Агар нархи барқ боло равад…


Barq s
Ба иттилои ОИ «Asia-Plus» тӯли соли равон нархи 1 кВт. соат барқ барои аҳолӣ 12 фоиз афзуда, аз 12,6 дирами имрӯза ба 14 дирам мерасад. Аз рӯи пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон нархи солонаи болоравии тарофаи барқ барои аҳолӣ дар соли 2015 — 12 фоиз ва дар соли 2016 – 7,1 фоиз дар назар аст. Дар бораи афзоиши нархи барқ барои шахсони ҳуқуқӣ ҳоло маълумоте нест. Вале агар нархи барқ барои аҳолӣ зиёд шавад, ҳатман тарофаи барқ барои ташкилоту корхонаҳо низ боло хоҳад рафт.
Феълан дар бораи афзоиши тарофаи барқ мақомоти расмӣ чизе намегӯяд, вале агар Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон болоравии нархро ба нақша гирифта бошад, ҳатман он сурат мегирад.
Бояд гуфт, ки аз 1-уми сентябри соли равон музди меҳнати мақомоти ҳокимият, идораи давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ- 15 фоиз, маоши кормандони соҳаи маориф, варзиш, тандурустӣ — 20 фоиз, маоши кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ — 25 фоиз зиёд карда мешавад. Инчунин ҳадди нафақа ба ҳисоби миёна то 20 фоиз ва идрорпулӣ 30 дарсад зиёд карда мешавад. Музди меҳнати ҳадди ақал аз 1-уми сентябри соли равон дар кишвар 60 фоиз афзуда аз 250 то ба 400 сомонӣ расонда мешавад.

Ҳоло барои амалӣ кардани ин иқдом аз рӯи маълумоти расмӣ аз буҷаи давлат дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ лозим аст. Албатта, барои пайдо кардани маблағи мазкур ҳукумат чораҳои гуногун меандешад. Боло бурдани нархи барқ ҳам шояд ба ин иртибот гирад. Ногуфта намонад, ки аз 1-уми июл Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қимати иҷораи рақамҳои телефонро барои ширкатҳои алоқаи мобилӣ боло бурд ва акнун ин ширкатҳо ҳар моҳ аз муштариёнашон барои як рақам 80 дирам муфт меситонанд.
Моҳи июн дар Тоҷикистон нархи сӯзишвории нафтӣ камаш 10 дарсад афзуд, ки ин ҳам ба болоравии нархи маҳсулот ва хизматрасонӣ боис гардид.
Қобили зикр аст, ки боло рафтани нархи барқ низ ба боло рафтани нархи маҳсулоту хизматрасонӣ мусоидат мекунад, зеро он харҷи молистеҳсолкунандагону хизматрасонҳоро меафзояд. Ин дар навбати худ қурби сомониро коҳиш медиҳад. Бо боло рафтани нархҳои бозор қобилияти харидории мардум низ паст мешавад. Зеро афзоиши маоши кормадони соҳаи буҷавӣ ва нафақахӯрон аз 15 то 25 фоиз дар моҳи сентябр ҳамагӣ ба 50-100 сомонӣ баробар аст. Ин маблағ дар баробари болоравии нархҳо тӯли ду соли охир ночиз боқӣ мемонад.
Пӯшида нест, ки некӯаҳволии мардуми кишвар аз бисёр ҷиҳат аз маблағи муҳоҷиронӣ меҳнатӣ вобаста аст. Дар Тоҷикистон шояд оилаи камбизоате нест, ки яке аз фарзандон ё саробони хона дар муҳоҷирати меҳнатӣ набошад. Имрӯз ҳатто занону духтарон дар Русия муздурӣ мекунанд. Маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аст, ки то андозае қурби сомониро устувор нигоҳ дошта истодааст. Тибқи маълумоти расмӣ соли 2013 муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон 4 миллиарду 200 миллион доллар фиристоданд. Соли 2014 аз ҳисоби муҳоҷирини меҳнатӣ, ки дар хориҷ аз кишвар, махсусан дар Русия кор мекунанд, ба ҷумҳурӣ 3 миллиарду 800 миллион доллар ворид шудааст. Соли равон бошад, тибқи пешгӯиҳои Бонки ҷаҳонӣ ин рақам боз ҳам коҳиш ёфта, то ба 2,7 миллиард доллар мерасад. Албатта, то охири сол наметавон дақиқ ҳаҷми ин маблағро гуфт, вале мантиқан маълум аст, ки он кам мешавад. Таҳримҳое, ки Амрико ва мамолики аврупоӣ алайҳи Русия ҷорӣ карданд, вазъи иқтисодии ин кишварро бад карданд, ҷойи корӣ ва маош кам шуд ва ин ба даромади муҳоҷирон таъсири манфӣ расонд. Ин дар навбати худ ба ҳаҷми гардиш маблағу мол дар бозори дохилаи Тоҷикистон таъсири бевосита мерасонад. Зеро маблағи муҳоҷирон умдатан барои ғизо ва либос масраф мешавад. Бино ба гузориши Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (8 апрели 2015) 83 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирини корӣ эҳтиёҷманданд. Дар ҳамин ҳол маблағе, ки аз ҳисоби муҳоҷирон ворид мешавад, 86 дарсади аҳолии ин кишвар онро зуд харҷ намуда, пасандоз намекунанд. Яъне бо кам шудани маблағи фиристодаи муҳоҷирон қобилияти харидории аҳолӣ паст мешавад. Дар бозорҳои кишвар паст рафтани савдо аллакай мушоҳида мешавад. Агар вориди бозор шавед, аҳён-аҳён харидорро мебинед. Фурӯшандаҳо бошанд, аз бекорӣ пашша «киш» гуфта нишастаанд.
Воқеан, ба маблағи муҳоҷирон набояд умед баст. Аз муносибати ҳукуматдорони Русия нисбати муҳоҷирони тоҷик маълум аст, ки сол ба сол дар ин кишвар кор кардани онҳо мушкил шуда истодааст.
Барои он ки буҷаи давлатӣ ғанӣ ва сатҳи зиндагии мардум беҳ гардад, бояд дар навбати аввал истеҳсоли маҳсулоти ватаниро ба роҳ монда, мардумро бо ҷои кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин кардан лозим аст. Тибқи маълумоти расмӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти дохила дар ҷумҳурӣ соли гузашта қариб 46 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин маблағ ба ҳар як сари аҳолӣ ниҳоят кам буда, дар аввали сол ба 1000 доллар баробар буд (ҳоло он 820 доллар мешавад). Масалан, ин нишондиҳанда дар Қазоқистон 14 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дар Қирғизистони ҳамсоя, ки шароиташ ба мо наздик мебошад, ин рақам аз 2 ҳазор доллар бештар аст. Пешравии кишвар дар дасти худи мост. Бинобар ин, боз такрор мекунам, ки ҳамаи маблағу нерӯ бояд барои сохтани корхонаҳои саноатӣ ва ба роҳ мондани истеҳсолоту рушди он равона карда шавад. Вагарна ҳамин тавр кишвари қафомонда боқӣ хоҳем монд.

Ҷовид МУҚИМ,
журналист

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: