист шудаанд. Ҳол он ки шарти асосии сутуннависӣ шахси маъруф будан ва сухани шахс дар ҷомеа қурбе доштан аст.
Сутуннависӣ кори заҳматталаб буда, аз муаллиф тақозо мекунад, ки пайваста омӯзад, малакаи худро сайқал диҳад, доимо дар ҷараёни мавзӯи баррасишаванда бошад ва дар ин бора ба аудитория ақидаи шахсии худро тавре гӯяд, ки дигарон нагуфта бошанд. Яъне, дар нигоштаи ӯ бояд ягон чизи нав ва ҷолиб бошад, ки хонандаро ба ҳамрайъӣ ва вокуниш даъват намояд. Агар не, колонкаи ӯро намехонанд. Ҳамчунин яке аз талаботи сутуннависӣ пешниҳоди матлаб бо забони соддаву равон ва баъзан вобаста аз мавзӯи баррасишаванда бо кинояву тамасхур аст, то ки таваҷҷӯҳи хонандаро ба худ ҷалб намояд. Ҳамин аст, ки колонкаи хуб дар як нафас хонда мешавад.
Дар сутуннависӣ асос монологи муаллиф аст, ки аз қалби ӯ мебарояд. Бинобар ин, хонанда ба худи факту рӯйдод камтар таваҷҷӯҳ карда, аслан мехоҳад ақидаи муаллифро дар бораи мавзӯи баррасишаванда фаҳмад. Зеро ӯ ба сухани муаллиф эътимод дорад.
Сутуннависон метавонанд имрӯз тасаввуроти ҷомеаро ба масоили мубрами рӯз ташаккул диҳанд ва тафаккури онҳоро ба таҳрик оваранд. Ҳамин аст, ки ба ин жанр таваҷуҳи журналистон ва ноширон афзудааст.

Адабиёт
1. Гордеев, Ю.А. Жанровая специфика колонки в печатных СМИ / Ю.А. Гордеев // Жанровые метаморфозы в российской журналистике: тез. IV Всерос. науч.-практ. конф., г. Самара 18—19 марта 2010 г. Самара: Порто-принт, 2010. — С. 22-23.
2. Кройчик, Л.Е.Система журналистских жанров / Л.Е. Кройчик // Основы творческой деятельности журналиста. СПб.: Знание: СПбИВЭСЭП, 2000. — 272 с.
3. Михайлов, С.А. Современная зарубежная журналистика: правила и парадоксы / Михайлов С.А. — СПб.: Изд-во Михайлова В.А., 2002.- 446 с.
4. Муродов, М. Б. Асосҳои эҷоди журналистӣ (Китоби дарсӣ)/М. Б. Муродов.-Душанбе: Ирфон, 2014. – 256 с.
5. Тепляшина, А.Н. Творческая природа комического: жанровая парадигма современной журналистики: диссертация доктора филологических наук: 10.01.10 / А. Н. Тепляшина [Место защиты: С.-Петерб. гос. ун-т]. — СПб, 2007.-373 с.
6. Усмонов И. К. Жанрҳои публитсистика./И. К. Усмонов.-Душанбе, 2009. – 139 с.
7. Шостак М. Журналист и его произведение / М. Шостак — М.: Гендальф, 1998. – 95 с.
8. Ярцева, С. С. Колумнистика: история возникновения и перспективы развития: диссертация кандидата филологических наук: 10.01.10 /С. С. Ярцева [Место защиты: Ворнежский гос. ун-т].- Воронеж, 2011.-177 с.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: