ХИЁНАТ


хиёнат

ҶОВИД МУҚИМ

ХИЁНАТ

(Қиссаи детективӣ)

Душанбе — 2015

ББК 84 тоҷик 7-4
М-94

Ҷовид Муқим. Хиёнат.- Душанбе: Озар, 2015. – 168 с.
Муҳаррир: Қ. Само

Ҷовид Муқим, профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ дар баробари фаъолияти журналистӣ ва илмиву омӯзгорӣ ба эҷоди асарҳои илмиву дарсӣ ва бадеӣ низ машғул аст. Аз ҷумла, соли 2013 қиссаи детективии муаллиф бо номи «Қасос» аз чоп баромада буд. Қаҳрамонони қиссаи мазкур полковники мустаъфии милиса Валиҷони Нарзулло ва журналист Нодири Аминпур, ки ҳангоми сарбозӣ дар Афғонистон ҳамхизмат буданд, бюрои детективӣ ташкил карда, куштори ҳангомадорро ифшо намуданд. Қиссаи «Хиёнат» идомаи китоби «Қасос» буда, он аз фаъолияти минбаъдаи Бюрои детективии «Сипар» нақл мекунад. Ин дафъа дӯстон ҷинояти ҳангомадори кушта шудани писари банкир Ширини Комилро, ки дар тафтишаш кормадони милиса ва Интерпол оҷиз монда буданд, ифшо мекунанд. Ҳамчунин дар ин китоб аз муҳаббати инсонӣ сухан меравад.
Ҳодисаҳое, ки дар ин китоб нақл карда мешаванд, маҳсули тахайюли нависанда бошанд ҳам, дар зиндагии воқеӣ гунаи он ба чашм мерасанд. Ҳамин аст, ки образи қаҳрамонони китоб хеле табиӣ ва зинда рӯи коғаз омада, таваҷҷӯҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунанд.
Китоби «Хиёнат» барои доираи васеи хонандагони аз синни 18-сола боло пешбинӣ шудааст.

Китоби мазкур бо маблағи муаллиф чоп шудааст.

ISBN

© Ҷовид Муқим, 2015.

Хиёнат

(Идомаи қиссаи детективии «Қасос»)

— Хуб аз чӣ шурӯъ мекунем? — суол кард Валиҷони Нарзулло, директори Бюрои детективии «Сипар» аз дӯст ва ҳамкору ҳамхизматаш, собиқ журналисти касбӣ Нодири Аминпур.
— Аз чӣ мешуд? Аз ҷудо кардани кабинетҳои офис ва пур кардани онҳо бо мебелу таҷҳизот, — гуфт Нодир ва афзуд: — Воқеан, аз чанд ҳуҷра иборат аст ин хона?
— Ин хона аз 250 метри мураббаъ иборат аст ва онро метавонӣ мувофиқи талабот аз 6 то ба 10 ҳуҷра ҷудо кунӣ. Ҳоло бошад, хона аз 8 ҳуҷраи алоҳида, даромадгоҳ, ошхона бо ҳуҷраҳои хӯрокпазиву ғизохӯрӣ ва 2 ҳоҷатхонаву ташноб иборат аст.
— Пулҳоятро ба фикрам барои харидани ҳамин хона сарф кардӣ?
— Не, ин хонаро ба 300 ҳазор доллар харидам. Як дӯсти писарам Хуршед ин биноро сохта будааст. Ба қавле ба мо гузашт карда, ба нархи аслиаш фурӯхт.
— Як метраш ҳазору дусад доллар барои ошёнаи дуюми бинои дувоздаҳошёна дар маркази шаҳри Душанбе нархи хуб аст. Ба ин нарх хонаҳои холие, ки танҳо дару тиреза доранд, мефурӯшанд. Чунин хона дар ин бино бояд камаш 350 ҳазор доллар қимат дошта бошад,- гуфт Нодир.
— Ҳамин хел ҳам ҳаст. Ҳамсояҳои мо ба 350 ҳазор доллар харидаанд. Ту хонаатро ба чанд пул харидӣ?- пурсид Валиҷон.
— Хонаи маро наметавонӣ ба ин баробар кунӣ. Хонаи ман аз 5 ҳуҷра иборат буда, онро ба 100 ҳазор доллар харидам. Албатта, хонаи ман дар марказ не, дар маҳаллаи Ҳисор аст.
— Боз аз маҳаллаи пешинаат хона харидӣ. Ту ҳеҷ аз он ҷо дил канда наметавонӣ.
-Ман ба ин маҳалла одат кардаам, — гуфт Нодир ва афзуд: — Ин гапҳоро ба як сӯ мон, оё барои таҷҳизонидани офис пул мерасад?
— Мерасад.
— Чӣ, дар деҳаи бобоиат хона насохтӣ?- пурсид Нодир.

Писарам Хуршед аҳд кардааст, ки худаш як хонаи дуруст месозад. Ман ба ӯ 100 ҳазор доллар додам, то ин пулро ҳам дар баробари маблағи худаш дар сохтмони хона истифода намояд. 100 ҳазор доллари ман ва 50 ҳазор доллари ту истодааст. Ин ба фикрам барои мебелу таҷҳизот ва харҷи аввалия мерасидагист.
— Шояд расад ва шояд не. Ин аз он вобаста аст, ки чӣ мехарем?- гуфт Нодир.
— Як ҳуҷраро барои лабораторияи криминалистӣ ҷудо мекунем. Воқеан, ман як нафар криминалистро таги чашм кардаам. Мутахассиси хуб, дар Тоҷикистон назираш нест. Чанд моҳ пеш аз Маскав омадааст. Дар Раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав кор мекардааст. Ман бо ӯ сӯҳбат кардам, розӣ аст, ки бо мо кор кунад. Бовар кун, панҷ панҷааш ҳунар, вале дар милисаи мо қадрашро намедонанд.
— Ту милисаҳоро беҳтар медонӣ, ба ту мақбул бошад, даъваташ бикун.
— Ба ту ҳам мақбул мешавад: духтари зебо аст. Корро сар кунем, даъваташ мекунам. Дарвоқеъ, ман бо маслиҳати ӯ таҷҳизоти заруриро рӯйихат кардам ва харидории онро ба Хуршед фармоиш додам. Ӯ арзонтар дастрас мекунад.
— Яъне, ту дар ин як моҳи набудани ман ҳама корро анҷом додӣ?
— Ҳозир пул бошад, ҳама чизи заруриро дарёфт кардан мумкин аст. Ман ҳатто мебели ҳуҷраҳои дигарро ҳам фармоиш додам. Дар даҳлез, ки мисли як ҳуҷра аст, котиба ё корсозро мешинонем. Ӯ ҳамчунин вазифаи фаррошро иҷро мекунад.
— Идеяи хуб, ки котиба бо телефон бо дугонаҳояш лаққида намешинад ва ё дар шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук»-у «Одноклассники» рӯзашро кӯр намекунад.
— Як ҳуҷраро барои пазироии корафтодагон ҷудо мекунем. Барои ҳардуямон як ҳуҷра бас будагист? Дар як ҳуҷра бошем, табодули назар ва баррасии масъалаҳо осон мешавад, — ин тасмимашро шарҳ дод Валиҷон.
— Дуруст фикр кардаӣ, — розӣ шуд Нодир.
— Ба фикрам, ду нафари дигарро ҳамчун ёвар гирифтан даркор, то баъзе супоришҳоро иҷро кунанд.
— Агар маошашонро пардохта тавонӣ, даҳ нафарро гир! Воқеан, оё ягон фармоиш ҳаст? — пурсид Нодир.
— Дар набудани ту ба ман чанд нафар муроҷиат карданд, ки хиёнати шавҳарашон ё занашонро ифшо кунем. Ман ваъда додам, ки офисро таҷҳизонем, аз пайи ин кор мешавем.
— Ин кор барои ман нест, ман чӣ ба фикрат бояд ҳаёти маҳрамонаи ким-киро пайгирӣ кунам?! Не, агар ба ин хел кор даст мезанӣ, худат анҷом деҳ ва ба умеди ман нашав, ман ба журналистика ва ё тарҷумонӣ бармегардам, — гуфт Нодир дар қаҳр шуда.
— Зуд оташ нагир, ман барои чӣ ёвар мегирем, гуфтам. Дарвоқеъ, барои чунин таҳқиқот пули калон медиҳанд. Хуб, гапро ба дигар мавзӯъ набарем, барои ин ду нафар кормандамон низ як ҳуҷра ҷудо мекунем. Як ҳуҷраи дигарро лабораторияи криминалистӣ ва техникӣ мекунем. Пас 4 ҳуҷра банд шуд. Ду ҳуҷраи дигарро барои истироҳат таҷҳизонида, ду ҳуҷраи боқимондаро ҳоло холӣ мемонем. Агар мабодо кормандони нав гирем, баъд онҳоро истифода мекунем.
— Ҳуҷраҳоро хуб тақсим кардаӣ. Корро шурӯъ кунем, баъд маълум мешавад, ки боз чӣ метавон кард, — гуфт Нодир нақшаи Валиҷонро дастгирӣ карда.
— Хуб, мебинӣ, ки ин ҷо корҳо анҷом наёфта бошанд ҳам, тӯли як ҳафтаи оянда офис барои кор омода мешавад. Ту чӣ кор кардӣ, оё нақшаи кашидаатро амалӣ намудӣ?
— Қариб. Аз шаҳраки атрофи Маскав, ки оилаам зиндагӣ мекунад, ба 200 ҳазор доллар як хонаи панҷҳуҷрагӣ харидам. Он аз аз 150 метри мураббаъ иборат аст.
— Аз худи шаҳр хона мехарам, гуфта будӣ-ку?
— Рафиқ занак розӣ нашуд. Падару модари пирамро партофта намеравам, гуфт. Ҳамчунин ба кори мактаб одат карда, аз он дил канда наметавонад. Аз ҷониби дигар, аз ҷои истиқомати онҳо тақрибан як километр дуртар як маҳаллаи нави истиқоматии элита бунёд ёфта истодааст. Онҳое, ки шавқуну ғалоғӯлаи шаҳр ба ҷонашон задааст, аз ин ҷо хона харида истодаанд. Ман ҳам аз ин ҷо хона харидам. Дар ин маҳалла аллакай 25 бинои нӯҳошёна сохта шудааст ва боз ҳамин қадар бинои дигар сохта мешавад. Ин биноҳо воқеан ҳам элитаанд. Як бино ҳамагӣ аз 18 квартира иборат аст. Дар таҳхонаи бино барои истиқоматкунандагон гараж низ ҳаст. Дар умум дар ин маҳалла аз рӯи лоиҳа 900 квартира сохта мешавад. Тарҳи маҳалларо хеле хуб кашидаанд: атрофи ҳар бино майдони калони гулзору дарахтзор ва майдони варзишӣ дорад. Биноҳо аз ҳамдигар дар масофаи тақрибан 200 метр дур сохта шудаанд. Дар маҳалла бинои боғча ва мактаб низ сохта мешаванд. Аз ҳама қулайаш он ки аз ин ҷо то Маскав ҳар ним соат поезди наздишаҳрӣ ҳаракат мекунад. Ҳамчунин маршрутка низ то аввалин истгоҳи метро доим дар ҳаракат аст. Яъне, аз ин ҷо ба Маскав рафта, кор кардан мумкин аст. Бо ҳамсояҳо низ сӯҳбат кардам. Аслан сокинони маҳалла аҳли зиёанд. Аксари онҳо кормандони эҷодианд ва ё духтуру муҳандис.
— Воқеан ҳам, тарҳи хуб будааст. Дар Душанбеи мо бошад, бо ҳар роҳу восита барои сохтмони биноҳои истиқоматӣ иҷозат мегиранд ва бе назардошти манфиати истиқоматкунандагон хона месозанд. Ҳамин аст, ки солҳои охир дар ҷои майдончаи бозии кӯдакон низ хона сохта истодаанд. Дар шаҳр ягон ҷои холии сайругашт кардан намондааст. Мардуми бечора дигар имконияти қадам задан надоранд, аз хонаат, ки баромадӣ пешониат ба бинои ҳамсоя мезанад.
— Бале, мабодо заминларза шавад, биноҳо ба болои ҳам меафтанд, — суханони Валиҷонро ҷонибдорӣ кард Нодир. Инро албатта, масъулон фикр намекунанд. Ришва гирифта, заминҳоро барои сохтмон ҷудо мекунанд. Ҳамин аст, ки қад-қади роҳҳои мошингард биноҳо сохта мешаванд. Касе фикр намекунад, ки баъди 10 сол ин кӯчаҳоро калон кардан даркор. Ҳол он ки аллакай дар ин кӯчаҳо мошинҳо намеғунҷанд: шому саҳар ронандаҳо соатҳо дар тамба меистанд.
— Дар мо ғами мардумро касе намехӯрад. Агар дар Ғарб ҳама чиз барои беҳбудии зиндагии мардум сохта шавад, дар мо аввал манфиати мансабдору масъулин мадди назар аст, — изҳори нигаронӣ кард Валиҷон.
— Ҳамин аст, ки ба истиқлолият 25 сол мешаваду мо ҳоло ҳам дар як ҷо қадам зада истодаем. Худамон худамонро таъриф мекунем, ки мо бузургтарин миллатем, вале ба қавли раиси ҷумҳур одамон аз кайҳон сӯҳбат мекунанд, мо бошем, дар бораи андозаи риш ва тарзи либоспӯшии донишҷӯён баҳс мекунем, — алами дил кард Нодир.
— Хуб, бо гуфтани мо чизе дигар намешавад. Беҳтараш, бигӯй, ки боз чӣ кор кардӣ? — пурсид Валиҷон.
— Барои хонаи нав мебел ва ба писарам як сабукрав низ харидам. Бо ҳамин ба Душанбе баргаштам ва ин ҷо барои худам хонаи гуфтагиамро харидам. Насиб бошад, рӯзҳои наздик пулҳои боқимондаамро харҷи хариди мебелу мошини нав мекунам. Барои харидани мебелу мошин фармоиш додаам.
— Яъне, нақшаҳои кашидаатро қариб амалӣ кардаӣ, — гуфт Валиҷон.
— Бале, вале кори минбаъдаамон ҳоло норӯшан аст. Ба ифшои қиссаҳои занушӯӣ на кор пеш мераваду на обрӯ мегирем. Ин хел шавад, ман аз баҳри бюрои детективӣ мебарояму ба тарҷумонӣ бармегардам. Воқеан, дӯстони маскавӣ низ ба кор даъват карданд. Вале ман розӣ нашудам, дур аз ватан буда наметавонам.
— Гуфтам-ку, кор мешавад, сабр мебояд.
— Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. То кор шудан тарҷума гирам?
— Пул надорӣ чӣ?
— Захираам боз ба чанд моҳи дигар мерасад.
— Пас, ту нисбат ба журналистони ҳамкасбат бой будаӣ. Имрӯз ягон нафар аҳли илму фарҳанг аз маошашон пасандоз намекунанд, зеро моҳонаашон ба ғизопулӣ ҳам намерасад,- гуфт Валиҷон.
— Маро бо дигарон ва ҳатто бо худат баробар накун. Онҳо маош мегиранд, ту бошӣ ҳар моҳ ночиз бошад ҳам, нафақа мегирӣ. Ман ба қавле «рассоми озодам», кор бошад, музде ба даст меорам, агар не, бояд гурусна гардам, — гуфт Нодир.
— Худо, ки моро халқ кардааст, рӯзиамонро ҳам муайян намудааст,- фалсафафурӯшӣ кард Валиҷон.
— Фаталист нашав, ман ба қазову қадар ва насиба бовар надорам. Зеро ба нишастан касе ғизоатро намедиҳад.
Ҳамин вақт занги телефони Валиҷон баланд шуд. Ӯ телефонашро аз кисааш бароварда, бо касе сӯҳбат кард: — Бале, ман полковник Валиҷони Нарзулло. Мо ду нафарем. Хуб шудааст. Пас аз ним соат вомехӯрем, — гуфт Валиҷон.
— Ана, кор мешавад. Боз ту ғур-ғур мекардӣ,- гуфт Валиҷон. –Тайёриатро бин, ба вохӯрӣ меравем. Пас аз ним соат мошин моро дар кӯча интизор мешавад.
— Рӯшантар гап зан, кӣ занг зад ва чӣ мехоҳад?- пурсид Нодир.
— Аз қазияи дуздида шудани писари раиси Бонки «Эврика» хабар дорӣ? Ҳозир худи раис Ширини Комил занг зад, ки бо ӯ вохӯрем. Ба фикрам, аз ҷустуҷӯи милиса норозӣ аст, аз мо кӯмак мехоҳад.
— Гумон мекунӣ, мо аз ӯҳдаи ин кор мебароем. Кӯдакдуздӣ дар Тоҷикистон ҷинояти нав аст ва ҷустуҷӯи он махсусияти худро дорад.
— Бале, медонам. Вале ту нерӯи моро нодида мегирӣ. Ману ту аз ӯҳдаи кушодани ҷиноятҳои пурчигил ҳам мебароем. Мо қазияи Хошоковро ифшо кардем, кушодани ҷиноятҳои дигар ҳеҷ хоҳад буд, — гуфт Валиҷон.
— Биё, иғроқ накун. Агар аз ӯҳдааш набароем, шарманда мешавем.
— Нияти бад накун, як чиз мешудагист. Аз бекорӣ дида, кор доштан беҳтар аст.
— Гапат ҷон дорад. Номуваффақӣ ҳам таҷриба аст.
— Пас ба поён мефароем, моро дар кӯча интизор мешаванд, — гуфт Валиҷон ва онҳо аз хона берун шуданд.
Пас аз чанд дақиқа як мошини «Мерседес»-и сиёҳшиша назди онҳо омада истод. Аз мошин Ширини Комил, ки сари фармон нишаста буд, фаромада гуфт:
— Салом! Мебахшед, ба фикрам, шумо маро интизоред?
— Бале, — гуфт Валиҷон, ки ӯро чанд маротиба дар маҷлису ҷашнҳо вохӯрда буд.
— Нодир низ ӯро мешинохт: борҳо чеҳраашро дар телевизор дида буд.
Ширини Комил бо онҳо дастакӣ салом карда, мурооти ба мошин нишастан намуд: — Хуб, шинед, меравем.
Валиҷон дар курсии назди Ширини Комил нишаст. Нодир дари ақибро кушода, ба мошин савор шуд.
— Вазири умури дохила Ромизи Маҳмадалӣ ба ман маслиҳат дод, ки ба шумо муроҷиат кунам, — мошинро ронда ба сухан оғоз кард Ширини Комил. – Маро мешиносед?
— Бале, раиси Бонки «Эврика», — посух дод Валиҷон ва афзуд: — Ман Валиҷони Нарзулло, ин рафиқам Нодири Аминпур.
— Ман ин касро мешиносам. Мақолаҳояшонро мехондам. Журналисти ҷасур. Вале вақтҳои охир наменависанд. Шояд фишор меоранд?
— Баъди оилаашро гаравгон гирифтани мафия касбашро дигар кард. Мо якҷоя бюрои детективӣ кушодем, — сабаби аз журналистика дур шудани Нодирро шарҳ дод Валиҷон.
— Бале, дар мо журналисти ҳақгӯ будан душвор аст, — оҳи сарде кашид Ширини Комил ва афзуд: — Ҳозир ба тарабхонаи «Панҷчанор» меравем ва сари як пиёла чой аз проблемаи ман сӯҳбат мекунем. Баъд боз ман шуморо ба ҷои коратон меорам, — гуфт ӯ ва ҷилави мошинро ба сӯи дараи Варзоб гардонид.
— Бошад, — кӯтоҳ розигиашро изҳор намуд Валиҷон.
Пас аз 15 дақиқаи ҳаракат Ширини Комил мошинро дар сояи чанорҳои канори дарёи Варзоб ист намуд. Дар лаби дарё тарабхонаи «Панҷчанор» воқеъ буд. Онҳоро пешхизмат ба яке аз катҳои канорӣ, ки зери сояи маҷнунбед, дар лаби дарё буд, нишонда пурсид:
— Чӣ хӯрок мехӯред?
— Чӣ доред?- ба суол бо суол посух дод, Ширини Комил.
— Ба якум: борш, хомшӯрбо, думшӯрбо, угро, рассолник, пиёба. Ба хӯроки дуюм: қайлаи буз, серка ва гӯсфанд, шакароб, қурутоб, гӯштбирён, мурғбирён, оши палав, сихкабоб аз гӯшти бузу гӯсфанд ва гов.
-Чӣ мехӯрем?- пурсид Ширини Комил.
— Ман нимта хомшӯрбо ва оши палав мехӯрам, — гуфт Валиҷон.
— Ман нимта карамшӯрбо ва сихкабоби гӯшти гов мехӯрам, — гуфт Нодир.
— Ман ҳам карамшӯрбо ва шашлик фармоиш медиҳам, — гуфт Ширини Комил.
— Чӣ менӯшед? – пурсид пешхизмат.
Ширини Комил ба сӯи Валиҷон нигарист. Валиҷон аз ин рамуз гирифта гуфт:
— Мо чойи кабуд менӯшем.
Пешхизмат барои овардани ғизо рафт. Ширини Комил ниҳоят сари мақсад омад:
— Шумо аз мусибате, ки ба сари оилаи мо омадааст, хабар доред? Ду моҳ пеш писарчаам Бахтоварро аз пеши хона, аз кӯча дуздиданд. То ҳол аз ӯ ягон нишоне нест. Кормандони милиса то ҳол иттилои аниқе надоранд. Пулиси байналмилалӣ — Интерпол низ ин қазияро пайгирӣ карда истодааст, вале то ба ҳанӯз натиҷаи умедбахше нест.
— Шумо дар кадом асос мегӯед, ки писаратонро дуздидаанд? – пурсид Валиҷон.
— Агар вай аз хона баромада раҳгум мезад, бо ин қадар эълони аз тариқи телевизиону радио ва газетаҳо додаамон, касе мегуфт, ки ӯро дидааст. Вале, мутаассифона, касе ӯро надидааст. Агар ба ӯ ягон ҳодиса мешуд, ақаллан ҷасадашро меёфтем. Хуллас, ман мехоҳам, ки шумо дар пайдо кардани писарам ба ман кӯмак кунед. Шарти ман ҳамин, ки шумо зинда ва ё мурдаи фарзанди маро меёбед ва ман ба шумо ҳамон миқдор маблағе, ки мехоҳед, медиҳам. Ба ғайри ин, ҳамаи хароҷоте, ки дар вақти ҷустуҷӯ масраф мешавад, ман ба шумо пардохт мекунам.
— Албатта, мо ин қазияро баррасӣ мекунем, вале ҳаққи хизмати моро шумо бояд пешакӣ муайян кунед, то ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ шартномаи дуруст бандем, — гуфт Валиҷон.
— Шумо чанд пул мехоҳед? Агарчи барои ман пул муҳим нест, шумо ҳар кадом маблағеро, ки гӯед, ман мепардозам.
— Мо ба чунин корҳо машғул нашудаем ва тарофаро ҳам намедонем.
— 500 ҳазор доллар хизматона ва дигар ҳамаи масрафе, ки мекунед, мепардозам. Агар кам бошад, боз зам мекунам.
— Мешавад. Пас ман шартнома омода карда барои имзо пешатон мебарам, — гуфт Валиҷон ва афзуд: — Ҳар иттилое, ки вобаста ба ин қазия доред, ба мо медиҳед ва ба суолҳои мо посухи воқеӣ мегӯед. Яъне, аз мо чизеро вобаста ба ин қазия пинҳон намедоред.
— Хуб, ман ба ҳамаи шартҳои шумо розӣ, — гуфт Ширини Комил.
Ҳамин вақт пешхизмат ғизо овард ва онҳо лаҳзае чанд хомӯш монда, ба хӯрокхӯрӣ машғул шуданд.
Пас аз чанде Нодир, ки то ин муддат ҳарфе нагуфта буд, пурсид:
— Оё ҳамаи он чизе, ки вобаста ба ин қазия дар матбуот нашр шуд, воқеият дорад?
— Ман ҳамаи он чизе, ки дар ин бора дар матбуот чоп шудааст, дар даст дорам ва агар лозим бошад, ин маводро нусхабардорӣ карда, ба шумо медиҳам.
— Хеле хуб мешуд, — луқма партофт Валиҷон.
— Ман назари шуморо дар ин бора донистан мехоҳам, — боз пурсид Нодир.
— Ҳа, ягон чизи зиёдатиро дар ин бора нахондаам. Журналистон аз пеши худ чизе илова накардаанд, — гуфт Ширини Комил.
— Ин писар аз издивоҷи дуюми шумо аст?
— Бале. Бо завҷаи аввалаам 18 сол зиндагӣ кардам, дар аввал аз ӯ фарзанд нашуд. Дар ҷавонӣ чандон ба ин аҳамият надодем, ҳоло фурсат ҳаст, гуфтем. Ниҳоят пас аз 5 сол завҷаам духтар таваллуд кард. Мо аз ин хеле хурсанд будем. Вале ин хурсандии мо дер давом накард. Пас аз яксола шудани кӯдак фаҳмидем, ки ӯ аз ҳамсолони худ фарқ мекунад, инкишофаш суст аст. Ба духтурони маҳаллӣ ва хориҷӣ нишон додем. Пас аз муоина маълум шуд, ки ӯ ба маъюбӣ мубтало аст ва ӯро сиҳат кардан имкон надорад. Мо ба тақдир тан дода, умед ба он бастем, ки кӯдаки дигар таваллуд мешавад. Вале дигар фарзанд наёфтем. Маълум шуд, ки аз издивоҷи ҳамҷояи мо фарзанд намешавад. Ниҳоят ба хулоса омадам, ки аз нав издивоҷ кунам. Ҳамин тавр, дар синни чилу панҷсолагӣ оилаи нав барпо кардам. Ин завҷаам ҳам ба зудӣ ҳомила нашуд, баъди духтурдавиҳои зиёд, пас аз 3 сол ин писарамон ба дунё омад.
Хоҳиши боз фарзанддор шуданро доштем, вале табибон пас аз муоина гуфтанд, ки дигар аз ман фарзанд намешавад. Мо пас аз ин ба тақдир тан дода, ба зода шудани писари ягонаамон шукр кардем ва таваҷҷӯҳамонро ба тарбияи ӯ равона намудем. Инро бинед, ки Худо барои кадом гуноҳҳоямон чунин ҷазоро раво дид, — гуфт Ширини Комил ва беихтиёр аз чашмонаш ашк ҳалқа зад.
— Мебахшед, ки аламатонро бедор кардам. Иншооллоҳ писаратон ёфт мешавад, — дилбардорӣ кард Нодир.
— Ман аслан одами орому батамкинам, вале ин ғам маро асабониву нозук кардааст. Ба андак чиз аламам рӯ мезанад, маро мебахшед, — гуфт Ширини Комил.
— Мебахшед, ки ба ҳаёти оилавиатон дахолат мекунам. Бо ин завҷаи наватон чӣ хел шинос шудед? – суол кард Нодир.
— Дӯстам, Самир, ки ҷонишинам аст, талқин мекард, ки аз нав издивоҷ кунам, то фарзанддор шавам. Ман дар аввал ба ин гапҳо эътибор надодам, вале баъдан ниҳоят розӣ шудам. Вале интихоби арӯс дар пеш буд. Ман, ки якумр ба занам хиёнат накарда будам ва тамоми умрамро ба кору оила бахшидаам, бо занҳои бегона ҳатто муносибат карданро намедонистам. Ба сарам зад, ки тавассути эълон арӯс кобам, вале Самир гуфт, ки ҳамин кормандамон Шукуфа духтари хуб аст ва ӯ розӣ аст бо ман издивоҷ кунад. Ҳамин тавр, ман бори дуюм хонадор шудам.
— Бо оилаи аввалаатон муносибат доред?
— Занам баъди расман ҷудо шуданамон ба шавҳар баромад ва ҳоло ду фарзанди дигар таваллуд кардааст. Духтарчаи мо бошад, дар тарбияи бибии модариаш аст. Ман нафақаи духтарамро таъмин мекунам. Ҳар моҳ ба бибиаш ду ҳазор доллар медиҳам. Ба ғайри ин, чӣ мушкилие пайдо шуд, бо онҳо ҳастам. Муносибати мо хуб аст. Хушдоманам худ талқин мекард, ки издивоҷ кунам.
— Бубахшед, ман ҳам суоле доштам,- сухан оғоз кард Валиҷон.- Ба назари шумо ин дуздии барқасдона аст?
— Чунин гумон намекунам. Зеро ман касеро озор надодаам.
— Ба ҳар ҳол бадхоҳони шумо ҳастанд?
— Ҳозир дӯстро аз душман фарқ кардан мушкил, — гуфт Ширини Комил ва лаҳзае ба сукут рафт. — Намедонӣ, дар дили кас чист? Аксар актёр шудаанд. Намедонӣ, ки нақш меофаранд ва ё ин симои ҳақиқиашон аст. Барои ҳамин ҳам, ҳоло мушкил аст чизе гуфтан.
— Воқеан, ин суолро аз ман муфаттишони милиса низ пурсида буданд. Онҳо ба фикрам, ба чизе муваффақ нашуданд, — гуфт Ширини Комил.
— Писаратон аз нигоҳи тиббӣ сиҳат буд, яъне аз кӯдакони дигар фарқ надошт? – пурсид Нодир.
— Албатта, сиҳат буд, боре ҳам бемори ҷиддӣ нашудааст. Мо духтури оилавӣ дорем ва ӯ сари вақт кӯдакро муоина мекард.
— Як чизи дигарро пурсиданиам, шумо рӯзи ин ҳодиса дар куҷо будед?- суол кард Нодир.
— Ман як рӯз пеш аз ин ҳодиса дурӯза ба Хуҷанд рафта будам, то бо вазъияти филиали бонкамон шинос шавам. Чун ин ҳодисаро аз занам шунидам, ҳамон замон ба роҳ баромадам.
— Бо чӣ омадед?
— Бо мошини корӣ. Хостам бо тайёра биёям. Вале он танҳо соати 9-и бегоҳ парвоз мекард. Бинобар ин, тасмим гирифтам, ки бо мошин ба роҳ бароям. Соати 4-и баъди зуҳр аллакай дар хона будам.
— Кай аз Хуҷанд баромадед?
— Соати 11 занам аз гум шудани Бахтовар хабар дод. Ман ба фурудгоҳ занг зада, вақти парвози тайёраро пурсидам. Боз бо ронандаам ба меҳмонхона рафтем ва либосҳоямонро гирифта, ҳисобӣ кардем. Мумкин, ки соати тақрибан 11-у 30 дақиқа аз Хуҷанд ҳаракат карда бошем.
— Аз шумо хоҳиш дорам, ба мо рақами ҳамон телефонатонро диҳед, ки мо битавонем бевосита бо шумо дар тамос бошем, — гуфт Валиҷон.- Вагарна шуморо пайдо кардан хеле мушкил аст.
— Бале, визиткаамро медиҳам, ки рақами дар он сабтшудаи телефон ҳамеша фаъол аст, — гуфт Ширини Комил ва аз кисааш ду дона визитка бароварда, ба Валиҷону Нодир дароз кард. – Ҳар вақте суоле пайдо шуд, занг занед. Ҳатто нисфи шаб ҳам бошад, ман гӯширо мебардорам.
— Хеле хуб, — гуфт Валиҷон ва афзуд: — Шумо ҳам визиткаҳои моро гиред, мабодо гуфтание дошта бошед, метавонед бе ибо бо мо дар тамос бошед.
Нодир пешхизматро даъват кард, то пули хӯрокро хисобӣ кунад.
— Ташвиш накашед, ман шуморо ба ин ҷо даъват кардам ва худам ҳисобӣ мекунам,- гуфт Ширини Комил.
— Ба ҳар ҳол ин хуб нест, — гуфт Нодир. – Мо одат накардаем, ки аз ҳисоби дигарон ғизо хӯрем.
— Ман гуфтам-ку, ин зиёфат аз ҳисоби ман аст. Фаромӯш накунед, ки ин тарабхона аз ман аст ва шумо меҳмонед, — гуфт Ширини Комил.
Валиҷон ба дастархон омин кард ва онҳо аз ҷой бархостанд. Ширини Комил онҳоро то назди бинои офисашон оварда монд.
— Хуб аз чӣ шурӯъ мекунем?- пурсид Нодир ба яке аз курсиҳое, ки муваққатан аз офиси пешина оварда буданд, нишаста.
— Корамон аз мӯйи сар ҳам бисёр. Намедонӣ аз кадомаш сар кунӣ, ҳамааш ҳам муҳим аст. Аз як тараф ҷиҳозонидани офис, аз тарафи дигар, тафтишро бояд нисбати ин қазия шурӯъ кунем.
— Дасти ҳардуи мо ба ҳамаи ин кор намерасад, ягон илоҷашро бояд ёбем,- гуфт Нодир.
— Ман ба корҳои ташкилӣ писарам, Хуршедро сафарбар мекунам. Эҳсон низ, ки ҳоло дар таътил аст, ба бародараш кӯмак мекунад. Хуршед, ки мебелу таҷҳизоти заруриро тавассути фирмааш фармоиш додааст, худаш онҳоро дар офис ҷо ба ҷо мекунад, — гуфт Валиҷон. – Мо бошем, бевосита ба ҷустуҷӯи писари Ширини Комил машғул мешавем. То таҷҳизонидани офиси нав дар офиси пешина кор мекунем. Зеро дар чунин шароит ин ҷо кор карда намешавад.
— Ин идеяи хуб аст. Вале ҳозир бояд корро шурӯъ кунем. Бо гапфурӯшӣ мурод ба даст намеояд. Барои ҳамин ҳам, ҳоло вазифаҳоро тақсим кардан лозим. Албатта, мо то бо маводи ин қазия шинос нашавем, хати таҳқиқро муайян карда наметавонем.
— Бале, гапат дуруст, мисли муфаттишони касбӣ андеша меронӣ, — лутф кард Валиҷон.
— Бо ту барин профессионал кор карда, меомӯзем-да, — гуфт Нодир ва афзуд: — Ман аз Ширини Комил барои таҳлил нусхаи ҳамаи маводи дар матбуот чопшударо мегирам ва ҳамчунин дар Интернет оид ба ин қазия матлаб меҷӯям. Ту бошӣ, аз ҳамкорони милисаат маводи ин қазияро пайдо кун. Баъди таҳлили маводи мавҷуда ягон идея ба сарамон меомадагист.
— Хуб, пас ман ҳам аз пайи корам мешавам. Пагоҳ дар офиси кӯҳна вомехӯрем, — гуфт Валиҷон.
Нодир ба Ширини Комил занг зада, аз ӯ нусхаи маводи матбуотиро нисбати қазияи писараш пурсон шуд. Ӯ гуфт, ки ба ёвараш супориш медиҳад, то маводро омода карда, ба Нодир расонад. Нодир изҳор кард, ки худаш ҳозир ба бонк меояд.
Бонки «Эврика» дар сари роҳи хонаи Нодир воқеъ буд. Бинобар ин ӯ баъди тақрибан 20 дақиқа ба бонк расид. Дарбон нияти Нодирро фаҳмида, ба Ширини Комил занг зад ва ӯро то назди дари кабинети раис гусел кард. Нодир то ба назди Ширини Комил расидан аз толори амалиётӣ дидан кард. Дар толор аксаран духтарони зебои ҷавон кор мекарданд. Аз чеҳраашон маълум буд, ки ҳама ба кори худ овораанд.
Ширини Комил Нодирро дар остонаи дари кабинеташ интизор буд. — Марҳамат, дароед.
— Ташаккур, — гуфт Нодир ва вориди кабинети кории раиси бонк шуд. Кабинети Ширини Комил чун дафтари кории аксари мансабдорон ҷиҳозонида шуда буд, вале ягон ҳашамати хоса надошт.
— Чой менӯшед, ё қаҳва? — пурсид Ширини Комил.
— Не, ташаккур. Ман барои гирифтани ҳамон маводи ваъдагиатон омадам ва зуд меравам. Намехоҳам, ки вақтатонро беҳуда гирам.
— Ин хел бошад, марҳамат, — гуфт Ширини Комил ва папкаеро аз рӯйи мизаш гирифта, ба Нодир дароз кард.
— Ташаккур, ман меравам. Шумо аз пайи коратон шавед,- гуфт Нодир папкаро аз дасти раис гирифта.
Ширини Комил Нодирро то назди дари кабинеташ гусел карда гуфт:
— Агар ягон суол пайдо шуд, занг занед.
— Албатта, — гуфт Нодир ва аз дар берун шуд.
Нодир ба хонааш омада, аввал маводи додаи Ширини Комилро мутолиа намуд. Сипас аз Интернет маводи расонаҳоро дар ин бора ба як файл гирд овард. Ӯ бодиққат ҳар як матлабро мутолиа карда, дар куҷое, ки савол пайдо шуд, ишора гузошт, то баъдан таваҷҷӯҳ кунад. Нодир ин файлро чоп кард ва ба папкае, ки ёвари Ширини Комил дода буд, гузошт. Ӯ хаста шуда, аз сари миз бархест ва худро ба пушт болои диван партофт, то каме истироҳат кунад. Чашмони Нодир ба сақфи хона дӯхта шуда бошад ҳам, пеши назараш манзараи кӯдакдуздиро меовард. Бино ба маълумоти расонаҳо писари Ширини Комилро аз пеши ҳавлиаш дуздидаанд. Кӯдак аз ҳавлӣ баромада, дигар барнагаштааст. Пас аз як соат аз ин ҳодиса модараш огоҳ мешавад. Нодир ин ҳодисаро ба тарозуи ақл бармекашид, вале ҳеҷ он дуруст намебаромад. Суолҳои зиёде пайдо мешуд. Бо ҳамин андешаҳо ғанаби Нодир бурд.
Занги телефон пинаки Нодирро рабуд. Ӯ аз ҷо бархеста, аз рӯйи миз телефони дастиашро бардошт. Лутфия занг мезад:
— Ассалом, шумо магар фаромӯш кардед, ки ман меоям?
— Не, фаромӯш накардаам.
— Шумо дар хона ҳастед?
— Бале.
— Пас ман баъди бист дақиқа расида меоям,- гуфт Лутфия.
Нодир Лутфияро пас аз Маскав омаданаш надида буд. Инак, ӯ худаш аз деҳа ба дидори маъшуқаш меомад. Нодир ба ташноб даромада, дар души хунук оббозӣ кард, то қадре ба худ ояд: аз гармии ҳаво ва даводави рӯзҳои охир ӯ хеле хаста шуда буд.
Садои занги дар баланд шуд. Нодир дарро кушод, Лутфия дар даст як сумкаи сафарӣ дар остона меистод.
— Марҳабо, ба кошонаи хоксоронаи мо, — ӯро ба хона даъват кард Нодир.
Лутфия аз дар даромадан замон худро ба оғӯши Нодир андохт. Ба машоми Нодир бӯи атри фаронсавӣ расид. Ӯ лаб ба лабони Лутфия гузошт. Ҳисси шавҳаташ бедор шуд.
— Сабр кунед, вақти мо зиёд аст, — гуфт Лутфия худро аз оғӯши Нодир раҳо карда.
— «Эй хумори бӯса дар лабҳои ман
Монда ҷои бӯсае чун ҳисаат.
Вақти мо танг аст, лабҳои маро
Лаҳзае хуншор кун аз бӯсаат»,
шеъри шоири шаҳири рус Сергей Есенинро қироат кард Нодир.
— Вақти мо зиёд аст. Ман ба рухсатӣ баромада омадам, агар хоҳед, як моҳ пешатон меистам ва ё якумрӣ мемонам, — гуфт Лутфия.
— Маро нопурсида аз ман хонадор карданд-ку. Агар бо ман ду ҳафта истед, гурезон мешавед. Ба қавле ба халосгар зор мешавед ва хушбодро нася карда меравед, — гуфт Нодир сумкаи дасти Лутфияро гирифта.
— Натарсонед. Агар нахоҳед, ҳозир бармегардам, — гуфт Лутфия вонамуди баргаштан карда.
— Ин қадар зудранҷ нашавед, ман шуморо пешакӣ огоҳ карда истодаам, то баъдан пушаймон нашавед.
— Ман шуморо бо як нигоҳ шинохтаам. Иғроқ накунед, зани деҳотӣ ба ҳама мушкилоти зиндагӣ тоб меорад.
— Хуб, гузаред ва ба ҳама мушкилот омода бошед. Воқеан, ман хона харидам ва акнун ҷиҳозонидану ба тартиб овардани он ба зиммаи шумо мешавад. Вақтатон ҳам зиёд будааст. Шуморо ба ман Худо фиристод.
— Муборак шавад, дар кадом маҳалла хона харидед?
— Дар ҳамин маҳаллаи худамон, аз хонаҳои нав.
— Чандҳуҷрагӣ аст хонаатон?
— Панҷҳуҷрагӣ, вале нисбат бо хонаҳои пештара васеътар буда, аз 110 метри мураббаъ иборат мебошад. Барои марди танҳо мешавад.
— Насиб бошад, мебинем. Хонаи мо ҳам панҷҳуҷрагӣ, вале вай ҳамагӣ аз 76 метри мураббаъ иборат аст.
— Албатта мебинед ва чӣ хеле ки гуфтам, онро оро медиҳед.
— Ба ҷону дил, вале ман дизайнер не-ку?
— Диди зан дар ҷиҳозонидани хона дигар аст.
— Хуб, ман розӣ.
— Гузаред, шинед,- ба сӯи диван ишора кард Нодир.- Дар ин роҳи дароз хаста шудед.
— Не, ман ба хона субҳ омадам ва баъзе корҳоямро ба сомон расонидам. Истироҳат карда, кӯфти роҳро низ баровардам.
— Пас чаро субҳ занг назадед?
— Нахостам шуморо аз коратон монда, ташвиш диҳам. Медонам, ки шумо дар кор ҳастед. Дирӯз занг зада, огоҳ карда будам, ки ҳамин вақт меоям, омадам.
— Шумо аҳли фаҳм.
— Пас биёед, шуморо барои шомхӯрӣ ба ягон ҷо барам, — пешниҳод кард Нодир.
— Рости гап, ман ҳам мисли шумо дар берун хӯрок хӯрданро нағз намебинам. Барои ҳамин беҳуда овора шуда, ба ким — кадом тарабхона рафтан чӣ лозим? Ҳамин ҷо ягон хӯроке пазам, ки оби даҳонатон равад.
— Мешаваду лекин хуб нест, ки меҳмонро кор фармоем.
— Ё яхдонатон холӣ асту дар хонаатон муш бо асо мегардад?
— Не, дирӯз бозорӣ карда будам. Ҳама чиз ҳаст ба ҷуз нон.
— Ман кулчаи ширмол пухта овардаам. Пас ягон проблема нест, — гуфт Лутфия ва тағйири либос карда, ба ошхона гузашт.
Пас аз лаҳзае ӯ аз ошхона баргашта гуфт:
— Воқеан, дар хонаатон ғайричашмдошт ҳама чиз ҳаст.
— Дирӯз пас аз занги шумо ман хӯрокаи заруриро захира кардам ва агар боз чизе лозим шавад, рафта мехарам.
— Пас чӣ пазам?
— Ҳар он чизе, ки мақбулатон бошад.
— Барои меҳмон ош мепазанд. Ош мепазам.
— Ош мепазед, ки худ зуд маро тарк кунед?- суол кард Нодир.
— Чӣ хел?- ҳайрон шуд Лутфия.
— Як қирғизи чӯпон ба хонаи дӯсти тоҷикаш ба меҳмонӣ рафтааст. Ӯ пеш аз ба меҳмонӣ рафтанаш дар бораи урфу одати тоҷикон аз ҳолдонҳо пурсон шудааст. Яке гуфтааст, ки то ош напазанд, барнагард, ки мизбон хафа мешавад.
Қирғиз дар хонаи дӯсти тоҷикаш се рӯз меҳмон шудааст. Мизбон зиёфати хубе додааст, вале ош напухтааст. Меҳмон бояд кайҳо бармегашт, бинобар ин ба дӯсташ гуфтааст:
— Ошатро тезтар биёр, ки хезам, дар ин се рӯз рамаи гӯсфандон бесоҳиб монд.
Лутфия лабханде карда гуфт:
— Албатта, ин ба ман дахл надорад. Маро то пеш накунед, намеравам. Ман аз меҳмонони хира ҳастам.
— Ман наход чунин паричеҳраро пеш кунам, — гуфт Нодир.
Лутфия лабханде карду ба ошхона рафт.
— Кӯмаке лозим нест, — гуфт Нодир аз паси ӯ.
— Не, ташаккур.
Нодир аз нав папкаи маводи кӯдакдуздиро ба даст гирифт ва боз матлаби расонаҳоро варақгардон кард. Албатта, аз рӯйи ин мавод ҳодисаи мазкурро имкони пурра тасаввур кардан набуд. Ӯ бояд бо ҷои ҳодиса ва маводи ғункардаи тафтишот шинос мешуд.
— Чӣ ин қадар ба фикр фурӯ рафтед?- гуфтани Лутфия Нодирро аз банди андеша берун кард. – Ман панҷ дақиқа рӯ ба рӯятон истодаам, вале шумо маро намебинед.
— Қазияи навро тафтиш карда истодаем. Ҳамонро фикр мекардам.
Лутфия медонист, ки Нодир пурсуҷӯи зиёдатиро дӯст намедорад ва дар бораи кораш дар хона сӯҳбат намекунад. Бинобар ин, сари матлаб баргашт:
— Палов тайёр шуд. Дар куҷо хӯрок мехӯрем?
— Магар дар ошхона намеғунҷем? – ба суол бо суол посух дод Нодир.
— Ман ҳам инро мехостам. Хезед, дастатонро шуста оед.
— Ҳозир, — гуфт Нодир ва аз ҷо хест.
Лутфия палови хеле лазиз пухта буд. Нодир инро ба ӯ иброз кард ва ишкамсерӣ ош хӯрд. Баъди палов дар мавзӯъҳои гуногун сӯҳбаткунон ду чойник чой нӯшиданд.
— Чанд вақт боз палови ба дилам мувофиқ нахӯрда будам. Акнун бо ин ишками сер хоб карда намешавад.
— Завҷаи меҳрубонатон дар Маскав палов напухт?- кинояомез гуфт Лутфия.
— Рашк мекунед, чӣ? Албатта, пухт. Ӯ ҳам ба мисли шумо кадбонуи хуб аст. Сабаби рашки шуморо намефаҳмам. Шумо занҳо ҳатто ба мурдаҳои гӯристон ҳам рашк мекунед. Гумон мекунед, ки ман аз дилхушӣ аз зану фарзандонам ҷудо зиндагӣ мекунам. Шумо инро аз дигарон хубтар медонед, ки бепадар тарбия кардани фарзандон чӣ қадар мушкил аст.
— Мебахшед. Ман ҳамту дар омади гап гуфтам, — иштибоҳашро фаҳмида гуфт Лутфия. — Биёед ба сайругашт мебароем, — пешниҳод кард ӯ.
— Майлаш, либосҳои кӯчаравиро пӯшидан лозим.
— Ин магар мушкил аст?
— Не, вале ягон либоси сабук бояд пӯшид. Дар ин гармӣ либоси расмӣ пӯшиданро бад мебинам.
— Магар чунин либос надоред?
— Дорам. Шумо ҳам пӯшед, мебароем.
Пас аз чанд лаҳза онҳо ба берун баромаданд.
— Бо мошин меравем,- ба мошини тамғаи «RAV-4», ки дар назди бино меистод, ишора кард Лутфия.
-Не, пиёда мегардем. Аз мошини шумо пагоҳ истифода мекунем.
Онҳо пиёда ба кӯчаи калон баромаданд. Соат аз 9 гузашта буд, торикӣ мефаромад. Вале дар назди биноҳо кӯдакони хурдсол бе назорати волидон бозӣ мекарданд.
— Кӯдакони шаҳрӣ бесоҳибанд магар, ки торик шудаасту дар кӯча бозӣ мекунанд? – пурсид Лутфия. — Волидон наметарсанд, ки кӯдакашон гум мешавад ва ё медузданд?!
— Аз ин бармеояд, ки наметарсанд,- посух дод Нодир.
— Як писарак гум шуда буд. Дар телевизор сураташро нишон дода буданд, дар газетаҳо ҳам дар ин бора навишта буданд. Ҳамон кӯдакро ёфтанд?
— Не, ҳоло.
«Чунин ҳодисаҳо барои мардуми мо ё дарси ибрат намешавад ва ё эҳсоси амният мекунанд», — ба худ андешид Нодир.
Онҳо аз зиндагии мардум, ҳаёти деҳот ва роҳҳои ободонии он сӯҳбаткунон то аввали маҳалла рафта, пас баргаштанд. Маълум буд, ки Лутфия ҳамчун раиси ҷамоати деҳот барои ободонӣ нақшаҳои хубе дорад, вале набудани маблағ имкон намедиҳад, ки онҳоро амалӣ кунад.
— Агар ҳамаи роҳбарон ба мисли шумо барои ободонӣ ва беҳбудии зиндагии мардум кӯшиш мекарданд, кайҳо Тоҷикистон обод мешуд, — гуфт Нодир ва афзуд: — Шумо бояд камаш раиси ноҳия ё раиси вилоят бошед, то ки ин нақшаҳоятонро амалӣ намоед.
— Лутф мекунед. Барои ҳамин вазифаи хурдакаки ман ҳам талабгорон ҳастанд, ки мехоҳанд сабукдӯшам кунанд.
— Бале, бахилии тоҷикиамон моро мекушад. Магар бо ин ҳама мансабхоҳиву мансабталошӣ метавон кишварро обод кард?! Онҳо намедонанд, ки Худо ҳар касро барои ягон коре офаридааст. Яъне, ҳар кас дар зиндагӣ рисолати худро дорад ва ҳама раис намешаванд.
— Дуруст. Агар ҳар кас ҳамон рисолати худро иҷро кунад, олам гулистон мешавад, — гуфт Лутфия.
— Андешаҳоямон як аст.
— Агар ин тавр намешуд, магар ман ба шумо дил мебастам? — гуфт Лутфия ва даст ба дасти Нодир бурда, онро фишурд. Дар дили Нодир як эҳсоси ширине туғён кард. Ӯ мехост худи ҳозир Лутфияро ба оғӯш гирифта бӯсад, вале дар кӯча аз ин амал даст кашид. Ниҳоят онҳо ба хона баргаштанд.
Нодир то дуруст кардани ҷогаҳ ба ташноб даромада, душ кард. Лутфия ҳам ба ташноб даромада, оббозӣ кард ва омада худро ба оғӯши Нодир андохт. Ду ташнаи шаҳват ба комситонӣ даромаданд. Лутфия аз занҳои мақбули Нодир буд, бинобар ин ӯ ҳамеша ӯро мехост ва такрор ба такрор комситонӣ мекард.
— Ин қадар шумо ташнаед, нав аз назди занатон баргаштед-ку?- пурсид Лутфия.
— Магар наметавон ташнаи муҳаббати шумо буд? Зани хуб ҳамеша шаҳвати мардро бедор мекунад.
Лутфия ба посух чизе нагуфт, зеро ӯ ҳам Нодирро мехост ва ин хоҳиш рӯз аз рӯз меафзуд.
Ҳамон шаб бо комситониҳо рӯз шуд. Лутфия чун одати зани деҳотӣ бо дамидани субҳ аз хоб хест ва ғусл карда, аз пайи омода кардани субҳона шуд.
Нодир ҳам, ки одати пурхобӣ надошт, аз паси Лутфия аз хоб хест ва ғусл карда, сари мизи корӣ нишаст. Фикру ёдаш ба қазияи писари Ширини Комил банд буд.
Ӯ варақи сафедеро гирифта болояш навишт:
1. Кист завҷаи Ширини Комил?
2. Шукуфа аз ин издивоҷ чӣ манфиат дошт?
3. Чаро кӯдаки чорсола ба кӯча баромадааст?
4. Оё ӯ пеш ҳам ба кӯча мебаромад?
5. Аз гум шудани кӯдак кӣ манфиат мебинад?
6. Ин дуздӣ аст ё куштор?
Нодир фикр мекард, ки агар ба ин суолҳо посух ёбад, гиреҳи ин қазия кушода хоҳад шуд.
— Аз сари миз хезед, субҳона тайёр, — ба ошхона даъват кард Лутфия.
Нодир варақи навиштаашро ба папкаи қазияи писари Ширини Комил гузошт ва ба ошхона рафт.
Лутфия аз ярмаи гандумӣ шавла пухта буд. Онҳо хомӯшона ғизо хӯрданд. Вақти чойнӯшӣ Лутфия пурсид:
— Имрӯз чӣ кор мекунем?
— Ҳоло ба ҷогаҳ бармегардем ва то гурусна мондан ишқварзӣ мекунем, — посух дод Нодир.
— Шӯхӣ мекунед. Шаби дароз кам буд, магар?!
— Ман боз мехоҳам, -ҷиддӣ гуфт Нодир.
— Майлаш, ман розӣ, вале қувват мекарда бошед?
— Худо худаш нерӯ медиҳад, — гуфт Нодир ва ба дастурхон дуо карда, аз ҷо бархест. — Ҳозир хонаи навро рафта мебинем ва шумо аз пайи интихоби пардаву қолин ва қандилҳо мешавед.
— Ман як зани деҳотӣ аз куҷо табъи шуморо донам?
— Медонед. Маро, ки дарк мекарда бошед, табъамро ҳам медонед.
— Майлаш, баъди интихоби ман шумо пеш аз харид кардан онҳоро мебинед.
— Бошад, — гуфт Нодир. – Пас тағйири либос кунед, меравем.

***

Бо сабукрави Лутфия ба хонабинӣ омаданд. Хонаи Нодир дар ошёнаи чоруми бинои нӯҳошёна буд. Ҳуҷраҳои калони барҳаво ба Лутфия мақбул шуд.
— Хонаатон хуб аст ва акнун пардаву қолин ва қандилҳои мувофиқро интихоб кардан лозим,- гуфт Лутфия баъди тамошои мӯшикофонаи ҳуҷраҳо.
— Чӣ хеле ки қаблан гуфта будам, ҳамин кори пурмасъулиятро ба шумо вогузор мекунам, — гуфт Нодир.
— Ман аз куҷо ҳамаи инро пайдо мекунам?
— Ҳозир дар ҳар як қадам мағоза. Вале барои осон шудани коратон ба бозори «Корвон» равед. Он ҷо мағозаи «Олами пардаҳо», «Олами қолинҳо» ва «Олами қандилҳо» ҳаст. Аксари мағозаҳои дигар аз ин ҷо мол гирифта, гаронтар мефурӯшанд. Гумон мекунам, ки шумо чизи даркориамонро аз он ҷо пайдо карда метавонед.
— Хуб, кӯшиш мекунам, ки ба ин бовариатон сазовор бошам, — гуфт Лутфия.
— Пас пул медиҳам, то якбора онҳоро харед.
— Не, ман рафта чизи даркориро мебинам ва баъдан якҷоя рафта, харид мекунем. Яъне, интихоби ниҳоӣ аз шумо аст, — гуфт Лутфия масъулиятро аз дӯш гирифта. — Пас ҳозир ман шуморо ба ҷои коратон бурда мемонам ва худам ба бозор меравам.
— Ман бо маршрутка ҳам меравам, — гуфт Нодир.
— Не, мебарам, сари роҳ-ку. Аз он ҷо ба бозор рафтан осонтар аст.

***
Нодир вақте ки ба офис омад, Валиҷон аллакай он ҷо нишаста, ба мутолиаи маводи қазияи писари Ширини Комил машғул буд. Баъди салому ҳолпурсӣ Нодир папкаи дасташро болои мизи Валиҷон гузошта гуфт: — Ана, ин маводе, ки бонкир дод. Ман шинос шудам ва дар ҳошияи баъзе саҳифаҳо қайдҳо кардам.
— Ман ҳам бо дасти холӣ наомадаам, — гуфт Валиҷон ва афзуд: — Ман асноди асосии қазияро, ки то ин лаҳза тафтишот дар даст дорад, нусхабардорӣ кардам ва онро дирӯзу ин саҳар хондам. Ту ҳам метавонӣ бо он шинос шавӣ,- ба Нодир папкаро дароз кард Валиҷон.
Нодир папкаро гирифта, болои мизаш гузошт ва гуфт:
— Ҳоло барои хондан вақт лозим. Беҳтараш ту назаратро бигӯй, зеро бо он аллакай шинос ҳастӣ.
— Тафтишот мувофиқи қоида сурат гирифтааст, вале намедонам чаро муваффақ нашудаанд. Ту аз навиштаҳои ҳамкасбонат чизе пайдо кардӣ?
— Дар қазия нофаҳмиҳо зиёданд. Ба баъзе суолҳо посух ёфтан лозим. Папкаро кушо, ман он ҷо қайдҳоямро дар варақи алоҳида навиштаам,- гуфт Нодир.
Валиҷон папкаро кушода, ба қайди Нодир назар дӯхт.
— Мисли муфаттишони касбӣ фикрронӣ мекунӣ, ин суолгузориат ба ман маъқул. Офарин!- хурсандона нидо кард Валиҷон.
— Воҳима накун. Журналисти касбӣ ҳам бояд ба ҳамин хулоса меомад.
— Воқеан, то ангезаи ҷиноятро маълум накунем, ҷинояткорро ёфта наметавонем.
— Магар гум шудани кӯдак ҷиноят аст?
— Мо ҳоло намедонем, ки кӯдак гум шудааст ё онро дуздидаанд?
— Ҳолати кушта шудани кӯдакро низ набояд аз мадди назар дур кард, — луқма партофт Нодир.
— Бале, барои ҳамин ҳам мо бояд ҳамаи ҳолатҳоро мавриди таҳқиқ қарор диҳем.
— Дуруст, вале ба фикрам бояд аввал ҷои ҳодисаро бинем, — пешниҳод кард Нодир. — Ба Ширини Комил занг зада, бигӯй, ки мо мехоҳем ба хонааш равем ва агар имкон бошад, бо завҷааш низ сӯҳбат кунем.
Валиҷон телефони мобилиашро ба даст гирифта, ба банкир занг зад.
— Ӯ моро пас аз ним соат дар хонааш интизор мешавад, — гуфт Валиҷон ва афзуд: — Пас бихез, рафтем.
Дӯстон бо сабукрави Валиҷон ба хонаи Ширини Комил, ки дар маҳаллаи навтаъсиси «Баҳор» ҷойгир буд, омаданд. Валиҷон мошинро дар канори кӯча монд ва онҳо пиёда шуданд.
Онҳо бодиққат кӯчаро аз назар гузарониданд. Дар ин маҳаллаи ба қавле «тоҷикони нав» қасру кӯшкҳо ва хонаҳои на пасттар аз сеошёна қомат афрохта буданд. Нодир пай бурд, ки дар назди дари ҳамаи ин хонаҳо видеокамераҳо насб шудаанд.
— Кадом говҷигар даст ба кӯдакдуздӣ зада бошад? Дар ҳар як қадам камера насб шудааст, — гуфт Нодир.
— Сабти ин камераҳои атрофро тафтишот дар даст дорад, вале чизе дар бораи гум шудани Бахтовар нест, — маълумот дод Валиҷон.
Ҳамин вақт Ширини Комил низ расида омад ва онҳоро ба хонааш даъват кард.
Валиҷон бо соҳибхона сӯҳбат дошт. Нодир бошад, бодиққат ҳавливу хонаи Ширини Комилро назар медӯхт. Ҳавлӣ тақрибан аз 10 сотих замин иборат буд. Дар ҳавлӣ дарахтони гуногун месабзиданд ва пеши хонаи чаҳорошёна воиҷи ток буд. Зери воиҷ семент шуда буд. Байни токи воиҷ ва дарахтзор дар паҳнои тақрибан 1 метр садбаргҳои навъҳои гуногун ғарқи гул буданд. Нодир ба ақибаш баргашта, ба дарвозаи ҳавлӣ, ки бо қуфлҳои мустаҳкам муҷаҳҳаз буд, нигарист. Маълум буд, ки кӯдаки чорсола наметавонист онро кушояд. Ва агар мабодо зӯраш ба кушодани қуфлҳо басанда бошад ҳам, қади кӯдаки чорсола ба онҳо намерасид.
Онҳо вориди хона шуданд. Ширини Комил Валиҷону Нодирро ба меҳмонхона ҳидоят кард. Ҳама сари миз нишастанд.
— Мо бо маводи қазия шинос шудем ва акнун чанд суоле дорем, ки мехоҳем аз шумову завҷаатон пурсем, — гуфт Валиҷон.
— Марҳамат, мо омодаем ба суолҳоятон посух гӯем, — гуфт Ширини Комил.
— Рӯзи сар задани қазия дар хона кӣ буд?- пурсид Валиҷон.
— Ин воқеа рӯзи шанбе рух дод. Ман дар Хуҷанд будам. Он рӯз дар хона завҷаам ва писарам буданд.
— Завҷаатон ба кор нарафта буд?- пурсид Нодир.
— Не, барои раёсати онҳо рӯзҳои шанбеву якшанбе истироҳат аст.
— Шумо зану шавҳар кор мекунед ва барои тамиз кардани ин хонаи калону иҷрои корҳои рӯзгор албатта, хидматгор доштагистед?- боз суол кард Нодир.
— Албатта, дорем. Холаи Зебо ба корҳои хона кӯмак мекунанд. Лекин барои он кас рӯзҳои шанбеву якшанбе истироҳат аст.
— Он кас доимӣ ин ҷо зиндагӣ мекунанд?
— Не, аз соати 7-и субҳ то 7-и бегоҳ хизмат мекунанд. Хонаашон дар маҳаллаи ҳамсоя. Дар хонаҳои серошёнаи муаллимон зиндагӣ мекунанд. Аз хонаи мо то он ҷо пои пиёда дар 15 дақиқа расидан мумкин. Холаи Зебо зани хубу тозакор аст. Мо аз кораш розӣ ҳастем.
— Шумо чӣ тавр ӯро ба кор ҷалб кардед?- пурсишро идома дод Нодир.
— Шумо аз он кас ягон шубҳа доред? Холаи Зебо хеши дури Шукуфа аст ва ҳеҷ гоҳ ба чунин амал даст намезананд. Он кас муаллима буданд ва баъди ба нафақа баромаданашон мо он касро ба хидматгорӣ даъват кардем, розӣ шуданд. Моҳе 600 доллар маош медиҳам, розӣ ҳастанд.
-Ташаккур, — гуфт Нодир ва ба Валиҷон нигарист.
— Ман чанд суоли дигар дорам, — гуфт Валиҷон ва афзуд: — Шумо кай ба милиса муроҷиат кардед?
— Ман тақрибан соати 4-и баъди зуҳр ба хона расидам. Шояд баъди 15 дақиқа. Вақте ман ба хона омадам, Бахтоварро Самир ва кормандони хадамоти амнияти бонк меҷустанд.
— Ҳамон вақт дар дили шумо чунин эҳсосе пайдо нашуд, ки ӯро касе дуздидааст ва аз шумо пул мехоҳад?
— Дар аввал чунин фикр ба сарам наомад. Баъди он ки муфаттиши милиса дар ин бора тахмин зад, сари он андеша кардам. Вале касе минбаъд барои пулситонӣ ба ман муроҷиат накард.
-Ташаккур, акнун янгаро даъват кунед, бо он кас дар танҳоӣ сӯҳбат кунем, — хоҳиш кард Валиҷон.
Ширини Комил аз меҳмонхона баромад ва баъди лаҳзае зани миёнқади тақрибан 35-солаи зебо вориди хона шуд.
— Мебахшед, нахостам сӯҳбататонро халалдор кунам. Чой биёрам ё қаҳва,- гуфт ӯ.
— Не, ташаккур. Ба фикрам, шумо Шукуфа ҳастед? –пурсид Валиҷон.
— Бале.
-Шукуфабону, мо мехостем, ки ба чанд суол посух гӯед.
— Марҳамат, вале он чӣ мехостанд, кормандони милиса аз ман пурсиданд.
— Гапатон дуруст, мо ба қазия шинос шудем, вале мо суолҳои худамонро дорем, — гуфт Валиҷон ва илова кард: — Шумо кай фаҳмидед, ки Бахтовар гум шудааст?
— Соати тақрибан 10-у 30 дақиқа.
— Чӣ хел фаҳмидед, ки ӯ гум шудааст?
— Ман бояд ба кошонаи ҳусн мерафтам. Соати 11 номнавис шуда будам. Бахтовар дар хона ва ҳавлӣ низ набуд. Дарвоза нимво буд, гумон кардам, ки ӯ ба кӯча баромадааст. Кӯчаро дидам, ки ӯ нест. Ба шавҳарам занг зада гуфтам, ки Бахтовар гум шудааст. Он кас дар Хуҷанд буданд. Баъди 4 ё 5 соат расида омаданд. Маҳалларо кофтем, аз ӯ дараке набуд. Баъд ба милиса хабар додем.
— Шумо Бахтоварро низ бо худ ба кошонаи ҳусн мебурдед?- суол кард Нодир.
— Ин ҷо танҳо намемонам-ку, он ҷо барои бозӣ кардани кӯдакҳо шароит ҳаст.
— Шумо ба кошонаи ҳусни «Гулсанам» меравед? Он ҷоро занам таъриф мекунад. Ӯ назди Саодатхон меравад. Устои шумо ҳам он кас?
— Не, ман назди Марворид меравам. Вай ҷавон бошад ҳам, устои кордон аст.
— Бахтовар ҳангоми бо шумо будан одатан чӣ кор мекард?- пурсид Валиҷон.
— Дар хона бозӣ мекард бо мошинчаҳояш.
— Дар ҳавлӣ чӣ?
— Велосипеди сечарха дошт. Онро савор мешуд.
— Ҳамон рӯзи гум шуданаш ӯ дар хона буд ё ҳавлӣ?
— Дар ҳавлӣ велосипед савор мешуд.
— Шумо ба чӣ кор машғул будед?
— Ба корҳои рӯзгор.
— Шумо бо таксӣ ба кошонаи ҳусн меравед?- пурсон шуд Нодир.
— Не, бо мошини худам. Шавҳарам сабукрави «Тойота королла» тӯҳфа кардаанд.
— Ташаккур. Хидматгоратон дар хона бошад, ӯро ҷеғ занед.
— Хуб, — гуфт Шукуфа ва аз меҳмонхона берун баромад.
Баъди чанд лаҳза ба хона зани тақрибан 60-сола ворид шуд. Валиҷон ӯро ба курсии гирди миз муроот карда, гуфт: — Рӯзи гум шудани Бахтовар шумо дар куҷо будед?
— Он рӯзи шанбе ман дар хонаи худам будам. Аниқтараш, як ҳамкори собиқам, дугонаам, муаллима Фотимабону 60-сола шуданд ва ман субҳ ба хонаи он кас рафта будам, то ки барои зиёфат оростан кӯмак кунам.
— Бахтовар чӣ гуна кӯдак аст?
— Аслан ман ба тарбияи ӯ машғул набудам. Бахтоварро субҳ модараш ба боғчаи хусусӣ мебурд ва шом ӯро мегирифт. Тӯли чанд соате, ки ман ӯро медидам, кӯдаки орому боодоб буд. Инҷиқӣ намекард ва худаш танҳо бо мошинчаҳояш бозӣ мекард.
— Ӯ худаш танҳо ба кӯча мебаромад?- пурсид Нодир.
— Дарвоза ҳамеша маҳкам аст, баромада наметавонист.
— Ташаккур, аз пайи коратон шавед, — гуфт Нодир.
— Ба фикрам, дигар суоле намонд,- гуфт Валиҷон ва аз ҷояш хест.- Пас бармегардем.
— Бале, — гуфт Нодир.
— Ширини Комил ба меҳмонхона ворид шуда гуфт:
— Хоҳиш, як даме шинед, як пиёла чой гиред.
— Ташаккур. Мо саросемаем. Вақти шуморо ҳам гирифтем, — гуфт Валиҷон ва афзуд: — Дар ҳавлии шумо видеокамера насб шудааст, вале чаро дар қазия дар бораи навори он чизе гуфта намешавад?
— Ҳамон рӯз камера вайрон шудааст ва он сабт накардааст.
— Инро кай фаҳмидед? – суол кард Нодир.
— Инро муфаттишон ҳамон рӯзи ҳодиса гуфтанд.
— Кай видеокамераро дуруст кардед?- боз пурсид Нодир.
— Ҳамон рӯз ба усто занг задам, омада соз кард.
— Усто сабаби вайрон шудани камераро нагуфт?
— Ба ростӣ, напурсидам. Дар ташвиши писаркобӣ, дигар инро фикр ҳам накардаам.
— Номи усторо медонед?
— Не. Ман ба фирмаи «Дурбин», ки ин камераро насб карда буданд, занг задам ва устоашон омада соз кард.
— Ташаккур, акнун бо иҷозати шумо, мо меравем, — гуфт Валиҷон ва сӯи дар роҳ гирифт.
Нодир ҳангоми ба ҳавлӣ баромадан боз як бори дигар онро бодиққат аз назар гузаронид.
— Хуб, ба офис меравем? — пурсид Валиҷон муҳаррики сабукравашро ба кор дароварда.
— Не, ба кошонаи ҳусни «Гулсанам» ва ширкати «Дурбин» рафтан лозим.
— Ҳа, барои ҳамин ҳам оилаи ман низ ба кошонаи ҳусни «Гулсанам» меравад, гуфта будӣ. Боз ман ҳайрон шудам, ки занаш дар Маскаву чӣ хел ба кошонаи ҳусни Душанбе мерафтааст.
— Ман инро барои аз Шукуфа гап гирифтан гуфтам. Кошонаи ҳусни «Гулсанам» гаронтарин дар Душанбе, ҳатто дар Осиёи Марказӣ аст. Як ороиши мӯй аз 50 доллар кам нест. Завҷаи ман ҳангоми дар Душанбе буданаш ҳам ягон маротиба ба он ҷо нарафтааст.
— Ту аз куҷо ин чизҳоро медонӣ?
— Газет хондан даркор, ҷӯра! Ҳа, воқеан, дар куҷо будани ширкати «Дурбин»-ро медонӣ?
— Аз Хуршед мепурсам. Ӯ медонад. Видеокамераҳои хонаи моро ҳам ҳамин фирма насб карда буд, — гуфт Валиҷон ва мошинашро ба ҳаракат даровард.
— Пас, ҳоло мошинро ба маркази шаҳр ҳай кун, «Гулсанам» он ҷо аст.
Баъди 20 дақиқа онҳо ба кошонаи ҳусн расиданд. Валиҷон барои ба писараш Хуршед занг задан даруни мошин монд. Нодир Марворидро зуд пайдо кард. Назди ӯ ҷавонзани тақрибан 30-солаи зебо меистод. Нодир ҳуҷҷаташро ба ӯ нишон дода, худро муаррифӣ кард:
— Нодири Аминпур, детективи хусусӣ.
— Ман Марвориди Ҳувайдо, машшотаи категорияи олӣ, — бо лабханд гуфт ҷавонзан ва афзуд. – Ягон хизмат буд?
— Бале. Ман бояд аниқ кунам, ки яке аз мизоҷонатон кай барои ороиш додани мӯяш ду моҳ қабл номнавис шуда буд.
— Марҳамат, агар тавонам чаро ба милисаи ҷоноҷонамон кӯмак накунам.
— Ман милиса не. Ман детективи хусусӣ.
— Фарқаш чӣ?! Пеш милиса будед.
— Не, ман журналист будам.
— Қариб ҳамкасб будаем. Ман ҳам филолог. Донишкадаи забонҳои Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси забони немисӣ хатм кардаам. Чанд сол муаллимаи забони немисӣ будам. Бо маоши кам рӯзам нагузашт. Ҳамсинф ва дугонаам Садаф ин ҷо кор мекард, маро ба шогирдӣ гирифт ва акнун ман 7 сол боз филолог-машшотаам, — хандид ӯ
— Хеле хуб, пас зуд забон меёбем.
— Чаро не, бо марди босалобати чор кас медидагии журналист сӯҳбат кардан гуворо будагист, — лутф кард Марворид.
— Ин аз шумо вобаста аст.
— Марҳамат ба ҷои мизоҷ шинед. Мутаассифона, дигар курсӣ нест, — гуфт Марворид ва афзуд: — Аслан дар кошонаи ҳусни мо касе бекор намеистад. Ҳар яке мизоҷони худро дорад ва онҳо пешакӣ барои ороиши мӯй дар вақти муайян номнавис мешаванд. Ҳозир зани як вазир номнавис шудааст. Вале ӯ занг зада гуфт, ки омада наметавонад, вале инро таллофӣ мекунад.
— Чӣ хел таллофӣ мекунад?- ҳайрон пурсид Нодир.
— Дафъаи дигар, ки омад ду маротиба бештар пул медиҳад.
— Яъне, ҳар дақиқаи кори шумо пул аст.
— Бале, вале на ҳама чизро бо пул ҳисоб мекунанд. Одамгарӣ ҳам бояд бошад.
— Хуб гуфтед, пас ба ман кӯмак кунед.
— Марҳамат.
— Шумо ҳамаи мизоҷонатонро мешиносед?
— Қариб ҳамаашонро.
— Пас метавонед, гӯед, ки Шукуфа, аз Бонки «Эврика» ду моҳ қабл, рӯзи шанбе барои назди шумо омадан номнавис шуда буд.
— Ҳамон Шукуфае, ки писарашро дуздиданд, мегӯед?
— Шумо аз куҷо медонед, ки писари ӯро дуздидаанд?- пурсид Нодир.
— Худаш гуфт. Баъд аз газетаву Интернет хондам, ки писараш гум шудааст. Ҳозир аниқ мегӯям, ки ӯ кай номнавис шудааст, — гуфт Марворид ва аз рафи ҷевони наздаш дафтари қайдҳоро гирифта, варақгардон кард. – Ёфтам. Соати 9 номнавис шуда буд, вале наомад.
Аниқ соати 9 номнавис шудааст ё соати 11.
— Аниқ аст, ки бояд соати 9 меомад. Ӯ ҳамеша дар як вақти муайян, яъне соати 9 номнавис мешавад. Соати 11 ман мизоҷи дигар доштам.
— Ӯ мизоҷи доимии шумо аст?
— Бале, қариб ҳар ҳафта рӯзи шанбе меояд.
— Ташаккур, ба ман кӯмаки калон кардед, — гуфт Нодир.
— Намеарзад. Янгаро фиристед, мӯйяшро бо тахфиф оро медиҳам, — гуфт Марворид визиткаашро дароз карда.
— Янгаатон дар Душанбе нест.
— Дар деҳа аст?
— Не, дар Маскав.
— Занатонро хӯронда натавонистед, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристодед?
— Не, вай бо фарзандон назди волидонаш кӯчида рафт.
— Занатон рус буд, чӣ?
— Омехта.
— Пас, дигар зан нагирифтед?
— Нағзашро наёфтаам.
— Нағз накофтед. Духтарони хуб зиёданд.
— Шояд шумо кӯмак мекунед?- шӯхӣ кард Нодир.
— Чаро не. Визиткаатонро диҳед, ёфтам, занг мезанам. Назди ман духтарони хуб зиёд меоянд.
Нодир ба Марворид визиткаашро дода, хайрухуш кард ва дар дил андешид: «Духтари дилкаши зебо. Шавҳар надоштагист. Аз наздик шинос шудан лозим».
Марворид чун Нодирро дид, пай бурд, ин ҳамон мардест, ки ба хобаш медарояд. Ӯ ҳангоми сӯҳбат бо Нодир як чизи гувороеро дар дил эҳсос мекард. Як дилгармие нисбати Нодир пайдо шуда буд, ки Марворид пеш аз ин ягон маротиба эҳсос накарда буд. Пас аз гусели Нодир дар дили ӯ хоҳише пайдо шуд, ки боз ин марди қоматбаланди зеборо бубинад. «Визиткааш ҳаст, ҳатман занг мезанам», ба худ андешид Марворид.

***

— Чаро ин қадар дер кардӣ?- Ягон машшотаро таги чашм кардӣ? – гуфт шӯхиомез Валиҷон.
— Ман марди муҷаррад, хоҳам меёбам, — бо лабханд гуфт Нодир. — Беҳтараш мошинро ба ҳаракат дарор, то ба «Дурбин» ҳам дароем.
— Ман суроғаи онҳоро пайдо кардам. Сари роҳи офис будааст.
— Пас ба пеш!
— Хуб, чӣ пайдо кардӣ?- пурсид Валиҷон мошинро ба ҳаракат дароварда.
— Шукуфа, чизеро пинҳон медорад. Ӯ соати 9 номнавис шуда будааст, на соати 11.
— Факти қобили мулоҳиза. Устои «Дурбин»-ро бинем, баъд метавонем хулосабарорӣ кунем.
— Ба «Дурбин» худат медароӣ. Он ҷо мумкин ба ман сӯҳбат накунанд. Ҳуҷҷати мушовири вазири умури дохила буданат кӯмак мекунад.
— Ту ҳам ин хел ҳуҷҷат дорӣ-ку?
— Маро зуд ошкор мекунанд, ки милиса нестам.
— Майлаш, баҳона накоб, худам меравам, — розӣ шуд Валиҷон.
Ширкати насб ва таъмири таҷҳизоти видеокамераҳо дар сари роҳ, дар кӯчаи Гулбоғ ҷойгир буд. Валиҷон сабукравро дар назди бино нигоҳ дошт ва барои бо усто сӯҳбат кардан аз мошин фаромад. Ӯ худро муаррифӣ карда, аз посбон кабинети директори ширкатро пурсид. Посбон ба директор занг зада, аз омадани Валиҷони Нарзулло хабар дод.
— Кабинети директор дар ошёнаи дуюм, аз чап дари дуюми назди зинапояҳо. Шуморо он кас интизоранд. Марҳамат, — гуфт посбон.
Валиҷон ба осонӣ қабулгоҳи директорро пайдо карда, баъди тақ-тақи дар вориди кабинет шуд. Ӯро дида, ҷавони тақрибан 30-сола аз сари миз хест ва оғӯш кушода, салом кард.
— Амак, шумо мумкин маро нашинохтед. Ман Анвар, ҳамкурси Хуршед. Ба хонаатон бисёр рафтаам. Амак гузашта, аз ин ҷо шинед, — гуфт ӯ. – Хуршед чӣ ҳол дорад?
— Шинохтам. Хуршед хуб аст. Ҷунбида гаштааст. Бизнес кардан дар шароити имрӯза кори осон нест, — гуфт Валиҷон.
-Амак, ягон хизмат буд?
— Як қазияро тафтиш карда истодаем. Бояд ба як масъала рӯшанӣ андозем.
— Марҳамат, гӯед.
— Ду моҳ қабл, шанбеи 19 апрел видеокамераи хонаи банкир Ширини Комил вайрон шуда будааст. Онро устои шумо соз кардааст. Мехоҳам бо ҳамин усто сӯҳбати кӯтоҳе дошта бошам.
— Ин проблема нест. Ҳозир усторо меёбем, — гуфт ӯ ва гӯшии телефони дохилиро гирифта, ба котиба занг зад:
— Ҷумъагул, хоҳиш, муайян кунед, ки 19 апрел кадом усто ба хонаи банкир Ширини Комил рафта буд ва ӯро зуд назди ман фиристед.
— Чой ё қаҳва менӯшед? — ба Валиҷон муроҷиат кард Анвар.
— Не, ташаккур.
Баъди тақрибан 5 дақиқа ба кабинети директор ҷавоне дарро тақ-тақ карда, даромад:
— Раис, маро даъват карда будед?
— Бале Шарифҷон даро ва гузашта шин. Аз ту полковник Валиҷони Нарзулло баъзе чизҳоро пурсиданианд.
— Шарифҷон, агар ёдат бошад, 19 апрел ту ба хонаи банкир Ширини Комил рафта, видеокамераашро соз карда будӣ.
— Бале ба ёдам ҳаст. Ҳамон рӯз писари ӯ гум шуда буд.
— Дуруст. Чаро видеокамераи назоратӣ вайрон шуда будааст, ба ёдат нест?
— Як симаш аз ҷояш баромада буд, соз кардам.
— Аниқтар кадом сим?
— Симе, ки аз камераҳо ба компютер меравад, аз ҷояш баромада буд. Онро ба ҷояш мондам, ки як дақиқа ҳам вақтро нагирифт.
— Сим тасодуфӣ баромада буд ё онро махсус аз компютер ҷудо кардаанд?
— Гумон намекунам, ки тасодуфӣ бошад. Зеро он намоён нест.
— Фаррош метавонист, ки онро тасодуфан ҷудо кунад?
— Агар симҳоро кашида, чанги монитору компютерро тоза карда бошад. Вале ба фикрам, барои тоза кардани чанг симро кашидан лозим нест.
— Вақте ки симро пайваст кардӣ, оё сабти онрӯза дар компютер буд?
— Не, сабти онрӯза набуд. Баъди васли сим видеокамера аз нав ба кор даромад.
— Ташаккур, метавонӣ биравӣ. Агар лозим шавӣ, боз сӯҳбат мекунем. Дар бораи ин вохӯриамон ба касе гап назан. Ин сирри тафтишот аст ва барои ифшои он ҷавобгарӣ дорад.
— Фаҳмидам, — гуфт усто ва бо иҷозати Анвар аз кабинети директор баромад.
— Анварҷон, ташаккур барои кӯмак.
— Агар коре дошта бошед, ба ман занг занед, ба қадри имкон кӯмак мекунам, — гуфт Анвар ва визиткаашро ба Валиҷон дод.
— Воқеан, шояд ба наздикӣ аз хизмати шумо истифода барем. Ба офиси нав кӯчида истодаем, он ҷо низ назди дару ҳавлии бино видеокамера насб кардан лозим.
— Занг занед, бачаҳоро мефиристам, хизмат мекунанд.
— Хуб,- гуфт Валиҷон ва ҷой бархест.
Анвар ӯро то баромадгоҳи бино гусел кард.
— Ба куҷо меравем? Ба офис ё ба ғизои нисфирӯзӣ хӯрдан? — пурсид Валиҷон мошинро ба ҳаракат дароварда.
— Барои ғизохӯрӣ ҳоло барвақт, соат акнун аз 11 гузаштааст.
— Ман туро ба ягон ҷои салқини дараи Варзоб даъват карданӣ будам, ки сари дастархон қазияро муҳокима кунем.
— Ба ман аз мағоза занг зада гуфтанд, ки мебели фармоиш додаам омодааст ва пас аз нисфирӯзӣ, соати 1 онро устоҳо меоранд ва васл мекунанд. Барои ҳамин ҳам ман бояд ба хонаам равам.
— Ба қавли Хуршед мебели офиси мо ҳам пагоҳ ё пасфардо меояд. Пас ба офис меравем, — гуфт Валиҷон.
— Воқеан, «Дурбин» чӣ мегӯяд?
— Директори ширкат ҳамкурси Хуршед будааст. Анвар зуд усторо ёфт ва бо ӯ сӯҳбат кардам. Усто мегӯяд, ки касе махсус сими камераҳоро, ки ба компютер меравад, ҷудо кардааст.
— Аҷиб. Яъне, касе намехост, ки қазияи рухдода наворбардорӣ шавад ва ё наворро тоза кардаанд.
— Бале, ҷинояти тарҳрезишуда менамояд, — хулоса баровард Валиҷон.
— Ба мо баъзе чизҳо муайян шуданд. Акнун боз як маротиба бо маводи мавҷуда шинос шуда, нақшаи тафтишотро тарҳрезӣ кардан лозим аст. Ман папкаи овардаи туро бо худ мегирам ва бо он шинос мешавам ва диди худро навишта, пагоҳ меорам. Ту бошӣ, бо маводи газетаву Интернет дар ин бора шинос шав ва назари худатро навишта биёр,- пешниҳод кард Нодир ва афзуд:
— Ман пагоҳ пас аз нисфирӯзӣ меоям. Субҳ ба бозори «Корвон» рафта, қолину парда ва қандил хариданам лозим.
— Хуб аст. Ман ҳам баъзе корҳоямро анҷом дода, меоям.
— Ин хел бошад, ба офис даромада нишастанамон маънӣ надорад. Папкаҳоро мегирему хона ба хона меравем.
— Дуруст, дар хона сари як пиёла чой пойҳоро дароз карда, маводи қазияро мехонам, — гуфт Валиҷон.
Вақте ба офис расиданд, Валиҷон папкаро гирифта овард ва якеро ба Нодир доду дигареро ба кифаш андохт. Сипас ӯ мошинашро ба ҳаракат дароварда, Нодирро то назди хонааш овард ва худ ба хонааш рафт.
Дар назди даромадгоҳи бинои Нодир мошини Лутфия истода буд. Маълум, ки вай аз тамошои бозор омадааст.
Лутфия хӯрок пухта, Нодирро интизор буд.
— Ман супоришатонро иҷро кардам ва ҳатто баъзе чизҳои мақбулафтодаро дар телефонам акс ҳам гирифтам. Баъди тановули ғизо нишон медиҳам, — гуфт Лутфия.
— Шояд ҳозир вақт нашавад. Зеро соати 1 мебелҳои хонаро меоранд. Бояд он ҷо бошем, — гуфт Нодир.
— Пас зуд сари дастархон шинед, хӯрок меорам.
Нодир дастҳояшро шуста, сари дастархон нишаст. Пас аз лаҳзае Лутфия ба Нодиру худаш яккосагӣ карамшӯрбо овард.
— Хӯроки дӯстдоштаатонро пухтам, — бо лабханд гуфт Лутфия.
— Ман хӯроки дӯстдошта надорам. Ҳар чӣ Худо диҳад, мехӯрам.
— Ҳамин хел мегӯеду табъатон нозук аст, гӯшти гӯсфанду буз намехӯред.
— Бале, ба ғайри гӯшти гову мурғ ва моҳӣ дигар хел гӯшт намехӯрам. Карамшӯрборо барои он бештар мехӯрам, ки хӯроки сабуку сервитамин аст.
— Пас беҳуда онро напухтаам. Оши ҷон шавад!
Лутфия дарвоқеъ кадбонуи хуб буд, хӯрокҳои бомазза мепухт, карамшӯрбояш аз ин далолат медод.
Нодир баъди сарфи ғизо ба дастархон дуо кард ва интизор шуд, ки Лутфия корҳояшро дар ошхона анҷом дода, омодаи ҳаракат шавад. Баъди чанде Лутфия аз омода буданаш хабар дод. Нодир папкаи бо худ овардаашро ба даст гирифта, ҷониби дар равон шуд. Лутфия тағйири либос карда, назди дар ӯро интизор буд.
— Ман шуморо он ҷо монда, бармегардам ва ба рӯбучини хона машғул мешавам, — гуфт Лутфия аз дар баромада.
— Бошад, вале аввал бояд муайян кунем, ки кадом мебел дар куҷо истад.
— Хуб, — гуфт Лутфия.
Вақте ки онҳо ба хонаи навхаридаи Нодир омаданд, соат акнун дувоздаҳу ним шуда буд. Лутфия ва Нодир бо маслиҳат ҷои мебели хонаҳоро муайян карданд. Баъди омадани устоҳо Лутфия баргашт. Нодир бошад, хоҳиш кард, ки аввал мизу курсии кабинети кории ӯро дуруст кунанд, то ӯ бемалол папкаи овардаашро хонад. Устоҳо ин хоҳиши ӯро иҷро карданд ва Нодир ғарқи мутолиаи қазияи Бахтовар шуд. Чор нафар усто то соати 6-и бегоҳ ҳамаи мебели овардаашонро ҷо ба ҷо намуда рафтанд. Ҳамин вақт Лутфия ба хона даромада омад. Ӯ ба ҳар як ҳуҷра даромада, мебели онро бодиққат аз назар гузаронид. Ӯ махсусан ба мебели ошхона таваҷҷӯҳ кард. Ба Лутфия мебелҳои интихобкардаи Нодир мақбул омад.
— Мебелҳои харидаатон олӣ. Кай ба ин хона мекӯчед, — пурсид Лутфия.
— Пагоҳ ҷиҳози интихобкардаи шуморо мехарем, рӯзи дигар бошад, кӯчамонро меорем.
— Пас бӯрёкӯбон кай аст?
— Инаш дар ихтиёри шумо. Зеро кадбону шумо ҳастед.
— Чанд нафарро даъват мекунед?
— Се нафарро.
— Чаро ин қадар кам?
— Ман дӯстони ҷонӣ қариб ки надорам.
— Хешу ақрабо чӣ?
— Ман ба шумо гуфта будам-ку, дар шаҳр касе надорам. Хешу ақрабо ҳама дар деҳа зиндагӣ мекунанд. Ҳангоми дар газета кор карданам муносибати хешутабориамро чандон ошкор намекардам, то барои ман онҳоро ғам надиҳанд. Онҳо низ инро медонистанд ва чунин муносибатро риоя мекарданд. Ҳамин аст, ки равуои мо кам аст. Насиб бошад, ягон рӯз фурсати муносиб ёфта, онҳоро ба хона даъват мекунам ва зиёфат медиҳам.
— Хуб, аз дӯстон киро даъват мекунед?
— Валиҷонро бо завҷааш ва шуморо.
— Ман-ку ҳамин ҷо ҳастам.
— Ман шуморо расман даъват мекунам.
— Хуб. Ин хел бошад, бӯрёкӯбон бегоҳи рӯзи ҷумъа.
— Яъне, пас аз се рӯз.
— Бале, ҳоло рафтем ба хона, вақти хӯроки шом ҳам шуд.

***
Рӯзи дигар Лутфияву Нодир аз субҳ ба бозори «Корвон» рафта, пардаву қолин ва қандил хариданд. Ҳамзамон бо хоҳиши Нодир Лутфия косаву табақ ва дигар ҷиҳози ошхонаро интихоб кард. Хуллас, барои хона яхдону чангкашак, мошини ҷомашӯӣ, телевизор ва ғайраро хариданд. Нодир устои барқро аз мағоза бо худ овард, то ки қандилҳоро насб кунад. Нодир ҳамаи ин корро то нисфирӯзӣ анҷом дода, баъд ба кор рафт. Лутфия дар хона монд, то ки хонаро рӯбучин кунад ва асбоби ошхонаро ҷобаҷо монад.
Нодир ба офис омада, Валиҷонро дар сари мутолиаи қазияи писари Ширини Комил дарёфт. Баъди салому ҳолпурсӣ Валиҷон гуфт:
— Ман ин қазияро нодида гирифта будам, он хеле ҷиддиву пурчигил будааст. Баъди мутолиаи маводи тафтишот ягон идея пайдо шуд?
— Ба дуздӣ монанд аст. Чӣ хеле ки мушоҳида кардӣ, кӯдак худаш дарро кушода, ба кӯча баромада наметавонист. Аз ҷониби дигар, чунин ба назар мерасад, ки касе махсус видеокамераро аз кор баровардааст. Боз чаро Шукуфа дурӯғ мегӯяд?
— Ман ҳам ба чунин хулоса омадам ва имрӯз саҳар бо кормандони раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шудам. Он ҷо шогирдон ва собиқ ҳамкоронам ба ман кӯмак карда, тасдиқ намуданд, ки дар кишвар ҳастанд гурӯҳҳое, ки ба кӯдакдуздӣ машғуланд.
— Донанд, чаро дастгир намекунанд?
— Ҷинояткорон хеле эҳтиёткоранд, аз худ изе намегузоранд. Фаъолияташон чунон ба роҳ монда шудааст, ки агар ягон нафар ошкор шавад ҳам, ӯ наметавонад дигаронро ифшо кунад. Звенои поёнӣ звенои болоиро намешиносад. Ба даст аксаран моҳичаҳо меафтанд ва наҳангҳо шино кардан мегиранд. Яъне, бе асоси ҷиддӣ чунин ҷиноятро ифшо карда намешавад.
— Агар ифшо карда нашавад, ду даст болои даст мешинанд!?
— Ба ман ҳамкорони собиқ баъзе маълумотро доданд. Аз рӯи он метавонем тафтишотро идома диҳем.
— Хуб, чӣ маълумот?- пурсид Нодир.
— Дар Душанбе ду гурӯҳи ҷинояткори байналмилалӣ фаъол будаанд. Яке кӯдаконро барои бачабозӣ ба Афғонистон интиқол медодааст. Гурӯҳи дуюм ба трансплантатсияи узви бадани кӯдакон ба Аврупо машғул будааст.
— Аз байн ду моҳ гузашт. Агар ин кори дасти онҳо бошад, кӯдак аллакай дар хоки Тоҷикистон нест ва эҳтимолияти пайдо кардани Бахтовар қариб ки сифр аст.
— Дуруст, вале вазифаи мо ифшо кардани ин қазия аст.
— Пас аз рӯи ин тахмин мо бояд муайян кунем, ки чаро маҳз Бахтоварро дуздиданд? Ҳол он ки кӯча пур аз кӯдакони оворагард. Агар баъзеашон гум шаванд, касе онҳоро намекобад, — гуфт Нодир.
— Дуруст. Ҳар сол дар Тоҷикистон аз рӯи омори милиса аз 800 то 1000 нафар гум мешаванд, баъзеи онҳоро меёбанд. Вале як қисми онҳо гумшуда боқӣ мемонанд.
— Агар аз рӯи тахмини ту Бахтоварро гурӯҳи муташаккили ҷинояткор дуздида бошад, дар ин амал Шукуфа чӣ нақш дорад?
— Ту аз модараш гумонбар ҳастӣ? Наход модар ин корро кунад?
— Ҳозир дунё чаппа шудааст. Магар телевизор тамошо намекунӣ? Дар бораи чунин ҷиноятҳое гап мезананд, ки ба забон овардани онҳо худ гуноҳ аст. Барои ҳамин ҳам ба назари ман дар ин ҷиноят шарик будани Шукуфаро аз мадди назар набояд дур кард,- гуфт Нодир.
— Майлаш. Ту худат ба ин кор машғул мешавӣ, — гуфт Валиҷон. — Ман гурӯҳҳои ҷинояткорро таҳти назорат мегирам ва ин версияро тафтиш мекунам. Албатта, ту низ дар ин кор кӯмак мекунӣ.
— Ман «не» нагуфтаам-ку. Ҳардуямон як корро анҷом медиҳем. Пас ту аз пайи корҳоят шав, ман муайян мекунам, ки оё Бахтовар ягон махсусияте дошт, ки ӯро дуздидаанд. Ман бо духтури оилавии Ширини Комил сӯҳбат мекунам.
— Пагоҳ соати чанд ҷамъ мешавем?
— Беҳтараш пас аз нисфирӯзӣ. Зеро ман саҳар ба хонаи нав мекӯчам ва боз бояд ба автосалон рафта, мошин харам, зеро дар кори мо бе сабукрав намешавад, — гуфт Нодир.
— Воқеан, бӯрёкӯбон кай?
— Пасфардо, рӯзи ҷумъа, соати 6-и бегоҳ туро бо завҷаат интизорем. Бинои моро медонӣ. Ман шуморо он вақт дар назди биноамон интизор мешавам.
— Ман шӯхӣ кардам. Марди муҷаррад чӣ бӯрёкӯбон мекунад? Кӣ ғизо мепазад ва дастархон оро медиҳад?
— Парво накун, ошпазро аз тарабхона меорам.
— Шӯхӣ намекунӣ?
— Магар ман шӯхам?!
— Хуб, меоем.
— Пас аз пайи кор мешавем, — гуфт Нодир ва ба Ширини Комил занг зад, то аз ӯ рақами телефони духтури оилавиашонро гирад.

***
Духтури оилавии Ширини Комил дар дармонгоҳи марказии шаҳр кор мекардааст. Нодир зуд ӯро пайдо кард.
— Духтур, ман ба шумо барои сӯҳбат кардан занг зада будам.
— Ширини Комил ҳам маро огоҳ карда буданд. Ман шуморо гӯш мекунам.
— Ба ман маълумоти тиббӣ дар бораи Бахтовар лозим аст.
— Чӣ хел маълумот?
— Оё Бахтовар ягон махсусияте дошт. Масалан, хунаш аз кӯдакони дигар фарқ мекард?
— Шуморо фаҳмидам. Не ӯ аз кӯдакони дигар ҳеҷ фарқ намекард. Хунаш ҳам гурӯҳи сеюми резузаш мусбат буд, ки чунин кӯдакон зиёданд.
— Саломатиаш чӣ хел буд?
— Сиҳат буд ва ягон маротиба бемори ҷиддӣ нашудааст. Ана, ба картаи тиббиаш назар кунед.
— Нодир онро аз дасти духтур гирифта, назар дӯхт. Ягон қайди бемории хавфнок дар он сабт нашуда буд.
— Ташаккур, агар лозим шавед, занг мезанам, — гуфт Нодир ва аз дармонгоҳ берун баромад.
***
Нодир ба хонаи иҷорааш омада дид, ки Лутфия ҳамаи ҷиҳози ӯро ғун карда мондааст.
— Чӣ гап? Пагоҳ мекӯчем гуфта будем-ку?
— Нигоҳ кардам, ки чизҳоятон бисёр не: либосу чанд китоб ва боз баъзе майда — чуйда. Кирои барои ин субҳ вақт сарф кардан нест. Боз шумо мошин мехарам, гуфта будед. Ҳамаи инро мулоҳиза карда, ба хулосае омадам, ки ҳамин рӯз кӯчем. Ҳоло соат чор ҳам нашудааст. Бо ин ҷиҳозатон кӯчидан як соат ҳам вақтро намегирад.
— Дуруст. Гапатон ҷон дорад. Пас сар мекунем ба кӯчидан, — гуфт Нодир ва ду ҷомадони вазнинро ба даст гирифт.
Ҳамаи кӯчи Нодир дар як мошини «RAV-4»-и Лутфия ғунҷид.
Аз ҷои иҷоранишинии Нодир то хонаи нав харидааш як километр ҳам набуд. Бинобар ин, дар як фурсати кӯтоҳ онҳо кӯчиданд.
Хонаи нави Нодир баъди ҷиҳозонидан хеле зебою боҳашамат шуда буд.
— Беҳуда «Одаму либос ва хонаву палос», намегуфтаанд. Акнун бӯрёкӯбон кунед ҳам, мешавад, — гуфт Лутфия
— Мешавад, пасфардо. Вале ин бегоҳ шуморо дар ягон тарабхона зиёфат доданӣ будам.
— Ба хонаи нав кӯчида, дар тарабхона онро шустан хосияти хуб надорад. Бояд дар ҳамин хона ғизо пухт, — гуфт Лутфия ва афзуд: — Ман ҳамаи маҳсулоти хӯрокаи дар он хона бударо овардам, ки ба чанд рӯз мерасад. Дар ин хона бояд аввал оши палов пухта шавад.
— Ихтиёр дар дасти шумост. Дегу кафгирро ба дасти шумо супоридаем.
— Пас, равед истироҳат кунед ва ба хонаи нав мутобиқ шавед. Ман ба ошхона меравам.
— Ягон чиз лозим нест, ки ман рафта аз бозор бихарам?
— Не, ҳама чиз ҳаст.
— Ба ҳар ҳол ман ба бозор меравам.
— Чарх зада, меоям, гӯед.
— Бале, — гуфт Нодир ва аз хона берун баромад. Бозори маҳалла тақрибан 200 метр дуртар аз хонаи Нодир ҷойгир буд. Дар назди бозор мағозаҳои хӯрокаву либос низ ҷойгир буданд. Кас метавонист маводи даркориашро дур нарафта, аз бозори маҳалла харид кунад. Нодир мағозаҳоро давр зада, як торт, яхмоси туркии яккилогӣ ва боз чанд ғизои дигар харида, ба хона баргашт.
— Тортро пагоҳи дигар ҳам мехаридед, мешуд, — гуфт Лутфия хариди Нодирро дида.
— Ин барои ҳардуи мо. Барои бӯрёкӯбон боз торт мехарем, ин қадар зихна нашавед.
— Медонед, ки ман зихна не, барои сарфакорӣ мегӯям.
— Гапатон дуруст аст, вале бе ин ҳам намешавад.
Баъди чанд муддат оши палов тайёр шуд. Лутфия дар хонаи нишаст, болои мизи нав дастархони нав андохт ва оши паловро дар табақи нав кашида овард. Онҳо ғизо хӯрданд ва чой нӯшида, то вақти хоб сӯҳбат карданд.

***

Баъди комситониҳои тӯлонӣ, ҳангоми истироҳат Лутфия ба Нодир изҳори дил кард:
-Ҳамин сол ният дорам, ки духтару писарамро хонадор кунам.
— Орзуи хуб, вале ду тӯй дар як сол вазнин намеафтад?
— Гуфта будам-ку, тарабхонаву мағозаро ба иҷора додаам. Аз онҳо моҳе ду ҳазор доллар даромад ба даст меояд.
— Ин пул чӣ мешавад? Писару духтаратон донишҷӯ. Чӣ маблағе бошад, ман ҳам кӯмак мекунам.
— Дуруст. Ҳоло пул қадр надорад. Бо ду ҳазор доллар дар Душанбе базӯр моҳе зиндагии миёнҳолона мекунӣ. Барои ҳамин ҳам, ман тӯйи бодабдаба карданӣ нестам. Фаромӯш накунед, ки боз Қонуни танзими расму оинҳо ҳаст. Онро риоя кардан лозим.
— Оё фарзандонатон чунин тӯйро мехоҳанд?
— Ин чиз аллакай маслиҳат шудааст. Онҳо розианд.
— Пас арӯсу домод ҳам маълум?
— Бале, аз хешовандони дурамон мебошанд.
— Магар аз никоҳи хешутаборӣ наметарсед?
— Ба ростӣ, хеши хеле дуранд, ҳатто намедонам, ки чӣ хел хешанд. Аз деҳаи падариам мебошанд. Аз як авлодем, гӯям, мешавад.
— Писару духтаратон онҳоро хуш кардаанд?
— Ҳамсабақанд онҳо. Воқеан, баъди хостгорӣ фаҳмидем, ки хеш ҳастем.
— Ҳар ду ба хешовандони шумо издивоҷ мекунанд?
— Бале.
— Қудоҳоятон якдигарро мешиносанд?
— Не.
— Аз куҷоянд онҳо?
— Аз Душанбе. Бобоҳояшон солҳои сиюм аз деҳа ба Душанбе омадаанд. Барои ҳамин ҳам, аз як авлодем, мегӯям.
— Хуб аст. Пас тӯй кай?
— Дар тирамоҳ. Аввал писарамро зан медиҳам ва баъд духтарамро мебарорам.
— Пас бо як писари кенҷагиатон Шарафҷон мемонед?
— Бале. Барои ҳамин ҳам мехоҳам, ки муносибатамонро расмӣ кунем. Синну соламон рафта истодааст.
— Ақди никоҳ бандем?
— Ақаллан никоҳи мусулмонӣ кунем. Хобу хези мо ҳаром аст.
— Майлаш, як муллои ҷӯра дорам, даъваташ мекунам, никоҳ мебандад.
— Аз шумо фарзанд таваллуд кардан мехоҳам, — гуфт Лутфия.
-Чаро?
— Мехоҳам аз шахси дӯстдоштаам фарзанд дошта бошам.
— Магар ба ин зарурат ҳаст? Шумо ҳам фарзанд доред, ман ҳам. Шумораи ғуломонро зиёд кардан чӣ лозим?
— Чӣ хел ғулом?
— Ҳозир мардум барои маблағи ночиз чи дар муассисаҳои давлатӣ ва чи дар корҳонаҳои хусусӣ кор карда истодаанд. Онҳо бо маоши худ зиндагиашонро пеш бурда наметавонанд. Ба Русия мераванд ва он ҷо ба азобу таҳқирҳо тоб оварда, мардикорӣ мекунанд. Онҳоро мезананд, мекушанд, маошашонро намедиҳанд. Магар ин ҳама ғуломӣ нест?!
— Як қисми дигар бою бадавлатанд-ку?
— Бале, як қисми ночиз, ки дар боло пушту паноҳ доранд ва ё ришва медиҳанд, дар бизнес муваффақанд. Вале на ҳар кас вориди ин давра мешавад ва сармоя ғун мекунад.
— Худи шумо тавонистед-ку? Коратон хуб. Маоши хуб ҳам мегиред, ки хонаи нав харидед.
— Ин як чархи гардун ё бозии лоторея буд. Мо қазияи Хошоковро ифшо кардему ба мо пули калон доданд. Вагарна бо пули тарҷумонӣ як рӯз серу ду рӯз гурусна мегаштам, -гуфт Нодир.
— Гапи шумо дуруст. Вале ман мехостам, ки фарзанди якҷоя моро бо ҳам бештар пайвандад.
— Лаҷом мезанам, гӯед. Бе ин ҳам мо ба ҳам наздикем. Аз ҷониби дигар, ман марди танҳои шабам ва ба озодиву истиқлол одат кардаам. Маро наметавон дар қафас гирифт ва ё занҷирбанд кард. Қафасро мешиканаму занҷирро пора-пора мекунам ва ба озодӣ мебароям.
— Хуб, вале ман дигар аз шумо дил канда наметавонам, — гуфт Лутфия ва лабонашро ба лабони Нодир пайваст.

***

Субҳ баъди ношто Нодир бо Лутфия ба автосалон рафта, як сабукрави ҷипи «Hyundai Tucson» хариданд. Интихоб ба ранги нуқрафом афтод. Ба ҳар ду ҳам ин ранг мақбул буд. Корманди автосалон зуд харидро ба расмият даровард ва Нодир Лутфияро ба хона оварда, худ ба Бозрасии автомобилии давлатии шаҳри Душанбе барои қайду рақамгирии мошин рафт. Баъди анҷоми бақайдгирӣ ӯ ба мағозаву бозор рафта, барои бӯрёкӯбон ғизо харид.
Дар хона ӯро Лутфия интизор буд. Ӯ зуд дастархон густурд ва шӯрбо кашид. Нодир ғизо хӯрда, ба кор рафт. Валиҷон ҳанӯз наомада буд. Нодир ба роҳаткурсӣ нишаст ва ба андеша рафт. Ӯро қазияи Бахтовар ором намегузошт. Дарро кушода даромадани Валиҷон ӯро аз андешаҳо берун кард.
— «Ҳундай»-и нуқрафом мошини ту аст? — пурсид Валиҷон баъди салому ҳолпурсӣ.
— Бале.
— Ранги хубро интихоб кардаӣ. Насиб кунад.
— Ташаккур.
— Хуб, сари мақсад оем. Дар бораи қазияи Бахтовар чӣ андеша дорӣ?- пурсид Валиҷон.
— Гумон мекунам, ки мо бо роҳи нодуруст рафта истодаем. Зеро муфаттишони милиса низ бо ҳамин роҳ рафта, дармонданд.
Ман дирӯз бо духтури оилавии Ширини Комил сӯҳбат доштам. Ба қавли ӯ Бахтовар ягон махсусияте надошт. Хунаш камёб не. Ба мисли аксари кӯдакон аст ӯ. Аз ин мебарояд, ки вайро барои трансплантатсия надуздидаанд. Барои бачабозӣ ҳам кӯдаки калонро медузданд, — андешаашро гуфт Нодир.
— Гапат дуруст, вале боз кӣ медонад?
— Ту дар чӣ андешаӣ,- пурсид Нодир.
— Версия ё тахмине, ки баррасӣ мекардем, воқеан ҳам ба нокомӣ мебарад. Вале мо бояд ин чигилро кушоем. Шояд касе бадқасдона ин корро кардааст. Мо то ангезаи ҷиноятро нафаҳмем, онро ифшо карда наметавонем.
— Гапат дуруст. Мо аз рӯи маълумоти мавҷуда бояд муайян кунем, кӣ метавонад гумонбар бошад? Рақибони бонк, Ширини Комил, завҷааш ва хидматгораш, хешу ақрабои Шукуфа ё ҳамсояҳо ва умуман дуздон.
— Аз ин рӯйихат Ширини Комилу завҷааш ва хидматгорашро метавон баровард, зеро онҳо ҷабрдидаанд. Ширин хешу ақрабо надорад, дар хонаи кӯдакон калон шудааст. Хидматгорзан низ камтар зери шубҳа аст. Ҳамсояҳо низ наметавонанд ба дуздӣ даст дошта бошанд. Ширини Комилро ҳатто ҳамсояҳои наздик намешиносанд. Онҳоро низ бояд аз рӯйихат хат зад,- пешниҳод кард Валиҷон ва афзуд:
— Дар бораи вазъи бонки Ширини Комил, рақибонаш низ бояд маълумот ҷамъ кунем. Мумкин аст, ки ягон рақиб ин амалро анҷом дода бошад.
— Вале ба гумонам Шукуфа дар ин кор даст дорад. Барои ҳамин ҳам мо бояд дар бораи ӯ бештар маълумот дошта бошем.
— Пас маълумоти мазкурро бояд ҷамъ кунем. Ман дар бораи бонк маълумот гирд меорам. Ту аз пайи Шукуфа шав, — гуфт Валиҷон.
— Ҳамзамон гурӯҳҳои ҷинояткорро аз мадди назар дур набояд кард.
— Бале, ман ин масъаларо пайгирӣ мекунам.
Ҳамин вақт занги телефони дастии Нодир баланд шуд. Рақами ношинос буд. Нодир тугмачаи посухро зер кард:- Гӯш мекунам.
— Салом, акои Нодир! – садои шинос омад. — Маро шинохтед? Ман Марворид.
— Салом, бону! Чаро нашиносам? Магар духтарони зеборо метавон фаромӯш кард?
— Пас, чаро ягон маротиба занг назадед?
— Ба ростӣ, фаромӯш накардаам. Занг заданӣ будам. Диламон наздик, ки шумо худатон занг задед. Хеле пурташвишу гирифтор будам, барои ҳамин ҳам занг назадам.
— Майлаш, ман хафа нестам. Ман супориши шуморо иҷро кардам. Якто зӯрашро ёфтам.
— Ташаккур, вале ман ба ин наздикиҳо бекор намешавам. Хеле бандам. Вале ба шумо як «супориши партиявӣ» доштам.
— Марҳамат, гӯед.
— Шумо Шукуфаро баъди мулоқоти мо дидед?
— Не, вале вай барои рӯзи шанбе номнавис шудааст.
— Пас ман бояд аз шумо як чизро хоҳиш кунам.
— Бифармоед.
— Ин гапи телефонӣ нест, дар сӯҳбати чашм ба чашм мегӯям.
— Ман соати 5 аз кор мебароям. Метавонем баъд сӯҳбат кунем.
— Пас дар куҷо вомехӯрем?
— Маро ба мулоқот даъват мекунед?
— Ҳоло не. Мутаассифона, бандам.
— Барои вохӯрии кӯтоҳ бошад, ба ҷойи корам оед.
— Пас ман шуморо дар назди биноатон интизор мешавам.
— Хуб, — гуфт Марворид ва гуфтугӯро хотима бахшид.
— Ягонто навашро ёфтӣ?- нимшӯхиву нимҷиддӣ пурсид Валиҷон.
— Ман мисли ту занҷирбанд набошам. Марди озодам, — гуфт Нодир ба лабханд ва афзуд: — Супоришатро иҷро карда истодаам. Ӯ барои ман маълумот гирд меорад.
— Ош шавад!
— Воқеан, фаромӯш накун, пагоҳ соати шаши бегоҳ бо янга ба бӯрёкӯбон биё.
— Фаромӯш накардаам. Насиб бошад, меоем.
— Агар супорише набошад, ман ба мулоқот рафтам, — гуфт Нодир ва аз ҷой бархест.
— Барои имрӯз кифоя. Рав, аз паси корат шав. Ман каме кор дорам ва баъд ба хона меравам.
— Пас то пагоҳ, — гуфт Нодир ва сӯи дар равон шуд.
Валиҷон папкаи қазияи Бахтоварро кушода, варақгардон кард ва ба қайдҳояш таваҷҷӯҳ намуд. Суолҳои беҷавоб зиёд буданд. «Чиро ба назар нагирифтаем?», ба худ суол кард ӯ. Тафтишот аз рӯи қоидаву таҷрибаи мавҷуда сурат гирифтааст. Вале пешравӣ нест. «Ҷиноят, ки содир шудааст, пас ҳатман ҷинояткор ҳаст. Ӯро ифшо кардан аст вазифаи асосӣ», ба худ меандешид Валиҷон. Занги телефони дастӣ ӯро аз банди андешаҳояш берун кард. Вазири умури дохила Ромизи Маҳмадалӣ ба Валиҷон занг зада, хоҳиш кард, ки соати панҷи бегоҳ ба ҷаласаи махсуси назди вазир ҳозир шавад.

***
Нодир аз мағозаи гулфурӯшӣ як даста садбарги сафед харида, ба мулоқоти Марворид рафт. Ӯ дар сояи шоҳбулут, ки дар назди бинои кошонаи ҳусни «Гулсанам» қомат афрохта буд, интизор истод. Соати расо панҷу панҷ дақиқа аз бино ҷавонзани қадбаланди сафедрӯйи зебо, ки мӯйи сараш то китф қайчӣ зада буд, баромад. Ӯ дар тан куртаи сафеди чиндаи оҳарӣ ва дар по басаножкаи сафед дошт. Сумкааш ҳам ба мисли либосаш сафед буд. Нодир ӯро дида, дилаш таҳ кашид. Марворид аз бино баромад ва Нодирро дида, ба сӯяш омад. Нодир ҳам ба пешвозаш қадам монд ва баъди салому ҳолпурсӣ дастаи гулро тақдим намуд.
— Чун ин гулҳо ҳамеша шукуфон бошед!
— Ба мулоқот вақт надорам мегӯеду гулдаста тӯҳфа мекунед. Инро чӣ хел фаҳмем?
— Ин нишонаи таваҷҷӯҳ аст.
— Аз куҷо фаҳмидед, ки ман садбарги сафедро дӯст медорам?
— Ман журналистам ва бояд дили одамонро фаҳмам.
— Ташаккур барои гулҳо.
— Ба куҷо меравем? Шумо пиёда?
— Не, савора.
— Ман ҳам мошин дорам,- гуфт Марворид ва илова намуд:- Шумо-ку саросема, пас биёед ба қаҳвахонаи рӯ ба рӯ рафта, сӯҳбат мекунем. Он ҷо ин вақт чандон серодам нест.
— Бошад, — гуфт Нодир ва онҳо ба муқобили роҳ гузаштанд.
Қаҳвахона воқеан ҳам, камодам буд. Онҳо дар мизи канорие нишастанд, ки мизҳои атрофаш низ холӣ буд. Зуд пешхизмат омад, то фармоише гирад.
— Чӣ фармоям? — пурсид Нодир.
— Ба худатон ҳар чизе, ки мехоҳед фармоед. Ман танҳо яхмоси шоколадӣ ва шарбати олуча мефармоям.
— Пас ба мо ду яхмоси шоколадиву ду шарбати олуча биёред,- ба пешхизмат фармоиш дод Нодир.
— Хуб, шуморо гӯш мекунам, чӣ «супориши партиявӣ» доштед?
— Барои ман баъзе маълумотро дар бораи Шукуфа гирд овардан лозим.
— Чӣ хел?
— Шумо хабар доред, ки писари Шукуфаро дуздидаанд. Барои ин ҷиноятро ифшо кардан бояд дар бораи волидони кӯдак маълумоти зиёде дошта бошем. Зеро аз рӯи ин маълумот доираи муоширати ҷабрдидаро муайян кардан мумкин аст. Масалан, бо кӣ онҳо дӯстӣ доранду душманонашон кист? Инро аз худи онҳо пурсӣ, на ҳамеша мегӯянд. Шумо мехоҳед, ки мо писари ӯро ёбем?
— Албатта.
— Пас ба мо кӯмак кунед. Вақте ки Шукуфа наздатон омад, пурсед, ки ӯ кай кадом мактабу донишгоҳро хатм кардааст? Хонаи волидонаш дар куҷо аст? Чӣ хешу табор дорад? Корро аз куҷо сар кардааст ва чӣ хел ба бонк ба кор омадааст? Чӣ хел ба шавҳар баромадааст? Оё аз зиндагиаш розӣ аст? Шумо бояд посухи ба ҳамин монанд суолҳоро пурсед. Аз ӯҳдааш мебароед?
— Ман чанд сол муаллима будам, шогирдонро мепурсидам-ку.
— Ҷавобҳо дар хотираатон мемонад?
— Аз хотираам шикоят надорам.
Пешхизмат яхмосу шарбат овард. Онҳо яхмос хӯрда, сӯҳбатро идома доданд. Билохира Марворид гуфт: — Ман ба шумо арӯси зӯр ёфтам. Духтари 35-солаи модараш бӯсанокарда.
— Духтари духтар гӯед.
— Бале, духтар. Шавҳар накардааст.
— Духтар ё шавҳар накардааст. Зеро ҳозир занакҳои чандто зоидаро ҳам духтар кардан мумкин.
— Ман бо вай ҳамхоба нашудаам, — лабханд кард Марворид ва афзуд: — Аз сухану рафтораш духтар.
— Пас чаро то ин вақт шавҳар накардааст?
— Донишгоҳро хатм кардааст. Пасон дар хориҷа таҳсили магистратура кардааст. Аввал, таҳсил мекунам гуфта, хостгорҳоро рад кардааст. Сипас, ки синнаш боло рафтааст, дигар касе хостгораш нашудааст. Ҳамин тавр мондааст.
— Зани дуюму сеюм ё чорум нашудааст? Ин хелакҳоро зуд сарватмандон мегиранд-ку?
— Не, мехоҳад зани якум бошад.
Дар куҷо кор мекунад?
— Дар як созмони хориҷӣ.
— Афту андомаш чӣ хел? Боз қадпасти кулӯлаи фарбеҳи бенур набошад?
— Зебо, вале каме фарбеҳ. Ба мардҳо занҳои фарбеҳи думбакалон маъқул-ку?
— Ба ман занҳои бечарбии қомати расову чеҳраи кушод дошта мақбул аст. Охир зан мегирӣ на байтал. Зан бояд нафосати занӣ дошта бошад.
— Ба ин талаботи шумо ман рост меоям. Маро хуш мекунед?- бо лабханд гуфт Марворид.
— Ин аз шумо вобаста, — ҷиддӣ гуфт Нодир.
— Чӣ хел?
— Шумо худ маро мехоҳед?
— Албатта, агар мақбул намешудед, рақами телефонамро намедодам ва бо баҳонаи арӯсёбӣ занг ҳам намезадам. Ба ростӣ, вақте ки ман шуморо бори аввал дидам, мақбулам шудед. Барои ҳамин ҳам ошкоро мегӯям, ки дар дилам нисбати шумо меҳре пайдо шудааст. Ба муҳаббати бузург табдил ёфтани ин меҳр аз шумо вобаста аст. Албатта, шумо ҳам агар ба ман бо меҳр ҷавоб гӯед, дар дилҳо муҳаббат аланга мезанад.
Нодир аз ин суханон моту маҳбут шуда буд. Намедонист чӣ гӯяд? Зеро бо ин таҷрибаи бойи ишқварзиаш бори аввал мешунид, ки духтар пеш аз ӯ изҳори муҳаббат мекунад.
— Воқеан ҳам, шуморо чун дидам, ки аз дари кошонаи ҳусн баромадед, дилам ба таппиш даромад ва ба худ гуфтам, ки кош ӯ насиби ман бошад. Худо оҳи маро шунида будааст, — гуфт Нодир шӯхиомез ва афзуд: — Дар ин бора баъд сухан мекунем. Ҳоло мебинам, ки аз иҷрои супориш чӣ хел мебароед.
— Барои он ки мақбулатон бошам, супоришро иҷро мекунам.
— Худо ба мо кӯмак кунад, омин! – гуфт Нодир даст ба дуо бардошта. Сипас ӯ пешхизматро даъват кард, то ҳисобӣ кунад.
— Хоҳар, чанд пул мо аз шумо қарздор?
— 40 сомонӣ,- посух дод пешхизмат.
— Ман шуморо ба ин ҷо даъват кардам ва худам ҳисобӣ мекунам, — исрор кард Марворид.
— Не, хонум, — гуфт Нодир ва аз кисааш 40 сомонӣ бароварда, ба пешхизмат дароз кард.
Нодир Марворидро то назди мошинаш гусел карда, дасташро бӯсид ва хайрухуш кард.

***

Нодирро дар хона Лутфия интизор буд. Ӯ дарро кушода, худро ба оғӯши Нодир андохт. Нодир ҳам бо меҳр ӯро ба оғӯш кашида, лабонашро ба лабони Лутфия бурд.
— Бо кадом зан будед? Аз шумо бӯи атри занонаи франсавӣ меояд.
— Дуруст, бо духтаре мулоқот доштам, вале бо ӯ бӯсу канор накардаам. Мулоқоти корӣ доштам.
— Бале, аввал мулоқоти корӣ ва баъд мулоқот дар ҷойгаҳ. Магар ман шуморо намедонам?- рашк кард Лутфия.
— Ман ба шумо гуфта будам, ки марди озодам. Ҳар чӣ хоҳам, мекунам. Ҳоло никоҳ накарда, рашк мекунед, пагоҳ дар сарам чормағз мешиканед?!
— Хафа нашавед, ман шӯхӣ кардам.
— Дар ин хел корҳо шӯхӣ намекунанд.
— Воқеан, агар никоҳ кунем, ба ҳама эълон мекунед, ки ба шавҳар баромадед?
— Не, албатта. Одамон чӣ мегӯянд? Ин қадар сол танҳо гашту якбора шавҳар кард, мегӯянд. Дар тарафҳои мо баъди чилсолагӣ шавҳар намекунанд.
— Аз ман фарзанд таваллуд карданӣ будед-ку?
— Шумо сафи ғуломонро зиёд намекунам, гуфтед-ку. Барои ҳамин ба касе эълон намекунам. Аз тарафи дигар, шумо дар шаҳру ман дар деҳа ҳастам. Шумо ба деҳа назди ман рафта наметавонед, одамон гап мекунанд. Ман бошам, мумкин дар як моҳ як маротиба ба шаҳр оям. Аз деҳаи мо то Душанбе қариб 150 километр.
— Пас занушавҳарии мо рамзӣ хоҳад буд?
— Ба мисли имрӯза зандории шумо, ки ӯ дар Маскав аст.
— Агар ман боз зан гирам, чӣ?
— Ин кори шумо. Албатта, мард бе зани доимӣ наметавонад. Бояд зане бошад, ки хӯрокаш пазад, либосҳояшро шӯяд ва шабҳо оғӯшашро гарм кунад.
— Ин хел зани оқиларо магар метавон сарфи назар кард, — гуфт Нодир ва Лутфияро бо ду даст бардошта, ба дивани хонаи хоб бурд.
Лабҳо ба лаб расиданд ва комситонӣ шурӯъ шуд. Нодир гӯиё як моҳ боз оғӯши занро надида бошад, бо тамоми ҳастиаш комситонӣ мекард. Лутфия низ аз эҳсоси Нодир ба ваҷд омада, ӯро сахттар ба оғӯш мекашид ва лаҳзаҳои гуворо шурӯъ мешуданд. Нодири ташнаи муҳаббат пайиҳам комситонӣ мекард. Ниҳоят пас аз чаҳор навбати комситонӣ, ки ба ҷонбароӣ баробар буд, Нодир аз ҷой бархест ва барои ғусл ба ташноб рафт. Лутфия низ барои оббозӣ ба ташноби дигар даромад. Дар ин хонаҳои нав ду ташноб сохта буданд.

***
Дар ҷаласаи назди вазири умури дохила сардорони раёсатҳои вазорат ҷамъ омада буданд. Вазир ҷаласаро ифтитоҳ намуда, дар бораи афзоиши ҷинояткорӣ ҳарф зад ва сипас аз ҳар як сардори раёсат талаб кард, ки барои коҳиши ҷинояткорӣ чораҳои муассир андешанд. Ҳамчунин вазир ҳисоботи кӯтоҳи сардоронро оид ба вазъи корашон дар самти фаъолият шунид. Баъди анҷоми ҷаласа, ки қариб як соат тӯл кашид, ӯ ҳамаи сардорони раёсатҳоро рухсати рафтан дода, ба сардори раёсати мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккил Насими Раҳим амр кард, ки бозистад, зеро ба ӯ сӯҳбати хоса дорад. Валиҷони Нарзуллоро низ вазир хоҳиш кард, ки дар сӯҳбат иштирок кунад.
— Чаро то ҳол ба қочоқи одамон хотима намедиҳед? – пурсид вазир Ромизи Маҳмадалӣ.
— Тафтишот ба кундӣ рафта истодааст, — посух дод Насими Раҳим.
— Чаро?
— Бо сабабҳои гуногун. Аз ҷумла, мо наметавонем онҳоро ҳангоми ҷиноят содир карданашон боздошт намоем. Бе далели шайъӣ бошад, наметавон гуноҳи онҳоро собит карда, ба маҳкама кашид. Мутаассифона, ҷинояткорон як қадам аз мо пешанд ва аз фаъолияти мо огоҳ ҳастанд. Барои ҳамин ҳам комёб нашуда истодаем.
— Пас дар байнатон ягон хиёнаткори буз ҳаст, ки шуморо мефурӯшад.
— Ман ҳам чунин гумон мекунам.
— Зудтар ёбеду гуноҳашро дайн карда, ба суд диҳед, то ба дигарон ибрат шавад.
— Касе, ки бошад, бисёр айёр аст ва аз қапқон халос мешавад.
— Ягон гумонбар доред?
— Ҳастанд чанд нафар.
— Ҳама бузанд, гӯед. Ягон корманди ҳалол мондааст дар милиса?!
— Ҳастанд, кормандони содиқи пешина, ки танҳо бо маош зиндагӣ мекунанд.
— Бе кормандони поквиҷдон наметавон бар зидди ҷинояткории муташаккил мубориза бурд, — гуфт вазир ва афзуд: — ба шумо як моҳ мӯҳлат, то ки раёсатро аз кормандони бевиҷдону ҳаромхӯр тоза кунед. Ба ҷои онҳо номзадии кормандони поквиҷдону босаводро ба ман пешниҳод кунед.
— Хуб шудааст, рафиқ генерал-лейтенант, — гуфт Насими Раҳим.
— Акнун сари мақсад меоем. Тақдири писари банкир чӣ шуд?
— Ба ростӣ, сарҳисобамонро гум кардем. Пешравие дар тафтишот нест. Ҳатто Интерпол низ коре карда наметавонад.
— Пас, тафтишотро нодуруст мебаред ва ҷинояткорро дар дигар ҷо меҷӯед. Ман ба Ширини Комил шуморо тавсия дода будам, — ба Валиҷони Нарзулло муроҷиат кард вазир. – Шумо, устод то куҷо муваффақ шудед?
— Мо ҳам сари калобаамонро ҳоло наёфтаем. Вале ба ҳар ҳол тафтишот бурда истодаем ва бояд ин қазияро ифшо кунем, — гуфт Валиҷон.
— Ба фикрам, агар ин ду гурӯҳи ҷинояткори одамрабоёнро барҳам занем, худаш маълум мешавад, ки писари банкирро кӣ дуздидааст, — гуфт Насими Раҳим.
— Пас, тезтар гиред онҳоро. Корро резинка накунед. Ин қазия расонаӣ шудааст, пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ шарманда шудем.
— Ваъда медиҳам, ки ҷиноят ифшо мешавад.
— Ман устодро беҳуда даъват накардаам. Ин кас ба шумо ҳамчун мушовир дар тафтишот кӯмак мекунанд. Ҳар маълумоти оперативие, ки доред, ба устод диҳед ва маслиҳату супориши он касро иҷро намоед, — гуфт вазир.
— Итоат, ҷаноби вазир, — гуфт Насими Раҳим.
— Устод хоҳиш, бо истифода аз таҷрибаву малакаи зиёди корие, ки дар ин раёсат доштед, ба инҳо кӯмак кунед, — ба Валиҷони Нарзулло муроҷиат кард вазир.
— Бо ҷону дил. Ҳамаамон як корро карда истодаем-ку. Ҳар қадар ҷинояткорӣ кам шавад, ҳамон қадар ҷомеа осуда хоҳад буд, — гуфт Валиҷон.
— Воқеан, дӯсти журналистамон Нодири Аминпур куҷост?
— Ӯ ҳам тафтишот бурда истодааст, бегоҳӣ бо як нафар мулоқот дошт.
— Ҳатман Нодири Аминпурро ҳам дар ин амалиёт ҷалб намоед, ӯ бо диди журналистӣ ба қазия назар мекунад ва он чизеро, ки мо намебинем, мебинад.
— Нодир чун муфаттиши ҳақиқӣ фикр мекунад ва дар ин ҷода низ комёб шудааст, — ҷӯраашро таъриф кард Валиҷон.
— Хуб, ҷинояткоронро ёбед, баъд бофурсат нишаста сӯҳбат мекунем. Акнун аз пайи кор шавед,- гуфт вазир онҳоро рухсати рафтан дода.
— Устод, кай корро шурӯъ мекунем, — пурсид дар долон Насими Раҳим.
— Ҳоло дер шуд, субҳ соати 8 меоям, бо майнаи тоза сӯҳбат мекунем, — гуфт Валиҷон ва озими хонааш шуд.
***

Субҳ баъди ношто кардан Нодир ба Ширини Комил занг зада хоҳиш кард, ки мехоҳад дар бораи қазияи Бахтовар бо ӯ сӯҳбат кунад. Вай гуфт, ки Нодирро соати 9 дар бонк интизор мешавад.
— Фаромӯш накардаед, ки имрӯз бӯрёкӯбон дорем, боз дер накунед, — таъкид кард Лутфия ҳангоми гусел Нодирро.
— Не, фаромӯш накардаам. Ягон камбудӣ нест?
— Ҳама чизи даркорӣ ҳаст, ба ғайри торту яхмос.
— Ман вақти ба хона омаданам меорам.
— Ман ҳам ҳамин хел фикр карда будам.
— Пас барори кор ба шумо, — гуфт Нодир ва бӯсае аз лабони Лутфия ситонида, аз дар баромад, то ки ба Бонки «Эврика» равад.

***

Ширини Комил Нодирро хуш қабул кард ва дар бораи рафти тафтишот пурсон шуд:
— Ягон пешравие ҳаст?
— Ин қазияи хеле печида аст. Барои ҳамин ҳам онро дар як-ду ҳафта ифшо карда намешавад. Ба ҳар ҳол мо версияҳои гуногунро тафтиш карда истодаем. Ман ҳоло барои маълумотҷамъкунӣ омадам.
— Ман умед дорам, ки шумо ин қазияро ифшо мекунед. Вазир шуморо зиёд таъриф кард ба ман, — гуфт Ширини Комил ва афзуд: — Ман омодаам ба шумо кӯмак кунам.
— Ман мехостам, ки шумо дар бораи рафиқ ва кормандатон Самир Абдуллоев маълумот медодед.
— Шумо аз вай гумонбаред-чӣ? Вай инсони хуб, дӯсти наздик ва корманди баҳуши ман аст.
— Мо мушахассан аз касе гумонбар нестем. Вале барои рӯшан кардани ҳодиса бояд маълумоти бештар дошта бошем.
— Хуб, нависед.
— Зарурат надорад. Хотираам қавӣ аст, дар ёдам мемонад.
— Пас гӯш кунед, — ба сухан оғоз кард Ширини Комил. — Ман Самирро қариб 15 сол боз мешиносам. Пеш дар факултаи иқтисодии донишгоҳ ассистент буд. Тағояш Маҳмуд, ки дар вазорати молия кор мекард, аз ман хоҳиш кард, ки ӯро ба қавле зери қанотам гирам. Аз ҳамон вақт ин ҷониб ӯ бо ман кор мекунад. Кораш пешрав аст, ман аз ӯ шикоят надорам. Барои ҳамин ҳам ӯро муовини аввали худ таъйин кардам.
— Ӯ оиладор аст?
— Бале, ба духтари амакаш издивоҷ кардааст ва се нафар фарзанд дорад.
— Самир дар куҷо таваллуд шудааст?
— Дар деҳаи Заргари ноҳияи Зархез.
— Ташаккур, акнун чизи дигареро пурсиданиам. Моликиятатонро ба кӣ мерос мондаед?
— Аксари моликиятро ба номи Бахтовар мерос мондаам. Медонед, ки ман дар хонаи бачагон калон шудаам ва хешу табор надорам. Бинобар ин, 10 дарсади моликият ба Шукуфа мемонад ва 10 фоизи дигар ба ҳисоби пул ба хонаи бачагоне, ки ман тарбия ёфтаам, мегузарад.
— Ин тавр тақсими меросро аз нигоҳи ҳуқуқӣ қонунӣ кардаед?
— Бале, дар нотариус санад шудааст.
— Аз ин амал кӣ хабар дорад?
— Шукуфа, Самир ва албатта нотариус.
— Шукуфа аз ин гуна тақсими мерос розӣ буд?
— Чизе нагуфтааст.
— Боз маро мебахшед, ки мепурсам. Ин муҳим аст. Меросатон ҳоло тақрибан чӣ маблағ мешавад.
— Бо нархҳои ҳозира камаш 35 миллион доллар. Вале сол ба сол қимати активҳо афзуда истодаанд ва мумкин баъди 10 сол он ду маротиба афзояд.
— Ташаккур. Агар зарур шавед, боз занг мезанам.
— Як пиёла чой ҳам нагирифтед.
— Ташаккур, аз пайи кор шуданам даркор, — гуфт Нодир ва сӯи дар роҳ гирифт. Ширини Комил ӯро то дари кабинеташ гусел кард.
Нодир ба мошинаш омада нишаст ва ба ёдаш омад, ки дар факултаи иқтисодии донишгоҳ дӯсташ Хайрулло муовини декан аст. Ӯ метавонад аз Хайрулло дар бораи Самир маълумот пайдо кунад. Албатта, ҳоло ба донишгоҳ рафтан маъно надорад, зеро ҳама дар таътиланд. Пас бояд ба телефони дастиаш занг зад. Ӯ аз маълумотномаи телефонаш рақами телефони Хайруллоро ёфта, ба ӯ занг зад. Баъди салому ҳолпурсӣ Нодир хоҳиши бо ӯ вохӯрданашро изҳор намуд. Хайрулло ӯро ба хонааш даъват кард. Нодир гуфт, ки вақти меҳмон шудан надорад, беҳтараш пеши хонааш барояд, ҳамон ҷо вомехӯранд. Хайрулло розӣ шуд ва Нодир муҳаррики сабукравашро ба кор даровард.
Вақте ки Нодир ба назди бинои хонаи Хайрулло омад, ӯ аллакай дар берун интизор буд. Онҳо гарму ҷӯшон вохӯрӣ карданд. Нодир қариб як сол мешуд, ки ӯро надида буд.
— Биё, ба хона равем, он ҷо сари як пиёла чой сӯҳбат мекунем,- гуфт Хайрулло.
— Не, ман вақтатро намегирам. Як чизро пурсидан мехоҳам.
— Ту қариб сӣ сол боз дар факултети иқтисодӣ кор мекунӣ, оё ассистент Самир Абдуллоевро мешиносӣ, ки 15 сол пеш ин ҷо кор мекард.
— Самирро хуб мешиносам. Ман ҳатто ба ӯ дарс додаам.
— Намедонӣ, чаро Самир донишгоҳро тарк карда, ба бонк ба кор гузашт.
— Самирро бо ҷанҷол аз донишгоҳ пеш карданд.
— Чаро?
— Ректор ӯро ҳангоми ишқварзиаш бо як донишҷӯдухтари курси якум дар хобгоҳ доштааст. Духтар шикоят накард, бинобар ин ректор одамгарӣ карда, ӯро амр намуд, ки бо хоҳиши худаш ариза навишта, донишгоҳро тарк кунад.
— Тақдири донишҷӯдухтар чӣ шуд?
— Донишгоҳро хатм кард ва ҳоло дар як бонки хусусӣ вазифаи калон дорад. Ба фикрам дар ҳамон бонке, ки Самир кор мекунад.
— Мабодо номи духтар ба ёдат нест?
— Не, ман ба онҳо дарс надодаам, вале ба фикрам номи ӯ ба гул иртибот дошт. Ҳаминашро шунида будам, ки онҳо ҳар ду аз як деҳа буданд.
— Мабодо номи духтар Шукуфа нест?
— Бале, Шукуфа.
— Ташаккур. Ман маълумоти заруриро гирифтам.

***
Нодиру Валиҷон пасу пеш ба офис омаданд. Баъди салому ҳолпурсӣ Валиҷон ба Нодир дар бораи ҷаласаи назди вазир ва мулоқоти имрӯзааш бо Насими Раҳим, сардори раёсати мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон нақл кард.
Нодир ҳам дар бораи мулоқотҳои имрӯзааш ва хулосаи таҳқиқоташ чунин гуфт:
— Маълум шуд, ки Самир Абдуллоев, муовини аввали Ширини Комил бо Шукуфа қаблан муносибати маҳрамона доштааст ва ӯро барои ҳамин рафтораш аз донишгоҳ пеш карда будаанд. Маҳз Самир Шукуфаро ба бонк овардааст ва баъдан маслиҳат додааст, ки Ширини Комил ба ӯ издивоҷ кунад. Ман намедонам, ки ин муносибати онҳо ҳоло ҳам идома дорад ё не.
— Аҷиб. Ин факт қобили таваҷҷӯҳ аст, — гуфт Валиҷон.
— Бале, ин масъаларо амиқтар омӯхтан лозим.
— Ман ҳам чунин андеша дорам. Пас таҳқиқотро дар ин самт бояд идома диҳӣ. Воқеан, дирӯз вазир туро пурсид ва супориш дод, ки дар амалиёти раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил ҷалб карда шавӣ. Мо имрӯз бо Насими Раҳим нақшаи як амалиётро кашидем, дар он ту ҳам иштирок мекунӣ.
— Бе тайёрӣ? Мо кай боз ба тирпарронӣ нарафтаем. Барои тирпарронӣ ба Тир рафтанро ташкил кун.
— Ин масъала кирои гап нест. Вазир ба мо рухсатнома додааст, мо ҳар вақте ки ҳоҳем, рафта машқ мекунем.
— Пас, биё рӯзи шанбе меравем. Имрӯз барвақттар ба хона меравем, мо бӯрёкӯбон дорем, фаромӯш накардаӣ.
— Не, янгаат омодагӣ дорад.
— Пас меравем ба хона.
— Ту рафтан гир, ман ба офиси нав медароям. Мебелро овардаанд ва Хуршед ҳоло он ҷо банд аст.
— Пас то бегоҳ, — гуфт Нодир ва аз офис баромад.
Ӯ ба сехи тортпазӣ даромада, торти фармудаашро, ки «Наполеон» ном дошт гирифт ва баъдан аз супермаркет ду қуттии гуногуни яккилогии яхмос ва чанд дона нон харида, ба хонааш равон шуд.
Дари хонаро Лутфия кушод. Ӯ хариди Нодирро аз дасташ гирифта гуфт:
— Нон лозим набуд. Ман аллакай дар тафдон нону фатир ва кулча пухтам.
— Ман аз куҷо донам. Ҳеҷ гап не, нон ҳаргиз зиёдатӣ намешавад.
— Либосатонро иваз карда биёед, хӯрок мекашам. Вақти хӯроки нисфирӯзӣ кайҳо гузашт.
— Майлаш, — гуфт Нодир ва барои тағйири либос ба ҳуҷраи дигар гузашт.

***
Нодир расо соати даҳ дақиқа кам шаши бегоҳ аз хонааш ба назди бино фаромад ва интизори Валиҷон шуд. Соати шаш Валиҷон бо завҷааш дар назди бинои хонаи Нодир аз мошин фаромаданд. Мошинро писари хурдии онҳо — Эҳсон меронд. Нодир Эҳсонро низ ба хона даъват кард, вале ӯ кори заруре доштанашро баҳона оварда, наистод. Нодир онҳоро тавассути лифт ба хонааш, ки дар ошёнаи чорум буд, овард. Дар даромадгоҳ онҳоро Лутфия пойандоз партофта, пешвоз гирифт.
— Марҳамат, ба хона дароед, — меҳмонхонаро нишон дод Лутфия.
— Як лаҳза, ман дастонатонро об гирам, — гуфт Нодир, ки аллакай дастшӯйро медошт.
Лутфия дастархоне ороста буд, ки ба диданаш чашм сиёҳӣ мезад. Бовари Нодир намеомад, ки ҳамаи инро ӯ харида бошад. Лутфия аз маҳсулоти оддие, ки Нодир аз бозору мағоза харида буд, мӯъҷиза сохта буд. Болои мизро хӯришҳои гуногуни сабзавотиву гӯштӣ, нонҳои гуногун, қанду қандалот, анвои меваҳо, торт, нӯшобаҳои ҳархела оро медод. Дар байни миз коняк, арақ ва шароб гузошта шуда буд. Нодир меҳмононро «хуш омадед» гуфта, ба Лутфия шинос кард:
— Ин марди босалобат, дӯст ва ҳамкори ман Валиҷон. Ин хонуми зебо ҳамсари он кас, янга. Рости гап, номашонро намедонам, зеро ман ҳамеша «янга» гуфта, муроҷиат мекунам.
— Номи ман, Ойишабону, — гуфт завҷаи Валиҷон.
— Ин хонуме, ки муаллифи дастархон аст, Лутфиябону ном доранд. Дар деҳа ҳамагон ӯро раиса мегӯянд ва эҳтиромашон мекунанд.
— Ман албатта, эҳтиёҷ ба муаррифӣ надорам, — бо лабханд гуфт Нодир ва афзуд: — Марҳамат аз ин нуқлу наво тановул кунед ва ман ба ростӣ, намедонам, ки Лутфиябону боз чӣ сюрпризе дар ошхона доранд.
Нодир чун таомул аввал нон шикаста, назди меҳмонон гузошт ва гуфт:
— Минбаъд худхизматрасонӣ, шарм накарда ҳар чизе, ки дилатон мекашад, тановул кунед.
Лутфия ба бакалҳо нӯшобаи олугӣ рехта гуфт: — Агар чой мехоҳед, чойники сабз чойи кабуд ва чойники гулҳояш сурх чойи сиёҳ дорад.
— Ташаккур, ҳозир нӯшобаи хунук айни муддаост, — гуфт Валиҷон.
— Ба ту аз кадомаш резам, — пурсид Нодир аз Валиҷон шишаҳои нӯшокиҳои спиртиро нишон дода.
— Барои ман фарқ надорад, вале ман бо кӣ менӯшам?- ҳайрон гуфт Валиҷон.
— Бо янга албатта,- шӯхӣ кард Нодир.
— Янгаат оби газнок наменӯшаду боз ту майю шароб мегӯӣ.
— Пас бо Лутфиябону мегиред.
— Хӯше, шумо кай дидед, ки ман шароб нӯшида бошам?
— Ман-ку надидам, вале магар раисон наменӯшанд?
— Менӯшанд, вале ман не. Худатон гиред.
— Иҷозат медиҳед?
— Ба шумо магар иҷозати ман лозим аст?
— Бале.
— То ин вақт нӯшиданатонро надидаам.
— Нодир шӯхӣ мекунад. Ӯ кайҳо нӯшиданро бас кардааст. Пас ман худам танҳо менӯшам, — гуфт Валиҷон ва шишаи арақро ба даст гирифт. – Ман арақ менӯшам, коняк дар ин гармӣ фишори хунро баланд мекунад.
— Ту танҳо нестӣ, ман бо нӯшоба ҳамроҳӣ мекунамат, — гуфт Нодир ва ба қадаҳи худ нӯшобаи себӣ рехт.
— Қадаҳи аввалро барои ободонии ҳамин хонадон менӯшем, — гуфт Валиҷон. — Бигзор ҳамеша аз ин хона садои хурсандӣ барояд.
— Ташаккур, — гуфт Нодир ва бо ӯ қадаҳи нӯшобаро ҷанг андохт.
Лутфия ба ошхона рафта, ба нимкосаҳо мурғшӯрбо овард. – Марҳамат, гиред, хӯроки парҳезӣ аст. Аз мурғи махаллии дасткӯш. Ман махсус кам кашидам, то ки хӯрокҳои дигарро ҳам тановул кунед.
— Ҳоло ҳафт хел хӯрок пухтаам, гӯед, — луқма партофт Нодир.
— Ҳафт хел набошад ҳам, боз чанд хӯроки дигар ҳаст, — гуфт Лутфия.
Воқеан, баъди ин Лутфия дар як табақ дамлама овард, ки гӯшташ ҳилим-ҳилим пухта буд. Баъди ғизои мазкур ӯ дар як табақ гулмоҳӣ овард, ки онро дар фолга печонида, бо усули махсус дар тафдон пухта буд. Ғизоҳои пухтаи Лутфия он қадар бомазза буданд, ки сер бошӣ ҳам, хӯрдан мехостӣ.
— Лутфиябону ҳамин ғизоҳоро ҳар рӯз яктогӣ мепухтед, ману Нодир як ҳафта ин ҷо обед мекардем, — гуфт Валиҷон.
— Боке нест, ман ин ҷо бошам, бо Нодирҷон ба ғизохӯрӣ омадан гиред.
— Шумо ин ҷо бо Нодир зиндагӣ намекунед? Нодир гуфта буд, ки ошпазро аз ресторан меорам, пас шӯхӣ намекардааст, — гуфт Валиҷон, ки ширакайф шуда буд.
— Не, ман ба меҳмонӣ омадаам.
Лутфия ба дастархон табақчаҳои тоза гузошт ва зарфҳои холиро гирифта, ба ошхона рафт. Ойишабону ҳам бо баҳонаи кӯмак ба Лутфия ба ошхона гузашт. Ӯ аз фурсати муносиб истифода бурда, ба Лутфия гуфт: — Нодир марди хуб аст, магар намешавад, ки бо ҳам издивоҷ кунед?
— Бале, хуб аст ӯ. Вале агар издивоҷ кунем ҳам, ман наметавонам бо ӯ доимӣ бошам. Ман дар деҳа зиндагӣ мекунам, фарзандони калон дорам, наметавонам, ки онҳоро партофта, назди Нодир оям.
Баъди чанде Ойишабону аз ошхона баргашта гуфт, ки Лутфия оши палов мепазад.
— Сер шудем, бас будагист ғизо хӯрдан. Нагуфтӣ, ки лозим нест, — гуфт Валиҷон.
— Зирбаки ош тайёр будааст, ӯ биринҷро андохт.
— То кай муҷаррад мегардед, ба ҳамин Лутфия издивоҷ кунед, намешавад? Зани хуб, панҷ панҷааш ҳунар, — маслиҳат дод Ойишабону ба Нодир.
— Интихоби хуб. Ба пеш, — гуфт Валиҷон ва қадаҳро бардошт: — Зудтар ин хона соҳиби кадбонуи хуб шавад!
— Ин имкон надорад. Зеро вай наметавонад доимӣ бо ман бошад, — гуфт Нодир.
— Лутфия ҳам ҳамин гапро мегӯяд, — тасдиқ кард Ойишабону. – Афсӯс.
— «Сар бошад, тоқӣ ёфт мешавад», — гуфтаанд, бузургон. – Зиқ нашав, ман худам ба ту як духтари модараш бӯса накардаашро ёфта медиҳам, — гуфт Валиҷон.
— Бе ту ҳам худам меёбам. Ту бисёр ҳиммат кунӣ, маро бо милисадухтарон шинос мекунӣ.
Сӯҳбат идома дошт ва Нодиру Валиҷон пай набурданд, ки Лутфия як табақ оши паловро оварда, болои дастархон мондааст. Ӯ кафгирро гирифта, ба мисли аврупоиҳо ба ҳар кас ба табақчааш ош кашид. Оши палов бо биринҷи девзираи Регар хеле олӣ омада буд. Ҳамин буд, ки меҳмонон таъриф карда, ошро хӯрданд.
Пас аз ошхӯрӣ Лутфия дар табақчаҳо барои ҳар яке ду намуд яхмос овард.
— Имшаб магар ки хоб наравем, — ишкамашро тап-тап зада гуфт Нодир.
— Бо чунин ҷавонзан магар хобат меояд, — луқма партофт Валиҷон, ки қариб як шиша арақро нӯшида, сархуш шуда буд.
— Бо ин такопӯе, ки имрӯз Лутфиябону доштанд, сарашонро монанд, баррача барин хоб мераванд ва маро фаромӯш мекунанд, — гуфт Нодир.
Лутфия аз ин суханон шармида, рӯяш сурх шуд, вале чизе нагуфт, гӯё чизеро нашунида бошад.
— Ошро хӯрдем, яхмосро нӯши ҷон кардем, аз торт ҳам ком ширин кардем, акнун ба мо рухсати рафтан будагист, гуфт Валиҷон ва афзуд: — Нодир, ту ҳушёрӣ, ба дастархон дуо кун.
— Файзу баракат дар ҳар хонадон афзун шавад! Худо рӯзиамонро канда накунад, омин! – Гуфт Нодир.
Валиҷон ба Эҳсон занг зад. Ӯ дар ин наздикиҳо будааст, гуфт, ки баъди даҳ дақиқа расида меояд. Меҳмонон ба берун баромада, Эҳсонро мунтазир мешавем, гуфтанд. Ойишабону дастархон карда, омада буд. Лутфия ба дастархони ӯ қанду мева ва аз анвои пухтааш, ки вайрон намешуданд, гузошт. Нодир бо меҳмонон ба кӯча баромад ва то омадани Эҳсон бо Валиҷон сӯҳбат кард. Эҳсон маътал накарда, зуд расида омад ва меҳмонон ба хонаашон рафтанд.
Вақте Нодир ба хона баргашт, Лутфия аллакай дастархонро ғундошта, дар ошхона зарф мешуст. Ӯ ба ошхона даромада, аз баногӯши Лутфия бӯсида гуфт: — Ташаккур, ҷонам. Воқеан ҳам хизмат кардед. Агар дар дасти ман мешуд, шуморо ба мукофоти давлатӣ пешниҳод мекардам.
— Иғроқ накунед, ман ҳамон кореро кардам, ки бояд ҳар як зани тоҷик анҷом диҳад.
— Ба ҳар ҳол ташаккур. Агар аз ресторан ошпазу пешхизмат меовардам, ба мисли шумо буда наметавонистанд.
— Майлаш, ба хона гузашта истироҳат кунед, ман ҳозир корҳоямро анҷом дода меоям.
Нодир ба меҳмонхона баргашта, худро ба роҳаткурсӣ партофт. Бо ишками пур на истироҳат карда мешуду на газет хонда, ҳатто тамошои телевизор мушкил менамуд. Ба ҳар ҳол ӯ то омадани Лутфия худро ба тамошои телевизор андармон кард.
Лутфия бошад, баъди анҷоми корҳояш дар ошхона ба ташноб даромада, оббозӣ кард, то бӯи дегу табақ аз баданаш дур шавад.
Баъди омадани Лутфия Нодир пешниҳод кард, ки барои ҳазм шудани ғизо ба кӯча баромада, ягон соат қадам зананд, зеро ҳоло нав соат 10 шудааст. Лутфия розӣ шуд ва онҳо беш аз як соат сӯҳбаткунон дар маҳалла қадам заданд.
— Ман пагоҳ ба деҳа бармегардам. Меҳмонии ман тӯл кашид. Бачаҳо чӣ мегӯянд?- гуфт Лутфия дар ҷогаҳ ба Нодир.
— Акнун мегӯед, ки меравам. Ман боз нақша кашида будам, ки рӯзи якшанбе шуморо ба Варзоб бурда, тамошо диҳам.
— Дафъаи дигар. Ман боз меоям.
— Меоед, ки ман зан гирифтаам. Валиҷон ваъда кард-ку.
— Зан гиред, ҳам меоям. Шумо ба ман никоҳ карданро ваъда карда будед.
— Ман аз ваъдаам нагаштаам. Ман ба нақша гирифта будам, ки рӯзи шанбе муллои дӯстамро оварда, никоҳ мебандем ва рӯзи якшанбе ба саёҳати тӯёна меравем.
— Никоҳ кунед, шуд. Воҳимаи зиёдатӣ лозим нест, — гуфт Лутфия ва лабонашро ба лабони Нодир васл кард.
Ин шаб ҳам бо комситониҳо рӯз шуд. Нодир бо тамоми санъаташ комситонӣ мекард, то ки Лутфия фаромӯшаш накунад ва хумори ишқварзиҳояш гираду боз ба оғӯши ӯ баргардад.

***

Субҳ Нодиру Валиҷон дар Тири вазорати умури дохила вохӯрданд. Аввал ҳардуи онҳо аз таппончаи «Макаров» тирандозӣ карданд. Аз натиҷаи тирпарронӣ бармеомад, ки аз 8 тир ба ҷои 80 хол Нодир 72 ва Валиҷон 75 хол гирифтааст, ки ин ба меъёри тирандозҳои касбӣ баробар буд. Вале натиҷаи мазкур онҳоро қонеъ намекард. Бояд ҳатман тирҳои андохтаашон ба натиҷаи баландтарин мерасид. Бинобар ин, онҳо аз нав таппончаро ба даст гирифтанд.
Ин дафъа натиҷаи олӣ ба даст омада буд: Нодир аз 8 тир 78 хол ва Валиҷон 80 хол ба даст оварданд.
— Ҳар ҳафта ақаллан як маротиба ба тирпарронӣ омадан даркор, — гуфт Валиҷон. – Вагарна касбиятро аз даст медиҳем.
— Ба мисли шумо, рафиқ полковник ягон кас дар вазорат тир намепарронад, — луқма партофт масъули толори тирпарронӣ. — Аксар базӯр 50 ва беҳтаринҳо 65 хол мегиранд. Рафиқатон ҳам тирандози хуб будаанд.
— Малака аз кардан мешавад. Агар онҳо мувофиқи қоида ҳар моҳ ба тирпарронӣ меомаданд, ҳатман натиҷаашон беҳтар мешуд.
— Худат медонӣ, баъди хизмат дар Афғонистон ҳамагӣ чанд маротиба дар ҳамин ҷо тир паррондаам. Холо ҳам хуб аст, ки тирпаррониро фаромӯш накардаам, — гуфт Нодир дар омади гап. — Ин дафъа ҳатман 80 хол хоҳам гирифт. Аз автомат тир парронем, натиҷа чӣ гуна мешуда бошад?
— Пас ба толори дигар меравем, — пешниҳод кард Валиҷон.
Дар толори дигар онҳо 10 тирӣ гирифта, аз автомати «Калашников» ба нишон парронданд. Ин ҷо аз 100 холи ниҳоӣ Нодир 95 ва Валиҷон 92 хол ба даст оварданд. Ин нишондиҳандаи хуб ҳисоб мешуд.
— Ҳатман вақт ёфта ба ҳамин наздикиҳо ба тирпарронӣ омадан даркор, — гуфт Валиҷон вақти аз Тир баромадан.
— Бале, ҳоло ки вазир чунин марҳамат кардааст, аз ин истифода бурдан лозим, — сухани ӯро тасдиқ кард Нодир.
— Вазир чунин имкониятро ба ҳамаи кормандони ғайриштатӣ муҳайё намекунад. Воқеан, машқ карда истодаӣ? Усулҳои самбои ҷангиро фаромӯш накардаӣ?
— Ду моҳ шуд, ки ба толори варзишӣ нарафтаам. Дар хона каме машқ мекунаму халос.
— Дар кори мо бе машқ намешавад. Ҳатман машқро аз нав шурӯъ кардан лозим. Ман гапзанон мекунам. Минбаъд аз ҳафтаи оянда, ҳафтае се маротиба бегоҳиҳо дар толори варзишии милисаҳо «Динамо» машқ мекунем.
— Хуб аст, ман кӯшиш мекунам, ки ҳатман дар машқҳо иштирок кунам. Синну сол рафта, реаксия ҳам суст мешудааст, — гуфт Нодир.
— Ҳозир ба назди Насими Раҳим меравем ва нақшаи амалиётро тарҳрезӣ мекунем, — гуфт Валиҷон сӯи истгоҳи мошинҳо рафта.
— Нақшаро тарҳрезӣ кардем, гуфта будӣ.
— Бале, баъзе ҷузъиёти дигарро аниқ карданамон лозим. Ба як мошин меомадем, мешуд. Сӯҳбат карда мерафтем.
— Пас як мошинро монда меравем. Дар бозгашт аз ҳамин роҳ мегузарем-ку. Бо мошини ман меравем, — пешниҳод кард Нодир.
— Ман аллакай дари мошинро кушодам ва аз ҷониби дигар, мошини туро нашиносанд, беҳтар.
— Чаро?
— Дар раёсат буз будааст. Барои ҳамин ҳам ҷинояткоронро дастгир карда наметавонистаанд. Буз албатта, аз ҳамкории мо низ хабар медиҳад. Бинобар ин, мошини туро нашиносанд беҳтар.
— Пас то ошкор кардани буз ба раёсат рафтани ман низ зарурат надорад.
— Гапат ҷон дорад. Ту ба офис рав. Ман тафсилоти вохӯриро ба ту баъд мегӯям.
— Хуб, пас аз пайи кор мешавем, — гуфт Нодир ва ба сӯи сабукраваш рафт.
Нодир ба офис омад ва сари мизаш нишаста, ба Марворид занг зад. Бояд ин вақт ӯ аллакай мӯйи Шукуфаро оро дода бошад. Марворид гуфт, ки ягон проблема нест, амалиёт хуб гузашт. Бегоҳӣ ҳангоми вохӯрӣ тафсилоташро мегӯяд.
Нодир аз сари миз хест ва ба роҳаткурсӣ нишаст, то бароҳат қазияи Бахтоварро фикр кунад. Ӯ вохӯриву сӯҳбатҳои инфиродиро бо шахсони гумонбар ва ҷузъиёти қазияи ҷиноиро дар хотираш варақгардон мекард. Мехост иртиботеро байни ин ҳодиса ва Самиру Шукуфа пайдо кунад.
«Воқеан, ҳоло ҳам Самир бо Шукуфа иртиботи маҳрамона дошта бошад?», ба худ меандешид Нодир.
Суоли дигаре Нодирро ором намегузошт: «Чаро аз Ширини Комил дигар фарзанд намешавад?». Ҳодисаи аз як ҷуфт таваллуд нашудани фарзанд нав нест. Дар бисёр ҳолатҳои ҷудо шуда, оилаи нав барпо кардан, онҳо фарзанддор мешаванд. Вале ҳолатҳои безуриётии яке аз ҷуфтҳо низ кам нест. Бинобар ин, ба нуктаи мазкур низ таваҷҷӯҳ кардан лозим аст. Нодир тасмим гирифт, ки ин ҳолатро тафтиш хоҳад кард.
Ҳамин вақт ба ёди Нодир Лутфия омад. «Ба хонааш расида бошад?» гуфта, ба ӯ занг зад. Лутфия ягон соат пеш ба деҳааш расида, ҳоло бо фарзандонаш буд. Аз рафтани Лутфия ҳамагӣ чанд соат гузашт, вале аллакай Нодирро хумори оғӯши ӯ гирифта буд. Нодир дар як ҳафтаи зиндагии якҷоя ба Лутфия одат карда буд.

***

Нодир пеш аз вохӯрӣ бо Марворид аз растаи гулфурӯшон як гулдастаи садбарги сафед харид. Марворид аз вақти муқаррарӣ панҷ дақиқа барвақттар корро тамом карда, аз кошонаи ҳусн баромад. Ӯ имрӯз либосҳои сурх ба бар карда буд. Ин либосҳо ҳам ба ӯ зебида буданд. Нодир гулдастаро ба ӯ тӯҳфа карда гуфт:
— Чун олиҳа шудаед. Либосҳоятон он қадар шинаму зебо, ки ҳуснатонро даҳчанд кардаанд.
— Ташаккур, ба тани зебо ҳамагуна либос мезебад, — лабханд кард ӯ.
— Ба куҷо меравем?
— Ба ҳар куҷое, ки мехоҳед. Ман имрӯз махсус бе мошин омадаам.
— Ман мехоҳам, ки шуморо ба бисёр ҷойҳо барам.
— Марҳамат, «Ихтиёр дар дасти Бахтиёр», гуфтаанд.
— Пас аз ин гармои шаҳр гурехта, ба лаби дарё меравем, ки на он қадар дур аст ва аз шаҳр берун нест, — гуфт Нодир ва мошинашро ба тарабхонаи лаби дарёи Душанбе, ки дар қисми шимолии шаҳр ҷойгир буд, ронд. Пас аз чанд дақиқа онҳо ба тарабхона расиданд ва мизи канориеро дар лаби дарё интихоб карда нишастанд. Аз куҷое зуд пешхизмат пайдо шуд ва тӯтивор рӯйихати хӯрокҳоро номбар кардан гирифт.
— Чӣ мехӯрем, — пурсид Нодир.
— Беҳтараш сихкабоб аз гӯшти гов.
— Гӯштатон сахт нест?
— Не, дар мо аз гӯшти гови пир хӯрок намепазанд. Агар ягон клиент шикоят кунад, шефповарро хӯҷаин аз кор пеш мекунад, — посух дод пешхизмат, ҷавони 18-20-сола.
— Пас 4 сих кабоб, ду кулчаи фирменниатонро меорӣ.
— Аз салату нӯшокӣ чӣ мехоҳед? — пурсид пешхизмат.
Нодир ба Марворид нигарист. Ӯ рамуз гирифта гуфт:- Ман салат намехӯрам. Нӯшоба ҳам намехоҳам. Барои ман чойи кабуд кифоя аст. Агар шумо чизе мехоҳед, фармоиш диҳед.
— Аз нӯшокиҳои спиртӣ чӣ мехоҳед?- боз пурсид пешхизмат.
— Ман умуман наменӯшам. Агар шумо менӯшед, марҳамат. Ман мошинатонро меронам, — гуфт Марворид.
— Ман ҳам бас кардаам. Пас, додар аввал чойро биёр, — ба пешхизмат муроҷиат кард Нодир.
Баъди дур шудани пешхизмат Марворид гуфт:
— Ба ростӣ, ман дар тарабхонаву ошхонаҳо хӯрок хӯрданро дӯст намедорам. Табъам намекашад. Сад тарабхонаи таърифӣ бошад ҳам, тозагӣ дар онҳо ба ду по мелангад. Ошпазу пешхизматҳояш ҳалолкор нестанд. Як рӯз дар тарабхонае бо дугонаам хӯрок мехӯрдам. Ман мушоҳида кардам, ки ошпаз дар ҷойи хӯрокпазӣ биниашро афшонду дасташро нашуста, корашро идома додан гирифт. Баъди ин ҳодиса, агар маҷбур набошам, дар кӯча хӯрок намехӯрам. Пиёбаи хонагии худам пухтаро аз беҳтарин хӯроки тарабхона боло медонам.
— Нисфирӯзӣ дар куҷо хӯрок мехӯред?
— Бо худ меорам. Дар ҷойи кори мо хонаи истироҳат ҳаст, ки яхдону микроволновка дорад. Он ҷо хӯрокро гарм карда, хӯрдан мумкин. Аксари ҳамкорони мо чунин мекунанд.
— Шояд пулатон ба обед намерасад, — шӯхӣ кард Нодир, ки даромади калон доштани машшотаҳоро медонист.
— Даромади ман аз маоши шумо чанд маротиба бештар будагист. Як ороиши мӯй чанд пул аст, медонед?
— Бале, аз 50 доллар кам не.
— Ман рӯзе 7-8 мизоҷ дорам. Ними маблағи онҳо аз ман аст. Боқимонда ба ширкат меравад ва он моро бо чизҳои даркорӣ таъмин мекунад, андоз месупорад. Яъне, даромадамон аз худи мо вобаста аст. Ман аз корам шикоят надорам, аз маблағи ҳамин заҳматам хонаи панҷҳуҷрагӣ ва мошини нав харидам.
— Пас бояд ман сартарош мешудаам, беҳтар будааст, — шӯхӣ кард Нодир ва афзуд: Воқеан ҳам, шумо ба мисли ман будаед. Ман ҳам дар кӯча ғизо хӯрданро дӯст намедорам, табъам намекашад.
— Хуб сари мақсад оем, супоришро иҷро кардед?- пурсид Нодир.
— Бале, фаҳмидам. Шукуфа Мирзохонова факултаи иқтисодии донишгоҳи миллиро хатм карда будааст. Худаш дар деҳаи Заргари ноҳияи Зархез таваллуд шудааст. Баъди хатми донишгоҳ кадом як муаллимаш кӯмак кардааст, ки ба бонк ба кор ояд. Аз гум шудани писараш хеле озурда аст. Худро дар гум шудани фарзандаш гунаҳгор медонад.
— Сабаби дер шавҳар карданашро нагуфт?
— Не, напурсидаам. Ман худам пирдухтар шудаам, сабабашро медонам, — гуфт бо лабханд Марворид.
— Ҳар кас сабаби худро дорад, яке гандагардӣ мекунад ва инро дониста касе ба хостгорӣ намеояд. Дигареро дӯст намедоранд ва ё барои хостгорӣ аз мағруриаш ибо мекунанд. Сеюмӣ аввал худаш намехоҳад ва баъд дер мешавад. Хуллас, сабаб зиёд аст, — гуфт Нодир.
Пешхизмат сихкабобро овард. Нодиру Марворид ба хӯрдани он шурӯъ карданд. Дарвоқеъ, пешхизмат рост мегуфтааст, гӯшти сихкабоб сахт набуд. Онҳо пас аз хӯрдани сихкабоб чой нӯшиданд.
Нодир пешхизматро даъват кард, то ҳисобӣ кунад.
— 100 сомонӣ, — гуфт ӯ.
Нодир аз кисааш пул бароварда, ба пешхизмат дароз кард ва онҳо сӯи мошин равон шуданд.
— Ин қадар нархҳо гарон аст. Пули қариб 3 кило гӯшт, — норозиёна гуфт Марворид.
— Душанбе яке аз гаронтарин шаҳрҳои дунё аст. Дар ин ҷо нархҳо ба маоши мардум мувофиқат намекунад. Мири шаҳр дар як баромадаш гуфтааст, ки шаҳр ҷойи бойҳо аст. Камбағалҳо аз он баромада раванд.
— Ин магар воқеият дорад?
— Шахсони дар ин вохӯрӣ ҳузурдошта гуфтанд. Мансабдорони мо ба носанҷида сухан гуфтан одат кардаанд.
Нодир сабукравашро ба ҳаракат дароварда пурсид: — Ба куҷо меравем?
— Ба хонаи ман. Ман шуморо бо яхмос меҳмондорӣ мекунам. Албатта, агар сер нашуда бошед, ягон ғизои лазиз пухта, дилатонро ба даст меорам, — бо лабханд гуфт Марворид.
— Ман аз ғизо серам, вале аз дидоратон не.
— Каме сабр кунед, аз дидорам гурезон мешавед, — гуфт Марворид.
Марворид дар маҳаллаи ҳамсояи Нодир зиндагӣ мекард. Хонаи ӯ ҳам дар ошёнаи чоруми бинои нӯҳошёна ҷойгир шуда, бо тарҳи хонаи Нодир сохта шуда буд. Марворид хонаашро ба табъи худ оро дода буд ва он хеле бароҳат менамуд. Ӯ Нодирро ба меҳмонхона даъват кард ва зуд дастархон кушод. Дар як лаҳза болои дастархон аз шоколадҳои гуногун ва мағзу чормағз пур шуд. Сипас ӯ яхмосу шарбати зардолу овард.
— Нӯши ҷонатон шавад, гиред,- ба дастархон муроот кард Марворид.
Нодиру Марворид яхмос хӯрданд ва як финҷонӣ шарбат нӯшиданд.
— Баъди тарбузу харбузаро хӯрдан дар куҷо хоб мекунем? – бо шӯхӣ пурсид Нодир.
— Наход дар панҷ хона ба шумо ҷой нашавад. Агар бисёр тарсед, дар барам хоб мекунед, — бо шӯхӣ посух дод Марворид ва афзуд: — Ман акнун шӯхии шуморо фаҳмидам, ба ростӣ, дар хона тарбуз ё харбуза нест. Ман як тарбузро чанд рӯз мехӯрам, бинобар ин онро захира намекунам. Вале метавонам ҳозир рафта, аз супермаркети назди хона бихарам.
— Не, ман ҷойи хобро пурсидам. Тарбузу харбуза ҳатмӣ нест.
— Ман ҳам ҷиддӣ гуфтам, ки ихтиёр доред ва хоҳиши меҳмон воҷиб аст.
— Пас ман канори шуморо интихоб мекунам, — гуфт Нодир ва ба дастархон омин кард.
— Шумо телевизор тамошо кунед, ман дастархонро гирифта, зарфҳоро шӯям, баъд сӯҳбатро идома медиҳем, — гуфт Марворид ва ба ошхона рафт.
Нодир ба роҳаткурсӣ гузашта нишаст ва ба ҷиҳози хона бодиққатона назар дӯхт: дар ҷевон ҷилд-ҷилд китобҳои классикаи адабиёти ҷаҳонӣ, рус ва тоҷик гирд оварда шуда буданд. «Маълум, ки воқеан филолог аст», аз дил гузаронид Нодир.
Баъди чанде Марворид омада дид, ки Нодир ба китобҳояш таваҷҷӯҳ дорад.
— Маълум, ки шумо ҳам китобхониро дӯст медоред, — гуфт ӯ.
— Бале, пеш бисёр мехондам. Китобхонаи хуб ҳам доштам. Ҳоло вақти китобхонӣ кам аст.
— Ман ин китобҳоро аз давраи донишҷӯиам гирд оварда истодаам. Бисёрашро аз мағозаи кӯҳнафурӯшии «Букинист» харидаам ва ё бо эълон дастрас кардаам. Ман ҳоло ҳам китоб мехонам. Бегоҳиҳо баъди кор ҳатман ягон соат мутолиа мекунам, — гуфт Марворид.
— Ба шумо ҳавасам меояд.
— Ман пас аз кор дигар шуғле надорам. Дугонабоз нестам, ки вақтамро бо онҳо гузаронам. Дар хонаам меҳмон қабул намекунам. Шумо аввалин мардед, ки ба ин хона қадам ниҳодааст.
— Кош аввалин ва охирин мард дар ҳаёти шумо мебудам.
— Ҳамин хел ҳам ҳаст. Шумо густохии маро дида, ҳар хел гумон накунед. Намедонам аз чӣ бошад, ки дилам ба шумо рафт, — гуфт Марворид ба Нодир бо як нигоҳи пурмеҳр.
Нодир аз ин фурсати муносиб истифода карда, Марворидро болои зонуяш шинонд ва лабашро ба лаби ӯ монд. Марворид ҳеҷ муқобилат намекард, вале бӯсобӯсӣ ҳам карда наметавонист. Аз ин Нодир нороҳат шуда, лабонашро аз лабони Марворид ҷудо кард ва ба чашмони ӯ нигариста гуфт:
— Ин чӣ бӯсобӯсӣ аст? Гӯё аввалин маротиба бӯса мекарда бошед.
— Албатта, аввалин маротиба. Ман бӯсобӯсиро танҳо дар кино дидаам, — изҳор кард Марворид.
— Не…е…, — ҳайрон шуд Нодир.
— Ба ростӣ. Чӣ гумон мекунед, ки духтар калонсол шуд, ҳамаро медонад. Дарвоқеъ, бӯса кардан он тараф истад, ман то ҳанӯз бо ягон ҷавон ё мард дастакӣ салом накардаам.
— Тақдири мо баландӣ кард, гӯед. Пас хобкунӣ меравем?
— Бошад, агар монда шуда бошед. Ба ташноби чап рафта, душ кунед. Ман ба шумо сачоқи тоза ва як хилъати нав медиҳам, — гуфт Марворид ва ба хонаи дигар гузашт.
Пас аз чанде ӯ дар даст сачоқ ва хилъати сафеди хонапӯшии махмалин баргашт. — Ин хилъатро барои худам харида будам, андаке калон баромад. Онро напӯшидаам.
— Магар ман хилъати занона мепӯшам?
— Ин хилъат занонаву мардона надорад. Гиреду равед ба ташноб. Ман ҳам рафта, душ мекунам.
— Якҷоя бо ман?
— Не, ман шарм мекунам. Ман ба ташноби рост меравам. Ин хонаҳо ду ташноб доранд.
— Медонам, хонаи ман ҳам ҳамин хел аст, — гуфт Нодир ва аз ҷо бархеста, ба ташноб рафт.
Нодир душ мекарду ба худ меандешид: «Дарвоқеъ Марворид рост мегӯяд, ки духтар асту модараш нобӯсида ва ё шайтонӣ мекунад». Аз рафтори Марворид, ки худ Нодирро ба хонааш даъват кард ва барои шабхобравии ӯ монеъ нашуд, метавон дигар чиз андешид. Рафтори ӯ духтарони сабукпоро мемонд. «Ба ҳар ҳол занонро фаҳмидан мушкил аст, зеро макри зан андоза надорад», ба худ андешид Нодир.
Марворид низ оббозӣ мекарду андешааш ба Нодир банд буд. Марди бегонаро ба хонааш овард ва намедонист, ки оқибати ин сабукандешиаш чӣ мешавад? «Боз шайтон ӯро бероҳа накунад. Боз покдоманиамро бо як беақлӣ аз даст надиҳам? Мард мард аст, боз шаб дастдарозӣ накунад?», аз карда пушаймон буд Марворид. Вале дар таги дилаш боварӣ дошт, ки Нодир марди боақл аст ва дастдарозӣ нахоҳад кард.
Бо ҳамин андешаҳо ҳар ду аз ташноб баромаданд. Нодир ба рӯйи Марворид нигарист. Крему упо аз рӯйяш рафта бошад ҳам, ягон зарра зебогӣ ва таровати рӯйи ӯ накоҳида буд.
Мегӯянд, ки агар зебоии занро дидан хоҳӣ, ӯро баъди ҳаммом бин. Воқеан ҳам, Марворид зебову гуворо буд.
— Чӣ даҳонатонро ялла карда мондед? Маро нав мебинед?
— Бале, нав мебинам шуморо баъди ҳаммом. Боз ҳам хушрӯйтар шудаед.
— Ташаккур барои лутф. Воқеан, ман як хонаи хобро ҷиҳозонидаам ва он ҳам танҳо як диван дорад. Метавонам ба шумо дар болои дивани меҳмонхона рахти хоб дуруст кунам.
— Маро танҳо хоб намебарад.
— Чӣ дар хонаатон ҳамхоба доред? Ба шунидам муҷаррад ҳастед.
— Дуруст, вале…
— Майлаш, шумо ба хонаи хоб равед, ман ҳозир меоям, — гуфт Марворид ва ба ошхона рафт.
Баъди чанде ӯ баргашта гуфт: — Дивани ман калон аст, ҳардуямон меғунҷем. Ман аз рост хоб меравам, шумо аз чап. Дар байн ана, ин кордро мемонам, то ба ман ҳуҷум накунед.
— Ин хел бошад, ман ба хонаи худам мерафтам, беҳтар буд, — гуфт Нодир ва Марворидро ба оғӯш гирифту болои диван гузошт. Ӯ худ низ назди Марворид дароз кашида, лабашро моили бӯса кард. Вале Марворид ба ин ҳаракатҳо амале нишон надод.
— Кундаро ба оғӯш гирифтаам, магар?
— Бале, ман гуфтам-ку, мисли шумо соҳибтаҷриба нестам.
— Пас чаро маро ба хонаатон овардед?
— Дар сари шумо мардҳо фақат як фикр: «Духтар, ки муомилаи хуб кард, вай дастрас аст». Барои шумо мардҳо занҳои сатрпӯш покдоману духтарҳои кӯтоҳдоман фоҳишаанд. Иштибоҳ мекунед. Назди ман занҳои сатрпӯш низ меоянд. Баъзеи онҳо ҳамон фоҳишаҳоянд, ки то дирӯз рӯшод худро ба оғӯши мардҳо мепартофтанд. Акнун имиҷашонро дигар карда, боз ҳамон фоҳишагиашонро идома медиҳанд.
— Ман ягон фикри бад надорам. Агар аз ман хатое гузашта бошад, узр. Вале ба ҳар ҳол кордро як тараф монед. Боз шаб хоболуд кордзанӣ накунем.
— Майлаш, кордро дар ҷевон мемонам, вале боз дастдарозӣ накунед?
— Ба ростӣ, агар зан нахоҳад, мард ҳеҷ кор карда наметавонад. Барои ҳамин ҳам бе хоҳиши шумо ман даст аз миёнатон поён намебарам. Ба қавли шоир:
Аз миён болои ту ҷон бубахшад сад мурдаро,
Кушт моро ҷони ширин аз миён поёни ту.
— Акнун мурда-мурда то никоҳ тоқат мекунед, — гуфт Марворид.
— Кадом никоҳ?
— Никоҳи ҳардуямон.
— Ман дар ин бора чизе ваъда накардаам. Ман марди озодам. Дигар, ин ки дар Русия зану фарзанд дорам.
— Ҳоло аксари мардҳо дар Русия зан доранд ва ин ҳеҷ бадие надорад.
— Ман кай издивоҷ мекунам, гуфтам?
— Ман гумон кардам, вақте ки гули дӯстдоштаамро тӯҳфа кардед ва ин қадар ба ман илтифот доред, дарвоқеъ ба ман ошиқ шудаед.
— Бале, шумо маро мафтуни худ кардед. Ман шуморо мехоҳам. Вале ин маънои онро надорад, ки ба якборагӣ ман гарданамро ба занҷир бандам. Аз ҷониби дигар, ман шуморо ҳоло чандон намедонам. Шумо чӣ инсонед, бояд донам. Оё характери мо ба ҳам мувофиқ меояд, зеро характери ман хеле вазнин аст. Ман одами бадрашку бадқаҳрам, хатто метавонам ба саратон мушт бардорам,- воҳима кард Нодир. — Оё ба шумо чунин шавҳар лозим аст? Барои якдигарро шинохтан вақт лозим аст. Ҳоло бошад, бояд шумо ба оғӯшу навозиши ман одат кунед, — гуфт Нодир ва Марворидро ба оғӯш кашид.
— Дуруст мегӯед, мани сода гумон кардам, ки шуморо дӯст доштаам ва дунё ҳама аз ман аст.
— Воқеан, шумо пагоҳ истироҳат доред?
— Бале.
— Шумо метавонед, бо ман ба ноҳияи Зархез равед?
— Барои идомаи тафтишот?- пурсид Марворид.
— Бале.
— Ҳатман, ман бояд ба шумо одат кунам-ку.
— Хуб. Либоси дар деҳот мепӯшидагӣ доред?
— Албатта, агарчи ҳозир духтарони деҳотӣ аз шаҳриҳо камӣ надоранд. Онҳо ҳам бе поҷома мегарданд ва худро ончунон оро медиҳанд, ки назираш дар духтарони шаҳрӣ нест.
— Ман дар назар доштам, ки бояд либосҳои ултрамӯд напӯшед, ки он таваҷҷӯҳи хамаро ҷалб мекунад.
— Медонам. Ба қишлоқ ба хонаи дугонаҳои ҳамкурсам мерафтам. Соати чанд меравем?
— Мо бояд рафта, пас гардем.
— Чандсоата роҳ аст?
— Яктарафаш тақрибан дусоата роҳ. Саҳар равем, то бегоҳ бармегардем.
— Барои роҳ ягон чиз пазам?
— Дар ин гармӣ вайрон мешавад.
— Ягон чиз фикр мекунем, канӣ пагоҳ шавад.
— Биёед, хоб меравем, — гуфт Нодир аз лаби Марворид бӯсае ситонида.
Дар ҳамин ҳол хоби Нодир намебурд. Дилаш моили комситонӣ буд. Дар барат чунин як фариштаи осмонӣ бошаду ком ситонида натавонӣ, магар хоб мебарад?! Ин ба мисли он аст, ки ташна лаби дарёву об дар қаър ҷорист ва ӯ нӯшида наметавонад. Нодир ҳарчанд кӯшиш мекард, ки дар ин бора фикр накунад, вале нафси ҳайвонӣ ғолиб меомад. То як поси шаб ба ҳамин минвол гузашт ва билохира Нодир аз ҷогаҳ бархест ва ба дивани меҳмонхона болиште гузошта хоб кард.
Субҳ Нодир Марворидро дар ошхона машғули омода кардани наҳорӣ дарёфт.
— Шаб тоқат накарда гурехтед! Боз шон танҳо хоб карда наметавонистаанд, — шӯхӣ кард Марворид.
— Агар ҳоли маро медидед, раҳматон омада ба ҳама чиз розӣ мешудед.
— Нафси ҳайвониро шикаста тавонистан лозим.
— Агар ҳамин шаб, ки хобатон бурда буд, дастдарозӣ мекардам, чӣ кор мекардед?
— Ман боварӣ доштам, ки худро дошта метавонед, вагарна шуморо ба хона намеовардам.
— Ташаккур барои эътимод.
— Ширбиринҷ пухтам, мехӯред?
— Агар бомазза бошад, чаро не.
— Инашро намедонам, вале ба худам мақбул аст.
Дарвоқеъ, Марворид ноштои бомазза пухта буд. Маълум буд, ки ӯ кадбонуи хуб ҳам ҳаст. Марворид дар як термос чой ва дар термоси дигар нӯшобаи олуча ва дар як зарфи дигар чанд пора гӯштро бирён карда, тӯшаи роҳ низ омода карда буд.
— Сумкаи сафарии ман омодааст, метавонем ҳаракат кунем, — гуфт Марворид. – Бо мошини ман меравем, дирӯз аз мошини шумо истифода кардем.
— Не, барои сафари дур ва роҳи кӯҳистон мошини ман беҳтар аст. Дар ин бора баҳс накунед. Ҳоло мошини шуморо зиёд савор мешавем, — гуфт Нодир ва аз дасти Марворид сумкаро гирифта, ба кӯча баромад.
Соати 8-и субҳ онҳо ба роҳ баромаданд. Ноҳияи Зархез дар қисми шарқии кишвар воқеъ буд. Нодир дар ин роҳи нав таъмиргардида бо як маром мошин меронд ва ҳамзамон бо Марворид сӯҳбат мекард. Сӯҳбат аслан аз ҳаёти Марворид мерафт. Маълум шуд, ки падари Марворид олими кимиёшинос ва модараш филолог чанд сол қабл ба Олмон назди писарашон кӯчидаанд. Бародари ягонаи Марворид, ки дар Маскав таҳсил карда будааст, ба ҳамсабақаш — немисдухтар издивоҷ кардааст. Ӯ олими тиб ва ҷарроҳи хуб будааст, вале баъди мушкил шудани вазъи моддиаш ба Олмон кӯчидааст ва ҳоло он ҷо зиндагии осоишта доштааст. Баҳром дар як клиникаи машҳур кор мекардааст. Волидонаш низ дар муддати кӯтоҳ забони немисиро азхуд кардаанд ва ҳоло дар Донишгоҳи Берлин дарс мегуфтаанд. Чанд маротиба Марворидро волидонаш ва бародараш ба Олмон барои зиндагии доимӣ даъват кардаанд, вале ӯ розӣ нашудааст.
— Мо ҳамагӣ ду фарзандем. Бинобар ин, волидонам бисёр исрор мекунанд, ки ман ҳам бо онҳо бошам. Боре як моҳ рухсатиамро дар Берлин гузаронидам. Ҳама чиз хуб, вале мақбулам нашуд. Мардум аз ҳам бегонаанд. Ба назар муносибати онҳо сунъӣ менамояд. Ба рӯят механданд, вале ин хандаи табиӣ нест, — гуфт Марворид.
— Бале, ман ҳам бо хориҷиён сару кор гирифтаам, бо лабханд сӯҳбат мекунанд, вале дарвоқеъ чун актёр нақш меофаранд. Мо бо онҳо бо дилу рӯйи кушод сӯҳбат мекунем, онҳо бошанд, «аз боло шонаву аз таг фона мезананд». Аз Интернет хондам, ки онҳоро махсус чунин таълим медодаанд, — гуфт Нодир ва афзуд:
— Шумо ба Олмон рафтан намехоҳед. Оё волидонатон баргаштанӣ нестанд, зеро ватан касро ба худ чун оҳанрабо мекашад.
— Шояд баъди ба нафақа баромадан баргарданд. Барои ҳамин ҳам хонаи волидонамро нафурӯхтем. Онро ман ба иҷора додаам ва маблағи аз он бадастомадаро ба суратҳисоби бонкиашон мегузаронам, то худашон истифода кунанд.
Лаҳзае ҳар ду хомӯш монданд. Марворид ба манзараи атроф ва ба роҳ, ки ҳамвора сӯи кӯҳистон боло мешуд, менигарист.
— Хаста шудед, биёед ман мошин ҳай кунам, — пешниҳод кард Марворид.
— Хеле хуб, бедорхобии имшаба маро хаста кардааст. Вале боэҳтиёт бошед, роҳ ҳамвору рост бошад ҳам, ба ҳар ҳол роҳи кӯҳистон аст, — гуфт Нодир ва мошинро дар канори роҳ ист кард. Онҳо ҷой иваз намуданд ва Марворид паси фармон нишаст.
Деҳаи Заргари ноҳияи Зархез дар соҳили чапи дарёи Зароб воқеъ буд. Барои ба деҳа расидан бояд пули оҳанини болои Заробро мегузаштанд. Пас аз пул дар ду канори роҳ якчанд ошхона воқеъ буд, ки аслан моҳибирён мефурӯхтанд.
— Дар бозгашт ин ҷо моҳибирён мехӯрем, — пешниҳод кард Нодир. – Моҳии тозаро, ки аз дарё шикор кардаанд, мепазанд.
— Гӯштбирён гирифтаем барои хӯроки чошт мерасад, — гуфт Марворид.
— Агар табъатон накашад, намехӯрем. Вале мо хоҳиш мекунем, ки моҳиро дар пешамон бирён кунанд.
— Хоҳ — нохоҳ, моҳиро дар равғани кӯҳна, ки чандборҳо моҳӣ пухтаанд, бирён мекунанд.
— Пулашро дода, хоҳиш мекунем, ки дар равғани тоза бирён кунанд.
— Дар ин ҳол хӯроки чошт хӯрдан мумкин, — гуфт Марворид.
Аз дур деҳа намоён шуд. Марворид мошинро ист кард, то Нодир паси фармон нишинад. Дар наздикии деҳа як гурӯҳи занҳо баъди каланди картошка дар сояи тут истироҳат мекарданд. Нодир Марворидро назди онҳо фаровард, то пурсуҷӯ карда, дар бораи Шукуфа маълумот ҷамъ кунад. Худи Нодир мошинро ба маркази деҳа ронд. Деҳа маркази ҷамоати деҳоти Заргар низ маҳсуб мешуд. Дар бинои ҷамоат кабинети милисаи минтақавии деҳот низ ҷойгир буд. Нодир ба милисахона даромад. Дар паси миз як марди шофбурути қариб 60-сола, ки рутбаи майор дошт, менишаст. Ӯ марди бегонаро дида, аз ҷой хест ва бо меҳмон салом кард. Нодир ҳуҷҷати мушовири вазири умури дохила буданашро нишон дода, худро муаррифӣ кард.
Майор ҳайратзада буд, ки бо кадом сабаб мушовири вазир ба ин маҳал ташриф овардааст. Зеро ба ин ноҳияи кишоварзӣ, ки даромадаш худкифо нест аз пойтахт аҳён-аҳён мансабдорони давлатӣ меомаданд. Ӯ Нодирро ба курсии рӯ ба рӯяш нишонда, пурсид: — Ягон хизмат буд?
— Ман ба коре омадаам. Як қазияро тафтиш карда истодаем. Аз шумо кӯмакпурсӣ омадам.
— Бо ҷону дил.
— Шумо чанд сол боз ин ҷо кор мекунед?
— Ман қариб 30 сол боз ин ҷо кор мекунам. Пеш дар маркази ноҳия хизмат мекардам. Баъд бо сабаби оилавӣ ба деҳа гузаштам ва агар насиб бошад, аз ҳамин ҷо ба нафақа меравам. Падару модари пирам дар деҳа танҳо буданд. Ба хотири онҳо ба деҳа баргаштам ва аз ин пушаймон нестам.
— Пас шумо зодаи ҳамин деҳаед?
— Бале.
— Шумо Шукуфа Мирзохоноваро медонед?
— Духтари Зарифи биргад. Дар бонк кор мекунад. Писарашро дуздидаанд. Дар ин бора аз ман муфаттишон пурсида буданд.
— Бале. Ман ҳам сари ҳамин масъала омадам. Мехоҳам баъзе чизҳоро аниқ кунам. Масалан, мехоҳам донам, ки шояд касе ба оилаи онҳо душманӣ дорад.
— Падари Шукуфа марди деҳқон аст. Як умр, то ба нафақа баромаданаш бригадири боғ буд. Шукуфа баъди хатми мактаби миёна ба шаҳр рафт ва он ҷо монд. Аҳён-аҳён ба деҳа меояд. Мешунавам, ки ба волидонаш кӯмак мекунад, пул мефиристад. Хоҳару бародаронаш ҳама оиладоранд ва ҳамаашон зиндагии алоҳида доранд. Писари хурдии амаки Зариф, ки дар мактаби деҳа муаллим аст, бо волидонаш зиндагӣ мекунад. Гумон намекунам, ки касе ба онҳо душманӣ кунад.
— Самир Абдуллоевро мешиносед?
— Вай ҳам дар бонк кор мекунад?
— Бале.
— Ӯ аз деҳаи Заргари боло аст.
— Самир бо Шукуфа ягон иртибот надорад?
— Баъзе овозаҳо шуда буданд. Вале Шукуфа шавҳар кард.
— Пас метавонем, бо амаки Зариф сӯҳбат кунем?
— Бале, — гуфт майор ва аз ҷой хест.
Хонаи амаки Зариф дар наздикӣ ҷойгир будааст, бинобар ин пиёда сӯҳбаткунон рафтанд. Нодир аз фурсат истифода карда, «Чаро Заргар?» ном доштани деҳаро пурсид. Ба гуфти майор аз давраҳои қадим то мустақил шудани кишвар мардуми соҳили дарё аз Зароб тилло мешустаанд ва ин ҷо заргарӣ рушд карда будааст. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ заршӯёну заргаронро камонварон ғорат кардаанд. Баъди ин заршӯӣ аз байн рафтааст ва ҳоло баъзеҳо онро аз нав эҳё карда истодаанд. Баъзе заргарони авлодӣ ба пойтахт кӯчида рафтанд.
— Дигар ягон заргар нест?
— Ҳаст, хоҳед, дар бозгашт ба хонаи яке аз заргарони машҳур медароем.
— Воқеан, кӣ будани маро ба касе нагӯед ва дар бораи тафтиши ин қазия ҳам лаб во накунед, ки ба рафти тафтишот халал ворид мешавад.
— Итоат, — гуфт майор.
— Ҳангоми сӯҳбат бо Мирзохонов шумо суол мекунед ва ман гӯш мекунам, — гуфт Нодир.
— Фаҳмидам.
Хонаи амаки Зариф аз хонаҳои мардуми деҳа фарқе намекард. Маълум аст, ки як умр саркор бошад ҳам, ҳалол кор кардааст. Дар давраи шӯравӣ аксари мардум зиндагии якхела доштанд. Хонаи раиси поквиҷдон аз хонаи колхозчии пешқадам қариб фарқе намекард.
Синни амаки Зариф аз 70 гузашта бошад ҳам, ӯ ҷӯякҳои картошкаи ҳавлиашро каланд мекард. Вай меҳмононро дида, каландро як ҷо гузошт ва ба пешвози онҳо омад. Баъди салому ҳолпурсӣ ӯ меҳмононро ба хона даъват кард:
— Ба меҳмонхона гузаред, як пиёла чой гирем. Келин нон пухта истодааст. Албатта, фатири ширмол ҳам мепазад ва як шакароб мехӯрем.
— Не, амак ташаккур. Мо бо меҳмон ба хонаи Юнуси Заргар рафта истодаем ва сари қадам даромадем.
— Дар остона сӯҳбат кардан бо меҳмон хуб не. Ба хона дароед, — исрор кард амаки Зариф.
— Амак, як чизро фаҳмам гуфта, омадам. Писари Шукуфаро ёфта бошанд?- аз дур ба пурсиш оғоз кард майор.
— Не, куҷо. Милиса кофта истодааст, мегӯянд. Бечора духтарам обу адо шудааст.
— Ягон кас душманӣ карда, надуздида бошад?
— Вай ба касе кор надошт, кӣ душманӣ мекунад?
— Шояд ба шумо касе душманӣ дошта бошад?
— Ман мансабдор набошам, ки ба ман душманӣ кунанд.
— Ба ҳар ҳол ҳастанд одамоне, ки бадхоҳӣ мекунанд.
— Дуруст, одамони бахилу бадхоҳ ҳастанд. Се сол пеш зани Самир духтари кӯри Шермати гӯрсӯхта аз Заргари боло ба хонаамон омада ҷанҷол карда буд. Шукуфаро ба шавҳараш тӯҳмат мекард. Аз байн се сол гузашт. Наход ӯ ба ин кор қудрат дошта бошад?
— Не, ӯ як зани деҳотӣ аст. Мумкин ба умраш боре ҳам ба Душанбе нарафта бошад. Аз рашк омадагист. Худо хоҳад, писари Шукуфа ёфт мешавад, — мӯйсафедро тасаллӣ дод майор ва бо амаки Зариф хайрухуш карда, бо Нодир аз ҳавлӣ баромаданд.
— Маълумоти даркориро гирифтед?
— Бале, ташаккур. Як чизро нафаҳмидам. Магар оилаи Самир Абдуллоев дар деҳа аст?
— Бале.
— Ӯ дар шаҳр хона надорад?
— Хона дорад. Вале касе нест, ки волидонашро нигоҳ кунад. Барои ҳамин зану фарзандонаш дар деҳа. Худаш моҳе як маротиба рӯзҳои истироҳат ба деҳа омада, бармегардад.
— Фаҳмо.
— Пас ҳозир ба хонаи Юнуси Заргар медароем, — гуфт майор.
Онҳо баъди чанд қадам ба кӯчаи дигар тоб хӯрданд. Заргарро дар дӯконаш машғули кор дарёфтанд. Баъди салому ҳолпурсӣ майор гуфт: — Меҳмон аз Душанбе омадаанд, мехоҳанд, ки бо ҳунари дасти шумо шинос шаванд.
— Нури дида тоҷи сар, гузаред шинед. Як пиёла чой гиред.
— Ташаккур, вақтамон кам аст, — гуфт майор.
— Шумо чӣ месозед? – пурсид Нодир.
— Аксаран ороиши занона.
— Нархаш чӣ хел аст? Ҳоло ҳамин хел шудааст, ки каси бегонаро бинанд, нархро дучанд мекунанд.
— Бале, чунин беинсофон зиёданд. Нархи ман заминӣ аст. Аз ман гирифта, дар шаҳр қимат мефурӯшанд. Шумо хато накардед, ки омадед. Ман ҳозир ороишоти тайёрро меорам, — гуфт усто.
— Саросема нашавед, амак. Ман танҳо нестам. Шарикам ороишотро мефаҳмад, баъди ягон 20 дақиқа бармегардам ва агар ба ӯ мақбул афтад, мехарем, — гуфт Нодир ва бо майор ба кӯча баромада ба милисахона баргаштанд.
— Ба шумо ташаккур. Ман бо шумо хайрухуш мекунам ва шарикамро гирифта бармегардам. Ҳоло фаҳмад, ки заргарро дидааму ӯро бо маҳсулоташ шинос накардаам, хафа мешавад, — гуфт Нодир ва дасти майорро фишурд.
— Чӣ ин қадар саросемаед? Ман шуморо ба хона бурда меҳмондорӣ мекардам.
— Ташаккур, дафъаи дигар, — гуфт Нодир ва паси фармони мошин нишаст. Ҳамин вақт занги телефони мобилӣ баланд шуд. Марворид занг мезад.
— Ҳамон ҷо истед, ҳозир меоям, — гуфт Нодир ва муҳаррики мошинро ба кор даровард. Ӯ бо ишораи сар бо майор хайрухуш кард ва мошинро ба ҳаракат даровард.
Марворид сари роҳ, дар сояи тут интизор буд. Як гурӯҳ духтарон ӯро гусел мекарданд.
— Хуб, шер ё рӯбоҳ, — суол кард Нодир баъди ба мошин савор шудани Марворид.
— Албатта, шер. Се сол пеш зани Самир ба хонаи Шукуфаино омада, ҷанҷол карда будааст, ки бо шавҳари ӯ алоқа дорад.
— Аниқ се сол?
— Бале.
— Оре. Ман ҳам инро аз падари Шукуфа шунидам.
— Шумо худатон инро пурсида фаҳмида бошед, чаро маро пеши занҳо фиристодед?
— Ин барои тасдиқи факт аст. Баъзеҳо овозаҳои бардурӯғ ҳам паҳн мекунанд. Дар кори мо бояд ҳамаи маълумотро дақиқ санҷем.
— Шумо ба куҷо рафта истодаед? Магар ба шаҳр барнамегардем, — ҳайрон пурсид Марворид аз он ки Нодир чанбараки мошинро ба сӯи Заргар тоб дод.
— Бармегардем, вале аввал бояд ба хонаи як заргар равем.
— Ба заргар чӣ кор доред?
— Ман кор надорам. Шумо ороишоти занонаи ӯро мебинед ва агар мақбул афтод, ман мехарам.
— Ман чандон ба тилловорӣ завқ надорам.
— Аҷиб, аксари занҳо барои тилловорӣ ҷонашонро медиҳанд.
— Ман, аксар не. Хайр тилло будааст, баъд чӣ? Як пора оҳан.
— Пас намеравем? Мошинро гардонам? Лекин ман ба усто ваъда кардам, ки шуморо меорам.
— Ваъда карда бошед, вафо кунед, то аҳдшикан нашавед.
Баъди чанд лаҳза Нодир мошинро дар назди хонаи Юнуси Заргар нигоҳ дошт. Ӯ онҳоро интизор буд ва бо шунидани садои исти мошин аз ҳавлиаш берун баромада, меҳмононро ба хонааш хонд.
Усто Юнус болои миз ороишоти гуногуни занонаро аз қабили гӯшвору ангуштарин ва дастпонаву гарданбанд гузошта буд, то Марворид интихоб кунад. Марворид ба онҳо назар дӯхт, хеле олӣ, вале тиллояш зиёд буд. Чунин ороишотро занони мансабдорон ё «тоҷикони нав» ба бар мекарданд ва бо ин на зебогии офаридаи заргар, балки вазни тиллоро нишон медоданд.
— Амак, ягон чизи нафис надоред? — пурсид Марворид. Ин чизҳое, ки пешниҳод кардед, хубанд, вале барои ман нестанд. Ба ман коратон маъқул, лекин ангуштарину гӯшвори нафис мақбул аст.
— Духтарам, ман гумон кардам, ки ба шумо чизҳои сертилло маъқул аст. Шавҳаратонро дида гумон кардам, ки аз бизнесменҳое аст, ки тиллои зиёдро дӯст медорад.
Усто ба хонааш даромад ва баъди чанде як даста ороишоти занонаву ангуштаринҳои мардонаро гирифта омад.
Ин ороишот нафису боз зебо ҳам буданд. Марворид онҳоро андоза карда, худро дар оина дид, ба ӯ мезебиданд. Гӯиё усто ин ороишотро махсус барои ӯ сохта бошад. Марворид як гӯшвору ангуштарин ва дастпонаву гарданбандро бо овезааш, ки бо сангҳои қиматбаҳо оро дода шуда буд, интихоб кард.
— Хуб, усто чанд пул мешавад?
— Ин ҷо 21 грамм тилло, боз сангҳо ва ҳаққи кор ҳаст. Шаш ҳазор сомонӣ мешавад, вале шумо панҷ ҳазор диҳед, бас аст, — гуфт усто ва ороишотро болои тарозу гузошт.
Онҳо аз 30 грамм ҳам зиёд буданд.
— Ман аниқ медонам, ки ин ҷо 21 грамм тиллои соф сарф шудааст. Ба нархи ҷаҳонӣ қимат мешавад.
— Майор шуморо таъриф кард, моро фиреб намедодагистед.
— Шуморо фиреб мекунам, магар Худоро ҳам мешавад фиреб кард?
— Бовар мекунем, усто. Доллар диҳам, мешавад?
— Мешавад. Агар қалбакӣ набошад.
— Худатон бинед, ман ҳам онро худам чоп накардаам, — гуфт Нодир ва аз кисааш ҳазор доллар бароварда дод.
— Акнун ман тӯҳфа мехарам,- гуфт Марворид ва аз нав ба интихоби ороишот пардохт.
— Якбора мегирифтед. Ман ҳисобӣ мекардам.
— Ман барои модарам, янгаам ва ҷиянам ягон чиз мехарам. Ба қарибӣ бояд хабаргириашон равам. Тӯҳфаи хуб мешавад.
Марворид ду гӯшвору ангуштарин ва гарданбанд интихоб карда ба Нодир гуфт: — Акнун шумо ҳам ба худ ангуштарин интихоб кунед.
— Ман ягон вақт ангуштарин накардаам. Мебахшед, ман ку…и Бухоро нестам, ки ангуштарини нигиндор кунам, — гуфт Нодир дар гӯши Марворид.
— Ангуштарини домодӣ ҳам надоштед?
— Доштам, вале истифода намекардам.
— Ман ҳам мардҳои ангуштариндор ё занҷири тиллоӣ дар гарданро шум мебинам. Вале шумо бояд як ангуштарини домодӣ дошта бошед. Онро дар даст мекунед ё не, ихтиёри шумо.
Нодир ночор як ангуштарини нафиси домодиро, ки ба чилликаш мувофиқ буд, интихоб кард.
— Чанд пул мешавад, — пурсид Марворид.
— Ба шумо ҳам гузашт мекунам. Шумо ҳам ҳазор доллар диҳед, мешавад.
— Ман ба шумо пули тоҷикӣ медиҳам, майлаш.
— Боз хубтар. Онро хоҳ-нохоҳ сарф мекунем.
Нодир даст ба ҳамён бурда буд, ки ӯро Марворид намонд.
— Агар шумо пулашро диҳед, ман ин ороишотро намегирам, — исрор кард Марворид ва худаш аз сумкааш 10-то панҷсад сомонӣ бароварда, ба заргар дод.
Онҳо ба усто барои тахфиф ташаккур гуфта, ба роҳ баромаданд.
— Тӯҳфаи арӯсӣ харидед, диламро моил карданиед, — гуфт бо лабханд Марворид ҳангоми савор шудан ба мошин.
— Не, равандро тезониданиам,- хандид Нодир ва мошинро ба ҳаракат даровард.
— Дарвоқеъ, шумо ҳам ба ман ангуштарин харида издивоҷро тезониданиед?
— Чаро не? Ман ба 32 даромадам. Вақт рафта истодааст.
— Фаромӯш накунед, ки зиндагӣ бо ман пурхатар аст. Қазияи гаравгонгирии оилаамро гуфта будам. Барои ҳамин ҳам, танҳоиро интихоб кардаам, то ки барои ман ба касе зиён нарасад.
— Ман аз ҳеҷ чиз наметарсам. Дар душвортарин лаҳзаҳо ҳам мехоҳам бо шумо бошам. Хоҳеду нахоҳед ҳам, ман бо шумо мемонам. Дигар аз ман халос шуда наметавонед, — лабханд кард Марворид.
Нодир посухе надод ва мошинро дар назди ошхонаҳои моҳибирён нигоҳ дошт. Яке аз ошхонаҳо, ки нисбатан тозаву озода буд, ба Марворид мақбул омад. Он ҷо онҳо моҳибирён мехӯрданд, ки Валиҷон ба Нодир занг зада, пурсид:
— Дар куҷоӣ?
— Ман дар ноҳияи Зархез. Моҳӣ хӯрда истодаам.
— Гуноҳҳоятро мешӯӣ?
— Нокарда гуноҳ дар ҷаҳон кист, бигӯ,
В-ар нокард гунаҳ, чун зист бигӯ…
— Шеърхониро мону пагоҳ барвақт ба офис биё, кори муҳим аст, — гуфт Валиҷон.
Нодир фаҳмид, ки воқеан кори муҳим аст, ки дар сӯҳбати телефонӣ аз он сухан намекунанд.
— Кӣ дар рӯзи истироҳат ташвиш медиҳад?
— Шеф. Пагоҳ барвақт биё, мегӯяд.
— Шумо имрӯз ҳам ба кор ин ҷо омадед-ку?
— Кори мо бе меъёр аст. Дар як шабонарӯз 24 соат ҳам кор кардан мегирем. Баъзан кай хоҳем, ҳамон вақт меоем. Муҳимаш натиҷаи кор аст. Ба мо мизоҷон барои ифшои ҷиноят пул медиҳанд, на барои вақт кӯр кардан.
— Кори мо ҳам ҳамин хел аст. Кор накунӣ, пул намегирӣ.
— Вале ҳастанд нафароне, ки кор намекунанду пул мегиранд.
— Боз пули зиёд мегиранд. Пули ҳаром албатта.
— Бале, касе, ки меҳнати ҳалол мекунад, маоши ночиз мегирад…
Нодиру Марворид баъди як соати истироҳат дар ошхонаи лаби рӯд ба роҳ баромаданд ва қарибии соати 5-и бегоҳ ба Душанбе расиданд.
— Ба куҷо меравем,- пурсид Марворид.
— Албатта, ба хонаи шумо. Ман кӯчида, ба пешатон меоям, — шӯхӣ кард Нодир.
— Нури дида тоҷи сар. Маро дучанд хурсанд мекунед, танҳоӣ ба дилам зад.
— Хестед, ки хобед. Акнун ба хонаи ман меравем, — гуфт Нодир ва мошинро ба сӯи хонааш ронд.
— Аҷиб, хонаи мо ҳам монанд аст ва ҳатто дар як ошёна,- ҳайрон гуфт Марворид баъди ворид шудан ба квартираи Нодир. – Шумо нав кӯчидед, чӣ? Ҳама ҷиҳози хона нав аст.
— Бале, чанд рӯз пеш.
— Пас бӯрёкӯбон мекунем?
— Аллакай бӯрёкӯбон кардем.
— Маро нагуфтед-ку?
— Ҳоло шиноси наздик набудем. Аниқтараш ҳоло бӯсобӯсӣ накарда будем, — гуфт Нодир ва афзуд: — Ман меҳмони зиёд даъват накарда будам. Шефро бо занаш даъват карда будам. Боз ману маъшуқаам будем.
— Маъшуқа ҳам доред?
— Чаро не? Марди муҷаррад қайроқ зада намегардад-ку?
— Бале, шумо мардҳо тоқат карда наметавонед.
— Ин талаботи табиӣ аст, агар онро қонеъ накунӣ, корат пеш намеравад, афсурдахотир ва ғазабнок мешавӣ.
— Пас маъшуқаатон ҳоло куҷост, ки сари маро гаранг карда истодаед?
— Ба хонааш рафт, ба ноҳия.
— Вай рафту аз паси ман шудед?
— Бале.
— Дигар намеояд?
— Хумори ман гирад, меояд.
— Пас вай ҳозир метавонад, биёяд?
— Не, албатта. Вай бекор нест, ки кай хоҳад, хеста биёяд. Рашк мекунед, чӣ?
— Чаро рашк кунам, кам намешавед-ку. Ман тарсидам, ки боз ҳамин вақт даромада наояд ва ҷанҷол набардорад.
— Вай зани аҳли фаҳм аст.
— Маъшуқа доштаед, чаро ӯро нагирифтед?
— Ман зангир нестам. Фаҳмидед?
— Бале.
— Акнун аз ниятатон нагаштед?
— Не, ман бахтамро ба касе намедиҳам, — гуфт Марворид ва Нодирро ба оғӯш кашида, бӯсид.
— Сар диҳед, бӯи арақ мекунам, рафта оббозӣ мекунам. Баъд банда дар ихтиёри шумо. Воқеан, шумо ҳам метавонед ба ташноби дигар рафта, оббозӣ кунед. Сачоқи тоза ҳаст, вале либоси занона не.
— Ҳеҷ гап не, ман либосҳои худамро мепӯшам ва минбаъд ин ҷо низ либосҳоямро оварда мемонам, — гуфт Марворид ва ӯ ҳам ба ташноб рафт.
Нодир баъди душ кардан ва либосҳои хонагӣ пӯшиданаш ба меҳмонхона рафта, ба роҳаткурсӣ нишаст. Баъди чанде Марворид низ оббозӣ карда омад ва болои зонуи Нодир нишаста гуфт: — Акнун бӯса кардан мумкин аст?
— Марҳамат, агар тавонед, — гуфт Нодир ва лабонашро ба ихтиёри Марворид гузошт.
Марворид лабонашро ба лабони Нодир бурд, вале маълум буд, ки ҳоло ҳам таҷрибаи бӯсобӯсӣ надорад. Нодир ӯро сахт ба оғӯш гирифта бӯсид ва ҳисси шаҳвониаш боло гирифт. Ӯ дигар тоқат накарда, Марворидро болои даст гирифта, ба хонаи хоб бурд ва болои диван монд. Ӯ даст ба тагэзори Марворид бурда, хост онро бадар кунад. Вале Марворид боисрор хоҳиш мекард, ки то никоҳ тоқат кунад.
Нодир ба худ омад, гӯиё аз сараш як сатил оби хунук рехта бошанд. Ӯ худро назди Марворид болои диван партофт ва чанд муддат ҳар ду хомӯш буданд. Албатта, дар ин вақт ҳар ду комситонӣ мехостанд, вале ақл аз шаҳват боло мегирифт.
— Маро ғам медиҳед, маҷбур назди маъшуқаам меравам, — гуфт Нодир.
— Агар натавонед, равед.
— Ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем,
Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем.
— Ин хел бошад, интизор шавед. Никоҳи мусулмонӣ мекунем.
— Маъшуқаам ҳам никоҳ кунед, мегӯяд. Шумо ҳам. Ман чӣ кор кунам?!
— Никоҳ кардан гиред. Ба як мард чаҳор зан раво гуфтаанд. Ман рашк намекунам. Зеро шумо бо ман доимӣ хоҳед буд.
— Яъне, марди мутааллиқи се зан? Аҷибед шумо. Ман намефаҳмам, ки шумо ҷиддиед ё шӯхӣ мекунед? Занҳо танҳо барои як нигоҳ ба шавҳарашон рашк мекунанд. Шумо бошед, ором сӯҳбат мекунед.
— Ман ҷиддӣ мегӯям. Ман медонам, ки муҳаббату никоҳи мо абадӣ аст. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз маро аз шумо ҷудо карда наметавонад. Занатон аз ин ҷо дур аст. Шояд соле ду-се маротиба пешаш равед. Маъшуқаи шумо пир асту боз фарзанддор. Баъди чанд сол ӯ бибӣ мешаваду фартут ва бо мани ҷавон рақобат карда наметавонад. Ба қавле оянда аз ҷавонҳост.
— Агар ягон ҷавонтарашро ёбам, чӣ?
— Ихтиёр ба шумо. Вале касе чун ман шуморо дӯст намедорад ва шумо ҳам танҳо маро дӯст хоҳед дошт.
— Чаро шумо ин қадар боэътимод ҳарф мезанед?
— Ман медонам. Ба ростӣ, ман аз ғайб шуморо хоб дида будам ва ҳатто ояндаи шуморо медонам. Ба ман ҳамааш аъён шудааст. Вагарна, мардеро, ки танҳо як маротиба дида будам, ба хонаам мебурдам ва дар як болин бо ӯ сар мемондам.
— Шумо воқеан ҳам, ғайбдонед?
— Ғайбдон нестам. Вале намедонам аз чӣ бошад, ки тақдири худам ва акнун шуморо медонам. Сабаби то ин вақт шавҳар накарданам ҳам дар ҳамин аст. Агар касе хостгор мебаромад, медонистам, ки вай ҷуфти ман нест. Ман шуморо меҷустам. Симои шуморо ҳар шаб хоб медидам. Инак, баъди 10 соли ҷустуҷу шуморо пайдо кардам. Вақте ки шуморо дар кошонаи ҳусн дидам, шинохтам. Барои ҳамин ҳам бо шумо озодона ва ҳатто ба мисли духтарони сабукпо рафтор кардам. Зеро намехостам, ки шуморо аз даст диҳам.
— Аз кай боз ин ғайбдониатон аъён мешавад?
— Аз давраи донишҷӯӣ. Курси сеюм будем. Ба тӯйи арӯсии ҳамкурсам ба Вахш рафтем. Дар роҳ автобус чаппа шуд ва чанд нафар ҷароҳат бардоштанд. Ман аз сарам зарбаи сахт хӯрда, чанд рӯз беҳушу беёд дар беморхона хобидам. Вақте ба худ омадам, ҳодисаи мешударо, ки ба ман иртибот дошт, медонистам. Аз ин ба волидону бародарам гуфтам. Бародарам ба духтур бурда, майнаи сарамро пурра аз ташхис гузаронид. Ягон тағйироте дар он дида намешуд. Ҳатто дар Маскав аз муоинаи тиббӣ гузаштам. Натиҷаи он ҳам аз сиҳат буданам дарак дод. Хуллас, майнаам дар ҷояш аст.
— Агар ғайбдонед, бигӯед, ки ман кай ба висоли шумо мерасам?
— Ба қарибӣ.
— Инро ман ҳам медонам.
— Ҳамин ҳафта ҳодисае рух медиҳад ва аз он ба шумо зиён мерасад. Вале шумо аз ин мушкилӣ мебароед ва мо издивоҷ мекунем.
— Тафтишоти мо чӣ мешавад?
— Шумо ин чигилро мекушоед.
— Шумо медонед, ки ман кай мемурам?
— Инашро намедонам. Вале медонам, ки мо солҳои тӯлонӣ зиндагӣ мекунем ва соҳиби чанд фарзанди зебову оқил мешавем.
— Шумо медонед, ки чанд маротиба ман шуморо лату кӯб мекунам?
— Ягон маротиба.
— Чаро?
— Ман боиси он намешавам, ки шумо даст бардоред. Яъне, ҳеҷ баҳонае намешавад, ки шумо маро шаллоқ занед. Аслан дар шаллоқ хӯрдани занҳо пеш аз ҳама худи занҳо гунаҳкоранд. Мардҳоро бо ҳар роҳу восита ба хашм меоранд ва дар натиҷа худ шаллоқ мехӯранд.
— Хуб, боз як чизи дигарро пурсам. Мо ҳамин шом чӣ мехӯрем?
— Инаш аз хоҳиши шумо вобаста аст. Ман яхдонатонро бинам, чӣ доред?
— Ман худам ҳам намедонам, ки дар хона чӣ ҳаст?
— Пас ман ба ғизотайёркунӣ меравам, — гуфт Марворид ва аз ҷо бархест.
Пас аз ним соат Марворид дастархон кушода, Нодирро ба хӯроки шом даъват кард. Дастархон пур аз анвои ғизоӣ буд, ҳар чизе дилат кашад, метавонистӣ бихӯрӣ.
— Яхдонатон пури ғизо будааст. Ман гӯшти имрӯз бо худ гирифтаамонро гарм кардам, болояш пиёзи бехӣ реза кардам ва ба он сирко пошида овардам. Ба ғайри ин торт ва барои диссерт яхмос ҳам будааст. Агар нӯшоба хоҳед, марҳамат, — гуфт Марворид.
Онҳо сӯҳбаткунон ғизо хӯрданд. Марворид озими хонааш шуд, зеро пагоҳ тағйири либос карда, ба кор мерафт. Нодир ӯро бо мошинаш то хонааш бурда, гусел кард. Вақте ба хонаи Марворид расиданд, ӯ Нодирро ба дарун даъват кард.
— Як пиёла чой кунам ё қаҳва менӯшед?
— Не, ташаккур. Ман меравам.
— Дар ҳамин даҳлез хайрухуш мекунем магар? Ба хона дароед.
Нодир вориди хона шуд. Марворид хоҳиш кард, ки ин шаб ҳамин ҷо монад.
— Ман магар хонадомод шудаам, ки ин шаб ҳам дар хонаи шумо монам. Медонед, ки дар чунин ҳол хобам намебарад ва азоби гӯрро мекашам.
— «То ранҷ накашӣ, ганҷ ба даст намеорӣ», гуфтаанд ва ё «Сабр кунед, аз ғӯра ҳалво мепазад».
— Худаш ҳам ба ғайр аз сабр дигар чора надорам. Майлаш, шаби хуш! Ман ҳам бояд субҳи барвақт ба кор равам, — гуфт Нодир ва як бӯсае аз лабони Марворид ситонида, аз дар баромад, то ки ба хонаи худаш баргардад.

***

Нодир соати 7-и субҳ ба офис омад ва маълумоти гирдовардаро мавриди таҳлил қарор дод. Акнун аъён буд, ки аз овони донишҷӯӣ Шукуфа маъшуқаи Самир будааст ва ҳатто се сол қабл ҳам, баъди шавҳар кардану таваллуд кардани ӯ ин идома доштааст. Вале аниқ нест, ки ин алоқаи онҳо ҳоло ҳам вуҷуд дорад ё не. Аз он ки дар як ҷо кор мекунанд, чунин эҳтимолиятро наметавон сарфи назар кард. Пас суоле пайдо мешавад, ки «Бахтовар аз Самир таваллуд шудааст ё аз Ширини Комил?». Дар ин ҳол эҳтимолияти аз Самир таваллуд шуданаш бештар аст.
Нодир баъди андешарониҳо ба хулоса омад, ки бояд ин нукта рӯшан карда шавад.
Валиҷон расо соати 8 ба кор омад. Баъди салому ҳолпурсӣ ӯ гуфт:
— Баъди мулоқот ва вохӯриҳо ба чӣ натиҷа расидӣ?
— Сад дар сад собит шуд, ки Шукуфа Мирзохонова маъшуқаи Самир Абдуллоев, муовини Ширини Комил будааст ва ин то се сол қабл идома доштааст. Ҳатто завҷаи Самир ба хонаи волидони Шукуфа рафта, ҷанҷол карда будааст. Айни замон маълум нест, ки онҳо иртибот доранд ё не. Ҳатто эҳтимол дорад, ки Бахтовар аз камари Ширини Комил нашудааст.
— Хуб, баъд чӣ? Мо дуздида шудани кӯдакро тафтиш карда истодаем, на хиёнати зану шавҳарро. Аз ҷониби дигар, магар зани Самир метавонист дар дуздидани кӯдак даст дошта бошад?
— Не, аз пурсиш маълум шуд, ки вай як зани одии деҳотӣ аст ва ба чунин кор қудрат надорад.
— Ҳоло аз занҳо ҳама чизро интизор шудан мумкин.
— Эҳтимолияташ кам аст. Сонӣ, Самир ҳанӯз дар замони донишҷӯиаш ба духтарамакаш издивоҷ кардааст ва маълум, ки чунин никоҳ дар кӯҳистон қавист.
— Ба ҳар ҳол мо бояд ҷиноятро ифшо кунем, на хиёнати оилавиро.
— Ман гумон мекунам, ки ҳамин хиёнат ҳам ба қазияи Бахтовар иртибот дорад. Дилам гувоҳӣ медиҳад, вале ҳоло онро наметавонам собит намоям.
— Хуб, сари масъалае меоем, ки ман ба ту занг зада будам. Мо нақшаи боздошти як гурӯҳӣ кӯдакраборо тарҳрезӣ кардем. Амалиёт ҳамин рӯз шурӯъ мешавад. Аз рӯи маълумоти оперативӣ ҳамин рӯз як гурӯҳи ҷинояткор чанд нафарро тавассути гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён ба Афғонистон ва аз он ҷо ба Аврупо интиқол медиҳанд.
— Гуфта будӣ, ки дар раёсат хиёнаткоре ҳаст, ки бузӣ мекунад. Ӯ магар аз ин амалиёт ба шариконаш хабар намедиҳад?
— Наметавонад. Ҳоло инро ба ғайр аз вазир, сардори раёсат Насими Раҳим ва ман касе намедонад. Мо дигаронро танҳо ним соат қабл аз оғози амалиёт огоҳ мекунем ва намемонем, ки ягон нафари ғайри мо аз таҳти назоратамон берун барояд. Яъне, имкони хабар расониданро аз байн бурдаем.
— Пас ман дар ин амалиёт чӣ нақш дорам?
— Барои ошкор нашудани нақшаи амалиёт мо аз нерӯҳои махсус истифода намекунем. Зеро пайдо шудани ашхоси силоҳдори бегона ҷинояткоронро ба шубҳа меандозад. Туро ғайри ман ва Насими Раҳим на милисаҳо мешиносанду на ҷинояткорон. Бинобар ин, ту дар эҳтиёт меистӣ. Ва дар лаҳзаи зарурӣ ба мо кӯмак мекунӣ, — гуфт Валиҷон ва болои миз як чанд суратро паҳн кард. — Ин як гурӯҳ милисаҳоянд, ки дар амалиёти боздошт иштирок мекунанд. Мо камем, бо ту панҷ нафар мешавем. Ба ин суратҳо низ таваҷҷӯҳ кун. Инҳо ҷинояткоронанд. Онҳо ҳам панҷ нафаранд.
— Яъне қувваҳо баробаранд.
— Бале. Фаромӯш накун, ки вазифаи мо ҷинояткоронро сари ин амалашон дастгир кардан аст.
— Ба ман як ғайбдон гуфт, ки ҳангоми ин амалиёт ҳодисаи нохуш рӯй медиҳад. Барои ҳамин ҳам эҳтиёт кардан лозим аст.
— Ба ғайбдонҳо бовар намекардӣ-ку?
— Ба инаш бовар мекунам. Бе хато мегӯяд.
— Аҷиб. Шинос намекунӣ?
— Баъди амалиёт.
— Дарвоқеъ, ман амниятамонро ба назар гирифтаам. Дирӯз аз вазир ду ҷавшани сабук ва тирҳои иловагӣ гирифтам. Ман ҳозир аз таги курта ҷавшан пӯшидаам, ки маълум нест.
— Агар намегуфтӣ, пай намебурдам.
— Ту ҳам ҳоло ҷавшанатро пӯш, — гуфт Валиҷон ва аз сандуқи оҳанӣ ҷавшану туфангча ва 2 магазин тир бароварда дод. – Шояд ин ҳама лозим нашавад ва бе тирпарронӣ ҷинояткоронро дастгир намоем. Вале ба ҳар ҳол амниятро набояд фаромӯш кунем.
— Ту ҳамчун тоҷири афғон ба сарҳад меравӣ. Дариро фаромӯш накардаӣ?
— Не, соҳиб.
— Пас бигир ин ҳуҷҷатҳоятро. Дар гумруку сарҳад даркор мешаванд. Қалбакӣ бошанд ҳам, ба асл монанданд.
Нодир ҷавшанро аз таги пироҳани дарози афғонӣ пӯшида, дар тарафи рости камараш туфангчаашро овехт. Албатта, дар таги курта овехтани туфангча ноқулай буд. Вале ӯ дигар илоҷе надошт. Ӯ аз болои курта жилет пӯшида, машқи гирифтани туфангчаро кард. Ин вақти зиёдро мегирифт. Бинобар ин ӯ аз тарафи рости курта ҷойи ҷайбро бо қайчӣ бурид, то даст ба осонӣ дарояд.
— Ба сарҳад бо мошини худат нарав. Беҳтараш таксӣ гир. Бояд соати 2 ҳамон ҷо бошӣ. Барори кор! – даст дод ба Нодир Валиҷон.
Нодир баъди тағйири либос ва пӯшидани айнаки сиёҳ ба таври шинохтанашаванда дигар шуда буд. Ӯ мошинашро дар таваққуфгоҳи назди хонааш монда, ба истгоҳи мошинҳои самти Қӯрғонтеппа омад. Аз ин ҷо ба Панҷи Поён таксиҳо мерафтанд, вале то мошин аз мусофирон пур нашавад, ронандаҳо ҳаракат намекарданд. Бинобар ин, ӯ ба таксии Қӯрғонтеппа, ки ҳаракат мекард, савор шуд ва баъди беш аз як соат аллакай дар автовокзали ин шаҳр буд. Аз ин ҷо ба Панҷи Поён таксиҳо зиёд ҳаракат мекарданд. То вақти таъйиншуда фурсат буд, бинобар ин Нодир ба яке аз ошхонаҳои назди автовокзал, ки нисбатан тозатар буд, рафта оши палов хӯрд ва як чойник чойи кабуд нӯшид, то ташнагиашро шиканад. Сипас ӯ ба таксӣ савор шуда, озими гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён шуд.
Вақте ки Нодир ба гузаргоҳи сарҳадӣ расид, соат акнун як мешуд. Ин ҷо нисбати Душанбе камаш 10 дараҷа гармтар буда, ҳарорат дар тобистон то ба 50 дараҷа мерасид. Аз гармӣ нафас кашида намешуд. Ӯ як чойник чойи кабуд гирифта, дар ошхонаи сари роҳ, ки аз он ҷо гузаргоҳ хуб намоён буд, нишаст, то онро мушоҳида кунад.
Ӯ намедонист, ки ҷинояткорон кӯдаконро чӣ тавр аз сарҳад мегузаронанд. Вале аниқ буд, ки баъдан дар Афғонистон ба кӯдакон ҳуҷҷатҳои дигар карда, бо волидони қалбакӣ ба Аврупо мебаранд ва он ҷо узвҳои онҳоро мегиранд. Ин ҷо ин усул кор намегирад, зеро дар гумруку сарҳад сахт тафтиш мекунанд. Пас мумкин кӯдаконро даруни бор гузоранд. Пас дар ин ҳол корманди гумрук бояд ба ин амал шарик бошад. Ӯ ба мошинҳои дар навбат буда нигарист. Чанд мошини тахта ва бензовозҳо меистоданд. Танҳо ду мошини боркаши контейнер дар байни мошинҳо ҷудо шуда, меистоданд. «Мумкин кӯдакон дар ҳамин ду мошин бошанд», ба худ андешид Нодир ва бештар онҳоро зери назора гирифт. Дар назди мошинҳо ҷумбуҷуле ба назар намерасид. Ба гузаргоҳ мошини сабукраве омада истод ва аз он чанд нафар поин шуданд. Нодир онҳоро шинохт. Яке Валиҷон ва дигаре Насими Раҳим буд. Ниҳоят навбати мошинҳои КАМАЗ наздик мешуд. Нодир аз ҷой бархест ва ба сӯи дидбонгоҳи гумрукӣ рафт, гӯё ки ӯ ҳам бореро ба Афғонистон мебурда бошад. Нодир ба корманди гумрук ҳуҷҷатҳои борро нишон дода, пурсид, ки чӣ расмиётро иҷро кунад.
— Мошинатон куҷост?- пурсид корманди гумрук.
— Дар роҳ омада истодааст.
— Вақте мошин ин ҷо расид, ба ман муроҷиат кунед. Боратонро мебинем ва расмиятро анҷом медиҳем, — гуфт корманди гумрук.
Ҳамин вақт тафтиши бори мошинҳои КАМАЗ шурӯъ шуданд. Нодир ба ҳаракату рафтори кормандони гумрук таваҷҷӯҳ кард. Сардори гумрукчиён ба зердастонаш ишора кард, ки ин борро бе санҷиши сахт гузаронанд. Яъне, барои расмиёт рӯякӣ амал кунанд. Онҳо мошинҳоро бе мамониат аз дидбонгоҳи гумрук гузарониданд. Акнун бошад, сарҳадбонон ҳуҷҷатҳои ронандаро санҷида, онҳоро рухсати гузаштан медоданд.
Ҳамин вақт дастаи кормандони раёсати мубориза зидди ҷинояткории муташаккил мошинҳои КАМАЗ-ро боздоштанд ва талаб карданд, ки кормандони гумрук дохили автомашинаро тафтиш намоянд. Онҳо ноилоҷ монданд. Ҳамин замон сардори гурӯҳи гумрукчиён аз туфангчааш сӯи милисаҳо тир кушод. Насими Раҳим тир хӯрда афтид. Валиҷон худашро ба паси мошин гирифта, оташи ҷавобӣ гардонид ва тирзанро аз по афтонд. Ба тирпарронӣ се нафар кӯдакрабоён ҳамроҳ шуданд. Онҳо паси КАМАЗ-и дигар паноҳ бурда, сӯйӣ милисаҳо оташ кушоданд. Маълум гардид, ки онҳо бо худ силоҳ доштаанд. Ду нафар корманди гумрук, ки шояд бо кочоқчиён ҳамкорӣ надоштанду амри сардорашонро иҷро мекарданд, аз тарс худро рӯи замин партофта буданд.
Акнун вақти мудохилаи Нодир расида буд. Ӯ барқсон туфангчаашро ба даст гирифта, ҳарсеи кӯдакрабоёнро, ки аз ӯ дар масофаи 30-метр дур буданд, ҳадафи тир қарор дод. Онҳо аз по афтоданд. Вале тирпарронӣ дар байни милисаҳо шурӯъ шуд. Нодир нафаҳмид, ки чӣ ҳодиса рӯх додааст. Ӯ худро ба паси мошини кӯдакрабоён гирифта дид, ки яке аз милисаҳо ба сӯи ҳамкорони худ тир парронида истодааст. Ӯ аллакай якеро аз по афтонда, акнун сӯи Валиҷон тир мепарронд ва як тираш ба ишками ӯ расида буд. Нодир зуд ӯро аз пешониаш нишон гирифта парронд. Гумон кард, ки ӯ ҳам ҷавшан дорад ва тираш асар намекунад. Тирпарронӣ хомӯш шуд. Нодир давида сӯи Валиҷон рафт, то ба ӯ кӯмак кунад. Ҳамин вақт касе аз кабинаи КАМАЗ-и қафобуда ӯро аз пушташ нишон гирифт. Тир ба китфи чапи Нодир расид ва ӯро аз по афтонд. Маълум буд, ки тир ба ҷое расидааст, ки онро ҷавшан намепӯшонад. Нодир дарди ҷонкоҳро ҳис карда бошад ҳам, бо азобе худро аз хати оташ берун гирифт. Ӯ худро ба таги КАМАЗ партофта, гаваккашон ба тарафи дигар гузашт ва кабинаи КАМАЗ-и қафоро ҳадафи тир қарор дод. Нодир якбора пайи ҳам чор тири боқимондаро ба сӯи ронанда парронда, ӯро аз пой афтонд. Ҳамин лаҳза сарҳадбонон давида омаданд. Онҳо намедонистанд, ки чӣ ҳодиса шудааст. Як нафар аз милисаҳо, ки осеб надида буд, гуфт, ки ин амалиёти махсус барои боздоштани ҷинояткорон аст.
Як нафар аз сарҳадбонон автоматашро сӯи Нодир рост карда, аз ӯ талаб дошт, ки силоҳашро аз даст гузошта таслим шавад. Ҳамин вақт Валиҷон, ки тир ба ҷавшанаш расида буд, ба худ омада гуфт:
— Ман полковник Валиҷони Нарзулло. Ба ӯ нарасед. Вай корманди мост, ки пинҳонӣ кор мебурд. Беҳтараш зуд духтурро даъват кунед. Як гурӯҳатон яроқи ҷинояткоронро гиред ва он ду нафар гумрукчии ба замин хобидаро ҳабс кунед.
Валиҷон ба назди Нодир омад. Ӯ дар замин нишаста буд ва аз китфи чапаш хун мерафт.
— Ташаккур, маро боз чун дар Афғонистон аз марг наҷот додӣ. Вагарна ин буз, мудири шӯъбаи мубориза бо одамрабоӣ маро мепарронд.
— Боке нест, ба қавле то тӯй сиҳат мешавад, — гуфт Нодир ва афзуд: — Аз пайи корат шав, ҳоло ки дер нашудааст, мошинҳоро кофтан лозим.
— Бале, тоқат кун. Ҳозир духтур меояд, — гуфт Валиҷон ва аз пайи анҷоми амалиёт шуд.
Баъди чанд дақиқа духтури марзбонон расида омад ва ба Нодир ёрии аввали тиббӣ расонид, то ки хунравӣ монад. Китфи Нодирро ҷарроҳӣ кардан лозим буд. Маълум шуд, ки ҳангоми ин амалиёт Насими Раҳим аз бозуи росташ захмӣ шудааст. Аз ҷинояткорон низ се нафар тир хӯрдаанд. Корманди гумрук, ки сӯи милисаҳо тир кушод, низ ярадор шудааст. Танҳо ду нафар кушта шудаанд: як нафар кӯдакрабо ва мудири шӯъбаи мубориза бо одамрабоён, ки бо ҷинояткорон ҳамкорӣ мекард.
Баъди кофтукоб аз даруни бори мошин дар контейнери махсус 10 нафар кӯдакони аз 8 то 12 — сола пайдо карда шуданд. Маълум буд, ки ба онҳо доруи мадҳушкунанда дода буданд ва ҳамаи онҳо дар ҳолати беҳушӣ қарор доштанд. Валиҷон барои ба Душанбе интиқол додани ярадорон ва кӯдакони ҷабрдида аз қисми ҳарбии марзбонон чархбол дархост намуд. Баъди чанд лаҳзае чархбол дар майдони гузаргоҳи сарҳадӣ фуруд омад ва Валиҷон бо ярадорону ҷабрдидаҳо ба Душанбе парвоз намуданд.
Дар майдончаи ҳавоии госпитали милиса чархболро худи вазири умури дохила Ромизи Маҳмадалӣ истиқбол гирифт. Вазир аз рафти амалиёт пурра огоҳ буд. Ӯ дасти Нодирро фишурда, таҳсин гуфт ва хоҳиши зуд шифо ёфтанашро кард.
Ҳамон лаҳза ярадоронро ба ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ бурданд. Барои ҷарроҳӣ вазир беҳтарин мутахассисонро аз тамоми клиникаҳои шаҳр даъват карда буд. Ҷарроҳии Нодир хуб гузашт. Ба бахти ӯ тир ба ягон раг ва устухон осеб нарасонида буд. Зеро як тарафи тир аввал ба ҷавшан расида, самташро дигар кардааст. Вагарна зиёни он бештар мешуд.
Нодирро дар ҳуҷраи алоҳида ҷойгир карданд. Ӯ баъди як соати ҷарроҳӣ ба худ омад ва сари болинаш Валиҷонро дид.
— Хуб, чӣ ҳол дорӣ?- пурсид Валиҷон.
— Намебинӣ, магар. Бистариам кардед.
— Ҳеҷ гап не, ба қавли духтур пас аз як ҳафта асп барин давида мегардӣ.
— Ман ҳозир мехоҳам бихезам.
— Ақаллан, то пагоҳ тоқат кун. Ҳоло қувваат кам аст. Воқеан, ба ту касе бисёр занг зад. Маҷбур посух додам. Духтари шиносат пурсид, ки вазъи ту чӣ тавр аст ва дар куҷо бистарӣ кардаанд. Ман ҳамаашро гуфтам ва ӯ ҳозир меояд.
— Хуб кардӣ. Ин ҳамон ғайбдон аст, ки ҳодисаи мазкурро пешгӯӣ карда буд.
— Ҳоло аз хизмати ҷодугарон истифода мекардагӣ шудаӣ?
— Вай ҷодугар не, фаришта аст. Ҳоло ба наздам биёяд, мебинӣ. Ӯ дар бурдани тафтишоти қазияи Бахтовар ба ман чанд маротиба кӯмак кард. Албатта, ройгон.
— Ту чӣ дорӣ, ки беҳтарин духтаронро ба худ моил мекунӣ?
— Ман оҳанрабо дорам, ки дили хонумҳоро ба худ мекашад.
Ҳамин вақт хоҳари шафқати навбатдор ба Валиҷон шикоят кард, ки духтаре омадааст ва исрор мекунад, ки назди бемор Нодири Аминпур гузорам, дарояд.
— Ҳарчанд не гуфтам, ба ҳолу ҷонам намонда истодааст. Ҳатто сад доллар пора ҳам доданӣ шуд, — гуфт хоҳари шафқат.
— Бигзор дарояд, — гуфт Валиҷон. — Вале назди ярадороне, ки дар ҳуҷраҳои махсус ҷойгир карда, посбон мондем, бояд касе надарояд. Дар бораи мавҷудияти онҳо ба касе маълумот надиҳед.
Баъди чанд дақиқа ба ҳуҷра Марворид ворид гардид ва Нодирро бистарӣ дида, аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд.
— Шумо милисаед ё журналист, ки худро зери тир мондед?!
— Ором бошед. Ман сиҳату саломатам ва зуд ин захм шифо меёбад, — гуфт Нодир ва ба Валиҷон нигариста афзуд: — Шинос шавед. Ин кас ҳамон ғайбдони мо, Марворид.
— Ман Валиҷон.
— Шумо пас шефед?
— Маро Нодир ҳамин хел мегӯяд. Вале дар асл мо дӯсту бародар, ҳамкор ва ҳамшарики Бюрои детективии «Сипар» ҳастем.
— Ман шуморо танҳо мегузорам ва ба хона меравам. Маро дар хона интизоранд. Очаи бачаҳо хавотир шудагист. Саҳар ҷавшан пӯшидани маро дида буд. – Агар ягон проблема шуд, тугмачаро зер кун, духтури навбатдор ё ҳамшираи шафқат давида меоянд. Ман баъдтар бароят хӯрок меорам.
— Ташвиш накашед, ман мурғшӯрбо овардам, — гуфт Марворид. – Баҳузур рафта хоб кунед. Ман шаб ин ҷо мемонам.
— Ба шумо ташаккур, ки нисбати бародари ман ин қадар ғамхоред.
Валиҷон хайрухуш карда рафт. Марворид ба сари болини Нодир нишаста гуфт:
— Ман ҳозир ба шумо мурғшӯрборо ба шумо бо қошуқ мехӯронам.
— Ман худам метавонам хӯрам. Дасти ростам сиҳат аст.
— Шумо ҳоло камқувватед ва набояд хезед, — гуфт Марворид ва болишти дуюмро ба пушти Нодир монд, то ӯ андаке рост шавад.
Акнун барои хӯрокдиҳӣ Нодир мувофиқ хобида буд. Марворид аввал бо қошуқ ба Нодир оби шӯрборо хӯронд ва сипас гӯшти мурғро, ки ҳилим- ҳилим пухта буд, пора-пора ба даҳони ӯ гузошт. Воқеан ҳам, Нодир гурусна монда будааст, ки як коса мурғшӯрборо хӯрд.
— Шӯрборо аз кадом тарабхона гирифтед, ки ин қадар бомазза будааст?
— Магар дастам шикастааст, ки худам пухта натавонам.
— Дастатон дардро набинад, дарвоқеъ бомазза буд. Марворид, шумо ҳам ба хонаатон равед. Ҳоли ман хуб аст. Ташвиш кашида сари болини ман нишастанатон лозим нест. Пагоҳ рӯзи корӣ аст, бояд истироҳат кунед.
— Маро пеш кунед ҳам, ин ҷо мемонам. Дар ин кати ҳамсоя мехобам. Кӯрпаву рахти хоб будааст, — гуфт Марворид.
— Пас шаби хуш! – гуфт Нодир, ки чашмаш пӯшида мешуд. Таъсири доруи мадҳушкунанда ҳоло пурра нарафта буд, ки ӯро хоб зер мекард. Пас аз чанде Нодир ба хоб рафт. Марворид низ болои кати дигар дароз кашид. Ӯро хоб намебурд, фикри Нодирро мекард. Ӯ Худоро шукрона мегуфт, ки Нодирро дар паноҳаш нигоҳ доштааст. Ниҳоят ғарқи хаёлу андешаҳо Марворидро ҳам хоб бурд.
Ними шаб аз алоӣ гуфтани Нодир Марворид бедор шуд. Ӯ зуд даст ба пешонии Нодир бурд. Маълум буд, ки ӯ ҳарорати баланд дорад. Марворид тугмаи даъвати хоҳари шафқатро зер кард. Дар як лаҳза хоҳари шафқат давида омад.
— Чӣ шуд? – пурсид ӯ.
— Ҳарораташон баланд аст.
— Ҳозир месанҷем,- гуфт хоҳари шафқат ва аз кисаи хилъаташ ҳароратсанҷ бароварда ба зери бағали рости Нодир гузошт.
— Ман ҳозир духтурро даъват мекунам, — гуфт ӯ ва ба даҳлез баромад.
Баъди лаҳзае хоҳари шафқат бо духтури навбатдор даромада омаданд. Духтур ҳароратсанҷро аз зери бағали Нодир гирифта дид.
— 41. Ҳатман сӯзандору гузаронед. Баъди ҷарроҳӣ чунин ҳолат шуданаш имкон дорад, — гуфт духтур.
Хоҳари шафқат зуд ба тани Нодир сӯзандору гузаронид. Пас аз чанд дақиқа ҳарорати бадани Нодир поин фаромад ва ӯро хоб бурд.
Марворид нимхобу нимбедор шабро субҳ кард. Соат ҳафт нашуда буд, ки Валиҷон як бидонча ордоб гирифта омад.
— Шумо шаб ҳамин ҷо мондед? – пурсид Валиҷон Марворидро сари болини Нодир дида.
— Бале.
— Шаб хуб гузашт?
— Як маротиба ҳарораташон баланд шуд, сӯзандору гузарониданд.
— Нодир аз ин сӯҳбати Марвориду Валиҷон бедор шуда, хоҳиш кард, ки ба ӯ кӯмак кунанд, то аз ҷогаҳ хезад.
— Оё ба ту хестан мумкин аст?
— Чаро не?
— Ҳозир ман аз духтур пурсам, — гуфт Валиҷон ва аз дар берун баромад.
— Баъди чанд лаҳза Валиҷон бо духтури навбатдор баргашт.
— Саломатиатон чӣ хел? Худро чӣ хел ҳис мекунед?
— Хубам. Шикоят надорам.
— Саратон чарх намезанад?
— Не.
— Хеста метавонед?
— Кӯшиш мекунам.
— Фақат дасти ярадорро ба ягон чиз нарасонед. Хестан мумкин, — иҷозат дод духтур. – Ҳоло сменаи нав ояд, дар ҳузури ҷарроҳ яраатонро тоза карда, бинташро иваз мекунанд.
Нодир бо кӯмаки Валиҷон аз ҷогаҳ хеста, ба ҳоҷатхона рафт ва баъд бо кӯмаки Марворид дар ташноб дасту рӯяшро шуст. Марворид ба ӯ як коса ордоби овардаи Валиҷонро дод. Нодир бо иштиҳо хӯрокро хӯрд.
— Шумо аз пайи коратон шавед, — гуфт Нодир.- Ман акнун метавонам ба худам хизмат расонам.
— Майлаш, ту истироҳат кун. Маро соати 8 вазир даъват кардааст, — гуфт Валиҷон ва аз ҳуҷра баромад.
— Шумо чизе нахӯрдед. Бо шиками гурусна ба кор меравед?
— Ман имрӯз ба кор намеравам. Пеши шумо мемонам, — гуфт Марворид.
— Дидед, ки ман сиҳат. Шумо аз пайи коратон шавед. Шуморо мизоҷон интизоранд. Онҳоро интизор кардан хуб нест.
— Ба шумо ягон чиз шавад, чӣ?
— Ғайбдон шумоед, магар пешгӯӣ накардаед, ки чӣ мешавад?
— Ҳолатон хуб мешавад.
— Пас аз пайи коратон шавед, вагарна хафа мешавам, — гуфт Нодир.
Марворид ноилоҷ розӣ шуд. Ӯ аз лабони Нодир як бӯса ситонида, ба хонааш рафт, то тағйири либос карда, ба кор равад.
Нодир, ки ба бекор нишастан одат накарда буд, намедонист чӣ кор кунад. Бинобар ин ӯ телевизорро гирон кард. Аз шабакаи НТВ-и Русия барномаи ахбор шурӯъ шуда буд. Гӯянда дар бораи боздошт шудани як дастаи кӯдакрабоён хабар дод. Сипас гузориш аз нишасти матбуотии дирӯзаи вазири умури дохилаи Тоҷикистон пахш шуд. Дар гузориш навори лаҳзаи боздошт шудани ҷинояткорон ва тирпарронӣ бо онҳо низ нишон дода шуд, ки камераҳои гузаргоҳи гумрукӣ сабт карда буданд. Аз навор баръало тирпарронии Нодир ва захмӣ шудани ӯ намоён буд. Вазир Ромизи Маҳмадалӣ ин ҳодисаро шарҳ дода, қаҳрамонии Нодири Аминпурро дар ин амалиёт махсус таъкид карда, ярадор шудани ӯро низ гуфт.
«Тамоми дунё дид-ку», ба худ гуфт Нодир. «Ёру дӯстон хавотир мешаванд». Нодир ғарқи андешаҳо буд, ки хоҳари шафқат омада, ӯро барои бастани ярааш ба ҳуҷраи захмбандӣ бурд. Нодирро он ҷо ҷарроҳе, ки дирӯз тирро аз китфаш гирифта буд, пешвоз гирифт.
— Домулло саломатиатон чӣ хел аст? Ба ман гуфтанд, ки ҳарорататон шаб баланд шудааст.
— Ташаккур, хуб. Ба по истодаам.
— Баъди ҷарроҳӣ баъзан ҳарорат баланд мешавад. Ҳозир ман китфатонро мебинам ва дору мекунам, — гуфт ҷарроҳ ва бинти дасти Нодирро кушод. — Захм маҳкам шуда истодааст. Баъди ягон рӯз риштаи дӯхтаамонро меканем, ҷои захм худаш васл мешавад. Барои тезонидани ҷараёни табобат ва сироят наёфтани захм ба шумо чандто антибиотик мегузаронанд, — гуфт духтур.
Хоҳари шафқат китфи Нодирро дору карда, докапеч намуд ва сӯзандору гузаронид.
— Духтур сиҳатиам хуб аст, ба поям мегардам. Магар маро ба хона ҷавоб додан мумкин нест?
— Каме сабр кунед, ақаллан як ҳафта гузарад ва ҷойи захм маҳкам шавад. Табобати шумо таҳти назорати бевоситаи вазир аст. Худо накарда саломатиатон бад шавад, вазир пӯстамонро меканад, — гуфт духтур.
Нодир бо кӯмаки хоҳари шафқат ба палатааш баргашт ва болои каташ дароз кашид. Ӯ қазияи Бахтоварро пеши назар овард. «Ҳеҷ мумкин нест, ки одам бе ному нишон гум шавад. Хоҳ нохоҳ ягон чизе аз ӯ боқӣ мемонад», ба худ меандешид Нодир. Пурсиши кӯдакдуздон ба ин масъала рӯшанӣ меандохт. Ҷинояткорони ярадоршуда ҷарроҳӣ шуда, дигар ба ҷонашон хатар набуд. Акнун бо андаке беҳ шудани саломатиашон онҳо мавриди пурсиш қарор мегирифтанд. Садои занги телефон ӯро аз банди андешаҳо раҳо намуд. Марворид занг зада, аҳвол мепурсид ва мегуфт, ки нисфирӯзӣ хӯрок пухта меояд.
— Саломатиам хуб аст, ташвиш кашида наоед. Хӯрок ҳам лозим нест, — гуфт Нодир.
Ҳамин замон боз садои занги телефон баланд шуд. Ин дафъа Лутфия занг мезад. Лутфия аз Нодир мепурсид, ки дар кадом беморхона бистарӣ аст.
Нодир суроғаи госпиталро гуфт ва баъди тақрибан 10 дақиқа Лутфия ба аёдати Нодир омад. Ӯ Нодирро дида, ашки чашмонашро пок кард.
— Худо ба ҷони шумо раҳм кардааст. Ман тирпарронии шуморо бо ҷинояткорон дар телевизор дидам. Аз чунин тирпарронӣ ҷон ба саломат бурдан иқболи баландест, — гуфт ӯ ва Нодирро оҳиста ба оғӯш гирифт, то ба китфи захмиаш нарасад.
Ӯ субҳ аз телевизор ин ҳодисаро дида, ба Душанбе омадааст. Дар барномаи ахбор дар бораи ин ҳодиса иттилоъ додаанд. Сардухтур ба мухбир гуфтааст, ки ҷарроҳӣ хуб гузашт ва хатаре ба ҷони Нодир нест. Бинобар ин, Лутфия бафурҷа аз гӯшти мурғи хонагӣ шӯрбо пухта омадааст.
— Вақти хӯроки нисфирӯзӣ шуд. Гурусна ҳам будагистед. Ҳозир ман ба шумо мурғшӯрбо медиҳам, — гуфт Лутфия ва ба як коса шӯрбо гирифт.
Нодир кӯшиш кард, ки худаш ғизо хӯрад, вале якдаста наметавонист шӯрбо хӯрад. Бояд касе ӯро ҳангоми ғизохӯрӣ кӯмак мекард. Бинобар ин, Лутфия косаро дошта меистод ва Нодир бо қошуқ ғизо мехӯрд.
— Маро ба вазифаи муовини раиси ноҳия оид ба фарҳангу маориф пешниҳод кардаанд. Раиси ноҳия ба сӯҳбат даъват карда буд. Ман барои фикр кардан мӯҳлат хостам. Чӣ кор кунам, розӣ шавам ё не. Аз хона дур, ба маркази ноҳия кӯчида омадан лозим. Албатта, ваъда карданд, ки хона медиҳанд.
— Ба ман бошад, гузаред, то манфиататон ба аҳли ҷомеа бештар расад.
— Дар деҳа кӣ мемонад?
— Писаратонро хонадор карданиед-ку?
— Вай дар деҳа чӣ кор мекунад?
— Наход ягон кори муҳандисӣ набошад?
— Колхозҳо барҳам хӯрданд. Муассисаҳои сохтмонӣ нест. Ӯ танҳо дар шаҳр ё маркази ноҳия метавонад кор ёбад.
— Фирмаи худашро ташкил кунад.
— Ҳоло таҷрибаи корӣ надорад, аз ӯҳдааш намебарояд.
— Пас ман дигар чизе маслиҳат дода наметавонам.
Ҳамин вақт сӯҳбати онҳоро хоҳари шафқат халалдор кард. Ӯ барои сӯзандору гузаронидан ба палата даромад.
— Ман то сиҳат шудан наздатон меистам, хӯрок медиҳам, — гуфт Лутфия.
— Зарурат надорад. Ман худам хӯрок хӯрда метавонам. Ба қавли духтур дар як ҳафта сиҳат мешавам ва маро ҷавоб медиҳанд.
— Ба шумо кӣ хӯрок меорад? Дар шаҳр касе надоред.
— Ташвиш накашед. Ин ҷо госпитал аст ва се маротиба хӯрок медиҳанд.
— Хӯрокҳояш бе лаззату пастсифат будагист.
— Намедонам, ҳоло нахӯрдаам. Санитарка хӯрок оварданӣ шуд, не гуфтам. Зеро саҳар Валиҷон ва ҳоло шумо хӯрок овардед.
— Ба ҳар ҳол ман дар баратон бошам, хуб аст, дилам бехавотир мешавад.
— Ташаккур барои ғамхориву дилсӯзӣ. Ба ростӣ, аз пайи коратон шавед.
— Ман ҳоло дар рухсатиам.
— Раиси ноҳия ҷавоби шуморо интизор аст. Шояд баъди розигиатон зуд корро сар мекунед.
— Бале. Ман бояд пагоҳ ҷавобамро гӯям.
— Дудила нашавед ва розӣ шавед. Агар шумо «не», гӯед, ягон зани беақлу бефаросат ё сабукпоро мемонанд, ки ба ҷомеа зарараш аз фоидааш бештар мерасад. Розӣ шавед, Худо хоҳад, баъди чанд сол раиси ноҳия ҳам мешавед. Барои ҳамин ҳам ҳоло ба деҳа баргардед ва аз пайи коратон шавед.
— Майлаш, розӣ кардед. Ман ба шумо занг мезанам ва боз хабаргирӣ меоям.
— Бале, дар тамос хоҳем буд.
Лутфия аз лабони Нодир бӯса карда, бо ӯ хайрухуш намуд ва аз палата баромад.
«Зани хуби ҳалолкор аст. Аз ӯҳдаи ин вазифа мебарояд», ба худ андешид Нодир. «Интихоби баҷо кардааст, раис. Акнун дар ноҳия фарҳангу маориф рушд хоҳад кард», Нодир то дер дар бораи Лутфия фикр кард. Сипас, ӯ ба худ омада телевизорро гирон намуд, то ягон барномаро тамошо кунад. Аз шабакаи «Вести 24» барномаи ахбор пахш мешуд. Сароғози барнома ба ҳодисаҳои Украина бахшида шуда буд. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҷудоихоҳони Донетскро аз дастгоҳи «Град» ва миномётҳо гулӯлаборон мекарданд.
«Ҳоло оқибати ҷанги шаҳрвандиро намедонанд. Барои сари қудрат мондан роҳбарияти нави Украина аз ҷанг бо халқи худ даст намекашанд. Агар медонистанд, ки онҳоро дар оянда чӣ интизор аст, бародаркушӣ намекарданд», дар дил мегуфт Нодир.

***

Вазири умури дохила ба назди худ Валиҷон ва муовини сардори раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил Алишер Ализодаро даъват карда буд. Вазир ба Валиҷон барои гузаронидани амалиёти боздошти кӯдакдуздон изҳори миннатдорӣ карда, ба Алишер Ализода супориш дод, ки иштирокчиёни фаъоли ин амалиётро ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод намояд. Аз ҷумла, Нодири Аминпурро ба ордени Спитамен пешниҳод кунад.
— Воқеан, вазъи Нодири Аминпур ва Насими Раҳим чӣ хел аст?- пурсид вазир аз Валиҷон.
— Саломатии ҳар ду хуб аст. Ман ҳозир аз госпитал омадам. Ҳар ду ҳам баъди ҷарроҳӣ аз ҷой мехезанд.
— Ягон кӯмаке лозим нест?
— Ҳоло не.
— Ман худам, вақт ёфта хабарашон мегирам, — гуфт Ромизи Маҳмадалӣ.
Сипас вазир аз Валиҷон хоҳиш кард, ки дар бораи натиҷаи амалиёт иттилоъ диҳад, зеро Алишер Ализода дар бораи гузаронидани ин амалиёти махфӣ маълумот надошт.
— Аз рӯи пурсиши пешакии ҷинояткорон маълум мешавад, ки мудири шӯъбаи мубориза бо одамрабоён яке аз саркардаи дастаи ҷинояткорон будааст. Ӯ дар милиса кор карда, маълумоти заруриро ба кӯдакдуздон медодааст ва дар ҳолатҳои зарурӣ онҳоро пинҳон мекардааст. Маълум шуд, ки ӯ дар хориҷа суратҳисоби бонкӣ доштааст ва дар Испания амволи ғайриманқул — вилла ва тарабхона низ харида будааст.
— Корманди гумрук, ки тир кушодааст ба ҷинояткорон чӣ иртибот доштааст? – пурсид вазир.
— Ӯ ҳам узви ин дастаи ҷинояткорони трансмиллӣ будааст.
— Он ду нафар ҳамкорони вай чӣ?
— Онҳо хизматчиёни ришвахӯр будаанд, ки ба ивази пул борро тафтиш намекардаанд.
— Дар бораи писари Ширини Комил чӣ маълумот доред?
— Ҳоло маълумоти аниқ надорем. Ҷинояткоронро, ки пурсидем, ҳамааш маълум мешавад.
— Чун боздоштшудагон ба худ омаданд, пурсишро шурӯъ кунед ва алоқаи онҳоро чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷи он муайян намоед. Барои боздошти ҷинояткорон аз кӯмаки Интерпол низ истифода баред, — супориш дод вазир ба Алишер Ализода. – То сиҳат шуда ба кор баромадани Насими Раҳим раёсатро шумо роҳбарӣ мекунед. — Воқеан, устод ҳамчун намояндаи шахсии ман расман узви гурӯҳи тафтишотӣ ҳастанд. Бинобар ин, он касро ҳамеша аз ҷараёни тафтишот огоҳ кунед ва аз маслиҳатҳояшон истифода намоед, — супориш дод вазир ва афзуд:
— Аз ҳар гуна навигарӣ зуд маро огоҳ кунед. Худи ҷаноби олӣ аз ин қазия огоҳ ҳастанд ва шахсан аз ман ҳисобот мепурсанд. Барор ба шумо. Аз пайи корҳоятон шавед.

***

Нодир ба хоҳари шафқат пул дода, хоҳиш кард, ки рафта аз дӯкони сари кӯча якчанд газета харида орад. Ӯ ғарқи мутолиа буд, ки ғайриинтизор ба палата занашу писараш даромада омаданд. Нодир газетаро як сӯ монда, аз кат хест. Завҷааш ӯро ба оғӯш гирифта бӯсид. Нодир бо писараш ҳам оғӯш кушода вохӯрданд.
— Дада, саломатиатон чӣ хел?
— Хубам.
— Чӣ хел хуб? Мо шуморо дар телевизор дида, гурдакаф шудем, — гуфт завҷааш Маҳина. — Зуд билети самолёт гирифтему омадем. Шукри Худо, ки саломат мондаед. Захматон дард намекунад?
— Не, ҷарроҳӣ карда тирро гирифтанд. Осеби ҷиддие нарасидааст. Дар як ҳафта ҷавобам медиҳанд.
— Захми тир дар як ҳафта сиҳат намешавад. Барои пурра сиҳат шудани он камаш як моҳ лозим аст, — гуфт завҷаи Нодир.
— Ба ҳар ҳол саломатиам беҳтар аст ва мавриди ташвиш нест.
— Мо саросема омадем ва чизи дурусте ҳам нагирифтем. Аз мағозаи фурудгоҳи Домодедово конфету шоколад харидем, — гуфт завҷаи Нодир ва як пакети селофаниро бароварда болои мизи хӯрокхӯрӣ гузошт.
— Ташвиш накашед. Ман ин ҷо барои хӯрокхӯрӣ нахобидаам. Беҳтараш ба хона рафта, истироҳат кунед, аз роҳи дур омадед, — гуфт Нодир ва ба писараш Надим калиди хонаашро дода, суроғаашро ёдрас кард.
— Надим равад, ман ҳамин ҷо меистам. Дар баратон будан мехоҳам, — исрор кард завҷаи Нодир.
-Ҳеҷ зарурат надорад. Ман ҳушёрам ва сиҳат шуда истодаам.
— Пас ба хона меравам ва ягон ғизо пухта меоям,- гуфт Маҳина.
Ҳамин вақт ба палата Валиҷон даромада омад. Ӯ бо завҷаву писари Нодир салому ҳолпурсӣ карда гуфт: — Шумо аз куҷо фаҳмида омадед?
— Аз телевизор дидем ва зуд ба тайёра билет гирифта, парвоз кардем, — гуфт завҷаи Нодир.
— Беҳуда ташвиш кашидед. Нодир асп барин сиҳат аст.
— Кош, ҳамин тавр бошад.
— Надим, ту коратро партофта омадӣ?
— Бале, ба сардорам занг зада вазъиятро фаҳмондам. Ӯ ҳам одам аст, аз кор ҷавоб дод, — посух дод Надим.
Лаҳзае хама хомӯш монданд. Валиҷон аз ин фурсат истифода карда, аз мулоқоташ ба вазир ҳарф зад:
— Ман бо вазир мулоқот доштам. Ӯ аз аҳволат пурсон шуд ва мумкин худаш низ барои хабаргириат биёяд. Воқеан, ӯ ҳамаи моро ба мукофот пешбарӣ карданист.
— Мо барои мукофот кор намекунем.
— Ба он арзандаӣ. Агар доданд, гирифтан даркор.
— Валиҷон, ҳоло ба куҷо меравӣ?- мавзӯи сӯҳбатро дигар кард Нодир.
— Корҳои имрӯзаро анҷом додам. Ба хона меравам.
— Ин тавр бошад, оилаи маро то хона бурда мон.
— Ягон проблема нест, мебарам. Сари роҳи ман аст.
— Воқеан, барои хӯроки шомгоҳиат як мурғи «грил» овардам.
— Ташаккур. Ташвиш кашидан лозим набуд.
Онҳо бо Нодир хайрухуш карда, ба хона рафтанд. Ҳамин вақт Марворид занг зад. Ӯ аз кор баромадааст ва акнун мехостааст, ки ба хонааш рафта, барои Нодир ғизое пухта биёяд.
— Беҳуда ташвиш накашед, барои шом хӯрокам ҳаст.
— Пас мева гирифта меоям, — гуфт Марворид.
Воқеан ҳам, баъди ним соат Марворид як пакет меваҳои гуногун — себу нок, шафтолу ва ангури зарифӣ гирифта омад.
— Саломатиатон чӣ хел? – пурсид Марворид.
— Хубам.
— Ягон чиз хӯрдед?
— Нисфирӯзӣ хӯрда будам. Ҳоло серам.
— Пас ман ба шумо шафтолу медиҳам, — гуфт Марворид ва аз пакет як лолашафтолуи калонро гирифта шуст ва ду пора карда, ба Нодир дод.
— Шафтолуи бомазза будааст, ташаккур, — гуфт Нодир баъди хӯрдани он лабонашро бо сачоқча пок карда.
— Боз мехоҳед?
— Не, ташаккур. Аз саҳар, ки хӯронида истодаанд. Ман намефаҳмам, ки дар беморхонаам ё дар фермаи буққапарварӣ.
— Кӣ хӯронида истодааст?
— Саҳар баъди шумо рафтан Лутфия омад. Вай мурғшӯрбо овард. Баъди зӯҳр завҷааму писарам аз Маскав омаданд. Баъд Валиҷон омад. Ҳоло шумо омадед.
— Ҳамаи занакҳоятон ба хабаргирӣ омаданд, гӯед. Боз ягонтои дигарашон намеомада бошад, ки маро ин ҷо дида, ҷанҷол бардорад.
— Шояд, биёяд. Ман ба ҳар ҳол намедонам. Рашк мекунед?
— Не, ман хуб медонам, ки шуморо касе аз ман ҷудо карда наметавонад. Занатон омадааст, хуб аст. Вай модари фарзандони шумо аст. Шумо онҳоро напартофтаед ва ҳоло ҳам кӯмаки моддӣ мекунед, хона харидед. Яъне, шумо ҳамаи вазифаи худро иҷро карда истодаед. Зани хуб бояд ҳамаи инро қадр кунад.
— Лутфия ҳам бояд меомад. Вай шуморо дӯст медорад, вале дигар илоҷ надорад. Ҳаёт ҳамин аст. На ҳама асал мехӯранд.
— Шумо чӣ?
— Шуморо Худо барои ман ва маро барои шумо офаридааст. Инро ман хуб медонам ва кӯшиш мекунам, ки мо бо ҳам бошем. Барои ҳамин ҳам ман ин ҷо ҳастам ва заррае ба хонумҳои шумо рашк намекунам. Ҳатто баъди издивоҷ ҳам рашке нахоҳам кард, вале ин маънои онро надорад, ки ман шуморо дӯст намедошта бошам.
— Ташаккур, барои ғамхориатон. Акнун ба хонаатон рафта истироҳат кунед. Дишаб дуруст нахобида будед.
— Ман ин шаб ҳам пешатон мемонам.
— Зарурат надорад. Аз ҷониби дигар, мумкин дертар завҷаам биёяд. Ман ӯро медонам, ки ҳатман меояд. Шумо рашк намекунед, вай бошад, хеле бадрашк аст. Чун оташ аланга мегирад. Ман намехоҳам, ки табъи шумо хира шавад.
— Ин хел зани дӯстдору ғамхор доштаед, чаро аз ӯ ҷудо шудед?
— Ин маҷбурӣ буд. Чӣ хеле ки қаблан гуфта будам, барои як маводи танқидиам, оилаамро гаравгон гирифтанд. Баъди онҳоро озод кардан, ман аз завҷаам расман ҷудо шудам ва онҳоро ба Маскав фиристодам, то дигар барои ман ба онҳо фишору тазъиқ наоранд.
— Пас чаро худатон низ аз Тоҷикистон нарафтед? Ман одамонеро медонам, ки аз чунин ҳолатҳо истифода карда, паноҳгоҳи сиёсӣ пурсидаанд ва ҳоло дар Амрикову Аврупо паноҳ бурдаанд. Ҳатто қаллобону фиребгарон ҷони мо дар хатар аст, гуфта, паноҳгоҳи сиёсӣ хоста, берун аз кишвар рафтаанд.
— Гапатон дуруст. Чунин нафароне, ки дар лаҳзаҳои мушкили ватан кишварро тарк кардаанд, зиёданд. Вале ман дар лаҳзаҳои душвортарин ҳам аз Душанбе берун нарафтаам. Набояд фаромӯш кард, ки ин ҷо ватани ман аст ва ман наметавонам онро партофта биравам. Бигзор бароям дар хориҷа хама чиз муҳайё бошад, вале ман наметавонам он ҷо зиндагӣ кунам. Дар хориҷа ҳама чиз бароям бегона аст. Ин ҷо ҳар хору санги ватан бароям азизу ошност.
— Фаҳмо. Ман ҳам барои ҳамин ба Олмон нарафтам.
— Пас шумо маро бояд хуб фаҳму дарк кунед.
— Бале, хуб мефаҳмам. Шояд арзишҳои якхела ва ҳамдигарфаҳмӣ бошад, ки моро ба ҳам овардааст.
— Худ ҳамин чиз ва манфиатҳои якхела одамоноро қарин мекунад, — гуфт Нодир ва хомӯш монд.
Марворид ҳам хомӯш монд ва аз панҷаҳои дасти сиҳати Нодир дошта, тани худро ба ӯ наздик кард. Нодир лабонашро ба лабони моил ба бӯсаи Марворид бурд. Бӯсобӯсии онҳоро шарфаи пои хоҳари шафқат, ки барои сӯзандору кардан меомад, қатъ кард.
— Ҳамин мурғро бурда, бо ҳамкоронатон хӯред. Ин ҷо истода ҳайф мешавад, — ба хоҳари шафқат пешниҳод кард Нодир.
— Шумо чӣ?
— Ман аз дишаб мурғшӯрбо хӯрда истодаам. Ба дилам зад мурғхӯрӣ.
— Ташаккур, — гуфта мурғро гирифт хоҳари шафқат ва аз палата баромад.
— Шумо ҳам ба хонаатон равед, соат аз 7 гузашт. Ҳозир модари Надим омаданаш мумкин. Сарамонро ба ҷанҷол наандозем.
— Баръакс ман ӯро диданӣ будам. Вай чӣ занест, ки дӯсташ доштаеду ба ӯ издивоҷ кардаед.
— Ӯ як муаллимаи одӣ аст, як зани заминӣ. Муҳимаш модари фарзандони ман аст.
— Майлаш, меравам ва субҳ ягон чиз пухта меоям.
— Зарурат надорад.
— Нахоҳед ҳам, меоям, — гуфт Марворид ва Нодирро бӯса карда, аз палата баромад.
«Аҷибанд занҳо. Рашк намекунам мегӯянду дар даруни дил чу оташ месӯзанд», ба худ андешид Нодир ва газетаро ба даст гирифт, то мутолиаи мақолаи оғозкардаашро ба анҷом расонад.
Нодир хато накарда буд. Соати тақрибан 8-и бегоҳ завҷааш бо писараш ба палата даромада омаданд. Маҳина оши палав пухта оварда буд. Надим бошад, дар даст як харбузаи калон дошт.
— Дер шуда бошад ҳам, бароятон хӯроки шом овардам, — гуфт завҷаи Нодир ва ба табақ ош кашида ӯро сари миз хонд. – Хӯрда метавонед ё худам хӯронам?
— Дасти ростам сиҳат-ку. Худам мехӯрам. Шумо ҳам ба ман ҳамроҳ шавед, — муроот кард Нодир.
— Мо дар хона ош хӯрда омадем.
Нодир бо иштиҳо палов хӯрд. Завҷааш кадбонуи хуб аст. Ӯ оши паловро хеле лазиз мепазад, ки аз хӯрданаш сер намешавӣ. Нодир қариб як табақ ошро хӯрд. Надим ин вақт харбузаро бурид ва як карч ба падар дароз карда гуфт: — Дада, харбуза хӯред.
Нодир харбузаро ба даҳон бурд. Вай хеле ширин буд.
— Харбузаро кӣ интихоб кард?
— Худам, чӣ буд?- пурсид Надим.
— Харбузаи ширин. Ҳоло чунин харбузаи ширинро дар бозор кам меёбӣ.
— Надимҷон хариди хонаро худаш мекунад ва дар ин кор таҷриба андӯхтааст, — гуфт модараш.
— Ёд гирад, оиладор, ки шуд, маҷбур аст бозорӣ кунад. Шумо ҳам харбуза гиред, ин харбузаи калонро ман танҳо хӯрда наметавонам.
Онҳо ба харбузахӯрӣ шарик шуда бошанд ҳам, нимашро ҳам хӯрда натавонистанд. Нодир хоҳари шафқатро даъват карда, ними боқимондаи харбузаро дод, то ки онҳо ҳам бихӯранд.
— Воқеан, шумо кай бармегардед?
— Ман то сиҳат шуданатон мемонам, — гуфт завҷаи Нодир.
— Гаравгон гирифтанатон магар фаромӯш шуд?
— Не, чаро?
— Магар намедонед, ки маро кӣ парронд? Мо гурӯҳи трансмиллии кӯдакдуздонро доштем. Онҳо танҳо нестанд. Аз дасташон ҳар гуна ҷиноят меояд. Вақте шумо ин ҷо ҳастед, ба ман фишор овардан осонтар аст. Биёед, маро осуда монед. Магар ташвиши ман кам аст?! Барои ҳамин ҳам шумо бояд зуд Душанберо тарк кунед. Зеро гурӯҳи ҷинояткор аз ҳузури шумо огоҳ шуда барои шикор меояд. Ту, Надим назди дӯстонат нарав ва ба онҳо занг ҳам назан. Бигзор дар ин ҷо будани шуморо ҳам касе надонад.
— Майлаш, — гуфт завҷаи Нодир ва афзуд: — Ман имшаб ҳамин ҷо мемонам. Ту Надим ба хона рав.
— Шумо ҳам равед, ин ҷо барои чӣ меистед? Саломатиам хуб аст.
— Аз худи Маскав омада, як шаб наистам?
— Хуб, — гуфт Нодир, ки якравии завҷаашро медонист. Агар ӯ меистам гуфт, пас меистад.
Надим ба хона рафт ва Нодиру завҷааш дар палата танҳо монданд. Маҳина ба ӯ бо ҳавас менигарист. Мехост аз дидораш сер шавад. Зеро тақдир онҳоро нохоста аз ҳам ҷудо карда буд.
— Шумо ҳам ба Маскав баргардед. Ин ҷо истодан барои шумо хавфнок аст, — гуфт Маҳина ба Нодир.
— Медонӣ, ки ман наметавонам Тоҷикистонро тарк кунам.
— Пас ин чӣ зиндагист, ки шумо дар Душанбеву мо дар Маскав? Кӯдакон шуморо бо скайп мебинанду халос. Надимро ҳам хонадор кардан лозим. Синнаш қариб ба 25 расид.
— Хонадор мекунем, ин проблема нест. Вале боз ягон русдухтарро наёфта бошад?
— Не, бо як духтари тоҷик қариб як сол боз ошноӣ дорад. Ӯро ба хона оварда бо ман шинос кард. Духтари зебову оқила ва хеле қобил.
— Чӣ кор мекунад ӯ?
— Дар МГУ таҳсил дорад, ба курси чорум гузашт, иқтисодчӣ мешавад.
— Падару модараш кистанд?
— Волидонашон баъди хатми аспирантура дар Маскав мондаанд. Ҳар ду докторанд ва дар МГУ дарс мегӯянд.
— Мардуми куҷоанд?
— Аслаш аз Ҳисоранд, вале онҳо дар Душанбе калон шудаанд. Ман бо волидони духтар сӯҳбат кардам. Одамони хубу хоксоранд. Ҳамагӣ ду фарзанд доранд. Писарашон ҳоло дар мактаб таҳсил мекунад.
— Чаро аз ҳамаи ин ман нав огоҳ мешавам?
— Надим аз гуфтан ба шумо шарм медорад.
— Арӯс ба шумо мақбул бошад, пас ман ҳам розиам. Метавонем тӯй кунем.
— Шумо сиҳат шуда хезед, насиб моҳи сентябр тӯй кунем, мешавад.
— Бале, вақти нағз. Донишҷӯйҳо ҳам ба дарс оғоз мекунанд.
— Чӣ хел тӯй мекунем? Оши наҳор ҳам мешавад?- шӯхӣ кард Нодир. — Дар Русия — ку қонуни танзим нест.
— Дар ягон тарабхона барои ҳудуди 100 нафар зиёфат диҳем, мешавад. Ба тарабхона ҳамсабақони арӯс, хешовандонаш ва ҳамкорони волидонашро даъват мекунем. Аз тарафи мо он қадар меҳмони зиёд ҷамъ намешавад. Бо хешу табор, ҳамкорони ману Надим ва ҷӯраҳояш, дӯстони шумо мумкин 50 нафар ҳам нашавад.
— Пешакӣ рӯйихат карда, ҳисоб мекунем ва баъд фармоиш медиҳем, — гуфт Нодир.
— Харҷи тарабхона чӣ қадар мешуда бошад, ҳисоб накардед?
— Бо нарҳҳои ҳозира бо ҳофизон сари як меҳмон 100 доллар масраф мешавад.
— 10 ҳазор доллар пули кам нест.
— Меёбем. Надим ҳам пасандоз дорад. Волидони арӯс нисфи ҳароҷотро ба зимма гирифтаанд.
— Фаромӯш накун, ки барои арӯс сару либос ва ҷиҳоз харидан лозим. Ба онҳо ҳам пул сарф мешавад.
— Тӯйро сар кунем, як чӣ мешудагист.
— Дарвоқеъ, мумкин то он вақт ман ҳам пулдор шавам.
Онҳо то дер сӯҳбат карданд. Маҳина дар назди кат нишаста, панҷаҳои пои ӯро масҳ мекард. Аз ин Нодирро хоб бурд.
Худи ӯ ҳам сар ба пои Нодир монда хобаш бурд. Нисфи шаб Нодир алоӣ мегуфт ва аз он завҷааш бедор шуд. Вай даст ба пешонии Нодир бурд. Нодир тасф надошт, ҳарораташ мӯътадил менамуд. Ӯ хоб медид. Ба қавле ӯро сиёҳӣ зер карда буд.
— Дадош, дадош, — гуфт ӯ ва Нодирро аз хоб бедор кард.
— Чӣ шуд? – гуфт Нодир аз хоб бедор шуда.
— Алоӣ мегуфтед. Хоби бад дидед?
— Бале, маро парронданӣ буданд.
— Кӣ?
— Шахсони номаълум. Дар вақташ маро бедор кардӣ, вагарна мепарронданд.
— Як пиёла об нӯшед, — гуфт завҷаи Нодир ва ба ӯ об дароз кард.
Нодир обро нӯшида ба худ омад.
— Соат чанд?
— Дуи шаб.
— Гузашта дар кати холӣ хоб кунед. Шаб аз нисф гузаштааст.
Бо дамидани субҳ Нодир аз хоб бедор шуд. Занаш ҳам магар ки ӯро интизор буд, аз кат бархест.
— Чаро ин қадар барвақт хестед, ҳоло соат 6 нашудааст.
— Ман ба хона рафта барои шумо наҳорӣ меорам, — гуфт завҷааш.
— Зарурат надорад. Ҳоло Валиҷон ягон чиз меорад. Беҳтараш зуд билети тайёра харида, ба Маскав парвоз кунед, — гуфт Нодир.
Завҷаи Нодир ба хона рафт ва ӯ ба фикру хаёл ғӯта зад. Нодир дар андешаи ифшои қазияи Бахтовар буд. Аз рӯи маълумоти расмӣ ҳар сол дар кишвар беш аз ҳазор нафар гум мешудаанд. Аз нисф зиёди онҳоро меёфтаанд ё худ пайдо мешудаанд. Вале ҳудуди 20 дар сади онҳо бе ному нишон мемондаанд. Албатта, як қисми онҳо қурбони одамрабоён мешаванд.

***
Валиҷон субҳ аз ҳоли Нодир хабар гирифту сипас аз пайи пурсиши ҷинояткорон шуд. Ӯ бо муфаттиш ҳар як ҷинояткорро дар алоҳидагӣ мепурсиданд, то якдигарро дида, забон як накунанд. Дар омади кор боздоштшудагон бо тафтишот ҳамкорӣ карданӣ буданд ва маълумоти доштаашонро мегуфтанд. Аз онҳо дар бораи шабакаи ҷиноии трансмиллии кӯдакдуздон маълумоти пурарзиш гирифта шуд. Баъди пурсиши ҳамаи ҷинояткорон маълум шуд, ки нишондоди онҳо ба ҳам монанданд. Аз ин метавон хулоса кард, ки онҳо гапи ростро мегӯянд ва ё пешакӣ сухан як кардаанд. Валиҷон ба боздоштшудагон сурати Бахтоварро нишон дода пурсид, ки тақдири ин кӯдак чист? Ҳарсеи боздоштшудагон гуфтанд, ки чунин кӯдакро надуздидаанд ва ба ягон ҷо интиқол надодаанд. Яъне, тақдири Бахтовар ҳамоно номаълум боқӣ мемонд.
Пас аз нисфирӯзӣ Валиҷон боз ба дидори Нодир омад. Саломатии Нодир беҳтар буд ва ӯ китоби бадеӣ мехонд.
— Мутаассифона, тақдири Бахтовар номаълум боқӣ мемонад, — хабар дод Валиҷон. — Ин ҷиноятро кӯдакдуздон анҷом надодаанд.
— Дастаи дуюми кӯдакдуздон чӣ?
— Милисаҳои хиёнаткор бо ин гурӯҳ ҳам иртибот доштаанд. Ҳангоми пурсиш ба ҳамааш қоил шуданд. Имрӯз аъзои ин дастаро ҳам боздошт намудем. Ҳангоми бозҷӯӣ ягон нафар дуздида шудани Бахтоварро тасдиқ накард.
— Пас ин амали дасти кист? — пурсид Нодир ва худ посух дод: — Мо бояд ҷинояткоронро дар доираи муоширати Ширини Комил меҷустем.
— Оё кӯдак дарвоқеъ гум шуда бошад? – суол кард Валиҷон.
— Пас чаро ягон нишонааш то ҳол нест?!
— Агар ба дарё афтода бошад?
— Аз наздикии маҳаллаи Ширини Комил дарё намегузарад.
— Агар касе дуздида бошад ва баъди огоҳ шудан аз ҷустуҷӯӣ мақомоти қудратӣ аз тарс кӯдакро кушта пинҳон карда бошад, чӣ? Ва ё ягон бефарзанд кӯдакро дуздида, ҳоло ӯро дар хонааш онро нигоҳ дошта истода бошад? – гуфт Валиҷон ва афзуд:
— Агар ин кори худи Ширини Комил бошад, чӣ? Шояд ӯ хиёнати занашро фаҳмида, даст ба ин амал зада бошад?
— Не, маълум, ки ӯ аз хиёнати занаш хабар надорад. Аз ҷониби дигар, агар ӯ ҷинояткор бошад, барои ифшои ин қазия моро киро намекард.
— Мантиқан гапат дуруст аст, -гуфт Валиҷон.
— Ҳамаи ин тахминҳо мақбуланд. Вазифаи мо ҳам ин аст, ки дуруст андеша карда, зинда ё мурдаи кӯдакро пайдо кунем, — гуфт Нодир.
— Бале, лекин ҳоло мо дар як ҷо қадам мезанем.
— Барои ҳамин ҳам аз сари нав ҳамаи тахминҳоро таҳлил кардан лозим аст. Ту ба гуфтаҳои ман оид ба Шукуфа ва Самир таваҷҷӯҳ накардӣ. Шояд ин ҷо розе ниҳон бошад.
— Маъшуқаи Самир будани Шукуфа собит шудааст. Баъд чӣ?
— Шояд Бахтовар писари Самир бошад?
— Ин эҳтимолият дорад. Вале Самир аҳмақ нест, ки писари худро дуздад.
— Бале, мантиқан тахмини мазкур чандон эътимоднок нест. Зеро меросхӯри асосии молу мулки Ширини Комил Бахтовар аст.
— Шояд муносибати Самиру Шукуфа вайрон шудааст ва ӯ барқасдона ин корро карда бошад?
— Ҳозир одамонро фаҳмида намешавад. Ба ҳар кор даст заданашон мумкин. Ахлоқи ҷомеа хеле поин рафтааст. Ба фикри ман, ҳозир дар аввали кор аниқ кардан даркор, ки Ширини Комил аз кай боз безуриёт шудааст ва Бахтовар аз камари кӣ шудааст, — гуфт Нодир. — Ман ин корро ба нақша гирифта будам, вале акнун ин ҷо мехкӯбам кардед.
— Ман ба ин кор машғул мешавам, вале имрӯз вақт надорам. Маро ин бегоҳ ба ҷаласаи назди вазир даъват кардаанд. Шояд дар бораи натиҷаи амалиёти дуюми зидди кӯдакдуздон ҳарф зананд.
— Шояд ягон факти ҷолибро гӯянд. Ҳоло барои мо камтарин ҷузъиёт ҳам пурарзиш аст, — гуфт Нодир.
— Бале, вақте дар як ҷо қадам мезанем.
— Ба ҳар ҳол, торумори ду дастаи одамдуздон пешравӣ дар қазияи Бахтовар набошад ҳам, барои милиса ғалаба алайҳи ҷинояткорӣ аст.
— Дуруст, худаш ифшои ҷинояткорон дар мақомоти қудратӣ кори бузургест ва дар он саҳми мо ҳам ҳаст, — гуфт Валиҷон ва афзуд:
— Воқеан, Ширини Комил занг зада, аз ман саломатии туро пурсид ва гуфт, ки ба аёдатат меояд. Ман ҳозир ба офиси нав рафта мебинам, ки мебелҳоро оварда ҷобаҷо кардаанд. Ба ту ғизое даркор нест?
— Не, ғизои якҳафтаинаамро овардаанд. Лутфия дирӯз омада буд. Марворид бошад, саҳару бегоҳ хабаргирӣ меояд.
— Бо ӯ ҳам ту ягон бало дорӣ?
— Ба ростӣ, коре накардаам. Духтар аст.
— Ҳоло духтар шудан осон. Ҷарроҳони мо ба сад доллар зани панҷто зоидаро ҳам дар ним соат духтар мекунанд.
— Гапат дуруст. Вале маълум аст, ки ӯ бетаҷриба аст, ҳатто бӯсиданро намедонад.
— Эътимод дошта бошӣ, хуб аст. Оё ӯ туро дӯст медорад?
— Дӯст надорад, ба ман соя мешавад? Агар дурусттар андеша кунем, аз издивоҷ бо ман ӯ чӣ манфиат мебинад? Аз ман ӯ ягон манфиати моддӣ намебинад. Хонаву мошин дорад. Хонааш ба мисли хонаи ман. Ӯ аз ман чанд маротиба бештар пул кор мекунад. Моҳе ба ҳисоби миёна 4 ҳазор доллар.
— Ту ҳам пули нағз кор мекунӣ. Дар байни ду моҳ панҷсад ҳазор доллар кор кардӣ. Агар қазияи Бахтоварро ҳам ифшо кунем, 250 ҳазор доллар мегирӣ. Агар ин маблағро барои як сол 750 ҳазор доллар ҳисоб кунем, дар як моҳ 62 ҳазору 500 доллар мешавад, ки ин қариб 16 маротиба аз маоши вай зиёд аст.
— Гапат дуруст, вале ӯ намедонад, ки даромади ман чӣ қадар аст? Барои ҳамин ҳам манфиати моддӣ аз байн меравад.
— Ту чизи асосиро фаромӯш мекунӣ. Ба мисли ту марди ҷасуру тавоно ва боақл кам ёфт мешавад. Ҳозир духтарон аз пайи мардони калонсол мешаванд. Зеро ҷавонони синну соли худашон ҳама хонадоранд. Дигар, ин ки ба ҷавонон камтар эътимод аст. Имрӯз мегиранду пагоҳ сар медиҳанд ва ҷавонашро мегиранд. Аз ҷониби дигар, аксар нашъаманд ва ҳатто ҳамҷинсгаро шудаанд. Барои ҳамин ҳам матои мо дар бозор серхаридор аст.
— Ин хел бошад, ту ҳам яктоашро гир, — шӯхӣ кард Нодир.
— Маро медонӣ, ки ба янгаат хиёнат накардаам. Вазъияти ту дигар аст. Занат ин ҷо нест ва расман аз ӯ ҷудо шудаӣ.
— Пас ту ҳам занатро ба қишлоқ бурда мон ё хонаи дигар хар ва ягон ҷавонашро гир ба мисли мансабдорону бизнесменҳои навбаромад.
— Эзмагӣ накун. Ман зан дорам. Муҷаррад туӣ. Бо Марворид чӣ ният дорӣ?
— Дӯсташ медорам. Ту одамшиносӣ, назарат чӣ аст?
— Дар назари аввал хуб метобад, боз намедонам. Ба ҳар ҳол зебову боақл, бофаросат аст. Чӣ хеле ки таҳлил кардем, аз ту манфиате намеҷӯяд, ки ин аз ҳама муҳим аст, зеро баъди ба даст овардани манфиати мадди назар ту дигар нодаркор мешавӣ. Духтари хуб бошад, ба пеш! Ман фотиҳа медиҳам.
— Ташаккур.
Валиҷон аз пайи кораш рафт ва Нодир ба фикри Марворид шуд. Ӯ ончунон ба ӯ дил баста буд, ки дигар ҳаёташро бе Марворид тасаввур намекард. Ӯ метарсид, ки ин ҳама меҳру муҳаббати Марворидро аз даст бидиҳад. Зеро ҳамаи ин чун хобе менамуд, ки дар бедорӣ пайдо карда наметавонӣ. Воқеан ҳам, ҳаёти Нодир афсонаеро мемонд, ки фариштае як марди муқаррариро дӯст доштааст. Барои ҳамин ҳам ӯ борҳо сари ин масъала андеша мекард ва баъзан рафтори Марворидро мавриди шубҳа қарор медод, ки чаро ин духтари зебою оқила ва аз нигоҳи моддӣ мустақил ӯро дӯст доштааст. Нодир баъзан ба суолаш худ посух мегуфт: На ҳама чизро бо пул метавон ченак кард. Дар пеши муҳаббат шоҳу гадо ва пиру барно ҳама баробаранд. Агар дӯст дорӣ, синну сол ва зебоиву пулдорӣ садде намешаванд. Муҳимаш, ки ин дӯстдорӣ самимӣ ва якумрӣ бошад.
Нодир хуб медонист, ки издивоҷ кардан масъулияти шахсро пеши оила даҳчанд мекунад. Бинобар ин, ҳангоми интихоби зан бояд хато накунӣ. Зиндагии хубу осоиштаи мард аз зан вобаста аст. Зани хуб ҳаёти мардро рангину гуворо мекунад. Зани бад бошад, ҳаёти мардро ба гӯристону зулмот табдил медиҳад. Нодир чунин мардҳоро дидааст, ки аз дасти занҳои золим гурезон шуда, бо баҳонаи серкорӣ то дер дар ҷойи кор менишинанд ва ба хонаашон барои хобравӣ мераванд.
Қиссае ба ёди Нодир омад. Як гурӯҳи одамон ба назди мӯйсафеди кӯҳансоли кӯҳистон омада, арзи дил мекунанд ва барои ҳалли қазия маслиҳат мепурсанд. Пири фартут мегӯяд, ки дар бораи қазияи мазкур беҳтараш аз падари ӯ маслиҳат пурсанд. Вақте одамон ба назди ин пирамард меоянд, мебинанд, ки ӯ ҷавонтар аз писараш менамояд. Ӯ ҳам мегӯяд, барои пурсидани маслиҳат пеши падараш раванд. Одамон назди пире мераванд, ки 120 сол дорад, вале бардаму бақувват ва ба мӯяш сафедӣ нарасида. Онҳо тадбири ҷавонсолии пирамардро мепурсанд. Ӯ посух мегӯяд: Ҷавонсоливу пиронсолии мард аз зан вобаста аст. Агар зан хуб бошад, мард ҳаргиз пир намешавад.
— Шумо он мӯйсафеди фартутро дидед, вай набераи ман аст ва аз ман 50 сол хурд аст. Вале дидед, ки чӣ қадар пир шудааст. Зани нохуб ӯро ба ин ҳол расонид. Мӯйсафеди дуюмро ҳам дидед, ки нисбати ман пиртар метобад. Ӯ писари ман аст ва аз ман 25 сол хурд аст. Зани ӯ ҳам чандон хуб набуд ва ӯро ба мӯйсафедӣ расонд.
Ҳикмати ин қисса дар он аст, ки бояд ба зани хуб издивоҷ бикунӣ. Оё Марворид зани солеҳаву покиза мешавад? Зеро зан барои мард дар пирӣ ба кор ояд. Аксари мардҳое, ки ҷавон бева мемонанд, зуд пир мешаванд. Фарзандони бетавфиқ дар фикри падар намешаванд ва онҳо чун шамъ сӯхта, хомӯш мегарданд.

***

Дар ҷаласаи шомгоҳӣ вазири умури дохила Ромизи Маҳмадалӣ амалиёти зидди кӯдакдуздонро натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни он изҳори миннатдорӣ намуд ва айни ҳол супориш дод, ки кормандони бо одамдуздон алоқамандро ифшо карда, қазияашонро барои баррасӣ ба додгоҳ диҳанд. Дар охири ҷаласа вазир боз як бори дигар таҳти назорати раиси ҷумҳур будани қазияи Бахтоварро таъкид намуда, амр кард, ки тафтишро дар ин самт вусъат бахшанд. Зеро ифшои он аҳамияти сиёсӣ гирифтааст. Аз рӯи натиҷаи он дар хориҷа ба фаъолияти мақомоти қудратӣ ва авзои ҷомеаи Тоҷикистон баҳо медиҳанд.
Валиҷон муҳим будани ифшои қазияро мефаҳмид ва баъди ба хонааш расидан ҳам, сари дастархон мавзӯи мазкур аз назараш дур намешуд.

***

Баъди рафтани Валиҷон Ширини Комил ба аёдати Нодир омад. Ӯ баъди салому ҳолпурсӣ изҳори таассуф кард, ки Нодир захмӣ шудааст:
— Бубахшед, ки барои тафтиши қазияи Бахтовар захм бардоштед. Агар барои табобат маблағе лозим бошад, ман мепардозам. Хоҳед, барои табобат ба беҳтарин клиникаҳои хориҷӣ мефиристам.
— Ташаккур. Ҳамин ҷо сиҳат шуда истодаам. Сонӣ, тафтишро ҳоло анҷом надодаем.
— Ба ҳар ҳол ба назар гиред, ки ҳоло ё баъд хоҳиш дошта бошед, шуморо ба табобат мефиристам. Шукр, маблағам ба ин мерасад.
— Барои ғамхориатон ташаккур. Ҳоло ман мехоҳам, ки аз шумо як чизро пурсам, — таваҷҷӯҳи Ширини Комилро ба дигар сӯ ҷалб намуд Нодир. — Шумо дар яке аз сӯҳбатҳои қаблӣ гуфта будед, ки бо завҷаи аввалаатон дигар фарзанддор нашуданатонро фаҳмида, аз ӯ ҷудо шуда будед.
— Бале. Рости гап, ман аз ӯ ҷудо шуданӣ набудам, вале ӯ бо исрори волидонаш ҷудо шуда, аз нав шавҳар кард ва ҳоло ду фарзанд дорад.
— Оё шумо санади ташхиси ҳамонвақтаи духтурро доред?
— Дар картаи тиббиам ҳаст. Он дар дармонгоҳамон нигоҳ дошта мешавад.
— Шумо метавонед, ки онро нусхабардорӣ карда, ба ман биёред? Ин барои идомаи тафтиш ба мо кӯмак мекунад.
— Зарур бошад, албатта.
— Боз як хоҳиш дорам. Шумо бояд боз як маротибаи дигар аз ташхиси лабораторӣ гузаред. Ҳозир дар Душанбе Муассисаи тиббии хусусии «Насл» фаъолият карда истодааст. Дар ин муассиса безуриётиро ташхис карда, агар имкон бошад, табобат ҳам мекунанд. Директори он бо ман шиноси қадим аст. Қаблан ӯ дар вазорати тандурустӣ кор мекард ва ҳамчун коршинос ба ман маълумот медод.
— Агар ин ба тафтиши қазия кӯмак кунад, ҳатман пагоҳ меравам, — розӣ шуд Ширини Комил.
— Пас, ман ҳозир ба ӯ занг зада огоҳ мекунам, — гуфт Нодир ва телефони дастиашро гирифта, рақамҳоро чид.
— Салом, Амриддин! Маро шинохтед?
— Албатта, шукр, ки сиҳат ҳастеду садоятонро мешунавам. Аз қазияи захмдор шуданатон огоҳ шудам ва ҳоло барои диданатон омада истодаам. Дар даромадгоҳи госпиталам.
— Пас, шуморо интизорам,- гуфт Нодир сӯҳбатро қатъ карда.
— Худаш ба ин ҷо омада истодааст. Насиб бошад, шуморо бо ҳам шинос мекунам ва ҳоло масъалаи ташхисро маслиҳат мекунем.
Баъди чанд лаҳза Амриддин ба ҳуҷраи Нодир ворид шуд. Нодир барои саломкунӣ аз ҷой хест.
— Ташвиш накашед, ако — гуфт Амриддин.
— Маро китфам захмӣ асту поям дуруст.
— Ба ҳар ҳол аз ҷой хестанатон хуб нест.
— Базӯр наздатон монданд. Милисаву духтури навбатдор гуфтанд, ки ба наздатон одами бегонаро намемонанд. Ҳамин вақт сардухтур омаду маро шинохт ва иҷозати даромадан дод, — гуфт Амриддин баъди салому ҳолпурсӣ.
— Шинос шавед, ин кас Ширини Комил, банкир. Ин кас Амриддин, директори муассисаи «Насл», — гуфт Нодир ва афзуд: — Сабаби ба шумо занг заданам ҳам ин касанд. Аз шумо хоҳиш, ҳамин дӯсти моро аз ташхиси амиқи ҳамаҷониба гузаронед.
— Бошад. Кай меоянд? – Ба Ширини Комил бо суол нигарист Амриддин ва худ илова намуд: — Пагоҳ аз субҳ метавонед биёед?
— Бале. Пагоҳ соати 9 биёям, мешавад?
— Албатта. Ана, шумораи телефони маро гиред, — визиткаашро ба Ширини Комил дароз кард Амриддин.
— Натиҷаи ташхис кай маълум мешавад? – пурсид Нодир.
— Ҳамон рӯз то бегоҳ.
— Хоҳиш, натиҷаи ташхисро ду нусха кунед. Якеаш барои мо аст.
— Албатта, вале ин аз ризоияти мизоҷ вобаста аст.
— Ман розӣ, — гуфт Ширини Комил ва афзуд: — Бо иҷозати шумо ман меравам. Зуд сиҳат шавед, бародар!
— Ташаккур, — гуфт Нодир ва ӯро то беруни ҳуҷра гусел кард.
— Саломатиатон чӣ хел аст, ако? – пурсид Амриддин.- Ягон кӯмаке лозим нест?
— Ташаккур, ба чизе ниёз надорам.
— Дар замони осоиштагӣ ҳам ин хел мешудааст-а?
— Мешудааст.
Баъди чанде Амриддин ҳам хайрухуш карда рафт. Нодир ба болинаш дароз кашида, ғарқи фикру хаёл шуд. Боз дар бораи қазияи Бахтовар фикр мекард. Ҳамин вақт завҷаашу писараш ба аёдат омаданд.
— Хӯрок кашам, — пурсид завҷааш, ки дамлама пухта буд.
-Не, ташаккур. Серам.
— Ақаллан чашед,- гуфт Маҳина ва ба як табақча чанд пораи гӯшти дамламаро гузошт.
Нодир ночор пораи гӯштро ба даҳон бурд. Хеле хӯроки лазиз пухта буд завҷааш.
— Мо билети тайёра харидем, бегоҳ парвоз мекунем, — гуфт Надим.
— Хуб, соати чанд?
— 6.
— Пас бояд ҳозир ба фурудгоҳ равед.
— Бале, ҳозир меравем, — гуфт Надим ва аз кисааш калидҳои хонаро бароварда, ба падараш дод. Ӯ Нодирро ба оғӯш гирифта, хайрухуш кард.
— Оча, ман шуморо дар берун интизор мешавам, — гуфт ӯ ва ба берун баромад, то ки модараш бо падараш хайрухуш кунанд.
Дар чашмони Нодир беихтиёр ашк ҳалқа зад. Дурӣ аз фарзандон мушкил аст. Маҳина ҳам Нодирро ба оғӯш гирифта, лабонашро ба лабони ӯ бурд. Акнун ашк аз чашмони завҷаи Нодир мерехт. Ӯ намехост Нодирро тарк кунад, вале барои амнияти фарзандонаш маҷбур буд, ба ин иқдом даст занад.
Ниҳоят, ӯ худро ба даст гирифта, бо Нодир хайрухуш кард ва аз ҳуҷра баромад.
Нодир дилшикаставу маҳзун монд. «Ин чӣ зиндагӣ аст?! Вақте аз дари хона медароӣ, касе туро пешвоз намегирад. Кӯдакон падар гуфта, ба пешвозат намебароянд. Ягон рӯз дар танҳоӣ ҷон ба ҷаббор месупорӣ ва аз маргат баъди чанд рӯз огоҳ мешаванд», ба худ меандешид Нодир.
Нодир ғарқи фикру андеша буд, ки Марворид вориди ҳуҷра шуд. Ӯ Нодирро ғамгину маъюс дарёфт.
— Тинҷӣ аст, ҷонам? Захматон дард мекунад?
— Ҳоло ними танамро ҳам буранд, ҳис намекунам.
— Пас, дилатон месӯзад.
— Бале.
— Беҳуда фикр накунед. Ман шуморо мефаҳмам. Ман ҳам мисли шумо танҳоям. Дур аз оила.
— Вазъияти ман мисли шумо нест. Шумо озодтаред. Хоҳед, пеши волидонатон меравед. Ба ман бародаронам аз деҳа занг заданд. Волидонам ба аёдатам омаданӣ шудаанд. Ман хоҳиши онҳоро рад кардам, то барои ман шуда ба онҳо зиён нарасад. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ барои журналист будани ман онҳоро силоҳбадастон зиёд шиканҷа дода буданд. Ҳоло ҳам душманони ман кам нестанд. Бинобар ин, бо волидонам пинҳонӣ вомехӯрам. Оилаам аз ман дур аст. Як умр ман ҳамин хел зиндагӣ дорам, — алами дил кард Нодир.
— Каме тоқат кунед, бо ҳам якҷоя мешавем ва ман шуморо ҳаргиз танҳо намегузорам. Агар Худо диҳад, бароятон як писару як духтари дӯстрӯяк таваллуд мекунам,- тасаллӣ дод Марворид.
Ҳамин вақт Надим занг зада, хабар дод, ки ташвиш нашавад, онҳо ба хона расидаанд. Нодир аз ин каме осуда шуда бошад ҳам, ҳанӯз пурра ба худ наомада буд. Ҳоло ҳам дар фикри оилааш маъюсу ғамгин буд. Марворид ин ҳолро дида, шаб пеши Нодир монд, то ки ӯ худро танҳо эҳсос накунад.

***
Субҳ Марворид изҳор дошт, ки имрӯз ба кор намеравад ва пеши Нодир мемонад.
— Магар истироҳат доред ё мизоҷонатон кам шудаанд,- ҳайрон пурсид Нодир.
— Не, рӯзи корӣ аст ва мизоҷон ҳам аз соати 8 номнавис шудаанд.
— Пас ба кор равед.
— Не, мехоҳам пеши шумо монам. Шуморо танҳо мондан намехоҳам.
— Ташаккур барои ғамхорӣ. Ҳоли ман хуб аст. Шумо ба кор равед. Кор чи хусусиву чи давлатӣ бошад, кор аст. Бинобар ин, интизоми меҳнатро риоя бояд кард. Шахс бояд масъулият эҳсос кунад. Дар ин ҳол метавон эҳтироми ҳамкоронро ба даст овард.
— Дуруст мегӯед. Ман ҳаргиз нисбати кор бемасъулият нестам. Вақте дар мактаб маоши ночиз медоданд ва муаллимон аз кор дилмонда шуда буданд, ман сидқан ба шогирдон дарс медодам.
— Ман медонам, ки шумо коргурез нестед ва ҳоло ба кор меравед.
— Хуб, ба кор меравам, — гуфт ноилоҷ Марворид ва бӯсае аз лабони Нодир ситонида, аз ҳуҷра баромад.
Нодир ба Валиҷон занг зада гуфт, ки масъалаи аз ташхис гузаштани Ширини Комилро ҳал кардааст ва бигзор ӯ аз пайи корҳои дигар шавад.
Ин субҳ духтури табобатӣ Нодирро ташхис карда гуфт, ки захмаш шифо ёфта истодааст.
— Худро чӣ хел ҳис мекунед, ҳарорат намекунед?
— Хубам. Не, ду рӯзи охир ҳароратам баланд нашудааст. Метавонед, ки маро ба хона ҷавоб диҳед.
— Тоқат кунед, ақаллан як ҳафта истед.
— Захмам сабук аст. Сӯзандору ҳам тамом шуд. Танҳо барои захмро марҳам молидан ин ҷо хобам. Онро дар хона ҳам анҷом додан мумкин.
— Ин ҷо таҳти назорати духтур ҳастед. Дар лаҳзаи зарурӣ доруву дармон мекунанд.
— Ба ҳар ҳол, хоҳиш, маро аз беморхона рухсат диҳед, ба хона равам,- исрор кард Нодир.
— Майлаш, ман бо сардухтур маслиҳат кунам, агар ин шабонарӯз хам ҳарорататон баланд нашавад, масъалаи рухсат доданро баррасӣ мекунем, — гуфт духтур. – Ҳоло бошад, истироҳат кунед.
— Ташаккур!- гуфт Нодир ва ба палатааш баргашт.
Нодир болои кат якпаҳлу дароз кашида, машғули мутолиаи газета буд, ки Лутфия занг зад. Ӯ бахшиш пурсид, ки аз серкорӣ ба аёдаташ омада натавонист ва ҳатман рӯзи якшанбе аз ҳолаш хабар мегирад.
Нодир ҳаргиз аз наомадани Лутфия хафа набуд. Ӯ хуб медонист, ки бо муовини раиси ноҳия таъйин шудани Лутфия масъулияташ бештар шудааст ва вақти холиаш дигар кам мемонад. Умуман, Нодир парвое надошт, ки ба аёдаташ меоянд ё не. Аз касе инро интизор ҳам набуд.
Пеш аз нисфирӯзӣ Ширини Комил ба аёдати Нодир омад. Ӯ як табақ кабоби буғӣ аз гӯшти гов овард.
— Гуфтам, ки чошт кабоб хӯред, — гуфт ӯ баъди салому ҳолпурсӣ.
— Ташаккур, зарурат надошт. Ин ҷо аз хӯрокӣ танқисӣ намекашам.
— Медонам. Ба ҳар ҳол овардам, хӯред, хунук нашавад, — гуфт ӯ ва ба табақчае чанд дона лӯлакабоб монда, ба Нодир дароз кард.
Нодир ноилоҷ ба истеъмоли лӯлакабоб шурӯъ кард.
— Бомазза будааст, аз куҷо харидед?
— Аз тарабхонаи назди бонк. Аксаран ман он ҷо ғизо мехӯрам.
— Пас, шумо ҳам бо ман шарик шавед.
— Шумо бемалол хӯрдан гиред. Ман аллакай чошт хӯрдам, — гуфт Ширини Комил ва афзуд: — Воқеан, ман субҳ ба «Насл» рафта, аз ташхис гузаштам. Натиҷааш пас аз нисфирӯзӣ маълум мешавад. Онро ба шумо биёрам?
— Онро худи Амриддин меорад. Шумо ташвиш накашед.
— Гуфтагӣ барин, ман нусхаи карточкаи тиббиамро ҳам овардам, — гуфт Ширини Комил ва аз кифаш онро бароварда, болои миз гузошт.
— Ташаккур!
— Пас, бо иҷозати шумо ман аз пайи корҳоям шавам, — гуфт Ширини Комил ва бо Нодир хайрухуш карда, аз ҳуҷра берун шуд.
Нодир нусхаи картаи тиббии Ширини Комилро ба даст гирифта, ба қайдҳои он назар дӯхт, вале ба он чандон сарфаҳм нарафт. Онро бояд мутахассис медид. «Хуб, натиҷаи ташхиси имрӯза маълум шавад, аз Амриддин хоҳиш мекунам, ки худаш натиҷаи ташхиси пешина ва имрӯзаро муқоиса карда, назарашро гӯяд», ба худ андешид Нодир.
Ҳамин вақт худи Амриддин занг зад:
— Ако, натиҷаи ташхис аниқ шуд. Маълумотномаро ба шумо орам?
— Бале, нусхаи моро оред. Кай метавонед, биёед? Ин ҷо маслиҳати шумо ба мо зарур аст.
— Хуб, баъди ягон ним соат биёям, мешавад?
— Бале, ман шуморо интизор, — гуфт Нодир сӯҳбатро қатъ карда.
Баъди ин гуфтугӯ Нодир ба Валиҷон занг зад:
— Дар куҷоӣ?
— Дар офис.
-Метавонӣ, зуд ба наздам биёӣ?
— Чӣ шуд? Саломатиат хуб аст?
— Хуб аст, хавотир нашав. Як коршинос меояд. Бояд ту ҳам ин ҷо бошӣ.
— Пас, зуд меоям.
Воқеан ҳам, Валиҷон баъди 15 дақиқа аллакай дар госпитал буд. Нодир ба ӯ дар бораи аз ташхис гузаштани Ширини Комил ва аниқ шудани натиҷаи он нақл кард.
— Ҳоло худи директори Муассисаи тиббии «Насл» Амриддин бо натиҷаи ташхис меояд ва назарашро мегӯяд. Барои ҳамин туро даъват кардам, — гуфт Нодир.
То омадани Амриддин Валиҷон дар бораи ҷаласаи назди вазири умури дохила ҳарф зад. Ҳамин вақт Амриддин ҳам вориди ҳуҷра шуд ва бо онҳо салому ҳолпурсӣ кард. Нодир Валиҷону Амриддинро ба ҳам шинос кард.
— Хуб, натиҷаи ташхиси Ширини Комил чӣ гуна аст? – тоқат накарда пурсид Нодир.
— Аз ташхиси сперма маълум шуд, ки Ширини Комил безуриёт аст, — хабар дод Амриддин.
— Табобат карда намешавад?
— Мутаассифона, не.
— Ӯ модарзод безуриёт буд, ё ин натиҷаи ягон беморӣ аст.
— Гумон мекунам, ки ӯ дар ҷавонӣ қобилияти наслдиҳӣ дошт, вале камаш тӯли 10 соли охир безуриёт шудааст.
-Яъне, аз ӯ ягон хел фарзанд намешавад?
— Не, албатта.
— Ӯ як духтари маъюби 17-сола дорад-ку?
— Ман гуфтам-ку. Ӯ дар ҷавонӣ безуриёт набуд. Вале баъдан дар натиҷаи вусъат ёфтани беморӣ қобилияти наслдиҳиашро тамоман гум кард. Агар картаи тиббии Ширини Комил мебуд, ман метавонистам аниқ гӯям, ки аз кай боз ӯ безуриёт аст.
— Нусхаи картаи тиббии ӯ ин ҷо ҳаст, — гуфт Нодир ва аз рӯии миз онро гирифта, ба Амриддин дод.
Амриддин бо таваҷҷӯҳ онро хонда гуфт:
— Ана, ин ҷо гуфта шудааст, ки ҳанӯз 10 сол қабл Ширини Комил безуриёт будааст.
— Ин аниқ аст, — ҳайрон пурсид Валиҷон.
— Ҳеҷ ҷои шакку шубҳа нест.
— Ин хулосаатонро метавонед, ки дар суд тасдиқ кунед? – пурсид Нодир.
— Бале. Ин ташхисро дар Русия ё ягон кишвари аврупоии дигар ҳам гузаронед, натиҷа тағйир намеёбад, — гуфт Амриддин.
— Охир, ӯ як писари 4-сола дорад? – бо шубҳа пурсид Валиҷон.
— Мумкин писари занаш бошад. Аз ӯ аниқ фарзанд намешавад.
— Аз шумо як хоҳиш, ин сӯҳбат байни мо монад. Ба Ширини Комил ҳоло нагӯед, ки аз кай боз ӯ безуриёт аст. Албатта, натиҷаи ҳозираро гӯед, вале то анҷом додани тафтишоти ин қазия аз ташхиси қаблӣ ва хулосаи худ ҳарф назанед. Вагарна ба тафтишот халал мерасонед, — гуфт Нодир.
— Бале. Шуморо фаҳмидам, ако. Ҷанҷоли оилавӣ шуданаш мумкин.
— Дуруст, фаҳмидед. Ҳоло муддате сабр кунед. Баъди анҷоми тафтишоти мо қазияро ба Ширини Комил муфассал нақл мекунед, — луқма партофт Валиҷон.
— Пас ба ман рухсат, ки равам? – пурсид Амриддин.
— Бале, ташаккур. Шумо аз пайи коратон шавед, — гуфт Нодир ва Амриддинро то беруни дари ҳуҷра гусел кард.
— Хуб, ин ташхис барои ёфтани Бахтовар чӣ кӯмак мекунад? — суол кард Валиҷон.
— Мустақиман, ҳеҷ. Вале ба мо рӯшан шуд, ки Бахтовар писари Ширини Комил нест,- гуфт Нодир. — Ба мо маълум шуд, ки Самир ва Шукуфа ба ҳам иртиботи маҳрамона доштанд ва шояд Бахтовар аз камари Самир таваллуд шуда бошад. Шояд ин иртибот ҳоло ҳам идома дошта бошад.
— Шояд. Вале аз ин мо наметавонем ангезаи гумшавии Бахтоварро муайян кунем. Ё ин кори Самир бошад? Агар гапаш бо Шукуфа гурехта бошад?
— Гумон намекунам. Зеро аз будани Бахтовар бо Шукуфа мантиқан Самир манфиат мебинад, — гуфт Нодир. – Агар васиятномаи Ширини Комилро ба ёд орем, 80 дарсади моликияти ӯ ба Бахтовар мерос мемонад. Ҳамагӣ 10 дарсади моликият ба Шукуфа васият шудааст. Аз рӯйи нархҳои ҳозира ҳаққи меросии Шукуфа севуним миллион доллар мешавад. Ба гуфти Ширини Комил баъди 10 сол он ду маротиба меафзояд.
— Албатта, ин пули кам нест, — луқма партофт Валиҷон.
— Дар ҳолати марги Бахтовар ҳаққи ӯ ба кӣ мемонад?
— Аз рӯйи қонун дар ҳолати марги Ширини Комил ба Шукуфа мерос мемонад. Аз ҷониби дигар, мерос ба моликият танҳо баъди 6 моҳи марги Ширини Комил амалӣ мешавад.
— Агар аз ҳама пеш Бахтовар вафот кунад? – пурсид Нодир.
— Дар ин ҳол мувофиқи қонун моликияти Ширини Комил ба занаш Шукуфа мерос мемонад, — гуфт Валиҷон. — Вале Ширини Комил ҳар лаҳза метавонад васиятномаашро дигар кунад.
— Агар Ширини Комил хиёнати занашро фаҳмад, метавонад аз ӯ ҷудо шавад, — гуфт Нодир ва афзуд: — Агар ӯ хиёнатро собит кунад, метавонад аз моликияташ ба вай чизе надиҳад. Бинобар ин, Шукуфа манфиатдор буд, ки Бахтовар зинда бошад ва Ширини Комил аз ӯ ҷудо нашавад.
— Самир аз ин издивоҷ чӣ манфиатдор аст?- суол кард Валиҷон.
— Аввалан, моликияти Ширини Комил ба Бахтовар, ки аз камари Самир шудааст, мерос мемонад. Дуввум, агар мабодо Ширини Комил тасодуфан аз беморӣ ё садама вафот кунад, Самир метавонад ба Шукуфа издивоҷ кунад ва аз ин моликият истифода намояд. Ҳатто метавонад директори бонк шавад.
— Дуруст, вале агар Бахтовар набошад, Ширини Комил метавонад аз Шукуфа ҷудо шавад. Воқеан ҳам, агар ӯ хиёнати занашро фаҳмад, ҳатман аз Шукуфа ҷудо мешавад, — пешбинӣ кард Валиҷон.
— Дар ин ҳол метавон гуфт, ки ҳам Шукуфа ва ҳам Самир ба гум шудани Бахтовар манфиатдор нестанд, — назарашро гуфт Нодир.
— Пас, боз сари калобаамонро гум кардем,- гуфт Валиҷон.
— Ҳозир мо боз дар бунбаст мондем. Беҳтараш бигӯй, ки дар офис чӣ гап?
— Мебелҳоро насб карда, дар ҷояшон гузоштем. Пардаву қандилҳоро ҳам овехтем. Қолинҳоро ба рӯйи фарш густурдем. Ҷӯраи Хуршед, директори Муассисаи «Дурбин» камераҳои назоратиро ҳам оварда насб кард. Ту аз ин ҷо баромадӣ, бӯрёкӯбон ҳам кунем, мешавад, — гуфт Валиҷон.
— Насиб. Имрӯз ба ҳолу ҷони духтур намондам, ки ҷавоб диҳад. Гуфт, ки аз сардухтур пурсам, иҷозат диҳад, пагоҳ рухсат медиҳам.
— Ту имрӯз ягон чиз хӯрдӣ? Субҳ набиё, гуфтӣ. Барои шом ғизое биёрам?
— Не, ҳаст. Боз Марворид меояд. Маро парасторам гурусна намемонад.
— Ту марди хуштолеъ. Занҳо дӯстат медоранд.
— Инашро аз онҳо бояд пурсид.
— Пас ман бояд биравам. Пагоҳ меоям, ҷавоб диҳанд, ба хона мебарамат.
— Хуб, то пагоҳ, — гуфт Нодир ва даст дода, хайрухуш кард бо Валиҷон.
Нодир барои аз қазияи Бахтовар фикрашро дур кардан телевизорро монд. Аз шабакаи «Вести 24» ахбор пахш мешуд. Дар сархати хабарҳои ҷаҳонӣ ҷанг дар Сурия буд. Ӯ баъди тамошои ахбор аз идоракунаки дастӣ «Шабакаи аввал»-ро гузошт. Ин ҷо консерт пахш мешуд. Мақбулаш нашуд ва Телевизиони «Сафина»-ро пайдо кард. Аз ин ҷо низ консерт намоиш медоданд. «Ин чӣ гап? Куҷо гӯшакро тоб надиҳӣ, консерт».
Ҳамин вақт Марворид вориди ҳуҷра шуд.
— Табъатон хуш аст, магар ки консерт тамошо доред?
— Баръакс, мехоҳам ягон барномаи диданӣ тамошо кунам, вале ҳамаи шабакаҳо консерт пахш карда истодаанд.
— Ҳаминро ҳам фикр мекунед, роҳбарашон артист бошад, консерт намоиш медиҳанд-да. Беҳтараш, ки шом хӯред. Котлети хонагӣ пухта овардам.
-Ҳоло барвақт нест?
— Соат 7 шуда истодааст. Ман аз кор баромада, ба хона рафтам ва хӯрок пухта наздатон омадам.
— Агар шумо ҳам бо ман шарик шавед, мехӯрам.
— Албатта, ман барои ҳардуямон котлет овардам. Охир, ин шаб ҳам назди шумо монданиам.
— Чаро?
— Шуморо ёд мекунам.
— Мумкин, ки пагоҳ маро ҷавоб диҳанд. Баъд шабҳо дар хона монед, иҷозат.
— Майлаш, ҳоло биёед, дастҳоятонро шӯям, — гуфт Марворид. Зеро Нодир худаш дастонашро шуста наметавонист. Китфи чапаш, ки захмӣ буд, ҳоло ба ҳаракат даровардани дасти чапашро имкон намедод. Бинобар ин, Марворид дасти чапи Нодирро бо дасти чапи худ гирифта, зери ҷумаки оби дастшӯй дошт ва онро бо дасти росташ шуст. Сипас, Нодир худ дасти росташро зери оби ҷумак монд ва Марворид онро бо собун шуста, бо сачоқ пок кард. Нодир худаш дар танҳоӣ дасту рӯяшро бо дасти росташ, ки озодона ҳаракат мекард, мешуст. Онҳо сари миз нишастанд ва Марворид ба табақчаҳо котлет кашид.
— Ин хел котлети бомаззаро нахӯрда будам. Чӣ сирре дорад пухтани он?- як пора котлетро хӯрда пурсид Нодир.
— Ҳеҷ сирре нест. Технологияи тайёр карданашро риоя кардан лозим.
— Дар ошхонаву тарабхонаҳо аслан гӯшти каллаву поча, чарбу ва хлебро омехта, котлет мепазанд. Дар ин хел котлетҳо аз гӯшт дида, хлебу чарбу зиёдтар аст. Бинобар ин онро хӯрдан мушкил. Ман бошам, ба гӯшти лаҳм каме чарбу ва хлеб меандозам, то бо ҳам часпанд. Котлетро ман дар равғани маска бирён мекунам. Барои ҳамин ҳам котлетҳои ман пухтагӣ бомазза мешаванд.
— Фаҳмидам.
Онҳо баъди ғизохӯрӣ боз қариб ним соати дигар чой нӯшида, сӯҳбат карданд.
Нодир ба соати телефонаш нигоҳ кард, он 7-у 45 дақиқаро нишон медод.
— Дер шуда истодааст. Ба хонаатон равед. Дар торикӣ гаштани духтару занон хуб нест.
— Ҳоло барвақт, соати 9 торик мешавад. Ман бо мошинам. Дар даҳ дақиқа ба хона мерасам, — моили истодан кард Марворид.
— Бо мошину пиёда фарқ надорад. Дар шаб ҳар кор шуданаш мумкин. Маро дар ташвиш намонда, барвақттар равед ва чун ба хона даромадед, занг занед.
Марворид дастархонро ғундошт ва табақҳоро шуст. Ӯ лабонашро ба лабони Нодир бурда, бӯса кард ва хайрухуш карда, гуфт:
— Ман субҳ наҳорӣ меорам.
— Ташвиш накашед ва овора шуда, наоед. Барои наҳорӣ хӯрок ҳаст.
Нодир садои телевизорро баланд карда, ба тамошои шабакаи «Евронюс» шурӯъ кард. Баъди чанде садои занги телефон баланд шуд. Нодир гӯширо гирифт. Марворид аз расиданаш ба хона хабар медод.
Андармони тамошои телевизор хоби Нодир бурд. Хоҳари шафқат ҳангоми хабаргирӣ хоб будани Нодирро дида, телевизор ва чароғро хомӯш кард.

****

Субҳ духтур Нодирро муоина карда гуфт:
— Хоҳишатонро иҷро мекунам. Шуморо ба хона ҷавоб медиҳам. Лекин то пурра сиҳат шудани захм ҳар ҳафта як маротиба ба муоина меоед. Ҳар рӯз захмро дору карда мебандед. Барои ин ба шумо бинту доруи заруриро медиҳем. Албатта, касе будагист, ки ин корро анҷом диҳад.
— Бале, ҳаст.
— Воқеан, ҳоло боз ягон даҳ рӯзи дигар дасти чапатонро ҳаракат надиҳед, то захм кушода нашавад. Ман худам ба шумо мегӯям, ки кай метавонед дасти чапатонро ба ҳаракат дароред.
— Ташаккур, духтур.
Чун ваъда Нодирро Валиҷон аз беморхона гирифта, ба хонааш бурд. Нодир тамиз будани хонаро дида, пай бурд, ки завҷааш ҳангоми ин ҷо буданаш хонаро рӯбучин кардааст. Ӯ болои кати меҳмонхона дароз кашид.
— Ман нисфирӯзӣ меоям. Чӣ хӯрок биёрам? – пурсид Валиҷон.
— Ман гурусна нестам. Беҳтараш ягон идеяи нав биёр, — гуфт Нодир.
Валиҷон аз хона баромад. Нодир бошад, ба фикру хаёл рафт: қазияи Бахтоварро фикр мекард. Аз сари нав ҳамаи тахминҳои тафтишотро ба хотир оварда, ангезаи ҷиноятро ҷуст. Вале ҳар қадар фикр мекард, ангезае пайдо намешуд. Нодир боз як бор сари он фикр кард, ки Бахтовар гум шудааст, ӯро дуздидаанд ва ё воқеаи дигар рӯй додааст?
Нодир ба ёд овард, ки худ ба кӯча баромада рафтани Бахтовар воқеӣ нест. Зеро дар ҳамеша аз дарун қуфл аст ва Бахтовар онро кушода наметавонад. Дарро тасодуфан кушода монда ҳам намешавад, зеро қуфли англисӣ бо пӯшида шудани дар маҳкам мешавад. Агар тахмин кунем, ки ҳамон шаб Самир аз набудани Ширини Комил истифода карда, назди Шукуфа омада буд ва субҳ аз ҳавлӣ баромада, дарро кушода мондааст, ба воқеият рост намеояд. Хоҳ-нохоҳ дар қуфл мебуд, зеро он пружина дошт ва худ пӯшида мешуд. Инро Нодир мушоҳида карда буд.
«Агар Самир ӯро бо худ бурда бошад?» — ба худ андешид Нодир. Ин имконият дошт, вале мантиқан Самир ин корро намекард.
«Агар дуздон ба хона даромада бошанд?»- боз фикр кард Нодир. Эҳтимолияти дуздӣ низ аз байн меравад, зеро дар ҳар як хонаҳои ин маҳалла видеокамера насб шудааст ва аз онҳо одами бегонаро зуд муайян кардан мумкин аст. Камераҳои хонаи Ширини Комил ҳам ба чашм намоён аст ва инро албатта, дуздон ба назар мегиранд. Дарвоқеъ, он вақт ба ягон камера осеб нарасида буд.
Нисфирӯзӣ Валиҷон омад. Ӯ сихкабоб ва баъзе анвои ғизо оварда буд.
— Ман ҳоло барои чой об меҷӯшонам, баъд ҳар ду ғизо мехӯрем, — гуфт Валиҷон.
— Обро ман худам ҳам ҷӯшонда метавонам. Ба обҷӯш об гирифтану тугмаи «Тефал»-ро пахш кардан аз дастам меояд.
— Ба ҳар ҳол мон, як хизмататро кунам.
— Бошад, — гуфт Нодир ва дасти росташро шуста, сари миз нишаст.
Валиҷон зуд дастархон густурда, ба табақи калон сихкабобро кашида овард.
— Марҳамат нӯши ҷон шавад, — гуфт ӯ назди Нодир табақчаву чангакро гузошта.
— Ташаккур, дӯстам. Ин некиҳоят фаромӯш намешаванд.
— Гапро кам карда, сихкабобро гир. Ту ҳам барои ман кам некӣ накардаӣ, — гуфт Валиҷон.
Онҳо баъди хӯрдани сихкабоб чой нӯшида, сари қазияи Бахтовар сӯҳбат карданд.
— Ба сарам ҳеҷ фикри тозае намеояд, — гуфт Валиҷон.
— Ман имрӯз ҳамаи тахминҳоро баррасӣ карда, ангезаи ҷиноятро пайдо накардам, — гуфт Нодир.
— Магар ҷиноят бе ангеза мешавад?!
— Шояд шавад, вақте мо пайдо накарда истодаем. Масалан, шахс ҷиноят кардан намехост, вале он берун аз хоҳиши ӯ рӯй дод. Дар ин ҳол сабаби рӯй додани ҷиноят ҳаст, вале ангезаи он нест.
— Гапат дуруст. Мисли ҳуқуқшиносони касбӣ андешаронӣ мекунӣ. Масалан, як нафар боксёр аз кӯча мегузашт, ки ба ӯ ғоратгарон дарафтоданд. Ӯ якеро муште зада, аз по афтонд ва сари ғоратгар ба санг заду фавтид. Боксёр барои содир намудани ин ҷиноят ягон ангезае надошт. Вале чунин ҳодиса рух дод.
— Бале, садамаҳои автомобилӣ низ аксаран агар барқасдона набошанд, ангезаи ҷиноят надоранд, — гуфтаҳои Валиҷонро тақвият дод Нодир. – Агар ба Бахтовар ҳам чунин ҳодиса рӯй дода бошад?
— Масалан, модараш Бахтоварро як мушт зад ва ӯ аз ин фавтид.
— Ба ёдат ҳаст, дар давраи шӯравӣ як ҳофизи номдор бо мошинаш писари хурдсолашро зада кушта буд. Кӯдак аз пайи падараш меояд ва ӯ кӯдакро надида мошинро қафонокӣ аз гараж мебарорад. Кӯдаки сесола тасодуфан зери чархи мошини падараш монда, фавтида буд, — гуфт Нодир.
— Бале ба ёдам ҳаст. Он вақт аз Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист занг зада, супориш додаанд, ки ин масъаларо баррасӣ накунем. Падарашро дар боло хеле эҳтиром мекарданд, — илова намуд Валиҷон.
— Шукуфа мошин дорад. Боз ӯ ҳам тасодуфан писарашро накушта бошад? – гуфт Нодир.
— Пас ҷасади кӯдак куҷост?
— Шояд куҷое гӯр карда бошад.
— Аз байн ин қадар вақт гузашт, магар ӯро ёфта мешавад?
— Муфаттиш ту ҳастӣ. Бояд дар таҷрибаи кориат бо чунин ҳодисаҳо рӯ ба рӯ шуда бошӣ.
— Бале, кофтан даркор.
— Худи ҳозир аз хонаи Ширини Комил шурӯъ мекунем, — гуфт Нодир.
— Ту бо ин аҳволат куҷо меравӣ?
— Ман сиҳатам. Гашта метавонам.
— Пас меравем. Вале дар рӯзи корӣ дар хонаи Ширини Комил касе ҳаст?
— Хизматгораш будагист.
Онҳо ба роҳ баромаданд. Валиҷон тугмаи занги хонаи Ширини Комилро пахш кард. Баъди чанд лаҳза марди ношиноси тақрибан 40-солаи тоссар дарро кушод.
— Мебахшед, ин хонаи Ширини Комил нест? – ҳайрон пурсид Валиҷон.
— Не, ин хонаи ман аст, посух дод мард.
— Чӣ хел?
— Ман онро ба наздикӣ харидам.
— Мо аз милиса, — ҳуҷҷати мушовириашро нишон дод Валиҷон. — Ҳавлиатонро диданӣ будем.
— Марҳамат, — ҳидоят кард соҳиби хона. — Ман шуморо шинохтам, дар телевизор дида будам, — гуфт ӯ ба Нодир.
— Нодир баъди боздошти одамрабоён ситораи телевизион шудааст. Ба куҷое, ки равем, ӯро мешиносанд, — шӯхӣ кард Валиҷон.
— Дар ин ҳавлӣ ҷиноят содир шуда буд, мо ҳамонро тафтиш дорем, — гуфт Нодир, ки то ин лаҳза хомӯш буд.
— Барои ҳамин ҳам, хонаро ба ман арзон фурӯхтаанд, — иззор кард мард. – Ман тоҷирам аз Кӯлоб. Аҳли оилаам дар Кӯлоб буд. Ваъда дода будам, ки ҳавлӣ мехарам ва онҳоро кӯчонида меорам. Эълонро дар газета хонда, занг задам. Ба ман нархи арзон гуфтанд ва ман зуд онро харидам.
Нодиру Валиҷон саҳни ҳавлиро бодиққат аз назар гузарониданд.
— Гумон мекунам, ҷасад ҳамин ҷо аст. Эҳтимолияти ба берун бурдани он кам аст, — гуфт Нодир.
— Бале, агар ба берун мебурданд, ягон нишонааш пайдо мешуд, — тасдиқ кард Валиҷон.
Нодир намуди қаблии ҳавлиро бо имрӯзааш муқоиса кард. Дар як канори ҳавлӣ гулбуттаҳои ҳиндӣ ба назар мерасиданд, ки қаблан набуданд.
— Шумо ин гулбуттаҳоро шинондед? – пурсид Нодир аз соҳиби хона.
— Не, мо ҳамагӣ як ҳафта шуд, ки ба ин ҷо кӯчидем. Зани соҳиби собиқи хона гуфт, ки ин гулҳоро чанд сол боз парвариш карда истодааст. Гулҳояш хеле зебо мешукуфанд. Мо ҳам онҳоро наканем ва дар вақташ об диҳем.
— Аҷиб, ман аниқ медонам, вақте ки дафъаи пеш ба ҳавлӣ омадем, онҳо набуданд, — гуфт Нодир ва афзуд: — Бел надоред?
— Дорем, биёрам?
— Агар мумкин бошад.
— Буттаҳоро кандании чӣ?- пурсид Валиҷон.
— Албатта, вале ман бо ин китфи захмиам канда наметавонам. Ин корро ту анҷом медиҳӣ.
— Ака, ман худам меканам, — гуфт соҳиби хона. – Нишон диҳед, чӣ кор кунам?
— Бо эҳтиёт гирди буттаҳои гулро кофта, хокашро як сӯ гузоред, — гуфт Нодир.
Мард аз рӯи сухани Нодир амал мекард. Баъди кушода шудани атрофи решаи гулбуттаҳо Валиҷон банавбат онҳоро кашида, як сӯ гузошт. Дар зери буттаҳо чуқурии калон пайдо шуд.
— Кофтанро дар ин ҷо идома диҳед, — гуфт Нодир чуқуриро нишон дода.
Баъди тақрибан як метри дигар кандан нӯги бел ба чизи сахте зад. Хоки он ҷоро Валиҷону соҳиби хона аз чуқурӣ берун карданд. Дар зер тахтасанги бетонӣ намудор шуд.
— Ман рафта лом меорам, — гуфт соҳиби хона тахтасангро дида.
— Ба фикрам, мо хато накардем, — гуфт Нодир.
— Агар фарзияат дуруст бошад, ман як зиёфат қарздор, — гуфт Валиҷон.
— Ту бе ин ҳам як ҳафта боз маро зиёфат дода истодаӣ.
— Дӯстон дар ҳамин хел ҳолатҳо лозиманд. Ту ҳам ба ҷои ман мебудӣ, ин корро мекардӣ.
Соҳибхона ломро оварда, аз як канори тахтасанг бардошт. Валиҷон бо нӯги бел аз тарафи дигар кӯмак кард. Тахтасанг ба як сӯ лағжид. Аз ковокии пайдошуда дохили чуқурӣ намудор гашт. Дар он ҷисми нимпӯсидаи кӯдак мехобид.
— Истед, — гуфт Нодир. – Аз чуқурӣ берун бароед.
Валиҷону соҳиби хона ҳайратзада аз чуқурӣ берун шуданд.
— Валиҷон, чӣ ҳайрон мондӣ?! Ба криминалистон занг зан, биёянд, — гуфт Нодир.
— Мебахшед, номи шумо чӣ? – ба соҳиби хона муроҷиат кард Нодир.
— Ҷумъахони Одина.
— Ҷумъахон, дар хонаатон боз касе ҳаст?
— Не, аҳли оилаам дина ба Кӯлоб рафтанд. Боҷаам духтарашро шавҳар медиҳад. Ман ҳам бояд ҳозир равам.
— Хуб аст, ки оилаатон ин ҷо нест. Шумо бояд ҳоло ба мо забонхат диҳед, ки чизи ин ҷо дидаатонро ифшо намекунед. Фаромӯш накунед, ки дар сурати ифшо шудани ин сир мувофиқи қонун ба ҷазо кашида мешавед.
-Тақозои қонун чунин аст, — тасдиқ кард Валиҷон. — Ҳоло рафтем ба хонаатон. Қаламу коғаз доред, ки забонхат нависед?
— Ҳамааш ҳаст, ака.
— Пас рафтем,- гуфт Валиҷон.
Нодир дар ҳавлӣ, назди чуқурӣ монд, то ҷондоре ба сағона надарояд. Валиҷон бошад, забонхати Ҷумъахонро гирифта, аз ӯ хоҳиш кард, ки ҳангоми кори гурӯҳи тафтишотӣ дар даруни хонааш бошад. Ҳар қадар ӯ дар бораи ин ҷиноят камтар донад, барояш беҳтар аст.
Тақрибан пас аз ним соат криминалистони раёсати тафтишотии вазорат расида омаданд. Онҳо ҷои ҳодиса ва аз чуқурӣ баровардани ҷасадро сурату навор гирифтанд.
— Хуб, майор, пешакӣ чӣ гуфта метавонед, — суол кард Валиҷон аз сардори гурӯҳи криминалистон.
— Ҳоло аниқ гуфтан душвор аст, рафиқ полковник. Вале аз рӯи таҷриба ин ҷасади кӯдаки 4-5 сола мебошад, ки тақрибан 3 моҳ пеш фавтидааст, — гуфт сардори гурӯҳи тафтишотӣ, майор Илҳоми Алимурод. – Ташхиси лаборатории ҷасад боз маълумоти аниқтар медиҳад.
— Хуб, ташхисро кай анҷом медиҳед? Медонед, ки ин қазия зери назорати бевоситаи вазир ва ҳатто сардори давлат аст.
— Бале, хабар дорам. Барои ҳамин ҳам ин шаб то рӯз кор мекунем ва насиб бошад, субҳ ҳисоботи ман аз натиҷаи ташхис омода мешавад.
— Ташаккур. Пас, ман субҳ наздатон медароям.
Криминалистон рафтанд. Валиҷон Ҷумъахонро даъват карда гуфт, ки чуқуриро хок напӯшонад. Зеро барои аниқ кардани амали ҷинояткор ӯро ин ҷо меоранд.
— Ака, ман ин ҷо дигар зиндагӣ намекунам. Хонаро ба соҳибаш бармегардонам. Ҳоло бошад, ба тӯй меравам.
— Ташаккур, роҳи сафед.
Даруни мошин Валиҷон аз як тараф хурсандӣ мекард, ки ниҳоят чигили ин қазия кушода шуд. Аз тарафи дигар, ӯ ғамгин буд, ки ин ҳодисаи рухдода боиси вайроншавии оила мегардад.
— Ба фикрам, дар гӯр кардани кӯдак камаш ду нафар даст доранд. Албатта, Шукуфа дар танҳоӣ аз ӯҳдаи ин амал намебаромад, — назарашро гуфт Нодир.
— Эҳтимолияти дар ин қазия шарик будани Самир зиёд аст.
— Ҷасад ёфт шуд, танҳо расман собит шудани он мондааст. Вале, магар акнун метавонем, ҷинояткорро ифшо кунем?- пурсид Нодир.
— Албатта, ин душвор аст. Ба ҷинояткор бояд таъсири равонӣ расонем, то худ ба амалаш иқрор шавад.
— Ин кори осон нест. На ҳар ҷинояткор худ иқрор мешавад, — гуфт Нодир.
— Бале, ин кори осон нест. Вале бояд аз ӯҳдааш бароем, — гуфт Валиҷон ва Нодирро назди хонааш фароварда афзуд:
— Хаста шудӣ, истироҳат кун. Ман пагоҳ соати 10 меоям. Ба хонаи нави Ширини Комил меравем ва бо завҷааш сӯҳбат мекунем. Албатта, ин шаб танҳо нестӣ.
— Марворид пас аз кор меояд.
— Пас, истироҳати бофароғат. Боз зӯр омада яраат кушода нашавад, — лабханд кард Валиҷон ва мошинашро ба ҳаракат даровард.
Нодир нав вориди хона шуда буд, ки садои занги дар баланд шуд. Ӯ аз чашмаки дар дид, ки Марворид бо як ҷомадон ва чанд пакет дар остона истодааст. Нодир дарро кушод.
— Ана, ман омадам, доимӣ, — гуфт Марворид ҷомадонашро нишон дода.
— Нафаҳмидам.
— Худатон дирӯз, бегоҳӣ гуфта будед, ки баъди аз беморхона ҷавоб шудан метавонам пешатон бимонам. Ман аз фурсат истифода карда, баъзе либосҳоямро гирифта омадам.
— Пас нусхаи дуюми калидҳои хонаро гиред, — гуфт Нодир ва аз ҷевон онҳоро бароварда, ба Марворид дароз кард.
— Ман ҳам ба шумо нусхаи калиди хонаамро медиҳам, то худро он ҷо бегона ҳис накунед. Ҳоло ин ҷо нест. Ба хона, ки рафтам, меорам.
— Бошад.
Марворид ба ҳуҷраи дигар гузашта, тағйири либос кард ва ба назди Нодир, ки телевизор тамошо мекард, баргашта пурсид:
— Ҳоло чӣ пазам?
— Ҳар он чизе, ки мақбулатон аст. Яхдонро бинед, чӣ ҳаст.
— Ман бо худ баъзе маҳсулот низ овардам, — гуфт Марворид ва ба ошхона гузашт.
Чашмони Нодир ба телевизор бошад ҳам, ҳушу ёдаш ба вохӯрии пешистода буд: «Оё Шукуфа ба гуноҳаш иқрор мешуда бошад?», — фикр мекард Нодир. «Баъди аз ин ҳодиса огоҳ шудан, Ширини Комил чӣ кор мекарда бошад? Марди ҳақиқӣ аз зани хиёнаткораш ҷудо мешавад». Дили Нодир ба Ширини Комил месӯхт: «Бо ин ҳама боигарӣ бадбахт аст мард».
— Зирбак меҷӯшад. Барои аз беморхона баромаданатон оши палов мепазам, — гуфтани Марворид Нодирро аз фикру хаёл раҳо кард.
— Интихоби дуруст.
— Чӣ ин қадар ба фикру хаёл рафтаед? Ман аз ошхона омада, дар пешатон истодам, маро пай набурдед. Аввал гумон кардам, ки телевизор тамошо доред. Пеши экрани телевизорро гирифтам. Ҳамин хел ҳам маро надидед.
— Дар фикри қазияи Бахтоварам. Имрӯз ҷасадро ёфтем. Вале акнун собит кардан лозим, ки ин ҷиноятро Шукуфа кардааст.
— Шумо имрӯз дар беморхона будед-ку? Кай фурсат ёфтед?
— Имрӯз то нисфирӯзӣ ман аллакай дар хона будам. Ҳамин ҷо ба фикрам омад, ки Бахтоварро надуздидаанд, балки ӯ тасодуфан фавтидааст. Бинобар ин, баъди нисфирӯзӣ ба хонаи собиқи Ширини Комил рафта, ҷасадро, ки дар ҳавлӣ гӯр кардаанд, ёфтем.
-Чаро хонаи собиқи Ширини Комил гуфтед?
— Он хонаро фурӯхтаанд.
— Пас ҷиноят ифшо шуд?
— Ҳоло суолҳо зиёданд. Аввал чӣ хел фавтидани Бахтоварро муайян кардан лозим. Сониян, кӣ ӯро куштааст? Сеюм, кӣ дар ин ҷиноят шарик аст? Пас аз ин метавон гуфт, ки ҷиноят ошкор шуд.
— Маълум, ки ин кори Шукуфаву маъшуқаш Самир аст. Мумкин ишқбозиашонро кӯдак дидааст ва барои фош нашудани сиррашон Бахтоварро кушта бошанд.
— Чунин ҳам метавон тахмин кард, — гуфт Нодир.
— Ба ҳар ҳол, ба фикрам ҷиноят ифшо шуд. Ин қадар фикр карда майнаатонро хаста накунед ҳам, мешавад, — маслиҳат дод Марворид.
— Ба муҳорибаи фардоина бояд омода шуд. Пагоҳ бо Шукуфа бояд ончунон сӯҳбат кунем, ки ба фишори равонӣ тоб наоварда, худ ба гуноҳаш иқрор шавад.
— Шумо журналистон аз ӯҳдаи таъсиррасонии равонӣ мебароед. Вагарна мардум ба суханони баъзан дурӯғи расонаҳо бовар намекарданд.
— Хуб, пагоҳ мебинем, — ба сӯҳбат хотима бахшид Нодир.
Марворид ба ошхона рафт, то ба дег биринҷро андозад. Нодир аз ҷой хеста, ба қавле барои «сигоркашӣ» ба балкон баромад, то каме ҳаво хӯрад. Ӯ сигоркаширо чанд сол боз қатъ карда буд ва акнун ҳавохӯриро «сигоркашӣ» меномид. Зеро пеш бо баҳонаи сигоркашӣ аз пеши компютер мехест. Ҳоло, ки ӯ сигор намекашад, метавонад соатҳо бетанаффус дар компютер кор кунад. Ин албатта, ба саломатӣ зарар дорад. Духтурон маслиҳат медиҳанд, ки ақаллан баъди ҳар 45 дақиқаи кор дар компютер аз ҷой хеста, то 15 дақиқа истироҳат кардан лозим аст. Нодир бошад, ҳангоми кор дар газета соатҳо сари компютер менишаст ва танҳо баҳонаи сигоркашӣ ӯро аз сари компютер мехезонд.
Нодир ба кӯча нигоҳ кард, пардаи торикӣ фаромада истода бошад ҳам, он серодам буд. Яке аз кор ба хона меомад, дигаре барои харидкунӣ ба мағоза ё бозорчаи маҳалла шитоб дошт. Ҳама гирифтори ташвише буданд. «Зиндагӣ худ ташвиш аст. Бой ҳам ягон ташвиш дораду камбағал ҳам. Вале агар бой дар фикри зиёд кардани сармояву истироҳати бофароғат бошад, камбағал дар фикри пайдо кардани қути лоямуте аст», фикр кард Нодир.
«Куҷо шудед? Ошро кашидам», садо кардани Марворид Нодирро аз банди фикру хаёл берун кард.
Нодир хомӯшона ош хӯрд ва ба лутфу марҳамати Марворид бо лабханд посух мегуфт.
— Ташаккур, оши бомазза пухтед. Агар ин хел хӯрокҳои лазиз пухтан гиред, дигар умуман аз ягон ҷо ғизо намехӯрам.
— Ин хуб аст, ки дар хона хӯрок мехӯред. Як умр орзу мекардам, ки барои дӯстдоштаам хӯрокҳои бомазза пазам.
Нодир ба дастархон омин кард ва Марворид онро ғундошта, барои табақшӯӣ ба ошхона рафт. Ӯ пас аз лаҳзае як табақ харбуза овард ва гуфт:
— Баъди харбузаро хӯрдан дар куҷо хоб меравем?
— Албатта, дар оғӯши ман, — посух дод Нодир. — Вале…
— Чӣ, вале? Аз ман метарсед, ки шаб ҳуҷум мекунам?
— Не, орзу мекунам, ки ҳуҷум кунед. Гап сари он ки қариб як ҳафта мешавад, оббозӣ накардаам. Дар чирк пӯсидам, — гуфт Нодир.
— Магар ба шумо оббозӣ кардан мумкин. Боз ба захматон об нарасаду газак кашад.
— Мумкин ё мумкин не, ман оббозӣ мекунам.
— Ман ба шумо кӯмак мекунам.
— Охир, ман ба шумо номаҳрам-ку,- лабханд кард Нодир.
— Дар ин шабӣ муллоро аз куҷо ёбам?- бо шӯхӣ гуфт Марворид.
— Агар ин хел ният доштанатонро мефаҳмидам, муллои дӯстамро даъват мекардам. Боз оши тайёр буд…
— Майлаш, ҳоло харбузаро хӯрем, баъд ягон кор мекунем, — гуфт Марворид.
Онҳо харбуза хӯрда, боз қариб як соати дигар дар мавзӯъҳои гуногун сӯҳбат карданд. Аз шӯхиҳои Марворид рӯҳи Нодир болида шуд.
— Ин хел сӯҳбат кардан гирем, то субҳ мешинем. Ман рафта, ҷойгаҳро дуруст мекунам ва баъд шуморо ба ванна оббозикунӣ мебарам, — гуфт Марворид табақи пӯчоқи харбузаро аз миз гирифта.
Нодир аз ҷо хест ва барои ҳавохӯрӣ ба балкон баромад. Ба рӯяш ҳавои гарм расид. Тасфи ҳаво ҳанӯз нафаромада буд. «Душанбе ин қадар гарм. Сокинони Панҷу Қумсангир ва Шаҳритусу Бешканд ин вақт чӣ хел ба гармо тоқат мекарда бошанд? Одат кардаанд», ба суоли худ посух дод Нодир. «Баъди соати 12 шаббода мевазад ва ҳаво салқин мешавад», дар дил гуфт ӯ ва ба хона баргашт.
Марворид ваннаро аз об пур карда, ӯро интизор буд. Нодир бо кӯмаки ӯ либосҳояшро кашида, бо тагэзор ба ванна даромаданӣ шуд.
— Инашро ҳам кашед ва дуруст оббозӣ кунед, — амр кард Марворид.
— Шарм мекунам.
— Ман бароятон номаҳрам нестам.
— Никоҳ накардаем-ку?
— Никоҳ расмиёт аст. Аслан агар дилҳо хоҳанд, ҳамон худ ризоияти Парвардигор аст.
— Файласуфона ҳарф мезанед.
— Зиндагӣ худ касро файласуф мекунад, — гуфт Марворид ва худ тагэзори Нодирро аз танаш бадар кард.
Ӯ Нодирро чун кӯдаки хурдсол бо собуну шампун оббозӣ даровард ва баъд ба либоспӯшиаш кӯмак кард. Ҳамчунин Марворид захми Нодирро дору молида аз нав баст.
— Шумо ба хонаи хоб равед, ман душ карда, меоям, — гуфт Марворид.
Нодир ба хонаи хоб гузашта, болои кат дароз кашид. Ӯ баъди оббозӣ худро хеле бардам ҳис мекард. Гӯё ба танаш нерӯи тозае даромада бошад.
Баъди чанд вақт Марворид дар тан либоси хоби ранги осмонӣ вориди ҳуҷра шуда, чароғро хомӯш кард ва дар бари Нодир дароз кашид. Аз ӯ бӯи хуши атре меомад, ки касро мафтун менамуд. Нодир ӯро ба оғӯши худ кашид ва лаб ба лабони Марворид бурд. Ӯ ҳоло ҳам бӯса карда наметавонист. Нодир даст ба синаҳои чун анори Марворид бурда, онҳоро банавбат бо дасти росташ масҳ мекард. Пистонҳои дасти мард норасида ҳисси шаҳвати Марворидро бедор кард. Шаҳвати Нодир ҳам бедор шуда буд. Ӯ дигар тоқат накарда, даст ба тагэзори Марворид бурд. Вай муқобилат намекард. Нодир аз ин шерак шуда, кӯшиш мекард, ки Марворид либосҳояшро бадар кунад. Марворид беихтиёр либосҳояшро бадар карда, ба кашидани тагэзори Нодир ёрӣ расонд. Дигар чизе ба ишқбозии онҳо халал намерасонд. Ниҳоят Нодир пойҳои Марворидро ба ду тараф ҷудо карда, бо мушкилӣ қаламро ба қаламдон андохт. Оҳу войи Марворид баромад:
— Куштед маро. Шавҳараш ҳамин бошад, муҷаррад гаштанам хуб будааст.
— Не, ҷонакам. Дар аввал дард мекунад, вале баъд…, — гуфт Нодир ва то ком ситонданаш қаламро тез кардан гирифт.
— Ким-чӣ ба пойҳоям рехт.
— Ин хуни пардаи исмат аст. Натарсед, зиёд хун намеравад. Бояд сачоқчаро барои тоза кардан омода мекардед. Таҷриба надоред.
— Аз куҷо донам, дар ягон ҷо нахондаам.
— Интернет пури маълумот.
— Ман дар Интернет ин хел чизҳоро намекобам.
— Бояд модарон ба духтарони қадрасашон оиладориро омӯзанд.
— Ман шарм мекардам, ки пурсам. Хуб, ман ғуслкунӣ меравам, вагарна худро бад ҳис мекунам, — гуфт Марворид ва аз ҷой хест.
Нодир ҳам аз ҷогаҳ хест, то ғуслкунӣ равад. Ӯ чароғро даргиронд. Дар рӯйкаши кат чанд қатра хуни зардчаранг рехта, доғ монда буд.
Вақте Нодир аз ташноб баргашт, Марворид рӯйкаши катро иваз мекард.
— Рӯйкашро барои янгаҳо барвақт гирифтед? Ҳоло боз хун мечакад.
— Не-е, кадом янга? Магар мо ин хел маросимҳо мекунем, — гуфт Марворид ва Нодирро ба ҷогаҳ ҳидоят кард.
Нодир дар бари Марворид дароз кашида, ӯро ба оғӯш гирифт.
— Табрик мекунам, шумо ҳам ба сафи занҳо даромадед.
— Ман фикр мекунам, ки мо бояд зуд никоҳ кунем ва ба назди волидони ман ба Олмон равем.
— Шумо бо ман маслиҳат накарда нақша мекашед-а? Аллакай зин зада, савор шуданиед?!
— Не, ман ҳеҷ вақт дар чунин фикр нестам. Фақат ин як орзу аст, ки амалӣ шуданаш аз шумо вобаста аст.
— Воқеан, чаро шумо ба ҳамхобагӣ розӣ шудед? То никоҳ накунед, наздик намемонам, гуфта будед.
— Баъди захмӣ шудани шумо фаҳмидам, ки зиндагӣ доимӣ нест. Агар мабодо ба шумо ягон чиз шавад, ман чӣ кор мекунам.
— Шумо ғайбдон-ку, медонед чӣ мешавад.
— Бале, барои ҳамин ҳам ман танамро ба шумо бахшидам. Медонам, ки мо издивоҷ мекунем. Барои ҳамин ҳам мегӯям, ки баъди анҷоми қазияи Бахтовар рухсатӣ гиред, то ба Олмон равем. Он ҷо ман шуморо ба табобат бурданиам.
— Ман сиҳатам.
— Як маротиба аз муоинаи ҳозиразамон гузаштан лозим. Ба клиникае, ки бародарам кор мекунад, меравем. Ҳамчунин ман ният дорам, ки он ҷо дар тарабхона як тӯйи хоксоронае кунем, то волидонам хушҳол шаванд. Пас аз ин ба саёҳати Аврупо мебароем. Харҷашро фикр накунед, ман маблағи заруриро дорам.
— Ман ҳам пули чунин сафарро пайдо карда метавонам, — гуфт Нодир ва Марворидро ба оғӯш кашид. Шаб бо комситониҳо рӯз шуд.
— Маро куштед, агар ҳар шаб ҳамин хел бошад, ман тоқат карда наметавонам, — гуфт Марворид субҳ аз ҷогаҳ хеста.
— Одат мекунед. Мо танҳо нестем. Дар тамоми дунё зану шавҳар ин корро мекунанд.
— Ҳар шаб?
— Бале.
— Шӯхӣ мекунед.
— Не. Магар занҳои ҳамкоратон дар ин бора ғайбат намекунанд.
— Ман дар ин бора бо онҳо сӯҳбат накардаам.
— Бале, дар мавзӯи маҳрамонаву шахсӣ сӯҳбат намекунанд.
— Майлаш, рафтем, ғусл кунем, ки аз гуруснагӣ куштед, — гуфт Марворид.
— Ман ҳам аз гуруснагӣ базӯр ба по истодаам.
***
Соати 10, дар вақти ваъдагӣ Валиҷон ба хонаи Нодир омад ва баъди салому ҳолпурсӣ гуфт:
— Омода ҳастӣ, ки ба хонаи Ширини Комил равем.
— Ман омода, вале ӯ дар хонааш ҳаст?
— Бале, ман занг зада гуфтам, ки мо хабари нав дорем. Вақте меоем, худашу занаш дар хона бошанд. Адреси хонаашро ҳам гирифтам.
— Маълумоти криминалистонро ҳам гирифтӣ?
— Бале, тахмини мо дуруст баромад.
— Пас қазия ифшо шуд?
— Мо ҷасадро ёфтем, вале ҷинояткорро не.
— Мувофиқи созишнома бо Ширини Комил мо бояд зинда ва ё мурдаи Бахтоварро меёфтем. Аз мулоқоти ҳозираамон натиҷаи тафтиш муайян мешавад, — гуфт Валиҷон ва онҳо аз хона баромаданд.
— Тактикаи сӯҳбатро муайян кардӣ? — пурсид Нодир ҳангоми ҳаракат.
— Ҳуҷуми равонӣ мекунем.
— Ин хел бошад, аввал ту гап мезанӣ ва баъд ман дар лаҳзаи даркорӣ ба сӯҳбат ҳамроҳ мешавам. Воқеан, чаро либоси милисагиатро напӯшидаӣ? Либоси милиса ба ҷинояткор таъсири сахти равонӣ мерасонад.
— Гапат дуруст. Ин тарафашро фикр накардаам. Ман ба либоси мулкӣ одат кардаам. Дар офис барои мабодо як форма дорам.
— Пас ба офис гардон мошинро.
Хонаи чорошёнаи Ширини Комил, ки як кӯшкро мемонд, дар маҳаллаи нави «Истиқлол» ҷойгир буд.
Ширини Комил онҳоро ба меҳмонхона бурд.
— Чой ё қаҳва менӯшед, — пурсид мизбон.
— Ташаккур, чизе наменӯшем, — гуфт Нодир.
— Янгаро даъват кунед, то он кас ҳам дар сӯҳбат ҳузур дошта бошанд,- хоҳиш кард Валиҷон.
— Ҳозир, — гуфт Ширини Комил ва завҷаашро ба сӯҳбат даъват кард.
Баъди чанд лаҳза Шукуфа омад ва салом карда, сари миз нишаст. Аз чеҳраи маъюсу ғамзадааш маълум буд, ки зиёд азият мекашад.
Валиҷон аз кифаш якчанд сурати ҷасади кӯдак ва хулосаи экспертизаи криминалистиро бароварда, болои миз гузошт, то Шукуфа онҳоро дақиқ бинад. Нодир ба чашмони Шукуфа назар дӯхт. Аз онҳо ашк ҳалқа заданд.
— Дирӯз мо аз ҳавлии хонаи собиқатон ҷасади ана, ин кӯдакро пайдо кардем, ки дар зери гулбуттаҳо гӯр карда шуда буд, — босалобат ба сухан оғоз кард Валиҷон. — Мо ба ҷои ҳодиса гурӯҳи криминалистонро даъват кардем. Онҳо шаби дароз дар лаборатория ташхис гузаронида, ба хулоса омаданд, ки ин ҷасади кӯдаки чорсола аст, ки cе моҳ пеш зери чархи мошин мондааст. Яъне, ӯро мошин зер карда куштааст. Таҳлили генетикӣ собит кард, ки ин писари Шукуфа аст.
— Он рӯз Шукуфа аз хоб дер хест ва саросема ба кошонаи ҳусн рафтанӣ буд, зеро соати 9 ба пеши Марворид ном машшота барои ороиши мӯй номнавис шуда буд, — гуфт Нодир. Ӯ вақти аз гараж баровардани мошин ба ақиб дуруст нигоҳ накарда, онро ба ҳаракат даровард. Ҳамин вақт Бахтовар аз хона берун баромада, дар паси мошин қарор дошт.
Шукуфа вақти мошинро гардондан ҷасади беҷони Бахтоварро дид. Ӯ намедонист чӣ кор кунад. Ниҳоят худро ба даст гирифта, ба Самир занг зад ва ӯро аз ҳодиса огоҳ кард. Самир, ки навакак аз ин хона баромада, сӯи зодгоҳаш – Зархез равон буд, аз роҳаш баргашт, то ба маъшуқааш кӯмак кунад.
Ҳамин тавр, онҳо дукаса ҷасади беҷони Бахтоварро дар ин кунҷи ҳавлӣ гӯр карданд ва баъди гузаштани чанд муддат, ки тафтишот ба натиҷае нарасид, дар болои ҷасади Бахтовар гулбутта шинонданд. Ҳамин тавр?- ба Шукуфа муроҷиат кард Нодир.
— Ҳа, — бо гиря тасдиқ кард Шукуфа.
— Воқеан, Бахтовар фарзанди биологии шумо нест, — ба Ширини Комил муроҷиат кард Валиҷон. — Аз шумо 10 сол боз фарзанд намешавад. Бахтовар фарзанди дӯстатон Самир Абдуллоев аст. Шукуфа бошад, аз курси якум маъшуқаи Самир мебошад, — илова кард ӯ.
Ширини Комил моту маҳбут монда, ёрои ҳарфзанӣ надошт. Валиҷон телефони дастиашро гирифта, занг зад:
— Иқрор шуд, ҳабс кунед.
Баъди чанд дақиқа ду нафар милиса вориди хона шуда, Шукуфаро ба ҳабс гирифтанд. Нодир ҳайрон ба Валиҷон нигарист.
— Баъди гирифтани хулосаи криминалистӣ ба гурӯҳи оперативӣ занг зада, хоҳиш кардам, ки аз паси мо ба ин суроға биёянд ва омодабош истанд. Воқеан, Самирро ҳам аз ин пештар ба ҳабс гирифтанд, — хабар дод Валиҷон.
— Ифшои ин ҷиноят расонаӣ мешавад. Ба ин омода шавед, — гуфт Нодир ба Ширини Комил ва афзуд: — Бародар, талх бошад ҳам, ҳақиқати зиндагӣ ҳамин аст. Бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд, бигзарад. Зиндагӣ идома дорад.
Нодиру Валиҷон аз ҷо хестанд.
— Истед як лаҳза, — гуфт Ширини Комил ва ба ҳуҷраи дигар гузашт. Ӯ баъди чанд дақиқа дар даст кифе баргашт.
— Ташаккур, бародарон. Дар киф ҳаққи хизмати шумо – 500 ҳазор доллар ва 100 ҳазор доллари дигар таллофӣ барои ҷонашро ба хатар мондани Нодири Аминпур. Бигзор бо ин маблағ дар хориҷа табобату истироҳат кунад.
— Ташаккур, — гуфт Нодир.
— Пулҳоро ҳисоб мекунед? – пурсид Ширини Комил.
Не, мо ба шумо бовар дорем, — гуфт Валиҷон ва кифро ба даст гирифт.
Нодиру Валиҷон аз хонаи Ширини Комил баромаданд.
— Ба якборагӣ ин кӯшк холӣ шуд, — гуфт Валиҷон.
— Зиндагӣ идома дорад ва шояд Ширини Комил бахти ҳақиқии худро пайдо кунад, — афзуд Нодир.

Поёни китоби дуюм.

Хоҷа Оби Гарм, 14-25 июли соли 2014

Хиёнат
Ҷовид Муқим

Муҳаррир: Қ. Само
Муҳаррири техникӣ: Фаррухи Файзулло

Ба чоп 03.04.2015 супорида шуд.
Ба чопи китоб 07.04. 2015 имзо шуд.
Андозаи 60 х 84 1/16. Ҳаҷм 10,5 ҷ.ч. Коғази офсетӣ.
Адади нашр: 300. Супориши №
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ 50.
Нашриёти «Озар»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: