Устод, олим ва публитсист


Pero
Устод Асадулло Саъдуллоев аз чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ буда, аксари журналистони ВАО-и муосири Тоҷикистон шогирдони эшон мебошанд. Зеро он кас аз аввалин устодони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва шӯъбаи журналистикаи факултети филологияи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия буда, тӯли беш аз 30 соли фаъолияти омӯзгории хеш ба ҳазорҳо нафар дарс гуфтаанд. Муаллимони гуногун ба донишҷӯён дарс мегӯянд, вале на ҳар яки онҳоро шогирдон ба ҳайси устод мепазиранд. Профессор Асадулло Саъдуллоев воқеан ҳам, ба аксари журналистони ҷавон ҳаққи устодӣ доранд. Он кас дар баробари дарс гуфтан, сарфи назар ба серкории худ ва кам будани вақти холиашон, навиштаҳои шогирдонаи донишҷӯёнро мехонанд, таҳрир мекунанд ва маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Ёд дорам, ки устод овони донишҷӯии мо мегуфтанд: «Малакаи журналистӣ аз навиштан мешавад. Имрӯз шумо барои ном нависед. Шуморо, ки хонандаҳову муҳаррирон шинохтанд, дари ҳамаи нашрияҳо бароятон боз мешавад. Он вақт ном бароятон нон медиҳад».
Ин гуфтаҳои устод воқеият доранд. Ман даҳҳо нафар шогирдони устодро медонам, ки солҳои аввали донишҷӯӣ матни журналистӣ навишта наметавонистанд, вале кӯшишу ғайрат онҳоро ба кӯи мурод расонд.

Шиносоии ман бо устод соли 1987 ба вуқӯъ пайваст. Ба мо донишҷӯёни курси якуми шӯъбаи навтаъсиси журналистикаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин Асадулло Саъдуллоевро куратор таъйин карданд. Куратор дар донишгоҳ аз муаллимони наздики донишҷӯён маҳсуб мешавад. Агар куратор воқеан ҳам, вазифаашро аз сидқи дил иҷро кунад, донишҷӯ ҳамчун шахси наздики худ розу ниёзи худро ба ӯ мегӯяд, маслиҳат мепурсад. Устод барои мо ана, ҳамин хел шахс буданд. Дар лаҳзаҳои зарурӣ моро дар назди маъмурият дифоъ карда, маслиҳати падарона медоданд ва ба роҳи рост раҳнамун месохтанд.
Асадулло Саъдуллоев аз муаллимони ангуштшуморанд, ки назария ва амалияи журналистикаро хуб медонанд. Худ солҳои тӯлонӣ дар телевизиону газета кор кардаанд ва кори матбуотро то майдатарин ҷузъиёташ медонанд. Бинобар ин, мо донишҷӯён бесаброна дарсҳои устодро интизор мешудем. Аз ҳар дарси устод мо барои худ чизи наверо аз журналистика кашф мекардем. Ҳангоми донишҷӯї ман дар бораи очеркҳои устод кори курсӣ навиштам. Ҳангоми мутолиаи очеркҳо ман симои дигари устодро ҳамчун публитсист кашф кардам. Устод ҳанӯз солҳои 60-ум он проблемаҳоро дар очеркҳои худ бардошта буданд, ки дар солҳои бозсозии горбачёвӣ, баъди соли 1985 гуфтанаш роиҷ шуд. Устод дар очеркҳои ҳамон солҳо навиштаашон проблемаи яккатозии ҳизби коммунист ва комсомолро матраҳ кардаанд. Устод, ки баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кори журналистиашонро дар телевизиони навбунёди Тоҷикистон оғоз кардаанд, проблемаи этикаи касбии журналистиро ҳанӯз 40 сол муқаддам дар навиштаашон бардоштаанд, ки имрӯз ҳам аҳамияташро гум накардааст.
Баъди хатми донишгоҳ низ робитаи мо бо устод канда нашуда буд. Ҳангоми дар газетаҳои «Паёми Душанбе», «Тоҷикистон», Радиои Тоҷикистон ва Радиои «Озодӣ» кор карданам низ ҳамеша ба дидори ҳам мерасидем. Ҳамсабақони ман Саъдулло Ҳайдаров ва Маҳмуд Шоев баъди хатми донишгоҳ дар факултет ба кор монданд. Тавассути онҳо ба дидори устод мерасидем. Аввали соли 1997 буд. Дар яке аз вохӯриҳо бо устод дӯстам Сангин Гулов ва Саъдулло Ҳайдаров, ки роҳбари илмии рисолаи номзадиашон А. Саъдуллоев буданд, маро ҳидоят карданд, ки унвонҷӯ шавам. Ба ростӣ, ин бори чандум буд, ки дӯстон чунин пешниҳод мекарданд ва ман розӣ намешудам. Зеро ҳангоми хатми донишгоҳ ман роҳхат ба аспирантура доштам ва ҳангоми омода кардани ҳуҷҷатҳо бо муаллиме гапамон гурехт ва ман дилмонда шуда, аз ин иқдом даст кашида будам. Аз ҷониби дигар, ман дар журналистикаи амалӣ муваффақ будам ва ҳеҷ ниёзе ба илм рӯ овардан надоштам.
Дар ин сӯҳбат устод гуфтанд: «Мо ба олимони ҷавоне, ки журналистикаи хориҷиро медонад, ниёз дорем. Ту аз ӯҳдаи пажӯҳиш ва навиштани рисолаи илмӣ мебароӣ. Барои худат набошад ҳам, барои илми журналистикаи тоҷик бояд ба ин роҳ равӣ». Ман дигар баҳонае пеш оварда натавонистам ва ба сафи дӯстонам пайвастам. Ҳамин тавр таҳти роҳбарии устод ба пажӯҳиши журналистикаи хориҷӣ пардохтам. Мушовири рисолаи докториам ҳам устод А. Саъдуллоев буданд. Бо гузашти айём ман худ устод шудам, донишҷӯёну аспирантонам «устод» гуфта мурҷиат мекунанд, вале ҳанӯз ҳам худро пеши устод Асадулло Саъдуллоев чун ҳамон шогирди овони донишҷӯӣ эҳсос мекунам. Ҳанӯз ҳам ба маслиҳатҳои беғаразонаи устод ниёз дорам.
Доктори улуми филология, профессор А. Саъдуллоев дар баробари устоди ғамхору меҳрубон буданашон олими забардасти соҳаи филология низ ҳастанд. Устод ҳангоми дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» (ҳоло «Омӯзгор») котиби масъул буданашон ба пажӯҳиши публитсистикаи Мирзо Турсунзода машғул шуда, дараҷаи номзади илми филологияро дарёфт намуда буданд. Сипас устод пажӯҳишашонро дар самти насри мустанад, ки қариб омӯхта нашуда буд, идома доданд. Монографияи «Хосияти адабиёт» дар натиҷаи пажӯҳиши чандсолаи эшон рӯи чоп омадааст. Устод адабиётшиноси бузург ва мунаққиди сермаҳсул низ ҳастанд. Дар замони муосир кам олимоне ҳастанд, ки ба нақди адабӣ рӯ меоранд. Вале устод кӯшиш мекунанд, ки ба китобҳои тозаэҷоди нависандагон тақриз нависанд. Билхоса А. Саъдуллоев дар шинохт ва муаррифии эҷоди Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов хизмати шоён кардаанд. Устод қариб ба ҳамаи асарҳои эҷодкардаи нависанда тақризи холисона навиштаанд.
Асаддулло Саъдуллоев аз олимони сермаҳсул буда, то ба имрӯз 35 китоб ва садҳо мақолаи илмӣ навиштаанд. Устод дар таълифи китобҳои дарсии тахассусии журналистика низ саҳми зиёд доранд. Он кас муаллифи беш аз 20 китобу воситаи таълимӣ мебошанд. Ҳамин аст, ки ду даҳсола боз донишҷӯёни шӯъбаву факултаҳои журналистикаи донишгоҳҳои Тоҷикистон аз рӯи китобҳои навиштаи устод нозукиҳои касби рӯзноманигориро меомӯзанд.
Китоби дарсии «Муаммои назарияи публитсистика», ки соли 2015 ба табъ расид, аз тоҷаэзоди устод маҳсуб мешавад. Дар ин китоб назари олимони бузурги рус оид ба публитсистика аз дид ва фаҳмиши муаллиф бо мисолҳои мушаххас баррасӣ мешавад, ки барои донишҷӯён маводи хуби дарсӣ аст.
Чи хеле ки қаблан зикр намуда будем, устод ба илм аз журналистикаи амалӣ омадаанд ва собиқаи тӯлонии кор дар ВАО-ро доранд. Ҳамин аст, ки публитсистика ва насри мустанад дар эҷоди устод мавқеи муҳимро касб кардааст. Китоби «Бомдоди шубоб» асари ҳасбиҳолии устод буда, аз давраи донишҷӯии устод дар донишгоҳ қисса мекунад, ки хеле ҷолибу хонданист.
Китоби ёддоштии «Афғонистон: инқилоби ғайриинтизор» аз намунаи дигари насри мустанади устод буда, ба хонанда воқеияти ҳузури Иттиҳоди Шӯравиро пас аз инқилоби Савр дар ин сарзамин инъикос мекунад. Ба қавли муаллиф, устод хотираҳояшонро дар асоси қайдҳояшон беобуранги бадеӣ рӯи коғаз овардаанд. Дар китоб муаллиф симои ҳақиқии чеҳраҳои шинохтаро, ки бо устод дар Донишгоҳи Кобул ва умуман дар Афғонистон дасти мадад расонидан рафта буднд, ифшо мекунад. Ман дар бораи ҳузури афроди шӯравӣ дар Афғонистон даҳҳо китоби ёддоштҳоро мутолиа кардаам, вале асари устод А. Саъдуллоев барои ман воқеӣ менамояд. Ман, ки худ дар Афғонистон сарбозӣ кардам, бо ҳаёти мардуми ин кишвар ва тарҷумону мутахассисони шӯравӣ ошно ҳастам, навиштаҳои устод бароям хеле самимӣ ва табиӣ мебошанд.
Устоди муаззами мо ба синни мубораки 75 даромаданд. Дар нафақа бошанд ҳам, аз кори илмиву эҷодӣ дур нашудаанд. Ба кори илмии аспирантону унвонҷӯён роҳбарӣ карда, навиштаҳои онҳоро мунсифона таҳрир мекунанд, маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Худ низ эҷод мекунанд, асарҳои илмиву публитсистӣ менависанд. Устод одати рӯзноманависӣ доранд, қариб 60 сол боз ҳар субҳ дар дафтари хотираашон рӯзи гузаштаро сабт мекунанд. Аз худованди мутаол барои эшон умри дароз ва сиҳатмандӣ хоҳонем. Бошад, ки мо, шогирдон чун он кас ба ҷомеа хизмати арзандаву беғаразона карда тавонем!
Ҷовид Муқим

Реклама

2 комментария

  1. Posted by Зайнидин Орифи on Июнь 24, 2016 at 10:16 дп

    Бехтарин

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: