Сухан барои дигарон гӯянд


Gazeti
(Баррасии маводи публитсистии як соли ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»)

Ҷовид Муқим,
доктори улуми филология,
профессор

Публитсистика гуфта, як намуди асарҳоро меноманд, ки ба проблемаҳои муҳим ва ҳодисаҳои ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа бахшида шудаанд. Публитсистика ҳамчун воситаи баёни гуногунандешии ақидаи ҷомеа оид ба проблемаҳои доғи рӯз нақши муҳими сиёсӣ ва идеологӣ дорад. Ҳадафи публитсистика тавассути ВАО, филмҳои ҳуҷҷатӣ, маводи чопӣ ва суханварӣ таъсир расонидан ба ҷомеа аст. Таъсири мазкур на танҳо ба тафаккур, балки ба эҳсосоти аудитория низ равона шудааст. Маводи публитсистӣ тавассути ин таъсиррасонӣ ва боваркунонӣ мавқеи аудиторияро ташаккул медиҳад, онро ба таҳрики ягон амал меорад ва барои ҷалби таваҷҷуҳ ба ягон масъалаи муҳим иттилоъ мерасонад. Бинобар ин публитсистика проблемаҳои доғи рӯзро, ки ҳалли онҳо барои ҷомеа муҳиманд, фаро мегирад.
Публитсистикаи бадеӣ — ин гурӯҳи жанрҳоест, ки дар он унсурҳои адабӣ ва воқеияти зиндагӣ ба ҳам омадаанд. Яъне, дар ин гуна асарҳо тахайюлоти бадеӣ аз доираи воқеияти зиндагӣ берун намераванд.
Ба гурӯҳи жанрҳои публитсистӣ-бадеӣ дар матбуот лавҳа, эссе, очерк ва жанрҳои ҳаҷвии фелетон, памфлет, луқма, латифа, тамсил, шарҳи ҳаҷвӣ, пародия, шарж, карикатура ва эпиграмма дохил мешаванд.
Аз рӯи гурӯҳбандии мазкур мо маводи дар соли 2013 чопкардаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-ро мавриди баррасӣ қарор додем. Мо сараввал ба маводе таваҷҷуҳ кардем, ки зери рубрикаи «публитсистика» ба табъ расидаанд. Бояд гуфт, ки дар журналистика бо номи публитсистика жанри алоҳидае вуҷуд надорад ва ҳар маводе, ки дар қолаби жанрҳои дигар эҷод мешавад ва аҳамияти зиёде барои ҷомеа дорад, метавонад чун маводи публитсистӣ номгузорӣ шавад.
Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» қариб дар ҳар шумораи худ зери рубрикаи «публитсистика» мавод чоп мекунад.
Масалан, 9-уми майи соли 2013 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба ифтихори Рӯзи ғалаба зери рубрикаи «публитсистика» маводи Саидмурод Искандарӣ «Фарзанди ҷоннисори Ватан» ба табъ расидааст, ки аз ҳаёти иштирокчии ҶБВ, сокини деҳаи Обидараи Чунгаки шаҳри Ваҳдат Юнус Юсуфов нақл мекунад. Дар маводи мазкур аслан корнамоиҳои ҷангии сарбоз ва ҳаёти минбаъдаи ӯ ба қалам дода шудааст. Юнус Юсуфов баъди ҶБВ мактаби миёна ва Донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм карда, 40 сол директори мактаб буд.
Бояд зикр кард, ки баъзан дар чунин мавод пургӯӣ ба назар мерасад. Масалан, дар маводи зикршуда вақте сухан дар бораи оилаи Ю. Юсуфов меравад, муаллиф чунин мегуяд: «Амаки Юнус дар зиндагонии якҷоя бо апаи Бӯригул (рӯҳаш шод бод) соҳиби 10 нафар фарзанд шуданд: Раъно, Сулаймон, Неъматулло, Ҷамшед, Анвар, Марям, Ҳуснигул, Нағзигул, Гулнигор, Қумригул. Ҳар кадоми эшон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заҳмат мекашанд. Сулаймон – номзади илми математика, айни замон мудири кафедраи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, буда, даҳҳо мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ нашр кардааст». Ба назари ин ҷониб, дар бораи он ки Сулаймон номзади илм асту мақолаву рисолаҳои илмӣ дорад, навиштан ҳоҷат нест. Агар муаллиф дар бораи фарзандони Ю. Юсупов маълумот доданӣ бошад, пас мантиқан бояд дар бораи ҳамаи онҳо сухан мегуфт. Аслан, ки сухан дар бораи корнамоии ҷангии сарбоз меравад, чунин маълумот зиёдатист. Агар маводи мазкур очерки портретӣ мебуд, он вақт барои кушодани симои қаҳрамон маълумоти бештар додан зарур мешуд.
Афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ, бе тарбияи волидон мондани фарзандон аз проблемаҳои доғи ҷомеа маҳсуб мешаванд. Дар шумораи 31 январи соли 2013 андешаҳои рӯзноманигор Ҳамроҳи Авлиёпур оид ба тарбияи кӯдак бо унвони «Оинаи ростнаморо каҷ нагардонем!» ба табъ расидааст. Муаллиф ба мавзӯи хеле доғи ҷомеа дахл карда, масъалагузорӣ мекунад, ки бояд волидон нигоҳашонро ба тарбияи фарзандон дигар кунанд. Барои он ки фарзанди боодобу доно тарбия кунем, моро тафаккури тоза ва нигоҳи эҷодкорона мебояд, мегӯяд муаллиф.
Дар шумораи 14-уми марти соли 2013 маводи Раҷаб Мардон бо номи «Математики унвонҷӯй номзади илми биология» таҳти рубрикаи «публитсистика» ба табъ расидааст. Муаллиф дар маводи мазкур аз фаъолияти илмии дастпарвари факултаи математикаи ДМТ Сироҷиддин Бақоев, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба шаҳри Ростови лаби Дони Федератсияи Русия кӯч баста, дар Донишгоҳи аграрии Ростов ба кор даромад, нақл мекунад. Ӯ дар мавзӯи «Устувории қабатҳои ҳосилхези заминҳои Дони Поён ба заҳролудшавии металлҳои вазнин» рисолаи номзадӣ дифоъ карда, номзади илмҳои биология шудааст.
Раҷаби Мардон яке аз очеркнависони чирадасти муосир буда, навиштаҳояш табиӣ ва хонданианд. Агар муаллиф аз маводи мазкур очерки портретӣ ва ё проблемавӣ месохт, таъсирнокии он ба чандон меафзуд, зеро имрӯз проблемаи Тоҷикистонро тарк кардани кадрҳои болаёқат ҳаст. Аз ҷониби дигар, тоҷикони муҳоҷир танҳо аробакашу ҳаммол набуда, дар байни онҳо ҳастанд нафароне, ки бо талошу заҳмати худ дар ҷомеаҳои Русия обрӯву мартабаи баландро соҳиб шудаанд.
4-уми апрели соли 2013 зери рубрикаи «публитсистика» хотираи яке аз таҳиягарони вақти барномаи «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар»-и Радиои Тоҷикистон Сафаралӣ Нозимов бо номи «Нидои сулҳофарин» ба табъ расидааст. Муаллиф дар ин маводи худ дар бораи 20 сол қабл шурӯъ шудани таҳияи барномаи вижа барои паноҳандагони тоҷик дар Афғонистон ва нақши он дар баргардондани онҳо ба Ватан нақл мекунад. Бояд гуфт, ки дар мавзӯи мазкур даҳҳо мақолаҳо ва китоби муштараки Раҷаб Амонову Сафаралӣ Нозимов низ ба табъ расидааст.
Дар шумораи 11–уми апрели соли 2013 зери рубрикаи «публитсистика» маводи Ҳасан Юсуфи Файзбахш «Карим Девона, ман ва ҳамдеҳагонам» ба табъ расидааст. Муаллиф дар бораи мақоми сурудҳои шоири халқӣ Карим Девона дар ҳаёти маънавии ҳамдеҳагонаш ва ҳаёти шахсии худ нақл карда, мегӯяд, ки имсол ба таваллуди шоир 135 сол мешавад. Муаллиф ёдовар мешавад, ки дар омодагиҳо ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор «…Карим Девона низ фаромӯш нахоҳад гашт, зеро … бештари ҳаёту фаъолияти ин шоири адолатпарвар маҳз дар Ҳисори қадим гузаштааст…». Магар 100 сол қаблро метавон қадим гуфт?
20-уми июни соли 2013 дар ҳафтанома зери рубрикаи «публитсистика» маводи Раҷабалӣ Аҳмад бо номи «Сайри диёри бостонӣ» бахшида ба 3000-солагии Ҳисор чоп шудааст. Дар ин мавод муаллиф дар бораи ҳаёти халифаи шаҳид – Халифа Холмуҳаммад нақл мекунад. Бояд гуфт, ки 12 феврали соли 2014 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» маводи Амир Сайид Мункӣ бо номи «Мавлоно Холмуҳаммади Хатлонӣ» зери рубрикаи «Ба истиқболи 3000-солагии Ҳисор» чоп шудааст. Ин ҳар ду мавод дар бораи як нафар навишта шуда бошад ҳам, Раҷабалӣ Аҳмад кушта шудани Халифа Холмуҳаммадро бо тафсил ба қалам додааст. Раҷабалӣ Аҳмад аз очеркнависони соҳибзавқ аст. Агар ӯ дар бораи Халифа Холмуҳаммад очерки портретӣ менавишт, гумон мекунам, як асари пурарзиши хонданӣ ба вуҷуд меомад.
11-уми июли соли 2013 ҳафтанома маводи Ваҳҳоб Набиев, Аюб Усмонов ва Зафарҷон Қобиловро бо номи «Фарҳангпарвар» зери рубрикаи «публитсистика» ба табъ расонид, ки ба 100-солагии собиқ котиби аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов бахшида шудааст. Дар маводи мазкур аз хизмати Ҷ. Расулов дар рушди фарҳанги миллӣ сухан меравад.
Дар маркази очерки портретӣ шахсияти инсон, ҳаёти ӯ, талоши ӯ ба зиндагӣ ва ғаму нишоти ӯ меистад. Хонанда аз очеркҳои портретӣ бо чеҳраи шахсиятҳо шинос шуда, аз зиндагии ибратомӯзи онҳо беҳтарин хислатҳоро меомӯзад.
24-уми октябри соли 2013 ҳафтанома чанд порае аз очерки «Сарбози суханвар» -и Алӣ Бобоҷонро бо номи «Ҳафт маслиҳати Ҳоҷӣ Содиқ» дар ду саҳифа чоп кардааст. Аз ин чанд пораи очерки портретӣ симои наҷиби нависандаи ҳаҷвнигор Ҳоҷӣ Содиқ барои хонанда ҳувайдо мегардад. Қиссаи вохӯрии Ҳоҷӣ Содиқ бо кормандони рӯзномаи «Садои Конибодом» Музаффар Зулфиқоров ва Мақсуд Ҷӯра тобистони соли 1987-ум ва бо мототсикли дучарха ба Хоҷагии «Ленинград» сафар кардани ӯ аз самимият ва хоксориву фурутании нависанда нақл мекунад.
Дар очерк тахайюлот ба мисли дигар жанрҳои бадеӣ нақши камтаре дорад. Инъикоси воқеият асоси очерк буда, андешаронӣ дар асоси таҳлил ба вуҷуд омада, хулоса интиҳои мантиқии он аст.
Маводи рӯзноманигор Диловари Мирзо «Роҳи дуруст», ки дар шумораи 22-юми августи соли 2013 таҳти рубрикаи «публитсистика» чоп шудааст, аз ҳаёту фаъолияти ходими давлатӣ, собиқ раиси Комитети иҷроияи вилояти Ғарм Ғуломи Наим ва ҷияни ӯ Муҳаммаднаим нақл мекунад. Зиндагии Ғуломи Наим дар даврони шӯравӣ паси сар шудааст. Муҳаммаднаим бошад, имрӯз хоҷагии деҳқонӣ таъсис додааст ва барои ободии диёраш заҳмат мекашад. Навиштаи мазкур очерки портретӣ буда, ҳаёти амаку ҷиян дар ду давраи таърихӣ ба ҳам муқоиса шудаанд.
Матлаби Шаҳобиддини Ҳақназар «Раҳнаварде ба сӯи қуллаи мурод» 5-уми сентябри соли 2013 дар ҳафтанома ба табъ расидааст. Маводи мазкур аз фаъолияти коргардони кино Носир Саидов нақл мекунад. Маводи мазкур, ки чанд лаҳзаи ҳаёти қаҳрамонро нишон медиҳад, ба очерки портретӣ шабоҳат дорад, вале симои қаҳрамони он пурра ифшо нашудааст.
Дар очеркҳои сафарӣ нақши муаллиф хеле барҷаста буда, ӯ ноқили суҳбат аст. Хонанда аз дидгоҳи ӯ ба воқеаҳои тасвиршуда ошно мешавад. Агар нависанда воқеаро ҷолиб тасвир карда тавонад, навиштаи ӯ хонданӣ хоҳад буд. Тавре ки журналист ва нависанда Ҳоҷӣ Содиқ дар вохӯрӣ бо иштирокчиёни Курс-конференсияи адибони навқалам тирамоҳи соли 1975-ум гуфтааст: «…То сухани нависанда аз дил набарояд, ба дил роҳ намеёбад».
12-уми декабри соли 2013 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» очерки сафарии рӯзноманигор Сироншоҳи Диловар бо унвони «Мурғоб он қадар дур нест» чоп шудааст. Муаллиф дар маводи мазкур таассуроташро аз сафар ба ноҳияи Мурғоб ба қалам додааст. Дар матлаби мазкур баъзан иштибоҳ ба назар мерасад. Масалан, муаллиф менависад, ки «Дар чойхона-ошхонаҳои сарироҳӣ аз Аличур сар карда, то Қарокӯлу гузаргоҳи Қулма ронандагону мусофирон, сайёҳони хориҷиро дар баробари гӯшти гӯсфанду қутос бо моҳӣ низ зиёфат мекунанд». Албатта, зиёфат бепул аст, вале дар ошхонаҳо ғизо ройгон нест.
Яке аз усулҳои самараноки сохтори очерк тарзи баёни муаллиф аст, ки ба таври андеша сурат мегирад. Ӯ дар бораи проблемаи мавриди баррасии очерк андешаҳои худро дар асоси факту далел иброз медорад.
Дар очерки «Мурғоб он қадар дур нест» муқоисаҳои нодуруст зиёд аст. Аз ҷумла, муаллиф мегӯяд: «Дар ин рӯзҳое, ки қимати гӯшт дар бозорҳои дигари кишвар аз 28 то 35 сомонӣ мебошад, дар бозори «Сари кол» нархи гӯшти қутос 19-21 сомонӣ ва бузу гӯсфанд 22 сомониро ташкил медиҳад». Дар ҳамин ҳол муаллиф аз меваю сабзавот ном бурда намегӯяд, ки нархи ин мавод ин ҷо чӣ қимат дорад? Албатта, дар Мурғоб меваю сабзавот ва дигар анвои хӯрданӣ аз нархи бозорҳои дигар минтақаҳои кишвар гаронтаранд.
Бояд гуфт, ки маводи мазкур аз очерки сафарӣ дида, ба мақолаи таблиғотӣ бештар шабоҳат дорад.
Қобили зикр аст, ки дар очеркҳои чопкардаи ҳафтанома проблемагузорӣ кам ба назар мерасад, мубоҳисаи қаҳрамонон ва конфликт вуҷуд надорад. Ҳол он ки проблема бо қаҳрамонони очеркҳо вобастагии мустақим дорад. Агар дар очеркҳо ҳалли проблема бевосита аз ҷониби қаҳрамонон сурат гирад, онҳо муассиру хонданбоб мешаванд.

Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» зери рубрикаи «сафарнома» низ маводи публитсистиро ба табъ мерасонад.
Дар шумораи 10-уми январи соли 2013-уми «Адабиёт ва санъат» сафарномаи Шералӣ Мӯсо «Нури ишқ» оид ба ифтитоҳи ағбаи «Шаҳристон» чоп шудааст. Муаллиф дар сафарнома эҳсососоти худро аз ин маърака, ки дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст, баён намудааст.
Сафарномаи омӯзгор Хайруллоҳи Раҳим бо номи «Зиёрати қадамҷои Пушкин» 14-уми феврали соли 2013 ба табъ расидааст. Хайруллоҳи Раҳим ба Русия ба хонаи писараш сафар карда, мефаҳмад, ки қадамҷои шоири шаҳири рус – ноҳияи Пушкиногорски вилояти Псков дар наздикиҳо ҷойгир аст. Ӯ 110 километр роҳро тай карда, ба мамнӯъгоҳи Михайловск меояд ва дар дайри Святогорск мазори шоирро зиёрат мекунад. Дар сафарномаи мазкур маълумоти зиёди пурарзиш оид ба хешовандони А. С. Пушкин, деҳаи бобоиаш Михайловск, ки дар Псков ҷойгир аст, оварда шудааст. Сафарномаи мазкур ҷолибу хонданӣ аст.
30-юми майи соли 2013, баъди беш аз се моҳ идомаи сафарномаи Хайруллоҳи Раҳим бо номи «Зиёрати қадамҷои А. С. Пушкин» чоп шудааст. Дар зерсарлавҳа таъкид мешавад, ки ин охири матлаб аст ва аввалаш дар шумораи №7-и «Адабиёт ва санъат», 14. 02. 2013 ба табъ расидааст. Бояд гуфт, ки дар шумораи 14 феврал мавод бо номи «Зиёрати қадамҷои Пушкин» ва зери рубрикаи «раҳоварди сафар» чоп шудааст. Аз чӣ бошад, ки идомаи мавод бо иловаи ҳарфи аввали номи шоир ва номи падари ӯ, яъне «Зиёрати қадамҷои А. С. Пушкин» ва рубрикаи «сафарнома» чоп шудааст. Матлаби мазкур дар арафаи Рӯзи назми Пушкин (2 июн) чоп шуда, дар бораи сафари муаллиф ба осорхонаи Пушкин нақл мекунад.
Сафарномаи рӯзноманигор Шералӣ Мустафоқулов «Лаҳзаҳои фаромӯшношуданӣ» (14 ноябри соли 2013) аз нахустин сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мурғоб дар моҳи июни соли 1995 нақл мекунад. Муаллиф лаҳзаҳои сафари президентро ба ноҳияи мазкур, ба вижа таваққуфи иҷбории чархбол дар деҳаи Аличур ва аз он ҷо тавассути «Нива»-и кӯҳна ва оинашикаста ба маркази ноҳия равон шудани Эмомалӣ Раҳмонро ба қалам додааст. Махсусан, лаҳзаи гаҳвораи кӯдаки соҳиби хонаро дар деҳаи Аличур ҷунбондани Президент хеле самимӣ аст. Дар сафарномаи мазкур симои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоксору одӣ ва инсондӯст тасвир ёфтааст. Муаллиф дар ин матлаб бе ягон тамаллуқ ва пургӯӣ симои сардори давлатро дар сафар ба қалам додааст.
Воқеан ҳам, дар сафарномаҳо муаллифон бояд чизи ҷолибу навро нависанд, то ки он барои хонанда мароқовар бошад.
Мутаассифона, имрӯз дар сафарномаҳо пургӯӣ ва қисса кардани ҳодисаҳое, ки дар бораи онҳо хонанда аллакай иттилоъ дорад, зиёд ба назар мерасад.

Эссе жанрест, ки аз як тараф ба очерк ва аз ҷониби дигар ба мақола наздикӣ дорад. Вай ҳаҷман чун очерк калон набуда, аз рӯи композитсияи озод навишта мешавад. Дар эссе бештар таассуроту андешаҳои муаллиф инъикос гардида, он ҳадафи баррасии пурраи мавзӯъро надорад.
Соли 2013 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» зери рубрикаи «эссе» ҳамагӣ як мавод ба табъ расидааст, ки он ҳам ба қалами нависанда Додохони Эгамзод тааллуқ дорад. Эссеи «Шод бошу дер зӣ, эй дӯст» (28-уми ноябри соли 2013) аз ҳаёт ва фаъолияти сарвари бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматҷон нақл мекунад. Муаллиф дар ин нигоштааш саҳми Аҳмадҷони Раҳматҷонро дар дастгирии нависандагони вилоят ва чопи китобҳои онҳо номбар кардааст.

Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» зери рубрикаҳои «ёднома», «зикри хайр» ва «ҷашннома» низ баъзан маводи публитсистӣ ба табъ мерасонад.
Дар шумораи якуми соли 2013-и ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (3 январи 2013) таҳти рубрикаи «зикри хайр» ёдномаи Эҳсон Субҳон бо унвони «Бақои умр» оид ба ҳаёту фаъолияти шоири шодравон Сармад (Гадобой Ӯзбеков) ба табъ расидааст. Муаллиф, ки Сармадро аз давраи донишҷӯиаш дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент мешиносад ва баъдан дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» онҳо ҳамкор буданд, дар бораи шоир хеле самимӣ ҳарф мезанад ва симои ӯро барои хонанда муаррифӣ мекунад. «Солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми қарни гузашта ҷавонҳои ҳушёр домони “мушкилосонкунон’’-ро сахт медоштанду ба ҳеҷ ваҷҳ сар намедоданд. Китобҳояшонро чоп мекарданду узви Иттифоқи нависандагон мешуданд ва унвону мукофот мегирифтанд. Сармад ин рафторро пастӣ мешумурд»,- мегӯяд Эҳсони Субҳон.
Дар шумораи 4 –уми апрели соли 2013 ёдномаи Абдухолиқи Набавӣ бахшида ба 90-солагии нависанда Ҳилолиён Аскар чоп шудааст. Муаллиф дар ин мавод аз ҳаёт ва фаъолияти нависандаи муҳоҷир, ки аз Эрон ба Тоҷикистон омада, муқими шаҳри Хуҷанд шудааст, нақл мекунад.
18 июли соли 2013 дар ҳафтанома ёдномаи Кароматуллоҳи Мирзо «Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ: «Ҳастем, ҳоло ҳам ҳастем» чоп шудааст, ки хеле табиӣ ва хонданӣ аст. Муаллиф хотираҳои худро дар бораи шодравон Муҳаммадҷон Шакурӣ ва хотираҳои ҷолиби ӯро ба қалам кашидааст. Махсусан, қиссаи шиносоии М. Шакурӣ бо ронандаи троллейбус Ашӯралӣ, ки боиси пайдоиши ибораи «Ҳоло ҳам ҳастем» шудааст, мароқангез аст. Устод Шакурӣ дар ҷавонӣ бо ронандаи троллейбус, ки бо он ҳар рӯз ба Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба кор рафта, меомаданд, шинос мешаванд. Бо гузашти айём, манзили зист ва ҷои кори М. Шакурӣ дигар мешавад ва он кас чандин сол Ашӯралиро намебинанд. Рӯзе тасодуфан М. Шакурӣ ронанда Ашӯралиро сари чамбараки троллейбус мебинанд ва онҳо якдигарро мешиносанд: —Шумо ҳоло ҳам ҳастед?- ронанда даст дароз мекунад.
Хотираи Абдулҳамиди Самад «Чеҳраи дурахшон», ки таҳти рубрикаи «зикри хайр» 25-уми июли соли 2013 дар ҳафтанома чоп шудааст, низ хеле самимӣ аст. Муаллиф хотироти худро аз лаҳзаҳои ҷолиби вохӯриаш бо нависанда Ҳоҷӣ Содиқ ба хонанда нақл мекунад. Махсусан, хотираи оши ҳарифона хӯрдани журналистон ва аёдати Ҳоҷӣ Содиқ дар Хуҷанд ва сафар ба Конибодом хеле ҷолиб аст.
Бояд зикр кард, ки қариб дар ҳар шумораи ҳафтанома ёднома чоп мешавад. Вале дар ҳамин ҳол дар онҳо баъзан пургӯӣ ба назар мерасад ва на ҳар чизе, ки муаллифон менависанд, барои хонандаҳо ҷолиб аст.
Ногуфта намонад, ки баъзан дар навиштаҳои муаллифони ғайриштатӣ иштибоҳ ба назар мерасад, ки ҳусни маводро коҳиш медиҳад. Масалан, дар ёдномаи Искандар Мирзоев «Сарвари мушфиқу ғамхор» (9 майи соли 2013), ки аз фаъолияти собиқ раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ (1977-1988) Ғоиб Қаландаров нақл мекунад, омадааст, ки ӯ «…нахустмуҳаррири рӯзномаи «Сталинобод» (имрӯз «Паёми Душанбе» мебошад». Ин гуфта иштибоҳи маҳз аст, зеро рӯзномаи «Паёми Душанбе» соли 1989 таъсис ёфта, аз якуми январи соли 1990 чоп мешавад ва он идомаи нашрияи «Сталинобод» нест. Ҳамчунин муҳаррири нахустини рӯзномаи «Паёми Душанбе» Додохон Эгамов буд.

Фелетон ва памфлет аз жанрҳои асосӣ ва муборизи ҳаҷви публитсистӣ — бадеӣ маҳсуб мешаванд ва адибони мо дар давраи шӯравӣ ба ин жанрҳо таваҷҷуҳи хоса доштанд. Мутаассифона, солҳои охир ин жанр дар ВАО ва адабиёт фаромӯш шуда истодааст. Масалан, дар соли 2013 ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ягон фелетон ва памфлет чоп накардааст.
Имрӯз дар матбуоти тоҷик шарҳи ҳаҷвӣ рушд дорад. Рӯзномаҳои «Фараж», «Нигоҳ» дар ҳар шумораи худ шарҳи ҳаҷвӣ чоп мекунанд. Нашрияи «Asia-Plus» низ аксаран аз ин жанр истифода мебарад. Вале шарҳи ҳаҷвӣ дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» маъмул нест. Ҳамчунин соли гузашта дар ҳафтанома ягон луқма ва тамсил ба табъ нарасидааст. Дар ҳафтанома пародия, шарж ва эпиграмма низ хеле кам чоп мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, латифа ва карикатура аз жанрҳои серистеъмоли ҳаҷвии публитсистӣ- бадеӣ дар ҳафтанома мебошанд.

Аз баррасии маводи публитсистии боло ба чунин хулоса омадем, ки дар ҳафтанома маводи хонданбоби пурарзиш, ба вижа очерк хеле кам чоп мешавад.
Қобили зикр аст, ки нашрия ба мавзӯъҳои иҷтимоиву иқтисодӣ кам таваҷҷуҳ мекунад. Ҳол он ки адибон наметавонанд аз ин масоили мубрами ҷомеа дар канор бошанд. Аз ҷониби дигар, бо чопи мавод дар масоили иҷтимоиву иқтисодӣ теъдоди хонандаҳои ғайриҳирфаӣ зиёд мешавад.
Ногуфта намонад, ки нақши маводи публитсистӣ дар ташаккули афкори ҷомеа хеле зиёд аст. Бинобар ин барои минбаъд зиёд шудани публитсистикаи бадеӣ дар нашрия чунин пешниҳодҳо дорам:
1. Баланд бардоштани ҳаққи қалам;
2. Мусоидат ба очеркнависон барои сафари хидматӣ ва чопи маводи онҳо дар ҳафтанома;
3. Ба назари мо, барои чопи маводи гуногуни публитсистӣ саҳифаҳои ҳафтанома камӣ мекунад. Бинобар ин пешниҳод дорам, ки теъдоди саҳифаҳои нашрияи «Адабиёт ва санъат» аз 16 саҳифа ба 24 саҳифа ва баъдан ба 32 саҳифа расонида шавад. Гумон мекунам, ки маводи чоп пайдо мешавад. Штати кормандонро низ зиёд кардан лозим аст.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: