Таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ҳатмӣ бошад!


KT
Ба таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони МО Тоҷикистон!

Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон 22 майи соли равон Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Тибқи лоиҳаи пешниҳодкардаи вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 адад тағйиру иловаҳо муқаррар гардидааст, ки аксарашон характери таҳрирӣ доранд. Дар ҳамин ҳол тағйироти муҳиме, ки аз он ояндаи миллат ва рушди Тоҷикистон вобаста аст, сарфи назар шудааст.
Имрӯз дар ҷомеа аксаран масъалаи аз мактаб дур мондани шогирдон баррасӣ мешавад. Ҳолатҳои баъди хатми синфи 9-ум ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани писарон ва ё умуман бекор гаштани онҳо, ҳамчунин тарки мактаб кардани духтарон, ки мувофиқи қонун ҳама ноболиғанд, низ ба назар мерасад. Аҳли ҷомеа ва масъулин ба ин ҳолат назари манфӣ дошта бошад ҳам, вале тибқи қонун чорае андешида наметавонанд. Зеро тибқи моддаи 41-ум Конститутсияи амалкунанда «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад.
Шаклҳои Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад».
Моддаи мазкури Сарқонун таълими умумии асосиро, ки 9-сола аст, ҳатмӣ медонад. Тибқи моддаи 1-уми ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (соли 2013) «зинаҳои таҳсилот – марҳилаҳои таълиму тарбия давраҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ), ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар бар мегиранд». Аз моддаи мазкур ва моддаҳои 6, 8, 10,16 ва 23-юми ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бармеояд, ки таҳсилоти умумии асосӣ, ки ҳатмӣ аст, 9 сол мебошад. Ин нукта дар банди дуюми моддаи 23-юми қонуни зикргардида аниқ муайян шудааст: «Муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсон намудҳои зерини ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилотро медиҳанд:
– аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ – барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9)».

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки ҳоло таҳсилоти умумии асосӣ, ки 9 сол аст, дар Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад. Имрӯз бо боло рафтани рушди илму техника таҳсили 9-сола нокифоя буда, наметавонад талаботи ҷомеаро ба кадрҳои баландихтисос таъмин намояд. Ҳатто барои коргари одӣ ҳам барои ақиб намондан аз равандҳои илмиву техникӣ таҳсилоти бештар лозим аст. Барои ҳамин ҳам, зарурати ҳатмӣ кардани таҳсилоти миёнаи умумӣ ба вуҷуд меояд. Воқеан, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсилоти миёна ҳатмӣ буд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки бе рушди маориф, бе ҷомеаи таҳсилдида наметавон ояндаи дурахшони мамлакатро таъмин кард. Барои ҳамин ҳам, вақти он расидааст, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (ҳоло 11-сола) дар Тоҷикистон тибқи Сарқонун ҳатмӣ муқаррар карда шавад.
Ин нуктаро ба назар гирифта ба моддаи 41-уми Конститутсияи Тоҷикистон чунин тағйиротро пешниҳод мекунам: «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими миёнаи умумӣ ҳатмист. Давлат таълими миёнаи умумии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад.
Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад».
Тибқи Сарқонун тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд. Бинобар ин, эҳтиромона аз Президент, вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон хоҳиш мекунам, ки ин пешниҳоди маро ба назар бигиранд.
Ба назари ин ҷониб, ҳар касе, ки ояндаи миллати моро шукуфо дида, рушди босуботи Тоҷикистони азизамонро мехоҳад, пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ мекунад ва дар раъйпурсии умумхалқӣ ба қабули он овоз хоҳад дод.

Ҷовид Муқим, журналист

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: