Андоз аз «ҳаво»


Chinovnik-2
Луқма

22-уми июни аз Ширкати алоқаи мобилии «Babilon-M» ба телефони мобилии ман чунин паёмак омад:
«Дар асоси фармоиши Хадамоти алоқа ва Хадамоти зидиинҳисорӣ аз 1.07.15 аз пардохти муштарӣ барои истифодаи рақам ҳар моҳ 80 дирам ситонида мешавад».
Дар моҳи шарифи Рамазон вақте мансабдорони ҳукуматӣ аз тоҷирон боло набурдани нархи маҳсулоташонро тақозо мекунанд, хабари мазкур бароям шигифтовар буд. Агарчи қаблан, 12 июн аз сомонаи ОИ TojNews (http://www.tojnews.org/tj/news/bo-farmoishi-hadamoti-aloka-shirkatkhoi-mobili-az-mushtariyon-182-somoni-ichorapuli-mesitonand) хонда будам, ки тибқи фармоиши Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таҳти №1-649 аз 9-уми июни соли 2015 арзиши пардохт барои иҷораи рақам аз 0,10 сомонӣ то 1,82 сомонӣ дар як моҳ зиёд карда мешавад.
Ба ростӣ, ҳамчун як муштарӣ ман хабар надоштам, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рақамҳои телефонро ба ширкатҳои алоқа ба иҷора медодааст ва боз аз ин амал маблағ ҳам меситондааст. Ба қавли ОИ TojNews феълан ширкатҳои мобилӣ ҳар моҳ барои ҳар як рақам аз ҳисоби худ 10 дирам пардохт мекунанд, вале аз якуми июли соли равон бинобар болоравии нарх ин маблағ бар болои хизматрасонии муштариён илова карда шуда, хар моҳ аз муштариён 1 сомониву 82 дирам ситонида, ба буҷаи давлат пардохт карда мешавад.

Бояд гуфт, ки чунин намуди андоз тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашудааст. Масалан дар моддаи 6-уми кодекси мазкур омадааст:
«1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ муқаррар карда мешаванд. Дар ҳолатҳои дахлдор тибқи тартибе, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, андозсупорандагон низоми андозбандии махсус ё имтиёзнокро истифода мебаранд.
2. Ба андозҳои умумидавлатӣ инҳо дохил мешаванд:
— андоз аз даромад;
— андоз аз фоида;
— андоз аз арзиши иловашуда;
-аксизҳо;
-андози иҷтимоӣ;
-андозҳо барои захираҳои табиӣ;
-андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
— андоз аз фурўши нахи пахта ва алюминийи аввалия.
3. Ба андозҳои маҳаллие, ки бо Кодекси мазкур муқаррар шуда, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди амал қарор дода мешаванд, инҳо дохил мешаванд:
— андоз аз воситаҳои нақлиёт;
— андозҳо аз молу мулки ғайриманқул».
Дар банди 7-уми моддаи мазкур низ сухан дар бораи пардохт аз иҷораи рақами телефон намеравад:
«Боҷи давлатӣ, боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ки тибқи қонунгузории дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, дар ҳаҷм ва бо тартибе пардохт карда мешаванд, ки қонунгузории зикргардида ва Кодекси мазкур муқаррар намудаанд».
Аз иқтибоси боло бармеояд, ки маблағситонии мазкур андоз ё пардохти ҳатмӣ ба буҷет нест ва онро худи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон муқаррар кардааст. Яъне, дар ин амал бевосита аъзои ҳукумат ва вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон даст надоранд. Метавон ба чунин хулоса расид, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои бештар ба даст овардани даромад нархи иҷораи рақамҳояшро боло бурдааст. Барои ман номаълум аст, ки дар ҳолати рақамро ба иҷора додан ҳамаи хизматрасонии алоқаро Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба анҷом мерасонад ё ширкатҳои телефони мобилӣ? Масалан, имрӯз дар Тоҷикистон ширкатҳои ҳавоӣ ба мусофиркашонӣ машғуланд, вале ширкатҳои хусусӣ ба хатсайрҳои гуногун чиптаи тайёра мефурӯшанд ва аз ин ҳисоб даромад ба даст меоранд. Агар воқеан ҳам, ширкатҳои алоқаи мобилӣ ба мисли чиптафурӯшон бошанд, пас Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳақ дорад қимати хизматрасонии худро боло барад. Агар не, пас дигар сохторҳои давлатӣ низ метавонанд, барои рақамҳои ба мардум фурӯхтаашон иҷорапулӣ талаб кунанд. Масалан, БДА барои рақамҳои давлатии барои мошинҳо додааш иҷорапулии ҳарсола муайян кунад. Идораи ЗАГС ҳам метавонад барои ба иҷора додани ном аз шаҳрвандон ҳар сол маблағ талаб намояд. Шаҳрдорӣ низ метавонад барои ба хонаҳо додани рақами алоҳида маблағ ситонад. Хуллас дар Тоҷикистон кам нестанд идораҳое, ки барои ба иҷора додани рақам метавонанд маблағ ситонанд. Агар ҳамаи ин «захираҳо» самаранок истифода бурда шаванд, буҷаи давлат воқеъан ҳам ғанӣ хоҳад гардид.
Ҳоло маълум нест, ки ширкатҳои дигари алоқаи мобилӣ аз муштариёни худ барои пардохти иҷораи рақам чӣ маблағ меситонад. Шояд онҳо дар ин моҳи шарифи Рамазон намехоҳанд хотири муштариёнашонро мушавваш гардонанд? Ё онҳо умед доранд, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон то 1 июл аз ин нияташ даст мекашад. Агарчи дар Тоҷикистони соҳибистиқлол нархҳои болорафта ҳеҷ гоҳ паст нашудаанд.

Ҷовид МУҚИМ

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: