Ба ҷои салла калла наоред!


расми протокол
Протоколи ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон аз 30 июни соли 2015 (№7), ки ба расонаи расмии давлатии АМИТ «Ховар» дар пахши иттилои расмӣ афзалият додааст, имрӯз дар расонаҳои хусусӣ баҳсҳоро ба бор овардааст. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки «…минбаъд ҳамаи хабарҳои расмӣ, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили кишвар ва хориҷ аз он, маҷлисҳо, вохӯриҳо ва ҷамъомадҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва соҳавии дахлдор ба воситаи АМИТ «Ховар» ба роҳ монда шуда, пас аз он барои пахши барнома ё иттилоот ба дигар васоити ахбори омма аз ҷониби агентӣ фиристода шавад».
Бояд гуфт, ки дар ин ҷо мухтасаран зикр намешавад, ки АМИТ «Ховар» ба кадом расонаҳо бояд ин иттилоъро фиристад. Сониян, ин ҷо «ба ҳамаи ВАО» гуфта нашудааст. Яъне, расонаҳо метавонанд хабари расмиро аз мақомоти дахлдор, яъне аз сарчашмаи аввал дастрас намоянд.
Дастури мазкур характери тавсиявӣ дошта, ҳаргиз наметавонад Сарқонун ва қонунҳои соҳавиро оид ба иттилоърасонӣ иваз намояд. Набояд фаромӯш кард, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ қарори ҳукумат аз қонуне, ки парламент қабул кардааст, боло буда наметавонад. Масалан, дар моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» чунин омадааст:

1. Дастрасӣ ба иттилоот наметавонад маҳдуд карда шавад, агар он барои қонеъ гардонидан, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсоне зарур бошад, ки барои дастрас намудани иттилооти мазкур муроҷиат кардаанд, ба шарте ки он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо дар соҳаи сирри давлатӣ ба гурӯҳи иттилооти дастрасиаш маҳдуд мансуб набошад.
2. Ба маҳдудкунии дастрасӣ ба иттилоот нисбати ҳуҷҷату иттилооти зерин роҳ дода намешавад:
а) қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман нашр гарданд;
б) дар бораи ҳолатҳои фавқулоддае (ҳодисот, фалокат, офатҳои табиӣ), ки ба бехатарӣ ва саломатии аҳолӣ таҳдид менамоянд, пешгӯиҳои расмии онҳо: иттилооти экологӣ, метеорологӣ, демографӣ, санитарию эпидемиологӣ ва иттилооти дигаре, ки барои таъмини бехатарии шаҳрвандон, маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои истеҳсолӣ ва ғайра зарур аст;
в) дар бораи имтиёзот, ҷуброн ва сабукиҳое, ки аз онҳо шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ташкилотҳо бархӯрдоранд;
г) дар бораи ҳолатҳои вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ;
д) дар бораи фаъолияти мақомоту ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо.
Моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» қариб ҳамаи иттилои расмиро фаро мегирад ва мансабдорон дар пешниҳоди иттилоъ наметавонанд талаботи моддаи мазкури қонуни номбурдаро сарфи назар кунанд.
Ба ғайри ин банди дуюми моддаи 23-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» низ ба ҳуқуқи гирифтани иттилоот бахшида шудааст:
Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд.
Имрӯз бино ба иттилои расонаҳо роҳбарони баъзе ташкилоту идораҳои давлатӣ протоколи рақами 7-ро асос карда, аз додани иттилоъ ба ВАО-и хусусӣ саркашӣ карда истодаанд, ки ин қонуншикании маҳз аст. Масалан, тибқи банди сеюми моддаи мазкур мақомоти давлатӣ ва мансабдорон барои додани иттилоъ муваззаф карда шудаанд:
Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мӯҳлати то се рӯзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб диҳанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таъҷилӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ба номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки бо қонун ҳифз карда мешавад, дохил нест ва омӯзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешниҳод карда мешавад.
Воқеан, тибқи банди 5-уми ҳамин модда «Дар ҳолати аз додани маълумот саркашӣ намудани роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, намояндаи воситаи ахбори омма ба мақомоти болоӣ ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят карда метавонад». Ин нукта дар банди 3-юми моддаи 24-ум низ зикр гардидааст.
Бинобар ин, аз протоколи мазкур фоҷеа сохтан лозим нест. Ин ҷо ҳукумат ба оҷонсии расмии худ — АМИТ «Ховар» дар пахши иттилои расмӣ дар баробари афзалият масъулият ҳам додааст, ки иттилои мазкур саривақтӣ пахш карда шавад. Қаблан иттилои расмӣ аз тариқи «Ховар» дертар аз расонаҳои хусусӣ ва хориҷӣ пахш мешуд, ки ин аз усули коргузорӣ дар оҷонсӣ вобаста буд. Ҳамчунин аксаран ба чорабиниҳои расмиву сафарҳои президент мухбирони АМИТ «Ховар» даъват карда намешуданд ва иттилои мазкур аз тариқи дафтари матбуоти президент пахш карда мешуд. Акнун барои инъикоси мавзӯъҳои мазкур шояд бевосита хабарнигорони оҷонсӣ даъват карда шаванд. Дар ин ҳол масъулияти оҷонсӣ бояд бештар шавад, то ки мардум ин иттилоъро сари вақт ва беғаразона дастрас намоянд.
Аслан набояд фаромӯш кард, ки барои муштарӣ чандон муҳим нест, ки иттилои расмиро кӣ пештар пахш мекунад: расонаи давлатӣ ё хусусӣ. Муҳим он аст, ки ин хабарро кӣ пештар ва беғаразона пахш менамояд. Набояд фаромӯш кард, ки сарчашмаи иттилои расмӣ як аст ва онро наметавон тағйир дод. Масалан, ягон фармони президент, ки иттилои расмӣ аст, ҳангоми пахш тағйир намеёбад. Танҳо расонаҳо метавонанд, онро ба таври худ тавзеҳу тафсир кунанд.
Бояд гуфт, ки дастури ҳукумат минбаъд бозори хабаркашҳоро гарм мекунад. Ба қавле «утечка информации» афзоиш меёбад. Вақте талабот ба пахши саривақтии иттилои расмӣ ҳаст, пешниҳод низ ба вуҷуд меояд. Агар ин хел набошад, чаро хабарҳои муҳим, ки манбааш ниҳодҳои давлатӣ аст, аз ҳама пеш дар расонаҳои хориҷӣ пахш мешаванд. Ҳатто аксар вақт фармони ба вазифа таъйин кардани ягон мансабдор ҳоло расман пахш нашуда, овозаи он дар байни мардум паҳн мегардад.

Ҷовид Муқим,
журналист

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: