Дӯсте, ки метавон бо ӯ ба разведка рафт


IMG_5302
Дӯст ва бародари мо, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади улуми филология, дотсент Сангин Гулов 12 июл 50-сола мешавад. Барои устоди донишгоҳ шудану ба пажӯҳиши илмӣ машғул шудани ману Сӯҳроб саҳми ӯ зиёд аст. Ман ҳанӯз дар овони донишҷӯӣ, аз курси сеюм бевосита ҳамчун хабарнигор фаъолияти журналистиамро дар рӯзномаи «Паёми Душанбе» шурӯъ карда будам ва баъди хатми донишгоҳ ба журналистикаи амалӣ машғул будам. Дар сарам ҳеҷ хаёли муаллими донишгоҳу олим шудан набуд, агарчӣ донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кардаму ба аспирантура хам роҳхат доштам. Сангин як сол қабл аз ман донишгоҳро хатм кард ва ӯро ба ҳайси ассистенти кафедра ба кор гирифтанд. Ҳамсабақам Саъдулло Ҳайдаров ва Маҳмуд Шоев ҳам баъди хатми донишгоҳ дар кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ ба кор монданд. Дӯстии мо, ки бо Сангину Саъдулло ва Маҳмуд ҳангоми донишҷӯӣ шурӯъ шуда буд, баъдан низ идома дошт. Соли 1997 дар яке аз суҳбатҳо Сангин ва Саъдулло ба ҳолу ҷонам намонда розӣ карданд, ки ман унвонҷӯ шавам. Онҳо таҳти роҳбарии профессор Асадулло Саъдуллоев ба пажӯҳиши илмӣ машғул буданд ва бисёр мехостанд, ки ман ҳам шогирди устод шавам. А. Саъдуллоев ҳангоми донишҷӯӣ куратори гурӯҳи мо буданд ва албатта, он кас ҳам мехостанд, ки ман таҳти роҳбариашон рисолаи номзадӣ нависам. Онҳо чанд маротиба аз ин пеш ҳам сари ин масъала бо ман суҳбат карда буданд ва ман чандон ба ин масъала аҳамият намедодам. Зеро он вақт хабарнигори Радиои «Озодӣ» дар Тоҷикистон будам ва дар нисбати журналистони ватанӣ ва омӯзгорон маоши хуб ҳам мегирифтам. Бинобар ин, эҳтиёҷе барои дигар кардани самти фаъолиятам набуд. Вале ин дафъа онҳо маро розӣ карданд ва ман аризаи унвонҷӯи кафедраи телевизион ва радиошунвонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон шуданро навиштам.

Соли 1997 Сангин рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Поэтикаи очерки муосири тоҷик» анҷом дода, дар арафи дифои он буд. Барои иҷозаи дифоъ бояд имтиҳони минимумро аз фалсафа месупорид. Ӯ ба ман гуфт:
— Биё, имтиҳони фалсафаро месупорем.
— Ман ҳоло омода нестам,- посух додам ман.
— Ҳеҷ гап не. Дар як ҳафта омода мешавӣ. Бароят китобу маводи заруриро медиҳам,- гуфт Сангин.
Дар воқеъ баъди як ҳафта ҳардуи мо имтиҳони фалсафаро супоридем.
Соли 2003, ду моҳ қабл аз дифои рисолаи номзадиам бо ҳидояти Сангин Гулов маро ҳамчун муаллими калон ба кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДДМТ ба кор гирифтанд. Инак, 12 сол аст, ки бо ҳам дар як факултет ва баъдан дар як кафедра кор мекунем.
Барои дар донишгоҳ мондани Сӯҳроби Мирзоалӣ низ саҳми Сангин Гулов зиёд аст. Ӯ нерўи илмии Сӯҳробро пай бурда, маслиҳат дод, ки шогирди профессор А. Саъдуллоев шавад. Ӯ хато накарда буд, Сӯҳроб дар ду сол рисолаи номзадиашро анҷом дод ва пеш аз муҳлат дифоъ карда, ҳамон вақт ҷавонтарин олими донишгоҳ гардид.
Сангин аз зумраи он шахсонест, ки ҳамаи зинаҳои ҷавонмардиро гузаштааст. Аз ҷумла, ӯ се сол ҳамчун маллоҳ дар Флоти шимолии Артиши Шӯравӣ хизмати ҳарбӣ кардааст. Ҳар касе, ки ҳаёти аскариро дидааст, чӣ будани зиндагӣ, қадри инсон ва ҳаётро хуб медонад.
Сангин Гулов дар баробари олими пуркору устоди сахтгир буданаш дӯсти меҳрубону қадрдон ҳам ҳаст. Ӯ ҳамеша дар рӯзҳои хушу нохуши дӯстон дар барашон ҳаст. Метавон ба кӯмаки беғаразонаи ӯ эътимод кард. Зеро ӯ сидқан бо шахс дӯстӣ мекунад ва новобаста аз молу мансаб ва мақоми шахс дӯст мемонад.
Ба ёдам ҳаст, ки 1 феврали соли 2009 нависанда Муҳаммадзамони Солеҳ нобаҳангом вафот кард. Майитро бояд ба ноҳияи Масчоҳ бурда, дафн мекарданд. Барои интиқоли майит як мошини «УАЗ» пайдо карданд, вале сардии ҳавою мушкилоти роҳро ба назар гирифта, касе аз хешовандону наздикон дилу гурда намекарданд, ки бо мошин бираванд. Сангин ин кори хайрро ба дӯши худ гирифт. Бо мушкилоти зиёд дараи Варзобу Майхура ва нақби «Истиқлол» паси сар шуд. Дар пеш ағбаи дар ин фасл бурбарфи Шаҳристон буд. Мошин бо сад азоб роҳи ағбаро сангпуштвор мехазид. Ба нимаи ағба расида буданд, ки барф ба боридан сар кард. Бо боло шудан барф шиддат мегирифт. Дар хамгаште мошинҳо тамба шуданд. Мошини боркаше лағжида, якпаҳлу афтода, роҳро банд карда буд. Онҳо низ аз ҳаракат монданд. То кушодашавии роҳ беш аз як соат гузашт. Дасту пои Сангин аз сардӣ дар мошине, ки бухорӣ надошт, кунда гашта буд. Ӯ дид, ки ба ин ҳол сардӣ асараш мекунад. Бинобар ин, аз мошин фаромад ва барои гарм кардани баданаш ба пешу қафо ҳаракат кардан гирифт. Шамоли сард барфро ба сару рӯй гӯё пуф мекард.
Ниҳоят роҳ боз шуд. Вале чархи мошин аз барфу ях дар ҷояш тоб хӯрда пеш намерафт. Ба кӯмак ронандаҳои дигар омаданд. Як ронандаи «Камаз» мошини онҳоро бо трос баста то болои ағба кашид. Ҳамин тавр, бо сад азоб ағба паси сар шуд. Вақте онҳо ба Масчоҳ расиданд, шаб аз нисф гузашта буд.
Сангин дар баробари олим будан ба журналистикаи амалӣ низ машғул шудааст. Ӯ аввали фаъолияти эҷодиашро дар рӯзномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон «Сухан» шурӯъ кардааст. Баъдан чанд сол дар шуъбаи сиёсии Радиои Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир фаъолият карда, ду маротиба сармуҳарририи рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба дӯш дошт. Тањти роњбарии ў як нафар аспирант рисолаи номзадї њимоя намуд ва боз чор нафари дигар тањќиќоти илмї мебаранд.
Сангин хотираи қавӣ дорад ва мо дӯстон ӯро энсиклопедияи зинда ном мебарем. Ӯ санаҳои баргузории ҳодисаҳои муҳимро аз конфронсу анҷуманҳо шурӯъ карда, то ба сари вазифа омадани мансабдорон азёд медонад. Њисси баланди ватандўстї дошта, њамеша ба шогирдон эњтироми муќаддасоти миллї, њифзи марзу бум, њимояи манфиатњои миллї ва амали хайрро талќин менамояд. Њамасола шогирдонро дар рўзи таваллуди устод Садриддин Айнї, устод Мирзо Турсунзода ва Лоиќ Шералї ба зиёрати мазори онњо мебарад ва илова ба ин дар донишгоњ мањфилњо меорояд. Дўст намедорад, ки кори хайри кардаашро аз тариќи ВАО пањн намояд. Чанд сол боз њамроњи донишљўёни факултети журналистика ба мактаб интернете кўмак менамоянд ва ба шогирдон њамеша таъкид менамояд, ки ин амали некашонро овоза насозанд. Дар баробари шахси љиддї будан Сангин шўхтабиат њам њаст, нафароне ки њамеша ўро дар њолати корї медиданд, њазлњои ўро љиддї ќабул мекарданд.
Сангин Гулов дар вазифаҳои гуногуни масъулиятнок ифои вазифа кардааст. Аз ҷумла, ӯ муовини декан ва декани факултаи журналистика буд. Аз соли 2011 мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ мебошад. Ӯ дар кадом вазифае, ки кор карда бошад, сидқан вазифаашро иҷро кардааст. Ҳамеша манфиати ҷамъиятро аз манфиати шахсӣ боло гузоштааст. Ҳамин аст, ки тӯли 25 соли фаъолияташ дар донишгоҳ ба ҷуз ҳурмату эҳтироми ҳамкорон дигар чизе аз моли дунё ба худ нагирифтааст. Аҳли байташ дар хонаи падараш, амаки Нур, дар ноҳияи Масчоҳ зиндагӣ мекунад, агарчи ба ду писараш арӯс овардаву духтарашро ба шавҳар додааст. Худ ҳанӯз ҳам дар Душанбе иҷоранишин аст. Ба дидори падари бузургвораш ва зану фарзандонаш дар се-чор моҳ як маротиба меравад. Он ҳам барои ду-се рӯз.
Агар мо имкон медоштем, дар ин рӯзи мавлудаш барояш хонае тӯҳфа мекардем, то ки зану фарзандонаш ба ҳам оянд ва ӯро ба серӣ бубинанд.

Ҷовид МУҚИМ, профессор,
Сӯҳроби МИРЗОАЛӢ, дотсент

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: