Cомонаҳо ба мо чӣ пешниҳод мекунанд?


Pero
Муқимов М., доктори улуми филологӣ,
профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Ҳуқуқи истифода аз воситаҳои ахбор яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон буда, он тибқи моддаи 30-юми Сарқонун дар баробари озодии сухан ва нашр дар Тоҷикистон кафолат дода шудааст (1). Дар ҳамин ҳол касе ё мақомоте кафолат намедиҳад, ки ВАО ва журналистон ба аудитория иттилои воқеиву беғараз ва саривақтиву сареҳ пешниҳод мекунанд. Таҳлили якмоҳаи сомонаҳои сернуфуси Тоҷикистон аз қабили оҷонсиҳои иттилоотии «Asia Plus», «TojNews», «Озодагон», «Авеста», Радиои «Озодӣ» ва ғайра собит кард, ки на ҳамеша усулҳои асосии фаъолияти журналистӣ ҳангоми таҳия ва пахши мавод риоя мешаванд.
Тибқи банди дуюми моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» — воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд (2). Вале ин нуктаи қонун на ҳамеша риоя мешавад ва воситаҳои ахбори омма баъзан ба аудитория иттилое пахш мекунанд, ки саҳеҳ ва ё беғараз нест.
Масалан, ОИ «TojNews» соати 16-у 3 дақиқаи 14 октябри соли 2014 хабареро бо унвони «Тирпарронии Ҳукумов сӯи сардори БДА-и Айнӣ» пахш кард. Дар он гуфта мешуд, ки Рустам Ҳукумов, писари калонии Амонуллоҳи Ҳукуматулло, собиқ раҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар маркази ноҳияи Айнӣ сӯи милисаҳо аз таппонча тирпарронӣ карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст (3). Дар идомаи хабар гуфта мешавад, ки ҳангоми танба дар роҳи мошингард, ки бо айби Рустам ба вуқӯъ омадааст, ӯ аз таппончаи пневматикӣ сӯи сардори БДА — Саидҷон Набиев се тир холӣ карда, ӯро маҷрӯҳ месозаду аз ҷойи ҳодиса мегурезад. Баъдан ӯро милисаҳо дар даромадгоҳи нақби Шаҳристон боздошт менамоянд ва дар бораи ин амал санад тартиб дода, ба прокуратураи ноҳия ирсол мекунанд.

Ҳамон бегоҳ, соати 20-у 49 дақиқа ОИ «Asia Plus» дар бораи воқеаи мазкур иттилоъ пахш кард, ки «Ҳоло Р. Ҳукумов, ба қавли як манбаъ, дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Айнӣ нигоҳ дошта мешавад (4)».
Соати 11-и 15 октябри соли 2014 бошад, ОИ «Asia Plus» дар бораи ҳодисаи мазкур хабари дигареро интишор дода, аз қавли муовини сардори ШКД-и ноҳияи Айнӣ Абдусамад Абдулов мегӯяд, ки Рустам Ҳукумов ба ҳаво як тир холӣ кардааст ва аз ин касе зиён надидааст. Ӯро протокол тартиб дода, озод кардаанд (5).
Ин манбаъ гуфтааст, ки дар ҷои ҳодиса сардори БДА набудааст, он ҷо кормандони қатории БДА ҳузур доштаанд. Дар идомаи хабар дар такя ба як сарчашма аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд гуфта мешавад, ки дарвоқеъ Р. Ҳукумов ба сӯи сардори БДА-и ноҳияи Айнӣ Саидҷон Набиев 3 тир андохтааст.
Дар ҳамин ҳол ОИ «TojNews» соати 9-у 26 дақиқаи 15 октябри соли 2014 дар бораи ҳодисаи номбурда чунин менависад: «Саидҷон Набиев, сардори шуъбаи БДА-и ШКД дар ноҳияи Айнӣ ба «TojNews» дар шарҳи ин қазия гуфт: “Ин иттилоъ нодуруст аст. Рустам Ҳукумов боздошт нашудааст. Тафсилоти воқеъа чунин аст: Автомобили боркаше дар наздикии пули болои дарёи Зарафшон вайрон мешавад. Дар гардиши ин роҳ танбаи худравҳо ба вуҷуд меояд. Рустам Ҳукумов, ронандаи худрави тамғаи “Toyota” ба талаби нозири роҳ риоя намекунаду бо нозир харахаша мекунад. Ба осмон тир кушода аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.”(6). С. Набиев мегӯяд, ки дар ин ҳодиса касе ҷароҳат набардоштааст, аз ҷумла худи ӯ дар ҷои ҳодиса набудааст.
Соати 9-у 48 дақиқаи 15 октябр сомонаи Радиои «Озодӣ» дар бораи қазияи мазкур аз қавли додситонии ноҳияи Айнӣ иттилоъ дод, ки Рустам Ҳукумов ҳамроҳи се нафари дигар савори мошини тамғаи “Тойота” роҳии Хуҷанд буданд, дар наздикии маркази ноҳияи Айнӣ ба амри нозири БДА итоат накарда, ба ҳаво тир холӣ намудааст (7). Ба гуфти ин манбаъ Рустам Ҳукумов дар сари фармони мошин набудааст ва пас аз бозпурсии шоҳидони воқеа касе боздошт нашудааст.
Қобили тазаккур аст, ки хонанда аз ин хабарҳо маълумоти дақиқ пайдо карда наметавонад ва аниқ намедонад, ки чӣ рух додааст? Дар ин ҳол суоле пайдо мешавад, ки оё С. Набиев, сардори БДА-и ноҳияи Айнӣ дар воқеъ маҷрӯҳ шуда буд?
Бояд гуфт, ки вобаста ба ҳодисаи тирпарронии Р. Ҳукумов 15 октябри соли 2014 ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «Озодагон» дар такя ба иттилои ОИ «Tojnews» бо номи «Рустам Ҳукумов сардори БДА-ро паррондааст» матлаб чоп карданд. 16 октябр бошад, ҳафтаномаи «Asia Plus» бо унвони «В ярости стреляли в воздух, а не в начальника ГАИ» мавод чоп кард.
Мувофиқи талаботи жанрӣ бояд хабар ба суолҳои чӣ рӯй дод?, кай?, дар куҷо?, бо кадом сабаб?, дар кадом шароит ба амал омад? ва чӣ натиҷа дод? посух гӯяд (8). Чи хеле ки гуфтем, яке аз талаботи асосии хабарнависӣ ин зикр кардани вақти рӯйдод аст. ОИ «Tojnews» гуфтааст, ки ин ҳодиса ҳафтаи гузашта рух додааст. Вале ягон расона дар бораи кай рух додани ин ҳодиса маълумоти аниқ надодааст.
Тибқи моддаи 29-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма (2)» Журналист ӯҳдадор аст:
— саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад;
— пеш аз нашр маводи мусоҳибаи омодакардаашро бо сарчашмаи он мувофиқа намояд;
— воситаҳои ахбори оммаро бо мақсади дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ, дидаву дониста нашр кардани хабару маводи бардурӯғ, маълумотҳои тӯҳмату таҳқиромез, ки шаъну шараф ва эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро паст мезананд, истифода набарад.
1-уми октябри соли 2014 расонаҳои Тоҷикистон хабареро аз пешниҳоди собиқ Вакили Шӯрои Олии СССР, шаҳрванди Ӯзбекистон Пӯлод Охунов дар бораи дар Ӯзбекистон ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад, пахш карданд. Аз ҷумла, соати 9-у 3 дақиқа сомонаи Радиои «Озодӣ» — ozodi.org навишт, ки Пӯлод Охунов, раҳбари Анҷумани Осиёи Марказӣ (Association Central Asia), дар як ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Лаҳистон пешниҳод кардааст, ба забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон мақоми давлатӣ дода шавад. Ӯ дар суханронии худ, ки 29 сентябри соли ҷорӣ сурат гирифтааст, гуфта, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои мардуми бумии ин кишвар мебошад (9).
Ҳамон рӯз соати 9-у 23 дақиқа, яъне пас аз 20 дақиқаи сомонаи Радиои «Озодӣ» ОИ «Озодагон» низ ҳамин иттилоъро бо унвони «Донишманди ӯзбак: Ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад», пахш кард. Дар хабари мазкур аз ҷумла чунин гуфта мешавад: «Пӯлод Охунов, вакили пешини Шӯрои олии СССР зимни суханронӣ дар нишасти Варшава пешниҳод кардааст, ба забони давлатӣ дар Ӯзбакистон мақоми давлатӣ дода шавад. Ӯ дар ин ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар мавриди “Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбакистон” суҳбат карда, изҳор доштааст, сиёсати забонӣ метавонад Ӯзбакистонро дар ростои расидан ба озодӣ ва баробарҳуқуқӣ кӯмак кунад» (10).
Дар ин ду хабар гуфта мешавад, ки Пӯлод Охунов дар ин ҳамоиши Варшава суханронӣ кардааст. Вале дар асл ӯ дар ин нишаст ҳузур надошт ва паёми ӯро яке аз роҳбарони Анҷумани Осиёи Марказӣ — Қанот Одил хондааст.
Тибқи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон агар нодурустии маводи нашршуда ё хулоса дар мавриди ашхос, имло, сарфу наҳв, ки баъд собит гардад, бояд аз тарафи ҳамон нашрия фавран ислоҳ ва аз нав нашр шавад. Дар сурати роҳ додан ба камбудӣ журналист ва ВАО бояд онро эътироф ва ислоҳ намуда, такроран ба хато роҳ надиҳанд (11).
Қобили зикр аст, ки ин нуктаро масъулини сомонаи Радиои «Озодӣ» дарк карда, соати 14-у 1 дақиқаи 2-юми октябр иштибоҳи худро дар хабар бо иловаи нав ислоҳ кардаанд: «Пӯлод Охунов, раҳбари Анҷумани Осиёи Марказӣ ва собиқ вакили Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар як ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Лаҳистон пешниҳод кардааст, ки ба забони тоҷикӣ дар Ӯзбакистон мақоми давлатӣ дода шавад. Паёми ӯро ба ин ҳамоиш яке аз раҳбарони ин анҷуман Қанот Одил дар як суханронӣ рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ дар Варшава расондааст ва дар он гуфта мешавад, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бумии Ӯзбакистон аст» (12).
Роҳ ёфтани саҳв ё ғалат дар маводи журналистӣ аз дараҷаи пасти касбияти ӯ ва бемасъулиятии редаксия дарак медиҳад. Сомонаи rus.ozodi.org 21 октябри соли 2014 матлаберо бо номи «В Душанбе наградили лучшие фильмы фестиваля «Дидор» (Дар Душанбе филмҳои беҳтарини фестивали «Дидор» қадрдонӣ шуданд) чоп кард. Дар маводи мазкур ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҷоизаи таваҷҷуҳи бинандаҳоро филми «Хуни халқ»-и режиссёр Сорбон гирифтааст (13). Бояд гуфт, сенарияи филми «Хуни халқ» ба нависанда Сорбон тааллуқ дошта, Зайналобуддини Мӯсо онро коргардониву наворбардорӣ ва монтаж кардааст. Воқеан, ин аввалин филми бадеӣ аст, ки наворбардор З. Мӯсо коргардонаш буд (14). Мутаассифона, матлаби мазкурро ҳамон рӯз сомонаи toptj.com бознашр карда, ин иштибоҳро аз нав пахш кард (15).
29 октябри соли 2014 ОИ «Озодагон» матлаберо бо номи «Қабули қонуни афв: Муаррифии Салимзода, нигаронии Амиршоева ва пешниҳоди Кабирӣ» чоп намуд. Дар маводи мазкур сухан дар бораи дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабул шудани Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» меравад. Муаллиф дар матлаб шарҳи Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва назари вакилони МН Саодат Амиршоева ва Муҳиддин Кабириро ҳангоми баррасии лоиҳаи қонуни мазкур меорад. Аз ҷумла аз қавли С. Амиршоева гуфта мешавад, ки ин «16-умин афви эълонкардаи президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад» (16). Дар ҳамин ҳол расонаҳои Тоҷикистон авфи мазкурро 14-умин номидаанд. Аз ҷумла, сомонаи Радиои «Озодӣ» ҳамон рӯз соати 9-у 45 дақиқа дар матлаби «Қонуни афв қабул шуд» дар ин бора чунин иттилоъ пахш кардааст: «Лоиҳаи қонуни афв ба муносибати солгарди 20-уми тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон 14-умин афв дар 23 соли истиқлоли Тоҷикистони пасошӯравист» (17). Бегоҳи ҳамон рӯз ба матлаби мазкури сомонаи ozodi.org иловаи нав ворид карда шуда, онро «шонздаҳумин қонуни афви Тоҷикистон» номиданд. Хонанда ба кадоми ин гуфтаҳо бовар кунад?
Бояд гуфт, ки аз рӯи шумора воқеан ҳам, ин 14-умин Қонуни авфи шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Вале дар ин миён ду маротиба авфи амволи шаҳрвандон низ содир гаштааст, ки онҳо ба қонуни охирӣ иртиботи мустақим надоранд.
Қобили зикр аст, ки журналистони камтаҷриба баъзан ҳангоми истифодаи рақамҳо дар маводашон саҳв мекунанд. Масалан, 9 октябри соли 2014 сомонаи Навид.tj хабареро дар бораи бо иштироки раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода мавриди истифода қарор додани роҳи мошингард ба самти ғори Хоҷа Исҳоқи Валӣ, ки дар кӯҳи Арғаби деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ воқеъ аст, пахш кард. Ба гуфти раиси ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ Ҷумъабой Камолов роҳи мазкур шаш километрро дар бар гирифта, он давоми як моҳ бо ташаббуси сокинони деҳаи Махшевад бо харҷи тақрибан 30 доллари амрикоӣ сохта шудааст (18).
Мантиқан ба 30 доллари ИМА сохтани 6 километр роҳ хато аст. Маблағи воқеии ба сохтмони роҳ масрафшуда чанд аст: 30 ҳазор ё 300 ҳазор доллар? Зеро ҳоло ба 1 км роҳи хуби асфалтпӯш қариб 1 миллион доллар маблағ масраф мешавад. Хуллас, дар хабари мазкур маблағи харҷшуда ғалат оварда шудааст.
Дар хабар зикр кардани санаи рӯйдод аз талаботи асосии журналистӣ буда, он аз нав будани иттилоъ дарак медиҳад. Мутаассифона, расонаҳои Тоҷикистон на ҳамеша санаи рӯйдодро зикр мекунанд ва ё мегӯянд: «ба наздикӣ», «ба қарибӣ», «чанд рӯз пеш». Дар ин ҳол хонанда намедонад, ки хабари пешниҳодшуда то кадом дараҷа нав аст?
Масалан, 30 сентябри соли 2014 ОИ «Озодагон» дар хабари худ гуфтааст, ки Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия аснои суханронӣ дар Ассамблеяи генералии СММ аз ин созмон даъват кардааст, табадулоти давлатиро ба ҳайси тағйири қудрат нашиносад. Ҳамчунин ӯ пешниҳод кардааст, ки аз дахолат дар умури кишварҳо ҷилавгирӣ шавад (19). Дар хабари боло гуфта намешавад, ки С. Лавров кай дар Ассамблеяи СММ баромад кардааст. Яъне посух ба суоли асосии ин хабар гуфта намешавад. Ҳол он ки ба иттилои сомонаи vesti.ru С. Лавров 28 сентябри соли 2014 дар сессияи 69-уми навбатии Ассамблеяи генералии СММ суханронӣ кардааст (20).
Баъзан оҷонсиҳои иттилоотӣ хабари куҳнаро, ки қаблан расонаҳо чоп кардаанд, низ пахш мекунанд. Масалан, 2 октябри соли 2014 ОИ «Tojnews» дар бораи аз ҷониби як бемор бо лату кӯб кушта шудани мудири шуъбаи бистарӣ-равонии Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои асабӣ-равонӣ дар шаҳри Турсунзода Фирӯза Табарова хабар дод (21). Дар ин хабар гуфта мешавад, ки воқеаи мазкур 16-уми сентябр рӯй додааст. Яъне оҷонсӣ дар бораи воқеае хабар медиҳад, ки аз он 16 рӯз гузаштааст. Ин дар ҳолест, ки 16 сентябри соли 2014 ОИ «Asia Plus» дар бораи куштори мазкур иттилоъ дода, гуфтааст, ки бемор барои идомаи табобат ба Беморхонаи ҷумҳуриявии касалиҳои рӯҳӣ воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ интиқол дода шудааст (22).
11 ноябри соли 2014 ОИ «Авеста» дар бораи ба чор нафар расидани теъдоди фавтидагони таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ иттилоъ пахш намуд. Оҷонсӣ хабар медод, ки тақрибан соати 17-и 9 ноябр дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе Комрон Шехови таваллудаш соли 1991 аз ҷароҳати дар таркиш бардоштааш вафот кард (23). Бояд, гуфт, ки иттилои мазкур куҳна буда, воқеаи мазкур соати тақрибан 11-и 8 ноябр рух додааст. Дар хабари номбурда сабаби таркиш гуфта намешавад. Шехов кист? Ӯ фурӯшандаи сӯзишворӣ аст ё каси дигар?
Бояд гуфт, ки дар бораи ин ҳодиса ҳанӯз соати 12-у 49 дақиқаи 8 ноябри соли 2014 ОИ «Озодагон» бо истифода аз аксу видео иттилои нисбатан пурра пахш карда, мавзеи ҳодисаро рустои Истиқлол-1 номида, теъдоди фавтидагон (он лаҳза се нафар) ва сабаби таркишро гуфта буд. Ба қавли оҷонсӣ Вазорати умури дохила сабаби таркишро риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ номбар кардааст (24).
Дар бораи воқеаи мазкур сомонаи Радиои «Озодӣ» низ соати 15-у 46 дақиқаи 10 ноябр иттилоъ пахш карда буд: «Шоми 9 ноябр Комрон Шехов дар бемористони Қарияи Боло вафот кард. Ин ҷавони 23-сола қурбонии инак чоруми таркиши рӯзи 8 ноябр дар як нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакист» (25). Дар хабари мазкур дар бораи ному насаб, шуғл ва сокини кадом маҳал будани ҳалокшудагону ҷабрдидагон маълумот дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки сомонаҳо баъзан иттилоеро пахш мекунанд, ки пурра нест ва ё аҳамияти муҳими ҷамъиятӣ надорад. Масалан, 29 сентябри соли 2014 сомонаи faraj.tj дар бораи дар шаҳри Хуҷанд баргузор шудани конфронси илмӣ-назариявии «Шуғли анъанавӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ» хабар дод. Ин конфронс бо ташаббуси ҳукумати вилояти Суғд, Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва намояндагии Кумитаи имдоди Имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ширкати олимону коршиносон ва намояндагони мақомот ҷараён гирифт (26). Дар хабар гуфта мешавад, ки дар ин конфронс олимону пажӯҳишгарон маърӯзаҳои илмии худро ироа намуданд.
Дар хабари мазкур дар бораи маърӯзачиён ва муҳтавои суханронии онҳо маълумоте пахш нашудааст.
30 сентябри соли 2014 ОИ «Asia Plus» (27) ва ОИ «Авеста» (28) хабареро оид ба мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов бо ҳайати тоҷикони Покистон бо сарварии Соҳибзода Афзал пахш карданд. Дар хабари мазкур, ки ба иттилои департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таҳия шудааст, гуфта мешавад, ки дар Покистон ҷамъияти тоҷикон бо номи «Тоҷик қавми иттиҳод парти Покистон» фаъолият дорад ва 24 сол боз маҷаллаи «Тоҷик» ба табъ мерасад. Мутаассифона, дар хабари мазкур дар бораи теъдоди тоҷикон дар Покистон ва чаро онҳо дар ин кишвар сукунат доранд, маълумоте нест. Хонанда бештар ба ин паҳлуи хабар таваҷҷуҳ мекунад. Ба ӯ мулоқоти сафир, ки як иттилои расмӣ аст, чандон ҷолиб нест.
Баъзан оҷонсиҳои иттилоотӣ хабареро пахш мекунанд, ки дар он иттилооти муҳим барои хонандаҳо гуфта намешавад. Масалан, 2 октябри соли 2014 ОИ «Авеста» дар бораи аҳамияти нуриҳои минералӣ ба соҳаи кишоварзӣ ҳарф зада, хабар дод, ки ширкати чинии «Синцян Жонтай Синсилу Нонийе Инвест» дар Тоҷикистон ду корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва фосфор месозад (29).
Дар ин хабар ҷои сохтмони иншоот, ки барои хонанда муҳим аст, нест. Хонанда ба он таваҷҷуҳ мекунад, ки агар иншооти мазкур дар маҳалли наздики ӯ сохта шавад, садҳо нафар бо ҷои кор таъмин мегарданд ва нархи нуриҳои минералӣ нисбатан арзон мешавад.
13 октябри соли 2014 ОИ «Озодагон» хабареро дар такя ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон оид ба боздошти сокини ноҳияи Ваҳдат Баҳрулло Шарипов, ки дар буғӣ карда куштани Хосият Умарова, сокини ноҳияи мазкур муттаҳам мешавад, пахш кард (30). Дар иттилоъ гуфта мешавад, ки ӯ аз ҳиссиёти авбошӣ ба ин ҷиноят даст задааст. Вале мухбир намегӯяд, ки Б. Шарипов ба мақтул чӣ иртибот дошт ва авбошӣ аз чӣ сар зад?
Ҳамчунин баъзан дар хабари сомонаҳо гапфурӯшӣ низ ба назар мерасад. Масалан, сомонаи Радиои «Озодӣ» — ozodi.org 30 сентябри соли 2014 бо унвони «Маҳдудияти истифода аз барқ дар Тоҷикистон шуруъ мешавад» хабареро пахш кард, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Ширкати “Барқи тоҷик” эълон кардааст, ки аз рӯзи чоршанбе — 1 октябр дар навоҳии кишвар маҳдудияти барқ ба таври расмӣ ҷорӣ карда мешавад. Ин маҳдудият ба ҷуз аз пойтахт ва марказҳои маъмурии вилояту ноҳияҳои кишвар дигар ҳамаи минтақаҳоро дар бар мегирад.
Нозирҷон Ёдгорӣ-сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” дар суҳбат бо Радиои «Озодӣ» ин хабарро таъйид кард» (31).
Магар Радиои «Озодӣ» ба эълони расмии ширкати “Барқи тоҷик” бовар намекунад, ки дурустии онро аз сухангӯӣ ширкат мепурсад? Ҳол он ки бо тақозои вазифа эълони мазкурро бояд худи Нозирҷон Ёдгорӣ пахш карда бошад.
Тибқи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон – принсипи фаъолияти ВАО ва журналистон дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад (11). Меъёрҳои мазкур аз арзишҳои умумибашарӣ ва ахлоқӣ буда, бояд редаксияву журналистон дар асоси ин қоидаҳо фаъолият баранд.
Аз ҷумла, ҳақиқатнигорӣ яке аз усули муҳим ва асосии фаъолияти журналистӣ буда, чунин мазмун дорад, ки идораи воситаи ахбори омма ва журналист иттилооти ҳаққонӣ ва саҳеҳ, иттилооти мукаммал, саривақтӣ ва дақиқро омода кунанд ва интишор диҳанд (32).
Воқеънигорӣ низ яке аз асосҳои фаъолияти журналистӣ аст ва он аз идораи воситаҳои ахбори омма интишор намудани иттилооти ба воқеият мувофиқро тақозо мекунад. Дар ин ҳол бояд журналист ва редаксия ҳангоми таҳия ва интишори мавод беғараз ва холис бошанд, аз ҷонибе дастгирӣ накунанд. Яъне, ВАО ва журналист набояд зери таъсири шахсон ё гурӯҳи алоҳида монда, ба касе ё гурӯҳе бартарӣ диҳад.
Тибқи меъёри сареҳияти ахбор воситаҳои ахбори омма ва журналистон бояд андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд. Воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳангоми таҳия кардани мақолаҳо, хабару гузоришҳо бояд, ки назару андешаҳои гуногун, мавқеъҳои гуногун, нуқтаи назар ва фарзияҳои гуногунро интишор диҳанд ва зимни таҳия намудани онҳо беғаразиро нигоҳ доранд (32).
Дар ҳолати пешниҳод кардани хабари аз ҳақиқат дур обрӯю эътибори воситаи ахбори омма дар байни хонандагонаш коҳиш ёфта, боиси кам шудани теъдоди аудитория мегардад. Набояд фаромӯш кард, ки вазифаи муҳимтарини журналист таъмин намудани маводе аст, ки ба талабот ва ниёзҳои хонандагон ҷавобгӯ бошад.

Сарчашма:

1. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон:/ durahshon.tj. 2013-2014.- Режим доступа: http://www.durahshon.tj/fan/view_post.php?id=43 (Дата обращения: 10.11.2014).
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»:/ mmk.tj. 2009-2014. — Режим доступа: http://mmk.tj/legislation/base/2013/ (Дата обращения: 20.10.2014).
3. Тирпаронии Ҳукумов сӯи сардори БДА-и Айнӣ:/tojnews.tj. 2009-2014.- Режим доступа: http://www.tojnews.tj/tirparonii-pisari-hukumov-dar-ayni-va-ruypushkunii-jinoyat (Дата обращения: 14.10. 2014).
4. Рустам Хукумов ранил из пистолета начальника ГАИ:/ news.tj. 1997-2014. – Режим доступа: http://www.news.tj/ru/news/rustam-hukumov-ranil-iz-pistoleta-nachalnika-gai (Дата обращения: 14.10.2014).
5. Замначальника ОМВД Айни: Рустам в ярости выстрелил в воздух:/ news.tj. 1997-2014. – Режим доступа: http://news.tj/ru/news/zamnachalnika-omvd-aini-rustam-v-yarosti-vystrelil-v-vozdukh (Дата обращения: 15.10.2014).
6. Рустам Ҳукумов боздошт нашудааст:/tojnews.tj. 2009-2014. — Режим доступа: http://www.tojnews.tj/rustam-hukumov-bozdosht-nashudaast (Дата обращения: 15.10. 2014).
7. Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ — дар сархатти хабарҳо. Ин бор барои Рустам:/ ozodi.org. 2007-2014.-Режим доступа: http://www.ozodi.org/content/ayni-road-police-about-rustam-hukumovs-shooting/26638029.html (Дата обращения: 15.10.2014).
8. Муқим, Ҷ. Мақоми жанрҳо дар Радиои «Озодӣ» [Текст]/ Ҷ. Муқим.- Душанбе: Сино, 2000.- (С.11) 55 с.
9. Фаъоли узбакистонӣ: «Ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад»:/ ozodi.org. 2007-2014.- Режим доступа: http://www.ozodi.org/content/tajik-language-in-uzbekistan/26614656.html (Дата обращения: (01.10.2014).
10. Донишманди узбак: Ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад:/ ozodagon.com. 2011-2014.- Режим доступа: http://www.ozodagon.com/18296-donishmandi-uzbak-ba-zaboni-toik-maomi-davlat-doda-shavad.html (Дата обращения: 01.10.2014).
11. Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон:/ odob.tj. 2011-2014.- Режим доступа: http://odob.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=11%3A2011-11-22-04-27-08&catid=11%3A2011-11-22-04-16-30&Itemid=16&lang=tj (Дата обращения: 16.11.2014).
12. Фаъоли узбакистонӣ: «Ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад»:/ ozodi.org. 2007-2014.- Режим доступа: http://www.ozodi.org/content/tajik-language-in-uzbekistan/26614656.html (Дата обращения: (02.10.2014).
13. В Душанбе наградили лучшие фильмы фестиваля «Дидор»:/rus.ozodi.org. 2014.- Режим доступа: http://rus.ozodi.org/content/article/26647946.html (Дата обращения: 21.10.2014).
14. Синамобазми байналмилалии Дидор. Душанбе-2014. –Душанбе, 2014. –С. 146 (Каталог).
15. В Душанбе наградили лучшие фильмы фестиваля «Дидор»:/ toptj.com. 2001-2014 .- Режим доступа:http://www.toptj.com/News/2014/10/21/v_dushanbe_nagradili_luchshie_filmy_festivalya_didor (Дата обращения: 21.10.2014).
16. Қабули қонуни афв: Муаррифии Салимзода, нигаронии Амиршоева ва пешниҳоди Кабирӣ:/ ozodagon.com. 2011-2014.- Режим доступа: http://www.ozodagon.com/18603-abuli-onuni-afv-murrifii-salimzoda-nigaronii-amirshoeva-va-peshniodi-kabir.html (Дата обращения: 29.10.2014).
17. Қонуни афв қабул шуд:/ ozodi.org. 2007-2014. — Режим доступа: http://www.ozodi.org/content/tajik-parlt-to-approve-amnesty-law/26663695.html (Дата обращения: 29.10.2014).
18. Бунёди роҳ ба самти ғори Хоҷа Исҳоқ:/navid.tj. 2011-2014.-Режим доступа: http://navid.tj/society/?ELEMENT_ID=2255 (Дата обращения: 10.10.2014).
19. Даъвати вазири хориҷа аз СММ: Табадулоти давлатиро тағйири қудрат нашиносед:/ ozodagon.com. 2011-2014.- Режим доступа: http://www.ozodagon.com/18290-davati-vaziri-horia-az-smm-tabaduloti-davlatiro-tayiri-udrat-nashinosed.html (Дата обращения: 30.09.2014).
20. Сергей Лавров выступил на Генеральной Ассамблее ООН:/ vesti.ru. 2001-20014.- Режим доступа: http://www.vesti.ru/videos/show/vid/621477/cid/1/# (Дата обращения: 30.09.2014).
21. Қатли ваҳшиёнаи табиб аз ҷониби бемори рӯҳӣ дар Турсунзода:/ tojnews.org. 2009-2014.- Режим доступа: http://www.tojnews.org/qatli-mudiri-shuba-az-jonibi-bemori-ruhi-dar-tursunzoda (Дата обращения: 02.10.2014).
22. Пациент психбольницы в Турсунзаде убил врача:/ news.tj. 1997-2014. — Режим доступа: http://news.tj/ru/news/patsient-psikhbolnitsy-v-tursunzade-ubil-vracha (Дата обращения: 16.09.2014)
23. Число жертв при взрыве на АЗС в районе Рудаки достигло четырех:/ avesta.tj. 2003-2014.- Режим доступа: http://www.avesta.tj/sociaty/28913-chislo-zhertv-pri-vzryve-na-azs-v-rayone-rudaki-dostiglo-chetyreh.html (Дата обращения: 11.11.2014).
24. Аксу видео: Таркиши маргбори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ:/ ozodagon.com. 2011-2014. — Режим доступа: http://www.ozodagon.com/18731-aksu-video-tarkishi-margbori-nuktai-furushi-suzishvori-dar-noiyai-rudaki.html (Дата обращения: 09.11.2014).
25. Комрон Шехов — қурбонии 4-уми таркиш дар Зайнабобод (ВИДЕО):/ ozodi.org. 2007-2014.- Режим доступа: http://www.ozodi.org/content/number-of-victims-of-november-8-blast-in-rudaki-increased-to-four/26683334.html (Дата обращения: 10.11.2014).
26. Хуҷанд. Конфронси шуғли анъанавӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ баргузор шуд:/ faraj.tj.2011-2014.-Режим доступа: http://faraj.tj/news/6615-hu1207and-konfronsi-shu1171li-ananav1251-va-e1203ei-1203unar1203oi-mill1251-barguzor-shud.html (Дата обращения: 29.10.2014).
27. Посол Таджикистана провел в Исламабаде встречу с таджиками Пакистана:/news.tj. 1997-2014.– Режим доступа: http://news.tj/ru/node/195776 (Дата обращения: 30.09.2014).
28. Таджикский дипломат встретился с таджиками Пакистана:/ avesta.tj. 2003-2014.- Режим доступа: http://www.avesta.tj/goverment/28069-tadzhikskiy-diplomat-vstretilsya-s-tadzhikami-pakistana.html (Дата обращения: 30.09.2014).
29. Таджикистан намерен снизить зависимость от импортных минеральных удобрений:/ avesta.tj. 2014 .- Режим доступа: http://www.avesta.tj/business/28149-tadzhikistan-nameren-snizit-zavisimost-ot-importnyh-mineralnyh-udobreniy.html (Дата обращения: 02.10.2014).
30. Ошкор шудани ҷинояти “пурсарусадо”-и куштор ва сӯзондани зани 29-сола дар Ваҳдат:/ ozodagon.com. 2011-2014.- Режим доступа: http://www.ozodagon.com/18460-oshkori-inoyati-pursarusado-i-kushtor-va-szondani-zani-29-sola-dar-vadat.html (Дата обращения: 13.10.2014).
31. Маҳдудияти истифода аз барқ дар Тоҷикистон шуруъ мешавад:/ ozodi.org. 2007-2014. — Режим доступа: http://www.ozodi.org/archive/news/20140930/538/538.html?id=26613453 (Дата обращения: 30.09.2014).
32. Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон:/ odob.tj. 2009-2014.- Режим доступа: http://taj.nansmit.tj/tafsiri-meyor%D2%B3oi-axlo%D2%9Bii-faoliyati-zhurnalist%D3%A3-dar-to%D2%B7ikiston/ (Дата обращения: 10.10.2014).

Реклама

2 комментария

  1. Posted by Шогирд on Ноябрь 24, 2014 at 2:04 пп

    Ташаккур устод. Таҳлили воқеъбинона вале дарднок. Эродҳо кабул аст ва танбалии мо журналистони ҷавон низ ҷой дорад. Маслиҳатҳо амалӣ мешаванд…

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: