Ёднома жанри нави журналистика


Ҷовид Муқим, доктори улуми филологӣ,
профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Дар журналистикаи шӯравӣ 17 жанри матбуот маълум буд ва муаллифон дар чаҳорчӯбаи онҳо мавод менавиштанд. Ҳоло бошад, муаллифи китоби «Жанры периодической печати» (М.: Аспект Пресс, 2011) А. Тертичний аз 42 жанри матбуотӣ ном мебарад. Яъне, тӯли 20 сол 25 жанри нави матбуот ба вуҷуд омадааст. Албатта, қолаби аксари ин жанрҳо нав нест. Дар ин қолабҳо солҳои пеш низ мавод дар матбуот чоп мешуд, вале онҳоро ҳамчун жанр танҳо баъди аз ҳам пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ шинохтанд. Масалан, дар давраи шӯравӣ низ таъзия (некролог) дар рӯзномаҳо чоп мешуд, вале имрӯз онро жанри алоҳидаи журналистӣ медонанд.
Ба қавли муаллифони китоби «Муаммои назарияи публитсистика» Солеҳов Н. ва Саъдуллоев А. «…сабаби асосии пайдоиши жанр талаботи давру замон ва муносибати ҷамъиятӣ — сиёсӣ аст [4. С. 10]. Воқеан ҳам, дигар шудани сохти ҷомеа ва ба вуҷуд омадани талаботи нав ба инъикоси предмету ҳаводис боиси пайдо шудани жанрҳои нав гардиданд. Ба гуфти муаллифони мазкур «Теъдоди жанрҳои матбуот, ҷиҳатҳои хоси мавод аз талаботи ҳаёт, рӯйдоду ҳодисаҳо, фактҳое, ки тасвирашон зарур аст, вобаста мебошад [4. С. 11].

Ба гуфти муаллифи китоби «Жанрҳои публитсистика» Усмонов И. К. «…жанр матнест, ки аз матни дигари ҳамсон ё ҳамҷинс бо воҳидҳо, воситаҳои дохилии худ фарқ мекунад. Воситаҳои дохилӣ, яъне имкон ё заруратҳоест, ки ҳар кадом жанр дорад. Яъне тарзи баён, имкони истифодаи воситаҳои муассиркунандаи баён, василаҳои зебокунандаи баён, кӯтоҳ ё дароз будани шакли баён, имкони истифодаи шахсияти муаллиф дар матн ва ғайраҳо» [6. С. 4].
Бояд гуфт, ки зери мафҳуми жанр гурӯҳи устувори матнҳоро меноманд, ки бо нишонаҳои монанди шаклу муҳтаво муттаҳид шудаанд. Нишонаҳои мазкурро омилҳои жанрофарӣ меноманд. Ба қавли муҳаққиқони журналистикаи рус ба омилҳои асосии жанрофарӣ предмети инъикос, ҳадафи инъикос ва усули инъикос дохил мешаванд.
Предмети инъикос метавонад ҳамаи он чизе бошад, ки барои инсон аҳамият дорад ва қобили таваҷҷуҳ аст. Вале на ҳамеша предмети инъикоси жанрҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Масалан, предмети инъикоси лавҳаи портретӣ аз очерки портретӣ фарқ намекунад. Дар ҳамин ҳол предмети инъикоси очерк ва тақриз фарқ дорад. Дар баробари ин, предмети инъикоси матнҳои гуногуни як жанр метавонанд дигар бошанд. Яъне, предмети инъикос на ҳамеша омили жанрофарӣ аст.
Омили дигари асосии жанрофарӣ, ин ҳадафи инъикос аст. Муаллиф пеши худ ҳадаф мегузорад, ки чӣ тавр предмети мадди назарро инъикос кунад. Аз ин рӯ, ҳадафи ҳар як жанр дигар аст. Масалан, агар муаллиф дар бораи воқеа иттилоъ медода бошад, пас ӯ хабар менависад. Агар ӯ ин воқеаро бо тафсил таҳлил карданӣ шавад, пас ӯ бояд мақола нависад.
Ҳамин тавр, ҳадафи инъикос пеш аз ҳама дар дараҷаи мушахассот, умқи фаҳми иртиботи предмети инъикосшаванда маълум мешавад ва он ба иншои матне меорад, ки жанри алоҳидаро ташкил медиҳад.
Ба ақидаи муҳаққиқон дар журналистика ду усули асосии тағйири воқеияти объективӣ ба қаринаи иттилоотӣ мавҷуд аст: шинохти мантиқӣ ва бадеиву маҷозӣ. Шинохти мантиқии воқеият ду дараҷаи фаҳмиш дорад: таҷрибавӣ (эмпирикӣ) ва назариявӣ. Дар натиҷаи таҳқиқи таҷрибавӣ дар журналистика маводи иттилоотӣ ба вуҷуд меояд. Истифодаи дараҷаи назариявии фаҳмиш бошад, боиси пайдо шудани маводи таҳлилӣ мегардад. Маводи мазкур бо иртиботи амиқи алоқамандии ҷузъиётӣ, муносибати баҳодиҳандаи предмет, асоснокии далелҳо ва ғайра фарқ мекунад.
Дар усули бадеиву маҷозӣ муаллиф метавонад тахайюлоти худро истифода намояд, ки ин ба ӯ барои сохтани образи бадеӣ озодии эҷодро фароҳам меорад. Дар ҳамин ҳол муаллиф пеши худ мақсад намегузорад, ки фактҳои ҳамзамони воқеиро инъикос намояд, агарчи ин яке аз ҳадафҳои журналистика аст. Дар журналистика бошад, ҷузъҳои тахайюл танҳо барои мароқангез кардани фактҳо истифода мешавад. Ҳамин тавр, дар журналистика истифода шудани усули бадеиву маҷозӣ танҳо дар ҳолати пуртаъсир шудани матн, инъикоси ҷузъии предмет ва азнавсозии ҳодиса мақбул аст. Дар натиҷаи истифодаи дурусти усули бадеиву маҷозӣ образи публитсистӣ сохта мешавад. Дар адабиёт бошад, ин усул барои сохтани образи бадеӣ истифода мегардад.
Ба қавли муҳаққиқи рус А. Тертичний боз омилҳои дигари жанрофарӣ низ мавҷуданд. Аз ҷумла, усул ва шакли муаррифии мавод барои мухотабон низ ба жанрофарӣ таъсир мерасонад. Масалан, аз як нишасти матбуотӣ мухбирони расонаҳо маводи гуногунжанр менависанд. Усулҳои муаррифӣ дар журналистика тавассути усули иттилоърасонӣ, усули тавсифӣ ва усули нақлӣ сурат мегиранд. Тавассути усулҳои мазкур жанрҳои гуногуни журналистӣ офарида мешаванд.
Масалан, жанри хабар тавассути усули иттилоърасонӣ таҳия мешаванд. Жанри мухбирнома бошад, бо истифода аз усулҳои иттилоърасониву тавсифӣ навишта мешавад. Ҳангоми истифода аз ҳар сеи ин усулҳо, яъне аз иттилоърасониву тавсифӣ ва нақлӣ жанрҳои инъикоси визуалӣ – репортаж, очерк, фелетон таҳия карда мешаванд.
Ҳамчунин ба қавли А. Тертичний шаклҳои сарчашмаи инъикоси мавод ҳамчун яке аз омилҳои асосии жанрофарӣ хизмат мекунанд. Ин ду шаклро нақлӣ (монологӣ) ва муколамавӣ (диалогӣ) меноманд. Истифодаи шакли нақлӣ шарти ҳатмии пайдоиши жанрҳои нақлӣ аз қабили мухбирнома, мақола, тақриз ва ғайра мебошад. Шакли муколамавӣ бошад, боиси пайдоиши жанрҳои муколамавӣ аз қабили мусоҳиба, суҳбат ва ғайра мешавад. Шаклҳои сарчашмаи инъикоси мавод метавонанд дар якҷоягӣ ҳам истифода шаванд ва намудҳои омехтаи жанрҳо, аз қабили мухбирнома-мусоҳиба, суҳбат — ҳисобот ба вуҷуд оянд.
Ба гуфти профессор Усмонов И.К. «Пас жанр қолабест, ки дар он фикр, факт рехта мешаванд ва ҳар кадом қолаби ҳамон жанреро дода метавонад, ки ба он мувофиқат мекунад» [6. С. 5].
Вобаста ба гуфтаҳои боло ва таҳлили маводи яксолаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» метавон натиҷагирӣ кард, ки имрӯз дар журналистика, ба вижа дар матбуот жанри наве бо номи ёднома ба вуҷуд омадааст. Албатта, қолаби жанри мазкур нав нест. Он дар матбуот собиқаи тӯлонӣ дорад. Ба вижа дар матбуоти тоҷик дар замони шӯравӣ низ ёдномаҳо чоп мешуданд. Вале онро ҳамчун жанри алоҳида намешинохтанд.
Дар ёдномаҳо унсурҳои жанрҳои гуногун аз қабили хабар, мусоҳиба, репортаж, табсира, мухбирнома, мақола, тақриз, лавҳа ва очерк ба чашм мерасад. Вале дар умум, ёднома дар қолаби ягонаи ин жанрҳо навишта намешавад.
Масалан, дар ёдномаи «Соҳибсухани руинтан» («Адабиёт ва санъат», 2014, 9 январ), ки ба 90-солагии шоир, собиқадори ҶБВ Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ бахшида шудааст, пораҳо аз ҳаёту эҷодиёти ӯ нақл карда мешавад. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки сержант Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ҳангоми зидди фашистон ҷангиданаш шеър эҷод мекард ва онро ба модараш мефиристод. Муаллими мактабиаш, Носир Аҳмад ин шеърҳоро ба редаксияи газетаи «Тоҷикистони сурх» мефиристод ва онҳо чоп мешуданд. Вале Абдуҷаббор аз тақдири минбаъдаи шеърҳояш бехабар буд. Ӯ намедонист, ки ба матни шеърҳояш оҳанг бастаанд ва ин сурудҳоро ҳофизон месароянд. Дар маводи мазкур унсурҳои мусоҳиба, лавҳа, очерк ва гузориш ба назар мерасанд. Масалан, дар ин муколамаи А. Қаҳҳорӣ бо муаллимаш Носир Аҳмад унсури мусоҳиба ҳаст:
«- Ин кори ману модарат, гуфт устод.
— Ба шумо ҳазор раҳмат! –Миннатдорӣ кард ҷавон.- Худам ҳам ба рӯзномаҳо шеър мефиристодам, аммо намедонистам, ки чоп мешаванд ё не».
Унсури гузориш низ дар ин ёднома ба назар мерасад: «Душанбе. Хонаи афсарон. Бисту севуми феврали соли 1966-ум. Толор пур аз аскарону афсарон буд».
Дар ёдномаи зикршуда унсурҳои очерк дида мешавад. Яъне як давраи зиндагӣ, ё раванди шаклгирии характери шахс инъикос шудааст. Вале он бо обуранги бадеиву публитсистӣ пурра тавсвир намешавад.
Нигоштаи Мирзоалӣ Миралиев «Миёни хобу бедорӣ» («Адабиёт ва санъат», 2014, 9 январ) бошад, монологи муаллиф аст, ки аз дӯсташ, нависандаи шодравон Сайф Раҳим ба таври рӯъё ёд мекунад. Муаллиф дар хоб Сайф Раҳимро дидааст ва суҳбат бо ӯро дар ин ёднома нақл мекунад.
Дар аксари ёдномаҳои ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» унсурҳои тақриз дида мешавад. Албатта, ин бесабаб нест: персонажи ёдномаҳо аҳли эҷоданд ва ҳангоми дар бораи онҳо сухан гуфтан асарҳояшон низ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Бояд гуфт, ки асоси жанри тақризро назари мунаққид ба як ё якчанд асари муаллиф ташкил медиҳад. Дар тақриз бурду бохти асар баҳогузорӣ мешавад. Усулан тақризҳо интиқодӣ мешаванд. Вале дар ёдномаҳо аксаран асарҳои қаҳрамонони ёдномаҳо аз ҷиҳати мусбат арзёбӣ гардида, агар сухан аз фаъолияти қаҳрамон равад, ҳатман ӯ таърифу тавсиф мешавад. Яъне дар ёдномаҳо қаҳрамонон ва фаъолияти чи меҳнативу чи эҷодии онҳо интиқод намешавад. Ҳамин аст, ки бо ин хусусияти худ ёднома аз тақриз ва дигар жанрҳо фарқ мекунад.
Масалан, дар шумораи 13-уми марти соли 2014 ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ёдномаи Азимҷон Аминов бо номи «Соҳиби меросе, ки бегазанд аст…» ба табъ расидааст. Дар нигоштаи мазкур муаллиф аз нависандаи шодравон Шодон Ҳаниф ёд мекунад. Муаллиф аз романҳои «Уқоби захмӣ», «Дил ба ёдгор», «Рӯзгори родмард» ва «Дар паноҳи Ҳиндукуш»-и нависанда ёд карда, хизмати Шодон Ҳанифро дар рушди романи ҳуҷҷатӣ ва ҳуҷҷатии таърихӣ бузург медонад. Аз ҷумла, муаллиф менигорад:
«Дар ҳикояву қиссаҳо, романҳову очеркҳои нависанда аносири очеркӣ бо нақли воқеӣ ва пурҳаяҷон ба ҳам омада, ба нависанда имкон додаанд, ки рафтору кирдор, фикру андеша ва ҳиссиёти қаҳрамононашро ҷиддан ба тасвир гирад».
Ёдномаи адабиётшинос Абдухолиқи Набавӣ «Дар сангарҳои ҷангу зиндагӣ» (17.04.2014) ба ифтихори садсолагии зодрӯзи нависандаи шодравон Фотеҳ Ниёзӣ бахшида шудааст. Дар ёдномаи мазкур муаллиф эҷодиёти нависандаро мавриди баррасӣ қарор дода, бештар романи «Вафо», «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», қиссаҳои «Фоҷиаи боғистон», «Пахта ва гул»-ро таҳлил кардааст. Дар ёднома ҳаёт ва фаъолияти эҷодии қаҳрамон дар ҳамбастагӣ бо ҳам тасвир шудааст. Дар ин ёднома бошад, бештар эҷодиёти нависанда мавриди баррасӣ қарор гирифта, тавассути ин чеҳраи ӯ барои хонанда кушода мешавад. Муаллиф ёдномаро бо чунин сатрҳо хотима мебахшад: «Ба ин маънӣ метавон гуфт, ки саҳми устод Фотеҳ Ниёзӣ дар шаклгирӣ ва таҳаввули насри воқеъгаро, жанру қолабҳое чун роман ва қисса, драмнависӣ ва адабиёти кӯдак ва қуллаву равнақи фарҳанги тоҷикӣ чашмрас ва мондагор аст».
Ёдномаи номбурда бештар хусусияти тақризи мусбати асарҳои нависандаро дорад, вале он тақриз нест.
Баъзеҳо ёдномаро мақола меноманд. Вале ёднома мақола нест, зеро вазифаи мақола ҳамчун жанр пеш аз ҳама таҳлили равандҳои муҳим ва аҳамиятноки ҷамъиятӣ, ҳолату ҳаводис ва қонуниятҳои идораи онҳо мебошад. Муҳокимаи таҳлилии предмети мақола бояд чунин сурат гирад, ки мухотаб баъди мутолиаи он дар бораи масоили баррасишаванда андеша ронад.
Ёдномаи Асрори Раҳмонфар «Осори мондагори донишманди шуҳратёр» (АС 10.04.2014) дар ҳошияи «Куллиёти осор»-и ҳафтҷилдаи Абдулманнони Насриддин, ки соли 2013 дар Хуҷанд ба табъ расидааст, иншо шудааст. Дар ёдномаи мазкур бештар фаъолияти эҷодии адабиётшиноси шодравон А. Насриддин мавриди баррасии муаллиф қарор гирифтааст. Дар ин ёднома унсурҳои мақолаи илмӣ ва тақриз бартарият доранд. Вале он мақола ё тақриз нест.
Чӣ хеле ки зикр кардем, дар ёдномаҳо унсурҳои лавҳа ва очерк низ ба назар мерасанд. Вале ёдномаҳо дар қолаби лавҳа навишта намешаванд. Зеро ба гуфти профессор Усмонов И.К. лавҳа, «…ин жанрест, ки дар он як ё ду лавҳа (ё лаҳза)-и умр тасвир мешавад» [6. C. 88]. Воқеан ҳам, дар баъзе ёдномаҳо муаллифон як лавҳаи ҳаёти қаҳрамони худро тасвир мекунанд, ки он барои ҷозибияти асар истифода мешаванд.
Масалан, дар ёдномаи «Монанди ту соҳибқаламе камёб аст», ки 21-уми августи соли 2014 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шудааст, муаллиф Ҳикмат Раҳмат хотироташро аз шоири шодравон Собири Шоҳонӣ қисса мекунад. Ёднома аз аввалин вохӯриҳои муаллиф бо шоир дар даврони донишҷӯӣ оғоз шуда, аз давраҳои барои хонанда номаълуми ҳаёти қаҳрамони асар нақл мекунад. Масалан, Собири Шоҳонӣ дар ҷавонӣ, баъди хатми техникуми савдо дар мағозаи асбобҳои рӯзгор кор мекардааст ва шабона факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Ин ҷо як лаҳзаи фурӯшанда будани Собири Шоҳонӣ ва муоширати ӯ бо харидори нобино чун як лавҳаи зиндагии шоир оварда шудааст. Вале баъдан хати маши асар ба солҳои 90-уми асри гузашта тоб хӯрда, аз фаъолияти эҷодии Собири Шоҳонӣ ва ҳамкории ӯ бо муаллиф нақл мекунад. Яъне, ин ҷо унсурҳои лавҳа бошад ҳам, ин асар лавҳа нест.
Бояд гуфт, ки аксари ёдномаҳо бахшида ба зодрӯзи нафари маъруф навишта мешаванд. Масалан, ба муносибати 90-солагии нависанда Болта Ортиқов 10-уми июли соли 2014 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ёдномаи устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Аслиддин Қамарзода бо номи «Эҳёгари таъриху эъҷозгари табиати диёр» ба табъ расидааст. Дар ин нигошта муаллиф аз ҳаёт ва фаъолияти нависанда нақл карда, эҷодиёти ӯро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Дар шумораи 21 августи соли 2014-и ҳафтанома бошад, ёдномаи дигари Аслиддин Қамарзода бо номи «Душанбе ҳам ватанаш буд» чоп шудааст. Дар нигошта муаллиф аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии нависандаи шодравон Фотеҳ Ниёзӣ нақл мекунад. Ёдномаи мазкур ба садсолагии зодрӯзи нависанда бахшида шудааст.
Ёдномаи Юсуфи Акбарзод «Фидоие дар майдони адабиёт» ба ифтихори 100-солагии шоир Муҳиддин Аминзода 3-юми апрели соли 2014 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба табъ расидааст. Муаллиф менависад, ки шоир ба сохти шӯравӣ содиқ буд ва вақти зиёди худро дар ситоиши сарварон ва сохтору ниҳодҳои давлати Шӯравӣ сарф кард. Ҳамчунин ӯ беш аз 130 ҳазор мисраъ шеъри шоирони бузурги дунёро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Дар аксари ёдномаҳо фаъолияти қаҳрамонони мавод баҳогузорӣ мешавад. Масалан, Юсуфи Акбарзод дар ёдномаи зикршуда мегӯяд: «М. Аминзода шоири айёми гардишҳои бузурги инқилобию сиёсию, иҷтимоӣ ва санргӯю ситоишгари фармону дастури сиёсати замон ва Ленину инқилобу Ҳизби коммунист ва накӯҳишгари гузашта буд».
Нависанда Султонмуроди Одина дар ёдномаи «Марди сарфароз» (АС. 11.09.2014) аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир Собир Зикирзодаи Шоҳонӣ нақл мекунад. Хотираи муаллиф дар бораи баъди ба нафақа баромадан мушкилоти моддӣ доштани шоир ва кумаку дастгирии раиси вақти ноҳияи Ҳисор Ҷ. Мансуров хеле муассир аст. Бо иқдоми Ҷ. Мансуров дар Ҳисор Хазинаи «Истеъдод» таъсис дода мешавад ва роҳбарии онро ба дӯши С. Шоҳонӣ мегузоранд. Бо ибтикори шоир доираи адабии Ҳисор дар охири садаи ХХ аз нав эҳё мешавад.
Муаллифи аксари ёдномаҳо бо персонажи асарашон шиноси наздик буданд ва онҳоро хуб медонистанд. Бинобар ин, дар навиштаи онҳо лаҳзаҳое рӯи коғаз омадаанд, ки худи муаллифон бевосита шоҳиди он буданд. Масалан, дар ёдномаи шоир ва публитсист Алӣ Бобоҷон «Оҳанги дили шоир», ки 7-уми августи соли 2014 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шудааст, ҳамчунин сухан аз таърихи иншо шудани шеъри «Симиганҷ»-и шоири шодравон Муҳиддин Фарҳат меравад. Муаллиф мегӯяд, ки «Аввали тирамоҳи соли 1970 шоири кӯдакон Нӯъмон Розиқ мо, се нафар аҳли қалам — Боқи Раҳимзода, Муҳиддин Фарҳат ва бандаро ба сайри зодгоҳаш — деҳаи доманакӯҳи Симиганҷ бурд».
Нигоштаи мазкур ба 90-солагии шоири шодравон, Муҳиддин Фарҳат бахшида шуда, аз эҷодиёти шоир нақл мекунад.
Чӣ хеле ки зикр кардем, яке аз хусусиятҳои ёднома ин шиносоии бевоситаи муаллиф бо персонажи асараш мебошад. Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалии Шариф дар ёдномаи «Устод ё сухане чанд аз рӯзгори як марди ҳунар» («Адабиёт ва санъат», 14 августи соли 2014) дар бораи устодаш кандакор С. Нуриддинов хеле самимию ҷолиб ҳарф мезанад. Ӯ суханро аз аввалин вохӯриаш бо ин шахс оғоз карда, сипас дар бораи ҳамкориҳояш нақл мекунад. Дар ин ёднома ҳамчунин проблемаи бо кор таъмин кардани рассомони ҷавон, мушкилот ва заҳмати онҳо барои пайдо кардани мавқеи худ дар мисоли муаллиф ва кумаки устодаш дар ин ҷода баррасӣ мешавад. Масалан, муаллиф мегӯяд: «Аҷаб кашмакашиҳои зиёде моро интизор буданд. Хусусан, роҳбарияту маъмурияти Иттифоқи рассомон бо ҳар баҳонаи ғаразомез тасдиқи лоиҳаи моро кашол медоданд».
Дар баъзе ёдномаҳо муаллифон дар такя бо наздикони персонажи асарашон ягон лаҳзаи ҷолиби ҳаёти мавсуфро нақл мекунанд. Масалан, ёдномаи Ҳотам Рабиев «Агар чанорҳои Қаратоғ забон медоштанд» («Адабиёт ва санъат», 2014, 18 декабр) ба ҳаёт ва фаъолияти олими адабиётшинос Носирҷон Маъсумӣ бахшида шудааст. Дар ёднома як лаҳзаи ҷолиб оварда шудааст, ки хонандаи имрӯза онро намедонад. Ба қавли завҷаи Н. Маъсумӣ охири солҳои 60-ми асри гузашта ӯро ба Шӯрои вазирони Тоҷикистон даъват мекунанд ва вазифаи вазири фарҳангро пешниҳод мекунанд. Н. Маъсумӣ аз ин вазифа даст мекашад ва кори илмиро авло медонад.
Ҳар як жанр вазифаи алоҳидаро ба ҷо оварда, объект, ҳолат, факт, шакли тасвири ғоя ва афкори муайянро инъикос мекунад. Ба жанр сохтори муайяни ғоявӣ ва композитсионӣ хос аст. Жанр шакли хоси асари публитсистӣ буда, аломат ва сохтори зарурӣ дорад [4. С. 11]. Аз нигоҳи мазкур вазифаи ёднома, ин аз ҳаёту фаъолияти шахси фавтида ёд кардан аст. Дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» аз рӯи вазифа қолаби жанрии он муайян гардидааст. Яъне дар бораи адиб ё умуман аҳли эҷод, ки қаблан фавтидаасту ба наздикӣ зодрӯз дорад, ба синни 60, 70, 80, 90, 100 ва ғайра мерасад, ёднома навишта мешавад.
Аз рӯи омилҳои жанрофарӣ воқеан ҳам, метавон ёдномаро ҳамчун жанри нав шинохт.
Масалан, предмети инъикоси ёднома аксаран як нафар, яъне шахсе мебошад, ки аз ӯ ёд мекунанд. Дар баъзе ёдномаҳо худи муаллиф ва баъзе аз ашхоси дигар низ иштирокчии воқеа мешаванд, вале дар маркази асар ҳамеша ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамони асосӣ, ки аз ӯ ёд мекунанд, меистад. Дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» вобаста басамти фаъолият қаҳрамонони ёдномаҳо аксаран адибон ва рассомону ҳунарпешаҳои шодравон мебошанд.
Ҳадафи инъикос бошад, ин тавассути шарҳи ҳол ва баррасии эҷодиёти қаҳрамон нишон додани ҳаёту фаъолияти шахси маъруф аст.
Асоси ташаккули жанрҳои публитсистиву бадеӣ ба ҳам омезиш ёфтани баёни публитсистӣ ва бадеӣ мебошад. Ба қавли муҳаққиқи тоҷик профессор Усмонов И.К. «Инҳо жанрҳои публитсистие мебошанд, ки аз образ низ кор мегиранд ва баъзеяшон жанрҳои бадеие мебошанд, ки бе унсури публисистиашон маъно надоранд. Пас, дар ин жанрҳо бадеият ва публисистика дар дохили якдигаранд [6. С. 88].
Усули инъикос дар ёдномаҳои ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» бештар ба таври бадеиву маҷозӣ сурат мегирад. Агарчи унсурҳои таҳлилӣ низ дар ёдномаҳо ба назар мерасанд. Барои ҳамин ҳам баъзе ёдномаҳо ба жанрҳои таҳлилӣ ва баъзеи дигар ба жанрҳои публитсистӣ — бадеӣ қаробат доранд.
Дар ҳамин ҳол вобаста аз самти инъикоси нашрияи «Адабиёт ва санъат», ки бештар публитсистиву бадеӣ аст, ёдномаҳо низ хусусияти мазкурро гирифтаанд.
Феълан аксари ёдномаҳое, ки дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шудаанд, метавон ба гурӯҳи жанрҳои публитсистиву бадеӣ дохил намуд. Воқеан ҳам, ин аз намуди нашрия, ки бештар аз жанрҳои адабӣ кор мегирад, вобаста аст. Дар ҳамин ҳол ёдномаҳое, ки дар дигар нашрияҳо чоп мешаванд, аз нигоҳи бадеият сустаранд ва дар онҳо унсурҳои таҳлилӣ бартарият доранд.
Масалан, 12 феврали соли 2015 рӯзномаи «Ҷумҳурият» ёдномаи театршинос Муҳаммадуллоҳи Табариро бо номи «Бурҳони ҳунар» ба табъ расонид. Ёдномаи мазкур ба 100-солагии зодрӯзи Артисти халқии СССР Аслӣ Бурҳонов бахшида шудааст. Дар маводи мазкур ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ҳунарпеша баррасӣ гардидааст. Дар ин асар бештар нақшҳои офаридаи ҳунарпеша зикр гардида, камтар ҳаёти шахсии ӯ оварда мешавад.
Дар умум имрӯз метавон гуфт, ки ёднома ба шакли жанрӣ дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ташаккул ёфтааст. Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ёдномаро зери рубрикаҳои «ёднома», «зикри хайр», «хотира» ба табъ мерасонад. Ин гунаи мавод аз ҳама бештар дар ҳафтанома чоп шудааст. Масалан, соли 2014 ҳафтанома беш аз 30 адад ёдномаро ба нашр расонидааст. Ҳатто дар баъзе шумораҳо ду — се ёднома таҳти рубрикаҳои гуногун ба табъ расидаанд.
Масалан, дар шумораи 9-уми январи соли 2014 ёдномаҳои Алӣ Бобоҷон «Соҳибсухани руинтан», Абдураҳмон Расулӣ «Нексиришт» ва Мирзоалӣ Миралиев «Миёни хобу бедорӣ» чоп шудаанд.
Воқеан ҳам, ба қавли муҳаққиқони журналистика Солеҳов Н. ва Саъдуллоев А. «… жанрҳо вобаста ба сифат ва шаклу ҳаҷми газетаҳо инкишоф меёбанд» [4. С. 11].
Метавон хулоса кард, ки ёднома дар аксари матбуоти муосири тоҷик ба табъ мерасад, вале он бештар дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чун жанри алоҳида ташаккул ёфтааст.
Адабиёт:
1. Ким М. Н. Основы творческой деятельности журналиста: учебник для вузов/ М. Н. Ким. — Спб., 2011.-400 с.
2. Лазутина Г.В. Основы творческой деятельности журналиста: учебник для вузов / Г.В. Лазутина. — М.: «Аспект Пресс», 2001. – 240 с.
3. Муқим Ҷ. Мусоҳиба ва техникаи таҳияи он/ Ҷ. Муқим. — Душанбе: Озар, 2013.-160 с.
4. Солеҳов Н. Саъдуллоев А. Муаммои назарияи публитсистика/ Н. Солеҳов, А. Саъдуллоев.-Душанбе: Дақиқӣ, 2015.-184 с.
5. Тертычный А. А. Жанры периодической печати: учеб. пособие / А. А. Тертычный. – 4-е изд., испр. и доп. – М.: Аспект Пресс, 2011. — 320 с.
6. Усмонов И. К. Жанрҳои публитсистика/И. К. Усмонов.- Душанбе, 2009. -140 c.
7. Учёнова В.В. Творческие горизонты журналистики/ В.В. Учёнова. — М.,1976.- 204 с.
8. Черепахов М. Проблемы теории публитсистики/ М. Черепахов. –М., 1973. -267 с.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: