Одоби касбӣ ва дастрасӣ ба иттилои воқеӣ


110222093722_uk_press_review_144
Муқимов М., доктори улуми филологӣ,
профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ аз омилҳои иҷтимоиву эҷодии озодии сухан буда, ҳамчун худтанзимкунӣ дар чорчўбаи қонун амал мекунад ва озодии баёну иттилоотро кафолат медиҳад. Ҳамин аст ки меъёрҳои ахлоқӣ рафтори журналистро мутобиқи стандартҳои муайяни касбӣ ба низом медарорад.
Инъикоси воқеият яке аз асосҳои фаъолияти журналистӣ буда, аз ҷониби ВАО пахш кардани иттилои воқеиву беғаразро тақозо мекунад. Худи рисолати асосии журналистон ва ВАО низ ба аудитория сареҳона расонидани иттилои воқеиву дуруст ва беғаразона аст. Мутаасифона, имрӯз ВАО ба олоти тарғиботи сиёсат ё таблиғи бизнес гардида, на ҳамеша рисолати мазкур амалӣ мегардад. Дар ҳамин ҳол боз сатҳи пасти касбӣ ва бемасъулиятии журналистон ба коҳиш ёфтани сифати маводи расонаҳо меорад.

Солҳои охир бо афзоиши теъдоди ВАО нафарони ғайриҳирфаӣ ва камтаҷриба ба кори расонаҳо ҷалб шуданд, ки на ҳамаашон принсипҳои асосии фаъолияти журналистиро медонанд ё риоя мекунанд.
Қобили зикр аст, ки «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» аз соли 2009 мавриди амал қарор дорад. Бо ибтикори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2013 оид ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», мониторинги воситаҳои ахбори омма гузаронида шуд. Дар натиҷа 43 нашрияи чопӣ ва 10 нашрияҳои интернетии хусусиву давлатӣ мавриди пажӯҳиш қарор гирифтанд. Мониторинг собит кард, ки аксари ВАО дар риояи меъёрҳои касбӣ бе тафовут ҳастанд ва бинобар ба эътибор нагирифтани одобномаи касбии худ ба камбудиҳо роҳ медиҳанд [1]. Аз мониторинги мазкур ду сол мегузарад, вале то ба ҳол меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар ҷумҳурӣ ба таври бояду шояд риоя намешаванд.
Пахш шудани хабарҳои нодуруст ва таҳрирталаб аз паст будани сатҳи касбии кормандони расонаҳо ва бемасъулиятии онҳо далолат медиҳад. Масалан, 27 марти соли 2015 Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» хабареро бо номи «Вице-премьер Таджикистана возглавила республиканскую комиссию по организации осеннего призыва» [2] (Ҷонишини сарвазир роҳбари комиссияи ҷумҳуриявии ташкили даъвати тирамоҳӣ таъйин шуд)-ро пахш намуд. Ин хабар дар ҳоле пахш шуд, ки даъвати баҳорӣ ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нав оғоз гардид ва таъсиси комиссияи ташкили даъвати тирамоҳии ҳарбӣ ғайримантиқӣ буд. Дарвоқеъ, ҳангоми мутолиаи хабар маълум мешавад, ки ҷонишини сарвазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ сардори комиссияи ташкили даъвати баҳорӣ ба кувваҳои мусаллаҳ таъйин шуда будааст.
Бояд гуфт, ки хонандаҳои расонаҳои интернетӣ пеш аз ҳама ба сарлавҳаи мавод менигаранд ва аз он иттилоъ меҷӯянд, ки ин матлабро мутолиа кунанд ё не. Ҳангоми хато будани сарлавҳа таваҷҷуҳи хонанда ба муҳтавои мавод коҳиш меёбад.
Баъзан хабарнигорон бинобар надоштани маълумоти кофии ҳуқуқӣ ба аудитория иттилои нодуруст мерасонанд. Масалан, хабарнигори тоҷикистонии сомонаи РИА «Новости» 3 октябри соли 2015 хабареро дар бораи боздошти қаллобе, ки худро генерал-майори Хадамоти федеролии амнияти (ФСБ) Россия муарррифӣ карда, аз 8 нафар сокини вилояти Хатлони Тоҷикистон барои «кӯмак дар ҷудо кардани қитъаи замин» 15 ҳазор доллар ситонидааст, пахш кард.
Дар хабар гуфта мешавад, ки агар гуноҳи генерали қалбакӣ собит гардад, ба ӯ ҷавобгарӣ аз тариқи ҷарима «дар ҳаҷми 500-800 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал (200 сомонӣ — беш аз 30 доллар), ё то се сол маҳрум кардан аз озодӣ таҳдид мекунад» [3].
Муаллиф намедонад, ки чанд сол боз дар кишвар пардохтҳо аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисоб, ки ҳар сол ҳангоми тасдиқи Қонун дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагон муқаррар карда мешавад, сурат мегирад. Аз ҷумла, соли 2015 як нишондиҳанда барои ҳисоб 40 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамчунин дар хабари мазкур 3 маротиба фамилияи гумонбар ба қаллобӣ Давлатшоев зикр гардида, боре ҳам ном ва шуғли доимии ӯ гуфта намешавад. Ҳол он ки ба аудитория донистани ном ва касбу кори муттаҳам ҷолиб аст.
23-юми сентябри соли 2015 маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа пешниҳод кард, ки ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон вобаста ба сеҳру ҷоду банде ворид карда шавад. Иттилои мазкурро расонаҳо ба таври худ тафсир карданд. Масалан, ОИ Азия-Плюс 24 сентябр дар лиди хабари худ иттилоъ дод, ки ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он дар мамлакат барои сеҳру ҷоду ҷазо пурзӯр карда мешавад (В Уголовный кодекс Таджикистана внесены поправки, согласно которым в стране будет усилено наказание за занятия колдовством и магией) [4]. Аз ин ҷумла бармеояд, ки аллакай ба КҶТ вобаста ба сеҳру ҷоду тағйирот ворид карда шудааст. Вале дар охири хабар гуфта мешавад, ки тағйироти мазкур ба баррасии палатаи поёнии порлумон фиристода шуд.
Сомонаи Радиои «Озодӣ» низ хабари мазкурро 24 сентябр пахш намуд. Аз ҷумлаи аввали матлаи хабари Радиои «Озодӣ» низ бармеояд, ки вобаста ба сеҳру ҷоду аллакай ба КҶТ тағйирот ворид шудааст: «Мақомоти Тоҷикистон бандеро ба қонуни ҷиноии кишвар ворид карданд, ки бар пояи он афроде, ки ба ҷодугарӣ машғуланд, то ҳафт сол ҳукми зиндон мегиранд» [5]. Аз ҷумлаи дуюми хабар маълум мешавад, ки ин ҳоло пешниҳод аст: «Пешниҳоди муҷозоти шадидтари аҳли сеҳру ҷодуро президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба порлумон фиристод».
Ба гуфтаи хабарнигор сеҳру ҷодугарӣ аз соли 2007 қонунвайронкунии маъмурӣ ҳисоб шуда, барои ин амал тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар баррасӣ ва ҷарима карда мешаванд. Хабарнигор дар охири матлаб бе факту далели мушаххас мегӯяд, ки «Дар давоми чанд соли ахир даҳҳо парвандаи марбут ба “сеҳру ҷоду” дар Тоҷикистон расонаӣ ва беш аз ҳазор сокини Тоҷикистон барои машғул шудан ба сеҳру ҷодугарӣ ҷарима шудаанд».
ОИ «Озодагон» ва ОИ «Тоҷнюс» хабари мазкурро як рӯз дертар — 25 сентябри соли 2015 пахш карданд. Вале ин хабаргузориҳо иттилои номбурдаро дуруст пешниҳод намуданд: «Ҳукумати Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятӣ тағйиру иловаҳоеро пешниҳод намудаст, ки тибқи он фолбинӣ ва сеҳру ҷоду дар кишвар ҷиноят мебошанд» [6]. ОИ «Тоҷнюс» дар ин бора чунин гуфтааст: «Тибқи иловае, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ҷавобгарии ҷиноӣ барои машғул шудан бо сеҳру ҷодугарӣ хеле шадид карда мешавад, аз ҷумла ба муҳлати то 7 сол маҳрум намудан аз озодӣ пешбинӣ шудааст» [7].
Бояд гуфт, ки ҳанӯз 23 сентябр, рӯзи баргузории ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон сомонаи «prezident.tj» дар бораи пешниҳоди президент иттилои дуруст пахш карда буд: «Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тибқи иловае, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ҷавобгарии ҷиноӣ барои машғул шудан бо сеҳру ҷодугарӣ хеле шадид карда мешавад, аз ҷумла ба муҳлати то 7 сол маҳрум намудан аз озодӣ пешбинӣ шудааст» [8].
Хабари мазкурро ҳамон рӯз АМИТ «Ховар» низ ба ҳамон шакле, ки дар сомонаи президент чоп шудааст, пахш карда буд. Бинобар ин барои иштибоҳ кардан сабабе вуҷуд надошт. Ин ҷо саҳлангорӣ ва бемасъулиятии хабарнигорон ба назар мерасад.
Тибқи талаботи меъёри одоби касбӣ сарлавҳа бояд маънои матнро ифода кунад. Вале баъзан дар матбуот сарлавҳаҳои ҳангомаомез истифода мешаванд, ки бозгӯи муҳтавои мавод набуда, барои ҷалби хонандаҳо гузошта шудаанд. Масалан, 24 апрели соли 2015 сомонаи «pressa.tj» матлаберо бо унвони «Ишқварзии Шералӣ Ҷӯраев дар ҳаммоми “Панҷшер”-и Душанбе» ба табъ расонид. Вақте ки шахс сарлавҳаи мазкурро мутолиа мекунад, дар аввал ба ёдаш номи овозхони машҳури Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев меояд. Вале аз муҳтавои матлаби мазкур маълум мешавад, ки Шералӣ Ҷӯраев ном ҷавон, ки сокини ш. Душанбе аст, дар даруни мошинаш бо духтари ноболиғ ишқварзӣ кардааст.
Баъдан бо ин духтари ноболиғ Эраҷҷон ном ҷавони дигар дар ҳаммоми “Панҷшер”ишқварзӣ намудааст. Пас маълум мешавад, Шералӣ Ҷӯраев ба ҳаммом ҳеҷ иртиботе надорад ва муҳаррири сомона барои ҷалби таваҷҷуҳи хонандаҳо чунин сарлавҳа гузоштааст.
19 сентябри соли 2014 ОИ «Озодагон» низ хабареро барои ҳангомадор шуданаш «Ҳалокати Ҷурабек Муродов дар садама ва боздошти ронандаи фирорӣ» номгузорӣ намуда буд. Дар Тоҷикистон пиру ҷавон Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродовро мешиносанд ва вақте дар сарлавҳа ин номи шиносро мебинанд, ба он таваҷҷуҳ мекунанд. Дар лиди хабар бошад, чунин омадааст:
«Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҷасади Ҷӯрабек Муродов, рӯзи 18-уми сентябр дар километри 35-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дарёфт гардидааст» [9].
Хонанда баъди мутолиаи сархати дуюми хабар мефаҳмад, ки шахси фавтида ба овозхони шинохта Ҷӯрабек Муродов ҳамном аст: «Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, зимни тафтишот муайян шудааст, ки ин сокини 61-солаи Варзобро ронандаи автомашинаи номаълум пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор намудааст».
Чунин сарлавҳагузорӣ вайрон кардани этикаи касбии журналистӣ маҳсуб шуда [10], обрӯи рӯзноманигор ва расонаро паст мекунад. Ҳамчунин дар матлабҳои зикргардида нисбати ду овозхони шинохта беэҳтиромӣ содир гардидааст.
Тибқи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон – принсипи фаъолияти ВАО ва журналистон дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад [11]. Меъёрҳои мазкур аз арзишҳои умумибашарӣ ва ахлоқӣ буда, бояд редаксияву журналистон дар асоси ин қоидаҳо фаъолият баранд.
30 сентябри соли 2015 сомонаи «faraj.tj» хабареро бо номи «Таракан» дар гӯши ҷавони 19-сола тухм монд», пахш кард. Дар хабари мазкур гуфта мешавад, ки табибон дар шаҳри Пекин аз гӯши ҷавонписари 19-солаи чинӣ оилаи нонхӯракро дарёфт намудаанд. Дар идомаи хабар чунин омадааст: «Аввал аз гӯши бемор нонхӯраки андозааш қариб 7,5 сантиметраро дарёфт намуда, сипас 25 нафар нонхуракҳои хурди навтавлидшуда ёфта шуда, пурра аз гӯш тоза карда шудаанд» [12]. Ҷумлаи мазкур дар баробари таҳрирталаб буданаш, боз хатои дигаре дорад. Нумеративи нафар танҳо ба инсон тааллуқ дошта [13.-16], ин ҷо ба ҳашарот нисбат дода шудааст, ки хатои маҳз мебошад.
Тибқи моддаи 29-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» [14] журналист ӯҳдадор аст, ки саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад. Вале имрӯз журналистон на ҳамеша ӯҳдадории мазкурро риоя мекунанд. Масалан, 26 сентябри соли 2015 сомонаҳои кишвар дар бораи фавти овозхони нобинои тоҷик Абдухолиқ Сӯфиев иттилоъ доданд. Вале дар ин хабарҳо дар бораи зиндагии ӯ маълумоти гуногун пахш шуд, ки ба ҳам мувофиқ нестанд. Аз ҷумла, ба навиштаи сомонаи «faraj.tj» «Марҳум солҳои охир аз бемории сил ва ҷигар азият дошта дар беморхонаҳо табобат мегирифтааст. Ӯро чанде пеш наздиконаш аз беморхонаи Ёвон ба Норак мебаранд» [15].
ОИ «Азия-Плюс» низ дар хабари худ ишора кардааст, ки овозхон бемор буд ва дар Ёвон табобат меёфт: «Абдухолиқ Сӯфиев моҳҳои охир аз бемории ҷигар азият мекашид ва дар беморхонаи ноҳияи Ёвон табобат мегирифт. Ба қарибӣ ӯро хешовандонаш, ки дар деҳаи Даҳанаи шаҳри Норак зиндагӣ мекунанд, аз беморхона гирифтанд» [16].
Дар ҳамин ҳол сомонаи Радиои «Озодӣ» менигорад, ки «Ба гуфтаи Нобовар Чаноров, ин овозхони нобино аз бемории шуш ранҷ мебурд ва тайи чанд моҳи ахир дар бемористоне дар Душанбе бистарӣ буд ва чанд рӯз қабл ба назди пайвандонаш дар шаҳри Норак интиқол дода шуда буд» [17].
Абдухолиқ Сӯфиев аз соли 2008 ба ин сӯ дар Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Ёвон зиндагӣ мекард. Маҳмадюсуф Гулов, роҳбари хона-интернат ба Радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки тайи моҳҳои ахир ваъи сиҳатии ин ҳунарманд чандон хуб набуд ва «овозхон Нобовар Чаноров ӯро барои табобат ва ҷарроҳӣ ба Душанбе оварда буд».
Ҳамаи ин расонаҳо дар хабари худ нобино таваллуд шудани овозхонро зикр кардаанд, вале дар ҳамин ҳол сомонаи «faraj.tj» менигорад, ки «…Абдухолиқ Суфиев собиқ корманди Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон будааст». Маълумоти мазкур собит нашудааст ва воқеият надорад. Танҳо ба маълумоти ОИ «Азия-Плюс» А. Суфиев соли 1983 ба Бадахшон омад ва бо мусоидати котиби ҳизбии вилоят Мӯминшоҳ Абдулвосиев ба ӯ дар маркази шаҳри Хоруғ хона доданд. Ӯ ин ҷо 10 сол зиндагӣ кард ва роҳбари бадеии ансамбли нобиноёни «Панҷтанон» буд.
Дар охири хабарҳои мазкур гуфта мешавад, ки Абдухолиқ Сӯфиев ба ғайр аз овозхонӣ дар ду филми ҳунарӣ низ нақш бозидааст. Дар ин ҷо сомонаи «faraj.tj» ва ОИ «Азия-Плюс» коргардони филми «Овора»-ро Далер Раҳматов мегӯянд. Сомонаи Радиои «Озодӣ» бошад, аз Гуландом Муҳаббатова ҳамчун коргардони филми «Овора» ном мебарад. Дар асл бошад, Гуландом Муҳаббатова ва Далер Раҳматов коргардони филми номбурда мебошанд.
Бояд гуфт, дар хабари сомонаи «faraj.tj» номи овозхон як маротиба иштибоҳан Абдуқодир зикр шудааст.
Тибқи банди дуюми моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» — воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд [14].
Беаҳамиятӣ ва каммасъулиятии журналистон баъзан боиси нашри иттилои носаҳҳеҳ мегардад. Масалан, аксари журналистон шогирдони доктори илмҳои филология, профессор Асадулло Саъдуллоев мебошанд. Вале ҳангоми таҳияи хабари мазкур дар сомонаи «faraj.tj» 21 сентябри соли 2015 дараҷаи илмии доктор Саъдуллоевро номзади илм гуфтаанд: «Санаи 22-юми сентябри соли равон бахшида ба 75 солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, профессор Асадулло Саъдуллоев конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Публитсистикаи муосири тоҷик: мушкилот ва дурнамо» баргузор мегардад» [18].
Тибқи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон агар нодурустии маводи нашршуда ё хулоса дар мавриди ашхос, имло, сарфу наҳв, ки баъд собит гардад, бояд аз тарафи ҳамон нашрия фавран ислоҳ ва аз нав нашр шавад. Дар сурати роҳ додан ба камбудӣ журналист ва ВАО бояд онро эътироф ва ислоҳ намуда, такроран ба хато роҳ надиҳанд [10]. Вале на ҳамеша ин талаботи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ риоя мешаванд.
Дар хабар зикр кардани санаи рӯйдод аз талаботи асосии журналистӣ буда, он аз нав будани иттилоъ дарак медиҳад. Мутаассифона, расонаҳои Тоҷикистон на ҳамеша санаи рӯйдодро зикр мекунанд ва ё мегӯянд: «ба наздикӣ», «ба қарибӣ», «чанд рӯз пеш». Дар ин ҳол хонанда намедонад, ки хабари пешниҳодшуда то кадом дараҷа нав аст? Масалан, АМИТ «Ховар» 10 октябри соли 2015 хабареро бо номи «Донишҷӯи Коллеҷи омори Ваҳдат дар Қазоқистон ҷойи сеюмро ишғол кард», пахш намуд: «Донишҷӯёни коллеҷи мазкур Беҳзод Назаров дар Душанбе аз намуди гӯштини дзюдо дар байни 16 даста ҷойи аввал, Меҳрубон Сафаров аз таэквандо дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар байни дастаҳои 10 давлат ҷойи сеюм ва Шаҳодат Исмоилова дар Душанбе байни 15 даста аз таэквандо ҷойи сеюмро ишғол карданд, ки бо диплому медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд».
Имрӯз Интернет яке аз воситаҳои асосии дастрасӣ ба иттилоот маҳсуб мешавад. Дар ҳамин ҳол наметавон гуфт, ки иттилои расонаҳои интернетӣ ҳамеша воқеӣ ва беғаразанд. Крейг Силверман, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи Колумбияи ИМА дар натиҷаи пажӯҳиши қариб 1,5 ҳазор хабар дар 5 моҳи охири соли 2014 ба хулоса омадааст, ки сабаби асосии паҳншавии хабарҳои хато ва дурӯғ дар Интернет расонаҳои онлайнӣ мебошанд. Хабарнигорони ин расонаҳо аксаран номи сарчашмаи иттилоъро номбар мекунанд, вале дурустии фактҳои овардашударо намесанҷанд [19]. Ҳамин аст, ки ба аудитория баъзан хабари дурӯғ ё нодуруст пешниҳод мешавад.
Ҳақиқатнигорӣ яке аз усули муҳим ва асосии фаъолияти журналистӣ буда, чунин мазмун дорад, ки идораи воситаи ахбори омма ва журналист иттилооти ҳаққонӣ ва саҳеҳ, иттилооти мукаммал, саривақтӣ ва дақиқро омода кунанд ва интишор диҳанд [10].
Дар ҳолати пешниҳод кардани хабари аз ҳақиқат дур обрӯю эътибори воситаи ахбори омма дар байни хонандагонаш коҳиш ёфта, боиси кам шудани теъдоди аудитория мегардад.

Сарчашмаҳо:

1. Озодии ман то нӯги бинии рақибам ҳаст?! :/ odob.tj. 2011-2015. — Режим доступа: http://odob.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=267%3A2014-01-23-09-58-30&catid=26%3A2013-08-14-05-15-04&Itemid=90&lang=tj (Дата обращения: 23.01.2014).
2. Вице-премьер Таджикистана возглавила республиканскую комиссию по организации осеннего призыва:/ news.tj. 1997-2015. — Режим доступа: http://news.tj/ru/news/vitse-premer-tadzhikistana-vozglavila-respublikanskuyu-komissiyu-po-organizatsii-osennego-prizy (Дата обращения: 27.03.2015).
3. В Таджикистане задержан мошенник, представлявшийся офицером ФСБ России: / ria.ru. 2015. — Режим доступа: http://ria.ru/world/20151003/1295933507.html (Дата обращения: 03.10.2015).
4. В Таджикистане будут жестко наказывать за колдовство:/ news.tj. 1997-2015. — Режим доступа: http://www.news.tj/ru/news/v-tadzhikistane-budut-zhestko-nakazyvat-za-koldovstvo (Дата обращения: 24.09.2015).
5. Чаро ҳукумат ҷазои ҷодугарҳоро шадид кард?:/ ozodi.org. 2007-2015. — Режим доступа: http://www.ozodi.tj/content/tajikistan-toghfens-punishment-of-witchcraft-/27267935.html (Дата обращения: 24.09.2015).
6. Пешниҳоди ҳукумат: Фолу ҷоду ҷиноят эълон шаванд:/ ozodagon.com. 2011-2015.- Режим доступа: http://www.ozodagon.com/23610-peshniodi-ukumat-folu-odu-inoyat-elon-shavand.html (Дата обращения: 25.09.2015).
7. Баррасии масъалаи кадрҳо, пешниҳоди қонунҳо, рухсатдиҳии сарбозон дар маҷлиси Ҳукумат:/tojnews.tj. 2009-2015. — Режим доступа: http://www.tojnews.org/tj/news/barrasii-masalai-kadrkho-peshnikhodi-konunkho-ruhsatdikhii-sarbozon-dar-machlisi-khukumat (Дата обращения: 25.09.2015).
8. Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:/ prezident.tj. 2014-2015. — Режим доступа: http://www.prezident.tj/node/9976 (Дата обращения: 23.09.2015).
9. Ҳалокати Ҷӯрабек Муродов дар садама ва боздошти ронандаи фирорӣ:/ ozodagon.com. 2011-2015. -Режим доступа: http://www.ozodagon.com/18136-alokati-rabek-murodov-dar-sadama-va-bozdoshti-ronandai-firor.html (Дата обращения: 19.09.2014).
10. Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон:/ nansmit.tj. 2009-2015.- Режим доступа: http://taj.nansmit.tj/tafsiri-meyor%D2%B3oi-axlo%D2%9Bii-faoliyati-zhurnalist%D3%A3-dar-to%D2%B7ikiston/ (Дата обращения: 10.10.2015).
11. Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон:/ odob.tj. 2011-2015.- Режим доступа: http://odob.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=11%3A2011-11-22-04-27-08&catid=11%3A2011-11-22-04-16-30&Itemid=16&lang=tj (Дата обращения: 15.09.2015).
12. «Таракан» дар гӯши ҷавони 19-сола тухм монд:/ faraj.tj. 2011-2015.- Режим доступа: http://faraj.tj/news/10976-tarakan-dar-g1263shi-1207avoni-19-sola-tuhm-mond.html (Дата обращения: 30.09.2015).
13. Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ. – Душанбе: Шарқи озод, 2013. –320 с.
14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»:/ mmk.tj. 2009-2015. — Режим доступа: http://mmk.tj/legislation/base/2013/ (Дата обращения: 10.10.2015).
15. Султони Ҳамад: Абдухолиқ хурсандии дигаронро мехост:/ faraj.tj. 2011-2015.-
http://faraj.tj/news/10940-sultoni-1202amad-abduholi1179-hursandii-digaronro-mehost.html (Дата обращения: 26.09.2015).
16. Скончался «Великий скиталец» Абдухолик Суфиев:/ news.tj. 1997-2015. — Режим доступа: http://www.news.tj/ru/news/skonchalsya-velikii-skitalets-abdukholik-sufiev (Дата обращения: 26.09.2015).
17. Даргузашти овозхони нобинои тоҷик Абдухолиқ Сӯфиев:/ ozodi.org. 2007-2015. — Режим доступа: http://www.ozodi.tj/content/tajik-blind—singer-abdulkholiq-sufiev-death/27271933.html (Дата обращения: 26.09.2015).
18. Ҷашни 75 солагии Асадулло Саъдуллоев дар Душанбе:/ faraj.tj. 2011-2015.- Режим доступа: http://faraj.tj/news/10871-1206ashni-75-solagii-asadullo-sadulloev-dar-dushanbe.html (Дата обращения: 21.09.2015).
19. Откуда берутся фальшивые новости:/ gazeta.ru. 1999-2015. — Режим доступа: http://www.gazeta.ru/science/2015/02/16_a_6413321.shtml (Дата обращения: 16.02.2015).

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: