Роҳе, ки мушкилоти мардумро афзун кард


20150704_sadama
Садама дар рохи Душанбе — Турсунзода, дар назди Боги милли 4 июли соли 2015

Ба таваҷҷуҳи аъзои Комиссияи давлатии кории қабули роҳи автомобилии
Душанбе -Турсунзода

Ба иттилои ОИ «Авеста» (09.06.2015) дар даҳаи аввали моҳи июли соли равон Комиссияи давлатии корӣ роҳи автомобилгарди Душанбе — Турсунзодаро қабул мекунад. Таҷдиди роҳи мазкур ҳанӯз моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида буд. Барои сохтмони он Бонки осиёии рушд 120 миллион доллар грант ҷудо кардааст. Саҳми Ҳукумати Тоҷикистон дар лоиҳаи мазкур 11,2 миллион доллари ИМА мебошад.
Феълан роҳи мазкур аз роҳи қаблӣ гӯё ду маротиба васеъ шуда аз 4 хати ҳаракат иборат аст. Яъне, ҳоло ба як самт ду мошин метавонад ҳаракат кунад. Қаблан бошад, роҳи мазкур ҳамагӣ аз ду хати ҳаракат иборат буд. Вале он вақт паҳнои роҳ нисбат ба ду хати ҳаракат васеътар буд ва дар он се автомобил меғунҷид. Аз ду канори роҳ боз ба ғунҷоиши як мошин роҳи асфалтнашуда барои таваққуфи нақлиёт пешбинӣ шуда буд. Ҳоло бошад, аксаран канори роҳ (обочина) ба истиснои аз гардиши Шоҳамбарӣ то нишеби хоҷагии Ватан ва деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор хеле танг буда, барои нигоҳ доштани мошин мувофиқ нест, зеро он бо ҷӯйбор (обпарто), ки болояш бо бетончаҳо пӯшонида шудаанд, пайваст аст. Ин имконият намедиҳад, ки мошинҳо дар канори роҳ ист кунанд. Агар мабодо мошини бисёрвазн дар канори роҳ истад, аз вазни он шикастани бетончаҳои болои ҷӯйи канори роҳ эҳтимол дорад. Ҳамчунин, на дар ҳамаи самти ҳаракат чунин канори роҳ мавҷуд аст. Бинобар ин, ҳангоми исти як мошин дар қатори якуми роҳ ронандаи мошине, ки аз пас меояд, маҷбур аст, биистад ва холӣ шудани хати дуюми ҳаракатро, ки аксаран сермошин аст, интизор шавад. Бояд гуфт, ки дар роҳи куҳна дар ҳар ду тарафи роҳ барои исти мошинҳо дар канори роҳ, ки асфалтпӯш набуд, ҷой гузошта буданд ва мошинҳо метавонистанд аз роҳ баромада истанд ва ин ба ҳаракати мошинҳои дигар халал ворид намекард.

Роҳи Душанбе — Турсунзода аксаран аз байни маҳалҳои аҳолинишин мегузарад. Мушкилоти асосӣ ҳам дар он аст, ки ҳангоми роҳро бо конструксияҳои металлӣ ба ду қисми ҳаракат ҷудо кардан, манфиати сокинони маҳалҳо ба инобат гирифта нашудааст. Акнун сокинони мошинсавори маҳалҳо барои ба деҳаҳои худ ворид шудан маҷбуранд, ки аз 500 метр то 1,5 километр ба пеш рафта, пас боз ҳамин масофаро ба ақиб баргарданд. Зеро бозгашт (разворот)-ҳо дар ҳамин хел масофаҳои дур гузошта шудаанд. Масалан, ҳангоми аз шаҳри Душанбе ба хона баргаштан сокинони деҳаи Узуни ноҳияи Шаҳринав бояд то охири деҳаи Чузӣ рафта, пас гарданд, ки ин аз 2 км ҳам зиёдтар мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, як қитъаи роҳ аз охири деҳаи Чузӣ то деҳаи Кофирқалъа ҳоло маҳкам карда нашудааст. Агар ин қитъаи роҳ низ маҳкам карда шавад, он вақт мошиндорон боз қариб ду километри дигар ҳаракат мекунанд. Дар ҳамин маҳал сокинони деҳаҳои Чузии Боло (Наврӯз), Элокӣ ва Хуҷии Боло, ки дар қисмати шимолии роҳи мошингард ҷойгиранд, агар аз ҷониби Шаҳринав ё Турсунзода баргарданд, маҷбуранд, то охири деҳаи Узун (саршавии деҳаи Хӯҷагулпуш) рафта, бозпас гарданд. Яъне, сокинони ин маҳалҳо низ барои вориди деҳаи худ гаштан маҷбуранд, ки аз 1 то 2 километр роҳро беҳуда тай кунанд. Аз чунин амали нодурусти роҳсозон ҳам вақти мардум барои бозгашт беҳуда сарф мешавад ва ҳам хароҷоти сӯзишвории нақлиёт меафзояд. Зеро ҳар як ронандаи сабукрав барои бозгашт дар ин роҳ аз 10 то 30 грамм сӯзишвории иловагӣ масраф мекунад. Ҳар рӯз аз Душанбе то Турсунзода даҳҳо ҳазор нафар сокинону меҳмонон бо мошинҳоҳояшон ба ин зайл ба маҳаллаҳои аҳолинишин вориду хориҷ мешаванд. Агар ба ҳисоби миёна теъдоди мошинҳоро 10 ҳазор адад гӯем, пас дар як рӯз аз бозгашти ноҷо мошинҳо 300 литр сӯзишворӣ харҷ мекунанд, ки он дар як сол ба 109,5 тонна баробар аст. Агар як литр сӯзишвориро ба ҳисоби миёна бо нархҳои имрӯза 5 сомонӣ гирем, пас дар як сол сокинон 547 ҳазору 500 сомонӣ беҳуда масраф мекунанд. Бинобар ин, камбудии мазкурро ислоҳ карда, бозгашт (разворот)-ҳоро дар ҷойҳои қулай барои сокинони маҳалҳо сохтан лозим аст, то мардум беҳуда роҳро тай накунанд.
Бояд гуфт, ки роҳи мазкур роҳи босуръат нест, зеро он аксаран аз дохили маҳаллаҳои аҳолинишин, назди мактабҳо мегузарад ва мувофиқи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо суръати ҳаракати нақлиёт дар маҳаллаҳои аҳолинишин то 60 км соат ва аз ин ҳам пасттар муқаррар карда мешавад. Бинобар ин, сохтани бозгаштҳо дар деҳаҳо суръати ҳаракати мошинҳоро паст намекунад. Ин ҷо фақат дар бозгаштҳо хати иловагии паст кардани суръат ва ё таваққуф намудани нақлиётро сохтан лозим аст.
Воқеан, акнун ронандаҳои беодоб аз тахту ҳамвор будани роҳ суиистифода намуда, қоидаҳои ҳаракатро дағалона вайрон мекунанд ва бо суръати баланд — аз 80 то 120 км дар як соат ҳаракат мекунанд. Дар натиҷа амнияти роҳгузарон ва мусофирони нақлиёт зери хатар қарор дорад. Набудани чароғакҳо дар гузаргоҳҳо имкон намедиҳад, ки пиёдагардон роҳро бехатар убур кунанд. Бинобар ин, барои бехатар шудани ҳаракат дар роҳи мазкур гузоштани чароғакҳои роҳнамо ва насби видеокамераҳои назоратии суръатсанҷ мувофиқи мақсад аст.
ОИ «Авеста» хабар медиҳад, ки то моҳи июни соли равон аз маблағи умумии лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода, ки 131,2 миллион доллари ИМА аст, ҳамагӣ 94,9 миллион доллар ё 72,3 фоиз масраф гаштааст. Аз ин мебарояд, ки аз сохтмон беш аз 30 миллион доллар маблағ сарфа шудааст. Оқилона мебуд, ки аз маблағи мазкур барои ислоҳи камбудиҳое, ки номбар шуд, истифода мекарданд.
Набояд фаромӯш кард, ки роҳҳо барои беҳбудӣ ва некуаҳволии мардум сохта мешаванд. Бошад, ки ин нуктаро масъулин ҳангоми қабули роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода ба инобат бигиранд.

Ҷовид Муқим,
журналист

Роҳи пурмушкилот.//Тоҷикистон, 2015.- 18 июн (№24).

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: