Шарҳи ҳаҷвӣ жанри нави матбуоти тоҷик


110222093722_uk_press_review_144
Ҷовид Муқим, профессори
кафедраи журналистикаи байналхалқӣ

Шарҳи ҳаҷвӣ як намуди жанрҳои ҳаҷвии публитсистӣ-бадеӣ буда, ба табсира ва фелетон пайвандӣ дорад. Он шарҳи гуногунмавзӯъ аст, ки аз факт бармеояд ва характери акси садоро дорад . Дар ҳамин ҳол шарҳи ҳачвӣ иртиботашро бо факт нигоҳ медорад, вале он асари мустақил аст. Вай ақидаи эҳсосӣ ва ҷузъӣ аст, ки эффекти муоширатро ба вуҷуд меорад. Шарҳи ҳаҷвӣ ин муҳокимаи камҳарфу мӯъҷази журналист ба ягон сухан ва рафтори сиёсатмадор ё мансабдор ва умуман чеҳраи шинохтаи ҷомеа аст. Агар шахси ҳаҷвшаванда чеҳраи шинос ба аудиторияи расона набошад, он ҳадафрас намешавад ва хонандагон ба он камтар таваҷҷуҳ мекунанд.
Матни мазкур падидаи навест дар матбуоти муосири тоҷик, агарчи матнҳои ба ин монанд, ки дар қолаби ҳаҷв эҷод мешуданд, дар матбуоти давраи шӯравӣ низ ба табъ мерасиданд. Вале он вақт матнҳои мазкур ҳамчун жанри алоҳида ташаккул наёфта буданд. Матнҳои мазкур дар қолаби луқма ё фелетон чоп мешуданд. Шарҳи ҳаҷвӣ аз табсира бо он фарқ мекунад, ки дар он ҳадафи муаллиф барои тамасхури ягон ҳолати шахс, ки таваҷҷуҳи ӯро ҷалб кардааст, ба таври барҷаста муайян аст. Муаллиф барои ифшои чеҳраи қаҳрамонаш аз санъатҳои бадеӣ аз қабили тамасхур, киноя, муболиға ва иғроқ истифода мекунад.
Муҳаққиқи рус А.А. Тертичний дар китоби худ «Жанрҳои матбуоти даврӣ» (2000) асосгузори ин гуна шарҳи ҳаҷвиро ҳафтаномаи «Аргументы и факты»-и Россия меномад. Аввалин шуда нашрияи мазкур таҳти рубрикаи «Зистпазирии афроди сиёсӣ» гуфтаҳои сиёсатмадорон, вакилони Думаи давлатӣ, президент, вазирон ва ашхоси маъруфро мавриди ҳаҷв қарор дод. Шарҳи ҳаҷвӣ ба суханони ашхоси шинохта бо як схемаи муайян сурат мегирад: аввал сухани қаҳрамон ва акси ӯ оварда мешавад ва сипас ба он муаллиф матни худро менависад. Масалан,
Г. Явлинский: « Дума рӯи хирсона дорад».
Аз он ки шумо осемасар аз ҳамон Дума гурехтед, бемории хирсона доред.
С. Говорухин: «Моро дар ҷаласаи Дума қариб ки таҷовуз карда буданд. Мо базӯр гурехтем».
Шумо гурехтед, Явлинский гурехт, Кириенко гурехт, Примаков гурехт… Кӣ кор мекунад? Путин?
Шарҳи ҳаҷвӣ ҳоло низ дар нашрияи «Аргументы и факты» ба табъ мерасад. Масалан, дар шумораи 49-уми соли 2013 нашрия мазкур шарҳи ҳаҷвӣ бо унвони «Канӣ валенкаҳои хориҷӣ?» чоп шудааст:
В. Мединский, вазири фарҳанг: «Ҷамъ кардани асарҳои санъат (ин ҷо сухан дар бораи таъсиси осорхонаи Фаберже меравад) бештар хуб аст аз ҷамъоварии футболистони хориҷӣ».
Бале, ин дуруст аст! Ҷанобон олигархон, тухми тиллоӣ доштан аз пои тиллоӣ доштан беҳтар аст!
В. Юрченко, губернатори вилояти Новосибирск: «Сармоягузорон аз дигар минтақаҳои мамлакат ва аз хориҷа бигзор аз сармо натарсанд- ба ҳама валенки мерасад».
Барои чунин чорабинии инноватсионӣ ба мисли анҷумани «Технопром-2013», ки дар борааш сухан меравад, бояд пойафзоли зимистона низ мувофиқ бошад — валенкии хориҷӣ! Беҳтараш бо рӯпӯши иннонановаленӣ.
Дар ҳафтаномаи «Аргументы и факты» муаллифони шарҳи ҳаҷвӣ номбар мешаванд. Масалан, муаллифи ин шарҳҳо С. Репов ва А Фуфарин мебошанд. Вале дар нашрияҳои Тоҷикистон шояд аз нигоҳи амниятӣ бошад, номи воқеии муаллифон ё номи мустаори онҳо оварда намешавад. Вале маълум аст, ки шарҳи ҳаҷвиро худи сармуҳаррир ё ягон нафари масъули редаксия менависад.
Рушди ВАО ва оммавӣ гардидани суханронии сиёсатмадорону мансабдорон ба ташаккули шарҳи ҳаҷвӣ мусоидат намуд. Пайдоиши шарҳи ҳаҷвӣ ба гуфтаҳои ашхоси шинохта сараввал дар матбуоти муосири рус пайдо шуд ва аз он ба матбуоти хусусии Тоҷикистон кӯчид.
Шарҳи ҳаҷвӣ асосан пас аз фаъолият ё сухани ноҷои сиёсатмадорон, мансабдорон ва ашхоси маъруфи ҷомеа дар мавзӯъҳои муҳим навишта мешавад. Албатта, шарҳи журналистӣ, ки мавзӯъҳои доғи ҷомеаро фаро мегирад, барои хонандаҳо ҷолиб аст. Шарҳи ҳаҷвие, ки имрӯз дар матбуоти тоҷик ба назар мерасад, асосан аз як ё ду ҷумла иборат аст, вале ҳамин кӯтоҳбаёнӣ онро ҷолибу ҳадафрас кардааст. Масалан, ҳафтаномаи «Фараж» чунин шарҳҳои ҳаҷвиро чоп кардааст:
Амният Абдуназаров, муовини раиси ҲСДТ:
-Баъзан аз тариқи радиову телевизионҳои Тоҷикистон ба мардуми ӯзбек суханони пасту баланд гуфта мешавад, ки ин метавонад муносибатҳоро сардтар кунад.
Нигаронӣ: Эҳтиёт Амният-ака! Овозаи ҷосуси Ӯзбекистон будани Зоировро исбот карданиед, чӣ бало?
Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии ҶТ:
-Чунин овозаҳо зиёданд, ки сафири Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои аврупоӣ таъин мешавам. Ин хабарро на тасдиқ ва на рад мекунам. Ҳоло бояд истироҳат кунам.
Танз: Бале, истироҳат кунед. Бе ин ҳам пеш низ ягон хабарро на тасдиқ ва на рад намекардед.
Шарҳи ҳаҷвӣ, ки ҳадафаш тамасхур ва мазаммати аслан мансабдорон аст, асосан дар матбуоти хусусии Тоҷикистон чоп мешавад. Шарҳҳои ҳаҷвӣ ҳар ҳафта дар нашрияҳои «Нигоҳ» ва «Фараж» ба табъ мерасанд. Баъзан рӯзномаи русии «Asia-Plus» низ шарҳи ҳаҷвӣ чоп мекунад. Масалан, 30 январи соли 2014 таҳти рубрикаи «Факты и комментарии недели» 4 шарҳи ҳаҷвӣ чоп шудааст. Аз ин 2 шарҳ ба суханронии вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков ва муовини аввали ӯ Маҳмадсаид Пиров дар нишасти матбуотии вазорат бахшида шудаанд. Дар шарҳи аввал, ки «На шарму на виҷдон» ном дорад, сухани М. Пиров, ки оид ба Бишкек муҳоҷират кардани коргардон Барзу Абдураззоқов меравад, писханд шудааст.
Дар шарҳи ҳаҷвии «Вазорати фарҳанг зери зарба!» гуфтаҳои Ш. Орумбеков дар бораи мусиқии рок ва рэп мавриди интиқоди ҳаҷвӣ қарор гирифтааст.
Нашрияи «Asia-Plus» 6 феврали соли 2014 низ 4 шарҳи ҳаҷвӣ чоп кардааст, ки дар онҳо Рустам Абдуллоев, собиқ директории Ширкати IRS, Гавҳар Шаропова, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, Амонулло Ҳукуматулло, собиқ раиси Ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ҳуҷуми занон ба офиси ҲСДТ мавриди тамасхур қарор гирифтаанд.
Шарҳи ҳаҷвӣ дар рӯзномаҳо ҷои хоси худро дорад. Масалан, шарҳи ҳаҷвӣ дар рӯзномаи «Asia-Plus» дар саҳифаи А 4 таҳти рубрикаи «Факты и комментарии недели», дар ҳафтаномаи «Фараж» дар саҳифаи 2 бо рубрикаи «Гуфтед? Мегӯянд!», дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар саҳифаи охирони нашрия-16 таҳти рубрикаи «Мангар, ки кӣ мегӯяд…» чоп мешавад. Аксаран рӯзномаҳо дар шарҳи ҳаҷвӣ акси қаҳрамони матнро меоранд, ки ин онро муассиртар мекунад. Вале дар сурати дастрас набудани акс шарҳи ҳаҷвӣ бе сурат низ чоп мешавад.
Шарҳи ҳаҷвӣ фаъолияти мансабдоронро бо қалами ҳаҷв мазаммат карда, онҳоро пеши мардум масхара менамояд. Масалан, рӯзномаи «Фараж» дар матни зер 1 октябри соли 2013 тамдид кардани Маҷлиси намояндагон шартномаи будубоши двизияи 201-уми Русияро дар Тоҷикистон то соли 2042 интиқод кардааст.
Саттор Холов, вакили порлумон:
— Мо метавонем, сарҳади худро ҳимоя кунем ва ягон намуди гурӯҳҳои ифротгароро ба Тоҷикистон роҳ надиҳем. Мо эҳтиёҷ ба касе надорем.
Нешханд: Ҳаҳаҳаҳ, анна инро патриотизм мегӯянд! Офарин бобо! Агар ба ин андешаед, ки ба касе эҳтиёҷ надорем, чаро дар мавриди будубоши пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон зид овоз надодед?
Дар шарҳи ҳаҷвии дигар, ки дар ҳамин шумора чоп шудааст, бо роҳи ғайриқонунӣ сарват ҷамъ кардани баъзе ашхос мазаммат мешавад:
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо:
-Агар сарватмандон миллиарду триллиард ҷамъ накунанд ё кунанду закоти молро ба фақирон диҳанд, ҳеҷ камбизоате аз нодорӣ танқисӣ намекашад.
Сано: Зиҳӣ, домулло Абдуқодирзода! Ахиран шумо ҳам аз сарватмандон интиқод кардед. Рост, бигзор ба камбизоатон надиҳанд, вале бо ҳар роҳ ҷамъ накунанд.
Шарҳи ҳаҷвӣ ба луқма наздикӣ дошта, аз он бо кӯтоҳбаёнӣ ва ҳадафрас будани сухан фарқ мекунад. Масалан, ҳафтаномаи «Нигоҳ» бо «тағобозӣ» шомили макотиби олии кишвар шудани довталабонро интиқод мекунад:
Убайдулло ҚУРБОНОВ, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон:
— Ба қуръон қасам, ки ба ягон довталаб пешакӣ маслиҳат намекунем.
— Накунед, зинҳор! Ба тобеонатон ҳам гӯед, ки онҳо накунанд. Бо ин бачачаҳо маслиҳат кардан чӣ лозим?! Бо падару «тағо»-ҳояшон маслиҳат пазад, шудан мегирад .
Шарҳи ҳаҷвӣ аз рӯи ҳадаф ба фелетон пайвандӣ дорад. Ҳадафи шарҳи ҳаҷвӣ низ тамасхур кардани камбудиҳои шахс, айбу хатои ӯ мебошад. Дар шарҳи ҳаҷвӣ камбудиҳои шахс тавассути тамасхуру киноя гуфта мешавад. Дар фелетон бошад, типикунонии ҳаҷвӣ истифода мешавад. Яъне, дар фелетон муаллиф на танҳо як ҳодисаи нотакрор, балки ҳолатҳое, ки характери оммавӣ гирифтаанд, мазаммат мекунад.
Предмети таваҷҷуҳи муаллифи шарҳи ҳаҷвӣ на танҳо ҳодисаву ҳолатҳои гуногун ва рафтори қаҳрамон, балки падидаҳои иттилоотӣ низ буда метавонад. Масалан, суханронӣ, баёния ё изҳороти ягон мансабдор барои шарҳнависӣ айни муддаост. Масалан, ҳафтаномаи «Фараж» номивазкунии мансабдорони ҳукуматиро чунин мазаммат мекунад:
Қосимҷон Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон:
— Авлоди мо қадима аст ва ба ман номи бобоямро гузоштаанд. Ҳоло ҳуҷҷатҳоямро барои дигар кардани насабам ба сохтори дахлдор пешниҳод намудам. Баъди баррасии он ному насаби ман чунин хоҳад буд: Қосими Роҳбар.
Луқма: Эҳ, шумо доно, мӯҳтарам вазир! Бо ҳамин васила мехоҳед ному насабатон баландтару бурротар садо диҳад-а? Қосими Роҳбар! Аммо, истед, ки дар як кишвар як роҳбар кифоя нест?
Ҳамин баёнияи вазирро ҳафтаномаи «Нигоҳ» ба тарзи дигар ҳаҷв кардааст:
Қосимҷон Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон:
-Авлоди мо қадима аст ва ба ман номи бобоямро гузоштаанд. Ҳоло ҳуҷҷатҳоямро барои дигар кардани насабам ба сохтори дахлдор пешниҳод намудам. Минбаъд ному насаби ман Қосими Роҳбар хоҳад буд.
— Ками камаш авлоди шумо 800-900-сола-да, домулло. Лекин ин дигар ба шумо фоида надорад. Ҳатто агар ному насабатонро Қосим Роҳбари Аъзам ҳам гузоред .
Бояд гуфт, ки баъзан дар шарҳи ҳаҷвӣ қаҳрамонон бо суханони духӯра мавриди таҳқир қарор мегиранд. Масалан, дар ин шарҳи ҳаҷвии газетаи «Нигоҳ» амали номбурда мушоҳида мешавад:
Шабнами Сурайё, сароянда:
— Хароҷотамонро агар ҳисоб кунем, дар сарамон мӯй намемонад, вале зихнагӣ намекунем.
— Шабнами ҷун, дилкушодии шумо то Дубайю Ню-Йорка маълум аст. То пойҳо кор мекунанд, шиори «Санъат аз они халқ аст»-ро аз даст надиҳед .
Солҳои охир дар Тоҷикистон худкушӣ зиёд шудааст, ки аксараш ба вазъи ноҷӯри иқтисодӣ иртибот мегирад. Вале инро мансабдорон нодида мегиранд. Масалан, Валӣ Ашӯров, раиси ноҳияи Носири Хусрав дар ин бора чунин гуфтааст:
— Рости гап, ҳеҷ сабаби даст ба худкушӣ задани ин шахсонро намефаҳмам. Бубинед, ки як нафар арақ нӯшида, даст ба худкушӣ задааст, дигаре ба боғ мераваду худро меовезад.
— Бобои Валӣ, агар аз таҳти дил онҳоро фаҳмидан хоҳед, ҷойи коратонро партофта, шаш моҳ ба очаи бачаҳо пул наореду се моҳ фарзандонатон пиёба хӯрда, бо сабаби бепойафзол будан ба мактаб нараванд, ана баъд дар таги ягон сафедор ба худ, ки омадед, мардуми бечораи тоҷикро мефаҳмед .
Баъзан мансабдорон сухан носанҷида мегӯянд ва бо ин мавриди мазаммат қарор мегиранд. Дар шарҳи зер ҳафтаномаи «Нигоҳ» аз фурсат истифода карда, солҳои тӯлонӣ дар вазифа мондани мансабдоронро интиқод мекунад:
Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон:
— Касе мегӯяд, ки дар як ё 10 сол маорифро пешрафта мекунам, хато мекунад. Вақти зиёд даркор аст.
— Дар 10-12 сол, ки мешуд, шумо ба ҳайси муовини вазири маориф мекардед. Ба президент гӯед, ки дар 7-10 сол ҳич кор намешавад, аз ин рӯ шуморо барои 20 сол президенти Академия монад. Ҳар чӣ зудтар гӯед, ба вай кас ин хелак гапҳо ҷудоям маъқул-де!
Шарҳи ҳаҷвӣ дар матбуоти тоҷик жанри нав бошад ҳам, аллакай мавқеи хосаи худро пайдо кардааст. Зеро тавассути он журналистон баъзе суханонро, ки наметавон ошкор гуфт, дар ҳошияи гуфтаҳои мансабдорон изҳор медоранд. Аз ҷониби дигар, шарҳи ҳаҷвӣ бо ҷолибияти худ, ҳадафрас будани матн доираи хонандагони рӯзномаро зиёд мекунад.

Реклама

2 комментария

  1. Posted by Shukufa on Апрель 26, 2014 at 1:03 пп

    The best idea

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: