Мушкилоти рушди журналистикаи чандрасонаӣ дар Тоҷикистон


Gazeti
Муқимов М., доктори улуми филология,
профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Аз пайдоиши Интернет (ИМА, соли 1969) 46 сол гузашт. Имрӯз Интернет ба аз яке воситаҳои асосии иртиботии ҷомеа табдил ёфта, он дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки ба индустрияи табъу нашр таъсири амиқ гузорад ва боиси пайдоиши қаринаҳои электронии матбуот ва расонаҳои электронӣ гардад.
Ҳанӯз соли 1992 газетаи «Чикаго сан-таймс» мақолаҳояшро бо модем тавассути шабакаи компютерии «Америка он-лайн» ва соли 1993 рӯзномаи «Сан-Хосе меркьюри ньюс» барои обуначиёни «Америка он-лайн» қариб ҳамаи матни ҳаррӯзаашро бе сурат ва тасвир ба паҳн кардан шурӯъ карда буд. Тобистони соли 1993 бошад, дар ИМА аввалин умури иттилоотии мултимедиявии «Ньюс ин моушн» ба фаъолият оғоз намуд. Он ҳафтае як маротиба бо истифодаи матн, суратҳои ранга ва садо пахш мешуд [1.-60].
Соли 1995 ҳашт ширкати бузурги газетаҳо – «Ганнетт», «Найт Риддер», «Эдванс пабликейшнз» («Ньюхаус ньюспейперс»), «Таймс миррор», «Трибюн компани», «Кокс ньюспейперс», «Херст» ва «Вашингтон пост компании», ки дар маҷмӯъ 185 газетаи ҳаррӯзаро бо тиражи умумии қариб 20 млн. нусха чоп мекарданд, дар бораи таъсиси шабакаи миллии газетаҳои онлайнӣ изҳор намуданд. Ин ба пайдоиш ва ташаккули журналистикаи интернетӣ мусоидат намуд.
Дар Русия аввалин нигориши интернетии муаллифӣ «Вечерний Интернет» дар сервери Cityline.Ru аз 24 декабри соли 1996 ҳамарӯза ва баъд бо фосила то 25 апрели соли 1999 нашр шуд. 1 марти соли 1999 Антон Носик дар Русия нашри аввалин интернет-газетаи ҳаррӯзаи Gazeta.ru (www.gazeta.ru), ки қаринаи чопӣ надошт, роҳандозӣ намуд. Баъди ним сол ӯ аввалин сомонаи хабарии «Лента.ру»-ро дар Рунет таъсис дод.
Дар Тоҷикистон Оҷонсии иттилоотии «Авеста» (www.avesta.tj) аввалин ВАО-и онлайнӣ мебошад, ки аз ҷониби ТҒД «Кӯҳи Нор» дар ибтидои соли 2004 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Инак, 11 сол аст аст, ки дар Тоҷикистон журналистикаи интернетӣ ба вуҷуд омадааст. Оҷонсиҳои иттилоотии хусусии интернетӣ, аз қабили «Азия плюс», «Озодагон», «Тоҷнюс» ба фаъолият шурӯъ карданд. Имрӯз аксари нашрияҳои бонуфуз қаринаҳои электронии худро дар Интернет доранд. Дар баробари ин аксари вазорату идораҳо ва ширкатҳо сомонаҳои корпоративии худро таъсис дода, тавассути он иттилои худро пахш мекунанд.

Қобили зикр аст, ки маводи расонаҳои интернетиро чун матбуот метавон такрор ба такрор хонд. Ин имконияти истифодаи чунин расонаҳоро нисбат ба радиову телевизион бештар мекунад. Ҳамчунин имкониятҳои нави технологии Интернет, номаҳдудии ҳаҷми мавод, истифодаи аксу навор, садо ва дастрасӣ дар тамоми олам расонаҳои онлайниро нисбати матбуот пешсаф кардааст. Ҳамин аст, ки таваҷҷуҳи аудитория ба расонаҳои онлайнӣ сол то сол афзуда истодааст.
Расонаҳои онлайнӣ дастрасии иттилоъро барои истифодабарандагони Интернет нисбат ба матбуот осону фаврӣ мегардонад. Вале он аз камбудиҳо орӣ нест. Аз ҷумла, ранги монитор чашмро хаста мекунад, суръати мутолиаро суст менамояд ва билохир дараҷаи эътимод ба маводи интернетӣ камтар аст. Ба ақидаи мутахассисон суръати хондани матн аз монитор нисбат ба қаринаи коғазӣ 25 фоиз сусттар аст. Муҳаққиқони Донишгоҳи Оҳайои ИМА муайян кардаанд, ки матни расонаҳои онлайниро хонандаҳо нисбат ба матни коғазӣ бадтар қабул мекунанд. Бинобар ин мултимедиявӣ кардани маводи расонаҳои интернетӣ имкон медиҳад, ки хонанда аз мутолиаи матн хаста нашавад ва иттилоъро зуд дарк карда тавонад. Мултимедимедиявӣ кардан – ин имкони дар саҳифаи интернетӣ истифода бурдани иттилои матнӣ, аудиовизуалӣ ва графикӣ мебошад.
Мултимедиа – ин технологияи муосири иттилоотии компютерӣ аст, ки дар системаи компютерӣ матн, садо, акс навор, тасвири графикӣ ва аниматсияро ба ҳам муттаҳид мекунад. Яъне пахши иттилоъ метавонад ҳамзамон тавассути чанд канали иртиботӣ аз қабили аудио, видео ва иртиботи виртуалӣ сурат гирад. Бинобар ин мултимедиа системаи ягонаи иттилоотӣ аст, ки ба намудҳои гуногуни ВАО асос ёфта, маҳсулоти онҳо аксаран ба ҳам омезиш ёфтаанд. Яъне, иттилооти мултимедиявӣ системаи мукаммалест, ки дар он байни матн, аудио, акс, видео, инфографика алоқамандии маъноӣ ва мантиқӣ вуҷуд дорад. Масалан, акс ё навор ҳамчун мусаввараи матн хизмат мекунанд ва ё матн барои шарҳ додани аксу навор истифода мешавад.
Фазои мултимедиявӣ ба гуногунранг кардани пешниҳоди иттилоъ кӯмак намуда, онро барои дарки ауидотирия, ки талаботаш куллан тағйир ёфтааст, қулай мекунад [2. — 22].
Дар шароити рақобати тезу тунд ҳар як редаксия бар он мекӯшад, ки аудиторияи худро аз даст надиҳад ва мувофиқ ба талаботи рӯзафзуни истеъмолгарон маҳсулот пешниҳод намояд.
Журналистикаи мултимедиявӣ метавонад сохтори редаксияро дигар кунад. Дар натиҷа як чанд редаксия метавонанд муттаҳид шаванд ва чанд намуд маҳсулот бароранд. Ин ба муассисон манфиатдор аст, зеро як нафар метавонад вазифаи чанд нафарро иҷро кунад. Дар натиҷа теъдоди кормандон ихтисор мешавад, вале редаксия метавонад барои оҷонсии иттилоотӣ хабар омода кунад, онро дар сомона гузорад ва ё дар радиову телевизион пахш кунад, дар рӯзномаву маҷалла ин мавзӯъро баррасӣ намояд. Масалан, редаксияи холдинги «Комсомольская правда» ба сомона, газета, радио, телевизиони онлайнӣ хизмат мерасонад. Истифодаи аввалияи мавод дар сомона сурат мегирад. Агар дар як вақти муайяне ба ин мавод акси садои зиёд ояд, маводи мазкур дар газета чоп карда мешавад. Маводи навордор дар телевизион ва садодор дар радио истифода мешавад.
Хабарнигори расонаи мултимедиявиро метавон журналисти универсалӣ номид. Зеро ӯ худ матни маводро менависад, аксу навор мегирад, садо сабт менамояд ва ҳамаи инро монтаж карда, ба сомона мегузорад. Масалан, дар «Комсомольская правда» хабарнигоре, ки ягон ҳодисаро инъикос мекунад, бояд тӯли як соати баъди анҷоми он репортажашро нависад. Ӯ мусаввадаи маводи худро дар Twitter ва шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорад. Твитҳо бо аксҳо ҳамзамон ба сомона гузошта мешаванд ва ин мусаввадаи гузориш барои сомона ва газета аст. Ҳамчунин журналисти мултимедиявӣ бояд ба эфири мустақим баромада, бо коршиносон муошират карда тавонад.
Журналисти мултимедиявӣ барои фаъолияташ дар ин редаксия хуб қадр карда мешавад. Масалан, репортаж барои сомона 2000 рубл. Твиттер-транслятсия дар сомона – 500 рубл, аксбардорӣ — 500 рубл, як маротиба баромадан ба радиоэфир – 300 рубл, эфири мустақим дар телевизион вобаста аз сифат ва муҳтавои мавод то 5 ҳазор рубл арзиш дорад. Умуман, хабарнигори фаъол дар як рӯз то 8 ҳазор рубли русӣ кор карда метавонад, ки он ба қурби имрӯза ба 850 сомонии мо баробар мешавад.
Чаро бояд сомонаҳо чандрасонаӣ шаванд? Аввалан, солҳои охир теъдоди расонаҳои интернетӣ афзуд, хонандаҳо ба мутолиаи ҳамаи онҳо вақт надоранд. Онҳо ба ҳамон расона таваҷҷуҳ мекунанд, ки маводро ҷолибу фаҳмо пешниҳод мекунад. Аз ҷониби дигар, аудиторияи расонаҳои интернетиро аксаран ҷавонон ва нафароне ташкил медиҳанд, ки камтар одати мутолиа ва дарки онро доранд. Барои онҳо пешниҳоди аудиовизуалии иттилоъ бештар муассир аст. Талаботи мазкур бояд пешниҳодро ба вуҷуд орад ва сомонаҳо мултимедиявӣ шаванд.
Аз пайдоиши аввалин расонаи интернетӣ дар Тоҷикистон — ОИ «Авеста» 11 сол гузашт. Дар ин муҳлат то кадом андоза расонаҳои интернетӣ ба талаботи имрӯзаи аудитория мувофиқ гардида, чандрасонаӣ шуданд? Мо барои посух ба ин суол сомонаҳои расонаҳои дар Тоҷикистон маъруфро аз қабили «www.ozodi.org», «www.ozodagon.tj», «www.tojnews.tj», «www.news.tj» «www.khovar.tj» ва ғайраро мавриди пажӯҳиш қарор додем.
Дар Тоҷикистон ягона расонае, ки ҳамарӯза ба забони тоҷикӣ маводи мултимедиявӣ пешниҳод мекунад, ин сомонаи Радиои «Озодӣ» аст. Қобили зикр аст, ки сомонаи «www.ozodi.org» рубрикаи махсусӣ «Чандрасонаӣ» дорад, ки он бо се платформа ишора мекунад: «Озодӣ» дар Ютуб, «Озодӣ ТВ» ва «Озодӣ» дар мобил». Яъне, маводҳо дар ин се платформа низ дастраси аудитория мебошанд.
Дар ҳамин ҳол дар сомона маводе, ки навор дорад, аввал аз тариқи рубрикаи «Видео» бо матни мухтасар пахш мешавад ва сипас бо омода шудани матни пурра он дар саҳифаи асосии сомона гузошта мешавад. Дар ин ҳол баъзан номи мавод тағйир меёбад. Масалан, 31 октябри соли 2015 дар саҳифаи асосӣ гузориши «Бартер дар мошинбозор. «Мерседес» бар ивази коҳу картошка» [3] пахш шуд. Гузориши мазкур бо матни кӯтоҳ дар бахши «Видео» бо номи «Бозори сарди фурӯши мошин дар Тоҷикистон» [4] гузошта шуда буд.
Гузориши мазкур аз бозори мошинфурӯшии Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон таҳия шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки бӯҳрони молиявӣ ба тиҷорати мошин таъсири манфӣ расонидааст. Тайи чанд моҳ ахир қимати мошин дар бозори Душанбе аз 500 то 1000 доллар коҳиш ёфтааст. Аммо ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки бинобар набудани пули нақд сабукравҳо бо маҳсулоти сохтмонӣ ва ғайра бартер низ мешаванд.
Дар ин гузориши Зарангези Наврӯзшоҳ ва Фарзони Муҳаммадӣ 3 сурат ва 1 навори сеюним дақиқа, ки бо 3 нафар мусоҳиба дорад, истифода шудааст. Зарангез стендап низ кардааст. Навори мазкур бештар ба репортажи телевизионӣ монанд аст. Вале гузориш бо матни пурраи навор ва истифодаи аксҳо фарқ мекунад. Агар дар ин матн аз инфографика, ки коҳиш ёфтани нарх дар бозор ва кам шудани фурӯши мошинҳоро нишон медиҳад, истифода мекарданд, мавод воқеан ҳам як асари хуби мултимедиявӣ мешуд.
Бояд гуфт, ки мухбирони минтақавии Радиои «Озодӣ» низ ба сомона матни навордор мефиристанд. Масалан, 29 октябри соли 2015 дар сомона маводи Орзуи Карим бо номи «Ҳалокати Исмоил ва захмӣ шудани 15 тан аз ҳамлаи сагҳои «девона» бо матни пурра ва навор, ки 2 дақиқа аст, пахш шуд. Дар матн аз ҷумла, гуфта мешавад, ки «Бар асари ҳамлаи саги ҳорӣ ё «девона» дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Бохтар Исмоил Асомиддинови 10-сола фавтида, 15 нафари дигар аз захми дандони саг осеб дидаанд» [5].
Дар ин навор мухбир бо Гулбаҳор Холова, сокини 60-солаи ноҳияи Бохтар, ки набераи 9-солааш Юнусро ба назди духтур овардааст, суҳбат кардааст. Ҳамчунин дар навор забонхати Зӯҳро Шукурова, сокини ҷамоати деҳоти «Бохтариён» нишон дода мешавад, ки додарашро аз беморхона бурдааст. Дар матн гуфта мешавад, ки З. Шукурова барои ваксина пул надорад аз ин рӯ додарашро бо забонхат аз бемористон хориҷ кард ва акнун ӯро ба назди муллои деҳа мебарад, то бо дуо сиҳат шавад.
Бояд гуфт, ки дар сомонаи мазкур такроран истифода шудани як навор бо матнҳои гуногун ба назар мерасад. Масалан, 30 октябри соли 2015 дар сомонаи Радиои «Озодӣ» гузориши Нарзуллоҳи Латиф ва Амриддин Олимов дар бахши «Видео» аз нишасти матбуотии дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия дар Душанбе бо унвони «Нишасти хабарии сармураббиёни «Истиқлол» ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»[6] пахш шуд. Ин навор боз чанд маротибаи дигар дар маводҳои сомона истифода шудааст. Масалан, ин навор ҳамон рӯз дар матлаби «Мубин Эргашев: тақдири бозӣ дар дасти бачаҳост» [7] истифода гардид. Дар ин мавод ду сурат ва як навор (2 дақ. 30 сония) истифода шудааст. Суоли мухбир ба забони тоҷикӣ ва ҷавоби мусоҳибон аз нишасти матбуотӣ ба забони русӣ ва англисӣ садо дод. Сабт тоза нашудааст. Маълум, ки саросема онро истифода кардаанд. Баъдан ин навор ба точикӣ тарҷума шуд.
31 октябр баъди мағлуб шудани дастаи «Истиқлол» дар сомонаи «Озодӣ» маводе бо номи «Истиқлол» дар финали Ҷоми AFC-2015 шикаст хӯрд» [8], пахш гардид. Дар матлаби мазкур видеои нишасти хабарӣ, ки як рӯз қабл пахш шуда буд, аз нав истифода шудааст.
Бояд гуфт, ки барномаҳои радиову телевизиони «Озодӣ» аз тариқи Интернет низ пахш мешаванд. Ин расонаи америкоӣ, ки аз тариқи Конгресси ИМА маблағгузорӣ шуда, барои тарғиби сиёсат ва манфиати ин кишвар фаъолият мекунад, шароити хуби молиявӣ дошта, бо кадрҳои зарурӣ низ таъмин аст ва имконияти пахши мултимедиявиро дорад.
Воқеан, мултимедиявӣ кардани маводи сомонаи Радиои «Озодӣ» бе ҳадаф нест. Зеро дар шароити ҷомеаи иттилоотии муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ ҳама соҳаҳоро фаро гирифтааст, иқтидори иттилоотии воситаҳои иртиботии мултимедиявӣ барои идоракунии тафаккури омма истифода бурда мешаванд. Ба қавли доктори улуми фарҳангшиносӣ И. Г. Елинер бинобар гуногунрангии воситаҳои аудиовизуалӣ системаҳои мултимедиявӣ соҳаҳои таъсиррасонии худро тавсеа бахшида истодаанд. Онҳо бевосита ба инсон таъсир расонида, ахлоқ ва усули зиндагиашонро дигар мекунанд[9].
Қобили зикр аст, ки ҳар як ҷузъи маводи чандрасонаӣ бояд дар ҷои худ истифода шавад. Масалан, агар шумо мехоҳед, ки чӣ гуфтани мусоҳибатонро нишон диҳед, пас бояд ин ҷо порае аз сухан ё навори ӯ истифода шавад.
20 октябри соли 2015 мусоҳибаи Сайф Сафар дар сомонаи «ozodagon.tj» бо ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Абдулмӯъмин Шарифӣ бо матн, акс ва садо пахш шудааст [10]. Дар мусоҳибаи мазкур, ки «Абдулмӯъмин Шарифӣ: Театри тоҷик сахт бемор аст!» ном дорад, ҳунарпеша оид ба бурду бохти театри тоҷик, камбинанда будани толорҳои он андешаҳои худро иброз медорад.
Сомонаи «Озодагон» бо унвони http://www.ozodagon.tj/video/ бахши видео дорад ва дар он маводи навордор гузошта мешавад.
Видео ва аксҳои ин бахшро хабарнигорони худи ОИ «Озодагон» наворбардорӣ мекунанд ва ё аз расонаҳои дигар мегиранд. Дар ин бахш тӯли моҳи сентябри соли 2015 20 навори видеоӣ пахш шудааст. Аз пажӯҳиш бармеояд, ки баъзе рӯзҳо дар сомона ду навори видео гузошта мешавад. Масалан, 3 сентябри соли 2015, дар сомона навори видеои «Ҳафт «муъҷиза»-и Ҳафткӯли Тоҷикистон» ва «Хадамоти оташнишонӣ: Сабаби сӯхтор дар Душанбе “балони газ” будааст»-ро пахш кардааст. Навори аввалро ба қавли оҷонсӣ Ҷамшед Шоев ном хабарнигор дар ихтиёри “Озодагон” гузоштааст, то онро пешниҳоди хонандагони сомона кунад.
Дар видеои дуюм масъулини Хадамоти оташнишонӣ сабаби сӯхтор дар як бинои 9-ошёнаро дар шаҳри Душанбе ба балони газ иртибот додаанд.
Бояд гуфт, ки ОИ «Озодагон» дастгоҳи наворбардорӣ дорад ва баъзе аз наворҳои сомонаро худи хабарнигорони он таҳия мекунанд. Аз ҷумла, 14 сентябри соли 2015 дар сомона видеои «Шокирҷон Ҳакимов: Пешрафти давлат аз рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста аст», пахш шуд, ки ин ҳуқуқшинос меҳмони “Баҳси бештар”-и «Озодагон» буд.
11 сентябри соли 2015 бошад, видеои «Ягон вазирро намешиносам…»-и хабарнигорони “Озодагон” дар сомона гузошта шуд. Дар ин навор хабарнигорон дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе аз роҳгузарон мепурсанд, ки кадом вазири тоҷикро мешиносанд? Ғайриинтизор бештари ҳамсуҳбатон исми ҳадди ақал як нафарро гуфта натавонистаанд.
Дар сомонаи ozodagon.tj наворҳо аз дигар кишварҳо низ пахш мешаванд, ки аз Ютуб ё расонаҳои дигар гирифта шудаанд. Масалан, 23 сентябри соли 2015 «Видеои рекорди Левандовский: 5 гол дар 9 дақиқа» пахш гардид. Дар он аз 5 гол задани ҳамлагари дастаи футболи “Бовария”-и Мюнхен ба дарвозаи дастаи «Волфсбург» нақл карда мешавад.
Сомонаи ОИ «Азия плюс» «www.news.tj» низ бо суроғаи http://www.news.tj/ru/video бахши видео дорад, ки дар он наворҳо гузошта мешаванд, ки аслан бознашр аз расонаҳои дигаранд. Аз пажӯҳиш бармеояд, ки аслан бо дастрас шудани маводи видеодор он ба сомона гузошта мешавад. Масалан, дар моҳи сентябри соли 2015 дар ин бахш ҳамагӣ 12 мавод пахш шудааст. Дар ҳамин ҳол 12 сентябри соли 2015 дар сомона маводи мултимедиявӣ бо номи «Кӯшишҳои муштарак барои барҳам задани зӯроварӣ нисбати кӯдакон» пахш шуд [11].
2-4 сентябри соли 2015 дар шаҳри Остона «Мубоҳисаи Осиёи Марказӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон ва ҳуқуқи онҳо, ки дар ҳолати вазнини зиндагӣ қарор доранд» баргузор гардид. Мухбири расонаи мазкур Шавкат Раҳматуллоев дар ин чорабинӣ иштирок карда, аз ҷараёни он ҳисоботи мултимедиявӣ омода кардааст.
Дар ин мавод 7 саҳифа матн, 12 сурат, 1 инфографика, 1 муаррифӣ 4 садо ва як видеоролик истифода шудааст. Дар матн муҳтавои садои маърӯзачиёни тоҷик мухтасаран истифода шудаанд. Зеро худи садо беш аз 16 дақиқа аст. Масалан, садои эксперти ҳуқуқи кӯдак Гулчеҳра Раҳмонова панҷу ним дақиқа, садои Зебунисо Холдорбекова, муовини сардори хадамоти пешгирии ҷинояткории наврасон ва ҷавонони ВКД Тоҷикистон сеюним дақиқа, садои директори филиали Маркази ҳуқуқҳои инсони Хуҷанд Татяна Хатюхина қариб 2 дақиқа ва садои роҳбари СҶ «Наҷоти кӯдакон» Қурбонгул Қосимова қариб 4 дақиқа истифода шудааст.
Асари мазкур аслан дар асоси маърӯзаи намояндагони Тоҷикистон таҳия шуда воқеан ҳам, маводи мултимедиявӣ аст, ки дар он матн, акс, садо, инфографика ва видео ба ҳам омада, якдигарро пурра мекунанд. Дар ҳамин ҳол, вобаста аз мавзӯи инъикос он тӯлониву дилбазан аст ва на ҳама онро мехонанд. Маълум аст, ки муаллиф бо харҷи созмонҳои хориҷӣ ба ин чорабинӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — Остона рафтааст ва ин маводи чандрасонаиро омода кардааст.
Сомонаи «news.tj» маводи видеодорро аз сомонаи Радиои «Озодӣ» низ бознашр мекунад. Масалан, 5-уми ноябри соли 2015 маводи «Чӣ тавр ҷангалбони тоҷик шиносномаи сайёҳонро гирифт» [12] дар сомона пахш шуд.
Қобили зикр аст, ки сомонаи «news.tj» мутааллиқи Медиагурӯҳи «Asia-Plus» буда, он имконияти омода кардани маводи чандрасонаиро дорад. Зеро ба ин ширкат ОИ «Азия-плюс», Радиои «Азия-плюс», газетаи «Asia-Plus», маҷаллаи «VIP Zone» ва студияи наворбардорӣ тааллуқ доранд, ки дар асоси маҳсулоти онҳо метавон бо харҷи кам маводи мултимедиявӣ таҳия кард.
Сомонаи ОИ «ТоjNews» «www.tojnews.tj» низ бахши вижаи видео дорад, ки дар он аслан наворҳои видеоӣ аз дафтарҳои матбуотӣ, Ютуб ва расонаҳои дигар бознашр мешавад. Дар моҳи сентябр дар сомона ҳамагӣ 5 маводи видеодор гузошта шудааст. Аз ин шумора як мавод ба худи хабарнигори оҷонсии иттилоотӣ тааллуқ дорад. 28 сентябри соли 2015 дар сомона видеои «Баъди 9 сол: Бори нахуст нақлиёт бидуни мушкил нақби “Истиқлол”-ро убур мекунанд» нашр шуд. Дар ин мавод аз ҷумла, гуфта мешавад, ки «Нақби “Истиқлол” баъди се моҳи таъмиру тармим ба истифода дода шуд. Хабарнигори «TojNews» яке аз аввалинҳо буд, ки баъди таъмиру тармим аз он гузашт. Ҳоло дар нақб мисли қаблӣ танбашавии худравҳо, чуқуриҳои зиёди пуроб сади ҳаракати худравҳо намешаванд. Аммо ҳанӯз ҳам нақб пурра бо васоили рушноидиҳанда муҷаҳҳаз нашудааст» [13].
Бояд гуфт, ки баъзан агар ягон сомонаи Тоҷикистон навори хориҷии ҷолиби дастрасро бознашр кунад, онро сомонаи дигар низ истифода мебарад. Масалан, соати 9-у 19 дақиқаи 23 сентябри соли 2015 сомонаи «tojnews.tj» видеои «5 голи ҳамлагари “Бавария” дар 9 дақиқа»-ро бознашр кард [14]. Ҳамон рӯз сомонаи «news.tj» соати 11-у 11 дақиқа видеои «Пять мячей за девять минут! Как Левандовски вошел в историю футбола»-ро бознашр намуд. Соати 16-у 28 дақиқа он дар сомонаи «ozodagon.tj» низ чоп шуд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон баъзе расонаҳои интернетӣ имконияти маводи мултимедиявӣ пахш карданро доранд, вале аз ин истифода намекунанд. Масалан, дар сомонаи ягона хабаргузории расмии ҷумҳурӣ АМИТ «Ховар» — «www.khovar.tj» маводи чандрасонаӣ ба истиснои видеороликҳо истифода намешавад. Вале хабаргузорӣ чунин имконият дорад. Зеро ба он Радиои «Ховар» низ тааллуқ дорад ва садои барои радио гирифташударо дар маводи сомона низ метавон истифода кард. Ҳамчунин АМИТ «Ховар» ҳуқуқи аввалин пахшкунандаи иттилои расмиро дошта, метавонад видеои чорабиниҳои расмӣ, мулоқоти президентро дар сомона истифода кунад.
Сомонаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон «www.prezident.tj» низ имкони чопи маводи мултимедиявиро дорад, зеро кормандони умури мазкур дар ҳамаи чорабинӣ ва сафарҳои президентро аксу наворбардорӣ мекунанд. Дар матни ин хабару гузоришҳо аксҳоро мегузоранд, вале агар аз наворҳои видеоӣ ва инфографика ҳам истифода мекарданд, дарвоқеъ маводашон мултимедиявӣ мешуд. Чунин тарзи пешниҳоди мавод албатта, таваҷҷуҳи хонандаҳои сомонаро бештар ҷалб мекард.
ОИ «Avesta» аввалин расонаи интернетӣ дар Тоҷикистон бошад ҳам, дар сомонаи он — «www.avesta.tj» маводи чандрасонаӣ умуман истифода намешавад. Сомона ҳатто бахши видео надорад.
Яке аз ВАО, ки бештар имконияти мултимедиявӣ шудан дорад, ин телевизион мебошад. Зеро дар он метавон ҳамаи унсурҳои маводи чандрасонаиро аз қабили матн, акс, садо, навор, инфографика ва аниматсия истифода кард. Вале аз чунин имконият телевизионҳои Тоҷикистон истифода намебаранд. Дар барномаҳои телевизион ягон асари пурра мултимедиявӣ пахш намешавад.
Чунин имкониятро дар сомонаи телевизионҳо низ метавон истифода кард. Вале ҳоло дар сомонаҳои телевизионҳои Тоҷикистон ба ғайр аз видео дигар маводи мултимедиявӣ истифода намешавад. Масалан, сомонаи Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» http://jahonnamo.tj/ бахши наворҳо дошта, дар YouTube саҳифаи худро кушодааст.
Дар сомонаи «Шабакаи якум»-и Телевизиони Тоҷикистон http://www.1tv.tj/ бахши ролик ва лавҳаҳо мавҷуд аст, ки аксаран аз сафарҳои Президенти Тоҷикистон ба манотиқи кишвар таҳия гашта, видеоролик ва лавҳаҳо мебошанд. Масалан, видеои «Манзараҳои зебое аз роҳи Душанбе — Турсунзода», ки 6-уми октябри соли 2015 дар сомона гузошта шудааст. Мутаассифона, бахши мазкур ба талаботи маводи мултимедиявӣ пурра ҷавобгӯ нест.
Сомонаи Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» http://www.safina.tj/ умуман бахши маводи мултимедиявӣ надорад.
Қобили зикр аст, ки телевизионҳои Тоҷикистон бо шабакаи Интернет пайваст шудаанд ва барномаҳои онҳоро ба таври онлайн дар суроғаи http://www.mediabay.tv, http://www.ktr.tj, http://www.teleradiocom.tj ва http://www.glwiz.com AKATAA.TV тамошо кардан мумкин аст.
Бояд гуфт, ки дар барномаҳои телевизион истифода кардани унсурҳои мултимедиявӣ, аз қабили инфографика, слайдшоу ва аниматсия таваҷҷуҳи тамошобинонро бештар ҷалб мекунад ва аз ҷониби дигар дарки мавзӯъҳои мушкилфаҳмро осон менамояд. Масалан, дар барномаи иттилоотӣ ё иқтисодӣ оид ба рушди саноат истифода бурдани инфографика онро ҷолибу фаҳмо мекунад. Телевизионҳо чунин имконият доранд ва онро бояд истифода намоянд. Мутаассифона, истифодаи инфографика слайдшоу ва аниматсия дар сомонаҳои иттилоотии Тоҷикистон низ қариб ки дида намешавад.
Дар вазъияти имрӯза истифодаи иттилои мултимедиявӣ ба расонаҳои онлайнӣ бартарият медиҳад. Зеро истифодабарандаи Интернет имкони васеи интихоби маводро дорад, ки дар кадом ҳаҷм чӣ хонад, чиро гӯш кунад ё тамошо намояд. Ӯ метавонад танҳо сарлавҳа ва лиди маводро назар кунад ва иттилои ба худ ҷолибро ҷӯё шавад.
Дар ҳамин ҳол дар ҷумҳурӣ ҳанӯз ягон сомонаи воқеан чандрасонаӣ ба вуҷуд наомадааст. Дар расонаҳои электронӣ унсурҳои маҳсулоти мултимедиявӣ ҳастанд, вале маводе, ки пурра чандрасонаӣ шудааст, хеле кам ба назар мерасад.
Бояд гуфт, ки расонаи интернетӣ нисбат ба чопӣ арзонтар меистад, вале он дар Тоҷикистон ҳанӯз худкифо нест ва барои муассис маблағи басанда намеорад.
Имрӯз барои расонаҳои интернетӣ чандрасонаӣ кардани маводашон хароҷоти иловагӣ талаб мекунад. Онҳо бояд наворбардор, танзимгар дошта бошанд ва хабарнигорон бо технологияҳои нави иттилоотӣ кор карда тавонанд.
Дар натиҷаи пажӯҳиш чунин сабабҳои суст рушд кардани журналистикаи мултимедиявӣ дар Тоҷикистон муайян шуданд:
1. Мавҷуд набудани базаи моддӣ — техникӣ дар сомонаҳо. Сомонаҳои Тоҷикистон худкифо нестанд ва имконияти маблағгузории бештарро барои рушди худ надоранд.
2. Нарасидани кадрҳои ҳирфаӣ. Дар ягон муассисаи таълимии Тоҷикистон ҳанӯз журналисти мултимедиявӣ омода карда намешавад. Он нафароне, ки метавонанд асари чандрасонаӣ эҷод кунанд, ё худомӯзӣ кардаанд ва ё аз семинарҳои созмонҳои хориҷӣ онро омӯхтаанд. Бинобар ин, мутахассисонро аз рӯи ихтисоси нав – журналисти мултимедиявӣ бояд тайёр кард.
3. Суст будани суръати Интернет дар Тоҷикистон дар сомона гузоштан ва аз он хондани маводи мултимедиявиро мушкил мекунад.
4. Гарон будани нархи истифодаи Интернет. Дар Тоҷикистон истифодаи Интернет барои муштариён аз дигар кишварҳо гаронтар аст. Сатҳи пасти маош имконият намедиҳад, ки ҳамагон ба Интернет дастрасии доимӣ дошта бошанд.
5. Сомонабандиҳои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон. Дар Тоҷикистон сомонабандии расонаҳои мустақил бо ҳар баҳона характери доимӣ гирифтааст ва ин барои дастрасии муштариён ба сомонаҳои мақбулашон мушкилӣ эҷод мекунад.

Сарчашмаҳо:
1. Муқимов, М. Рушди матбуоти электронӣ дар ИМА:/ М. Муқимов. — Журналистикаи байналхалқӣ IY.- Душанбе: Матбуот.- 2012.-136 с.
2. Кирия, И. Что такое мультимедиа?: / И. Кирия. — Журналистика и конвергенция: почему и как традиционные СМИ превращаются в мультимедийные; под ред. А. Качкаевой. — М., 2010.
3. Бартер дар мошинбозор. «Мерседес» бар ивази коҳу картошка:/ozodi.org. 2007-2015. — Режим доступа: http://www.ozodi.org/content/car-market-in-tajikistan-effected-due-to-financial-crises-in-russia/27337048.html (Дата обращения: 31.10.2015).
4. Бозори сарди фурӯши мошин дар Тоҷикистон:/ ozodi.org. 2007-2015. – Режим доступа: http://www.ozodi.org/media/video/video_report/27337051.html?z=643&zp=1 (Дата обращения: 31.10.2015).
5. Ҳалокати Исмоил ва захмӣ шудани 15 тан аз ҳамлаи сагҳои «девона»:/ ozodi.org. 2007-2015. – Режим доступа: http://www.ozodi.tj/content/dogs-bokhtar-district/27330761.html (Дата обращения: 28.10.2015).
6. Нишасти хабарии сармураббиёни «Истиқлол» ва “Ҷоҳор Дарул Такзим: / ozodi.org. 2007-2015. – Режим доступа: http://www.ozodi.org/media/video/27335919.html (Дата обращения: 30.10.2015).
7. Мубин Эргашев: тақдири бозӣ дар дасти бачаҳост:/ ozodi.org. 2007-2015. – Режим доступа: http://www.ozodi.org/content/istiqlol-coach-about-asian-final-match/27335749.html (Дата обращения: 30.10.2015).
8. Истиқлол» дар финали Ҷоми AFC-2015 шикаст хӯрд:/ ozodi.org. 2007-2015. – Режим доступа: http://www.ozodi.org/content/tajik-fc-istiqlol-loss-afc-2015-final-match/27337496.html (Дата обращения: 31.10.2015).
9. Елинер И. Г. Развитие мультимедийной культуры в информационном обществе:/ dissercat.com. 2010- 2015. – Режим доступа: http://www.dissercat.com/content/razvitie-multimediinoi-kultury-v-informatsionnom-obshchestve (Дата обращения: 25.10.2015).
10. Абдулмӯъмин Шарифӣ: Театри тоҷик сахт бемор аст!:/ ozodagon.com. 2011-2015. -Режим доступа: http://www.ozodagon.tj/23894-abdulmmin-sharif-teatri-toik-saht-bemor-ast-sado.html (Дата обращения: 20.10.2015).
11. Совместные усилия по искоренению насилия в отношении детей:/ news.tj. 1997-2015. — Режим доступа: http://news.tj/ru/news/sovmestnye-usiliya-po-iskoreneniyu-nasiliya-v-otnoshenii-detei-multimedia (Дата обращения: 25.10.2015).
12. Как таджикский лесник у туристов паспорта забирал:/ news.tj. 1997-2015. — Режим доступа: http://news.tj/ru/news/kak-tadzhikskii-lesnik-u-turistov-pasporta-zabiral (Дата обращения: 05.11.2015).
13. Баъди 9 сол: Бори нахуст нақлиёт бидуни мушкил нақби “Истиқлол”-ро убур мекунанд:/tojnews.tj. 2009-2015. — Режим доступа: http://www.tojnews.org/tj/video/badi-9-sol-bori-nahust-nakliyot-biduni-mushkil-nakbi-istiklol-ro-ubur-mekunand (Дата обращения: 28.09.2015).
14. 5 голи ҳамлагари “Бавария” дар 9 дақиқа:/tojnews.tj. 2009-2015. — Режим доступа: http://www.tojnews.org/tj/video/5-goli-khamlagari-bavariya-dar-9-dakika (Дата обращения: 23.09.2015).

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: