Гулмурод Ҳалимов қаҳрамон ё хоин?


Gulmurod
Беш аз ду моҳ ба гурӯҳи ДИИШ пайвастани собиқ фармондеҳи Дастаи милисаи таъйиноти махсус (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов дар сархати хабарҳои расонаҳо буд. 23 июни соли равон сомонаи хабарии “Араб — пресс”-и Лубнон аз ҳалокати Гулмурод Ҳалимов иттилоъ дод, ки моҳи апрел ба созмони террористии “Давлати исломӣ” пайваста аст. Сомона бо такя ба манобеи маҳаллии худ иттилоъ дод, ки Гулмурод Ҳалимов якҷоя бо фармондеҳи дигари “ДИИШ” — Абу Умари Чеченистонӣ 19 июн дар шаҳри Муҳассан мавриди ҳамлаи ҳавоии артиши Сурия қарор гирифт. Дар пайи зарбаи мушакии биное, ки он ҷо бо иштироки Г. Ҳалимов ва А. У. Чеченистонӣ ҷаласа ҷараён дошт, Ҳалимов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, дуюмӣ ҷароҳати вазнин бардошт.
Баъдан корбарони Фейсбук ин иттилоъро рад карда, дар ин шабакаи иҷтимоӣ аксҳои аз сар ва по захмӣ шудани Гулмурод Ҳалимовро гузоштанд, ки аз зинда будани полковник далолат медиҳанд.

Дар бораи ба созмони «Давлати исломӣ» пайвастани Гулмурод Ҳалимов расонаҳои мустақил қаблан иттилоъ дода буданд. Вале 27-уми май худи Гулмурод пас аз як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар Интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ хабар дод. Баъди ин мақомоти Тоҷикистон ба Сурия рафтани полковникро тасдиқ карданд ва Додситони генералӣ 28-уми май нисбат ба Гулмурод Ҳалимов “бо моддаҳои 305 (Хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 (Иштирок дар задухўрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Худи ҳамон рӯз нисбат ба Г. Ҳалимов бо иҷозати суд чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона татбиқ гардида, кофтукови байналмиллалии номбурда эълон карда шуд.
Бояд гуфт, ки моҳи апрели соли 2015 аз ҳисоби кормандони Додситони генералӣ, ВКД ва КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳти роҳбарии як ниҳод мутамарказ гардонидани таҳқиқу тафтиши ҳолатҳои иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо ситоди муштарак таъсис дода шуд. Роҳбарии тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Гулмурод Ҳалимовро низ ситоди мазкур ба зимма дорад.
Тибқи тафтиши ситоди мазкур муайян шудааст, ки «Г. Ҳалимов даст ба хиёнат ба давлат ва савганди афсари милитсияи тоҷик зада, аҳли оила ва фарзандони ноболиғи худро бесаробон гузошта, аз ҳиссиёти ғаразнок аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намуда, ба ташкилоти байналмилалии террористии ба ном “Давлати исломӣ” пайвастааст».
Ба ростӣ, то ба ҳанӯз ман бовар надорам, ки як афсари баландрутбаи тоҷик ва фармондеҳи яке аз бахшҳои асосии ВКД, ки худ бояд алайҳи терроризм ва ҷинояткорӣ мубориза барад, ба созмони террористии «Давлати исломӣ» пайваста бошад. Агар ин воқеият дошта бошад, пас ман сабаби ба ин амал даст задани полковник Г. Ҳалимовро, ки тақдири минбаъдаи зану 8 нафар фарзандашро андеша накардааст, намефаҳмам. Аз иттилои расонаҳо бармеояд, ки ӯ аз ҷиҳати моддӣ таъмин будааст ва барои пул узви ДИИШ нашудааст. Ҳамчунин Гулмурод фармондеҳи Дастаи милисаи таъйиноти махсус буд ва маълум мешавад, ки аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ таҳти фишор қарор надошт. Баръакс, ӯ яке аз афсарони ояндадор маҳсуб мешуд. Мумкин буд, ки ба мансабҳои баландтар таъйин шаваду рутбаи генералӣ гирад. Воқеан, ӯ набояд аз ҳукумат норизо бошад, зеро аз сержанти хурд то ба рутбаи полковникӣ расидааст, ки насиби на ҳар сарбози мерган мегардад.
Агар Г. Ҳалимов воқеан ҳам, аз рӯи фаҳмиши идеологиаш ба созмони террористӣ пайваста бошад, пас инро бояд хадамоти амнияти ВКД ва билохира КДАМ медонистанд ва пешгирӣ мекарданд. Ҳеҷ мумкин нест, ки афсарони мақомоти қудратӣ ва билхоса фармондеҳони нерӯҳои махсус аз назорати мақомоти амнияти давлатӣ берун бошанд. Ҳеҷ мумкин нест, ки ӯ дар як рӯз ҷонибдори Созмони «Давлати исломӣ» шуда бошад ва аз рафтору ақидаҳояш касе хабар надошта бошад.
Бинобар ин метавон тахмин кард, ки Г. Ҳалимов бо супориши махсус ба сафи ДИИШ дохил шудааст, то дар бораи ин созмон ва тоҷикони размандаи он маълумоти муфассал гирд орад.
Воқеан, Маркази байналмилалии пажӯҳиши ифротгароӣ ва хушунати сиёсӣ дар гузориши худ теъдоди ҷангиёни хориҷии ҷонибдори «Давлати исломӣ”-ро дар Ироқу Сурия бештар аз 20 ҳазор медонад. Бино ба иттилои вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Рахимзода дар интиҳои ҷаласаи вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе (05.06.2015) шахсияти 412 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар гурӯҳҳои террористии ДИИШ ширкат доранд, маълум аст ва аз онҳо 71 нафар ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ кушта шудаанд.
Нусрат Назаров ё Абӯ Холиди Кӯлобӣ, ки узви Созмони «Давлати исломӣ» аст, ҳанӯз охири моҳи январи соли равон дар мусоҳибааш ба Радиои «Озодӣ» шумораи тоҷиконро дар ДИИШ аз 2 ҳазор нафар ҳам зиёд гуфта буд.
Агар ин иттилоъ воқеият дошта бошад, дар бораи размандаҳои тоҷики ДИИШ маълумот ғун кардани мақомоти қудратии Тоҷикистон зарурат дорад ва ин то андозае эҳтимолияти ба ҷосусӣ рафтани Г. Ҳалимовро нишон медиҳад. Чаро маҳз Гулмуродро фиристоданд? Г. Ҳалимов афсари баландрутба ва вазифаи калон дошт. Бинобар дар ИМА ва Русия такмил додани малакаи ҷангиаш зидди террористон ӯ аз низомиёни касбӣ маҳсуб мешавад. Чунин шахс зуд ба доираи роҳбарикунандаи ДИИШ ворид мешавад ва ин барои ҷосусӣ мусоидат менамояд. Умед мебандем, ки тахмини мазкур воқеият дорад. Агар не, хиёнат кардани як афсари баландмақоми ВКД обрӯю эътибори афсаронро коҳиш дода, эътимоди мардумро ба мақомоти қудратӣ, ки ба таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон муваззафанд, зери суол мебарад.
Ҷовид МУҚИМ

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: