Сомонаҳои хабарии Тоҷикистон дар фазои иттилоотӣ


politic045-newsҶовид Муқим,
профессори кафедраи журналистикаи ДМТ

Аз рӯи маълумоти сомонаи http://www.toptj.com 666 сомона ба феҳристи сомонаҳои Тоҷикистон шомил шудаст, ки аз ин теъдод 49 сомона ба ВАО иртибот мегирад. Имрӯз аксари корхонаву ташкилот ва муассисаҳои чи хусусиву чи давлатӣ сомонаӣ худро таъсис додаанд, ки қисми зиёдашон характери корпоративӣ дошта, барои аудиторияи васеи ҷӯяндагони иттилои муҳиму саривақтӣ ва ҷолиб пешбинӣ нашудаанд. Аз ҷониби дигар, хабарҳои сомонаҳои корпоративӣ низ доимо нав намешаванд. Бинобар ин хонандаҳои онҳо кам аст.
Аз 49 сомонаи марбути ВАО низ аксарашон фаъол нестанд ва ё характери иттилоотӣ надоранд. Баъзе сомонаҳо, ки ба газетаҳо тааллуқ доранд, танҳо рӯзи чопи нашрия хабар ё маводи нав нашр мекунанд. Баъзе сомонаҳо бошанд, Бинобар набудани маблағ ва нерӯи корӣ иқтидори зарурӣ барои дарёфти хабари нав надоранд. Масалан, сомонаи http://www.navid.tj дар аввали таъсисёбиаш соли 2012 хеле фаъол буд. Вале ҳоло дар он баъзе рӯзҳо 1 ё 2 хабари нав гузошта мешавад. Сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии Рӯзгор( http://ruzgor.tj/) бошад, рӯзе як ё ду хабар пахш мекунад. Ҳамчунин вобаста ба Тоҷикистон сомонаҳои хориҷӣ, ки аслан дайҷестанд аз қабили http://www.toptj.com , «Независимое мнение» — http://nm.tj (ақидаи мустақил) ахбори зиёд чоп мекунанд. Вале онҳо худ мавод наменависанд. Аз ҷумла, сомонаи иттилоотии http://www.toptj.com лоиҳаи тиҷоратии Русия буда, ба проблемаҳои Тоҷикистон нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, ҳоло мо чанд сомонаеро баррасӣ мекунем, ки дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мавқеи муҳим дошта, воқеан ҳам, дар истеҳсол ва пахши ахбори нави маҳалливу хориҷӣ фаъоланд. Сомонаҳои мазкур аксаран ба оҷонсиҳои иттилоотӣ ва ё расонаҳо тааллуқ доранд.
Қобили зикр аст, ки дар фазои иттилоотии кишвар аввал расонаҳо ва оҷонсиҳои иттиллотӣ пайдо шуданд ва баъдан онҳо сомонаҳои худро барои пахши маводи худ таъсис доданд. Албатта, ин ҷо истисно он аст, ки сомонаи http://www.navid.tj (муассисаш гурӯҳи соҳибкорон) ба расонае тааллуқ надорад ва ё муассиси сомонаи ruzgor.tj Султони Ҳамад баъдан газетаи «Рӯзгор»-ро таъсис додааст.
Феълан сомонаҳои оҷонсиҳои иттилоотии АМИТ «Ховар», ОИ «Aзия плюс», ОИ «Авеста», ОИ ТojNews, ОИ «Озодагон», сомонаи расонаҳои Медиахолдинги «Оила» — http://www.pressa.tj ва сомонаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон — http://www.faraj.tj дар фазои иттилоотии кишвар мақоми хосае доранд.
Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар» (http://khovar.tj/)
оҷонсии марказии давлатии иттилоотии кишвар буда, соли 1925 ҳамчун Агентии телеграфии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТоҷикТА) дар таркиби ТАСС ба фаъолият шурӯъ кардааст. ТоҷикТА 10 апрели соли 1992 баъди мустақилияти давлатии ҷумҳурӣ ба Агентии миллии иттилоотии назди Ҳукумати Тоҷикистон табдил дода шуд. АМИТ «Ховар» имрӯз ягона оҷонсии иттилоотии ҷумҳурӣ мебошад, ки мақоми расмӣ дорад. Оҷонсӣ хабарҳоро бевосита аз манбаъҳои асосии онҳо ба даст оварда, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ пахш мекунад. Сомонаи АМИТ «Ховар» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мавод нашр мекунад.
Оҷонсии иттилоотии мустақили Тоҷикистон «Aзия плюс» шомили медиагурӯхӣ «Asia-Plus» буда, тирамоҳи соли 1995 дар Вазорати адлияи ҶТ ба қайд гирифта шудааст. Моҳи апрели соли 1996 ҳамзамон ба забонҳои русӣ ва англисӣ шумораи якуми варақаи иттилоотию таҳлилии он интишор гардид. «Aзия плюс» дорои шабакаи хусусии хабарнигорон дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, инчунин дар Русия, ИМА, Бритониёи Кабир мебошад. Сомонаи иттилоотии http://www.news.tj (www.asiaplus.tj) аз рӯйи шумораи корбарон пешсафи мутлақ дар ҳавзаи интернетии TJ мебошад.
ОИ «Авеста» моҳи марти соли 2004 аз ҷониби Хазинаи «Кӯҳи Нор» (Зафар Абдуллоев) таъсис ёфта, аввалин расонаи онлайнӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ҳоло оҷонсӣ ба ТММ «Муҳаммад-Билол» тааллуқ дорад.
Сомонаи http://www.pressa.tj ба Медиа-холдинги «ОИЛА» тааллуқ дошта, аз соли 2010 яке аз сомонаҳои фаъоли русзабон маҳсуб мешавад. Қаблан сомона ба забони тоҷикӣ низ фаъол буд, вале ҳоло баъзе рӯзҳо як ё ду хабар дар он ба забони тоҷикӣ гузошта мешавад.
Оҷонси иттилоотии умумимиллии ТojNews як лоиҳаи Созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» мебошад. Сомонаи http://www.TojNews.org аз моҳи августи соли 2009 фаъол аст ва танҳо ба забони тоҷики мавод пахш мекунад.
Оҷонсии иттилотии «Озодагон» http://www.ozodagon.com аз ҷавонтарин хабаргузориҳои Тоҷикистон маҳсуб шуда, аз моҳи майи соли 2011 фаъолият дорад. Хабаргузорӣ ҳоло бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр намуда, метавонад бо ОИ «Азия плюс» рақобат кунад. Махсусан, саҳифаи русии он дар баробари саҳифаи тоҷикиаш хеле фаъол аст. Албатта, ин аз ба оҷонсӣ ба кор омадани журналисти соҳибтаҷриба Марат Мамадшев вобаста аст.
Сомонаи http://www.faraj.tj ба Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тааллуқ дошта, агар қаблан дар он танҳо маводи рӯзномаҳои маркази мазкур нашр мешуда бошанд, соли равон сомона бештар характери иттилоотӣ гирифтааст ва дар он қариб ҳамарӯза мавод ба забони тоҷикӣ чоп мешавад. Масалан, рӯзи 1 декабри соли равон, ки аксари сомонаҳо хабаре нашр накардаанд, сомонаи http://www.faraj.tj хабари «Ҳунарманди «Форсаж» дар садама ҳалок шуд»-ро, соати 16-у 16 пахш кард.
Аз таҳлили маводи чандрӯзаи сомонаҳои номбурда бармеояд, ки ҳар як оҷонсӣ дар рӯзҳои кории ҳафта вобаста аз рӯйдод хабар медиҳад. Масалан, ОИ «Азия плюс» ба ҳисоби миёна дар як рӯз 40 хабар пахш мекунад.
Рӯзи 27 ноябри соли 2013 сомонаи http://news.tj/ru аз соати 7 –у 34 дақиқа то соати 18-у 34 дақиқа ба муштариёнаш 42 хабар пешниҳод кардааст. Сомонаи мазкур ҳамон рӯз ба забони тоҷикӣ 16 хабар ва ба забони англисӣ 11 хабар нашр кардааст.
ОИ «Озодагон» 27 ноябр 10 хабари тоҷикӣ ва 6 хабари русӣ пахш кардааст.
ОИ «Tojnews» 27 ноябр ҳамагӣ 16 хабари ба забони тоҷикӣ пахш кардааст.
27 ноябри соли 2013 сомонаи http://www.pressa.tj 26 хабари русӣ нашр кардааст.
АМИТ «Ховар» 27 ноябр ҳамагӣ 26 хабари тоҷикӣ, 21 хабари русӣ ва 3 хабари англисӣ нашр кардааст.
27 ноябр ОИ «Авеста» 26 хабари русӣ пахш кардааст. Сомонаи мазкур қаблан ба русиву англисӣ хабар чоп мекард. Ҳоло бошад, бахши англисии сомона аз 19 марти соли 2013 фаъол нест.
Бахши тоҷикии ОИ «Ховар» рӯзи 29 ноябр аз соати 9-у 33 дақиқа то 19-24 дақиқа 24 хабар пахш кардааст. Бахши русии «Ховар бошад, дар як рӯз ҳамагӣ 12 хабар гузоштааст. Ҳамон рӯз дар бахши англисии оҷонсии мазкур ҳамагӣ 3 хабар пахш шудааст.
Ҳамон рӯзи 29 ноябри соли 2013 дар портали http://www.pressa.tj/ 24 хабар пахш шудааст. Ин ҷо бояд гуфт, ки хабари аввалин соати 9-у 15 ва хабари охирин соати 15-46 соати дар сомона гузошта шудааст.
ОИ «Азия Плюс» (news.tj/ru) ҳамон рӯзи 29 ноябри соли 2013 дар сомони худ ба забони русӣ 39 хабар, дар бахши тоҷикӣ 17 хабар ва англисӣ 11 хабар нашр кардааст.
29 ноябр ОИ «Озодагон» 22 хабари тоҷикӣ ва 11 хабари русӣ нашр кардааст.
Сомонаи http://www.faraj.tj бошад, ҳамон рӯз 11 хабарро дар сомонааш гузоштааст.
Ба назари мо зиёд будани теъдоди хабарҳои русӣ дар забони асл будани он иртибот мегирад. Яъне, ин теъдод аз ҳисоби хабарҳои хориҷии русӣ зиёд шудааст. Бояд гуфт, ки дар ОИ «Азия Плюс» ва «Авеста», сомонаи http://www.pressa.tj хабарҳо аввал ба забони русӣ омода мешаванд ва баъдан ба дигар забонҳо тарҷума мешаванд. Дар АМИТ «Ховар» бошад, хабарҳо ба тоҷикиву русӣ навишта шуда, баъдан ба дигар забонҳо тарҷума мешаванд.
Қобили зикр аст, ки рӯзҳои шанбе аксари хабаргузориҳо пурра кор намекунанд ва бинобар ин камтар хабар пахш мекунанд. Масалан, 30 ноябр бахши русии ОИ Азия Плюс (www.news.tj) ҳамагӣ 13 хабар, бахши тоҷикиаш низ 13 хабар ва бахши англисиаш-11 хабар, ОИ «Авеста» (www.avesta.tj/) — 11 хабар, ОИ Tojnews ҳамагӣ 1 хабар, ОИ «Озодагон» 13 хабари тоҷикӣ, 17 хабари русӣ, портали http://www.pressa.tj ҳамагӣ 6 хабари русӣ пахш кардааст. Сомонаи http://www.faraj.tj бошад, 30 ноябри соли 2013 ҳамагӣ 4 хабар нашр кардааст.
Дар муқоиса ба сомонаҳои хусусӣ ОИ «Ховар» рӯзи шанбе, 30 ноябри соли 2013 ҳамагӣ 10 хабари тоҷикӣ ва 8 хабари русӣ нашр кардааст. Дар бахши англисии сомонаи khovar.tj/eng/ он рӯз ягон хабар гузошта нашудааст.
Рӯзҳои якшанбе дар ҳамаи оҷонсиҳои иттилоотӣ рӯзи истироҳат аст ва бинобар ин дар сомонаҳои онҳо хабаре нашр намешавад.
Аз рӯи ҳисоби мо, хонандаҳои сомонаи news.tj нисбат ба дигар сомонаҳои мавриди пажӯҳиш зиёдтар аст. Албатта, ин аз ҷолибият ва аҳамиятнокии хабар вобаста аст. Масалан, хабари «Рустами Эмомали возглавил Таможенную службу»-ро, ки соати 12- у 11 дақиқаи 30-юми ноябри соли 2013 гузошта шудааст, то соати 8-и 2 декабри соли равон 11 ҳазору 200 нафар мутолиа карданд. Ҳамин хабар дар бахши тоҷикии сомона соати 13 гузошта шуд ва онро то соати 8-и 2-юми декабр ҳамагӣ 818 нафар мутолиа карданд. Ин аз он далолат медиҳад, ки бахши русии сомонаи мазкур нисбат ба бахши тоҷикиаш серхонанда аст.
Дар баробари фаъолияти пурсамари сомонаҳои иттилоотӣ бояд зикр кард, ки дар маводи онҳо баъзан вайрон кардани Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ва «Одобномаи шаҳрванди электронӣ» ба назар мерасад.
Масалан, дар хабари «Иран планирует возобновить финансирование достройки тоннеля «Истиклол» в декабре» (http://news.tj/ru/news/iran-planiruet-vozobnovit-finansirovanie-dostroiki-tonnelya-istiklol-v-dekabre) , ки 29 ноябри соли равон дар сомонаи http://news.tj/ru нашр гардидааст, саҳеҳияти рақами оморӣ вайрон шудааст: «Протяженность тоннеля «Истиклол» составляет 5,2 км и на сегодня на строительство этого объекта уже ушло $10 млн. – до прихода иранской стороны были выполнены проходческие работы протяжённостью в 1 км. В 2003 году Иран и Таджикистан подписали соглашение о строительстве тоннеля, а размер финансирования составил $39 млн. Из этих средств $10 млн. грантовое финансирование правительства Ирана, $7,8 млн. — доля таджикского правительства и $21,2 млн. – кредит иранской стороны». Ин ҷо аз аввали сохтмон 10 миллион доллар масраф шуд, гуфтан хато аст.
Аз рӯи моддаи 2-юми Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд .
Дар хабари дигари сомонаи мазкур «На востоке Таджикистана застрелен директор угольного месторождения «Назарайлок», ки 3 сентябри соли 2013 чоп шудааст (http://asia-plus.tj/ru/news/na-vostoke-tadzhikistana-zastrelen-direktor-ugolnogo-mestorozhdeniya-nazarailok) синни мақтул, вақти куштор ва ҷои ҳодиса хато оварда шудааст: «На востоке Таджикистана неизвестными лицами убит директор угольного месторождения «Назарайлок» 59-летний Нуриддин Темиров. Как сообщили «АП» в правоохранительных органах, трагедия произошла в ночь на 2 сентября в административном центре Раштского района – Гарме.
«Вооруженные люди пробрались в рабочий кабинет Темирова и произвели в него семь выстрелов в голову и грудную клетку, от чего тот скончался на месте происшествия», — отметили в МВД». Ин хабарро сомонаи «Азия плюс» соати 10-у 15 дақиқа нашр кардааст. Хабари мазкурро сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 45 дақиқа пештар ба чунин зайл овардааст:
Куштор дар кони ангишти “Назар-Айлоқ”
03 09 2013, 09:34 http://mvd.tj/index.php/tj/
«Тахминан соати 00:30 дақиқаи шаби 2-юм ба 3-юми сентябри соли равон шахсони номаълум ба утоқи истироҳатии директори кони ангишти “Назар-Айлоқ”-и ноҳияи Рашт, шаҳрванд Темиров Нуриддин соли таваллудаш 1958, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе даромада, бо истифода аз силоҳи оташфишони таппончаи тамғаи “Макаров” ӯро паронда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи мазкур ба ҳалокат расидааст».
Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 29-уми Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» журналист ӯҳдадор аст, ки саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад.
Дар хабари дигари ин оҷонсӣ, ки 9 октябри соли 2012 чоп шудааст, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби факултаи тиббӣ шудааст:
«Кулябский медколледж будет готовить молодежь к поступлению в главный медицинский вуз страны
09/10/2012 11:26
http://asia-plus.tj/ru/news/kulyabskii-medkolledzh-budet-gotovit-molodezh-k-postupleniyu-v-glavnyi-meditsinskii-vuz-strany
«…. По словам Назарова (директор колледжа), такое право медколледж получил по итогам 2011/2012 года, когда в результате тестирования 8 слушателей из экспериментального подготовительного отделения были непосредственно зачислены в Медуниверситет, четверо выдержали экзамены на медицинский факультет Национального университета, а еще два человека сумели поступить в медвузы Украины».
Хатои ин хабар дар он аст, ки ДМТ факултаи тиббӣ надорад. Дар донишгоҳ факултаи дорусозӣ ҳаст, ки пурра ба тариқи шартнома донишҷӯ қабул мекунад.
Баъзан журналистон фактҳоро насанҷида аз пеши худ хулосабарорӣ мекунанд. Масалан, дар хабари ОИ «Озодагон» «Садамаи мошини “тӯёна” 3 фавтида барҷой гузошт», ки 19 августи соли 2013 ба табъ расид (http://www.ozodagon.com/casia/tj/11846-sadamai-moshini-tena-3-favtida-baroy-guzosht.html) мухбир дар бораи фавтидани шахси сеюме, ки 17 сентябр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт, дар наздикии гардиш ба деҳаи Қулписта ба садама дучор шуда буд, иттилоъ медиҳад. Ӯ менависад, ки «Шоҳидони садама мегӯянд, ин ҷавонон дар туйи арусии дусташон дар ҳолати мастӣ савори мошин шуда, суръати ҳаракатро хеле баланд кардаанд». Ин гуфтаи мухбир билкулл хатост, зеро ин ҷавонон ҳар се тақводор буданд ва нӯшокии спиртӣ истеъмол намекарданд.
Тибқи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон – усули фаъолияти ВАО ва журналистон дар Тоҷикистон мебошанд .
ВАО ва журналист бояд назару андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд. Дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гарданд. Сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд.
Журналист набояд зери таъсири шахсони алоҳида, гурӯҳи алоҳида монад ва ӯ набояд ба ягон гурӯҳи иҷтимоӣ бартарӣ диҳад.
Дар хабари мазкури сомонаи http://www.tojnews.org «Идомаи суди «ИмрӯзNews» ва Ҳукумов», ки 20 феврали соли 2013 интишор шудааст, муаллиф аз шахси манфиатдор иттилоъ мегирад, ки вайро суд муттаҳам медонад:
http://www.tojnews.org/idomai-murofiai-sudii-hikumov
«Адвокати Рустам Ҳукумов, писари роҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, дар мурофиаи додгоҳӣ расман эътироф кардааст, ки дар мақолаи «Боқиев ва Ҳукумов: фарзандоне, ки «дарди сар»-и падар шуданд» ягон мафҳуми пастзанандаи шаъну шараф нест.
Дар ин бора ба TojNews Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи ИмрӯзNews, хабар дод…».
Баъзан хабарҳое, ки аз манбаъҳои беруна журналистон мегиранд, бе мувофиқ кардан барои хабар истифода мешаванд. Масалан, ОИ «Азия плюс чунин хабар медиҳад:
«Душанбинцы получают зарплату в 2 с лишним раза превышающую среднюю по стране
31/10/2012 16:22 CA-NEWS
http://asia-plus.tj/ru/news/dushanbintsy-poluchayut-zarplatu-v-2-s-lishnim-raza-prevyshayushchuyu-srednyuyu-po-strane
О разрыве в уровне жизни столичных жителей и представителей других районов в странах СНГ свидетельствуют данные о среднемесячной номинальной заработной плате в столицах стран СНГ (в % к заработной плате в целом по стране), опубликованные вчера на сайте Межгосударственного статкомитета СНГ.
Абсолютным лидером» по разрыву доходов между столичными жителями и жителями других регионов стал Душанбе. Душанбинцы зарабатывают в 2 с лишним раза больше, чем все другие жители Таджикистана (показатель равен 214,4%). Этот показатель выше даже, чем у москвичей, которые зарабатывают на 72,8% больше, чем в среднем по России».
Ин хабар тафсир талаб мекунад ва бо фоиз овардани нишондиҳанда барои хонанда рӯшан нест. 214 фоиз, ин чанд пул мешавад? Агар аз рӯи фоиз баҳогузорӣ кунем, пас сокинони Душанбе на ин ки дар ИДМ, шояд дар ҷаҳон маоши калонтаринро нисбат ба дигар манотиқи кишварашон гиранд.
Тибқи талаботи меъёри одоби касбӣ сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд. Вале баъзан муҳаррирони сомонаҳо қоидаи сарлавҳанависиро риоя намекунанд. Масалан,
«Парлумон тарҳи “ахта” кардани педофилҳоро пуштибонӣ накард
29.11.2013, 09:52 http://www.ozodagon.com/13663-parlumon-tari-ahta-kardani-pedofiloro-pushtibon-nakard.html
Турсунбой Боқир уулу ва Достон Бекешев аз ҳизби “Ору номус”, Ширин Айтматова аз “Ота Макон” ва Торобой Зулфиқоров аз Ҳизби сотсиал-демократ тарҳи конунеро пешниҳод карда буданд, ки бо роҳи химиявӣ (шимиёӣ) ахта кардани педофилҳоро иҷозат медод».
Аз хабари мазкур, хонанда бояд тахмин кунад, ки сухан дар бораи порлумони кадом кишвар меравад. Дар хабари асл, ки ба забони русӣ аст, низ ин чандон рӯшан нест:
«Жогорку Кенеш отказался кастрировать педофилов
29.11.2013, 07:43 | http://catoday.org/centrasia/kgru/11630-zhogorku-kenesh-otkazalsya-kastrirovat-pedofilov.html
Депутаты Жогорку Кенеша не смогли преодолеть возражение президента в вопросе химической кастрации педофилов».
Хонанда бояд аз сарлавҳа донад, ки сухан дар бораи чӣ меравад, вале мутаассифона, дар сомонаҳо барои ҷалби муштариён сарлавҳаҳои раҳгумзананда гузошта мешаванд:
Муфтиёт гузоштани садои оятҳои Қуръонро дар телефон манъ кард
21.08.2013, 13:02 http://www.ozodagon.com/casia/tj/11897-muftiet-guzoshtani-sadoi-oyatoi-uron-dar-zangi-telefonoi-amroro-man-kard.html
Муфтиёти Миср гузоштани садои азон ё оятҳои Қуръонро дар занги телефонҳои мобилӣ манъ кардааст.
Духтари президент дар феҳрасти сарватмандтарин одамони Швейтсария
29. 11. 2013, 16:17 http://www.ozodagon.com/13674-duhtari-prezident-dar-ferasti-sarvatmandtarin-odamoni-shveytsariya.html
Динара Қулибоева, духтари раиси ҷумҳури Қазоқистон — Нурсултон Назарбоев вориди феҳрасти 300 фарди сарватмандтарини Швейтсария шудааст.
Дар баъзе сарлавҳаҳо таҳқири миллатҳои дигар дида мешавад. Масалан, tojnews 16 январи соли 2013 бо чунин унвон матлаб нашр кардааст:
Қурбоқахӯрҳо аз исломиёни Мали чӣ мехоҳанд?
http://www.tojnews.org/print/5663

Имрӯз баъзеҳо чунин ақида доранд, ки агар ин расонаи давлатӣ аст, ҳатман иттилоъро яктарафа ва дурӯғ мегӯяд ва агар ВАО-и хусусӣ аст, ҳатман аз манфиати касе ё гурӯҳе ҷонибдорӣ менамояд. Дар ин хол хонанда чӣ бояд кунад? На ҳама иттилои заруриро аз байни сатрҳо ёфта метавонад. Ҳатто журналистон гумон мекунанд, ки агар онҳо дар ВАО-и давлатӣ кор кунанд, бояд ҳатман ба мансабдорон тамаллуқ зананд ва агар дар расонаи хусусӣ фаъолият дошта бошанд, бояд мухолифи ҳукумат сухан гӯянд. Албатта, ин ақидаи нодуруст аст. Зеро рисолати ВАО ва журналист ин ба аудитория сари вақт расондани иттилои дурусту воқеӣ ва беғараз мебошад.
Бояд, гуфт, ки сомонаҳои хусусӣ ҳангоми пахши маводи танқидии ҳукуматдорон аз ҷониби хадамоти алоқа ба таври сунъӣ сонсур мешаванд, яъне дастрасӣ ба сомонаи мазкур маҳдуд карда мешавад. Соли 2012 ин ҳолат хеле зиёд ба назар мерасид. Соли равон бошад, ин ҳолат камтар аст, вале вуруд ба баъзе сомонаҳо аз ҷониби интернетпровайдерон масдуд карда мешавад. Хабаргузории “Озодагон” 18 ноябр соли 2013 навишта буд, ки «…Муштариёни шабакаи мобилии “Билайн” ва ширкатҳои интернатрасони “Телеком Технолоҷӣ” ва “Тоҷнет” шикоят аз он доранд, ки аз рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ ба ин сӯ наметавонанд, бевосита ба сайти “Озодагон” дастрасӣ дошта бошанд . Воқеан, беш аз шаш моҳ аст, ки худи ман наметавонам аз тариқи Интернетпровайдери Истэра ба сомонаи http://www.tojnews.org ворид шавам.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон новобаста аз гарон будани нархи хизматрасонӣ муштариёни Интернет солҳои охир ба маротиб зиёд мешавад. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 4 миллион нафар дастрасӣ ба Интернет доранд . Нишондиҳандаи мазкур агар дар нимсолаи аввали соли равон 3 миллион 700 ҳазорро ташкил карда бошад, пас он моҳи январи соли 2012 ба 1 миллиону 900 ҳазор нафар баробар буд . Албатта, бо афзудани теъдоди истифодабарандагони Интернет шумораи хонандаҳои сомонаҳо низ меафзояд. Ин дар навбати худ аз хабарнигорони сомонаҳои иттилоотӣ масъулияти бештари касбиро тақозо мекунад.
Оҷонсиҳои иттилоотӣ, ба вижа оҷонсиҳои онлайнӣ дар Тоҷикистон аксаран худкифо нестанд. Бинобар ин бо қатъ гаштани маблағгузории сарпарастон фаъолияти онҳо низ қатъ мегардад. Масалан, ОИ «Вароруд», ки соли 2000 таъсис ёфта, аз январи 2001 ба пахши ахбор шурӯъ карда буд, ҳоло аз мушкилоти молӣ фаъол нест.
Аз рӯи пешгӯии Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии газетаҳо (WAN-INFRA) дар оянда даромади асосии газетаҳо (аз реклама) метавонад аз ҳисоби қаринаҳои интернетии онҳо ба даст ояд. Зеро сол то сол шумораи хонандагони сомонаи рӯзномаҳо афзуда истодаанд. Аллакай солҳои 2020 аксари рӯзномаҳо электронӣ мешаванд ва онҳоро дар экранҳои қадшаванда низ хондан мумкин аст. Бояд гуфт, ки ин раванди табиӣ буда, бо рушди технологияҳои нави иттилоотӣ нашрияҳои коғазӣ аз байн мераванд.
Pero

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: