Таваҷҷуҳи ками ҳафтанома ба мавзӯъҳои иҷтимоиву иқтисодӣ


(Баррасии маводи публитсистии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар соли 2014)

Ҷовид Муқим,
доктори улуми филология,профессори
кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Дар ташаккули афкори ҷомеа нақши воситаҳои ахбори омма хеле зиёд буда, дар замони ҷаҳонишавии иттилоот ҳар сухане, ки аз ин расонаҳо пахш мешавад, метавонад созанда ва ё сӯзанда бошад. Бинобар ин вазифаи публитсистон бо сухани хушу созанда ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, ба бунёдкорӣ даъват кардан ва тарбияи инсони комил аст. Яъне, адибону журналистон бо навиштаҳои публитсистии худ метавонанд дар тарбияву ташаккули насли бофарҳангу ватандӯст ва бунёдкор саҳми арзанда дошта бошанд.
Бояд гуфт, ки дар журналистика бо номи публитсистика жанри алоҳидае вуҷуд надорад ва ҳар маводе, ки дар қолаби жанрҳои дигар эҷод мешавад ва аҳамияти зиёде барои ҷомеа дорад, метавонад чун маводи публитсистӣ номгузорӣ шавад.
Яъне, маводи публитсистиро метавон дар қолаби жанрҳои журналистӣ навишт. Ин ҷо муҳим он аст, ки дар мавод проблемаи доғе, ки таваҷҷуҳи ҷомеаро ҷалб кунад, баррасӣ шавад.
Аз рӯи талаботи мазкур мо маводи дар соли 2014 чопкардаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-ро мавриди баррасӣ қарор додем. Мо сараввал ба маводе таваҷҷуҳ кардем, ки ҳафтанома зери рубрикаи «Публитсистика» чоп кардааст.

Дар шумораи 5 июни соли 2014 ҳафтанома таҳти рубрикаи «Публитсистика» нигоштаи Шералӣ Мӯсо «Рӯзи қабули нақб»-ро чоп кардааст. Дар он аз ҷониби намояндаҳои 22 ташкилоти давлатии масъул қабул гардидани нақби «Чормағзак» тасвир шудааст. Муаллиф ин лаҳзаи муҳимро бо таври муколамаи намояндаҳои ташкилотҳои масъул бо сарварии муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Ҷумъахон Зуҳуров ва роҳбари сохтмони нақб Шамсулло Алимадов тасвир кардааст, ки ҷолибу хонданист.
Нигоштаи Равшани Ёрмуҳаммад «Нури хуршед» ба истиқболи рӯзи Ваҳдати миллӣ 12 июни соли 2014 чоп шудааст. Муаллиф мегӯяд, ки дар як вохӯрӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз минбар поин шудаст, то бо мардум чашм ба чашм сухан кунад. Равшани Ёрмуҳаммад ба ҳозирин гуфтааст: «Ваҳдат ин нест, ки ман аз осмон гап занаму шумо аз поин гӯш кунед. Ваҳдат аз як-ду кас вобаста нест. Калиди он дар дасти халқ аст». Воқеан ҳам, ваҳдати миллӣ аз ҳамаи мо вобаста аст.
Ин нуктаро Рустами Ваҳҳоб низ дар мақолааш «Ваҳдат шарти ҳувият ва худшиносист» (19 июн) таъкид мекунад: «Ваҳдат, дар умум паймони қарордодӣ байни ду ё чанд гурӯҳ нест, балки мафҳуми мутлақест, ки саросари ҷомеаи кишварро фаро мегирад».
Меҳрномаи Боймирзо Шокиров «Варо устод мехонанд…» 19 июн дар ҳафтанома чоп шудааст. Муаллиф, ки бо нависанда Султонмурод Одинаев ҳамсабақи донишгоҳӣ аст, дар ин мавод аз лаҳзаҳои гуногуни фаъолияти ӯ қисса мекунад. Аз ҷумла, ӯ аз қавли шоир Ҳидоятулло Раҳмонӣ мегӯяд, ки «Маҳз бо шарофати устод Султонмурод Одинаев доираи адабии Ҳисор зинда шуд».
Сафарномаи Муҳаммад Субҳон «Адибон – пайвандгари дилҳо», ки таҳти рубрикаи «Публитсистика» 3-юми июл чоп шудааст, ҳисоботест аз сафари гурӯҳи адибони вилояти Суғд ба шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб, Қӯрғонтеппаву ноҳияи Ҳисор. Мутаассифона, маводи мазкур чандон хонданӣ нест. Зеро дар он ягон лаҳзаи ҷолиби мавриди назари хонанда инъикос нашудааст.
24 июл дар ҳафтанома нигоштаи Муллоҷон Аҳмадов «Давлат, истиқлол ва китоб» чоп шудааст, ки дар бораи нақши китоб дар ҷомеа нақл мекунад. Муаллиф пешниҳод мекунад, ки соҳибкорон китоби бадеӣ харанду ба мактабҳо туҳфа кунанд. Вале дар шароити иқтисоди бозорӣ чунин хайрпешагон дар кишвар кам ёфт мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2014 ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» зери рубрикаи «Публитсистика» маводи ангуштшумор чоп кардааст.
Очерк ҳамчун жанри публитсистиву бадеӣ факту воқеияти ҳаёти ҷомеаро инъикосу таҳлил мекунад. Яъне, инъикоси воқеият асоси очерк буда, дар он тахайюлот ба мисли дигар жанрҳои бадеӣ нақши камтаре дорад. Дар очерк нақши муаллиф ҳамчун ноқили мустақим зиёд аст.
Дар маркази очерки портретӣ шахсияти инсон, ҳаёт ва талоши ӯ ба зиндагӣ, ғаму нишоти ӯ меистад. Очерки Кароматуллоҳи Мирзо «Аз шаби сиёҳ то рӯзи равшан» (26.06.2014) дар бораи чӣ тавр раиси ноҳияи Дарбанд таъйин шудани Зиёратшоҳ Саъдуллоев дар солҳои пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ нақл мекунад. Дар очерки мазкур ҳам проблемаи таъмини амнияти мардум дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳам симои раиси ноҳия ҳамчун роҳбари маҳаллӣ инъикос шудааст. Воқеан ҳам, муносибати силоҳбадастон он замон дар водии Рашт ба мансабдорон хеле даҳшатнок буд. Муаллиф воқеаи он солҳоро хеле табиӣ тасвир кардааст.
Дар очерк проблемагузорӣ бо қаҳрамонони он вобастагии мустақим дорад. Агар дар очеркҳо ҳалли проблема бевосита аз ҷониби қаҳрамонон сурат гирад, онҳо муассиру хонданбоб мешаванд.
8 майи соли 2014 ҳафтанома нигоштаи Лаълҷубаи Мирзоҳасанро бо номи «Марди набард буд» таҳти рубрикаи «Очерк» ба табъ расонид. Нигоштаи мазкур аз фаъолияти ҷангии Ғиёс Ғиёсов ном собиқадори ҶБВ, зодаи ноҳияи Роштқалъа нақл мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар очеркҳои чопкардаи ҳафтанома проблемагузорӣ кам ба назар мерасад, мубоҳисаи қаҳрамонон ва конфликт қариб вуҷуд надорад.
Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ҳамчун минбари эҷодкорон нуқтаи назари аҳли фарҳангро оид ба масъалаҳои рӯз ба ҷомеа мерасонад. Дар шумораи 1-уми январи ҳафтанома мақолаи фолклоршинос, номзади улуми филология Дилшод Раҳимов бо номи «Соли нави мелодӣ идомаи ҷашни Ялдо аст» ба табъ расидааст. Муаллиф мавзӯи хеле пурбаҳсу муҳимро баррасӣ карда, бо мисолҳои мушаххас собит сохтааст, ки ҷашн гирифтани Соли нави мелодӣ барои тоҷикон бегона нест ва он аз анъанаҳои бостонии ориёиҳо, зодрӯзи Меҳр, яъне офтоб сарчашма мегирад. Чопи чунин мақолаҳо, вақте ки дар ҷомеа баъзе ашхосу гурӯҳҳои ифротӣ таҷлили Соли нави мелодиро макрӯҳу ба мо бегона медонанд, саривақтиву айни муддаост.
Мақолаи Ҷумъабой Азизқулов «Забон ба нигаҳбон ниёз дорад», ки дар шумораи 9 январ чоп шудааст, ҳифзу покиза нигоҳ доштани забони тоҷикиро баррасӣ мекунад. Муаллиф дар мақола нуқтаи назари худро дар бораи корбурди калимаву ибораҳо аз шеваи дариву форсӣ дар забони тоҷикӣ иброз медорад. Аз ҷумла ӯ собит мекунад, ки баъзе калимаву ибораҳо агар дар Эрону Афғонистон ба маънои мусбат шинохта шаванд ҳам, онҳо дар забони тоҷикӣ маънои манфӣ доранд ва ё баръакси ин баъзе вожаҳои тоҷикӣ дар ин кишварҳо ба маънои манфӣ фаҳмида мешаванд. Албатта, ин нуқтаи назари муаллиф аст ва баъзе гуфтаҳои ӯ баҳсталабанд, вале дар умум баррасии мавзӯи мазкур дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» иқдоми хуб ва зарурӣ аст.
Мақолаи адабиётшинос Рустами Ваҳҳоб «Ғалат нанависем», ки 23-юми январ дар ҳафтанома чоп шудааст, ба корбурди дурусти баъзе ибораву вожаҳо аз қабили «хасу хошок», «ҳайвони калони шохдор», «дар мадди аввал» ва ғайра дар забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Рустами Ваҳҳоб пажӯҳиши мавзӯи мазкурро идома дода, 10-уми апрел ва 24-уми июл дар мақолааш бо ҳамин номи пешинаи «Ғалат нанависем» оид ба истифодаи дурусти вожаву ибораҳои «азбаски», «ранграз — рангрез», «таркаш — тиркаш», «тадрис гирифтан», арз кардан», «фармудан», «ҷасорат», «бурдборӣ» ва ғайра бо мисолҳои мушаххас ибрози назар кардааст. Пажӯҳиши мавзӯи мазкур дар мақолаҳои дигари муаллиф «Дуруст бинависем» (02.10.2014 ва 04.12.2014) идома ёфтааст.
Дар шумораи 16-уми январ мақолаи адабиётшинос Азимҷон Аминов «Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ…» ба ҳусну қубҳи китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои синфҳои 8 ва 9 бахшида шудааст. Муаллиф аз ҷиҳатҳои мусбати китобҳои мазкур изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон аз камбудиҳои имлоиву услубӣ ва мантиқии ин асарҳо ҳарф задааст. Азимҷон Аминов дуруст зикр мекунад, ки бо нуқсону норасоӣ чоп шудани китобҳои дарсӣ боиси ташвиш аст.
17 апрел бошад, ҳафтанома номаи бетаҳрири муаллифи китоби «Забони тоҷикӣ барои синфи 8» Саидамир Аминовро бо номи «Чашме, ки надорад назаре, ҳалқаи дом аст» ба табъ расонид. Муаллиф аз интиқоди адабиётшинос Азимҷон Аминов изҳори норозигӣ карда, мегӯяд: «Тазаккур медиҳам, ки ҳар китобҳои таълифу чопкарда ва зери таҳрири афроди донишмандтарин адибу мунаққид ва олимон ба табъ расидаро мутолиа кунед, чунин ғалатҳо (афтидани вергул ва ноҷо омадани он, пасу пеш омадани ҳарф ва баъзан мисраъҳо) ба назар мерасанд». Дар идома муаллиф мунаққидро мутаҳҳам карданӣ мешавад, ки ӯ «Барномаи забони тоҷикӣ»-ро надидааст ва нодуруст интиқод кардааст.
Адабиётшинос Муртазо Зайниддинов бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар ҳафтанома (06.03. 2014) бо номи «Назаре ба саргаҳи матбуоти тоҷик» мақолае ба нашр расонидааст. Дар мақолаи мазкур аз саҳми маорифпарварони тотор дар пайдоиш ва ташаккули матбуоти тоҷик сухан меравад. Аз ҷумла, муаллиф аз аввалин ҳуруфчини матбуоти тоҷик Гайфулло Нурмуҳаммадови тотор ном мебарад, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Артиши сурх соли 1923 дар Бухоро курси ҳуруфчиниро омӯхта, соли 1924 аввалин матбааро ба Душанбе меорад ва то соли 1956 дар Комбинати полиграфии Душанбе кор мекунад.
Мақолаи Нозим Нуров «Сарнавишти фарҳанги миллӣ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо» (07.08.2014) ба мавзӯи хеле муҳими рӯз бахшида шудааст. Муаллифро суоли «Оё дар шароити ҷаҳонишавӣ, ҳамоиши тамаддунҳо фарҳанги миллии мо ба бархӯрди фарҳанги ғайр истодагарӣ карда метавонад?», ба ташвиш овардааст. Муаллиф мегӯяд, ки имрӯз бояд ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи тоҷик ба ҳам муттаҳид шаванд ва дар раванди бархӯрди тамаддунҳо, низоъҳои сиёсӣ, диниву мазҳабӣ ва миллӣ андешаҳои миллию ватаниро нигоҳ доранд.
Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» зери рубрикаҳои «ёднома», «зикри хайр» ва «ҷашннома» низ маводи публитсистӣ ба табъ мерасонад. Қобили зикр аст, ки ин гунаи мавод аз ҳама бештар дар ҳафтанома чоп шудааст.
Масалан, дар шумораи 09.01.2014 ёдномаҳои Алӣ Бобоҷон «Соҳибсухани руинтан», Абдураҳмон Расулӣ «Нексиришт» ва Мирзоалӣ Миралиев «Миёни хобу бедорӣ» ба табъ расидаанд. Дар очеркгунаи «Соҳибсухани руинтан», ки ба 90-солагии шоир, собиқадори ҶБВ Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ бахшида шудааст, пораҳо аз ҳаёту эҷодиёти ӯ нақл карда мешавад. Аз ҷумла, гуфта мешавад, сержант Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ҳангоми зидди фашистон ҷангиданаш шеър эҷод мекард ва онро ба модараш мефиристод. Муаллими мактабиаш, Носир Аҳмад ин шеърҳоро ба редаксияи газетаи «Тоҷикистони сурх» мефиристод ва онҳо чоп мешуданд. Вале Абдуҷаббор аз тақдири минбаъдаи шеърҳояш бехабар буд. Ӯ намедонист, ки ба матни шеърҳояш оҳанг бастаанд ва ин сурудҳоро ҳофизон месароянд.
Дар шумораи 13-уми марти ҳафтанома ёдномаи Азимҷон Аминов бо номи «Соҳиби меросе, ки бегазанд аст…» ба табъ расидааст. Дар нигоштаи мазкур муаллиф аз романҳои «Уқоби захмӣ», «Дил ба ёдгор», »Рӯзгори родмард» ва «Дар паноҳи Ҳиндукуш»-и нависандаи шодравон Шодон Ҳаниф ёд карда, хизмати ӯро дар рушди романи ҳуҷҷатӣ ва ҳуҷҷатии таърихӣ бузург медонад.
Ёдномаи Юсуфи Акбарзод «Фидоие дар майдони адабиёт» ба ифтихори 100-солагии шоир Муҳиддин Аминзода 3-юми апрел ба табъ расидааст. Муаллиф менависад, ки шоир ба сохти шӯравӣ содиқ буд ва вақти зиёди худро дар ситоиши сарварон ва сохтору ниҳодҳои давлати Шӯравӣ сарф кард. Ҳамчунин ӯ беш аз 130 ҳазор мисраъ шеъри шоирони бузурги дунёро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Суруди кӯдаконаи «Пахта»-ро, ки бо мисраи «Пахта, пахта, ҷон пахта» машҳур аст, аксар шунидаанд. Вале на ҳама медонанд, ки он ба қалами шоири кӯдакон Маҳмуд Диёрӣ тааллуқ дорад. Нигоштаи Ҷӯра Ҳошимӣ «Ёде аз Маҳмуд Диёрӣ», ки 1-уми май чоп шудааст аз фаъолияти шоири шодравон нақл мекунад.
Ба муносибати 90-солагии нависанда Болта Ортиқов 10 июл ёдномаи устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Аслиддин Қамарзода бо номи «Эҳёгари таъриху эъҷозгари табиати диёр» ба табъ расидааст. Дар ин нигошта муаллиф аз ҳаёт ва фаъолияти нависанда нақл карда, эҷодиёти ӯро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Дар шумораи 21 августи ҳафтанома ёдномаи дигари А. Қамарзода бо номи «Душанбе ҳам ватанаш буд» чоп шудааст. Дар нигошта муаллиф аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии нависандаи шодравон Фотеҳ Ниёзӣ нақл мекунад.
Адабиётшинос Абдухолиқи Набавӣ низ ба ифтихори садсолагии зодрӯзи нависандаи шодравон Фотеҳ Ниёзӣ бо номи «Дар сангарҳои ҷангу зиндагӣ» (17.04.2014) ёдномае навиштааст. Дар мақолаи мазкур муаллиф эҷодиёти нависандаро мавриди баррасӣ қарор дода, бештар романи «Вафо», «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», қиссаҳои «Фоҷиаи боғистон», «Пахта ва гул»-ро таҳлил кардааст.
Ёдномаи «Монанди ту соҳибқаламе камёб аст» 21-уми август дар ҳафтанома чоп шудааст. Муаллиф Ҳикмат Раҳмат дар он аз шоири шодравон Собири Шоҳонӣ қисса мекунад. Ёднома аз аввалин вохӯриҳои муаллиф бо шоир дар даврони донишҷӯӣ оғоз шуда, баъдан аз фаъолияти эҷодии Собири Шоҳонӣ ва ҳамкории онҳо нақл мекунад.
Нависанда Султонмуроди Одина ҳам дар ёдномаи «Марди сарфароз» (11.09.2014) аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир Собир Зикирзодаи Шоҳонӣ нақл мекунад. Хотираи муаллиф дар бораи баъди ба нафақа баромадан мушкилоти моддӣ доштани шоир ва кумаку дастгирии раиси вақти ноҳияи Ҳисор Ҷ. Мансуров хеле муассир аст.
«Оҳанги дили шоир» ном дорад, ёдномаи шоир ва публитсист Алӣ Бобоҷон, ки 7 августи соли 2014 дар ҳафтанома чоп шудааст. Нигоштаи мазкур ба 90-солагии шоири шодравон, Муҳиддин Фарҳат бахшида шуда, аз таърихи иншо шудани шеъри «Симиганҷ» ва эҷодиёти шоир нақл мекунад.
Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалии Шариф аз муаллифони фаъоли ҳафтанома маҳсуб мешавад. Ёдномаи ӯ «Устод ё сухане чанд аз рӯзгори як марди ҳунар» 14 августи соли 2014 дар ҳафтанома чоп шудааст. Муаллиф дар ин мавод дар бораи устодаш кандакор С. Нуриддинов хеле самимию ҷолиб ҳарф зада, аз мушкилот ва заҳмати рассомони ҷавон барои пайдо кардани мавқеи худ нақл мекунад.
Бояд зикр кард, ки аксари ёдномаҳо якхела буда, дар онҳо баъзан пургӯӣ ба назар мерасад.
Дар ҳафтанома бахшида ба зодрӯзи адибон пайваста шодбошиҳо чоп мешаванд, ки дар асл якмарому қолабианд. Вале дар ҳамин ҳол нигоштаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад «Шоири ду миллат» (15.05.2014) хеле самимӣ ва хонданӣ аст. Ӯ хотираҳои худро аз шиносоӣ бо адиби ӯзбек Ӯлмас Ҷамол, ки ба синни 80 расидааст, дар ин нигоштааш нақл мекунад.
Мусоҳиба яке аз жанрҳои фаъоли ВАО бошад ҳам, он дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» камистифода аст. Масалан, дар соли 2014 ҳамагӣ ҳудуди 10 мусоҳиба дар нашрия чоп шудааст.
Мусоҳибаи Маҷид Салим бо нависандаи бознишаста Александр Яблоков, ки таҳти рубрикаи «Аёдат» 1-уми январ чоп шудааст, аз ҳаёти имрӯзаи адиби 80-сола нақл мекунад. Мусоҳиб изҳори хушҳолӣ мекунад, ки новобаста аз фишори баланди хун, сактаи мағзи сар ба беморӣ таслим нашуда, мувофиқи имкон ба эҷод машғул аст. Аз ҷумла, қиссаи нави нависанда бо номи «Бозгашт» барои кӯдакону наврасон аз чоп баромадааст. А. Яблоков зодаи Русия буда, солҳои тӯлонӣ ҳамчун обшинос дар Хадамоти обуҳавошиносии Тоҷикистон кор кардааст ва ӯро аз рӯи мақолаву очеркҳояш ва ҳикояву қиссаҳои бадеиаш хонандагон мешиносанд.
Чопи чунин мусоҳибаҳо бо ашхоси маъруф, ки қисматашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ҷолиб буда, онҳоро бо насли ҷавон муаррифӣ мекунад.
Дар шумораи 27 феврали соли 2014 мусоҳибаи Амирхон Аҳмадхонов бо номи «Омор Султанов: «… Аз дӯстӣ бо адибони тоҷик ифтихор мекунам» ба табъ расидааст. Дар ин мавод мусоҳиб аз фаъолияти эҷодии худ нақл карда, андешаҳояшро оид ба фарҳангу адабиёти тоҷик ва нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди он дар даврони истиқлолият иброз медорад.
Дар арафаи Иди матбуот, мусоҳибаи Ибодуллоҳи Шариф бо профессор Мурод Муродов дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба табъ расидааст. Дар мусоҳибаи мазкур сухан аз бурду бохти журналистикаи муосири тоҷик ва мушкилоти он меравад.
13-уми март дар ҳафтанома мусоҳибаи Робияи Холмирзо бо сароянда Зиёвиддини Нурзод бо номи «Боз дастони ману чӯби қалам» ба табъ расидааст, ки аз фаъолияти эҷодии сароянда нақл мекунад. Дар мусоҳиба як андешаи ҷолиб дар бораи ҷоизагирӣ омадааст: Зиёвиддин мегӯяд, ки ҷоизае надорад ва тақозояшро ҳам накардааст. Барои ӯ беҳтарин ҷоиза ин муҳаббату самимияти мардум аст.
Қобили зикр аст, ки на ҳамаи мусоҳибаҳо ҷолибу хонданианд. Мусоҳиба дар нашрияи баобрӯ, ки аксари хонандаҳояш аҳли илму адабанд, бояд ҳирфаӣ бошад ва дар он проблемаҳои мадди назар баррасӣ шавад.
Яке аз муассисони ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буда, мусаллам аст, ки мавзӯъҳои санъат бояд дар нашрия инъикос шаванд.
Дар мавзӯи театр соли гузашта бештар Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ортиқи Қодир мавод навиштааст, ки дар жанрҳои гуногун эҷод шудаанд. Масалан, андешаҳои Ортиқи Қодир «Исёни ҷавонӣ» перомуни намоишномаи «Аз мост, ки бар мост» 31 июли соли 2014 дар ҳафтанома чоп шудааст. Намоишномаи мазкурро, ки ба қалами коргардон Абдуҳафиз Қодирӣ тааллуқ дорад, худи муаллифи асар дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба саҳна гузоштааст. Нақшҳоро ҳунарпешаҳои ҷавони театр бозидаанд. Ба қавли муаллиф бо ҳама бурду бохташ он намоиши хубу диданӣ аст.
Театршинос Муҳаммадуллоҳи Табарӣ андешаҳои худро оид ба чеҳраи намоёни ҳунари театрии Гурҷистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Туманишвили дар мақолааш «Достони «Швидкатса» (24.04.2014) иброз доштааст.
Филми бадеии «Муаллим»-и коргардон Носир Саидов аз бозёфтҳои соли гузашта дониста мешавад. Нависанда Маҷид Салим дар мухбирномааш «Муаллим» ё бозгашти ҳунарманди маҳбуб Марат Орифов ба синамо… баъди 20 сол» (21.08.2014) аз ин филми нави ҳунарии коргардон Носир Саидов «Муаллим» нақл мекунад.
25 сентябр, пас аз тамошои нахустнамоиши филми «Муаллим» Давлат Сафар дар нигоштаи «Ана филму мана филм!» назари худро дар бораи он ва рушди синамои тоҷик иброз доштааст.
Филми мазкур дар баробари комёбиҳо аз камбудиҳо низ орӣ нест. Вале то ҳол ягон мунаққид назари хешро дар ин бора иброз нанамудааст.
Бояд гуфт, ки аз 16 то 20 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Кинофестивали шашуми байналмилалии «Дидор» баргузор гардид. Мутаассифона, дар ин бора дар ҳафтанома ба ғайри хабар ягон маводи таҳлилӣ ба табъ нарасид.
16-уми октябр дар ҳафтанома мухбирномаи санъатшинос Саъдулло Раҳимов «Парчамбардори синамои тоҷик» чоп шуд, ки дар бораи эҷодиёти коргардон Борис Кимиёгаров нақл мекунад. Муаллиф дар бораи заҳмати коргардон дар рушди кинои тоҷик ҳарф зада, мегӯяд, ки Б. Кимиёгаров яке аз онҳоест, ки дар вуҷуди мо, тоҷикон худшиносии миллиро бедор карданд.
Шаҳобиддини Ҳақназар яке аз муаллифони сермаҳсули ҳафтанома маҳсуб мешавад. Навиштаҳои ӯ бештар ба фаъолияти санъаткорону эҷодкорон бахшида шудаанд. Масалан, нигоштаҳои «То моҳу зуҳра мерасад овози Майсара» (14.08.2014) аз ҳаёту эҷодиёти овозхон Майсара Дилдорова ва «Чашми дарё» (16.10.2014) аз эҷодиёти овозхон ва оҳангсоз Саидқул Билолов нақл мекунад.
Аз мутолиаи ҳафтанома бармеояд, ки соҳаи санъат, аз ҷумла кинову театр ва ҳунари овозхониву раққосӣ дар соли гузашта хеле кам инъикос шудаанд.
Фелетон ва памфлет аз жанрҳои асосӣ ва муборизи ҳаҷви публитсистӣ — бадеӣ маҳсуб мешаванд ва адибони мо дар давраи шӯравӣ ба ин жанрҳо таваҷҷуҳи хоса доштанд. Мутаассифона, солҳои охир ин жанр дар ВАО ва адабиёт фаромӯш шуда истодааст. Масалан, дар соли 2013 ва 2014 ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ягон фелетон ва памфлет чоп накардааст.
Дар ҳамин ҳол, латифа ва карикатура аз жанрҳои серистеъмоли ҳаҷвии публитсистӣ- бадеӣ дар ҳафтанома мебошанд.
23 январи соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки «…бо вуҷуди тадбирҳои то ба ҳол андешидашуда ҳанӯз ҳам баъзе масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили костагии фарҳанги гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа ва гароиши онҳо ба мафкураи бегона мавҷуданд».
Воқеан ҳам, дар ҳафтанома ба ин масъалаҳо кам тавачҷуҳ дода мешавад. Масалан, соли гузашта ягон маводи публитсистӣ, ки ба иштироки ҷавонони тоҷик дар муноқишаи Сурия бахшида шуда бошад, ба табъ нарасидааст ва адибон нуқтаи назари худро оид ба ин ҳодиса иброз нанамуданд.
Имрӯз аксари аҳли ҷомеа ба мавзӯъҳои доғи иқтисодиву иҷтимоӣ бетараф нест. Вале нашрия ба мавзӯъҳои иҷтимоиву иқтисодӣ кам таваҷҷуҳ мекунад. Масалан, имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз мавзӯъҳои доғи кишвар маҳсуб мешавад. Дар ин бора матбуоти хусусии кишвар зиёд менависад, вале соли гузашта ҳафтанома дар мавзӯи мазкур мақолаҳои публитсистиву очеркҳои проблемавӣ чоп накардааст.
Набояд фаромӯш кард, ки хонандаи муосир имкони интихоб дорад. Ӯ ҳамон асарро мутолиа мекунад, ки ҷолибу мавриди таваҷҷуҳаш бошад.

Адабиёт:
1. Лазутина Г.В. Основы творческой деятельности журналиста: учебник для вузов / Г.В. Лазутина. — М.: «Аспект Пресс», 2001. – 240 с.
2. Муқим Ҷ. Мусоҳиба ва техникаи таҳияи он/Ҷ. Муқим.-Душанбе: Озар, 2013.-160 с.
3. Тертычный А. А. Жанры периодической печати: учеб. пособие / А. А. Тертычный. – 4-е изд., испр. и доп. – М.: Аспект Пресс, 2011. — 320 с.
4. Солеҳов Н. Саъдуллоев А. Муаммои назарияи публитсистика/ Н. Солеҳов, А. Саъдуллоев. –Душанбе: Дақиқӣ, 2015.-184 с.
5. Усмонов И. К. Жанрҳои публитсистика/И. К. Усмонов.- Душанбе, 2009. -140 c.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: