ҚАСОС


Qasos

Ҷовид Муқим. Қасос.- Душанбе: Озар, 2013. – 150 с.

Муҳаррир: Қ. Само

Ҷовид Муқим дар баробари фаъолияти журналистӣ ва илмиву омӯзгорӣ асарҳои бадеӣ низ низ эҷод мекунад. Қиссаи «Қасос» китоби чоруми бадеии муаллиф буда, дар жанри детектив эҷод шудааст. Қаҳрамонони қиссаи мазкур Валиҷони милиса ва Нодири журналист ду дӯстанд, ки бюрои детективӣ ташкил карда, ҷинояти ҳангомадорро ифшо мекунанд. Ҳодисаҳое, ки дар ин китоб нақл карда мешаванд, маҳсули тахайюли нависанда бошанд ҳам, дар зиндагии воқеӣ ба чашм мерасанд. Ҳамин аст, ки образи қаҳрамонони китоб хеле табиӣ ва зинда рӯи коғаз омада, таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунанд.
Китоби «Қасос» барои доираи васеи хонандагони аз синни 17-сола боло пешбинӣ шудааст.

Китоби мазкур бо маблағи муаллиф чоп шудааст.

ISBN

© Ҷовид Муқим, 2013.

ҚАСОС
Қиссаи детективӣ

Нодир чорроҳаи назди Боғи Рӯдакиро аз пиёдагузар убур мекард, ки як мошини сабукрави тамғаи «Мерседес» хати «зебра»-ро ба тарафи меҳмонхонаи «Тоҷикистон» гузашта истод. Аз он як марди тануманди 50-55-сола фаромада, «Нодирҷон!» гуфта, нидо кард.
Нодир, ки кӯчаро гузашта буд, ба чап, ба сӯи садо нигоҳ кард ва ҳамхизматаш полковники милиса Валиҷони Нарзуллоро дид. Ӯ дар тан либоси шаҳрвандӣ ба сӯи Нодир меомад. Нодир ҳам ба истиқболи ӯ равон шуд. Онҳо ба ҳам оғӯш кушода, вохӯрӣ карданд.
— Чанд рӯз боз туро мекофтам, шумораи телефонатро гирам, «Ин рақам дар шабакаи мо вуҷуд надорад», -меояд садои зане дар телефон. Ба ҷои корат занг задам, гуфтанд, ки нимсол боз аз кор рафтаӣ. Касе намедонат, ки дар куҷо кор карда истодаӣ. Имрӯз ба хонаат рафтам. Дарро ба рӯям як марди ношинос кушода гуфт, ки ту хонаатро ба ӯ фурӯхтаӣ. Акнун тавассути каналҳои худ туро кофтанӣ будам. Инро бинед, ки ният соф асту туро вохӯрдам,- гуфт бо хурсандӣ Валиҷон.
-Бо ту як маслиҳат карданӣ будам. Вақти холӣ дорӣ, ки дар сари як пиёла чой сӯҳбат кунем? -пурсид Валиҷон.
— Расман бекор бошам ҳам, вақти холиам кам аст,- посух дод Нодир ва афзуд: -Албатта, барои ту кор дошта бошам ҳам, вақти сӯҳбат меёбам.
— Пас ба мошин нишин, ягон ҷо рафта хӯроки чошт хӯрем, нисфирӯзӣ ҳам шудааст.
— Зиёфат аз ҳисоби ман бошад, меравам.
— Нодирҷон, ман туро даъват карда истодаам. Бинобар ин албатта, харҷ аз ҳисоби ман хоҳад буд. Боз ту бекор ҳам будаӣ…
— Ними мардуми Тоҷикистон бекор, вале касе аз гуруснагӣ намурдааст-ку, — гуфт Нодир.
— Гапро кам кун, савор шав ба мошин, рафтем.
Нодир дар курсии назди ронанда нишаст ва мошин ба ҳаракат даромад.
— Хуб, гап зан, ки чӣ ҳол дорӣ?- суол кард Валиҷон.
— Шукр, ба мисли ҳама. Худро фиреб карда, рӯз гузаронида истодаам.
Валиҷон маънии гуфтаҳои Нодирро фаҳмида гуфт: — Бале, имрӯз аксари мардуми Тоҷикистон «рӯз кӯр мекунанд». Ин магар зиндагӣ аст?! Барои аз гуруснагӣ намурдан кор мекунанд мардум.
— Ин гапҳоро нагӯй, ки «девор муш дорад, муш гӯш». Боз дар мошинат гапчинак намонда бошанд, ки аз кор пеш кунанд.
— Дигар пеш карда наметавонанд. Ман истеъфо дода, ба нафақа баромадам.
— Чаро? Вазифаат ба касе лозим шуд, магар?
— Шояд. Ба ғайри ин, ба ҷонам зад ба ҷои дигарон кор кардан, бесаводи бисёрро ҷамъ кардаанд. Бо онҳо кор карда намешавад.
— Фаҳмо.
— Ту чаро аз кор рафтӣ? Ё ҷои ту ҳам ба касе лозим шудагист?
— Ман мансаб надоштам, ки курсиамро гиранд. Қалами маро гирифта наметавонанд. Агарчи аз минбар маҳрумам карданд.
-Ту дар газетаи хусусӣ кор мекарди-ку? Ту барин журналистони соҳибқаламу бовиҷдон ва оташинсухан дар кӯча намондаанд, ки пешат кунанд.
— Пеш накарданд, доираи фаъолиятамро танг карданд: навиштаҳои танқидиамро қайчӣ мекарданд ва ё бо ҳар баҳона чоп намекарданд. Хуллас, сензураи сармуҳарриру муассис аз ҳад гузашт. Аз ҷониби дигар, газета аз самти аввалаи озодбаёнӣ ақиб гашт. Дар газета мақолаҳои фармоишии пулакии ғайриқонунӣ зиёд шуд. Ман наметавонистам, ки маро ҳам хонандаҳо чун онҳо пиндоранд. Бинобар ин нимсол пеш ариза навишта аз кор рафтам. Сармуҳаррир ҳам гӯё инро интизор буд, ки бе ягон гап онро имзо кард. Инак, кабӯтари озодам.
— Пас зиндагиатро дар чунин шароити вазнин чӣ хел мегузаронӣ?
— Мисли пешина Худо бо нӯги қалам рӯзӣ медиҳадам. Дӯстон тарҷума ё таҳрири китобро бароям пешниҳод мекунанд. Ҳоло талабот ба тарҷумаи забони тоҷикӣ ё русӣ зиёд аст. Моҳе то ду ҳазор сомонӣ кор мекунам, ки барои аз гуруснагӣ намурдан мерасад.
— Янга кор мекунад?
— Бале. Вале оилаам ин ҷо нест. Расман аз занам ҷудо шудам ва ҳоло ӯ бо бачаҳо дар Русия аст.
— Ақлатро хӯрдаӣ магар?
— Дигар илоҷ надоштам. Баъди мақолаҳои охирини танқидиам ба ман фишор оварданд, шантаж карданд, вале ба мурод нарасиданд. Ин ҳамаро ба назар гирифта, бо рафиқ занак маслиҳат кардем, ки расман аз ҳам ҷудо шавем, то барои ман шуда, оилаамро таъқиб накунанд. Медонӣ, ки занам хуни русӣ дорад: бибиаш русу бобояш тоҷик аст. Баъди шуруи ҷанги шаҳрвандӣ падарарӯсам бо аҳли оилааш кӯчида, ба зодгоҳи модарарӯсаш рафтанд. Хонаро фурӯхта, аз шаҳраки атрофи Маскав, ки падарарӯсам он ҷо зиндагӣ мекунад, як ҳавлиро бо 20 сотих заминаш харидем. Хавлии хуб аст, хона ҳам аз хишти пухта сохта шуда, аз панҷ ҳуҷра иборат аст. Аҳли байт розӣ. Занам дар мактаб дарс мегӯяд. Писари калониам, ки мутахассиси компютер аст, дар Маскав кор ёфтааст, ҳар саҳар бо электричка ба кор рафта, шом бармегардад. Ду писари хурдиву духтарчаам дар ҳамон мактабе, ки модарашон кор мекунанд, таҳсил доранд. Доим телефонӣ дар тамосем. Ба занам ва фарзандонам шаҳрвандии Русия доданд. Дигар мушкилот нест. Худам ҳоло дар як хонаи якҳуҷрагии дӯстам иҷоранишин ҳастам.
— Пас чаро худат ҳам нарафтӣ?
— Аввалан, ман тоҷикам ва Тоҷикистон ватани ман аст. Ман онро ба касе монда рафтанӣ нестам. Хуни нофи ман дар ин хоку бум рехтааст. Ман ин ҷо зиндагӣ мекунам ва ҳамин ҷо хок хоҳам шуд. Ман ба хотири кайкҳо пӯстин намесӯзам ва ватани аҷдодиро тарк нахоҳам кард.
— Офарин, ту баринҳо ҳазор нафар мешуданд, кайҳо ватан обод мешуд, — бо таассуф гуфт Валиҷон.
— Ҷӯра мову ту баринҳо кам ҳам бошем, ҳастем ва ин нохалафон ҳамеша аз мо бим доранд ва номаъқулиашонро то ҳадди ифрот бурда наметавонанд, — гуфт Нодир.
— Ба ошхона ҳам расидем, — гуфт Валиҷон мошинро ба ҳавлии ошхонаи «Насими дарё» дароварда.
Ошхонаи мазкур ҳанӯз дар давраи шӯравӣ дар соҳили канале, ки обаш аз силсилагэсҳои Варзоб омада, аз кӯчаи Заргар поин мешуд, сохта шуда буд. Аз ин ҷо сад метр дуртар дарёи Душанбе ҷорӣ буд ва дар баробари оби канал, насими дарё низ вазида дар чиллаи тобистон ҳам ин ҷо салқин буд. Пеш ин ҷо асосан мошиндорон меомаданд. Ҳоло бошад, маршруткаҳои рақами 17 ва 19 аз наздаш гузашта, муштариёни ошхонаро афзун карда буданд. Ин муассиса ба номаш ошхона бошад ҳам, дар асл мисли дигар ошхонаҳои пойтахт нархи ғизояш аз тарабхонаҳо монданӣ надошт.
Валиҷону Нодирро пешхизмат — духтари зебоандоми қоматбаланд ба мизи соҳили канал ҳидоят карда, таъомнома пешниҳод намуд.
— Чӣ мехӯрем?- пурсид Валиҷон.
— Худат медонӣ, ки ман бандаи шикам нестам ва барои хӯрдан зиндагӣ намекунам. Ба як бурда нону як пиёла об ҳам қаноат мекунам.
— Ба ҳар ҳол интихоб бикун. Ман ба ғизои якум нимкоса хомшӯрбо мефармоям.
— Ба ман нимкоса борш-карамшӯрбо биёред, — фармоиш дод, Нодир.
— Ба хӯроки дуюм чӣ мехоҳед?- пурсид пешхизмат.
— Сихкабоби гӯшти говӣ ҳаст? -пурсид Валиҷон, ки танҳо гӯшти гов хӯрдани Нодирро медонист.
— Ҳа, аз гӯшти гӯсфанду буз ҳам дорем.
— Ман гӯшти гов мегӯям.
— Ҳа, ҳаст.
— Пас сихкабоб мехӯрем? – пурсид Валиҷон ба Нодир нигоҳ карда.
— Интихоби хуб аст.
— Чор сих шашлик, — фармоиш дод Валиҷон.- Мешавад,- пурсид ӯ аз Нодир.
— Барои полковники мустаъфӣ ҳамин қадараш ҳам зиёд аст.
— Чӣ менӯшед?- боз пурсид пешхизмат.
— Чойи кабут, — фармуд Нодир ва афзуд:- Шояд ту дигар чиз нӯшӣ?
— Не, сари фармони мошинам ва баъд дар ин гармӣ…
— Худат агар мехоҳӣ, фармоиш диҳам?
— Не. Ман соли сеюм аст, ки аз нӯшокиҳои спиртӣ парҳезам, — гуфт Нодир.
— Пеш ҳам чандон наменӯшидӣ.
— Ҳоло бошад, умуман наменӯшам.
— Чаро якбора аз ин дилхушии зиндагӣ даст кашидӣ ё ту ҳам панҷвақта шудаӣ.
— Баъди ҳоҷӣ шудани падарам дигар ҳатто пиво наменӯшам. Барои намозхонӣ ҳоло омода нестам. Баъзе қилиқҳои бадамро напартофтаам. Хонуми зеборо бинам, дилам моил мешавад ва ба қавле аз васвасаи шайтон худро канор гирифта наметавонам. Бинобар ин, чаро ба мисли дигарон Худоро ҳам фиреб диҳаму бандаашро ҳам.
— Нон ё хлеб орам?- суол кард пешхизмат.
— Аз кулчаҳои таърифиатон бошад, ду дона биёр, — фармуд Валиҷон.
— Салат биёрам?
— Не, ташаккур. Ҳоло ҳамин фармудаамонро биёр, — гуфт Нодир.
Пешхизмат барои ғизо овардан рафт ва Валиҷону Нодир танҳо монданд. Аз ин фурсати муносиб истифода карда, Валиҷон суханро оғоз кард:
— Ман каме бошад ҳам, бо вазъияти ту шинос шудам. Ман се моҳ боз бознишастаам ва аз бекорӣ ба ҷон расидам.
— Албатта, марди 50-сола набояд бекор бошад. Бояд ягон коре пайдо мекардӣ,- гуфт Нодир. — Офарини ту. Ман як ҳафта бекор будам, қариб аз зиқӣ мекафидам.
— Маро аз нав ба кор даъват карданд, қабул накардам. Туфи кардаатро пас ба даҳон намегирӣ. Ман баъди фикри зиёд ба хулосае омадам, ки бюрои детективӣ таъсис диҳам. Ин чиз барои Тоҷикистон нав аст ва бовар дорам, ки бизнеси хуб ҳам ҳаст.
— Киноҳои хориҷиро тамошо карда, майнаат вайрон шудааст. Шароити Тоҷикистонро медонӣ, ба ту кӣ иҷозатномаи фаъолият медиҳад ва оё мемонанд, ки кор кунӣ. Корро оғоз накарда, ки даҳто нозир болои сарат меистад ва ҳар яке ҳаққи худро талаб мекунад.
— Ин масъала ҳалшаванда аст.
— Хуб, пас ту аз ман чӣ мехоҳӣ?
— Мехоҳам, ки шарики ман бошӣ. Ман як худам аз таъсису бурдани фаъолияти он намебароям. Ба ман мисли ту шахси ҷасуру пуртоқат ва босавод лозим аст.
— Охир, ман мисли ту муфаттиш набошам.
— Тадқиқотҳои журналистие, ки ту анҷом додаӣ, на ҳар муфаттиш метавонад иҷро кунад.
— Гӯш кун, дар урфият мегӯянд, ки «г.ҳи шарикиро саг нахӯрдааст». Пагоҳ кори мо пешрав шаваду ту онро кашида гирӣ,- шӯхӣ кард Нодир.- Беҳтараш ҳар кас кори аз дасташ меомадагиро кунад.
— Ин гапҳоро мон. Маро нағз медонӣ. Ман аз номардҳо нестам. Баробарию бародарӣ гуфтаанд. Сонӣ, ман туро хуб мешиносам, аз ӯҳдаи кор мебароӣ. Барои ҳамин ҳам ин корро ба ту пешниҳод карда истодаам.
— Ман шӯхӣ кардам, наранҷ. Агар ман туро намедонистам, бо ҳам сари як миз наменишастем. Воқеан, пешниҳодат мароқангез аст. Вале дар кишвари мо оё талабот ба детективи хусусӣ ҳаст? Боз нашавад, ки пулҳоямонро харҷ кунему «ду чиллик почаки бинӣ» нишинем.
— Талабот ҳаст. Худат медонӣ, ки милиса хуб кор намекунад ва одамони пулдор розианд, ки хизматашонро кироя анҷом диҳанд.
— Пас, чӣ кор мекунем?
— Бюроро сабти ном карда, иҷозатнома гирифтан лозим.
Ҳамин вақт пешхизмат чою кулча ва шӯрбою борш оварда, барояшон иштиҳои хуш хост.
Дӯстон ғизо хӯрда, сӯҳбатро идома доданд.
— Сабти бюро ҳамчун муассисаи тиҷоратӣ чандон мушкил нест. Тавассути «равзанаи ягона» дар муддати зиёдаш се рӯз сабт кардан мумкин аст. Вале иҷозатнома гирифтан мушкил. Бе ришва намешавад,- гуфт Нодир.
— Иҷозатномаро ман мегирам. Воқеан, ман мушовири ғайриштатии вазир мебошам. Вазир, ки шогирдам аст, худаш ваъда кардааст, ки иҷозатнома гирифта медиҳад.
— Чӣ хел?
— Вай худ манфиатдор аст, ки дар ифшои баъзе ҷиноятҳо кӯмакашон кунем. Ӯ ба наздикӣ маро даъват намуда, хоҳиш кард, ки ба вазифаи сардори Идораи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккил баргардам ва дар пайдо кардани қотили додарарӯси сарвазир саҳм гирам. Худат шунидагистӣ, ки баъди ин куштор тамоми милисаро ба по мондаанд. Худи сарвазир барои дарёфти ҷинояткор як миллион доллар ваъда кардааст. Вале то ҳанӯз натиҷае нест.
— Ман барои ба милиса баргаштан розӣ нашудам. Ӯ пешниҳод кард, ки бюрои детективӣ таъсис диҳам ва дар ифшои ин ҷиноят саъй кунам.
— Ана, гап дар куҷост! Соҳиби миллиони ваъдагӣ шудан мехоҳӣ? Бовар дорӣ, ки инҳо ба ваъда вафо мекунанд. Онҳое, ки ҳаққи нодору ятимро мехӯранд, ҳаргиз ба касе як пора нон хайр намекунанд.
— Ин ҷо имиҷ ва ниқор аст. Барои ин кор онҳо ҳатман пул медиҳанд.
— Мегӯӣ, ки як вазорат ҷинояткорро намеёбаду мо меёбем.
— Ба таҷрибаи ман шак накун. Бовар дорам, ки бо кӯшиши ҳардуи мо пешравие хоҳад буд.
— Пас аз чӣ шурӯъ мекунем?- пурсид Нодир.
— Ман пешнависи оинномаи бюроро омода кардаам. Ту ин бегоҳ як бор хон ва таҳрир бикун. Пагоҳ аз пайи сабти ном ва иҷозатгирӣ мешавем. Вазир телефон карда гуфтааст. Зуд сабти ном мекунем ва иҷозатнома ҳам дар кӯтоҳтарин вақт дарёфт мешавад.
Пешхизмат сихкабоб овард. – Боз ягон чиз биёрам,- суол кард ӯ.
— Не, ташаккур,- посух дод Нодир.
— Ҳисоб бикун, чанд пул мешавад?- гуфт Валиҷон.
— 78 сомонӣ.
Нодир даст ба киса бурда буд, ки Валиҷон пешдастӣ карда, ба пешхизмат як садсомонӣ дароз кард:
— Гуфтам-ку, зиёфат аз ҷониби ман аст.
— Як хӯроки оддии чошти мо қариб 80 сомонӣ шуд. Ин ба маоши ҳадди ақал баробар аст, — изҳори нигаронӣ кард Нодир.
— Аз моҳи сентябр маоши ҳадди ақал 200 сомонӣ мешавад.
— Медонам. Вале ин ҳам кам аст. Нархҳо нисбати порсола ду маротиба қимат шуданд ва ҳоло ҳам рӯ ба болоравӣ доранд. Агар таворумро ба назар гирем, қурби маош нисбати се сол пеш боз ҳам камтар мешавад,- афзуд Нодир.
Валиҷон бақияро аз пешхизмат гирифта гуфт:
— Биё, сихкабобро хӯрем. Агар ҳамаи инро фикр кунем, сардард мешавем. Ин проблемаро курсинишинон бояд ҳал бикунанд.
— Бале, вале набояд бетараф буд. Бетарафӣ ҷомеаро ба варта мебарад.
— Дуруст мегӯӣ, вале ману ту наметавонем ҷомеаро дигар кунем.
— Ба ҳар ҳол агар мо зидди нерӯи аҳриманӣ истодагарӣ кунем, Заҳҳок ғалаба нахоҳад кард, — гуфт Нодир.
— Бо таъсиси бюро мо метавонем, ҷинояткоронро ошкор кунем.
— Мо ошкор кунему, суд онҳоро сафед кунад?!
— Ба ҳар ҳол мо вазифаи худро иҷро мекунем, — гуфт Валиҷон ва афзуд: — Сихкабоб хунук мешавад.
Дӯстон ғизоро тановул карда, аз ошхона берун шуданд.
— Ман туро ба хонаат бурда мемонам. Куҷо зиндагӣ мекунӣ?- пурсид Валиҷон мошинашро ба ҳаракат дароварда.
— Дар маҳаллаи Ҳисор.
— Махсус аз он ҷо квартира гирифтӣ?
— Не, дӯстам дар ҳамин маҳалла хона доштааст, ба иҷора дод. Моҳе 100 доллар мепардозам, ба ғайри барқпулӣ ва хизмати коммуналӣ. Барои одами танҳо мешавад.
— Ҳеҷ гап не, тоқат бикун. Чун мукофотпулии сарвазирро гирифтем, ҳонаи нав мехарӣ. Воқеан, мошинатро ҳам фурӯхтӣ магар?
— Бале, пулашро харҷӣ роҳи оилаам кардам.
-Ба маҳаллатон расидем, дар кадом бино зиндагӣ мекунӣ?- пурсид Валиҷон.
— Дар бинои чорошёнаи паси ҳо ана он бинои нуҳошёна. Дар ҳамин ҷо ҳам фароям, мешавад.
— Не, то даромадгоҳи бино мебарам. Ман бояд аниқ донам, ки дар куҷо ту зиндагӣ мекунӣ. Дар ошёнаи чандум ҳастӣ?
— Дар табақаи сеюм. Дар ҳуҷраи 8-ум.
Валиҷон мошинашро дар назди бинои Нодир манъ кард.
— Воқеан, ин папкаро гиру оинномаро хон. Пагоҳ соати 8-и субҳ дар назди Оҷонсии омор, ки равзанаи ягонаи сабт он ҷост, вомехӯрем. Рақами телефони ман
935006111. Сабт бикун ва занге фирист, то ман ҳам рақами телефонатро сабт кунам.
Нодир ин рақамро дар телефонаш сабт кард ва ба Валиҷон занге фиристод.
— Версияи электронии оиннома ҳаст?
— Бале, дар диск ҳаст. Диск дар даруни папка.
— Биё, ба хона. Як пиёла чойат диҳам. Муроати самарқандӣ намекунам, — Валиҷонро ба хона даъват кард Нодир.
— Медонам, ки ту аз таҳи дил мегӯӣ. Вале ҳоло кор дорам. Як ба идора рафта, аз дӯстон дар бораи ин куштор маълумот ҷамъ мекунам. Аз ҳоло корро оғоз кардан лозим.
— Пас, худо ҳофиз!
— То пагоҳ.
***
Нодир ба ҳуҷрааш даромада, лаптопашро гирон кард ва дискро ба он монда, оинномаро нусхабардорӣ намуд. Сипас қаринаи коғазии оинномаро аз папка гирифту мутолиа кард. Оиннома таҳрирталаб буд. Ӯ дар компютер ба таҳрири оиннома пардохт. Баъди тақрибан як соат таҳрирро ба охир расонида, аз сари компютер дур шуд. Ба ошхона рафта, чойи кабут дам кард ва як пиёла чой нӯшид. Сипас, ба болои кат дароз кашид, то як даме истироҳат кунад. Албатта, хобаш намебурд, вале чашмонашро пӯшида буд, то ки онҳо каме истироҳат кунанд. Баъдан, ӯ як маротибаи дигар оинномаи таҳриршударо хонд ва баъзе хато ёфта, онро таҳрир намуд. Баъдан онро чоп карда, боз як маротибаи дигар хонд. Нодир дар саҳифаи дуюм як вергули зиёдатӣ ёфта ислоҳ кард ва ин саҳифаро аз нав чоп кард. Барои сабти ном кардани муассиса се нусхаи оиннома лозим буд. Нодир се нусхаи оинномаро чоп кард ва ҳар якеро дар файли алоҳида гирифта, онҳоро ба папкаи ҳуҷҷатҳои Валиҷон гузошт. Сипас, ӯ санадҳои дигарро, ки барои сабти ном зарур буданд, аз назар гузаронд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба феҳристи пешниҳодшуда мувофиқат мекарданд. Нодир чашм ба маълумотномаи макони бюро бурд. Он ҷо суроғаи Валиҷон ишора мешуд. «Бюроро дар хонаи зисташ ҷойгир карданист», аз дил гузаронд ӯ. «Оилааш дар куҷо зиндагӣ мекарда бошад?», ба худ суол кард Нодир. Ниҳоят ба ёдаш расид, ки писари Валиҷон соҳибкори муваффақ аст. «Шояд ягон ҳавлӣ харида бошад?», хулоса кард Нодир. «Ҳамин мошини «Мерседес»-ро ҳам писараш харидааст, вагарна бо маоши милиса мошин он тараф истад, велосипед ҳам харида намешавад», ба худ андешид ӯ. Воқеан ҳам Валиҷон аз милисаҳои поквиҷдону сарсупурдаи хизмат буд. Касе наметавонист ӯро дар ришвагириву тамаъҷӯӣ муттаҳам кунад. Барои ҳамин ҳам ӯ натавонист, ки дар милиса хизматашро идома диҳад.
Нодир бо баҳонаи нонхарӣ барои ҳавохӯрӣ ба кӯча баромад. Мағозаи хӯрокворӣ дар назди хонааш, дар ошёнаи якуми бинои ҳамсоя буд. Ӯ аз мағоза якто хлеб харида, дар хараки назди бино, ки беди лаби ҷӯ болои он соягӣ мекард, нишаст. Аввали тобистони имсола гарм омада буд, соат аз 5 гузашта бошад ҳам, ҳаво ба мисли буғ намнок буд, нафас кашида намешуд. Моҳи май сербориш буд ва ҳоло намии замин аз гармии якбора бухор мешуд. Ӯ дигар ба ин гармӣ тоқат накарда, ба хона баргашт ва сари компютераш нишаст, то ба тарҷумаи китоб идома диҳад. Бояд то охири ҳафта онро анҷом диҳад, вагарна бе маош мемонд ӯ.

***

Субҳи рӯзи дигар дӯстон дар вақти ваъдагӣ барои сабти номи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бюрои детективии «Сипар» дар назди Оҷонсии омор вохӯрданд. Баъди салому ҳолпурсӣ Валиҷон гуфт:
-Дирӯз баъзе маълумотҳоро пайдо кардам, ин корро анҷом диҳем, мегӯям. Ту чӣ кор кардӣ?
— Оинномаро таҳрир кардам. Баъд китоби фармударо тарҷума кардам. Ба умеди бюро шуда, аз маоши нақд намонам.
— Оинномаро чоп кардӣ?
— Бале, се нусха.
— Пас, папкаро ба ман деҳ, шурӯъ мекунем.
— Нодир ба Валиҷон папкаи ҳуҷҷатҳо, нусхаи шиносномааш ва ду ҳазор сомонӣ дод.
— Пул барои чӣ?
— Сабти ном ва иҷозатгирӣ магар барои полковники мустафъӣ ройгон аст? Аз ту тарсида ришва нагиранд ҳам, пули сабтро мегиранд, ки онро тавассути бонк мегузаронӣ.
— Бале, бепул нест ва ман маблағи заруриро аллакай пардохтаам.
— Гуфтӣ, ки муассисаш ҳардуи мо. Пас маблағ бояд баробар сарф шавад. Бигир инро, — ба дасти Валиҷон пулро қапонд Нодир.
— Воқеан, ман протоколи маҷлиси муассисонро аз нав навиштам ва имзо кардам. Ту ҳам имзоятро гузор. Нусхаи шиносномаамро ҳам ба ҳуҷҷатҳо илова кардам.
— Хуб, — гуфт Валиҷон ва протоколро аз папка гирифта, имзо кард. Сипас, ӯ ба ходими Идораи равзанаи ягонаи сабти ном, ки ҷавонзани 28-30-сола буд, муроҷиат кард:
— Хоҳар ба сардоратон гӯед, ки полковник Валиҷони Нарзулло омадааст. Ӯ маро интизор аст.
— Ҳозир, — гуфт ходим ва ба кабинете даромад. Пас аз лаҳзае аз он ҳуҷра марди 40-45 солаи тоссар берун шуда, ба назди Валиҷону Нодир омад ва баъди салому ҳолпурсӣ гуфт:
— Вазиратон, генерал Ромизи Маҳмадалӣ занг зада гуфтанд, ки бюрои шуморо ҳар чи зудтар сабти ном кунем. Биёед, дар ҳуҷраи ман шинед, шербачаҳо дар як фурсат коратонро иҷро мекунанд, — ба кабинеташ ҳидоят кард сардор.
Валиҷону Нодир аз паси ӯ рафтанд. Сардор онҳоро ба кабинети зебою ороста овард ва гуфт:
— Марҳамат, дар ин роҳаткурсӣ нишинед.
— Чой ё қаҳва менӯшед?
— Аслан ба чизе таваҷҷуҳ надорем,- посух дод Нодир.
— Гапатон дуруст, вале ин барои вақткӯркунӣ аст. То коратон буд шудан, аққалан чой нӯшида истед,- гуфт сардор.
— Пас, беҳтараш чойи кабут менӯшем, — гуфт Валиҷон.
Сардор котибаашро даъват карда, ба ӯ фармуд:
— Як чойник чойи кабути раисхӯр ва конфет биёред.
— Хуб шудааст, — гуфт котиба ва баъди як лаҳзае супориши сардорро иҷро кард.
Сардор чойро гардонда, ба пиёлаи худ ва меҳмонон рехт.
— Акнун сари мақсад меоем. Ҳуҷҷатҳоятон барои сабт омода аст? — пурсид сардор.
— Бале, ҳуҷҷатҳо аз рӯи талаботи шумо омода аст. Боҷи давлатии сабти номро низ дар бонк пардохтаем, — гуфт Валиҷон ва папкаи ҳуҷҷатҳоро ба сардор дароз кард.
Ӯ папкаро гирифта, ҳуҷҷатҳоро аз назар гузаронид ва гуфт:
— Бале, ҳуҷҷатҳо дар ҷояш. Ҳозир сабти ном мекунем.
Сардор гӯшаки телефонро бардошта, ба касе фармуд, ки зуд ба кабинеташ ҳозир шавад. Баъд аз лаҳзае ба ҳуҷра як нафар ҷавонмарди 35-40 – сола ворид шуд.
— Хизмат, раис,- гуфт ӯ.
— Ана, ин папкаро гиред ва дар кӯтоҳтарин фурсат сабти ном кунед. Ман интизор, — гуфт сардор.
— Хуб шудааст, -гуфт ходим ва аз ҳуҷра баромад. Лаҳзае дар ҳуҷра хомӯшӣ ҳукмфармо гардид.
— Пиёлаатонро диҳед, ҷой резам,-хоҳиш кард сардор.
— Чой арақ нест, ки бисёр нӯшӣ, — шӯхӣ кард Нодир.
— Арақ ё коняк хоҳед ҳаст, — дари буфетро кушода шишаеро ба даст гирифт сардор.
— Нодир шӯхӣ мекунад. Ӯ кайҳо боз нӯшокии спиртӣ истеъмол намекунад. Ҳатто пиво наменӯшад, — гуфт Валиҷон.
— Бале, ман ҳамту дар омади гап гуфтам. Вагарна се сол боз шароб наменӯшам, — гуфт Нодир.
— Ба шумо резам? — пурсид сардор аз Валиҷон.
— Не, ташаккур, ман дар сари фармони мошинам.
— Воқеан, бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон бюрои детективӣ сабти ном мешавад, — риштаи суханро ба дигар сӯ бурд сардор.
— Бале, чунин аст. Ва шояд дар таърихи Тоҷикистон ин аввалин бошад, ки як муассисаи нав дар як вақти кам сабти ном мешавад, — гуфт Нодир.
— Не, чаро. Аксаран аз боло фармоиш мешавад ва мо зуд сабти ном мекунем.
Ҳамин вақт дар тақ-тақ шуд ва он ходиме, ки ҳуҷҷатҳоро барои сабти ном бурда буд, баргашт.
— Сабти ном кардем, раис, — гуфт ӯ ва санади сабтро пеши сардор монд, то ки вай мӯҳру имзо кунад.
— Ташаккур, шумо метавонед равед, нусхаи санадро баъдан аз котиба мегиред- гуфт сардор ва ба ҳуҷҷатҳо мӯҳру имзо монд.
— Ана, бюроатон расман сабти ном шуд. Табрик!- гуфт сардор санадро ба Валиҷон дароз карда.
— Ташаккур, кам нашавед, — гуфт Валиҷон санадро гирифта.
— Агар ягон проблемаи ба мо дахлдор пайдо шавад, муроҷиат кунед, ҳал мекунем, — гуфт Нодир ва дӯстон аз ҳуҷра баромаданд. Сардор онҳоро то баромадгоҳи идорааш гусел кард.
— Рекорд аст ин, ки дар ним соат муассисаро сабти ном кардем. Инро ба китоби рекордҳои Гиннес ворид кунем, мешавад, — гапфурӯшӣ кард Нодир, ки ҳеҷ ба ин зудӣ сабти ном шудани бюроро интизор набуд.
— Инро тағабозӣ мегӯянд, ҷӯра, — гуфт Валиҷон ва мошинро ба сӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ронд. – Агар иҷозатномаи фаъолиятро ҳам чунин ба осонӣ гирем, туро бо барракабоб зиёфат медиҳам.
— Медонӣ, ки ман гӯшти гӯсфанд намехӯрам, зиёфат ваъда медиҳӣ, — гуфт Нодир.
— Ҳа, фаромӯш кардаам, ки фишори хунат баланд аст. Пас бо бузкабоб зиёфат медиҳам,- шӯхӣ кард Валиҷон, бузхӯр шудани тоҷикони навро ба назар гирифта.
— Бузкабобатро ба гургҳо деҳ, ки онҳоро ҳам фишори хунашон баланд шудааст, — гуфт Нодир аз ин шӯхии Валиҷон рамуз гирифта. — Маро бо сихкабоби урфии гӯшти гов зиёфат диҳӣ, мешавад.
— Ин барои ман хубтар аст, зиёфат арзонтар меафтад,- гуфт Валиҷон ва мошинро дар назди вазорат нигоҳ дошт.
— Ту худат рафтан гир, ростӣ гап ба дидани милисаҳо хушам нест, ман даруни мошин мешинам, — гуфт Нодир.
— Майлаш,- гуфт Валиҷон ва ба сӯйи даромадгоҳ равон шуд.
Навбатдор аз Валиҷон ҳуҷҷат пурсид. Ӯ ҳуҷҷати мушовири ғайриштатии вазирро дар умури мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккил нишон дод. Вақте ки Валиҷон аризаи истеъфо дода буд, вазир розӣ нашуд. Вале баъди исрори зиёди Валиҷон вазир ӯро розӣ кард, ки мушовири ғайриштатиаш бошад ва дар вақти зарурӣ маслиҳат диҳад. Албатта, вазир на ҳамеша аз ӯ маслиҳат мепурсид, вале моҳе 500 сомонӣ маош муқаррар карда буд, ки дар баробари 2000 сомонӣ нафақа, нонпулие мешуд. Ҳуҷҷати мазкур имконият медод, ки Валиҷон чун корманди воломақоми милиса дар фаъолияти мақомот ҳузур дошта бошад.
Навбатдор, майори милиса Валиҷонро иҷозаи даромадан дод:
— Марҳамат, рафиқ полковник.
— Вазир ҳастанд?
— Бале.
— Занг зада, гӯед, ки ман мехоҳам он касро бинам.
— Хуб шудааст, ҳозир як лаҳза,- гуфт навбатдор ва гӯшии телефонро бардошта, чанд рақамро чинд.
— Рафиқ генерал, шуморо полковник Валиҷони Нарзулло дидан мехоҳанд.
— Бигӯ, дароянд. Ман интизорам,- садо омад аз гӯшак.
— Марҳамат дароед, вазир шуморо интизоранд,- гуфт навбатдор.
Валиҷон ба ошёнаи дуюми бино баромада, ба қабулгоҳи вазир омад. Адютанти вазир, ки аз омадани Валиҷон огоҳ буд, ӯро рост ба кабинети вазир бурд.
Вазир, ки дар тобеияти Валиҷон кор карда, аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхта буд, нисбати ӯ эҳтироми хоса дошт. Генерал-лейтенант Ромизи Маҳмадалӣ ба истиқболи Валиҷон аз ҷо бархост ва оғӯш кушода, бо ӯ салому ҳолпурсӣ кард:
— Устод, саломатиатон хуб аст? Корҳоятон чӣ хел?-суол кард вазир.
— Шукри Худо, ба по мегардем.
— Таъсиси бюрои детективӣ чӣ шуд?
-Бюроро ним соат пеш сабти ном кардем, ташаккур, ки занг зада гуфтаед. – Папкаи ҳуҷҷатҳоро ба вазир дод, Валиҷон.
— Ҳеҷ гап не, дар ним соати дигар иҷозатномаи фаъолият ҳам медиҳем. Инаш дар дасти худамон, -гуфт вазир ҳуҷҷатҳоро аз назар гузаронида.
Вазир занги даъватро пахш кард ва лаҳзае нагузашта адютанташ ҳозир шуд:
— Хизмат, рафиқ генерал?
— Ана, ин ҳуҷҷатҳоро гиру ба полковник Яқубӣ расон, то ки зуд иҷозатномаи фаъолият омода кунад. Барои ҳамаи кор ним соат вақт ба шумо. Зуд биёред, ман мӯҳру имзо мекунам.
— Барои иҷозатномагирӣ ду ҳазор сомонӣ боҷи давлатӣ дар бонк супоридан даркор аст, гуфт Валиҷон ва аз кисааш ҳамин миқдор пулеро, ки Нодир дода буд, бароварда ба адютант дод.
— Ҳамин пулро ман худам ҳам медодам, — гуфт вазир.
— Чаро? Мо пул дорем, — гуфт Валиҷон.
— Иҷозат диҳед, биравам,- гуфт адютант.
— Бирав ва зуд иҷро бикун. Ҳуҷҷатҳоро ба полковник деҳ ва зуд дар амонатбонки наздиктарин боҷпулиро супор ва квитансияро ба Яқубӣ супор.
— Итоат, -гуфт адютант ва аз кабинет берун шуд.
— Мо гуфта, киро дар назар доред?- пурсид вазир.
— Ҳамхизматам Нодири Аминпурро мегӯям. Ҳуҷҷати сабтро дида бошед, ӯ ҳам муассис аст.
— Ин ном бароям шинос аст, ӯ дар кадом раёсат кор мекард?
— Не, ӯ милиса нест. Дар Афғонистон дар разведрота якҷоя сарбозӣ мекардем. Ӯ баъд факултаи журналистикаи донишгоҳро хатм карда журналист шуд. Журналисти шинохта аст. Аз ҳамон вақт дӯстӣ дорем. Ба қавле бо ӯ ба разведка рафтан мумкин.
— Ҳа, акнун фаҳмидам. Ман ӯро ғоибона мешиносам. Баъзан дар телевизор ҳам мебинам. Нағз менависад, ҳақиқатро мегӯяд. Говҷигар аст, аз чизе ва касе наметарсад. Баъзан моро ҳам танқид мекунад. Албатта, танқиди ба ҷо. Интихоби хуб кардаед.
— Бале, фикр кардам, ки ба ман чунин шарик лозим аст. Ӯ нигоҳи нав дорад ва ба мисли милиса фикр намекунад. Аз ҷониби дигар, шахси поквиҷдону ҳалолкор аст. Агар кореро шурӯъ кард, ҳатман онро ба охир мерасонад.
— Чаро ӯро бо худ наовардед?
— Ростӣ, чандон моро дӯст намедорад. Барои ҳамин нахост бо ман ояд.
— Мефаҳмам, ҳозир кӣ моро дӯст медорад? Обрӯямон дар меши мардум рехта, ба як пули пучак баробар шудааст. Кормандон ба ҷои манфиати мардумро дифоъ кардан, тамаъҷӯӣ мекунанд, даст ба кисаи тиҳии мардум мебаранд. Дигар мардум «милисаи ман- ҳимоятгари ман» намегӯянд, — бо таассуф гуфт вазир.
— Акнун, ки шумо роҳбар шудед, ҳамаи ин камбудиҳоро бартараф мекунед.
— Магар ин 40 ҳазор нафарро дар танҳоӣ дигар кардан осон аст?
— Осон нест, вале чораи дигаре низ нест. Пояи давлат футур меравад. Бояд ҳар чи зудтар дар система ислоҳот гузаронидан лозим.
— Мефаҳмам, вале илоҷам камтар аст. Наҳангҳоро аз баҳр берун кардан осон нест. Дар паси ҳар яки онҳо мафиозҳо истодаанд. Милисаҳо барои мафия ва чанд гуруҳи тиҷоративу криминалӣ хизмат карда истодаанд. Метарсам, ки сахттар гирам, ба ман сӯйиқасд накунанд ва ё ба доми бало гирифтор насозанд. Аз дасти онҳо ҳама кор меояд. Ҳатто метавонанд пеши президент сиёҳ кунанд. Ҳатто аз пайдо кардани қотилони додарарӯси сарвазир минбаъд дар вазифа мондани ман вобаста аст,- алами дил кард вазир.
— Шумо дар навбати аввал ба вазифаҳои роҳбарикунанда бояд шахсони поквиҷдону содиқ ва соҳибкасбро монед. Дар ин сурат ба чизе ноил шудан мумкин аст.
— Гапатон дуруст устод, вале аз куҷо мегирам ман чунин одамонро? Масалан, худи шумо кор кардан нахоста, истеъфо додед.
— Ман пештар аз вазир таъин шудани шумо ариза дода будам.
— Рости гап, бо роҳбарони бесавод кор кардан ба ҷонам расида буд.
— Баъдан вазифаи баландтарро пешниҳод кардам, «не», гуфтед-ку?
— Гапи мард якто. Акнун баргаштани ман маъно надорад. Ба ҳар ҳол ман омодаам, чи кӯмаке, ки аз дастам ояд, бароятон бикунам.
— Ташаккур. Ба ҳар ҳол дар барам бошед, хуб мебуд. Такягоҳе медоштам ва худро танҳо ҳис намекардам. Махсусан дар ислоҳоте, ки бояд анҷом диҳем, маслиҳати шумо беназир хоҳад буд.
— Ман мушовири ғайриштатиатон ҳастам-ку.
— Масъулияти ин чандон зиёд нест. Хуб, ҳоло ин ҷиноятро ифшо кунем, пас сари масъалаи ислоҳот сӯҳбат мекунем.
— Бале, ман ҳамеша дар хизмати шумо ҳастам.
— Воқеан, ин бегоҳ соати 6 ман сари қазияи куштори додарарӯси сарвазир ҷаласа дорам. Шумо ҳам биёед. Ман дар назар дорам, ки шарикатон Нодири Аминпурро низ даъват кунед.
— Хуб.
Ҳамин вақт адютант иҷозаи ворид шудан кард:
— Рафиқ генерал! Мумкин аст, дароям.
— Биё, канӣ чӣ кор кардӣ?
— Иҷозатнома омода аст, танҳо мӯҳру имзои шумо намерасад.
— Хуб,- гуфт вазир ҳуҷҷатҳоро аз дасти ӯ гирифта.
— Дар 25 дақиқа омода кардед, хуб, вале агар дар 20 дақиқа ин корро анҷом медодед, боз хубтар мешуд,- гуфт вазир ва афзуд: — Метавонед биравед.
— Итоат, — гуфта аз кабинет баромад адютант.
Вазир ба иҷозатномаи фаъолияти детективӣ мӯҳру имзо монда, онро ба Валиҷон дод:
— Ана, акнун ба таври расмӣ метавонед фаъолият кунед.
— Ташаккур, барои заҳматҳоятон, — гуфт Валиҷон санадро аз дасти вазир гирифта.
— Кирои миннатдорӣ нест. Ин вазифаи ман аст, — гуфт вазир ва афзуд: — Боз ягон проблема ҳаст?
— Проблемаҳои асосӣ ҳал шуданд. Як масъалаи дигар монд – ин иҷозаи силоҳ доштан ва худи дарёфти силоҳи оташфишон.
— Ин ҳам ҳалшаванда аст. Аз номи бюро мактуб нависед, иҷоза медиҳем. Силоҳ албатта, таппончаи «Макаров» мешавад, ки онро аз ҳисоби вазорат ба шумо мефурӯшем. Дигар илоҷ надорем, зеро дар Тоҷикистон мағозаи силоҳфурӯшӣ нест.
— Ҳамин хел мекунем. Пас ба ман иҷозаи рафтан диҳед, вақтатонро зиёд гирифтам,- гуфт Валиҷон.
— То бегоҳ. Ба ҷаласа омаданро бо Нодири Аминпур фаромӯш накунед.
— Не, фаромӯш намекунам, — гуфт Валиҷон ва аз кабинети вазир берун баромад.
— Ин қадар тез омадӣ, кор буд нашуд, чӣ?- Валиҷонро дида гуфт Нодир, ки аз фурсат истифода карда, газета мехонд.
— Не, ҳамааш сад фоиз шуд. Иҷозатнома гирифтем. Танҳо иҷозатномаи силоҳ ва харидани он монд, ки вазир ҳал мекунад.
— Ҳозир меравем ба офис,- гуфт Валиҷон сари фармони мошинаш нишаста.
— Ба хонаам меравем, гӯй,- луқма партофт Нодир, ки ба хонаи панҷҳуҷрагии Валиҷон бисёр омада буд.
— Ҳозир он ҷо офис мешавад. Ҳоло аҳли оила бошанд, дар хонаи сохтаи писарам, дар маҳаллаи Навобод зиндагӣ мекунанд.
— Майлаш, ҳай бикун, — гуфт Нодир.
Баъди чанд лаҳза Валиҷон мошинашро назди хонааш, бинои чорошёна манъ кард. Дӯстон ба ошёнаи дуюм баромаданд. Дар хона мебели зарурӣ, яхдону телевизор, як компютеру принтер, чанд кӯрпаю болишт, дегу коса ва табақ буд.
— Дар ин ҷо зиндагӣ кардан ҳам мумкин аст, — гуфт Нодир.
— Албатта, зарур шавад, шаб ин ҷо мемонем,- гуфт Валиҷон.
— Ҳоло шабу рӯз кор мекунем, гӯй?
— Муассисаи худат аст, метавонӣ шабу рӯз кор кунӣ.
— Зуд чун бензин оташ нагир. Ман дар омади гап гуфтам.
— Худат хуб медонӣ, ки кори муфаттишу журналист меъёр надорад, зарур бошад, шаб ҳам кор мекунад кас.
— Бале, ин гапат ҳақ аст. Беҳтараш сари мақсад оем ва аз чӣ корро оғоз кунем?
— Аслан кори бюро шурӯъ шудааст ва ҳадафи асосии мо – пайдо кардани қотилони додарарӯси сарвазир аст, — гуфт Валиҷон.
— Ҳоло чӣ маълумот дорем, мо?
— Мақтул Табаралӣ Хошоков, зодаи ноҳияи Санги Сиёҳ, 45-сола, дар давраи шӯравӣ омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 88-и ноҳияи Санги Сиёҳро бо ихтисоси челонгари хоҷагиҳои чорводорӣ хатм карда, дар Артиши Шӯравӣ ба ҳайси хукбон хизмат кардааст. Баъди адои хизмат дар фермаи деҳаашон челонгари конвеер будааст. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ силоҳ гирифта, ба нерӯҳои Фронти халқӣ мепайвандад ва дар муддати кӯтоҳ ҳамчун хунхортарин камонмард маъруф мегардад. Баъди сулҳ аввал мудири ферма, баъд раиси колхоз мешавад. Дар ҳамин вақт ғоибона факултаи мошинолоти кишоварзии Донишкадаи аграрии Тоҷикистонро ғоибона бо ихтисоси муҳандис хатм мекунад. Пас аз барҳам хӯрдани колхозҳо ӯ заминҳои асосии обиро ба хоҷагии деҳқонии худ табдил медиҳад ва техникаи асосиро ба хоҷагии худаш мегузаронад. Ҳамин тавр, ба бизнеси худаш оғоз мебахшад. Сипас, ба тиҷорат машғул шуда, чанд фирма таъсис медиҳад, ки ба тиҷорати гуногун машғул мешавад. Яке аз миллионерҳои расмии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Оиладор соҳиби 9 фарзанд аст. Шоми 5-уми июни соли 2012, вақти баргаштан аз кор дар назди хонааш бо 8 тири таппончаи «Макаров» кушта шудааст. Ин аст, маълумот оид ба мақтул,- гуфт Валиҷон.
— Ин албатта, маълумоти расмӣ аст. Барои ифшои ин қазия бояд мо маълумоти ғайрирасмӣ низ дошта бошем, — гуфт Нодир ва афзуд: — Ҳоло милиса кадом фарзияро таҳқиқ карда истодааст?
— Фарзияҳо зиёданд: рақобати тиҷоратӣ, сиёсӣ, қасос.
— Бале, ҳамаи ин фарзияҳо қобили тафтишанд. Вале мо бояд сабаби кушторро муайян кунем. Дар ин ҳол қотилро низ ёфтан осон мешавад,- гуфт Нодир.
— Ба мисли муфаттишони собиқадор гап мезанӣ, -луқма партофт Валиҷон.
— Ин ҷо ягон чизро ман кашф накардаам. Ман он чизро гуфта истодаам, ки аз мантиқ бармеояд,- гуфт Нодир ва афзуд: — Хуб, хулосаи тафтишот чӣ аст?
— Аз рӯи ин фарзияҳо беш аз сад нафар гумонбар мавриди тафтиш қарор доранд. Беш аз ҳазор кас ҳамчун шоҳид ва сарчашмаи маълумот пурсида шуданд.
— Ягон бӯи умед ҳаст?
— Ҳанӯз тафтишот дар як ҷо қарор дорад ва пешравие нест. Шояд ин шом дар ҷаласа чизи наве гуфта шавад. Дарвоқеъ, ин бегоҳ ману туро вазир ба ҷаласаи комиссияи тафтишотии ин қазия даъват кардааст. Вазир туро ғоибона мешинохтааст ва аз шарики ман шуданат хурсанд аст.
— Магар моро ба ҷаласаи махфӣ даъват мекунанд?
— Бале, вазир мехоҳад, ки мо ҳам иштирок кунем. Албатта, ҳар он чизе, ки он ҷо гуфта мешавад, бояд махфӣ монад. Тартиби фаъолияти милиса ҳамин хел аст.
— Медонам. Ту барои ин савганд хӯрдаӣ. Ман бошам, корманди милиса нестам ва чунин ӯҳдадориро ба дӯш надорам. Ман танҳо дар аскарӣ барои садоқат ба СССР савганд ёд кардаам, ки ҳоло на он артиш ҳасту на он давлат.
— Бале, ту ягон ӯҳдадорӣ надорӣ. Вале албатта, сирро ифшо намекунӣ.
— Натарс. Мо, журналистон этикаи касбӣ дорем, ки ман онро риоя мекунам. Бинобар ин бе ташвиш бош, шуморо намефурӯшам, — гуфт Нодир.
— Туро медонам ва барои ҳамин ҳам ба ту эътимод дорам, — гуфт Валиҷон.
— Мо бояд бо маводи тафтишот шинос бошем.
— Дарёфти маълумоти мазкур ба дӯши ман, — гуфт Валиҷон, ки воқеан ҳам чунин қудрату имконият дошт.
— Валиҷон, ба фикрам ҳоло дигар кор надорем. Ман ба хона меравам, то тарҷумаи китобро ба охир расонам. Вагарна дигар фурсат намешавад.
— Қариб нисфирӯзӣ шудааст. Биё ба ягон ҷо рафта хӯрок хӯрем, баъд меравӣ.
— Не, ташаккур. Ман равам. Бегоҳ боз ба чаласа равем, худо медонад, ки кай бармегардем.
— Ҳа, воқеан дар хонаат бош. Ман 20 дақиқа кам соати 6 он ҷо мешавам ва ҳардуямон якҷоя назди вазир меравем. Ман ҳам ба хона меравам ва дар бозгашт туро меорам.
— Хуб, интизор мешавам. Қариб фаромӯш кардаам. Мо бояд мӯҳру штамп ва логотипи худро дошта бошем. Бе мӯҳр наметавонем барои гирифтани иҷозати силоҳ доштан мактуб нависем.
— Бале, дуруст мегӯӣ. Биё, пас тарҳи мӯҳру штампро омода кунем ва барои онро сохтан фармоиш диҳем.
— Ин компютер кор мекунад?- суол кард Нодир?
— Бале. Нав аст он. Писарам тӯҳфа кард.
Нодир компютерро гирон кард ва баъди чанде тарҳи мӯҳру штампро ва логотипро омода намуд.
— Канӣ, бин мешавад?
— Мешавад, боз ту хубтар медонӣ.
— Ба мо ҳуҷҷати шахсии корманди бюро лозим. Онро низ бояд фармоиш диҳем. Ман ҳозир тарҳи онро низ тайёр мекунам,- гуфт Нодир ва аз паси кор шуд.
— Флешка дорӣ?
— Ғаладони мизи компютерро бин! Бояд ҳамон ҷо бошад, — гуфт Валиҷон.
Нодир флешкаро аз ғаладон пайдо карда, онро ба компютер васл намуд ва файлҳои сохтаашро ба он фиристод.
— Файлҳоро ба флешка ворид кардам. Метавонӣ барои сохтан фармоиш диҳӣ. Ҳозир боз як нусхаи коғазии онҳоро чоп мекунам,- гуфт Нодир ва файлҳои мазкурро ба чоп дод. – Ана, тайёр.
— Ҳозир ба як папка онҳоро мегирам,- гуфт Валиҷон коғазҳоро аз принтер гирифта.
— Акнун ба ман ҷавоб, — гуфт Нодир компютерро хомӯш карда.
— Якҷоя мебароем, — гуфт Валиҷон. – Ман туро то хонаат мебарам.
— Ман худам меравам. То он ҷо дур нест, ҳамагӣ се истгоҳ.
— Барои ҳамин ҳам то хонаат мебарам, мегӯям.
Нодир дигар чизе нагуфт ва онҳо аз офис баромаданд. Валиҷон аз рӯи ваъдааш Нодирро бо мошинаш то назди хонааш овард ва худ аз пайи фармоиши мӯҳру штамп шуд.
Нодир ба хонааш омада, аз яхдон деги карамшӯрборо, ки тақрибан як косаи чинӣ хӯрок дошт, гирифта, дар плита гарм кард ва онро бо як бурда нон хӯрд. Ӯ як чойник чойи кабут дам кард ва лаптопашро гиронду аз пайи тарҷума шуд. Нодир ба матн хуб ошно буд, бинобар ин суръати тарҷума тез буд ва китоб охир мешуд.
Ӯ ғарқи тарҷума нафаҳмида монд, ки соат қариб панҷу ним шудааст. Занги телефон баланд шуд. Валиҷон занг зада гуфт, ки баъди 10 дақиқа меояд. Нодир осемасар компютерро хомӯш намуда, ба душ даромад, то ки оббозӣ бикунад. Ӯ зуд тағйири либос карда, аз хона берун шуд. Ӯ ба саҳни бино баромада буд, ки Валиҷон ҳам расида омад.
— Шин, рафтем,- гуфт Валиҷон дари пеши мошинро кушода.
Нодир савори мошин шуд.
— Ба қавли зарафшониҳо «барафтем», — гуфт ӯ.
— «Барафтем», — такрор кард Валиҷон мошинро ба ҳаракат дароварда.
— Сарат тар. Тарҷума гуфта бо ягон хонум мулоқот доштӣ, чӣ? Мефаҳмам марди муҷаррадро, — шӯхӣ кард, Валиҷон.
— Ҳаво гарм аст, душ кардам. Пеши вазир медароем, хуб нест, танат бӯй кунад.
— Душ кардӣ, хуб. Вале саратро чаро хушк накардӣ?
— Вақт нашуд. Ман ғарқи тарҷума надониста мондам, ки соат панҷу ним шудааст. Хайрият, ки занг задӣ.
— Фаҳмо, худатро сафед накун.
Вақте ки онҳо ба вазорат расиданд, соат 10 дақиқа кам 6 буд.
— Ягон ҳуҷҷат дорӣ,- пурсид Валиҷон.
-Бале, ҳуҷҷати узвияти Иттифоқи журналистон.
— Мешавад.
-Мо ба ҷаласаи назди вазир омадем, — гуфт Валиҷон ба навбатдор, ҳуҷҷатҳояшонро ба ӯ дода.
Навбатдор, ки субҳ ӯро дида буд, дигар суоле надода, иҷозаи ворид шуданро дод.
Дар назди қабулгоҳ 10 – 12 нафар афсарони баландрутба ҷамъ омада, интизори даъват буданд. Валиҷонро ҳамаи онҳо мешинохтанд, бинобар ин дастакӣ салому ҳолпурсӣ карданд. Ҳамин вақт адютанти вазир берун шуд ва ҳамаро ба кабинети вазир хонд. Онҳо ба навбат вориди утоқи вазир шуда, дар гирди миз нишастанд.
— Ба ҳамаатон салом. Аз он ки ҳамаатонро сиҳату саломат мебинам, хушам, — сухан оғоз кард вазир. – Пеш аз он ки сари масъала оем, шуморо бо ду нафар узви нави комиссияи оперативӣ, мушовирони ман шинос мекунам. Шумо устод, полковник Валиҷони Нарзуллоро мешиносед. Ман он касро сардори Раёсати мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккил монданӣ будам, розӣ нашуданд. Бинобар ин, хоҳиш кардам, ки аққалан мушовири ман дар ин соҳа бошанд. Шахси дигар низ ба шумо ошно будагист. Ин кас журналист Нодири Аминпур ҳастанд. Акои Нодир низ мушовири ман мебошанд, — махсус таъкид кард вазир.- Ҳар маълумоте, ки доир ба ин қазия дошта бошед, аз он кас пинҳон накунед. Натарсед, он чизе, ки ин ҷо гуфта мешавад ва маълумоте, ки он кас аз шумо дархост мекунанд, барои матбуот нест ва дар ягон ҷо нашр намешавад. Ҳамаи маълумот барои ифшои ин ҷиноят аст. Ҳамаатон хуб медонед, ки идомаи фаъолияти мо дар мансабҳоямон аз ифшои ҷинояти мазкур вобаста аст.
— Хуб, шурӯъ мекунем,- суханашро идома дод вазир. – Сардори Раёсати оперативӣ- ҷустуҷӯӣ, полковник Мирзоев тафтишоти шумо чӣ натиҷа дод.
Полковник аз ҷой хеста, чунин шурӯъ кард: — Чӣ тавре ки дар ҷаласаи қаблӣ вазифаҳоро тақсим карда будем, мо дар бораи фаъолияти якмоҳаи мақтул рӯз ба рӯз маълумот гирд овардем, ҳамаи сӯҳбату вохӯриҳои ӯро соат ба соат муайян кардем. Хуллас, дар тӯли як моҳи охир фаъолияти мақтул дигар нашудааст, ба қавли шоҳидон доираи ҳамсӯҳбатҳо мисли пешина мондааст. Бо маълумоти худ мо бахшҳои дигарро огоҳ кардаем, то таҳлилгарон аз онҳо истифода баранд. Ҳисоботи пурраи мо дар ин бора омода аст ва онро низ ба роҳбарони бахшҳо додаем.
— Силоҳи куштор ёфт шуд?
— Не, рафиқ генерал. Вале экспертиза собит мекунад, ки ҷинояткор бо таппончаи «Макаров» аз масофаи хеле наздик паррондааст, — гуфт полковник Мирзоев.
— Яъне аз ин бармеояд, ки Хошоков қотилро мешинохтааст, — гуфт вазир. – Оё ин мавриди тафтиш қарор дорад?
— Бале, — гуфт Мирзоев. – Мо сабти видеоии ҳамонрӯзаро дар ҷойи кори мақтул, мағоза, автозаправка ва тарабхона, ки ӯ рафта буд, дидем. Ягон шахси шубҳанок пайдо нашуд. Ҳама аз шахсони наздикаш мебошанд.
— Пас бояд шахсони наздикро ҳам таҳқиқ мекардед,- луқма партофт вазир. – Ҳозир ба дӯсту бародари худ эътимод карда намешавад. Ин нуктаро ҳам санҷед. Доираи наздикони мақтулро тартиб додед, онҳоро пурсидед. Чӣ проблема дошт мақтул? Дар бораи чӣ ҳарф мезад, чӣ кор мебурд, муайян кардед?
— Дар ин самт кор идома дорад, — гуфт полковник Мирзоев.
— Гапфурӯшӣ нею кор кардан лозим. Шумо лейтенанти нав аз донишгоҳ омада нестед, ки ин чизро надонед ва мӯҳтоҷи маслиҳат бошед. Мустақилона кор карданро омӯзед. Барои анҷоми ин ва дигар корҳо ҳамагӣ ду рӯз муҳлат. Шинед, -амр кард вазир.
— Сардори Раёсати мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккил, полковник Каюмарси Муҳаммад, шуморо мешунавем, — гуфт вазир.
Полковник аз ҷо бархест ва ба сухан оғоз кард: — Идораи мо асосан сари ду фарзияи асосӣ- рақобати тиҷоратӣ ва куштори сиёсӣ кор бурда истодааст. Аз рӯи фарзияи якум, маълум шуд, ки мақтул бизнеси Табаралӣ Хошоков хеле печида буда, қариб ҳамаи соҳаҳои иқтисодро фаро мегирад ва дар ин замина аксаран манфиати рақибонашро сарфи назар мекунад. Ҳамчунин ҳолатҳои зӯран кашида гирифтани бизнеси дигарон низ ба назар мерасад. Дар ин ҳол албатта, бисёриҳо хоҳони марги ӯ буданд. Мо рӯйихати ҷабрдидагони бизнеси ӯро тартиб додем ва тафтиш дар ин самт идома дорад. Ҳамаи ин дар гузориши ман ҳаст, ки барои аъзои комиссия пешниҳод кардаам.
— Фаромӯш накунед, ки ягон нафар «илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ» гуфта, метавонист ӯро аз сари роҳаш бардорад. Бинобар ин, таҳлил кунед, ки дар оянда ӯ кадом фирмаҳоро пачақ карданӣ буд, — маслиҳат дод Ромизи Маҳмадалӣ. – Идома диҳед.
— Соли оянда интихоботи президентӣ аст. Ҳама медонанд, ки президент дигар ваколати мондани номзадиашонро ба ин маснад надоранд. Сиёсатшиносон ва умуман дар ҳукумат номзади асосии ин маснадро ба сарвазир нисбат медиҳанд ва воқеан ҳам барои президент интихоб шудани ӯ шанс зиёд аст. Аз ҳоло рақобат шурӯъ шудааст. Шояд барои ҳушдор додани ӯ рақибонаш даст ба ин амал зада бошанд.
— Бале, шояд мегӯем ва тахмин мекунем,- луқма партофт вазир. – Ҳоло маълум нест, кӣ президент шудан мехоҳад ва кӣ бо кӣ рақобат мекунад. Бинобар ин дар тафтиши ин фарзия эҳтиёт мебояд кард. – Идома диҳед.
— Мо як рӯйихати эҳтимолии шахсони мудаии маснади президентиро омода кардем ва аз рӯи он кор бурда истодаем. Ҳоло ягон натиҷаи қаноатбахш нест.
— Фаромӯш накунед, ки баъзе ашхоси зери ниқоб кор мебурда ҳам ҳастанд, ки пайт ёфта президент шудан мехоҳанд. Ба чунин одамон низ таваҷҷӯҳи хоса кунед. Онҳо дар назари аввал хомӯшанд, гӯё ба кори худ машғуланд. Вале дар асл онҳо каждуми зери бурё буда, чунон неш мезананд, ки нофаҳмида мемонед, — маслиҳат дод вазир. – Шинед. Ба шумо ҳам ду рӯз мӯҳлат.
— Сардори раёсати дуюм, полковник Файзиев! Фарзияи қасосро шумо таҳқиқ мекардед?- суол кард вазир.
— Бале, -гуфта аз ҷой бархест полковник.
— Шумо то куҷо муваффақ шудед?
— Аз рӯи фарзияи мо Хошоковро бояд садҳо маротиба мекуштанд. Барои қасосгирӣ асос хеле зиёд аст. Чи хеле ки қаблан гуфтанд, тиҷорати ӯ хеле печида аст ва ба садҳо нафар аз ин зиён расидааст. Аз се ду нафаре, ки бо ӯ тиҷорат доштанд, марги ӯро мехостанд. Зеро ӯ тиҷорати ҳалол намекард, шариконашро мефурӯхт. Мо як рӯйихати эҳтимолии гумонбаронро тариб додем ва дар ин самт кор бурда истодаем, — гуфт полковник ва лаҳзае сукут карду афзуд:
— Ман ҳайронам, ки чаро то ин вақт ӯро накуштаанд?
— Ҳайрон нашаведу кобед, ки чаро Хошоковро маҳз ҳозир куштаанд?- гуфт вазир.- Барои ин ягон сабаби калон лозим аст. Инро пайдо мебояд кард.
— Мо ин нуктаро ба назар гирифта, таҳқиқ дорем.
— Яъне шумо ҳам дар кӯчаи сарбастаед?! – гуфт вазир. — Шинед!
— Сардори ситоди вазорат генерал-майор Рафиқов! Шумо ба чӣ натиҷа расидед?
— Гурӯҳи мо дар асоси гузориши муфассали раёсатҳо ба таҳлили маълумот машғул аст. Мо рӯйихати гумонбаронро мушаххас кардем. Ҳоло аз рӯи ин се фарзияи асосӣ беш аз 100 нафар гумонбарон муваққатан боздошт шуда, мавриди тафтиш қарор доранд. Дар умум беш аз ҳазор нафар вобаста ба ин қазия ҳамчун шоҳид пурсида шуданд. Албатта, на ҳамаи онҳо маълумоти арзанда доданд, вале ба ҳар ҳол барои норӯшан намондани вазъият ин кор анҷом дода шуд.
— Нисбати гумонбарон эҳтиёткорона, бо риояи тартиботи пурсуҷӯӣ амал кунед. Фаромӯш накунед, ки онҳо гумонбаранд, на гунаҳкор. Гунаҳкории онҳоро танҳо суд метавонад собит кунад. Тафтиш агар дар ин амал дахл надоштани онҳоро муайян кунад, муадабона бахшиш пурсида ҷавобашон диҳед,- маслиҳат дод вазир. – Шумо ҳам шинед! – амр дод вазир ва лаҳзае хомӯш монд ва сипас ба сухан оғоз кард: — Аз гузоришҳои шумо маълум мешавад, ки ҳамаатон хуб кор кардаед, вале натиҷаи ниҳоӣ нест. Пас мо чизеро ба назар нагирифтаем ё фаромӯш кардаем. Як бори дигар бо диққат ҳамаро омӯзед, шояд ин риштаи гумшуда пайдо мешавад.
— Ташаккур барои ҳузуратон. Пас аз ду рӯз дар ҳамин вақт ҷамъ меоем, — гуфт вазир ҷаласаи кориро ҷамъбаст карда. – Мушовирон аз шумо хоҳиш мекунам, лаҳзае истед,- ба Валиҷону Нодир муроҷиат кард вазир.
Баъди аз кабинет баромадани дигарон вазир бо Нодир дастакӣ салом карда, гуфт: — Хеле шодам, ки шумо шарики устоди мо шудед.
— Ташаккур ба эътимодатон, — гуфт Нодир.
— Хуб сари масъала меоем,- сухан оғоз кард вазир. – Чи хеле ки шунидед, тафтишот натиҷае надода истодааст. Пешравии назаррасе нест. Ҳозир ман ба шумо нусхаи муфассали гузоришҳоро медиҳам, то худ шинос шавед. Шояд ба сари шумо ягон идеяи нав ояд, — гуфт вазир ва аз болои мизаш папкаеро гирифта ба Валиҷон дароз кард. – Ин нусхаро махсусан барои шумо омода кардаам.
— Ташаккур,- гуфт Валиҷон.- Ба мо ҷавоб?
— Бале, ба шумо барори кор мехоҳам, — гуфт вазир онҳоро то назди дар гусел карда.
Валиҷону Нодир то ба назди мошин расидан хомӯш омаданд. Ниҳоят баъди ба мошин савор шудан хомӯширо Нодир халалдор кард:
— Вазиратон одами бад не-ку?
— Ба қавле сангисиёҳӣ бошад ҳам, шахси маърифатнок ва касбӣ аст. Ба ӯ умеди калон дорам. Ӯ метавонад, ки дар системаи милиса ислоҳот гузаронад.
— Худо барораш диҳад.
— Гӯш бикун, ман як пешниҳод дорам.
— Чӣ?
— Ман дар хона палов фармудаам. Таъсиси бюроро мешӯем. Не гӯӣ, меранҷам.
— Майлаш, агарчи ин нишастҳо вақти маро мегиранд, — розӣ шуд Нодир. – Пас аз роҳи пеши Универмаги марказӣ ҳай кун ва назди гузаргоҳи зеризаминӣ исто.
Валиҷон мошинро баъди истгоҳи автобус дошт. Шом мешуд ва дар хиёбон кормандони милисаҳои бозрасии автомобилии «Воҳиди махсус», ки доим ин ҷо меистоданд, ба назар намерасиданд.
— Ман баъди 5 дақиқа бармегардам,- гуфт Нодир ва аз мошин берун шуд. Ӯ ба гузаргоҳ фаромада аз гулфурӯшон як даста гул харид ва пас баргашт.
— Ба зодрӯз меравӣ, чӣ, — гулдастаро дида, ҳайрон пурсид Валиҷон.
— Ба хонаат даъват мекунию боз мепурсӣ!
— Ман туро ба ошхӯрӣ даъват кардам, на ба зодрӯз.
— Дасти холӣ ба хонаат равам?
— Чаро не?
— Ман ҳар рӯз ба хонаат намеравам. Камаш ду сол шуд, ки набудам. Хонаи наватро ҳанӯз надидаам.
Валиҷон дигар чизе нагуфта мошин меронд. Баъди тақрибан 10 дақиқа ба маҳаллаи Навобод расиданд. Маҳалла асосан аз хонаҳои сеошёнаву панҷошёнаи шахсӣ иборат буд. Биноҳо қасру кушкҳои филмҳои ҳиндиро мемонданд. Дар маҳаллаи мазкур асосан ба истилоҳ «тоҷикони нав»-и сарватманд истиқомат мекарданд.
— Ана, ин хонаи мо,- гуфт Валиҷон мошинро дар назди як хонаи хуштарҳи сеошёна нигоҳ дошта. – Ҳоло нафаро. Мошинро ба ҳавлӣ медарорем.
Дари ҳавлӣ ба таври автоматӣ кушода шуд ва Валиҷон мошинро ба даруни ҳавлӣ ҳай кард. Нодир гулдастаро гирифта, аз мошин поин шуд. Омадани Нодирро магар медонистанд, ки аҳли байти Валиҷон дар рӯйи ҳавлӣ онҳоро интизор буданд. Валиҷон гулдастаро ба завҷаи Валиҷон дода, муборакбодии хонаи нав кард:
— Янга сиҳат саломатед? Муборак шавад, хонаи нав!
— Ташаккур барои гулҳои зебо. Мо ҳам ба ин хона нав се моҳ шуд, ки кӯчидем. Шукри Хуршедҷон, ки ин хонаро сохт. Ба падараш бошад, чунин хонаро орзу ҳам намекардем.
— Ҳа, Хуршедҷон куҷост,- пурсид Нодир.
— Ӯ дар Дубай. Овораи тиҷорат аст.
— Ба меҳмонхона гузаред,- муроот кард, зани Валиҷон.
Писари хурдии Валиҷон – Эҳсон дастҳоро об гирифт ва онҳо ба меҳмонхона, ки дар як тарафи бино воқеъ буд, гузаштанд. Дар меҳмонхона болои миз дастархони пурнозу неъмат густурда шуда буд. Эҳсон зуд як чойник чойи кабут овард. Валиҷон нон шикаста, ба дастархон муроот кард:
— То оши палавро овардан ягон чиз хӯрда исто.
— Вақте оши палав ҳаст, чаро шикамро бо ҳар чиз пур кунем, — гуфт Нодир ва пиёлаи чойро ба даст гирифт.
Эҳсон як табақи калон ош оварда, болои дастархон гузошт ва баромада рафт.
— Магар ин як табақи калон ошро ҳардуямон хӯрда метавонем?- суол кард Нодир.
— То чени тавонистагиамон мехӯрем, — гуфт Валиҷон ва кордро гирифта, дар рӯи тахтача гӯшти болои ошро майда кард. – Марҳамат, бигир!
— Ту воқеан ҳам нӯшиданро бас кардаӣ?
— Бале.
— Афсӯс. Ҳоло ҳар ду садтогӣ мекардем ва куфти корро мебаровардем, -гуфт Валиҷон ва конякро кушода ба қадаҳ рехт.
— Ту менӯшӣ, маро кӣ ба хонаам мебарад?
— Шаб ҳамин ҷо меистӣ.
— Не. Ба хонаам меравам.
— Натарс, Эҳсон туро мебарад.
— Барои пешравии кор менӯшем, — гуфт Валиҷон ва қадаҳро ба лаб бурд.
— Оши бомазза шудааст,- таъриф кард кадбонуро Нодир.
— Худат медонӣ ки янгаат кадбонуи хуб аст. Ҳамин хӯроки лазиз то андозае асаби хароби моро ором мекунад.
— Бале, дуруст мегӯӣ. Аз кор мондаву лакот бо асаби таранг ба хона омада, шлангшӯрбо ё оши ялама хурӣ, табъат боз ҳам хиратар мешавад.
— Ҳамин занҳо ҳастанд, ки мо ҳастем, вагарна кайҳо сактаи дил шуда мемурдем, гуфт Валиҷон.
Дӯстон бо иштиҳо ош хӯрданд ва чой нӯшиданд.
— Ошро хӯрдем, ман меравам, — гуфт Нодир ва ба дастархон дуо кард:
— Ҳамеша дастархони мардуми тоҷик пурнозу неъмат бошад. Худо ҳамаро ба муроду мақсади некашон расонад. Омин!
Дӯстон аз ҷо бархестанд. Эҳсон дастҳоро об гирифт.
— Писарам, амакатро то хонаашон бурда мон, — гуфт ба Эҳсон Валиҷон.
— Воқеан, папкаро ман мегирам, шаб як варақ занам, — гуфт Нодир.
— Майлаш, -гуфт Валиҷон ва папкаро аз ҳуҷраи кориаш бароварда, ба Нодир дод.
Нодирро аҳли оилаи Валиҷон гусел кард.
— Боз биёед, — гуфт зани Валиҷон.
— Агар ҳамин хел оши бомазза пазеду Валиҷон даъват кунад, меоям.
— Биёед, муроати самарқандӣ намекунем.
— Медонам янга.
— Ман саҳар соати 8 туро аз хонаат мегирам. Боз дар хоб намонӣ, — шӯхӣ кард Валиҷон.
— Воҳима накун, хуб медонӣ, ки ман хоболуд нестам.
— Хуб, то саҳар! – Нодирро гусел кард, Валиҷон.
— Амак, ба кадом тараф ҳай кунам? – пурсид Эҳсон.
— Ба маҳаллаи Ҳисор. Медонӣ куҷост?
— Албатта.
— Дар куҷо таҳсил карда истодаӣ?
— Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
— Дар факултаи ҳуқуқ?
— Не, дар журналистика.
— Яъне, мероси падар намехоҳӣ?
— Ман азобҳои падарамро медонам, чаро милиса шавам?!
— Чӣ фикр мекунӣ, ки журналистон азоб надоранд. Ҳоло мутахассиси хуб дар ҳама соҳа азоб мекашад. Замона ҳамин хел. Журналист мешуда бошӣ, ин суханони маро мефаҳмӣ.
— Бале, амак. Ман ҳамаи газетаҳои давлатӣ ва хусусиро дар муқоиса мутолиа мекунам.
— Хуб мекунӣ, вале боз гирифтори бозиҳои ягонтоашон нашавӣ. Дар матбуот ҳар яке манфиати худро амалӣ мекунад. Боз фирефтаи бозиҳои сармуҳаррирон нашавӣ. Онҳо манфиати худро доранд ва ҳаргиз барои мардум шуда манфиати худро зери по намекунанд.
— Амак медонам, падарам ҳам гапҳои шуморо мегӯянд.
— Ягон чиз менависӣ?
— Бале, кам-кам.
— Кам-кам нависӣ, журналист намешавӣ. Пайваста навиштан даркор.
— Агар хоҳӣ, ягон сармуҳаррирро мегӯям, шогирдат мегирад.
— Шумо худатон устодам шавед, чӣ?
— Мумкин. Китобҳои журналистикаро дорӣ?
— Аксарашро дорам. Надоштаамро аз Интернет мегирам.
— Хуб. Аввал китоби жанрҳоро хон ва дар бораи онҳо тасаввурот пайдо кун. Сипас кори амалиро якҷоя шурӯъ мекунем. Фаҳмидӣ?
— Бале. Амак, ба маҳаллаатон расидем, ба кадом тараф ҳай кунам?
— Дар пеши ҳо ана, вай бинои нуҳошёна исто. Хонаи ман дар бинои паси вай.
— То назди хонаатон мебарам.
— Не, он тарафаш 50 қадам. Ҳамин ҷо ист, — исрор кард Нодир. Вале Эҳсон
— Ташаккур. Ман дар қабати сеюм зиндагӣ мекунам. Чун ба хонаатон расидӣ, падаратро гӯй, ба ман занг зананд, то ки ман хавотир нашавам.
— Хуб, амак. Шаби хуш ба шумо.
— Ба ту ҳам роҳи сафед!
Нодир ба ҳуҷрааш омаду тағйири либос кард ва сипас сари миз нишаста, папкаи додаи вазирро кушод. Ӯ гузоришҳоро хонда, дар таги баъзе ҷумлаҳо бо қалами сурх хат мекашид ва ё аломати суол мегузошт. Ҳамчунин дар як дафтари алоҳида баъзе қайдҳо мекард. Шаб аз нисф гузашт ва ниҳоят хоб ба ӯ ғалаба кард: дар сари миз хобаш бурд ва аз дасташ қалам афтид. Нодир аз ин бедор шуда коғазҳоро ғун кард ва аз ҷой бархест. Хоболуд дандонҳояшро шуст ва худро ба ҷогаҳ партофт.
Нодир аз шахсони камхоб буд ва бо дамидани субҳ соати чоруним бедор шуд. Ӯ чун одат либосҳои варзишиашро пӯшида, барои давидан ба кӯча баромад. Дар наздикии хонаи ӯ мактаб буд ва он майдони хуби варзишӣ дошт. Нодир ҳар саҳар дар он ҷо машқи бадан мекард. Қаровули мактаб ӯро мешинохт ва барои дар майдон машқ карданаш монеъ намешуд.
Нодир имрӯз камтар машқ карда, зуд ба хона баргашт, бояд тарҷумаро ба охир мерасонид. Ӯ ба хона омада, душ кард ва сари компютер нишаст. Илҳомаш омаду суръати кораш афзуд. Соати 6 ӯ тарҷумаи китобро, ки ҳамагӣ се саҳифааш монда буд ба охир расонид ва тӯли якуним соати дигар ҳамаи онро боз як маротибаи дигар мутолиа карда, таҳрир намуд. Сипас ӯ китобро тавассути почтаи электронӣ ба фармоишгар фиристод.
Нодир одатан бо ду дона тухми ҷӯшонидашудаи мурғ, як пора нон ва чойи беқанд ношто мекард. Дар вақти ношто ӯ телевизор тамошо карда, аз хабарҳои ҷаҳон огоҳ мешуд. Ӯ ин саҳар низ чун одат ношто кард. Дар телевизион ягон хабари ҷолиб нагуфтанд, навигариҳои дирӯзаро такрор карданд. Вақти омадани Валиҷон наздик мешуд. Нодир либосҳои кӯчаравиашро пӯшид ва папкаро гирифта, аз хона баромад. Соати расо 8 Валиҷон бо мошинаш омад. Нодир дари пеши мошинро кушода дар назди Валиҷон нишаст ва онҳо салому ҳолпурсӣ карданд.
— Хуб нағз истироҳат кардӣ?
— Истироҳат-ку не, вале як 4 соат хоб кардам, — посух дод Нодир.
— То саҳар кор кардам, гӯй.
— Не, то нисфи шаб гузоришҳоро хонда, баъд хоб кардам. Аз соати панҷ то ҳафту ним тарҷумаву таҳрир кардам.
— Ношто накардӣ?
— Ношто кардам.
— Аз гузоришҳо ягон чиз пайдо кардӣ?
— Баъзе қайдҳо кардам. Ин нохалафро бояд кайҳо мекуштаанду …
— Медонам, вале илоҷ надорем. Бояд қотилро ёбем,- гуфт Валиҷон ва суханро ба дигар сӯ бурд. – Имрӯз корро аз чӣ сар мекунем?
— Ман мутолиаи гузоришҳоро анҷом медиҳам ва баъд ба ягон хулоса меоем,- посух дод Нодир.
— Ман бояд аз пайи гирифтани мӯҳр ва сохтани ҳуҷҷатҳо шавам. Ҳамчунин бояд имрӯз мактубро барои доштани силоҳ ва харидани он ба вазир расонам. Пас ман туро назди офис мефарорам ва худам аз пайи кор мешавам.
Валиҷон мошинро дар назди офисашон нигоҳ дошт ва аз кисааш як банди калидро бароварда, ба Нодир дод:
— Ин нусхаи калиди хона. Ту ҳам бояд калид дошта бошӣ. Ман рафтам.
— Барори кор,- гуфт Нодир калидро гирифта. Ӯ аз мошин фаромад ва ба сӯи офис равон шуд.
Нодир ба офис даромада, сари миз нишаст ва папкаи гузоришҳоро кушода, мутолиаашро идома дод. Ӯ дар зери матн хат мекашид ё дар ҳошияи саҳифа аломати суол мегузошт. Ниҳоят баъди ду соат ӯ ҳамаи гузоришҳоро хонда шуд ва аз ҷой бархеста, ба балкон рафт. Ӯ тирезаро кушода, ба берун назар андохт, то мондагии чашмонашро рафъ кунад. Нодир чашмонашро гоҳ ба дарахтони сарсабз ва гоҳ ба чаманзори хиёбон мебурд, вале фикраш ба куштори Хошоков банд буд.
«Ин ҷо чӣ сире ниҳон аст, ки мо намедонем», аз дил гузаронид Нодир ва ба ҳуҷраи корӣ баргашта, ба роҳаткурсӣ нишаст. Хаёлаш боз ба ин қазияи ҷиноӣ банд буд. Маълумоти мавҷударо ӯ дар сараш таҳлил мекард ва ба суоли «Чаро куштанд?» посух меҷуст.
Қарибиҳои нисфирузӣ буд, ки Валиҷон баргашт. Ӯ аз дар даромадан замон гуфт: — Ман нону мурғкабоб овардам, хӯроки чошт мехӯрем.
— Пас ман чой мемонам,- гуфт Нодир ва ба ошхона рафт.
— Кор тахт шуд.- Ба сухан оғоз кард, Валиҷон дар вақти ғизохӯрӣ. — Мӯҳрро гирифтам, мактубро ба дасти вазир расонидам. Ӯ имзо кард. Пули силоҳ ва 100 дона тирро ба кассаи вазорат супоридам. Вале таппончаҳоро гирифта натавонистам. Мудири амбор ба ҷаноза рафтааст, кадом хешаш фавтидааст. Гуфтанд, ки пас аз нисфирӯзӣ мешавад. Пас аз нисфирӯзӣ рафта мегирам.
Онҳо пас аз ғизохӯрӣ ба ҳуҷраи корӣ гузаштанд.
— Ягон чиз пайдо кардӣ? – пурсид Валиҷон.
— Гузоришҳоро хонда гаранг шудам. Бисёр печидааст ин қазия. Агар то сабаби кушторро муайян накунем, қотилро ёфта наметавонем. Вале садҳо сабаб барои куштани ин нохалаф ҳаст. Барои ҳамин ҳам саргаранг мешавад кас.
— Бале, дуруст мегӯӣ. Пурчигил аст ин қазия. Ҳамин аст, ки милиса сарҳисобашро гум кардааст.
— Ба назари ман тафтишот чизеро намедонад ва ё махсус онро пинҳон карда истодаанд. Дар бораи ҳаёти шахсии Хошоков маълумот хеле кам аст. Аз ҷониби дигар, он фарзияҳои расмие, ки мавриди таҳқиқ қарор доранд, ба назари ман асосӣ нестанд. Агар ӯро барои тиҷорат ё сиёсат мекуштанд, бояд ин корро барвақттар мекарданд. Зеро сабаб зиёд аст. Бинобар ин ба назари ман ӯро барои тиҷорат ва ё сиёсат накуштаанд. Агар ман хато кунам, қотилро милиса меёбад.
— Ман бояд ба зодгоҳи Хошоков равам ва бо мардум сӯҳбат кунам. Шояд чизе пайдо кунам.
— Кай рафтанӣ ҳастӣ?- пурсид Валиҷон.
— Пагоҳ.
— Пас ту мошини маро гир.
— Чаро?
— То Санги Сиёҳ пиёда, бо мошини роҳ рафтан хеле мушкил аст.
— Ту чӣ савор мешавӣ?
— Мошини Хуршед, бекор истодааст. Хуршед баъд аз як ҳафта аз сафар бармегардад, — гуфт Валиҷон.
— Пас агар Эҳсон бекор бошад, бо ман равад. Ба ман ронанда мешавад ва таҷрибаи журналистӣ меомӯзад.
— Идеяи хуб. Бе ин ҳам гаранг карда буд, ки шогирди ту мешавад. Пас ман ба шумо варақаи сафар омода мекунам, то аз мақомоти маҳаллӣ касе шуморо ғам надиҳад.
Ҳоло ман рафта силоҳро гирифта меоям ва баъд ҷузъиёти сафарро сӯҳбат мекунем, -гуфт Валиҷон ва аз ҳуҷра баромад.
Нодир сари компютер нишаст ва ба Бюрои тарҷума мактуби электронӣ навишт то ки ҳаққи қалами ӯро ба корти бонкӣ гузаронанд. Ҳамчунин ӯ хоҳиш кард, ки як муҳлат ба ӯ тарҷума надиҳанд, зеро бо коре банд аст. Дар бораи идомаи ҳамкорӣ худ огоҳ мекунам, навишт ӯ.
Сипас, ӯ аз ҷо бархест ва папкаи гузоришҳоро гирифта, ба роҳаткурсӣ нишаст. Ӯ гузоришҳоро аз нав варақ мезад, то ягон риштае пайдо кунад барои ифшои ин куштор. Вале ҳеҷ чизи ҷолиб пайдо намешуд. Ӯ ба қазия аз нигоҳи журналистӣ назар дӯхт ва ба худ чунин саволҳо дод: Кӣ, чаро, бо кадом мақсад, чӣ натиҷа ба даст омад?
Албатта, ба ягонтои ин суолҳо посух набуд. «Агар аз суоли охир шурӯъ кунем, чӣ?», ба худ андешид Нодир. «Воқеан, марги Хошоков чӣ натиҷа медиҳад?», посух мехост. Аз марги Хошоков аксари шарикони тиҷоратии ӯ манфиат медиданд. Аз нигоҳи сиёсӣ низ ин ҳушдор буд ба сарвазир, ки «дасти мо дароз аст, ба ту ҳам мерасад». Албатта, ҳамаи ин эҳтимолият доранд, вале аз куштани Хошоков дигаргуние намешавад. Бизнеси ӯ ба писараш мегузарад, ки ӯ ҳам аллакай гургбача шудааст. Ба ғайри ин бародарони Табаралӣ низ тиҷорати ӯро ҳаргиз аз даст намедиҳанд. Яъне, бо марги ӯ дар ин ҷода дигаргунии назаррасе ба вуқуъ намепайвандад, ки аз он шарикон ва рақибонаш манфиат бинанд. Ҳамчунин марги Хошоков, ҳеҷ гоҳ сарвазирро аз раъяш баргардонда наметавонад. Ӯ ин шанси президентшавиро ҳаргиз аз даст намедиҳад. Ба гуфти як файласуф ҳокимон барои ба қудрат расидан омодаанд, ки то зону дар хун бошанд. Яъне, раъйи онҳоро ягон гуна талафот гирифта наметавонад. Пас, сабаби дигари кушторро бояд ҷуст.
Дар мо қасдгирӣ чандон роиҷ нест. Вале баъзан ин ҳолатҳо ба назар мерасад. Агар ин фарзияи асосӣ бошад, барои кадом амалаш ӯро кушта бошанд. «Ӯ чӣ кор кардааст, ки мо намедонем», ба худ меандешид Нодир. Ӯ пагоҳ ба зодгоҳи Хошоков рафта, ана, ҳамин сабабро бояд меҷуст.
Баъди тақрибан ду соат Валиҷон баргашт. Ӯ аз имкониятҳо оқилона истифода мекард. Ӯ ду таппончаи «Макаров» бо тиру тирдонҳояш ва иҷозатномаи истифодаи онро бо худ оварда буд.
-Тирпаррониро фаромӯш накардаӣ?- пурсид Валиҷон.
— Баъди ҷанги Афғонистон дигар ягон намуд силоҳро ба даст нагирифтаам, — посух дод Нодир.
— Ҳеҷ гап не. Ман гапзанон кардам дар тири вазорат машқ мекунем. Ту дар аскарӣ нишонзани хуб будӣ ва дар муддати кӯтоҳ он малакаатро метавонӣ барқарор бикунӣ.
— Магар ин ҷо мо тирпарронӣ мекунем?! Кори мо дигар хоҳад буд,- гуфт Нодир.
— Бале. Силоҳ асосан барои ҳифзи ҷони худамон аст, — гуфт Валиҷон ва афзуд: — Силоҳ аз рӯи рақам номнавис шудааст. Ман азони худамро гирифтам. Инаш аз ту,- ба Нодир таппончаро бо ғилоф ва ду тирдонаш дароз кард ӯ.
— Ман инро бо худ гирифта гардам?
— Албатта, кор, ки шурӯъ шуд, душманонамон зиёд мешаванд. Моро куштан мехоҳанд. Ҳамон вақт таппонча кор медиҳад,- гуфт Валиҷон ва афзуд:
— Биё, дар мавзуи сафаратон сӯҳбат кунем. Пагоҳ кай меравед ва кай бармегардед? Бо кӣ сӯҳбат карданиед?
— Ба фикрам барвақт равем, беҳтар. Эҳсон соати 6-и субҳ ба хонаи ман биёяд, меравем. Ман кӯшиш мекунам, ки назари мардумро дар бораи Хошоков фаҳмам. Агар кор пеш наравад, маҷбурам бо мақомоти маҳаллӣ низ сӯҳбате дошта бошем. Агар ҳамон рӯз ба ҳадаф расем, бармегардем. Агар не, шаб мемонем.
— Нақшаат хуб аст. Сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Санги Сиёҳ Рустам шогирдам аст. Занг зада огоҳ кунам?
— Не, зарурат надорад. Агар лозим шуд, аз номат гап мезанам ё худ занг зада огоҳ мекунӣ.

***

Ноҳияи Санги Сиёҳ пас аз ағбаи Сафеддорак ҷойгир буда, яке аз навоҳии ғаллакор маҳсуб мешуд. Роҳи мошин дар ин ҷо нисбат ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон тахту ҳамвор ва таъмиршуда буд. Роҳбарони кишвар аслан зодаи ин ноҳия буданд, бинобар ин ба роҳи мазкур таваҷҷуҳи хоса дода мешуд. Деҳаи Сурхкамар 20 километр аз маркази ноҳия дуртар дар кӯҳистон ҷойгир буд. Барои ба ин деҳа аз Душанбе рафтан ҳоҷати ба маркази ноҳия ворид шудан набуд. Зеро роҳи деҳа 5 км пештар аз маркази ноҳия ҷудо мешуд.
Эҳсон хуб мошин меронд ва онҳо 125 километрро дар 2 соат тай карда, ба даромадгоҳи деҳа расиданд. Дар талу теппаҳои атрофи деҳа деҳқонон гандуми посираашонро медаравиданд. Дар наздикии роҳ мӯйсафеде гандум медаравид.
— Эҳсон ҳамин ҷо мошинро дор ва мошинро аз роҳ яктарафа мон,- гуфт Нодир.
— Магар расидем ба деҳа?
— Не. Вале корро аз ҳамин ҷо шурӯъ мекунем. Як бутилка оби минералӣ гирифта аз паси ман биё. Ба сӯҳбати мо гӯш деҳ вале ҳамроҳ нашав то корро расво накунӣ.
Нодир ба теппа назди мӯйсафед баромад.
— Монда нашавен, бобӣ!- гуфт Нодир ба мӯйсафед.
— Саломат бошӣ, бачам,- посух дод мӯйсафед аз дарав бозмонда. – Бачам, ягон каса мекобӣ?
— Не, ҳамин хел як омадем.
Мӯйсафед аз ҷо бархест ва бо Нодир даст дода, салом кард.
-Ҳолатон хуб аст?
— Як навъ, берун аз гӯр гаштем. Пир шавӣ дигар чӣ мешавӣ?!- гуфт мӯйсафед.
— Падари ман ҳам гапҳои шуморо мегӯяд.
— Бачам, худут аз куҷоӣ?
— Ман аз Санги Сафед.
— Мулкои хубанд. Дар ҷавонӣ чанд маротиба сафар доштум. Таъми меваҳотон аз даҳонум намера. Хурмову гелос, шафтолуҳои хуб дорен. Ширинии ангуратон дар кишвар ҳамто надоран.
Ҳамин вақт Эҳсон дар даст шишаи пластмассии об расида омад ва бо мӯйсафед салом кард.
— Бобӣ, об нушен, ташна мондагистед, — гуфт Нодир ва шишаро аз дасти Эҳсон гирифта, ба мӯйсафед дароз кард.
— Раҳмат, ман дуғ дорум, ташнагима ҳавай мешикана. Бен, таги ҳо ана вай дулона равем. Дар сояи вай шол партофтагиюм. Монда, ки шудум, ҳамон ҷо дароз кашида дам мегирум.
Онҳо таги дулона рафтан. Мӯйсафед дастархон густурд, ки дар он нони сиёҳи аз гандуми таҳҷоӣ пухташуда, як коса чакка, чанд дона қанди сафед буд.
— Чолоб менӯшен? – мешро нишон дода гуфт мӯйсафед.
— Не раҳмат.
-Бачам зиёфати ман дар саҳро ҳамин. Агар хонам бурен, буз кушта меҳмондоритон мекунум.
— Раҳмат бобӣ. Серем. Ба хотири нон як бурдагӣ мегирем,-гуфт Нодир ва як пораи хурде аз он шикаст.
— Гирен, мо аз ҳамин гандум нон мекунем. Ин албатта аз ҳосили соли гузаштаай.
— Имсол ҳосил чӣ хел?
— Имсол бориш бисёр шуд. Ҳосилам бояд хуб шава.
— Бачаҳо дар куҷоанд, ки худатон танҳо гандум медаравен.
— Ду бача доштум, ки якеша дар ҷанг куштанд. Дуюмуш, мисли ҳамаи ҷавонмардони қишлоқ дар Русия мардикорӣ мекуна. Шукр навасаҳо ҳастанд. Уноям калонош дар Русия. Бо ман як навасам гандум медарава. Ҳоло вай имтиҳонсупорӣ рафтагияй. Имсол мактаба хатм мекуна.
— Бобӣ, шумо аз ҳамин деҳа мешавен?- пурсид Нодир.
— Бале, бачам. Чӣ буд?
— Ай қишлоқтон одамои обрӯманд буромадагиай, вале роҳҳотон харобай.
— Бачам, уно ба мора роҳ рост мекунан? Дар Душанбею маркази ноҳия қасрҳо сохтиян. Инҷа бачам қариб ки намеян. Агар биянам дар як сол як бор ба верталёт меян. Ин ҷа чӣ ҳаст? Ба ғайри таллу теппаи камҳосил ва кӯҳҳои пурсанг дигар чизе нест. Уно заминҳои ҳамвори водира гирифта, боғ кардиян.
— Раҳмат бар падари Ҳукумати Шӯравӣ, ки ба ин ҷо раҳ карда буд, пул сохта буд, магазину мактаб, духтурхона сохта буд, -лаб ба шиква бурд мӯйсафед.- Ин наво будагишам ҷазир кардан. Магазинам харида хонаи шахсӣ кардан. Акнун мардум овора шуда барои як собунам ба маркази ноҳия мераван.
— Бобӣ шумо Табаралӣ Хошоковро мешносен?
— Ҳамун оқи падар, ки куштануш?
— Бале. Хуб мешношум. Падаруш Сангалӣ дар дасти ман подабон буд. У вақт ман мудири ферма будум. Фермаи хеле обод доштем, қариб як ҳазор гови ҷӯшоӣ доштем. Корҳора ҳамаша механикӣ карда будем. Говора бо мошин меҷӯшидан. Ҳоло ба ҳоли ин ферма гиряи кас мебиёйа. Фермара хусури Табаралӣ хусусӣ кардай. Ҳамаи говора хӯрдан, асбобу таҷҳизоти фермара фурӯхтан. Ҳоло ягон садто гови шахсии онҳо ҳаст он ҷо.
-Худи Табаралӣ ҳам баъди училиш ва баъди аскарӣ то сар шудани ҷангоя дар ҳамин ферма слесар буд. Хусурушам дар ҳами ферма гӯсолабон буд. Баъд зануш говҷӯшӣ мекард.
— Яъне занша дустдошта гирифта буд?
— Не. Ин духтарака очашам говҷӯш буд. Синфи ҳаштум мехонд Саврӣ ва пеши очаш ёрдам меомад. Як рӯз Табаралӣ пайт ёфта духтарака дар оғил таҷовуз кардай. Ҷанҷоли сахт хест. Баъд худӣба худӣ тинҷуш кардан ва ҳами Саврира гирифт.
— Ҷанг сар шуду ин хонасӯхта бачаҳои қишлоқа бераҳа карда ба район бурд ва худша камандир кард. Дар ҷанг бачаҳои бисёр ҳалок шудан. Бачаи калони манам, ки студент буду дар Душанбе мехонд, дар ҳами ағбаи Сафедорак дар ҷанги апазитсия кушта шуд. Бачам каникул қишлоқ омада буд, ки ино маҷбуран ба ҷанг бурдан. Намедонум, барои чӣ ино ҷанг кардан? Ягон зиндагии мардум беҳ нашуд. Рӯзамон бадтар шуду беҳтар не.
— Бобӣ, ин Табаралӣ бо киҳо дӯстӣ дошт. Рафиқои ҷангиш ҳастанд?
— Иқа мепурсен, бо милиса набошен, ки ба ягон бало бупечонен. Ба қарибӣ як гуруҳ аз Душанбе омада, чанд рӯз пурсуков карда рафтан.
-Бобӣ, хавотир нашавен. Мо журналистем, — гуфт Нодир ва ҳуҷҷати узвияти Иттифоқи журналистонро ба мӯйсафед нишон дод.
— Бовар мекунум, милиса дигар хел мепурса.
— Бачам, Табаралӣ чандон ба дӯстош вафогӣ надошт. Баъди ҷанг худуш вазифа гирифту Душанбе рафт. Ҳамяроқош бекор мондан ва ба Русия рафтан. Аз дӯстои наздикуш Сафаралӣ дар қишлоқ мондагияай. Маълимӣ мекуна. Вай аз пош тир хӯрду инвалид шудагияай. Ҳаму нағзтар медона. Табаралия баъди Душанбе рафтануш дигар хуб надидам. Пештар агар қишлоқ меомад, ягон ҳолпурсӣ мекард. Солҳои охир дигар намеомад. Ҳамаи хешу таборша кӯчонда Душанбе бурд.
— Раҳмат бобӣ.
— Саломат бошен. Ҳа, агар ягон чизи дигар пурсидан хоҳен, ба ҷамаа равен. Раиса, хеши дури Табаралиай вай бисёр чиҳора медона.
— Раҳмат.
— Барори кортона худо бута!
Дехаи Сурхкамар дар пастхамӣ, дар камари теппаи сурххок воқеъ буд. Роҳи мошин аз болои теппаи муқобил ба деҳа сарнишеб мешуд. Бинобар ин аз боло хонаҳои деҳа чун дар кафи даст метофт. Нодир хоҳиш кард, ки Эҳсон дар ҳамин баландӣ мошинро дорад. Нодиру Эҳсон аз мошин берун шуданд.
— Канӣ, бигӯй, ки хонаи Хошоков кадом аст?- суол кард Нодир.
— Ба фикрам, ҳо ана вай хонаи сеошёнаи канори деҳа.
— Шояд дуруст гӯӣ, зеро ӯ шахси сарватманди деҳа буд. Боз чиро мебинӣ?
— Дар маркази деҳа мактаб аст, ки ин аз майдони варзишӣ доштанаш ва тарҳи бино маълум аст. Хонаи истиқоматӣ ин қадар дароз намешавад. Рӯ ба рӯи мактаб ба фикрам идораи ҷамоати деҳот аст, зеро дар пештоқи ин бино ҳам чун мактаб байрақи Тоҷикистон овезон аст.
— Бале. Диди журналистӣ дорӣ. Воқеан, мо ин ҷо беҳуда наомадаем. Вобаста ба вазъият мавзуеро интихоб карда, метавонӣ чизе нависӣ. Диктофон дорӣ?
— Дар телефон сабт мекунам.
— Пас рафтем, — гуфт Нодир. Мошинро аз кӯчаи Хошоков ҳай кун. Вақте наздик шудем, оҳиста рон. Сипас ба мактаб ҳай кун.
— Хуб, амак.
Эҳсон ба гуфти Нодир мошинро оҳиста меронд. Нодир бо таваҷҷуҳ ба хонаи Хошоков назар мекард. Маълум буд, ки дарвоза қуфл аст ва касе дар хона нест. Эҳсон мошинро дар назди мактаб дошт.
— Ба мактаб, ки дароем, бо директор сӯҳбат мекунем. Ту дар бораи хатми имсола дараҷаи дониши хонандагон сӯҳбат бикун. Назари баъзе талабаҳоро оид ба нақшаи ояндаашон пурс, ки онҳо баъди хатми мактаб ба чӣ кор машғул шуданианд. Ман муаллим Сафаралиро пайдо мекунам ва аз ӯ баъзе чизҳоро мепурсам. Баъдан мумкин ба ҷамоат низ сар занем.
Саҳни мактаб ором буд. Дарс тамом шуда буд ва танҳо хонандагони синфҳои болоӣ имтиҳон месупориданд. Бо истодани мошини ношинос аз мактаб чанд нафар берун шуда ба истиқболи Нодиру Эҳсон омаданд. Онҳо меҳмонони нохондаро ягон комиссияи навбатӣ аз шуъбаи маорифи ноҳия ё раёсати маорифи вилоят пиндоштанд. Яке аз онҳо марди тақрибан 60-сола саломуалейк карда, худро муаррифӣ кард: — Директори мактаб, Юсуф Пӯлодов.
— Хеле хуб. Ман Нодири Аминпур, журналист аз Душанбе. Ин кас шогирди ман
Эҳсони Валиҷон.
— Хуб, гузаред ба кабинет меравем. Он ҷо сӯҳбат мекунем, — мактаб даъват кард директор.
Роҳравон Нодир чашм ба даҳлезу синфхонаҳо бурд. Чунин ба назар мерасид, ки мактаб аз замони шӯравӣ ин сӯ таъмири асосиро надидааст. Кабинети директор ҳам оддӣ ва хоксорона буд. Дар он мизу курсӣ ва ҷевони даврони шӯравӣ меистод. Танҳо портрети президент дар чорчӯбаи ҷилодор аз замони имрӯз дарак медод.
— Марҳамат, нишинед, — гуфт директор як тарафи мизро нишон дода. Пӯлодов худ низ рӯ ба рӯи меҳмонон нишаст.
— Ташаккур, — гуфт Нодир ва сари миз нишаст. Эҳсон низ дар паҳлӯи Нодир нишаста гӯшу ҳуш шуд, ки ӯ чӣ мегӯяд.
— Мо ният дорем, ки дар бораи як деҳаи кӯҳистон ягон мавод нависем,- сухан оғоз намуд Нодир. Барои ҳамин ҳам бо вазъият шинос шудан мехоҳем. Дар бораи таълиму тарбия, шароити зиндагии муаллимон навиштанӣ ҳастем. Албатта, бо кӯмаки шумо.
— Мо омодаем ба шумо кӯмак кунем.
— Рости гап, ман худ дар оилаи муаллим калон шудаам, зиндагиву ташвиши омӯзгоронро хуб медонам, -гуфт Нодир ва афзуд: — Як чизро гӯям, ба кабинети директори мактаби шаҳр дароӣ, гумон мекунӣ, ки ба кабинети ягон директори завод даромадаӣ. Кабинети шумо ва умуман мактабатон хоксорона аст. Аз деҳаи шумо чанд нафар тоҷирони номдори Тоҷикистон баромадаанд. Оё онҳо ба шумо кӯмак намекунанд?
— Медонам, шумо киро дар назар доред. Нодида магар сер мешавад? Ана, куштануш бо худ чӣ бурд? Мардуми бемаърифату бефарҳанг қадри илму донишро куҷо донад? Бовар кунед, ки мактаб он тараф истад, барои ободии ҳамин деҳа санге намондааст. Барояш дар деҳа хонаи боҳашамат, вале барои мактаб аққалан як компютер нахарид.
— Муаллим, ихтисоси шумо чист?
— Ман муаллими таърихам. Соли 1975 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатиро хатм кардаам.
— Пас бо муллими таърихи мо – Фарҳоди Шодӣ ҳамкурс будагистед.
— Бале. Ҳоло шогирди Фарҳодам гӯед? Ман ба хонаи онҳо бисёр рафтаам. Ӯ ҳам ба деҳаи мо омадааст. Дӯст будем мо. Баъди пароканда шудани шӯравӣ ва ин ҷанги бародаркуш алоқаҳо канда шуд. Дигар ба мисли пеш ба Душанбе ҳам намеравам. Мумкин дар 4-5 сол бо ягон коре наравам, дигар дар ҳамин деҳ пойбандем, бародар, — гуфта лаҳзае сукут кард Юсуф Пӯлодов ва баъд пурсид:
-Ҳоли ҳамкурси мо чӣ хел аст?
— Ба мисли ҳамаи муаллимон. Он қас ҳам 10 сол боз директори мактабанд.
— Чун ӯро дидед, ҳатман саломи маро расонед.
— Албатта.
— Дар мактаби шумо як нафар маъюб бо номи Сафаралӣ кор мекунад?
— Сафаралӣ ном муаллими синфҳои ибтидоӣ дорем. Як пояш мелангад.
— Ӯ пеш аз дӯстони наздики Табаралӣ будааст.
— Ҳа, пеш бисёр қарин буданд.
— Ман бо он кас ҳам сӯҳбат карданӣ будам.
— Мутаассифона, ҳоло ӯ нест. Ба маркази вилоят рафтааст барои роҳхати курорт дастрас кардан. Ин ҷо дар ноҳия роҳхат нест гуфта, надоданд ва ӯ ба вилоят рафт. Пагоҳ бояд то нисфирӯзӣ баргардад.
— Пас пагоҳ сӯҳбат мекунем. Ҳозир дар бораи фаъолияти мактаб, кадрҳои педагогӣ, сатҳи дониши хонандагон гап занед, — хоҳиш кард Нодир.
— Чӣ хеле ки дидед, мактаби мо 11-сола аст. Дар он 1500 нафар шогирдон таҳсил мекунанд. Дар штатамон 50 муаллим ҳаст, вале бинобар набудани омӯзгорони тахассусӣ ҳамагӣ 35 нафар кор мекунанд, ки онҳо асосан нафақахӯр ва синни ба нафақа наздиканд. Муаллими аз ҳама ҷавони мо 50-сола аст. Ба ин маоши кам ягон омӯзгори ҷавон ба мактаб намеояд. Буданд ҷавонон, ки як сол кор карда, баъд барои мардикорӣ ба Русия рафтанд. Аз деҳа бо квотаи президентӣ барои таҳсил мефиристем, ки баргашта дар деҳа муаллим шаванд, вале онҳо чун ба шаҳр рафтанд, дигар барнамегарданд.
— Бале, ин проблемаи танҳо шумо нест. Ҳозир ҳатто дар мактабҳои пойтахт муаллимони соҳибихтисос намерасанд.
— Як чизи хуби мактаби мо дар он аст, ки муаллимони фанҳои асосии мо пиронсолонанд ва онҳо софдилона дарс мегӯянд. Аз вазорати маориф амр шудааст, ки муаллимони нафақахӯрро аз кор озод кунем. Агар онҳоро ҷавоб диҳанд, кӣ дар мактаб кор мекунад? Сари ин масъала ман дар шуъбаи маорифи ноҳия, идораи маорифи вилоят баҳс кардам. Ба гапам гӯш накарданд, ба вазири маориф мактуб навишта гуфтам, ки агар нафақахӯрон лозим набошанд, ба ҷояшон муаллимони ҷавонро таъмин кунед. Албатта, вазорат чунин имконият надорад. Аз вазир ҷавоб омад, ки бигзор нафақахӯрон кор кунанд. Мактубро нусха карда, ба шуъбаи маориф додам, то ки дигар гаранг накунанд, — гуфт Пӯлодов ва афзуд:
— Ман медонам, ки дар бисёр мактабҳои ҳатто шаҳр муаллимони соҳибихтисоси физикаю математика, химияву забони англисӣ намерасанд, вале мо чунин муаллимон дорем. Бинобар ин таъриф ҳам шавад, шогирдони мо чизеро медонанд, бесавод нестанд. Албатта, дониш гирифтани шогирд танҳо аз устод вобаста нест. Агар шогирд хоҳиши омӯхтан надошта бошад, ба ӯ дарс гуфтан беҳуда аст. Имрӯз, ки қадри соҳибилму донишманд поин рафт, шогирдон ҳам камтар ҳавсалаи хондан доранд. Агар аввали солҳои навадуми асри гузашта мактаби моро 50 кас хатм кунад, ҳатман 15-20 нафари онҳо таҳсилоти олӣ мегирифтанд. Ҳоло бошад, соле мактабро 80-90 нафар хатм мекунанд ва аз ин теъдод то 10 нафар шомили макотиби олӣ мешаванд. Ин нишондиҳанда паст рафта бошад ҳам, дар ноҳия аз беҳтаринҳо маҳсуб мешаванд.
— Таҳсили духтарон дар макотиби олӣ чӣ хел аст?
— Хоҳишмандони таҳсил зиёданд, вале волидон имконияти пардохти таҳсилпулӣ ва буду боши онҳоро дар шаҳр надоранд. Хуллас, духтари пулдор мехонаду духтари камбағал хонанишин мемонад ё дар хоҷагӣ кор мекунад.
— Иҷозат медиҳед, ки шогирди мо бо чанд нафар хонандагони хатмкунанда сӯҳбат бикунад.
— Албатта, мо чизи пинҳон мекардагӣ надорем, — гуфт директор ва аз ҷо бархест.- Шумо нишаста истед. Ман ҳозир ташкилотчиро муваззаф мекунам.
Эҳсон бо директор аз кабинет баромаданд. Нодир ба тиреза, ки рӯ ба рӯи ҷамоат буд, нигоҳ кард. Дар назди ҷамоат як ҷипи «RAV-4»-и нуқрафом омада истод ва аз он ҷавонзани хушқаду қомате фаромада вориди бино шуд. «Дар қарқи кӯҳ занони мошинсавор низ будаанд-ку?», — ба худ андешид Нодир.
Ҳамин замон директор баргашт ва Нодир аз фурсат истифода карда пурсид:
— Ин бинои рӯ ба руятон чист?
— Идораи ҷамоати деҳот, — гуфт директор ва ба тиреза назар кард. – Мошинаш ҳамин ҷо. Раиса субҳ ба ноҳия рафта буд, баргаштааст. Ҷаласаи раисон буд.
— Зани оқилу доно аст Лутфия. Пеш дар мактаб муаллимаи забон ва адабиёт буд. Афсӯс, ки бармаҳал бева монд. Шавҳараш аз хешовандони зани Хошоков буд. Ӯ ҳам бо Табаралӣ тиҷорати якҷоя дошт. 5 сол пеш мошинаш дар ағба чаппа шуда, ҷавонмарг шуд. Дар бораи ин садама одамон ҳар гап мегӯянд. Гӯё аз ин пештар байни ӯ ва Табаралӣ барои тиҷорат муноқиша шуда бошад.
— Ин дунёи сарбастаест. Намедонӣ, ки фардо чӣ мешавад.
— Бале. Ҳар кас аз кардааш мебинад,- гуфт директор ва афзуд:- Раиса фаҳмад, ки меҳмон омадааст, ҳатман меояд.
Лаҳзае хомӯшӣ фаро расид. Нодир дарк кард, ки бояд ҳатман бо раиса сӯҳбат кунад. Аз ӯ бисёр чизҳоеро, ки дигарон намедонанд, фаҳмидан мумкин. Хомӯширо Пӯлодов халалдор кард: — Биёед ман шуморо бо мактаб шинос кунам.
— Бо камоли майл, — гуфт Нодир ва аз ҷой бархест.
Директор як ба як кабинету лабораторияҳои мактабро ба Нодир нишон дод. Мактаб барояш ошно менамуд. Нодир онҳоро дида давраи мактабхониаш ба ёд омад. Ӯ ҳам дар чунин мактаб таҳсил карда буд.
— Як чиз пурсам, Хошоков дар мактаб чӣ хел таҳсил мекард?
— Ман роҳбари синфашон будам. Базӯр мехонд. Хеле беадаб буд. Барои ҳамин ҳам баъди хатми синфи ҳаштум ман худам ҳуҷҷатҳояшро бурда, ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ноҳия супоридам. Агар ҷанги шаҳрвандӣ намебуду ӯ силоҳбадаст намешуд, то ҳол дар оғилҳои ферма челонгарӣ мекард. Вазъият онҳоро дигар кард, ба дасташон қудрат омад. Серпул шуданд. Вале чун инсон ботинашон тағйир наёфт. Подабон буданд, подабон монданд. Инсон маърифатро тӯли даҳсолаҳо азхуд мекунад. Шахс бо галстук бастан зиёӣ намешавад. Зиёӣ будан дар ботини инсон аст, на дар зоҳир.
— Бале, ман бо шумо розӣ ҳастам, — гуфт Нодир ва афзуд: — Аз шумо як чизро пурсам, сабаби куштори ӯ чӣ бошад?
— Мардум ҳар чиз мегӯянд. Гӯё аз ҷумла барои пул кушта бошанд. Вале ман ба ин боварӣ надорам. Ҳоло дигар барои пул ин хел сарватмандонро намекушанд. Ин ҷо ягон сири дигар ҳаст, ки ман намедонам.
Онҳо сӯҳбаткунон ба кабинети директор бармегаштанд, ки рӯ ба рӯяшон ҳамон зани аз ҷип фаромада баромад.
— Муаллим, аз Душанбе меҳмон омадаанд, нагуфтед,- гилагузорӣ кард ӯ аз директор.
— Нав омаданд инҳо. Шинос шавед, Нодири Аминпур, журналист. Ин кас воқеан шогирди ҳамкурси ман будаанд.
— Ман шуморо мешиносам. Навиштаҳоятонро ҳам бисёр хондаам. Дар телевизор ҳам бисёр дидаам. Насиб будаасту худатонро акнун мебинам. Номи ман Лутфия, — худро муаррифӣ кард зан.
— Ин кас раисаи мо,- луқма партофт директори мактаб.
— Хуб, чӣ нақшаҳо доред?
— Бо шумо сӯҳбат карданӣ будам, ки худатон омадед.
— Шумо ҳар вақт метавонед ба кабинети ман оед, сӯҳбат мекунем. Ҳар рӯз аз Душанбе мисли шумо журналист ба Сурхкамар намеояд.
— Нисфирӯзӣ шуд. Ман ин касро барои хӯрокхӯрӣ ба хона даъват карданиам. Шумо ҳам биёед.
— Не ташаккур! Як пиёла чойро мо ҳам метавонем ташкил кунем,- гуфт Лутфия.
— Меҳмон аввал ба хонаи мо омаданд.
— Шумо шаб меистед?
— Шояд.
— Пас меҳмони мо мешавед. Пас аз нисфирӯзӣ вомехӯрем. Ман шуморо интизор мешавам, — гуфт Лутфия ва аз мактаб баромад.
— Мо ба хона меравем. Хӯрок тайёр аст.
— Хуб намешавад.
— Шумо меҳмон. Ман буз ё гӯсфанд кушта зиёфат намедиҳам? Кадбонуи мо мурғшӯрбо пухтааст. Як косагӣ мехӯрем ва аз пайи кор мешавем. Ҳоло шогирдатонро мегирему меравем. Хонаамон дур нест, ягон 50 метр дуртар аз мактаб.
Ташкилотчии мактаб ва Эҳсонро аз муаллимхона пайдо карданд ва ҳамагон ба хонаи директор рафтанд. Барои онҳо дар меҳмонхона дастархон густурда буданд.
Писари директор дастҳоро об гирифт ва онҳо сари дастархон нишастанд. Зуд ба онҳо дар чиникосаҳо мурғшӯрбо оварданд. Директор ҷевонро кушод ва аз он як шиша арақ баровард.
— Муаллим, — ба директор муроҷиат кард Нодир. – Мо наменӯшем. Ман 3 сол боз бас кардаам ва қатрае ҳам ба даҳон намебарам. Эҳсон бошад, сари фармони мошин аст.
— Амак, ман ҳам умуман арақ наменӯшам,- гуфт Эҳсон.
— Аниқ наменӯшед?
— Аниқ, — гуфт Нодир.
— Агар шумо нанӯшед, мо худамон менӯшем, — гуфт Пӯлодов ва ба ду қадаҳ арақ рехт. – Боз пушаймон нашавед?
— Шумо бемалол бошед.
Нодир одатан дар ҷойи бегона хӯрок хӯрда наметавонист, вале ҳоло мурғшӯрбо хеле лазиз буд ва ӯ шӯрбои косаро то охираш хӯрд.
— Янгаатон хӯроки бомазза мепазад. Ман ӯро барои ҳамин аз Душанбе овардаам. Ҳайрон нашавед, он кас ҳамкурсам. Маро дӯст дошту аз Душанбе ба қишлоқ омад. Ба нафақа баромада бошад ҳам, ҳоло дар мактаб муаллима аст.
Меҳмонону мизбонон баъди сарфи ғизо аз сари дастархон бархестанд ва ба мактаб баргаштанд.
— Ман бо чанд падару модари хатмкунандагон сӯҳбат карданӣ будам. Ба ман кӯмак мекунед? – ба ташкилотчии мактаб муроҷиат кард Эҳсон.
— Ман бояд бо раис сӯҳбат кунам. Коратро, ки тамом кардӣ ба ман занг зан, бо ҳам вомехӯрем, — гуфт Нодир ва рақами директори мактабро гирифта, то пагоҳ бо ӯ худоҳофизӣ кард.
Нодир ба идораи ҷамоат омад. Котибаи раис магар Нодирро интизор буд, ки ӯро зуд ба кабинети Лутфия овард. Раис сари компютер нишаста чизе менавишт.
— Шинед, як дақиқа. Ман ҳамин мактубро як бори дигар хонам.
— Боке нест. Мо хонумҳои зеборо то субҳ ҳам интизор мешавем.
— Безебашро мунтазир намешавед?
— Дилкаш бошанд, чаро не? – суханпардозӣ кард Нодир.
Лутфия мактубро чоп кард ва имзо монда ба котибааш дод.
— Мебахшед, як проблема дар деҳаи ҳамсоя шудааст, аз ин ҷо 5 километр болотар. Ман бояд онро зуд рафта ҳал кунам. Агар хоҳед, шуморо ҳам барам. Нахоҳед ман шояд баъди ягон соат баргардам, баъд сӯҳбат мекунем.
— Албатта, меравам. Ин хел хонуми зебо даъват кунад, ба он лаби дунё ҳам меравам.
— Пас меравем, — гуфт Лутфия аз ҷой бархеста.
Лутфия сари фармони мошину Нодир дар бари ӯ нишаст. Ӯ омирона дар роҳи пурпечутоби кӯҳистон мошин меронд. Мошин ба болои теппаи Сурхкамар баромад. Дар боло дар байни ду кӯҳ дашти калони гандумзор доман паҳн карда буд.
— Деҳа дар паси он теппаи дигар, — сухан оғоз кард Лутфия. — Ман шуморо гӯш мекунам, акои Нодир. Бо ман дар кадом мавзуъ сӯҳбат карданӣ будед?
— Дар ҳар мавзуъ. Вале ин набояд сӯҳбати сарироҳӣ бошад. Бояд мо дар ин бора танҳо сӯҳбат кунем, то касе надонад.
— Ин хел бошад, дар бозгашт ягон ҷо меистем ва сӯҳбат мекунем. Дар деҳаи Чашмасор ду ҳамсоя барои об ҷанг карда, кашталдаронӣ кардаанд. Ман бояд онҳоро оштӣ диҳам. Агар корашон ба милиса афтад, хуб намешавад.
— Дуруст мегӯед. Коре, ки бо сӯҳбат ҳал шавад, чаро қозибозӣ кунанд. Дар дари ҳамсоягӣ ҷанҷол кардан хуб нест.
— Мутаассифона, инро на ҳама мефаҳманд. Деҳа Чашмасор ном дошта бошад ҳам, аксари чашмаҳояш хушк шудаанд ва мардум аз оби полезӣ танқисӣ мекашанд. Бинобар ин, аксаран барои об чунин муноқишаҳо сар мезананд.
Ниҳоят аз дур деҳа намудор шуд. Лутфия мошинро дар назди хонаи канори деҳа манъ кард.
— Шумо дар мошин нишинед, ман қазияро ҳал карда бармегардам,- гуфт Лутфия аз мошин фаромада.
— Итоат, рафиқ раис!- шӯхиомез гуфт Нодир.
Лутфия лабханде кард ва ба сӯи хонаи дуввум рафт. Нодир аз фурсат истифода карда ба Валиҷон занг зад:
— Салом, чӣ ҳол дорӣ?- пурсид Нодир?
— Хубам, ман ҳам гузоришҳоро пурра хондам, қайдҳоятро низ. Ба андешаҳоят розиам.
— Мо қарибии соати 9 ба деҳа расидем, бо мардум сӯҳбат дорем. Ӯро ин ҷо касе дӯст намедорад, ба ҷуз хешони наздикаш. Ян нафар, ки бояд бо ӯ сӯҳбат кунем, ба маркази вилоят рафтааст, пагоҳ бармегардад. Яъне, мо шаб ин ҷо мемонем ва насиб бошад, пагоҳ то бегоҳ ба Душанбе мерасем. Аз Эҳсон хавотир нашав, ӯ барои газета маълумот ҷамъ карда истодааст. Аз ин ҷо равем, ягон мавод менависад.
— Воқеан, ба сарам як андеша омадааст. Вале то сӯҳбатҳоро анҷом надиҳам, наметавонам эътимоднокии онро бовар кунам. Ба ман акс ё видеои ҷои қатл ва мақтул, ташхиси тибии судӣ лозим аст. Ҳаминро то омадани ман дастрас бикун.
— Кӯшиш мекунам. Боз ягон маълумоти нав бошад, мегирам, -гуфт Валиҷон. — Пас Худо ҳофиз!
— Ман бегоҳ боз занг мезанам, -гуфт Нодир ва гуфтугӯро қатъ кард.
Нодир ба сӯи Лутфия, ки лаби ҷӯй бо ду нафар мард сӯҳбат мекард назар намуд. Онҳо сари чизе баҳс мекарданд, даст меҷунбонданд. Маълум буд, ки баҳси ҷиддӣ аст. Ниҳоят он ду мард ба ҳам даст доданд ва бародарвор ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд. Лутфия ба сӯи мошин баргашт.
— Қазия ҳал шуд, ҳамсояҳоро оштӣ додам, -гуфт Лутфия сари фармони мошин нишаста. – Акнун метавонем дар ягон ҷо таваққуф карда, бемалол сӯҳбат бикунем.
— Бале.
Лутфия мошинро баргардонид ва онҳо аз деҳа берун шуданд.
— Агар ҷои орому танҳо мехоҳед, ҳозир меравем,- гуфт Лутфия ва мошинро аз роҳи асосӣ берун ронда, зери сояи дӯлонае истод ва дари мошинро кушода гуфт:
— Шуморо гӯш мекунам?
— Ба ростӣ, аз чӣ оғоз карданамро намедонам,- гуфт Нодир ва ӯ низ дари наздашро боз кард то аз гармӣ салони мошин натасфад. – Ман ин ҷо мехоҳам чанд маълумоте оид ба Хошоков пайдо кунам. – Ман сабаби куштори ӯро таҳқиқ дорам. Шавҳари шумо шарики тиҷоратии ӯ буд. Ҳамчунин бо зани ӯ хешӣ низ дошт. Бинобар ин гумон мекунам, ки шумо низ маълумоте дошта бошед.
— Аслан, аз марги Хошоков ягон зарра ғамгин нестам. На танҳо ман, балки тамоми деҳа ба ӯ нафрат доштанд. Ӯ аслан аз ҳамон муттаҳамҳое буд, ки бо язнааш тавассути автомати «Калашников» сари қудрат омад ва соҳиби ҷоҳу ҷалол шуд. Дар марги шавҳари ман ҳам дасти ӯ ҳаст. Мегӯянд, ки бо супориши ӯ шланги моеъи тормозро сӯрох кардаанд ва он чакида тамом шудааст. Бинобар ин дар ағба тормоз надошта, мошини шавҳарам ба садама дучор шудааст. Махсус сӯрох шудани шлангро экспертиза муайян кардааст, вале ҷинояткорро касе пайдо накард. Пас аз марги ӯ бизнесаш пурра ба дасти Табаралӣ гузашт. Мо ҳатто ягон хасро аз бизнеси шарикиашон гирифта натавонистем. Танҳо як мағозаву як тарабхона, ки ба номи ман дар Душанбе буд, дар дастам мондааст. Ҳоло аз даромади иҷорапулии ҳамонҳо зиндагӣ дорем. Албатта, як хонаи панҷҳуҷрагие, ки ба номи шавҳарам дар Душанбе буд, барои фарзандон мерос мондааст. Ҳоло дар он духтараму писарам, ки донишҷӯянд, зиндагӣ доранд.
— Шумо хона доштаед, ман бошам иҷоранишинам,- барои ором кардани Лутфия гуфт ӯ.
— Чи хел?
— Ҳамту. Хонаро фурӯхта ба занак додам. Онҳо кӯчида ба Русия рафтанд.
— Занатон рус буд?
— Не, бибиаш рус.
— Пас чаро кӯчида рафтанд?
— Ин ҷо зистан хатарнок буд. Барои ман метавонистанд ба онҳо зиён расонанд. Бинобар ин расман ман аз ӯ ҷудо шудам, то дигар ташвишашон надиҳанд.
— Шумо чаро нарафтед?
— Агар мерафтам, шумо барин хонуми зеборо намедидам, — гуфт Нодир.
— Албатта, лутф мекунед.
— Дур аз ватан ва хешу табор буда наметавонам. Мегӯянд, ки шахс волидон ва ватанашро интихоб намекунад.
— Бале, дуруст мегӯед. Вале боз кас одат мекардааст. Ман ҳам зодаи ин деҳа нестам. Аз маркази вилоятам. Ин ҷо арӯс шуда омадаам. Дар донишкадаи омӯзгорӣ бо шавҳарам таҳсил мекардем ва ҳамон вақт бо ҳам издивоҷ карда будем. Инак, 20 сол аст, ки дар ҳамин деҳа истиқомат мекунам.
— Мебахшед, ки аз мавзӯи сӯҳбат дур рафтем, ман як чизро дар бораи ҳаёти Хошоков фаҳмиданиам. Ӯ чӣ шуғли ғайриоддие дошт?
— Ӯ ба мисли навтоҷикон аслан майишатро дӯст медошт. Вақти холиашро ба шаробу кабоб ва духтарон мегузаронд. Ба як маълумоте ба ғайри зани расмаш боз 7 зани ҷавон дошт. Дигарон мегӯянд, ки занҳои ӯ аз ин ҳам бештаранд. Ба ғайр аз Душанбе, боз дар маркази ноҳияву вилоят ва ҳатто дар Хуҷанд ҳам зан доштааст. Боре шавҳарам гуфт, ки ин нохалаф бо духтарони ноболиғ, ки зердастонаш меовардаанд, ишқварзӣ мекардааст. Шавҳари ман аз ин рафтори ӯ нафрат дошт ва мехост бизнесашро ҷудо кунад. Шояд ҳамин боиси марги шавҳарам шуд?!- оҳи сарде кашид Лутфия.
Нодир беихтиёр аз дасти Лутфия гирифт ва панҷаашро фишурда гуфт:
— Тақдир ҳамин будааст. Аз тақдир гурез нест. Бар сари фарзанди инсон ҳар чӣ ояд, бигзарад.
Лутфия ҳам панҷаи Нодирро фишурд. Гармии гуворое аз дасти Нодир ба тани ӯ гузашт, таппиши дил зиёд шуд ва қалбашро эҳсосоти гуворое пахш кард. Ӯ беихтиёр худро ба оғӯши Нодир андохт. Лабони моили бӯса ба ҳам омаданд.
Лутфия аз нигоҳи аввал ба Нодир мақбул афтода буд ва ӯ мехост коми дил ситонад. Вале ӯ дар чунин шароити ноқулай комситонӣ кардан намехост. Бинобар, ин Нодир Лутфияро ба берун хост. Лутфияи ташнаи шаҳват, лол монда чизе намегуфт, вале аз мошин пойин шуд. Нодир ӯро бардошта аз мошин дуртар, даруни алафзор бурд ва поҷомаашро кашида, болоаш баромад. Лаҳзаҳои гуворо шурӯъ шуданд. Лутфия, «ҷонакам, боз камтари дигар», гуфта сахт оғӯшаш мекард. Нодир, ки дар духтарбозӣ ҳамто надошт, талаботи Лутфияро қонеъ мекард. Ниҳоят пас аз ним соати ҷимоъ ҳар ду мондаву лакот болои алафҳо афтиданд.
— Чӣ аҳмақие кардем?- ба худ омада гуфт Лутфия.
— Агар ишқварзӣ аҳмақӣ бошад, пас 7 миллиард аҳолии дунё аҳмақанд ва мо магар маҳсули ин аҳмақӣ нестем? Ин эҳсоси гувороест, ки шахсро лаҳзае бошад ҳам, аз ғаму андӯҳи дунё дур мебарад.
— Шумо, маро боз ягон зани ҷалаби кӯча гумон накунед. Ман ба ғайри шавҳарам бо касе ҷимоъ накарда будам. Шумо дуввумин мардед, ки бо ман ишқварзӣ кардед. Маро бубахшед, ки худро дошта натавонистам.
— Ман ҳам гумон намекунам, ки шумо бо ҳамаи меҳмононатон ҳамхоба мешавед.
— Худо нишон надиҳад. Ин ҷо деҳа аст ва ин гуна гапҳо зуд паҳн мешаванд. Медонед, ки дарвозаи шаҳрро баста мешаваду даҳони мардумро не.
— Хуб лаҳзаҳои гуворо гузаштанд, акнун об ёфта ғусл кардан даркор,- гуфт Нодир.- Дар мошин об надоред.
— Дар ҳамин наздикиҳо чашмаи обаш талх ҳаст.
— Бо оби талх ҳам ғусл карда мешавад.
— Дар мошин ман сачоқи дасттозакунӣ дорам, онро мегирем.
— Сатил доред?
— Бале сатили пластмассии панҷлитра дорам.
— Пас онро ҳам мегирем, шумо ҷойи чашмаро нишон диҳед.
Нодир аз оби чашма, ки аз таги санг ҷӯш мезад, сатилро пур кард ва ба сари Лутфия рехт. Лутфия бо оби сатили дуюм ғусл кард ва либосҳояшро пӯшида, ба сӯи мошин рафт. Нодир низ бо оби талхмазза ғусл карда, ба мошин баргашт. Лутфия мӯйҳояшро, ки кӯтоҳ бурида шуд буданд, дар офтоб хушк мекард. Нодир омада, дар бари ӯ истод ва даст ба миёнаш бурд. Ӯ боз ишқварзӣ мехост. Лутфия аз лабони Нодир бӯсае ситонида, гуфт:
— Ҷонакам, то шаб тоқат кунед, ҳозир ғусл кардем.
— Маро ба Худо мекӯшед.
— Шумо аз ман ҳам гуруснатар будаед. Ман-ку панҷ сол боз мардро надидаам. Шумо ин қадар бетоқат.
— Ман як рӯз ҳам бе зан зиндагӣ карда наметавонам, — гуфт Нодир.
— Ин хел бошад, чаро занатонро гусел кардед?!
Нодир хомӯш монд ва ба мошин нишаст. Лутфия фаҳмид, ки Нодирро ранҷонидааст. Ӯ низ ба ҷояш нишаст ва аз Нодир бӯсаи оштӣ хост, лабонашро ба лабони ӯ моил карда.
— Зиқ нашавед, ман шуморо танҳо намемонам. Ҳар вақт ки ба Душанбе равам, шуморо хабар мегирам. Аз ин ҷо то Душанбе дусоата роҳ. Албатта, шумо зид набудагистед. Аз ҷониби дигар, номардӣ мешавад, ки занро умедвор куниву партоӣ. Фаромӯш накунед, ишқи пирӣ касро девона мекунад.
— Ман аз ҳамин девонагиву расвоӣ метарсам.
— Мову шумо ҳар ду танҳоем ва аз ҳамдигар ба ҷуз ишқ дигар чизе талаб надорем, — гуфт Лутфия муҳаррики мошинро ба кор андохта.
Нодир чизе нагуфт. Зеро чунин ҳарфҳоро аз занон бисёр шунида буд ва аз таҷрибаи талхаш медонист, ки баъди чанд маротиба ишқварзӣ туро моли ҳалоли худ медонанд ва ба гарданат юғ баста, шудгор карданӣ мешаванд.
Баъди чанде ба деҳаи Сурхкамар расиданд. Лутфия мошинро дар назди бинои хуштарҳи дуошёна манъ кард.
— Омадем, фароед,- гуфт Лутфия.
— Ба куҷо?- ҳайрон пурсид Нодир.
— Ба хонаи мо. Шумо пагоҳ бармегардед-ку. Шаб ин ҷо меистед. Меҳмондориатон мекунам, гӯсфанд кушта. Ё шумо фишори хун дореду буз мехӯред.
— Не, ман гӯшти гӯсфанду буз намехӯрам.
— Бешӯхӣ мегӯед? Шумо зиён меоварам нагӯед, бузу гӯсфанди парвошуда ҳаст. Ҳар вақте ки комиссия омад, кушта зиёфат медиҳам.
— Беҳуда ташвиш накашед, соли ман паланг не, ки гӯштро дӯст дорам. Ман ба як лаби нон ҳам қаноат мекунам. Бузу гӯсфандро барои комиссия монед.
— Ман ба ин гуфтаҳоятон шак надорам, вале оини меҳмондорӣ ҳаст.
— Ба ҳар ҳол ҳамон чизеро, ки шумо одатан мепазед, мехӯрам.
— Пас, боз беҳтар. Ман ҳам гӯшти гов мехӯрам. Ҷони як гӯсфандро эмин доштед, — бо лабханд гуфт Лутфия. – Аз мошин фароед, ба хона медароем.
Нодир аз мошин поин шуда, вориди ҳавлӣ гардид. Саҳни хона бетонпӯш шуда аз ҳавлӣ бо қатори гулҳои садбарг ҷудо мешуд. Дар ҳавлӣ бошад, обчакорӣ ва дарахтони гуногуни мевадор ба назар мерасид. Лутфия ӯро ба меҳмонхона, ки дараш аз хонаи истиқоматӣ ҷудо буд, ҳидоят кард. Меҳмонхона низ аз ду ошёна иборат буд. Дар қабати якум хонаи нишаст ва дар қабати дуюм хонаи хоб воқеъ буд. Дар даромадгоҳи меҳмонхона ҷумаки дастшӯӣ меистод.
— Дар курсӣ мешинед, ё болои кӯрпача,- пурсид Лутфия ва худ боз посух гуфт, ба фикрам болои кӯрпача пойҳоро дароз карда, ёнбош занед, беҳтар. Пойҳоятон монда шудагист?
— Бале.
— Пас хуб. Ҳозир писари хурдии ман ба шумо ҳавлиро нишон медиҳад, — гуфт Лутфия ва писарашро ҷеғ зад: «Шарафҷон! Ҳой Шарафҷон!».
— Лаббай, оча,- садо омад аз хона ва баъди чанде писари 13-14-солае аз хона берун шуд. Ӯ Нодирро дида, бо ӯ дастакӣ салом кард.
— Ин амакат журналист. Бо шогирдашон омадаанд. Шаб меҳмони мо мешаванд. Хозир ба амакат ҳавлиро нишон деҳ.
— Хуб шудааст. Рафтем амак, — гуфт Шарафҷон.
Онҳо сайри боғ карданд. Шарафҷон дар бораи дарахтон чун як агроном маълумот медод. Маълум шуд, ки ин боғро худи ӯ нигоҳубин мекардааст. Дар боғ меваи дарахтони себи пешпазак ва олуву зардолу пухта буданд. Вақте ки онҳо аз сайри боғ баргаштанд, Лутфия дар меҳмонхона дастархон густурда буд.
— Шумо гузашта истироҳат кунед, Шарафҷон рафта, шогирдатонро меорад.
— Пас ман ба ӯ занг мезанам, то дар назди мактаб интизор шавад, — гуфт Нодир телефонро ба даст гирифта.
— Шарафҷон, дар назди мактаб як мошини Мерседес истодааст. Ронандаи он шогирди амакат. Ӯро бо мошинаш гирифта, ба хона биёр.
Шарафҷон барои Эҳсон рафт.
— Писаратон бисёр қобил.
— Ҳамин хел ӯро тарбия карда истодаам. Ману ӯ дар ин хона танҳоем. Ҳамаи кори хоҷагӣ ба дӯши ӯст. Албатта, гову моли зиёд надорем. Ташвишаш зиёд. Вале дар деҳа зиндагӣ карда, бе гову мол намешавад. Як гову гӯсола ва чанд бузу гӯсфанд дорам, ки ба пода мераванд. Коҳу хошоки онҳоро мехарам. Чанд сар мурғро низ барои тухмаш нигоҳ медорем. Боғро бошад, Шарафҷон ӯҳда мекунад. Обчакорӣ ҳам зиёд надорем, барои худ ягон пал пиёзу кашниз ва ягон ҷӯя помидору бодиринг, қаламфури булғорӣ, карам, боимҷон ва ғайра коридаем, ки хишоваашро вақт ёфта ман мекунаму каландашро Шарафҷон. Ин ҷо бозор нест, ки як бандча кабутиро аз он бихарӣ. Ҳамааш бояд аз ҳавлии худат барояд.
— Бале, сангин аст, зиндагии деҳот.
— Шумо бо худ либосҳои сабук доред?
— Бале, дар мошин.
— Пас метавонед, душ карда либосатонро тағйир диҳед ва бароҳат истироҳат кунед. Ман бошам, аз пайи хӯроки шом мешавам. Бароятон чӣ пазам?- суол кард ӯ.
— Ҳар чизе ки дилатон хоҳад.
— Барои меҳмон оши палав мепазанд.
— Не, намегӯям.
— Шумо аз ин қанду қурс хӯрда истед. Чойи кабут дам кардам. Ман тахмин кардам, ки ин хел марди тавоно ҳатман чои кабут менӯшад.
— Шумо хато накардед.
— Хуб, ман рафтам. Агарчи намехоҳам аз баратон дур шавам.
— Пас ман ба шумо кӯмак накунам?
— Не, ҳаргиз. Хӯрокпазӣ кори зан аст,- гуфт Лутфия ва аз меҳмонхона берун баромад.
Баъди чанде Эҳсон ҳам расида омад, ки аз ин сафар таассуроти зиёде бардошта буд. Ӯ бори аввал бо одамони деҳот, ки самимона сӯҳбат мекарданд, вохӯрда буд.
Бегоҳ Лутфия зиёфати хубе орост. Оши палави пухтааш хеле лазиз буд. Шарафҷону Лутфия бо меҳмонон сари як дастархон нишаста буданд ва то соати 10 дар мавзуи гуногун сӯҳбат карданд. Маълум шуд, Шарафҷон шеър машқ мекардааст. Бо хоҳиши модараш ӯ дафтари шеърҳои шогирдонаашро овард. Нодир онҳоро хонда маслиҳатҳо дод ва гуфт, ки бештар шеъри шоирони классикро аз ёд кунад. Шарафҷон истеъдоди шеъргӯӣ дошт. Танҳо онро инкишоф додан лозим буд.
Ниҳоят чашмони Эҳсон пӯшида шудан гирифтанд. Нодир ба дастархон дуо кард.
— Хезед, хоб равед, дар қабати дуюм дар диванҳо рахти хобатон омода аст,- гуфт Лутфия ба меҳмонон.
— Мебахшед, ки ташвиш медиҳам. Ман дар хобам сахт хуррок мекашам, ба мисли трактор. Барои Эҳсонро бедор накардан ҷогаҳи маро ҳамин ҷо андозед.
— Ҳамин ҷо дар замин, болои фарш мехобед?- суол кард Лутфия.
— Бале, — гуфт Нодир ва ба Лутфия чашмакӣ зад.
— Хуб.
Вақте Нодиру Эҳсон дастшӯӣ баромаданд, Лутфия дар меҳмонхона ҷогаҳ густурд ва ба онҳо шаби хуш хоста, бо Шарафҷон ба хонаи дигар рафт. Эҳсон ба қабати дуюм баромада хобид. Нодир дар қабати аввал ба ҷогаҳ даромад ва баъди лаҳзае садои хурроккашиаш баланд шуд.
Нодир аз расидани дасте ба баданаш бедор шуд ва дар аввал хоболуд нафаҳмид, ки дар куҷост.
— Шумо дарвоқеъ хуррок мекашидаед, — гуфтани Лутфия ӯро ба худ овард. Лутфия Шарафҷонро хобонда назди Нодир омада буд. Ӯ худро ба ҷогаҳи Нодир андохт. Ба машоми Нодир бӯи хуши атри фаронсавӣ расид, ки шаҳватро бедор мекард. Лутфия лабашро ба лаби Нодир монд. Шаҳвати Нодир бедор шуд ва ӯ либоси таги Лутфияро аз танаш бадар кард ва болояш баромад. Лутфияи ташнаи шаҳват мехосту мехост. Нодир ҳам инони мардиро аз даст надода талаботи ӯро қонеъ мекард. Ҳар қадаре қалам бештар ба қаламдон мерафт, ҳамон қадар тезтар мешуд. Баъди қариб нимсоати ишқварзӣ тасфи Лутфия паст шуд ва ӯ ором гашт.
Пас аз танаффуси на чандон тӯлонӣ Нодирро боз ҳоҳиши ҷимоъ пайдо шуд, зеро тани чун оташ сӯзони Лутфия шаҳватро бедор мекард. Нодир лаб ба лаби Лутфия бурд ва ӯро ба болои худ кашид.
— Ин чӣ нағма аст? –ҳайрон суол кард Лутфия.
— Ин усули кор кардани зану истироҳат кардани мард аст, — посух дод Нодир.
— Ин хел дард мекардааст.
— Қалам ба таги қаламдон мерасад. Ҳеҷ гап не, одат мекунед. Акнун шумо ҳаракат кунед,- гуфт Нодир чӣ кор кардани Лутфияро фаҳмонд.
Лутфия аз ин ишқварзӣ чанд маротиба лаззат бурд, вале чун одат Нодир тез нутфаро резонида наметавонист. Бинобар ин Нодир ин дафъа аз усулҳои гуногуни ишқварзӣ истифода мекард, то ки ранги қалам резад, вале ин ба осонӣ даст намедод. Ниҳоят Нодир ба мурод расид.
Дар давоми шаб Нодир боз чанд маротибаи дигар Лутфияро ба оғӯш кашида, ишқварзӣ кард ва танҳо вақти ҷеғи хурӯс онҳо аз ҷогаҳ хестанд. Субҳ нав медамид. Нодир ба соати телефон нигарист: Чору ним буд он.
— Ба ҳаммом рафта ғусл мекунем. Об гарм аст. Термекс гирон буд, — гуфт Лутфия.
Нодир дар ҳаммом ҳам тоқат карда натавониста Лутфияро як даст гирифт.
— Шумо одамро мекушед. Занатон чӣ хел тоқат мекард? Ӯ барои ҳамин аз шумо гурехтааст.
— Аз ман ягон зан намегурезад. Баръакс, баъди ҳамхобагӣ аз ман дил канда наметавонад.
— Бале, ман дигар бе шумо наметавонам. Акнун ҳар ҳафта пешатон ба Душанбе меравам. Равам майлаш?
— Ихтиёр ба дасти бахтиёр. Хоҳед, биёед. Фақат пешакӣ маро огоҳ кунед.
— Албатта, — гуфт Лутфия ва бӯсае кард Нодирро.
Баъди ғусл Нодир ба ҷогаҳаш даромада хобид. Лутфия низ ба хонааш рафт, то ки аққалан соате хоб равад. Занги соати телефон Лутфияро бедор кард. Соат 10 дақиқа кам 6 буд. Ӯ дастурӯяшро шуст ва говро дӯшида, ба пода ҳай кард. Сипас ӯ дар тараддуди тайёр кардани ношто шуд. Нодир гуфта буд, ки ӯ субҳ ду дона тухми ҷӯшондашуда мехӯрад. Лутфия барои худашу Эҳсон ва Шарафҷон ширбиринҷ пухт.
«Ношто тайёр», гуфтани Лутфия ӯро аз хоб бедор кард. Соат 7 шуда буд. Нодир барои дастшӯӣ берун баромад. Дар ҳавлӣ Эҳсону Шарафҷон сӯҳбат доштанд. Лутфия зуд ҷогаҳро ҷамъ карда, дастархон густурд. Онҳо ҳама якҷоя ношто карданд. Нодир ба дастархон омин кард. Шарафҷон дастархонро ғундошт.
— Шумо истироҳат кунед, ман ба кор меравам. Агар муаллим Сафаралӣ аз вилоят баргардад, шуморо директори мактаб огоҳ мекунад, -гуфт Лутфия ва аз хона баромад. Эҳсону Шарафҷон низ аз хона баромаданд. Шарафҷон ба помидору бодиринг об монданӣ буд. Эҳсон ба ӯ кӯмак кардан мехост. Нодир дароз кашид, то даме сари хобашро гирад.
Занги телефон Нодирро аз хоб бедор кард. Пӯлодов, директории мактаб занг зад, ки Сафаралӣ омадааст.
Нодир зуд либосҳои кӯчаравиашро пӯшид ва Эҳсонро огоҳ кард, ки ба мактаб мераванд. Эҳсон мошинро аз ҳавлӣ баровард. Онҳо бо Шарафҷон хайрухуш карда, ба роҳ баромаданд. Директор онҳоро дар саҳни мактаб интизор буд. Баъди салому ҳолпурсӣ ӯ гуфт, ки муаллим Сафаралӣ ӯро дар мактаб интизор аст. Онҳо вориди мактаб шуданд. Эҳсон бошад, ба сатилча об гирифта, ба мошиншӯӣ шурӯъ кард.
Пӯлодов Нодирро ба кабинеташ бурд ва Сафаралиро ба он ҷо даъват карда онҳоро танҳо гузошт. Нодир бо Сафаралӣ, ки ҳамсоли Хошоков менамуд, салому ҳолпурсӣ кард ва сари мақсад омад:
— Муаллим, ман бо шумо дар бораи ҳамсилоҳатон Табаралӣ Хошоков сӯҳбат карданӣ ҳастам. Шумо чанд сол бо ҳам будед. Ӯро нағз медонед.
— Майлаш. Шумо пурсед, агар ман донам, мегӯям.
— То кай шумо бо ҳам будед ва рафтуо доштед?
— Мо се нафар: ману Табаралӣ ва Тешабой дӯстони наздик будем. Дар аксари амалиётҳои давраи ҷанг бо ҳам будем. Ҳамон вақт то Ҷиргатол рафта расидем. Ман ҳамон ҷо аз поям ярадор шудам. Баъд Табаралӣ вазифа гирифт ва бизнес кард. Ман ба муаллимиам баргаштам.
— Вай рафиқи дигаратон чӣ кор мекунад?
— Тешабой, ки то ҷанг шофир буд, баъди ҷанг бекор монд. Мошинҳои автобазаро ба яғмо бурда буданду худашро собиқ директор харида буд. Ӯ бизнес карданӣ шуд, ки натавонист. Баъд ночор ба Русия рафт. Ман дигар ӯро надидаам. Шунидам, ки бо касе ҷанг карда, ӯро корд задааст ва ба 10 сол зиндон шудааст.
— Табаралӣ дар ҷанг чӣ хел буд?
— Ӯ хеле бераҳм буд. На ба пиру ҷавон, на ба зану кӯдак раҳм намекард. Махсусан, агар духтарони ноболиғро бинад, девона мешуд. Дар водии Рашт даҳҳо духтарони аз 14 то 16-соларо таҷовуз кардааст. Баъзан ин корро дар пеши волидони духтарҳо мекард ва ҳамаи онҳоро мепарронд. Чӣ қадар хонаҳоро ғорат карда буд, ман намедонам. Пули аввалинашро барои тиҷорат аз ғоратгарӣ ёфтааст.
— Ҳамаи инро дар пеши чашматон мекард, шумо чизе намегуфтед?
— Чӣ мегуфтем, Табаралӣ командирамон буд. Ӯ дар ин ҳолат девона мешуд. Агар гапашро гардонӣ мепарронд. Як маротиба Тешабой бар зиддаш баромад, ки ин ноинсониашро накунад, онҳо ҳам тоҷиканд. Вале Табаралӣ ӯро гӯш накард. Баъди ин Тешабой аз пояш тир хӯрда, ба госпитал афтод. Баъди ду ҳафта ман ҳам ярадор шудам.
— Табаралиро бори охир кай дидед?
— Ҳар дафъае, ки ба қишлоқ ояд, маро ба хонааш даъват мекард. Маротибаи охир дар Наврӯзи ҳаминсола дида будам.
— Ба шумо ягон кӯмак мекард?
— Не. Як вақт баъди аз госпитал омаданам, як мошини «жигули»-и кӯҳна тӯҳфа кард, ки ҳуҷҷат надошт. Ман онро бурда ба милиса супоридам.
— Дар вақти дар ноҳияву вилоят кор кардани Табаралӣ бо ӯ кӣ нишасту хез мекард?
— Ман инро чандон хуб намедонам. Вале як нафар аз сарбозони собиқ, ки Гургаки Бангӣ мегуфтанд, ёрдамчиаш буд.
— Ба назари шумо Хошоковро барои чӣ куштанд?
— Магар ин хел одамро накушта мемонанд.
— Барои сӯҳбат ташаккур. Рақами телефонатонро гӯед. Агар мабодо ягон чиз лозим шавад, мепурсам.
— Марҳамат нависед,- рақами телефонашро гуфт Сафаралӣ.
Баъди ин сӯҳбат Нодир бо директор хайрухуш карда, ба идораи ҷамоат омад, то ки ба Лутфия низ хушбод гӯяд. Лутфия дар кабинеташ машғули навиштан буд. Ӯ Нодирро дидан замон аз ҷояш бархест: — Аз ин ҷо шинед, — курсиро нишон дод ӯ.
— Не, ташаккур. Мо рафта истодаем. Барои хайрухушкунӣ омадам.
— Аққалан, истед якҷоя хӯроки чошт хӯрем, баъд меравед.
— Не, ташаккур барои меҳмоннавозиатон. Агар илоҷаш мешуд, як даст мегирифтам,- гуфт Нодир ба гӯши Лутфия шӯхикунон.
— Ман худам наздатон меоям,- низ паст гуфт Лутфия.
— Пас, хуш бошед!
Лутфия Нодирро то назди мошин гусел кард. Дар назди мошин директори мактаб ҳам истода буд. Нодир бо ӯ ҳам аз нав хайрухуш кард.
— Ҳатман саломи маро ба ҳамкурсам расонед. Рақами телефонамро гӯед, занг занад, — гуфт Пӯлодов.
-Албатта мерасонам, — гуфт Нодир ва ба курсии паси мошин савор шуд, то ки роҳат карда равад.
Эҳсон мошинро ба ҳаракат даровард ва гуфт:
— Як маводи хуб оид ба таҳсили минбаъдаи ҷавонони деҳот менависам.
— Навис. Дар ин бора очерк ҳам нависӣ, кам аст.
Нодир дигар хомӯш монд ва дере нагузашта хобаш бурд.
«Амак, ба Душанбе расидем», гуфтани Эҳсон ӯро аз хоб бедор кард.
-Амак, шумо дарвоқеъ хуррок мекашидаед.
— Чӣ гумон кардӣ, ман дурӯғ мегӯям.
— Мошинро ба куҷо ҳай кунам?
— Ҳозир ба падарат занг занам, — гуфт Нодир ва шумораи телефони Валиҷонро ба телефонаш гирифт. – Ало, Валиҷон мо баргаштем, ту дар куҷоӣ.
— Ман дар вазорат, баъди як соат бармегардам.
— Супориши маро иҷро кардӣ?
— Аз пайи он ҳастам.
— Ман туро дар офис интизор мешавам, — гуфт Нодир сӯҳбатро қатъ карда.
— Маро дар офис фарор ва худат ба хонаатон рав, — гуфт Нодир ба Эҳсон.
— Хуб шудаст, амак.
Нодир ба офис омада, аввал ба ванна даромада оббозӣ кард, то ки куфти роҳро барорад. Сипас ба роҳаткурсӣ нишаста ба фикр ғӯта зад. Шунидаҳояшро оид ба Хошоков таҳлил карда, хулосае бароварданӣ буд ӯ.
Занги дар ӯро аз андешаҳояш берун кард. Нодир аз ҷой бархест, то бинад, кӣ ӯро ташвиш додааст. Дар беруни дар Валиҷон истода буд. Нодир дарро кушод.
— Хуб, сафар чӣ хел гузашт? — пурсид Валиҷон баъди салому ҳолпурсӣ.
— Бад набуд. Натиҷааш аз маълумоти овардаи ту маълум мешавад.
— Он чизе, ки ту пурсида будӣ, овардам. Ана, дар ин папка, — гуфт Валиҷон кифи дасташро нишон дода.
— Биё, дар роҳаткурсӣ нишинем, баъд сӯхбат мекунем, — гуфт Валиҷон.
-Чӣ маълумоти нав аз рафти тафтиши милиса? –пурсид Нодир.
-Чанд нафар гумонбарро мавриди пурсиш қарор додаанд. Аз ҷумла, директори заводи тиллошӯӣ иқрор шудааст, ки як ҳафта пеш аз куштор бо Хошоков муноқиша карда будааст, вале ӯ ба ин куштор дахл надорад.
-Ҳамчунин директори комбинати ширро боздошт кардаанд. Ӯ ҳам бо Табаралӣ муноқиша карда будааст. Хуллас, 10 нафар гумонбар мавриди пурсуҷӯ қарор доранд, ки ҳар яке метавонад, қотил ё фармоишгари эҳтимолӣ маҳсуб шавад.
— Яъне, тафтишот дар як ҷой қадам мезанад.
— Бале. Вазир аз ин хеле мушавваш аст.
— Ӯро ҳам фаҳмидан мумкин, — гуфт Нодир ва афзуд: — Канӣ ҳуҷҷатҳоро аз папка барор.
Валиҷон ҳуҷҷатҳои папкаро бароварда ба назди Нодир гузошт. Нодир аксҳои ҷои куштор ва худи мақтулро ба даст гирифт. Хошоков бо 8 тири таппончаи «Макаров» кушта шудааст. Аз ин 8 тир яке ба сар, якеи дигар ба олоти мардӣ ва боқимонда 6 тир ба дил ва атрофи он расида буд. «Чаро ба олоти мардӣ? Ин тасодуф аст ё махсус?», ба худ суол мекард Нодир.
— Ту ин суратҳоро дидӣ?- пурсид Нодир аз Валиҷон.
— Бале.
— Чӣ мегӯӣ?
— Қотил 6 тир махсус ба дил задааст ва як тири контролӣ ба сари Хошоков.
— Як тири дигар чӣ?
— Ин тир тасодуф поин рафта, ба олоти мардӣ расидааст.
— Ту гумон мекунӣ, ки ин тасодуф буд. Не, ба фикри ман, махсус ба олоти мардӣ тир паррондаанд.
— Пас чаро? Ин чӣ маънӣ дорад?
— Аз сӯҳбатҳое, ки ман ҳини сафар доштам маълум шуд, ки Хошоков педофил аст. Ӯ занашро, духтари мактабхони 16-соларо дар ферма таҷовуз карда гирифта будааст. Ҳамчунин ҳамсилоҳаш Сафаралӣ гуфт, ки ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ ӯ духтарони ноболиғро таҷовуз мекард. Аз як манбаи дигар фаҳмидам, ки ӯ ин амали ғайриинсониашро минбаъд ҳам идома медодааст ва барои ӯ духтарони 15- 16-соларо зердастонаш меовардаанд. Мумкин, ки ин амали зиштро то ҳол идома медодааст.
— Пас мегӯӣ, ки ин қасос аст?
— Ҳоло навад дар сад ба ин бовар дорам ва гумон мекунам, ки сабабашро ҳам ёфтем. Гиреҳ кушода мешавад, — гуфт Нодир. Акнун бояд қотилро муайян кунем.
— Бале, лекин ин кори осон нест. Ӯ ҳаёти садҳо гулро хазон кардааст. Қотилро аз куҷо ҷӯем. Ин қасоси давраи ҷанг аст ё баъди он. Ё ин подош ба амали имрӯз аст?
-Ана, ҳаминро мо бояд муайян кунем, — гуфт Нодир ва ҳамин вақт телефонаш занг зад. Рақами ношинос буд: — Бале.
— Салом, ҷонакам, — мегуфт Лутфия.
— Мебахшӣ, — гуфт ӯ ба Валиҷон ва ба балкон баромад.
— Ҷонакам, нағз расидед?
— Бале, ташаккур барои суроғ карданатон.
— Ёд кардам шуморо, -мегуфт Лутфия.
— Ман ҳам.
— Мехоҳам, ки ҳозир ба наздатон парвоз карда оям, вале наметавонам. Шарафҷон танҳо аст дар хона.
— Кай имконият шуд, мо дар хизмати шумо.
— Ман ин рӯзро бесаброна интизор мешавам.
— Серкоред чӣ?
— Бале, як масъаларо муҳокима мекардем.
— Пас ташвишатон намедиҳам. Боз занг мезанам.
— Худо ҳофиз, — гуфт Нодир ва гуфтугӯро қатъ карда ба назди Валиҷон баргашт.
— Одатан чунин ҷиноятҳо дар гармиаш рух медиҳанд, — гуфт Валиҷон. – Маълумотномаи ҷиноии аққалан се моҳи охири шаҳри Душанберо дидан лозим, ки оё духтари ноболиғеро ба номусаш таҷовуз кардаанд?
— Ин маълумотнома ба худат дастрас аст.
— Ҳозир мебинем, — гуфт Валиҷон ва ба вазорат занг зада ҳоҳиш кард, ки маълумотномаро бинанд ва аз натиҷааш ӯро огоҳ кунанд.
— Аз нисфирӯзӣ гузашт, биё, ғизохӯрӣ меравем,- пешниҳод кард Нодир.
— Майлаш, рафтем, — аз ҷо бархест Валиҷон.
Онҳо аз офис баромада, ба мошин нишастанд.
— Дар назди банкомат исто, то ман пул гирам,- аз Валиҷон хоҳиш кард Нодир.
— Ман пул дорам.
— Нафақаат кайҳо тамом шудагист. Аз пули писарат катагӣ мекунӣ?
— Фарзандро барои он калон мекунанд, ки пагоҳ волидонашро парасторӣ кунад.
— Бале, лекин инро фарзандон медониста бошанд. Ҳоло баръакс шудааст. Ба ҷои он ки онҳо дар пирӣ моро нигоҳ кунанд, мо худу фарзандони онҳоро мехӯронем.
— Фарзанди ботавфиқ ҳамеша волидонашро ҳурмату эҳтиром ва дастгирӣ мекунад.
— Ҳо ана, банкомат. Мошинро манъ кун, — хоҳиш кард Нодир.
Ӯ зуд рафта, аз суратҳисобаш 500 сомонӣ гирифта баргашт. Чекро дид, ки пули тарҷумаро гузаронидаанд. Дар суратҳисоб боз 2 ҳазор сомонии дигар монда буд. Ин маблағро бояд то кори дигареро анҷом доданаш расонад.
— Ба куҷо меравем?
— Ба ошхонае, ки он рӯз рафта будем. Он ҷо салқин аст. Дар ин гармӣ хӯрок хӯрдан ҳам намефорад.
Валиҷон мошинро ба даруни ҳавлии ошхона ронда, дар сояи дарахте нигоҳ дошт. Онҳо ба яке аз мизҳои лаби канал рафт нишастанд ва оши палов хӯрданд. Оши бо равғани зағер пухташуда хеле болаззат буд. Аз болои палов боз ду чойник чойи кабути раисхӯр нушиданду ба офис баргаштанд.
Ба офис даромада буданд, ки аз вазорат ба Валиҷон занг заданд. Маълум шуд, ки дар се моҳи охир дар пойтахт ҳамагӣ таҷовузи 2 нафар духтари ноболиғ сурат гирифтааст ва ҷинояткорон боздошт шудаанд. Ин маълумот чизе намедод. Бинобар ин Валиҷон супориш дод, маълумотномаи яксоларо дар ин мавзуъ дар тамоми ҷумҳурӣ таҳлил намуда, ба ӯ гузориш диҳанд.
— Як чизро бояд фаромӯш накунем, ки на ҳамаи ҷабрдидаҳо ба милиса муроҷиат мекунанд. Барои ҳамин ҳам эҳтимолияти дар ҳуҷҷатҳои расмӣ пайдо накардани ин ҳодиса вуҷуд дорад, — гуфт Нодир.
— Бале, дуруст мегӯӣ.
— Дар ин ҳол танҳо тасодуф метавонад кӯмак кунад, — гуфт Нодир.
— Ба умеди тасодуф нашуда, калларо бояд кор фармуд.
— Каллаҳо каду шуда бошанд, чӣ мекунем?
— Қобилияти фикрониатро нодида нагир. Ба ҳар ҳол мо акнун медонем, ки кирову чиро ҷӯем. Фақат боз як ҷаҳиши дигар лозим аст. Бовар дорам, ки аз ӯҳдаи инаш ҳам мебароем. Каме истироҳат бикун, боз ягон идеяи тоза ба сарат мезадагист.
— Ман ба ту фабрикаи идеяам магар?
— Журналсти хуб ҳамеша идея дорад. Ту бошӣ супержурналистӣ, — Нодирро таъриф кард Валиҷон.
— Ин гапҳоятро ба дигар кас гӯй. Ман худ медонам, ки кистам. Агар супержурналист мешудам, магар имрӯз бекор мемондам ва қотили як нохалафро меҷустам?!
— Тез нашав. Ман воқеиятро мегӯям. Худатро паст назан. Ту агар ба мисли ҳама мешудӣ, ҳоло ба мисли онҳо бо таърифҳои дурӯғат обро лой карда, моҳӣ дошта мегаштӣ ва кордат болои равған мебуд.
— Ту ҳам муфаттиши хуб будӣ. Имрӯз ба мисли ман бекорӣ. Ин чӣ маъно дорад? Яъне ба ҷомеа ашхоси поквиҷдону соҳибкасб лозим нестанд. Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино барои ҷомеаи мо гуфтааст:
Бо ин ду – се нодон, ки чунин медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд.
Хар бош, ки ин ҷамоъа аз фарти харӣ,
Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

— Беҳтараш «девонааш мехонанд», мегуфт ба замони мо мувофиқтар мешуд, — гуфт Валиҷон.
— Бале дуруст мегӯӣ, ҳоло намедонӣ, ки кофар кисту мусулмон кист. Як рӯз вақти намози ҷумъа бо мошин тасодуфан аз назди чанд масҷиди ҷомеъ гузаштем. Аз масҷид ҳар як каллакалону галстукдор баромада, ба мошинҳои гаронбаҳо нишастанд, ки лол мондам. Ба худ омада, ба дӯстам, ки сари фармони мошин буд, гуфтам: «Агар ҳамаи инҳо намозхону мусулмон бошанд, пас дузду порахӯр ва зинокор кист?». Ӯ лабханде карда гуфт: «Инҳо худоро ҳам фиреб медиҳанду бандаашро ҳам».
— Дуруст мегӯӣ, ҳоло пиру ҷавон ҳама намозхон. Вале чун аз масҷид баромаданд, аз даҳонашон ҳақорат канда не. Мардумозорӣ мекунанд. Вақти намоз фурӯшандаҳои бозор растаҳоро тарк карда, ба ибодат мераванд, чун аз масҷид баргаштанд, фиребгарӣ мекунанд, ҳаққи мардумро мехӯранд. Харидоронро ҳам аз нарх мезананду ҳам аз тарозу, — гуфт Валиҷон.
— Имрӯз дар ҳар як маҳалла 20 — 30 ҳоҷӣ. Вале ҳоҷии асил ангуштшумор. Ба қарибӣ як дӯстам, ки дар Регар директори мактаб аст, чунин як ҳодисаро нақл кард. Бо маоши муаллимӣ зиндагӣ карда намешавад ва ӯ ҳар сол як гектар заминро ба иҷора гирифта, бо фарзандонаш обчакорӣ мекунад. Имсол ӯ дар 25 сотих пиёзи тирамоҳӣ кишта буд. Пиёз охири моҳи май пухта расид ва барои харидаш ҳаннотон аз вилояти Суғд омаданд. Яке аз онҳо худро Ҳоҷӣ Абдурауф муаррифӣ кард. Ӯ пиёзро, ки калон-калони сара буд, хуш кард ва 1 сомону 23 дирамӣ килои онро савдо карда, даст дод. Ҳоҷӣ ҳазор сомонӣ гаравпулӣ дода, қавл кард, ки пагоҳ мошин гирифта меояд. Муаллим вақти даст додан гуфт: «Боз маро фиреб накунед, пагоҳ гуфтед, пагоҳ биёед!». Муаллим тибқи ваъда бо аҳли байташ пиёзро чида, ба тӯрхалтаҳо ҷо карданд, вале аз ҳоҷӣ хабаре набуд. Телефонаш ҷавоб намедод. Аз байн чор рӯз гузашт. Дар ин байн пиёз дар офтоб хушк мешуд ва нархаш ҳам паст мешуд. Дар рӯзи панҷум ҳоҷӣ занг зада гуфт, ки ӯ як проблема доштааст ва барои ҳамин омада натавонистааст. Ҳамчунин нархи пиёз дар бозор фаромадаасту ӯ ҳам нархро арзон кунад. Муаллим ба ҷуз розӣ шудан дигар илоҷе надошт, зеро дигар кӯтарахаридор набуд. Ниҳоят ӯ ба нархи гуфтаи ҳоҷӣ — 1 сомону 10 дирам розӣ шуд. Рӯзи дигар мошини ваъдагӣ омад, вале пиёзро бор намекарданд. Ҳоҷӣ низ гӯё дар Душанбе будааст. Муаллим аз ронанда, ки зодаи Ҳисор будааст, сабаб пурсидааст. «Ҳоҷӣ гуфт, ки боз каме кашол диҳем, муаллим маҷбур мешавад нархро пасттар барад», посух додааст ронанда.
— Ниҳоят ҳоҷӣ омадаасту пиёзро баркашида, ба «КамАЗ» бор кардаанд ва ӯ бо муаллим ҳисобӣ кардааст. 25 халта пиёз ба мошин нағунҷидааст. Ҳочӣ гуфтааст, ки барои пиёз боз бармегардад. Муаллим гуфтааст, ки пулашро медиҳӣ ва мебарӣ. «Чӣ хел? Ман пулашро додам», ҳайрон шудааст ҳоҷӣ. «Ту, ҳоҷӣ бо ман даст дода, савдо кардӣ, вале номардӣ карда, наомадӣ ва аз фурсат истифода карда, нархро арзон кардӣ. Акнун, пули савдои пешинаро медиҳӣ, баъд ҷавобат медиҳам. Бигзор мошинро шарикат барад. Вале туро дар ана, ҳамин тути сари полез мебандам ва як ҳафта, ки моро аҳмақ кардӣ, меистӣ. Нону обатро медиҳам, вале бандатро намекушоям». Ҳоҷии фиребгар ба зораву тавалло даромада, пули савдои аввалро медиҳад ва думро хода мекунад. Ба гуфти дӯстам ин ҳоҷӣ соли гузашта як деҳқони дигарро ҳамин тавр аз Батош фиреб дода будааст.
— Ҳаққи ҳоҷиҳои фиребгар ҳамин аст, — гуфт Валиҷон. Ин мусулмонии мо ҳама фиреби назар аст. Агар бо ин намозхонӣ ҳама тақводор мебуданд, дуздиву фиреб, ришвахӯриву зинокорӣ, фоҳишагӣ ба маротиб коҳиш меёфт.
— Мутаассифона, ҷомеа чунин шудааст, ки ҳам худро фиреб медиҳему ҳам Худоро, — гуфт Нодир.
Ҳамин вақт садои телефони Нодир баланд шуд. Аз бюрои тарҷума занг зада, хоҳиш мекарданд, ки 10 саҳифаро оҷилан то пагоҳ тарҷума кардан лозим аст ва барои ин 100 доллар мепардозанд. Нодир ноилоҷ розӣ шуд, зеро онҳо дар лаҳзаҳои душвор кор дода, ӯро бо маош таъмин карда буданд.
— Ана, кор доданд,- ба Валиҷон гуфт Нодир. – Ба умеди миллиони сарвазир аз гуруснагӣ намурем. Аз бекор нишастан, тарҷума кунам, хубтар.
Ӯ сари компютер нишаст ва аз почтааш файлро гирифта ба тарҷумааш шурӯъ кард. Валиҷон интизори маълумот аз вазорат буд. Ниҳоят қарибиҳои бегоҳ ба Валиҷон маълумотро доданд. Маълумоти мазкур низ чизеро рӯшан намекард. Ҳамаи ҷиноятҳо ифшо шуда буданд.
— Боз ноомад, — гуфт Валиҷон.
— Мо як чизро ба назар нагирифтем. Чӣ хеле ки гуфтам, кам касон баъди таҷовуз барои нарехтани обрӯ ба милиса муроҷиат мекунанд.
— Бале, гапат дуруст.
— Кӣ қасос мегирад? Ҳамоне ки беобрӯ шуда худкушӣ кардааст. Мо бояд дар ин бора маълумот ҷамъ оварем, ки кадом духтар худкушӣ кардааст. Албатта, на ҳамеша таҷовуз ба номусро сабаби худкушӣ мегӯянд.
— Офарин, боз мегӯӣ, ки каллат кор намекунад, — гуфт Валиҷон ва ба вазорат занг зада супориш дод, ки маълумотро дар бораи худкушии духтарони ноболиғ дар давоми як соли охир омода кунанд. – Шояд ин дафъа корамон омад кунад.
— Худо сахӣ аст ва оҳи мардони фидокорро мешунавад,- гуфт Нодир тарҷумаашро идома дода.
— Бале.- гуфт Валиҷон ва аз бекорӣ газетаҳои рӯи мизро, ки Нодир харида буд, ба варақгардон кардан шурӯъ намуд. Дар газетаҳо ягон чизи нав набуд. Онҳо ҳамон чизи дар телевизион пахшшударо чоп карда буданд.
— Фақат гапфурӯшӣ, ягон чизи хонданӣ нест, — шикоят кард Валиҷон.
— Магар намедонед, ки газетаҳо ҳам бизнес шудаанд,- гуфт Нодир сар аз компютер набардошта.
— То ин дараҷа набудагист!
— Яке аз бузургони миллат матбуотро оинаи зиндагӣ гуфтааст.
— Оина бошад, зиндагиро инъикос кунад.
— Ту ба фикрам, сухани маро нафаҳмидӣ. Ҷомеа чӣ гуна бошад, матбуот ҳам ҳамон хел мешавад. Яъне, дар ҷомеаи худкома ҳаргиз матбуоти демократӣ намешавад. Фаҳмидӣ?!
— Лексия нахон, ман инро медонам,- гуфт Валиҷон.
— Инро, ки донӣ, орзуи матбуоти озоду демократро накун. Мавҷудияти матбуоти хусусӣ ҳаргиз аз озоду демократӣ будани он далолат намедиҳад. Он ҳам ба хоҷае хизмат мекунад ва аз хати кашидаи вай берун намебарояд. Барои гӯл задани хонандаҳо матбуоти озоду мустақил ва демократӣ мегӯянд, — гуфт Нодир тарҷумаашро идома дода.
Валиҷон хомӯш монд ва гуфт, ки рафта дар хонаи дигар истироҳат мекунад. Ӯ ба болои диван дароз кашид, вале ҳушу ёдаш ба қазияи куштори Хошоков банд буд. «Ӯро ягон қотили касбӣ куштааст, ки аз худ ягон пай нагузоштааст. Вале чаро силоҳро бо худ бурдааст? Одатан киллерҳо силоҳро дар ҷои ҳодиса партофта мераванд, то ки бо он дастгир накунанд. Силоҳи истифодашуда бошад, аксаран бе рақаманд ва пайдоиши онро муайян кардан ғайриимкон аст. Пас қотил таҷриба надорад. Боз ин аз он далолат медиҳад, ки қотил худи қасосгиранда аст ва дигар фармоишгаре нест. Вале аз ҷониби дигар, ӯ чунон устокорона Хошоковро куштааст, ки худ дар ягон видеокамера наафтодааст. Шояд ӯ системаи ҷойгиршавии камераҳоро медонист?», ба худ суол кард Валиҷон ва аз ҷой бархесту назди Нодир омад. Ӯ ин фикрҳои ба сараш омадаро ба Нодир гуфт.
— Фикри олиҷаноб. Вале шояд қотил барои гумроҳ андохтан таппончаро куҷое пинҳон кардааст ва ё ба дарё партофтааст, ки пайдо накунанд. Ва ё мехоҳад онро истифода кунад ё фурӯшад. Дар ин ҳол ӯ қотили оқил нест, — гуфт Нодир.
— Бале. Аз рӯи таҷрибаам мегӯям, ки чунин ҷинояткорон ҳам мешаванд. Ба фикрам, пагоҳ як маротиба ҷои ҳодисаро мӯшикофона дидан лозим аст.
— Фикри дуруст. Вале беҳтараш ҳамин бегоҳ дар вақти рух додани ҳодиса он ҷо равем. Пагоҳ боз рӯзона он ҷо рафтан мумкин, — пешниҳод кард Нодир.
— Пас то соати 9 бояд дар ин ҷо мунтазир шавем?
— Чӣ ба ресторан даъват мекунӣ?
— Чаро не?
— Ман намеравам, вақти холии дар тарабхона хӯрокро интизор шудан надорам. Тарҷумаро бояд анҷом диҳам.
— Пас фармоиш медиҳам, ки ғизоро ба ин ҷо биёранд.
— Боз питса фармоиш надиҳӣ, ки аз он дилам беҳузур мешавад.
— Барои чӣ?
— Чанд сол қабл дар шаҳри Сан-Франсиско будам. Дар назди меҳмонхона питсапазие буд. Субҳи барвақт барои сайругашт аз меҳмонхона баромадам. Дари он кушода буд ва ҷавони чиние хамири питса омода мекард. Ӯ бо хамир бозӣ карда, чолокиашро нишон медод. Хамирро тунук карда ба ҳаво мепартофт ва онро бо тоба дошта болои оташ мегузошт. Ҳамин вақт як хамир ба болои фарши чиркин афдод. Ӯ ин хамирро, гӯё ки чизе нашуда бошад, гирифта истифода кард. Аз ҳамон вақт ба назарам чунин менамояд, ки ҳамаи питсаро ҳаром мепазанд.
— Ман ҳам онро дӯст намедорам. Вале ғизо мефармоям, — гуфт Валиҷон телефонашро ба даст гирифта. Ӯ ба завҷааш занг зада фармуд, ки Эҳсон соати 7 барои онҳо аз хона ғизо биёрад.
— Янгаат манту мепухтааст. Фармудам, ки ба мо ҳам фиристанд.
— Бо гӯшти гов будагист?
— Албатта, медонӣ, ки дар хонаи мо касе гӯшти бузу гӯсфанд намехӯрад.
— Хуб аст, ки ҳеҷ кор намекуниву зиёфат мехӯрӣ.
— Ин тавр нагӯй, кор пеш рафта истодааст.
— Ба ҳар ҳол ман тарҷума карда истодаам, ту нафақа мегирӣ ва касе чизе аз даст намедиҳад, — ба киноя гуфт Нодир, ки аз пешрав набудани тафтишот хиҷил буд.
Занги телефони Валиҷон баланд шуд. Аз вазорат занг зада гуфтанд, ки маълумотро ба почтаи электронии Валиҷон фиристодаанд.
— Маълумотро ба почтаи ман фиристодаанд, — хабар дод Валиҷон.
— Ана, шин ва почтаатро бин, — гуфт Нодир аз ҷой хеста. – Пулдор шавем, барои худам компютери нав мехарам.
— Албатта, — гуфт Валиҷон ва сари компютер нишаста, файли фиристодашударо кушод. Мутаассифона, ягон маълумоти ҷолиб набуд. Худкушии духтарони ноболиғ умуман ба иртиботи таҷовуз ба номус ба қайд гирифта нашуда буданд.
— Боз нокомӣ, — асабонӣ шуд Валиҷон.
— Чӣ асабонӣ, мешавӣ?! Агар пайдо кардани қотил чунин осон мешуд, магар миллион ваъда мекарданд? Барои ҳамин ҳам ба мисли мардуми шарифи Тоҷикистон сабуру ботаҳаммул бош!
— Гап сари миллион намеравад, бе он ҳам рӯзам гузашта истодааст. Ин ҷо имиҷи мо истодааст. Ифшои ин қазия соҳибкасб будани моро пеши нотавонбинон собит мекунад, — гуфт Валиҷон.
— Ман барои касе зиндагӣ намекунам ва ҳоҷати худро соҳибкасб нишон доданам ҳам нест. Ман бо касе мусобиқа надорам.
— Ба ҳар ҳол он бовариву эътимоде, ки вазири нав нисбати мо дорад, сазовор бояд шуд. Аз ҷониби дигар, аз ифшои ин қазия фаъолияти минбаъдаи ӯ дар курсии вазирӣ вобаста аст.
— Фаҳмидам. Яъне, мо бояд ҳатман ин ҷиноятро ифшо кунем. Агар ҳамин кор зарур бошад, мекунем. Барои ин зиқ нашав, — таскин дод Нодир.
Валиҷон аз ин суханон ором шуд ва гузашта ба роҳаткурсӣ нишаст. Нодир боз сари компютер нишаст то ки тарҷумаро идома диҳад. Матн чандон душвор набуд. Бинобар ин Нодир бе истифода аз луғат бо суръат тарҷума мекард. Соати 7 Эҳсон дар як табақи калон манту овард ва чой дам кард. Ӯ бо худ як тарбуз ҳам оварда буд. Ҳама дар ошхона манту хӯрданд. Баъд Эҳсон тарбузро пора кард. Тарбуз сурху ширин буд. Баъди ғизохӯрӣ Эҳсон дастархонро ҷамъ кард ва ба хонаашон рафт. То вақти ба ҷои ҳодиса рафтан қариб як соати дигар буд. Нодир аз фурсат истифода карда, боз сари компютер нишаст, то тарҷумаро анҷом диҳад.
— Вақти рафтан шуд, — гуфт Валиҷон ба Нодир.
— Тарҷумаро тамом кардам, хондану таҳрираш монд, ки дар хона анҷом медиҳам,- гуфт Нодир ва файли мазкурро ба почтаи электронии худ партофт, то дар хона бигирад.
Онҳо дар вақте ки куштор содир шуда буд ба ҷои ҳодиса омаданд. Валиҷон мошинро андаке дуртар монд то таваҷҷуҳи сокинонро ҷалб накунад. Хошоковро дар назди хонаи яке аз занҳояш кушта буданд. Валиҷону Нодир бодиққат атрофро назар мекарданд то фаҳманд, ки ҳафтае қабл ин ҳодиса чӣ тавр сурат гирифтааст.
— Ба фикрам қотил Хошоковро интизор буд ё аз паи ӯ омадааст. Ӯ медонист, ки Табаралӣ танҳо аст ва вақти мошинро манъ карданаш тир меандозад, -гуфт Валиҷон.
— Агар ин фарзия рост бошад, чаро пайи мошини ӯ нест. Пас вай пиёда буд ё мошинашро дур аз ин ҷо монда сангар гирифтааст, — гуфт Нодир.
— Бале. Пас куҷост он ҷои қулай?
— Вай метавонист дар яке аз ин ҳавлиҳо панаҳ барад ва якбора ҳуҷум кунад. Вале ин ғайриимкон аст, агар яке аз ҳамсояҳо шарик набошанд.
— Ин фарзияро аллакай санҷидаанд. Ҳамаи ҳамсояҳо мавриди тафтиш қарор гирифтанд. Касе шубҳавор нест.
— Дар ин ҷо дигар ҷои сангаргирӣ нест. Агар дар паси фил наистода бошад, -шӯхӣ кард Нодир.
— Ин идея аст. Агар воқеан ҳам, ин ҷо чизе истода бошад, пасаш пинҳон шудан мумкин.
— Шояд ин ҷо мошини калони боркаш истода бошад? Бинем, ки ягон нафари ҳамсояҳо сохтмон надошта бошад, — гуфт Нодир ва афзуд аз ҳамон хонаи рӯ ба рӯ сар мекунем. Онҳо ба хона наздик шуданд.
— Ист чизе ҳаст, — ба зери пояш нигоҳ карда, гуфт Валиҷон.
— Майдаи хишт аст. Ин ҷо хишт фаровардаанд. Занг зада мепурсем, — пешниҳод кард Нодир.
Валиҷон тугмаи зангро зер кард. Баъди лаҳзае як марди тоссари кулӯлаи тақрибан 45-сола дарро кушод.
— Ассалом, мебахшед, ки шуморо дар ин бегоҳӣ ташвиш медиҳам. Ман полковник Валиҷони Нарзулло мехостам ба чанд суолам посух мегуфтед.
— Милисаҳо чанд бор пурсиданд, ба фикрам чизи мегуфтанӣ намонд.
— Рафиқ полковник, иҷозат диҳед ман бо ин кас сӯҳбат кунам, — гуфт Нодир.
— Фақат ба рӯяш назанед, — гуфт Валиҷон нияти ӯро фаҳмида.
— Мана гӯш кун, мо маълумот дорем, ки ту ҳам дар ин ҷиноят шарик ҳастӣ. Киллер дар хонаи ту пинҳон шуда будааст. Ба саволҳои мо ҷавоб мегӯӣ ё ба отдел бурда маҳкамат мекунам, фаҳмидӣ?! – гуфт Нодир ва аз каштали мардак гирифта аз дар берун кард.
— Акоҷон, ҳамаашро мегӯям,- ба зорӣ даромад тоссар.
— Шоми 5 июн дар ин ҷо чӣ хел мошин истода буд?- суол кард Валиҷон.
— Мошини «ЗИЛ»-и ҷиянам.
— Ному фамилия ва адресаш.
— Зафар Ҳусейнов, дар кӯчаи Боғистон, хонаи 27 зиндагӣ мекунад.
— Ӯ дар ин ҷо чӣ кор мекард?
— Каме сохтмон дорем, меҳмонхона сохта истодаем. Вай хишт овард. Онро фароварда ба ҳавлӣ кашидем. Сипас, якҷоя хӯроки шом хӯрдем. Вай ба хонааш рафт.
— Корро кай тамом кардед ва кай ӯ ба хона рафт?
— Соати тақрибан 7 хишткаширо тамом кардем. Баъд ош хӯрда сӯҳбат кардем. Вақте ман ӯро гусел карда, ба хона омадам, аз НТВ барномаи «Сегодня» сар шуд. Ба фикрам, ҳоло соат 9 нашуда буд, ки ӯ рафт.
— Мошини ӯ самосвал аст ё..?
— Не, бортҳои тахтагӣ дорад.
— Чаро хиштро якбора ба ҳавлӣ надаровардед?
— Роҳ банд аст, он ҷо қум рехтаем.
— Ҷиянатон пеш аз куштор рафт ё баъд?
— Ӯ пеш рафт. Аз ҳодиса мо баъди омадани милиса, қариб соати 9-у 30 дақиқа огоҳ шудем.
— Ба телефони ҷиянатон занг занед, мо ҳозир рафта бо ӯ сӯҳбат мекунем, -гуфт Валиҷон ва телефони дастиашро ба ӯ дод.
— Аз он сӯ, «ало» ба гӯш расид.
— Шуморо полковник Валиҷони Нарзулло ташвиш медиҳад. Мо дар бораи куштори назди хонаи амакатон ба шумо савол дорем. Шумо ҳоло дар куҷоед?
— Ман дар хона.
— Пас ба ҳеҷ куҷо наравед, мо баъди 15 дақиқа расида меоем.
— Ман интизор мешавам, — гуфт Зафар.
— Аз шумо ман як чизро пурсам, вақте ки шумо ҷиянатонро гусел кардед, дар назди хонаи Хошоков «Ҷип»-и сиёҳ истода буд?- суол кард Нодир.
— Рости гап, ба ин эътибор надодаам. Каме сархуш будам.
— Аз кай боз чароғи назди дари Хошоков дар намегирад?
— Аз ду ҳафта бештар.
— Медонед, ки чаро дар намегирад?
— Мумкин лампочкааш сӯхта бошад.
— Пас чаро онро иваз намекунанд?
— Барои лампочкаро иваз кардан мошин овардан даркор, то ки электрикро ба баландӣ барорад.
— Чунин ҳодисаи сӯхтани лампочка аз ин пеш ҳам буд?
— Бале, буд, вале онро ду-се ҳафта пас иваз мекарданд.
— Ташаккур, бародар, — гуфт Валиҷон ва афзуд: — Пас мо меравем.
Валиҷон мошинро ба кӯчаи Боғистон ронд. Дар назди як хона мошини «ЗИЛ»-и боркаш меистод. Нодир дид, ки хонаи рақами 27 ҳаминҷост. Ӯ тугмачаи занги дари хонаро пахш кард. Баъди чанде дарро ба рӯяш ҷавони 25-30-сола кушод.
— Шумо Зафаред?
— Бале, шумо ба ман занг зада будед?
— Мо.
— Ба хона дароед.
— Не, мо як чизро пурсиданӣ будем.
— Вақте ки шумо аз хонаи амакатон баромадед, ягон чеҳраи ношиносро надидед?- пурсид Валиҷон.
— Не, касеро надидам.
— Вақти баромадани шумо дар назди дари хонаи ҳамсоя ягон «Ҷип»-и сиёҳ меистод?
— Бале, як мошини сиёҳ меистод, дари ронанда кушода буд. Ман дуруст нигоҳ накардам, ки касе дар мошин буд ё не. Вай дар паси ман буд. Бинобар ин эътибор надодам.
— Шумо аз хонаи амакатон баромада куҷо рафтед?- пурсид Нодир.
— Ба хона омадам.
— Рост ба хона омадед ё сари роҳ ба ягон ҷо даромадед?
— Ба заправкаи газ, ки сари роҳ аст, даромадам. Мошин бисёр буд. Ягон ним соат навбат истодам.
— Ин заправка дар куҷост?
— Дар қади роҳи мо, дар сари кӯча.
— Раҳмат бародар, ба мо бисёр кӯмак кардед, -гуфт Нодир ва онҳо ба мошин нишастанд. Валиҷон мошинро рост ба заправкаи газ ҳай кард. Дар он ҷо мошин хеле зиёд буд. Онҳо аз мошин фаромада, таваҷҷуҳ карданд, ки оё ин ҷо видеокамера насб шудааст. Дар заправка се камера насб шуда буд. Валиҷону Нодир ба назди қаровул омаданд. Валиҷон ҳуҷҷаташро бароварда, худро муаррифӣ кард ва пурсид:
— Ҳамин видеокамераҳои шумо кор мекунанд?
— Бале, — посух дод қаровул.
— Ба мо сабти шоми сешанбе, 5-уми июн лозим аст. Соати тақрибан 9 дар ин ҷо аз мошини «ЗИЛ» як ҷинояткори ашаддӣ фаромадааст.
— Агар сабтро кӯр накарда бошем, онро мебинед,- гуфт қаровул ва аз компютер сабти ҳамон рӯзро ҷуст. – Будааст, ба бахти шумо, — гуфт ӯ наворро ёфта. – Марҳамат бинед.
Нодиру Валиҷон сабтро бо диққат тамошо карданд. Мошини Зафар омада истод ва аз дарунаш ронанда баромада, сӯи касса омад. Ҳамин вақт як мошини калони боркаши бортҳояш баланди «Урал», ки он ҳам барои газгирӣ омада буд, дар ҷояш тоб хӯрд ва пеши камераро гирифт. Баъди тоб хӯрдани «Урал» суроби нафаре дар навор пайдо шуд, ки аз заправка мебаромад. Аз ин пеш ин мард дар заправка набуд, вале ӯ вақти баромадан ҳудуди 5 сония аз пасаш ба навор афтида буд.
— Ҳамин аст, — гуфт Валиҷон.
— Ӯ аз мошини «ЗИЛ» фаромадааст. Агар аз дигар ҷо меомад, маълум мешуд,- сухани Валиҷонро тақвият бахшид Нодир. – Намешавад, ки ин наворро калон бикунӣ?
— Ман онро калон карда ба шумо нишон дода истодаам.
— Бародар, мо ин наворатро бояд барои тафтиш гирем,- гуфт Валиҷон.
— Ман онро дар диск нусха бардошта медиҳам, — гуфт қаровул ва аз паи ин амал шуд.
— Ташаккур, бародар,- гуфт Валиҷон дискро аз дасти қаровул гирифта.
Онҳо ба мошин нишастанд.
— Гуфтам-ку, Худо ба мардони кор мадад мекунад, — гуфт Нодир.
— Вале аз ин сабт мо наметавонем дуруст истифода кунем.
— Ин аввали кор аст. Асос он аст, ки мо бо роҳи дуруст рафта истодаем ва ин кӯргиреҳ кушода мешавад.
— Ҳоло ба куҷо меравем? – пурсид Валиҷон.
— Хона ба хона, албатта. Соат 11 мешавад.
Валиҷон Нодирро то назди хонааш овард ва худ ба хонааш рафт. Нодир ба хона даромада компютерро даргиронд то аз почтааш тарҷумаро гирифта, таҳрир кунад. Матн қариб ки хато надошт. Ӯ тарҷумаро таҳрир карда, ба фармоишгар фиристод. Сипас ба сомонаҳо даромада бо хабарҳои рӯз ошно шуд. Аз сомонаи http://www.fergana.ru чашмаш ба хабаре расид, ки дар бораи ҳамин рӯз дар шаҳри Қӯрғон кушта шудани тоҷире бо номи Гургалӣ Боев хабар медод. Ин тоҷири 43-сола бо 8 тир аз таппончаи «Макаров» кушта шуда буд. Сабаби куштор ва ҷинояткор маълум набуд.
Нодир ин хабарро, ки барояш ҷолиб намуд дар файли алоҳида нусхабардорӣ карда, чоп намуд. «Ин ҳодиса ба куштори Хошоков монанд аст. Чӣ иртиботе байни ин ду ҷиноят бошад?», ба худ суол кард ӯ. «Пагоҳ ҳатман ба Қӯрғон рафтан лозим аст», ба худ андешид Нодир ва ба ҷогаҳи хоб даромад.
Субҳ баъди ношто Нодир ба Эҳсон занг зада гуфт, ки гӯширо ба падараш диҳад.
— Тинҷӣ аст ба телефони Эҳсон занг мезанӣ, — гуфт Валиҷон баъди салому ҳолпурсӣ.
— Телефони туро мумкин гӯш кунанд. Барвақттар биё, ба Қӯрғон бояд равем. Боз як куштори ба ҳам монанд. Баъд муфассалтар сӯҳбат мекунем.
— Ман ношто кардам, баъди 10 дақиқа мерасам.
— Ман дар пеши хона интизор мешавам,- гуфт Нодир ва гӯширо монд. Ӯ аз телефони кӯча занг мезад.
Валиҷон дар вақти ваъдагӣ расида омад. Нодир ба мошин нишаст ва хабари аз Интернет гирифтаашро ба Валиҷон дод. Ӯ хабарро хонда, баргардонд ва гуфт:
— Ана, барои чӣ таппончаро напартофтааст қотил.
— То бо ташхис шинос нашавем, ҳеҷ чиз гуфта намешавад, шояд тасодуф бошад? – гуфт Нодир.
— Канӣ равем, ягон чиз маълум мешавад, — гуфт Валиҷон ва мошинро ба ҳаракат даровард.
— Ин Гургалӣ кист ва ба Хошоков чӣ иртибот дорад? – суол кард Нодир ва худ посух дод. Табаралӣ то 10 сол қабл дар Қӯрғон мансаб дошт ва тиҷораташ низ рушд мекард. Шояд аз ҳамкорони ҳамондаврааш бошад?
— Мумкин.
— Мо ҳоло бисёр чизро намедонем ва ифшои ин қазия корест мушкил.
— Мушкил, вале ҳалшаванда. Дирӯз намедонистем, ки аз чӣ сар кунем. Ҳоло бошад, мо риштаро ёфтем ва онро кашидан мегирем.
Онҳо тақрибан баъди як соат ба маркази вилоят — шаҳри Қӯрғон расиданд. Валиҷон мошинро рост ба раёсати корҳои дохилии вилоят ҳай кард. Сардори раёсат яке аз шогирдонаш буд ва онҳо бе мамониат вориди утоқи ӯ шуданд. Сардор онҳоро хеле хуш қабул кард.
— Шокирҷон мо барои гирифтани як маълумот омадем,- сухан оғоз кард Валиҷон.- Дирӯз дар шаҳри шумо Гургалӣ Боев ном тоҷирро куштаанд, мо тафсилоти ин воқеаро донистан мехостем.
— Барои ҳамин қадар гап хеста омадед? Телефон мекардед, маълумоти заруриро медодем.
— Худамон бевосита бинем, гуфтем.
— Ман ҳозир муфаттиши ин қазияро даъват мекунам, ба шумо маълумоти заруриро медиҳад, — гуфт сардор ва гӯширо бардошта ба ёвараш амр кард, ки муфаттиш Саидҷони Ризоро даъват кунад.
— Ин Гургалӣ чӣ такягоҳе дорад, ки аз вазорат барояш омадед?
— Ба ростӣ, мо Гургалиро намедонем. Ба мо қотили ӯ лозим аст.
— Фаҳмо. Гургалӣ аз боевикҳои собиқ аст, ки аз дуздиву ғоратгарӣ сарват ғун карда, ҳозир бизнесмен шудааст, — гуфт Шокирҷон.
Ҳамин вақт иҷозаи даромадан пурсида, капитан Саидҷони Ризо вориди утоқ шуд.
— Саидҷон ин кас устоди ман, полковник Валиҷони Нарзулло, мушовири вазир оид ба ҷиноятҳои муташаккил. Онҳо сари қазияи куштори Боев аз Душанбе омадаанд. Онҳоро бо ҳамаи маълумоти мавҷуда шинос кунед ва чизе ки лозим бошад, кӯмак расонед.
— Итоат, рафиқ полковник, — гуфт капитан.
— Хӯроки нисфирӯзиро якҷоя мехӯрем.- Дар мо ҳам ҷойҳои салқин ҳаст, — гуфт Шокирҷон.
— Мумкин то он вақт мо ба Душанбе баргардем,- ин пешниҳодро рад карданӣ шуда гуфт Валиҷон.
— Як соат пешу як соат қафо чӣ фарқ дорад? Шумо чи тавр шуда ин ҷо биёеду мо як пиёла чой накунем. Агар не гӯед, хафа мешавам.
— Хуб, насиб бошад. Пас мо бо Саидҷон меравем.
— Майлаш, то нисфирӯзӣ,- гуфт сардор онҳоро то дар гусел карда.
Онҳо ба кабинети Саидҷон омаданд, то бо ҳуҷҷатҳои ин қазия шинос шаванд.
— Ҷасади Боев ҳоло дар куҷост?- пурсид Валиҷон.
— Дирӯз хешовандонаш гирифтанд.
— Ташхиси тиббии судӣ гузаронидед?
— Бале. Ана, натиҷааш, -маълумотномаеро нишон дод капитан.
Дар он гуфта мешуд, ки Боев дар натиҷаи ба танаш расидани 8 тири таппончаи «Макаров», аз ҷумла 6 тир ба қафаси сина, як тир ба сар ва як тири дигар ба олоти мардиаш фавтидааст.
— Навори ҷои ҳодиса ва кушторро надоред? – пурсид Нодир.
— Бале, ҳаст. Ҳам навору ҳам сурат гирифтаем. Метавонед, ки бинед, гуфт ӯ ва наворро дар компютер нишон дод.
Маълум буд, ки ин ду куштор ба ҳам хеле монанданд.
Ҳамин навор ва маълумоти дигари мавҷударо ба флешкаи ман партоед, хоҳиш кард Нодир.
— Ҳозир, — гуфт капитан ва ин хоҳишро иҷро кард.
— Тирро экспертиза кардед? – пурсид Валиҷон.
— Баллистик онро муоина мекунад. Ҳамин рӯз натиҷааш маълум мешавад.
— Шоҳидони воқеа чӣ мегӯянд?
— Ба ростӣ, шоҳиде надорем, ки ин ҳодисаро бевосита дида бошад. Ӯро дар рӯзи рӯшан, дар пеши хонааш паррондаанд, вале касе надидааст ва чизе нашунидааст. Қотил аз таппончаи садохомӯшкунакдор истифода бурдааст.
— Инро аз куҷо медонед?
— Таппончаро дар ҷои ҳодиса ёфтем.
— Ягон осоре ҳаст?
— Не, қотил аз дастпӯшак истифода кардааст ва ягон пайе аз худ нагузоштааст.
— Ба фикри шумо, сабаби куштор чӣ бошад?- пурсид Нодир.
— Мо ҳозир чанд фарзияро таҳқиқ карда истодаем. Вале фарзияи аз ҳама асосӣ, ин тиҷорат аст. Баъзеҳо мегӯянд, ки Боев ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир низ машғул будааст ва ӯро рақибонаш куштаанд. Ҳамаи ин маълумотро тафтиш кардан лозим.
— Саидҷон, мо ҷои ҳодисаро дидан мехоҳем, — гуфт Валиҷон ва афзуд:- Он ҷоро нишон намедиҳед?
— Хуб, ман ҳозир мошини навбатдорро ҷеғ занам.
— Ҳоҷат нест. Мо мошин дорем, — гуфт Валиҷон ва аз ҷо бархест.
Онҳо аз кабинет баромаданд.
— Шумо баромадан гиред, ман баллистикро бинам, — гуфт Саидҷон.
— Ман ҳам бо шумо меравам, канӣ бинам, дар музофот чӣ гуна кор мекунанд? — гуфт Нодир.
Кабинети баллистик дар охири бино буд. Баъди занг онро як зани хушнамои 30-35-сола, ки дар тан либоси афсарӣ ва рутбаи лейтенанти калон дошт, кушод.
— Салом. Ман худам натиҷаро бурданӣ будам, ки омадед, — гуфт хонум ва маълумотномаеро дод.
— Канӣ, бинам.- гуфт Нодир ба маълумотнома назар карда. Аз рӯи он аниқ буд, ки Хошоков ва Боев аз як силоҳ кушта шудаанд.
— Хонуми зебо, мебахшед рафиқ лейтенанти калон ба мо ҳам як нусха маълумотнома намедиҳед?
— Ин кас мушовири вазир Нодири Аминпур аз Душанбе омадаанд, — муаррифӣ кард Саидҷон.
— Мебахшед, ин чандон саҳҳеҳ нест. Ман мушовири мушовири вазирам.
— Ин хел вазифа ҳам мешавад?- ҳайрон пурсид хонум.
— Ҳозир ҳар чиз мешавад. Бахусус вазифаи бепул бошад, — бо лабханд гуфт Нодир.
— Шумо андаке меистед то маълумотномаро нусхабардорӣ кунам.
— Бале, агар ин хел хонуми зебо фармоянд.
— Ман маълумотномаро ба кабинетам бурда мемонам ва шуморо дар берун интизор мешавам, — гуфт Саидҷон ва аз утоқ берун шуд.
— Шумо ба милиса монанд нестед.
— Ман ҳам нагуфтаам, ки милиса ҳастам.
— Гуфтам-ку, ман мушовири милисаам.
— Аҷиб, милиса ҳам мушовир мегирифтааст? Ба ҳар ҳол касбатонро нагуфтед.
— Ман журналисти озодам.
— Чӣ хел озод?
— Дар хеҷ куҷо кор намекунам.
— Пас чӣ хел зиндагӣ мекунед?
— Худо бандаҳояшро хор намекунад.
— Ба ҳар ҳол ягон манбаи зиндагӣ доред.
— Албатта, бо ҳаққи тарҷума рӯзӣ меёбам.
— Фаҳмо. Пас ба шумо ин маълумотнома чӣ лозим?
— Ин барои шеф.
Нодир фаҳмид, ки хонум ба ӯ таваҷҷуҳ дорад. Бинобар ин фурсатро аз даст надода пурсид:
— Шавҳаратон ба милиса шуданатон розӣ аст?
— Ман ҳоло шавҳар накардаам, духтарам, — бо лабханд гуфт хонум.
— Наход чунин духтари зебо бе шавҳар бошад?
— Ҳамин хел. Милисаро касе намегирад.
— Афсӯс, ки дар Душанбе нестед.
— Чӣ шумо мегирифтед?
— Чаро не?
— Зан доштагистеду маро аҳмақ мекунед.
— Ана, рақами телефони ман. Агар хоҳед занг занед, сӯҳбатро идома медиҳем, — гуфт Нодир ба дасти ӯ кортро дароз карда. Дасти онҳо ба ҳам расид. Аз ин духтарак эҳсоси гуворое кард.
-Албатта, занг мезанам. Шумо имрӯз ҳамин ҷо мемонед?
— Мутаассифона, меравем. Ба ҳар ҳол занг занед, ман рақами телефонатонро сабт кунам, — гуфт Нодир аз кабинет баромада.
Саидҷон онҳоро ба ҷои ҳодиса бурд. Хонаи Гургалӣ Боев дар маҳаллаи навбунёд, ки асосан тоҷикони ба истилоҳ нав зиндагӣ мекунанд, воқеъ буд. Гирди хонаҳои сеошёнаву чорошёнаро деворҳои баланди бетонӣ иҳота карда буданд. Аз паси ин деворҳо кӯча наменамуд. Албатта, дар ин ҳол касе намедонист, ки дар кӯча чӣ рух медиҳад. Кӯча низ ором буд. Нодир ба хонаҳои ду тарафи кӯча бо диққат назар мекард, то бубинад, ки кадоме аз онҳо видеокамера дорад. Мутаассифона, ягонто видеокамера ба назар намерасид.
— Ин ҷо мардум худро бехатар эҳсос мекардаанд, — гуфт Нодир.
— Бале, ин ҷо аз бехавфтарин маҳаллаи шаҳр маҳсуб мешавад. Ду сол боз дар ин ҷо ягон ҷиноят содир нашуда буд, — гуфт Саидҷон.
— Дар хонаи Боев ягон кас бошад?- пурсид Валиҷон.
— Ба гумон. Ҷасади ӯро ба зодгоҳаш – Ноҳияи Санги Сиёҳ бурданд, — посух дод Саидҷон.
— Пас ин ҷо истоданамон маънӣ надорад, — гуфт Валиҷон ва мошинро пас гардонд.
— Шояд ба офисаш равем? — пурсид Саидҷон.
— Кори беҳуда, мумкин ҳама ба ҷаноза рафтаанд, — гуфт Нодир.
— Шумо кормандонашро пурсидед?- суол кард Валиҷон.
— Бале, касе чизе намедонад, — посух дод Саидҷон.
— Аз нав пурсуҷӯ кардан даркор. Вале имрӯз касеро пайдо карда намешавад. Бояд ту ин ҷо бимонӣ ва корро идома диҳӣ, -гуфт Валиҷон ба Нодир. — Худи ман ҳам мемондам. Лекин бегоҳ назди вазир даъват шудаам. Ман бояд ҳатман он ҷо бошам. Пас, ман мошинро ба ту монда меравам. Бак пури бензин аст. Пул дорӣ?
— Дирӯз гирифта будам, барои як рӯз мерасидагист. Нарасад, банкомат будагист.
— Бале, ҳаст. Аксари бонкҳои калон банкомати худро мондаанд, — гуфт Саидҷон ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда.
— Ин тавр бошад, ҳоло ба автовокзал меравем ва ман бо таксӣ ба Душанбе бармегардам.
— Рафиқ полковник, сардор маро супориш додааст, ки шуморо ба тарабхонаи «Чорбоғ» барам. Он ҷо кабинае барои шумо фармоиш шудааст. Сардор ҳам вақти танаффуси нисфирӯзӣ пешатон меояд, — гуфт Саидҷон ва афзуд: — агар не гӯед, ман сахт гап мешунавам.
— Гуфтам-ку зиёфат ҳеҷ зарурат надошт,- ноилоҷ розӣ шуд Валиҷон.
Тарабхонаи «Чорбоғ» дар беруни шаҳр, дар болои канали «Вахш» сохта шуда, хеле салқин буд. Маъмури тарабхона, ки аз омадани меҳмонон огоҳ буд, онҳоро хеле хуш қабул кард. Барои онҳо на кабина, балки ҳуҷраи хосе омода гардида буд. Ҳуҷраро кондитсионер низ хунук мекард. Болои миз дастархоне пур аз нуқлу наво, шарбату нӯшокиҳои спиртӣ густурда буданд.
— Шарбат резам?- пурсид Саидҷон, ки дар хизмат буд.
— Не, чой менӯшем, — гуфт Валиҷон.- Албатта, чойи кабуд.
Саидҷон ба онҳо чой рехт. Баъди нӯшидани чой Нодир барои сӯҳбати чашм ба чашм доштан ба Валиҷон, ки мисли ӯ сигор намекашид, гуфт:
— Биё, як сигарет кашида биёем.
— Майлаш, — ишораро фаҳмида гуфт Валиҷон.
— Шумо, Саидҷон нишаста истед, мо як дуд дода бармегардем,- гуфт Нодир.
— Ҳамин ҷо кашидан гиред, боке нест. Ман ҳам як вақт сигор мекашидам, — гуфт Саидҷон.
— Ба ҳар ҳол ин хел ҳавои тозаи хонаро ғуборолуд кардан хуб нест, — гуфт Нодир ва онҳо ба саҳни ҳавлии дохили тарабхона гузаштанд, ки аз чашму гӯшҳо дур буд.
— Ман натиҷаи ташхиси баллистикиро гирифтам, — гуфт Нодир. — Хошоков низ аз ҳамин таппонча парронда шудааст. Акнун иртиботи ин ҳардуро бояд ёбем.
— Шояд онҳо якҷоя кор мекарданд?
— Ин эҳтимолият дорад. Зеро Гургалӣ ҳам аз Санги Сиёҳ будааст. Ман ҳоло ба як нафар занг зада мефаҳмам,- гуфт Нодир ва рақами телефони Сафаралии муаллимро гирифт. Сафаралӣ «ало», гуфта гӯширо бардошт. Нодир баъди салому ҳолпурсӣ аз ӯ суол кард:
— Шумо бизнесмен Гургалӣ Боевро мешиносед?
— Гургакро? Ҳа, медонам. Аз қишлоқи ҳамсоя аст. Боевики Табаралӣ буд. Баъдтар дар дасти ӯ дар Қӯрғон кор карда, бизнесмен шуд.
— Гургак ба шумо чӣ даркор? Ӯ як ноодами палид аст.
— Ӯро дирӯз куштанд.
— Ҷояш дӯзах бошад!- дуо кард Сафаралӣ.
Нодир бо ӯ хайрухуш карда, ба Валиҷон гуфт:
— Байни ин ду нохалаф иртиботи дерин будааст. Гургалӣ ё ин ки Гургак размандаи дастаи Табаралӣ будааст ва баъдан дар бизнес зердасташ шудааст. Манбаи ман мегӯяд, ки бизнесаш бо дастгирии Хошоков оғоз гирифтааст.
— Хуб, акнун бояд донем, ки чаро ин ҳардуро ба як тарз куштаанд. Онҳо ба як қазия иртибот доранд.
— Ба фикри ман, давраи фаъолияти Хошоковро дар Қӯрғон омӯхтан лозим. Шояд ин қасос ба ҳамин давра иртибот гирад?
— Дуруст. Пас ман фардо аз вазорат дар ин бора маълумот меҷӯям. Ту бошӣ, ин ҷо сӯҳбат бикун. Агар имкон даст диҳад, қазияҳои ҷиноии ҳамон давраро пурсон шав.
— Биё, рафтем, ки боз Саидҷон ягон чиз гумон накунад, — гуфт Нодир ва афзуд: — Воқеан, боз дар ҷаласа картаҳоро боз накунӣ, ки миллион аз даст меравад.
— Маро гӯлу гаранг ҳисоб накун, худам медонам.
Ҳамин вақт телефони Нодир занг зад. – Ту рафтан гир, ман меоям,- гуфт Нодир ба Валиҷон садои занонаро шунида. – Акои Нодир, ин рақами телефони ман сабт кунед,- мегуфт ташхисгар, лейтенанти калон.
— Хеле хушам аз шунидани садоятон. Вале номатонро намедонам.
— Номам, Бунафша.
— Номи зебо ба мисли худатон.
— Номи оддии забонзада.
— Ҳоло ин тавр аст, вале 35 сол пеш вақти зода шудани шумо мӯд буд чунин ном гузоштан.
— Шумо аз куҷо медонед, ки ман 35-солаам?
— Касби ман инро тақозо мекунад.
— Майлаш, шумо шаб мемонед ё меравед.
— Ин аз шумо вобаста аст. Агар ист гӯед, мемонам.
— Ба ман бошад, монед.
— Пас бо шумо вохӯрдан мумкин.
— Нағзтар хоҳиш кунед, мумкин.
— Пас ман илтиҷо мекунам. Пеши поятон меафтам.
— Агар ин хел бошад, ман барои вохӯрӣ розӣ.
— Ҷое ҳаст, ки ҳарду шабро гузаронем?
— Чаро якбора аз шаб гап мезанед?
— Мо ҳаждаҳсола нестем, ки дар пеш вақти зиёд дошта бошем ва имрӯзу пагоҳ гуфта гардем.
— Саросемаед, ҳамаро мехоҳед дар дафъаи аввал ба даст оред.
— Бале, ман аз имтиҳонҳо аз дафъаи аввал мегузарам.
— Розиам кардед. Хонаи дугонаам холӣ аст. Ӯ ба таътил баромада, бо шавҳараш ба вилояти Суғд рафтааст. Калиди хонааш дар дасти ман.
— Пас бегоҳ ман ба шумо занг мезанам, — гуфт Нодир сӯҳбатро анҷом дода.
Ҳамин вақт боз садои занг баланд шуд. Лутфия занг зада пазмон шуданашро изҳор мекард. Ӯ мегуфт, ки агар имкон шавад, рӯзи шанбе ба наздаш шабхобрав меояд. Майлаш, гуфта розӣ шуд Нодир.
Вақте ки Нодир ба сари миз баргашт, сардори милисаи вилоят Шокирҷон ҳам омада буд. Онҳо ғизо хӯрда сӯҳбат карданд. Шокирҷон давраи бо Валиҷон кор карданашро ба ёд оварда, аз ӯ изҳори миннатдорӣ мекард.
— Шаб истед, ба хона бурда дуруст меҳмондорӣ мекунам, — гуфт Шокирҷон.
— Мутаассифона, наметавонам. Соати 6 дар ҳузури вазир маҷлис дорем. Ман меравам, вале Нодирҷон мемонад, — гуфт Валиҷон.
— Не, ташвиш накашед. Маро як дӯстам ба хонааш даъват кардааст. Шаб он ҷо меравам,- гуфт Нодир.
— Мо ҳоло корҳоямонро тамом накардаем, ягон проблема шавад, ба Нодирҷон кӯмак кунед, — хоҳиш намуд Валиҷон.
— Албатта, кӯмак мекунем. Ман ба капитан супориш додаам, — гуфт Шокирҷон. — Ҳозир шумо ба куҷо меравед?
— Ман автовокзал рафта, бо таксӣ ба Душанбе бармегардам.
— Чаро бо таксӣ?
-Ман мошинамро ба Нодирҷон монда меравам. Ба вай бошин бештар даркор мешавад.
— Ин тавр бошад, ба мошини ман шинед, шуморо ронандаи ман ба Душанбе бурда, пас меояд.
— Ин ҳеҷ зарурате надорад. Ман худам бо мошини роҳ бармегардам.
— Ба ҳар ҳол не, нагӯед. Шумо ҳар рӯз ба назди мо намеоед-ку?
Валиҷон ниҳоят розӣ шуд ва вақти бо Нодир хайрухуш кардан, гуфт, ки худашро эҳтиёт кунад. Мумкин аст, ки қотил ӯро ҷустуҷӯ карданашонро донад.
Нодиру Саидҷон ба идораи милиса баргаштанд. Нодир аз ӯ фаҳмид, ки се сол боз дар ин ҷо кор мекунад ва умуман аксари ҳайати милиса кормандони наванд. Танҳо навбатдор майор Остонаев аз милисаҳои собиқадори идора будааст. Ӯ бо Саидҷон хайрухуш карда гуфт, ки пагоҳ наздаш медарояд. Саидҷон ба кабинеташ рафту Нодир ба назди навбатдор Остонаев омад.
— Рафиқ майор, шунидам, ки аз кормандони собиқадор танҳо шумо мондаед,- ба сухан оғоз кард Нодир.
— Бале, ман 35 сол аст, ки ҳаминҷо кор мекунам.
— Пас ба ман гуфта метавонед, ки 10-15 сол пеш кӣ дар ин ҷо муфаттиш буд?
— Албатта, раҳматӣ Шарипов буданд. Собиров буданд. Он кас ҳам гузаштанд. Сергеев буданд, ки кӯчида ба Русия рафтанд.
— Ҳама гузаштанду рафтанд, мегӯед. Ягон нафар зиндааш ҳаст?
— Бале, Солеҳҷон Саидмуродов ҳастанд. Он кас то панҷ сол пеш кор мекарданд. Мудири шуъба буданд. Ҳоло дар нафақа.
— Адресашонро медонед?
— Албатта, кӯчаи Челонзор, хонаи рақами 9.
— Телефон доранд?
— Ман телефонашонро намедонам.
— Ба кӯчаи Челонзор чӣ хел рафтан мумкин?
— Роҳи ноҳияи Пахтазорро медонед?
— Бале.
— Бо ҳамон роҳ равед. Аз шаҳр набаромада, дар тарафи дасти рост аст ин кӯча. Хонаашон дар сари роҳ.
— Ташаккур, рафиқ майор, — гуфт Нодир ва аз милисахона берун баромад.
Ӯ ба мошин нишаста, онро ба кӯчаи Челонзор ҳай кард. Нодир аз рӯи гуфтаи Остонаев хонаи Саидмуродовро зуд пайдо кард. Дари ҳавлиро ба рӯяш худи ӯ кушод. Нодир худро муаррифӣ карда, ҳадафи омаданашро гуфт.
— Дароед, дар хона сӯҳбат мекунем, — Нодирро ба ҳавлӣ даъват кард Саидмуродов. – Дар рӯи кат мешинем ё дар хона? Кадомаш маъқул?
— Шуморо ташвиш додан чӣ лозим? Ҳаминҷо болои кат, дар сояи ток мешинем.
Дар рӯи кат кӯрпача густурда шуда буд. Набераи мӯйсафед зуд дастархон ва нону шириниҳо овард ва як чойник чойи кабуд низ дам кард. Саидмуродов ба пиёлаҳо чой рехта пурсид: — Шумо чиро донистан мехоҳед?
— Шумо солҳои зиёд мудири шуъбаи тафтишотӣ будед, бигӯед, ки 10 сол аз ин пештар дар шаҳр ҳодисаҳои таҷовузи духтарони ноболиғ ва ё худкушӣ карданӣ духтарон баъди таҷовуз ба номусашон ё умуман худкушӣ кардани онҳо рух дода буд?
— Инро якбора гуфтан мушкил. Ин қадар сол гузашт. Ба фикрам буданд чунин ҳодисаҳо. Ба ҳар ҳол архивро бинед.
— Ягон нафар аз рӯи ин ҳодисаҳо маҳкум шуда буд?
— Ин ҷиноятҳо аслан ифшо нашуда монданд. Ҳа, ба ёдам як ҳодиса омад. Агар хато накунам, охири соли 2002 буд, ҷасади духтараки 15-соларо аз канали Вахш ёфтем. Ташхис собит кард, ки касе ба номусаш таҷовуз карда куштааст ва ба об партофтааст. Падари духтар бисёр исрор мекард, ки ҷинояткор ёфта, ҷазо дода шавад. Мо ҳар қадар кофтем, ҷинояткорро пайдо карда натавонистем. Баъди як моҳ аҳли ин оила дар садамаи нақлиётӣ ҳалок шуданд. Мошинашон дар ағба чаппа шуд. Ҳамин тавр ин ҷиноят ифшо нашуда монд.
— Ному насаби духтар дар ёдатон нест?
— Ба фикрам номи духтар Фирӯза буд. Бойгонии ҳамон солро бинед, пайдо мекунед.
— Хешу ақрабои духтар набуданд?
— Шунидам, ки як амак доштааст, ки дар Русия будааст. Дигар хеши наздик надоштааст.
— Ташаккур, — гуфт Нодир ва телефони Саидмуродовро сабт кард, то агар суоле пайдо шавад, бо ӯ тамос гирад.
Нодир вақте ки аз хонаи Саидмуродов баромад, ба ӯ Бунафша занг зада гуфт, ки соати 7 ба кӯчаи Заргар, хонаи 33, ҳуҷраи 18 биёяд. Хонаи мазкур дар наздикиҳои бинои Бонки амонатгузорӣ воқеъ аст, ки ёфтанаш душвор нест. То вақти ваъдагӣ 3 соати дигар буд. Ӯ барои вақтгузаронӣ ба бозор рафт. Бозор пурталотум буд. Ӯ аввал растаҳои либосфурӯширо тамошо кард. Нархи коло нисбати Душанбе 10-20 фоиз гарон буд. Маълум буд, ки онро аз бозорҳои яклухтфурӯшии Душанбе меоранд. Дар ҳамин ҳол, дар баъзе растаҳо нархи мол нисбати Душанбе арзонтар буд. Соҳибони ин мағозаҳо худ аз Туркияву Аморати Муттаҳидаи Араб ва Хитой мол меовардаанд.
Дар бозори маҳсулоти кишоварзӣ бошад, нарх аз бозорҳои Душанбе фарқ надошт, зеро ҳамин ҷо ҳам ҳаннотон савдо мекарданд. Ӯ як килогӣ бодирингу помидор харида ба як пакет гирифт ва ба бордони мошин монд. Сипас ба ошхонаи рӯ ба рӯи бозор омада нишаст ва як чойник чойи кабуд фармуда, гуфт, ки ба ӯ як дона мурғро кабоб кунанд, бо худ мебарад. Ӯ қариб ним соати дигарро бо чойнӯшӣ гузаронда, аз ҷой хест. Пешхизмат мурғкабобро овард ва Нодир бо ӯ ҳисобӣ карда, аз ошхона баромад. Ӯ аз назди бозор ду дона нони гарм ва аз мағоза ду плитка шоколади русӣ харида, ба мошин нишаст.
Нодир ба назди бонк омада дид, ки он ҷо таваққуфгоҳи пулакӣ будааст. Ӯ мошинро он ҷо монда, бо хотири ҷамъ ба мулоқот рафт. Соати расо 7 Нодир занги дари ҳуҷраи рақами 18-умро пахш кард. Бунафша дарро кушод. Нодир ба хона даромад. Хонаи сеҳуҷрагӣ ороставу пероста буд. Ӯ пакети дасташро дар болои мизи ошхона монд. Бунафша дастовези ӯро дида, изҳори норозигӣ кард:
— Ман ош пухта истодаам, дам партофтаам, ҳозир тайёр мешавад. Мурғкабоб чӣ лозим буд?
— Ҳоло маълум не ки ош палов мешавад ё шавла. Ба ғайри ин, мурғкабобро саҳар хӯрдан мумкин. Баъди кори сангини шабона албатта, сахт гурусна мемонем, — гуфт Нодир ва беихтиёр Бунафшаро ба оғӯш гирифта, бӯсид. Ӯ низ моили бӯса буд магар, ки муқобилат накард. Нодир бо як дасташ Бунафшаро сахт ба оғӯш дошта, бо дасти дигараш думбаи ӯро маҳс кард. Духтар аз ин лаҳзае инону ихтиёрро аз даст дод, вале ба худ омада гуфт:
— Сабр кунед, шаби дароз дар пеш.
— Ман ҳафтмоҳа таваллуд шудаам, — шӯхӣ кард Нодир.
— Маълум. Ба ҳар ҳол дастатонро шуста, сари миз шинед,- ба сари дастархон даъват кард Бунафша.
Ӯ дастархони пур аз нуқлу наво густурда буд. Бунафша аз нигоҳи Нодир рамуз гирифта, гуфт:
— Ман баъди кор бозорӣ кардам.
— Маошатонро барои ман сарф кардам, гӯед.
— Не, мо мукофотпулӣ гирифтем.
— Ҳар кас ризқашро мехӯрад. Беҳтараш шинед ва конякро кушоед. Барои ман нарезед,- огоҳ кард Бунафша.
— Пас барои кӣ резам?
— Барои худатон.
— Ман наменӯшам.
— Арақ менӯшед?
— Ман умуман нӯшокии спиртӣ истеъмол намекунам.
— Ин хел ҳам мешудааст?
— Бале, мешавад. Шумо чаро наменӯшед?
— Ман ҳам умуман наменӯшам.
— Пас хуб аст. Кори ҳушёр самаранок мешавад.
Чун Бунафша ба ошхона рафт, Нодир бодиққат хонаро аз назар гузаронид. Дар хона ягон ашёи кӯдакона ба назар намерасид: на кати кӯдакона буду на бозичаҳо. Умуман, хона ба манзиле, ки дар он як оила зиндагӣ мекунад, монанд набуд. Ин шубҳаи ӯро овард, ки мабодо ба қапқон наафтода бошад, ки сабт карда шантажаш кунанд. Ӯ ба ҷиҳози хона бо таваҷҷуҳ назар кард. Пеши назар овард, ки агар дар ҳуҷра камера насб карда бошанд, онро куҷо гузоштан мувофиқ аст. Дар ҳуҷра 3 ҷои қулай буд, ки аз он ҷо тамоми хона чун кафи даст менамуд. Ӯ аввал қандилро дид. Воқеан, он ҷо як камера ба ҷои лампочкаи «сӯхтагӣ» насб шуда буд. Нодир камераро безарар кард.
Расми асп, ки дар девори як канори хона овезон буд, низ шубҳанок намуд. Нодир аз чашми асп камераро ёфта онро ҳам безарар кард.
Камераи сеюм дар карнизи пардаи тиреза насб шуда буд. Нодир онро низ зуд безарар кард ва ба хонаи хоб гузашт то онҷоро таҳқиқ кунад.
Ӯ ин ҷо низ зуд камераҳоро ёфта, безарар кард, зеро онҳо низ чун меҳмонхона дар қандилу карниз ва дар акси болои диван насб шуда буданд.
«Албата, дар ташноб низ камера будагист. Онро ҳам ёфта безарар кардан лозим», ба худ андешид Нодир ва омада, сари дастархон нишаст, то ки пайт ёфта онро ҳам безарар кунад.
Ҳамин вақт Бунафша оши паловро ба як табақ кашида овард.
— Ман дастамро шӯям, — гуфта баҳонаи ба ташноб рафтан кард, — Нодир.
— То ин вақт чӣ кор кардед? Ман шуморо ким-кай дастатонро шӯед, гуфта будам.
— Ман ана, ин газетаи шаҳриатонро хондам, — гуфт ба рӯзномаи болои миз, ки нав аз даст монда буд, ишора карда.
— Ҳа, барои шумо журналистон хондани газета муҳимтар аст.
— Бале, ҷанҷолам накунед, ҳозир меоям,- гуфт Нодир ва ба ташноб рафт.
Нодир камераи ташнобро ҳам зуд ёфта безарар кард. Ба назар чунин мерасид, ки камераро ягон ҳаваскор насб кардааст. «Ин кори худи Бунафша аст ё ӯ ба касе хизмат мекарда бошад?», ба худ суол кард Нодир. «Инро ҳатман ҳамин шаб маълум мекунам», қарор кард ӯ.
Ош табъи дили Нодир буд. Онҳо хомӯшона хӯрок хӯрданд. Бунафша дастархонро ҷамъ кард ва болои миз танҳо шоколаду чойро монд.
Нодир барои душ кардан ба ташноб рафт. Дар он ҷо ду сачоқи тоза яке сурх ва дигаре сабз овезон буд. «Бунафша ин тарафи корро ҳам ба назар гирифтааст», аз дил гузаронд ӯ ва баъди оббозӣ баданашро бо сачоқи сабз пок кард.
— Хонуми ширин, куҷоед шумо?- аз ташноб баромада, Бунафшаро садо кард Нодир.
— Ман ин ҷо, дар зал, — посух дод Бунафша, ки дар роҳаткурсӣ нишаста буд. – Оби гарм ҳаст?
— Ман бо оби хунук оббозӣ кардам. Дар ин гармӣ оби хунукатон ширгарм аст.
— Пас, ман ҳам душ мекунам, — гуфт Бунафша.
— Сабр кунед, як латифа ба ёдам омад. Ду аъробии саҳроӣ дар назди рӯд истода оббозӣ кардан мехоҳанд, вале аз сардии об ҳеҷ ҷуръати ба рӯд даромадан намекунанд.
Яке ба дигаре мегӯяд, ки дар умри чилсолааш ҳамагӣ як маротиба рӯзи хонадоршавиаш оббозӣ кардааст.
Дуюмӣ мегӯяд, ки бори аввал дар кӯдакиаш падараш ӯро бо худ ба Нил бурда оббозӣ дароварда буд. Маротибаи дуввум дар рӯзи хонадоршавиаш оббозӣ кардааст ва агар ҳоло ба об дарояд, се маротиба мешавад.
— Эъ қурбоққа шаве, — мегӯяд инро шунида аъробии якум.
— Агар ин латифаатонро ба назар гирем, ман худи ҳамин бегоҳ маротибаи дуюм аст, ки оббозӣ мекунам. Аз кор омада душ кардам ва ҳоло оббозӣ мекунам, то бӯи ошхона аз баданам равад, — гуфт Бунафша лабханд карда.
— Ман ин ҷо шуморо дар назар надоштам, мебахшед, — гуфт Нодир иштибоҳашро фаҳмида.
— Ман ҳам девори намкаш не. Оббозӣ кардан беҳдоштӣ аст. Махсусан агар дар ин гармии минтақаи мо як рӯз оббозӣ накунӣ, бӯй мегирӣ.
— Ба ҳар ҳол мебахшед.
— Бахшидам,- гуфт Бунафша ва ба лабони Нодир бӯсае зада ба ташноб рафт.
Баъди чанд дақиқа Бунафша дар тан хилъат аз ташноб баромада, назди Нодир омад. Нодир, ки дар роҳаткурсӣ менишаст, ӯро сари зонуяш нишонд ва сар ба гесӯяш бурд. Ба машоми ӯ бӯи хуши атри фаронсавӣ расид, ки касро маст мекард. Ӯ забонашро ба баногӯши Бунафша бурда, эҳсосоташро бедор кард. Сипас, Нодир лабашро ба лаби Бунафша гузошт ва дастонашро ба даруни хилъат даровард. Бунафша баъди оббозӣ синабандашро набаста буд ва синаҳои ӯ ба даст чун ду анори таранг мерасиданд. Нодир бо як маҳорати хос онҳоро маҳс мекард. Бунафша аз худ бехуд шуд. Нодир расидани лаҳзаи эҳсосро пай бурда, ӯро бо ду дастонаш озод бардошта, ба хонаи хоб гузашт. Дар як лаҳза либосҳо аз тан кашида шуданд ва ин ду нафари ташнаи шаҳват ба ҳам печиданд. Баъди комситониҳои пайдарпай ҳар ду мондаву лакот болои диван дароз кашиданд. Чанде пас Нодир аз ҷогаҳ хест ва ба ташноб ғуслкунӣ рафт. Бунафша ҳам аз паи ӯ ба ташноб омад.
— Шуморо оббозӣ дарорам?
— Агар хоҳиш дошта бошед.
— Пас омода бошед, — гуфт Бунафша обпошакро ба даст гирифта. Ӯ як маротиба сари Нодирро бо об шуст ва сипас ба мӯйи ӯ як каф шампун рехта аз нав об рехт. Дастони нозуки ӯ ба тани Нодир расида, эҳсосашро бедор мекард. Ниҳоят Нодир тоқат карда натавониста, ӯро ба ванна кашида, болои зонуяш шинонд ва кордро ба ғилоф андохт. Лаҳзаҳои гуворо аз нав шурӯъ шуданд. Билохира, онҳо баъди комситонӣ ғусл карда, аз ванна баромаданд.
— Чун гург гурусна мондам,- гуфт Нодир.
— Албатта, ҳамаи қувватонро сарф кардед, — гуфт Бунафша ва афзуд:- Ягон чиз мехӯред?
— Не, танҳо чойю шоколад мехоҳам.
Онҳо ба зал гузаштанд, ки болои миз шоколад, нӯшоба ва чойи хунук буд. Нодир шоколадро пора карда, ба пиёлаҳо чой рехт. Ду нафар як плитка шоколадро хӯрда, ба худ омаданд.
— Корро идома медиҳем, — гуфт Нодир ва аз нав Бунафшаро болои даст бардошта, ба хонаи хоб бурд ва хилъати ӯро аз танаш кашид. Пеши ӯ духтари зебои химчамиён, ки бадани булӯр барин сафед дорад, мехобид.
— Духтарам, шавҳар накардаам гуфтед, вале ин бӯстонро пеш аз ман чаридаву аз ин лабҳо гул чидаанд.
— Ин гуноҳи ҷавонии ман аст, — қиссаи аз даст додани бокирагиашро нақл кард Бунафша. Ҳангоми дар донишгоҳ таҳсил карданам ба муаллимам, ҷавонмарди хушсурат ошиқ шудам. Ӯ ба ман лутфи зиёде дошт. Мани девонаи ишқ фирефтаи суханҳои ӯ шуда, духтариамро додам. Баъд фаҳмидам, ки ӯ зану 5 фарзанд дошта, домани маро бо чормағзи пуч пур карда будааст. Пас аз ин дигар ягон мардро чашми дидан надоштам. Бароям чанд ҷавони соддадил хостгорӣ карданд. Ман нахостам фиребашон диҳам, агарчи имрӯз аз нав духтар шудан кори нимсоата аст. Ана, ҳамин тавр то имрӯз то дидани шумо гашта будам.
Нодир, ки дар ҷогаҳ пуртаҷрибагии Бунафшаро эҳсос карда буд, ба суханони ӯ бовар накард. Вале Бунафшаро аз нав ба оғӯш кашид ва даст ба тагэзораш бурд. Комситонӣ аз нав шурӯъ шуд. Нодир ҳамаи ҳунари мардиашро истифода намуда, Бунафшаро мондаву лакот мекард. Дар баробари ин Бунафша гапро сари фаъолияти Нодиру Валиҷон ва мақсади сафар бурда, кӯшиши гапгирӣ мекард. Нодир бошад, чун гурги болондида, гапро ба дигар сӯ мебурд ва ё бо «ҳа» ва «не» посух мегуфт.
Нисфи шаб Нодир барои нерӯ гирифтан қуттии дуюми шоколадро кушод. Шоколади мазкур дар дохилаш коняки пурқудрате дошт, ки аз хӯрдани чанд донааш шахси аз спирт парҳез маст мешуд. Нодир махсус ин шоколадро ба Бунафша муроат карда, бо меҳрубониҳо ба даҳонаш мемонд. Вале он асар намекард. Яъне Бунафша таҷрибаи хуби нӯшидани конякро дошт.
-Ман ташна мондам, дар ин гармӣ маро куштед, рафта нӯшоба меорам,- гуфт Бунафша худро аз оғӯши Нодир раҳо карда.
— Наход мо қотил бошем, ин хел нагӯед. Ман худам ба шумо нӯшоба меорам, — то гуноҳамро шӯям, -гуфт Нодир аз ҷой хеста.
— Не, шумо ташвиш накашед, — гуфт Бунафша ва аз хона баромад.
Пас аз чанде ӯ дар ду фужер нӯшобаи себ овард ва якеро пеши Нодир гузошт:
— Ба шумо ҳам нӯшоба овардам.
— Ташаккур, ман беҳтараш чойи хунук менӯшам. Аз нӯшоба ташнагиам намешиканад.
— Ба ҳар ҳол овардам, нӯшед. Агар шумо нанӯшед, манн ҳам наменӯшам, — ноз кард Бунафша.
— Хуб, болои миз монед, менӯшам,- гуфт Нодир.
Нодир пай бурд, ки ин ҷо чӣ сирре ҳаст. «Шояд Бунафша дар нӯшоба доруе омехта бошад?»,- ба худ андешид ӯ.
Нодир Бунафшаро, ки назди миз меистод ба оғӯш гирифт ва гуфт:
— Ман ташнаи шумоям ва шуморо мехоҳам.
Нодир лабашро ба лаби Бунафша монд ва дасти росташро ба дунбаи ӯ гузошта маҳс кард. Ҳамзамон ӯ бо як чолокии барояш хос ҷойи фужерҳоро дар болои миз иваз кард, ки инро Бунафша пай набурд.
— Акнун нӯшобаи овардаатонро менӯшем, — гуфт Нодир лабашро аз лаби Бунафша гирифта.
— Ҳозир ба шумо нӯшобаатонро медиҳам, — гуфт Бунафша ва мувофиқи хосташ фужерро ба Нодир дароз кард.
Нодир фужерро ба даст гирифт ва онро бо як бардоштан нӯшид, ки гӯё шароб бошад.
Бунафша низ шарбати фужерашро то охир нӯшид.
Баъди чанде Бунафша маст шуд ва худро идора карда наметавонист. Нодир аз фурсат истифода карда, ӯро пурсуҷӯ намуд. Ӯ ба суолҳои Нодир масту хоболуд посух медод ва дарк намекард, ки чӣ мегӯяд. Аз ин пурсиш маълум шуд, ки Бунафша майори амният буда, махсус барои суханчинӣ дар милиса кор мекардааст. Ӯро ҳанӯз вақти дар факултаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил карданаш ҳамчун хабаркаш ба амният ҷалб карда будаанд. Ҳоло низ аз боло супориш шуда будааст, ки дар бораи сабаби воқеии ба Қӯрғон сафар кардани Валиҷону Нодир бояд ӯ маълумот гирад.
Нодир Бунафшаро боз ба оғӯш кашид, то ниқори суханчиниашро бигирад.
«Шаби ялдо» бо комситониҳо рӯз шуд ва Бунафша дар бораи «истинтоқи» Нодир чизеро дар ёд надошт.
Субҳ вақти ношто Бунафша сари зонуи Нодир нишаста гуфт:
— Ман ин шабу шуморо фаромӯш намекунам.
— Мехоҳед, фаромӯшам кунед?
— Не, баръакс. Мехоҳам, ки бо шумо бошам.
— Магар ин имкон дорад?
— Бале, Душанбе дур нест, яксоата роҳ. Агар хоҳед, ман ҳар шаб наздатон меравам.
— Бале, ту меоӣ. Вале ман имкони ҳар шаб бо ту буданро надорам. Кори ман зиёд аст ва он рӯзу шаб надорад.
— Ба ҳар ҳол агар иҷозат диҳед, вақти дилхоҳатон пешатон меоям.
— Хуб, — гуфт Нодир. – Вале магар мо имрӯз ба кор намеравем?
— Шумо рафтан гиред, ман хонаро ба тартиб меорам ва баъд меравам. Якҷоя моро бинанд, гапу калоча бисёр мешавад, — гуфт Бунафша.
— Ҳар чӣ фармоед, — гуфт Нодир бӯсае аз лабони ӯ ситонида.
Баъди ношто Нодир мошинро аз таваққуфгоҳ гирифта, рост ба раёсати милиса рафт ва ба назди сардор даромада, хоҳиш кард, ки ба ӯ иҷозат диҳад, то бойгонии қазияҳои 10 сол қабл рухдодаро таҳқиқ кунад. Сардор ҳам чизе нагуфт ва ба масъули бойгонӣ занг зада, супориш дод, ки хоҳиши Нодирро иҷро кунанд.
Дар бойгонӣ делои ҷиноятиро вобаста ба куштори духтари ноболиғ Фирӯза Мирҳасанова зуд пайдо карданд. Нодир қазияро хонда, маълумоти ҷолибе пайдо накард. Маълумоти аз Саидмуродов шунидааш тасдиқ шуду халос. Маълумоти дақиқе дар бораи сабаби худкушӣ набуд. Танҳо аз рӯи гуфтаи баъзе шоҳидон, ки тасдиқи худро наёфтаанд, дастаи ҷинояткорон духтарони ноболиғро аз кӯча дуздида, ба кадом мансабдоре мебурдаанд. Ӯ баъди бо онҳо ҳамхоба шудан духтарони гапдароро озод мекардааст, вале духтарони якрав дигар ҷон ба саломат намебурдаанд. Нодир бешубҳа медонист, ки сухан дар бораи кӣ меравад. Вале ҳоло ин муҳим набуд, зеро ду ҷинояткоре, ки ба ин амал даст доштанд, кушта шудаанд. Нодир бояд қотилро меҷуст. Қотил бошад, касе аз наздикони Фирӯза буд. Аз рӯи маълумоти Солеҳҷон Саидмуродов аҳли оилаи ин духтар аз ҷумлаи бародару хоҳари хурдиаш дар садамаи нақлиётӣ ҳалок шуданд. Пас кӣ метавонист ниқор гирад? Амакаш? Ӯ пеш аз ин ҳодиса ба Русия рафта дигар барнагаштааст. Дар қазияи ҷиноӣ дар ин бора сухан намерафт. Танҳо гуфта мешуд, ки оилаи бадбахтро хешони дурашон аз ноҳияи Санги Сиёҳ гӯру чӯб кардаанд. Нодир ному насаб ва суроғаи онҳоро дар дафтараш ёддошт карда, аз бойгонӣ ва раёсати милиса берун баромад. Ӯ аз милисахона дур шуда, ба роҳи Душанбе баромад ва мошинро дар сояи канори роҳ нигоҳ дошта, ба Сафаралии муаллим занг зада пурсид, ки оё ӯ фамилияи Тешабойро намедонад.
— Медонам, фамилияаш Розиқов аст.
— Аз ӯ ягон хабар надоред?
— Не.
— Дар куҷо зоида шудааст ӯ.
— Дар маркази ноҳияи Санги Сиёҳ.
— Шумо Мирҳасановро аз шаҳри Қӯрғон намедонед?
— Як Мирҳасановро медонистам, ки бародари хурдии Тешабой буд. Раҳматӣ 10 сол пеш ҳангомаи садамаи нақлиётӣ бо аҳли оилааш ҳалок гашт.
— Чӣ хел бародар? Фамилияашон дигар-ку?
— Яке бо номи падару дигаре бо номи бобояшон гузаштаанд.
— Ҳа, фаҳмидам. Ташаккур, — гуфта бо Сафаралӣ ҳайрухуш кард Нодир ва рақами телефони Валиҷонро гирифт.
— Тинҷӣ аст?- баъди салом пурсид Валиҷон.
— Дар Бағдод оромӣ аст,- шӯхӣ кард Нодир ва афзуд: — Дар боло чӣ гап?
— Об зада рӯфтагӣ.
— Ин ҷо тӯй мешавад. Маро тӯйхабар мондаанд. Тӯёнаро тайёр кун, омада истодаам,- гуфт бо рамз Нодир.
Ӯ сӯҳбати телефониашро қатъ карда, мошинро ба ҳаракат даровард ва расо як соат пас дар пеши офис буд. Вақте ки ӯ ба офис даромад, Валиҷон дастурхон густурда чой дам мекард.
— Маро хушдоманам дӯст медорад, ки фақат болои ғизо меоям, — гуфт Нодир ва бо Валиҷон дастакӣ салом кард.
— Ман ҳам омадани туро дониста чой дам кардам. Дастатро шуста, сари дархон шин, хӯрок мекашам.
— Чӣ хел хӯрок?
— Саҳар аз бозор 3 кило гӯшт, як қуттӣ тухм, картошкаю пиёз ва ғайра харида овардам. Баъзан фурсати ба ягон ҷо рафтан намешавад. Ҳамин ҷо хӯрок пухтан мумкин, ҳама шароит ҳаст.
— Бале, лекин чӣ пухтӣ?
-Як кило гӯштро бо пиёзу картошка зирбонда ба болояш каме об андохта дам партофтам.
— На дамламаву на жарков, хӯроки беном пухтӣ.
— Шин хӯрок хӯрем ва аз сафарат қисса кун, — гуфт Валиҷон ва ба табақи калон хӯрок кашида овард.
Гӯшт майда ҷӯшида ҳилим-ҳилим шуда буд. Нодир як пора гӯштро ба даҳон бурд ва онро хӯрда гуфт: — Аз имтиҳон гузаштӣ ва аз имрӯз сар карда, ту ошпази штатии бюро мешавӣ.
— Майлаш. Аз кор гап зан.
— Ба марра наздик шуда истодаем. Дирӯз сари ин қазия бо собиқ мудири шуъбаи тафтишотӣ Саидмуродов сӯҳбат доштам. Имрӯз бойгониро дидам ва он сабабе, ки меҷустем, ёфтам. Духтараки 15-сола Фирӯза Мирҳасанова сабаби асосии ин ҳодиса аст. Соли 2002 ӯро таҷовуз карда мекушанд ва баъд ба канали Вахш мепартоянд. Акнун қотилро бояд ёбем.
— Дар вазорат оморро дар ин масъала наёфтӣ, — пурсид Нодир.
— Маълумоти муфассал нест. Танҳо омори хушку холӣ. Аз рӯи ин маълумот метавон қазияи ҷиноӣ кушода, тафтиш барӣ. Вале ҳоло мо дигар чизро кофта истодаем.
— Дуруст. Ман тахмин мекунам, ки касе аз наздикони ин духтари ғӯрамарг дар ин кушторҳо даст дорад. Вале аҳли оилаи ӯ ба таври шубҳанок ва фоҷиавӣ баъди як моҳи кушта шудани духтар дар садамаи автомобилӣ ҳалок шудаанд. Садамаи мазкур ба садамаи дигаре, ки 5 сол пеш яке аз дӯстони Хошоков ҳалок шуда буд, хеле шабоҳат дорад.
— Яъне, каси ниқоргир намондааст?
— Амаки ин духтар Тешабой Розиқов, ки собиқ ҳамсилоҳ ва аз наздикони Табаралӣ Хошоков буд, 10 сол қабл ба Русия рафтааст ва ҳоло аз ӯ хату хабаре нест. Вале ба фикри ман, ӯ дар ин куштор даст дорад. Барои ҳамин бо каналҳоят ба пулиси Русия муроҷиат кун ва дар бораи ин шахс маълумот гир. Аз ҷониби дигар, аз марзбонон ё Хадамоти муҳоҷират пурсидан лозим аст, ки чунин шахс ба ин наздикиҳо ба Тоҷикистон омадааст ё не.
— Боз пурсидан лозим аст, ки агар ин шахс дар Тоҷикистон бошад, дар қайди куҷост?
— Бале, ана ҳамаи ин кори милиса аст ва ту аз паяш мешавӣ, — гуфт Нодир ва афзуд: — Ман бояд як маротиба ба Санги Сиёҳ равам ва хешони Тешабойро ҷустуҷӯ кунам. Вале ин баъди гирифтани маълумоти боло.
— Воқеан, аз тафтишоти милиса чӣ маълумот?- пурсид Нодир.
— Ягон гапи нав не. Ба гуфти масъулин чанд нафар изҳор кардаанд, ки қасди куштани Хошоковро доштаанд, вале ин корро онҳо анҷом надодаанд. Ҳоло ин нафарон, ки соҳибкорони бузурганд, ҳамчун фармоишгари ин куштор таҳти тафтиш қарор доранд.
— Албатта, боз ягон ҳафта латукӯб ва фишор оранд, онҳо сӯйиқасд ба ҷони Ленинро ба гардан мегиранд, — бо киноя гуфт Нодир.
Ҳамин вақт телефони Нодир занг зад. Нодир шумораи Лутфияро дида, ба хонаи дигар гузашт.
— Меҳмони нохондаро қабул мекунед? –омад садои Лутфия.
— Бале, агар кулчаю тӯша дошта бошад, — шӯхӣ кард Нодир.
— Бе ин намешавад, албатта. Бачаҳо ба таътил баромада, ба деҳа омаданд ва ман ҳам аз фурсат истифода карда, ба назди шумо парвоз кардам. Чанд маротиба занг зада, шуморо огоҳ карданӣ шудам, вале телефонатон банд буд.
— Омадед, хуб кардед. Ҳозир ба назди ман, ба кӯчаи Гулистон омада занг занед, ман ба шумо калиди хонаро медиҳам, рафта истироҳат кунед. Чун ман корамро тамом кардам, наздатон меоям, — гуфт Нодир сӯҳбатро қатъ карда.
— Хуб чӣ кор мекунем?- пурсид Нодир ба назди Валиҷон омада.
— Ман ба Маскав ба дӯстам, генерал — лейтенанти умури дохила, ки дар собиқ ҳамкор будем занг зада, ҳоҳиш кардам, ки дар бораи Тешабой Розиқов маълумот гирд орад. Баъди танаффуси нисфирӯзӣ ба Хадамоти муҳоҷират занг зада, ин масъаларо ҳам мебинем, гуфт Валиҷон худро ба роҳаткурсӣ партофта. Ба марзбонон занг занем, амниятиҳо ягон чиз пай мебаранд. Онҳо ҳам ҳоло дар пурсуков ҳастанд. Ҳоло ҳамаи мақомоти тафтишотӣ барои ифшои ин куштор ба по рост мондаанд.
— Бале, ин масъала хеле нозук аст. Агар гуруҳҳои тафтишотӣ донанд, ки мо калобаро кушода истодаем, аз маълумоти мо истифода мекунанд. Бинобар ин, эҳтиёткорона маълумот ҷамъ овардан лозим. Миллион доллар дар кӯча наафтодааст. Ҳоло барои пул ҳар кор карданашон мумкин, — гуфт Нодир.
— Дуруст мегӯӣ. Барои кушодани ин қазия рақобат калон аст. Милисаву амният ва боз прокуратура талош доранд, ки аз якдигар пештар қотилро пайдо кунанд. Ба мо зарур аст, ки рақамҳои телефонамонро иваз кунем ва бо ин телефон бояд танҳо худамон гап занем. Ин корро ман ҳамин рӯз ҳал мекунам.
— Рақобати мақомот як тараф бошад, миллион доллар ҳамаро барои ифшои қотил ҳавасманд мекунад. Бинобар ин эҳтиёт ва боз эҳтиёт бояд кард, -гуфт Нодир ва афзуд: — Маълумотро чӣ хел мегирӣ?
— Ман ба Хадамоти муҳоҷират занг зада ҳоҳиш мекунам, ки маълумоти семоҳаро оид ба вуруду ихроҷи шаҳрваандони кишвар барои вазир гирд оранд. Дар ин ҳол шубҳа камтар мешавад ва зуд пайдо кардани сари калоба ҳам барои дигарон мушкил мегардад.
— Фаҳмидам.
— Воқеан, мо беистироҳат кор мекунем, чӣ? – пурсид Нодир.
— Чаро? Кадом вақте хоҳӣ истироҳат кардан гир.
— Пагоҳ якшанбе аст ва ман истироҳат мекунам.
— Ман ҳам гумон намекунам, ки маълумоти зарурӣ то рӯзи душанбе дастраси мо шавад. Пас ман ҳам истироҳат мекунам, пагоҳ ба тӯйи як хеши занак даъватиам. Янгаат ба ҷону ҳолам намонда, ба тӯй бурданист. Бегоҳ бошад, ҷаласаи навбатӣ дар ҳузури вазир аст.
— Ба ҷаласа худат рафтан гир, ман намеравам, — гуфт Нодир.
Занги телефони Нодир баланд шуд. Лутфия занг мезад.
— Ҳозир меоям, — гуфт Нодир ва аз офис баромад.
Лутфия дар назди бино ӯро интизор буд. Ӯ либоси аврупоии хушдӯхт пӯшида, мӯйи сарашро оро дода буд ва касе гумон намекард, ки ин як зани деҳотӣ аст. Нодир ӯро дида, дилаш таҳ кашид, хост ба оғӯш гирифта бибӯсад, вале андешаи онро кард, ки касе дида нагӯяд, ин мард девона шудааст ва дар кӯча занеро мебӯсад. Лутфия низ мехост, ки худро ба оғӯши Нодир андозад, вале ӯ низ андеша карда, бо саломи дастакӣ иктифо кард. Нодир баъди ҳолпурсӣ ҷои истиқоматашро гуфта, ба ӯ калиди хонаашро дод:
— Бубахшед, ки ҳозир наметавонам бо шумо равам. Баъзе корҳоро анҷом доданам лозим, вале пагоҳ ман истироҳат гирифтам ва тамоми рӯзро ба шумо мебахшам.
— Шумо занг занед, ман омада шуморо мебарам.
— Не, ҳамкорам аз сари роҳи хонаи ман мегузарад ва ӯ маро саҳар меораду бегоҳ мебарад.
— Ҳа, бояд гӯям, ки яхдонам холӣ аст. Ана, ин пулро гиреду сари роҳ ба бозор дароед, — гуфт Нодир як дусадсомониро аз киса бароварда.
— Ман гуфтам-ку кулчаю тӯшаи худро овардаам. Пул даркор нест.
— Агар нагиред, ман ба хона намеравам,- гуфт Нодир.
Лутфия ноилоҷ пулро гирифта, ба мошинаш савор шуд ва муҳаррикро ба кор дароварда гуфт:
— Тезтар биёед. Ман шуморо интизорам.
— Хуб, — гуфт Нодир ва ба офис баргашт.
— Аз маъшуқабозиат намондӣ?- гуфт бо лабханд Валиҷон.
— Аз неъматҳои гуворои зиндагӣ барои ман танҳо ҳамин мондааст. Арақ наменӯшам, сигору нос намекашам. Танҳо каме бо хонумҳои зебо комситонӣ мекунам. Агар ҳаминро ҳам накунам, пас бимирам?
— Мо накардем, намурдем-ку.
— Табиати ҳар кас ҳар хел аст. Яке умрашро бо як зан пир мекунад, дигаре онҳоро чун дастпӯшак иваз мекунад.
— Хуб, фалсафафурӯшӣ накун. Биё як маротиба маълумоти доштаамонро таҳлил кунем, — пешниҳод кард Валиҷон.
— Ба ту чӣ мақбул нест?
— Метарсам, ки боз фарзияи мо хато баромада шарманда нашавем.
— Аз фарзияҳои мавриди тафтиш магар он чӣ мо мегӯем, воқеият надорад? Мо ин гиреҳро кушодем, танҳо қотилро пайдову дастгир кардан мондааст, ки ин дар ду-се рӯзи минбаъда ҳал мешавад.
— Мабодо Тешабой Розиқов ба ин кушторҳо рабте надошта бошад?
— Инро фаҳмидан душвор нест.
— Аз ҷониби дигар, агар Тешабой зинда мебуд, чаро дар ин қадар сол аз худ дарак надод?
— Шояд наметавонист ё дар маҳбас буд, — гуфт Нодир ва афзуд:- Ҷавоби дархостатро гирем, ҳамааш маълум мешавад. Каме сабр бикун!
— Миллион аз даст наравад, мегӯям.
— Агар Худо онро ба мо насиб карда бошад, аз мо мешавад он, — гуфт Нодир.
Ҳамин вақт занги телефони Валиҷон баланд шуд. Аз Маскав генерал Шувалов занг мезад. Ӯ хоҳиши Валиҷонро иҷро карда буд. Ба гуфти генерал Тешабой Розиқов соли 2002 аз Тоҷикистон ба Русия меояд. Баъди гузаштани моҳе Тешабой ба ҷурми куштори як тоҷики дигар 15 сол зиндонӣ шуд. Вале ду моҳ пеш ӯро барои меҳнати софдилона ва бемории саратони меъда доштанаш бармаҳал аз зиндон озод карданд. Ҳоло дар куҷо буданаш маълум нест, зеро аз марзи Русия баромада, ба Тоҷикистон рафтааст.
— Адреси почтаи электрониатро гӯй, сурати Розиқовро фиристам, — гуфт генерал.
Валиҷон номи почтаи электрониашро ба генерали рус гуфта, барои кӯмакаш изҳори миннатдорӣ кард. Пас аз лаҳзае сурат омада расид. Валиҷон онро чоп карда, ба даст гирифт.
— Ин сурати 10 сол пеш аст. Аз ин сурат мо шахси дар камераи заправка сабт шударо шинохта наметавонем. Ҳоло чӣ гуна шуда бошад, Тешабой?
— Албатта, пир шудагист? Маҳбас курорт нест,- гуфт Нодир суратро дида.
— Ана, ин хел ба таври оперативӣ кор мекунанд, — гуфт Валиҷон аз фаъолияти дӯсташ Шувалов изҳори қаноатмандӣ карда. – Дар мо бошад, чунин маълумотро камаш ду рӯз ҷамъ мекунанд.
— Дар мо касе дилсӯзи кор нест. Танбаланд ва бе манфиат касе коре намекунад. Ҳамин супоришро ҳам аз тарси вазир иҷро мекунанд, вагарна туф карда буданд ба ҳама.
— Пас, чӣ бояд кард?
— Дар система ислоҳот гузаронидан лозим, кормандони ришвахӯру бесаводро пеш кардан лозим. Вазири нав инсони оқилу доно метобад, ӯро барои ислоҳот раҳнамун сохтан лозим, — гуфт Нодир.
— Ҳамин қазияро анҷом диҳем, ҳатман дар ин мавзуъ бо вазир сӯҳбат мекунем.
— Ба ҳар ҳол анҷоми қазия наздик аст. Танҳо як қадами устувор гузоштан лозим.
— Метарсам, ки Тешабой боз баргашта бу Русия наравад. Дар он вақт гуноҳи ӯро дайн кардан мушкил мешавад.
— Дуруст мегӯӣ. Вале аслан барои ӯро муттаҳам кардан мо ягон чиз надорем. Ӯ аз худ дар ҷои куштор ягон нишон намондааст. Танҳо у чунин асоси содир намудани ҷиноят надошт. Садҳо нафари дигар низ ба мисли вай марги Хошокову Боевро мехостанд. Хоҳиш дигар асту содири ҷиноят дигар. Бинобар ин, ӯро муттаҳам карда наметавонем. Мо танҳо бо роҳи психологӣ ба ӯ таъсир карда, ба худаш иқрор шудан водор карда метавонему бас.
— Ин гапат дуруст. Ман милисаи касбӣ ин паҳлӯи масъаларо фикр накардаам. Воқеан, ба ғайри ҳамон видеои заправка мо чизе надорем. Дар он ҳам симои Тешабой маълум нест. Ин ҳам бошад, мадраки ғайри мустақим аст.
— Аз ин нигоҳ мебинӣ, ки кулворамон холӣ аст. Танҳо ба касбияти ту ҳамчун муфаттиш метавон умед баст.
— Канӣ маълумотҳои дархосткардаамонро аз хадамоти муҳоҷират гирем, ягон чиз мешудагист, — гуфт Валиҷон ва аз ҷо бархест: — Соат аз 6 ҳам гузашт, биё меравем. Туро маъшуқаат ҳам интизор шудагист.
Онҳо аз офис баромаданд. Нодир хоҳиш кард, ки Валиҷон мошинро дар назди гузаргоҳи зеризаминии универмаги марказӣ манъ кунад. Ӯ баъди чанде як дастагули зебое харида баргашт.
— Ягон 50 сомонӣ харидагистӣ,- ба гулдаста ишора карда гуфт Валиҷон.
— Не, 100 сомонӣ, гулфурӯшон ҳам ҳаннотанд, бародар.
— Ишқварзиат гарон меафтидааст.
— Канӣ, ҳоло чизи бепул?! — Кай барои янга гул харида будӣ?
— Ба ростӣ дар ёдам нест.
— Ба занҳо на танҳо дар рӯзи зодрӯзашону 8-уми март, балки дигар вақт ҳам гул тӯҳфа кардан лозим аст. Дар ин ҳолат меҳрашон кам намешавад.
— Аз куҷо донам, ман мисли ту мутахассиси хонумҳо набошам.
— Акнун, ки медонӣ ба янга як даста гул харида бар.
— Хуб, аз гулфурӯшии бозори «Комрон» мехарам.
Валиҷон Нодирро дар пеши хонааш фароварда, худ роҳашро идома дод.
Дарро ба рӯи Нодир Лутфия боз намуд. Ӯ гулдастаро ба Лутфия дода, хост ба оғӯшаш гирад. Вале Лутфия пешдастӣ карда, аз дар даромадан замон ба гарданаш ҳамел шуда, бӯсае ситонид.
— Ташаккур, барои гулдастаи зебо. Дар ёдам нест, ки ба ман ба ҷуз мактаббачаҳо касе гулдаста тӯҳфа карда бошад.
— Ба назари ман барои зани оқилаву бофаросат беҳтарин тӯҳфа гулдаста аст.
Нодир фазои хонаро дигар дарёфт. Лутфия хонаро рӯбучин карда, оинаи тирезаҳоро шуста буд. Аз ошхона ба машом бӯи хуши зира мерасид. Ӯ тағйири либос карданӣ шуда, куртаву шими сабуки пахтагини хонапӯшиашро наёфт. Инро Лутфия пай бурда гуфт:
— Либосҳои чиркинро ғарам карда мондаед. Шанбе бошад ҳам, либосҳоятонро шустам. Аз ин дида дигар камбағал намешавед.
— Ман дар як ё ду ҳафта баъди ҷамъ шудани либосҳо як маротиба ҷомашӯӣ мекунам.
— Акнун ман ҳар ҳафта омада, ҷомашӯӣ мекунам, — гуфт Лутфия ба мисли кадбонуи хона. – Ҳоло бошад, дастонатонро шуста биёед, хӯрок кашам.
— Иҷозат ҳаст, ки ман душ карда биёям?
— Албатта, бӯи марди арақинро хуш надорам. Оббозӣ карда, либосҳои дигар пӯшед, — гуфт Лутфия ба ҷавоби кинояи Нодир.
— Итоат, рафиқ қумондон!
Нодир вақте аз душ баромад, Лутфия дастархон густурда буд, ки он лабрези нуқлу наво буд.
— Ин ҳамаро аз куҷо гирифтед?
— Гуфтам-ку, ман бо тӯшаи худ омадаам. Ба қавли Убайди Зоконӣ муш дар хонаатон бо асо мегардад,- гуфт Лутфия.
— Ба ман захираи зиёд чӣ лозим? Як худам чӣ мехӯрам?- гуфт Нодир кинояи ӯро фаҳмида.
— Сари дастархон шинед, ғизои парҳезиро кашам. Мурғи марҷонро ба фолга печонида, бо ресепти худам дар тафдон пухтам. Бояд ба шумо маъқул шавад.
— Ишқи мард тавассути шикам аст, мегӯянд занҳо. Шумо ҳаминро санҷиданиед?
— Ҳамин худи таваҷҷуҳи шумо барои ман як олам ишқ аст. Вале зани хуб новобаста аз ҳар гуна ҳолат бояд хӯроки лазиз пазад.
Бале,- гуфт Нодир ва сари дастархон нишаст.
Лутфия мурғи марҷонро оварда, пора кард ва ба табақчаҳо гирифт. Бӯи хуши ғизо иштиҳои касро меовард. Нодир як пораи мурғро ба даҳон бурд, воқеан ҳам он хеле бомазза буд.
— Дастатон дардро набинад, хеле лазиз аст. – Маро ба хӯрдани хӯрокҳои бомазза одат мекунонед, пас аз рафтани шумо ман чӣ кор мекунам?
— Агар шумо хоҳед, ман аз баҳри ҳама чиз гузашта пешатон меоям,- гуфт Лутфия, ки дар сараш ба ғайр аз ҳавою ҳаваси ишқ дигар чизе набуд.
— Дар ин синну солу вазъияти мо, ин ғайриимкон аст. Мо ҳар ду фарзанддорем ва барои нафси худ наметавонем ҳамаро сарфи назар кунем.
— Фарзандон ҳам ба раҳи худашонанд. Чун ба балоғат расиданд, дигар аз мо ёд намекунанд. Ягон фарзанд сари гӯри волидонаш чароғ намондааст. Фарзанд гуфта, худро низ набояд фаромӯш кард. Инсон як маротиба ба дунё меояд.
Нодир медонист, ки Лутфия ҳақ аст, вале чизе нагуфт. Онҳо хомӯшона ғизо хӯрданд. Лутфия дастархонро ҷамъ карда, барои табақшӯи ба ошхона рафт. Нодир бошад, ба ташноб рафта, дандонашро шуст ва омада ба роҳаткурсӣ нишаст то ки телевизор тамошо кунад. Лутфия ҳам аз ошхона баргашт.
— Шабро бо телевизортамошокунӣ рӯз карданиед?
— Не, шуморо интизорам, ки кай ба оғӯшам медароед.
— Пас, интизор шавед. Ман оббозӣ карда, бӯи ошхонаро аз танам дур кунам, баъд то саҳар аз канори шумо берун нахоҳам омад.
— Мо як умр интизорем.
Баъди чанде Лутфия аз ташноб баргашта, сари зонуи Нодир нишаст. Бӯи хуше аз мӯйи Лутфия меомад. Нодир инону ихтиёрро аз даст дода, бӯсае аз лабони Луфия ситонид ва гуфт:
— Моро ҷогаҳи нарм интизор аст.
Лутфия аз дастони Нодир гирифта, аз сари зонуи ӯ хест. Ӯ Нодирро ба сӯи ҷогаҳ кашид. Нодир либосҳои Лутфияро аз танаш бароварда, ӯро озод бардошта болои ҷогаҳ монд ва худ низ лучи модарзод шуда болояш афтид. Баъди чанд лаҳзаи бӯсу канор онҳо ба муроди ҳамдигар расиданд. Лутфияи ташнаи ишқ ҳеҷ аз оғӯши Нодир берун намешуд. Нодир ҳам санъати ишқварзиашро истифода мекард, то талаботи Лутфияро қонеъ гардонад. Ин шабе буд, ки бе биму ҳарос ду дилдода комситонӣ мекарданд. Билохира, Лутфия қарибиҳои саҳар аз ишқварзӣ монда шуда гуфт: — Басе, куштед маро. Гурезонам накунед. Шаҳдро камаш ширин.
— Боз шумо ҳамаро партофта пеши ман омаданӣ будед. Агар бо ман бошед, ҳар шаб ҳамин хел ишқварзӣ мекунем. Ба ин омода ҳастед?
— Наход?!
— Кӣ маро гумон кардед? Ман вазифаи мардиамро шабу рӯз иҷро мекунам.
— Наход ҳамаи мардҳо ҳамин хел бошанд? Бори аввал мешунавам ман ин гапу ин корҳоро.
— На ҳамаи мардҳо ба ин хел ишқварзиҳо қодиранд, -гуфт Нодир ва бӯсае аз лабони Лутфия ситонид. – Агар хоб рафтанӣ бошед, рафтем ғусл мекунем, то баъди хоб рӯзона бо нерӯи тоза корро идома диҳем.
— Чӣ, шумо рӯз ҳам карданиед?
— Агар не, чаро ман рӯзи истироҳат гирифтам?!
— Рӯзона корам зиёд. Либосҳоро бояд дарзмол кунам, хӯрок пухтанам лозим.
— Натарсед, рӯз шавад, мебинем, -гуфт Нодир ва аз ҷо бархест то ғусл бикунад.
Рӯзи якшанбе ва шаби он бо комситониҳо гузашт.

***

Субҳи рӯзи душанбе Нодир Лутфияро гусел карда ба офис омад. Лутфия бошад, аз пайи корҳои шахсиаш рафт, то иҷорапулии тарабхонаву мағозаашро аз соҳибкорон гирад ва баъд ба деҳа баргардад.
Валиҷон ҳам соати 8 ба офис расида омад.
— Чӣ навигарӣ?- пурсид ӯ.
— Намедонам, ман дар як соли охир бори аввал шабу рӯз аз хона набаромада истироҳат кардам, -гуфт Нодир.
— Аз ҷогаҳ набаромадам, гӯй,- луқма партофт Валиҷон.
-Шояд,- лабханд кард Нодир ва афзуд,- Ту ҳам истироҳат кардӣ-ку?
— Магар тӯйравӣ истироҳат аст? Истироҳатро аз биниат мебароранд занон. Мондаву лакот аз тӯй омадам ва акнун аз он дилхушиҳо истироҳат карданам лозим аст.
— Худат ин гуна истироҳатро интихоб кардӣ.
— Зиндагӣ ҳамин аст, ба тӯю маъракаҳо ҳам рафтан лозим.
-Бале,- гуфт Нодир ва афзуд: — Маълумотро гир аз пайи кор шавем, вақт рафта истодааст.
— Ман ҳозир ба Хадамоти муҳоҷират занг зада, маълумоти даркориро мепурсам.
Аз Хадамоти муҳоҷират гуфтанд, ки маълумот омода аст, метавонанд онро ба вазорат фиристонанд.
— Ман худам ҳозир омада мегирам, — гуфт Валиҷон ба мусоҳибаш ва гӯширо монд.
— Бо ман меравӣ ё меистӣ?
— Ҳатман меравам. Ба маълумот назар андозам. Аз ин фаъолияти минбаъдаи мо вобаста аст, — гуфт Нодир ва аз ҷой хест.
Валиҷон мошинашро дар назди бинои Хадамоти муҳоҷират нигоҳ дошта, ба Нодир гуфт: — Ту дар мошин маро интизор шав, ман зуд меоям.
— Албатта,- гуфт Нодир дар мошин монда.
Баъди чанд дақиқа Валиҷон баргашта, ба мошин нишаст ва папкаи дасташро ба Нодир дода, муҳаррикро ба кор даровард.
— Хуб, чӣ хабар?
— Намедонам, папкаро кушо, — гуфт Валиҷон.
Нодир папкаро кушода, ба рӯйихати ба Тоҷикистон воридшудагон назар дӯхт. Ӯ чустуҷӯро якбора аз ду моҳ пеш шурӯъ кард. Дар таърихи 2-юми апрел Тешабой Розиқов ном шахс аз Русия ба фурудгоҳи Душанбе омада буд. Синнаш 55- сола.
— Ёфтам. Дар рӯйихат ҳаст, -нидо кард Нодир.
Валиҷон ин суханро шунида, мошинро дар канори роҳ дар сояи дарахт нигоҳ дошт ва рӯйихатро ба даст гирифт.
— Бале, дуруст аст. Пас чӣ кор мекунем?- пурсид Валиҷон.
— Зудтар ба Санги Сиёҳ рафтан лозим, — пешниҳод кард Нодир. — Ба фикрам Тешабой онҷост. Ӯ гирифтори саратон аст ва маргаш маълум. Ба фикрам, ӯ маргашро дар зодгоҳаш истиқбол мегирад.
— Дар суханат мантиқ ҳаст. Пас меравем ба Санги Сиёҳ. Воқеан, туфангчаатро гирифтаӣ?
— Баъди огоҳ карданат, дигар шабу рӯз онро бо худ мегардонам. Ҳатто шабҳо онро ба оғӯш гирифта мехобам, — шӯхӣ кард Нодир.
— Медонам, ки ту шабҳо танҳо хоб намеравӣ.
— Албатта, туфангчаи «Макаров» ҳамхобаам аст.
— Пас, мо омодаи сафар ҳастем. Бензин мегирем ва ба роҳ мебароем.
— Бошад, — гуфт Нодир.
Ҳамин вақт Лутфия занг зада гуфт, ки корҳояшро анҷом додаасту акнун ба деҳа бармегардад.
— Ягон чиз мехӯрем ё меравем,- пурсид Валиҷон.
— Соат нав 10 мешавад. То нисфирӯзӣ мо ба Санги Сиёҳ мерасем. Он ҷо ягон ошхона будагист?
— Санги Сиёҳ маркази ноҳия аст ва он ҷо на ин ки ошхона, балки тарабхонаҳо низ ҳастанд.
— Пас маслиҳати корро кардан лозим, -гуфт Нодир.
— Санги Сиёҳ ба ҳар ҳол он қадар калон нест. Мардум якдигарро мешиносанд. Хешовандони Тешабойро пурсидан лозим, — гуфт Валиҷон.
— Ман ба як шиносаш занг занам, — гуфт ва рақами телефони муаллим Сафаралиро чинд.
— Ассалом, шуморо боз ман, Нодир ташвиш медиҳам. Шумо намедонед, ки Тешабой дар куҷои Санги Сиёҳ зиндагӣ мекард? Хонааш дар куҷо?
— Хонаи Тешабой дар маркази ноҳия, дар пеши почта буд. Баъди он ки зану кӯдаконашро куштанд ва худаш ба Русия рафт, дар ҳавлиааш як писари хоҳараш зиндагӣ мекард.
— Номашро намедонед?
— Агар хато накунам, Раҳматалӣ ё Раҳматбой.
— Шумо худи Тешабойро ба ин наздикӣ надидед ё дар борааш чизе нашунидед?
— Не, вай дар Русия, дар маҳбас-ку.
— Майлаш, раҳмат, саломат бошед.
— Хуб, ягон маълумот ҳаст? – бетоқатона пурсид Валиҷон.
— Хонаи Тешабой дар назди почтаи марказии ноҳия будааст.
— Пас, Тешабойро ёфтан мондаасту гуноҳашро дайн кардан.
— Аввал ёбем. Ӯро дастгир кардан осон нест, — гуфт Нодир.
— Бале, ӯ ҷинояткори ашаддӣ аст. Дар вақти осоишта 3 нафарро куштанаш маълум. Дар ҷанги шаҳрвандӣ боз чанд касро мумкин кушта бошад. Барои вай одам куштан мисли гунҷишкро куштан будагист.
— Ӯро ёбем, вобаста ба вазъият амал мекунем.
— Бале,- гуфт Валиҷон ва ҳар ду то ба Санги Сиёҳ расидан хомӯш монданд.
-Албатта, почта дар маркази шаҳрак будагист, — ба сухан даромад Валиҷон дар саршавии шаҳрак.
— Аз роҳи калон ҳай кун, ягон касро мепурсем, — гуфт Нодир.
Ба маркази шаҳрак норасида, Валиҷон мошинро дар назди роҳгузаре нигоҳ дошт.
-Мебахшед, амак почта дар куҷо аст? — Нодир пурсид аз мӯйсафеди роҳгузар.
— Додар, почта як сад метр дуртар дар тарафи рости роҳ аст, — гуфт ӯ.
— Амак, хонаи шумо ҳамин ҷост?
— Ҳа, биёен меҳмон шавен.
— Раҳмат амакӣ. Ба мо хонаи Раҳматбой ё Раҳматалӣ лозим.
— Раҳматбоя намедонум, лекин Раҳматалии маълим дар хонаи Тешабой, дар пушти почта зиндагӣ мекуна. Тешабой ҳам баъди 10 сол аз Русия омадагияй, касали сахтай, меган рак шидай.
-Шумо Тешабойро кай дидед?
— Ҳамин саҳар хабаргирӣ рафта будум, ҳамсоягияй, наравӣ хуб намеша.
— Раҳмат амак,- гуфт Нодир ва Валиҷон мошинро ба ҳаракат даровард.
Валиҷон мошинро ба пушти почта ронда, назди дари сафеди оҳанин нигоҳ дошт. Нодиру Валиҷон аз мошин поин шуданд. Дарро Нодир куфта, Раҳматалиро фарёд кард.
Дарро зани миёнсоле кушод.
— Мебахшед, акои Тешабой ҳастанд?- пурсид Нодир ва гуфт:- Мо ҷӯраҳои давраи ҷавониашон фаҳмидем, ки бемор ҳастанд, хабаргирӣ омадем.
— Биёед, хона дароед, ҳозир меоянд, — гуфт зан, ки эҳтимол завҷаи Раҳматалӣ буд.
— Раҳматалӣ дар куҷост? – пурсид Валиҷон.
— Раҳматалӣ дар мактаб, вай ҳам ҳозир меоя.
— Тешабой куҷо рафтагӣ аст, — пурсид Нодир.
— Ба гӯристон, — посух дод зан ва афзуд:- акаи Тешабой гуфтанд, ки аҳли оилаашонро хоб дидаанд, барои ҳамин сари манзилушон рафтанд, то фотиҳа кунанд. Саҳар рафтанӣ шудан, ки мисли шумо ба хона меҳмон омад. Як ним соат шуд, ки ба гӯристон рафтан.
— Гӯристон дар куҷо аст, рафта биёремаш, — пурсид Валиҷон.
— Ҳу, ана, дар болои район,- тарафи шимоли шаҳракро нишон дод, зан.
— Меёбем, раҳмат,- гуфт Валиҷон.
— Ба фикрам, Тешабой аз боздошт шудан парвое надорад, -гуфт Валиҷон мошинро ба кӯчаи калон бароварда.
— Аз гапи мӯйсафеди роҳгузар маълум мешавад, ки ӯ сахт бемор аст ва барои ӯ дигар боздошт шудану мурдан фарқе надорад.
— Шояд. Вале аз ин хел ҷинояткорон эҳтиёт бояд буд. Барои онҳо як куштор каму яке зиёд аҳамият надорад.
— Инро ба назар мегирам, -гуфт Нодир.
Онҳо баъди чанд дақиқа ба гӯристон расиданд. Валиҷон мошинро сари роҳ, пеши дарвозаи гӯристон нигоҳ дошт.
Гӯристон хеле калон бошад ҳам, аз рӯи навиштаҳои санги мазорҳо маълум буд, ки ҷасадҳо аз рӯи тартиби муайяне ба хок супорида шудаанд. Яъне, гӯристон аз як тараф пур шуда истодааст. Нодир ин низомро зуд дарк карда, ба Валиҷон гуфт:
— Бояд мазори наздикони Тешабой дар нимаи теппа ҷойгир бошад.
— Ин тавр бошад, ман барои боздошт меравам, ту маро ҳимоя мекунӣ.
— Аз ин ҷо равем, ӯ моро мебинад. Бинобар ин, ман аз ин ҷо гӯристонро давр зада аз боло меоям. Ту бошад, аз муқобили қибла рав, зеро агар ӯ фотиҳа хонда истода бошад, рӯяш ба қибла аст, туро намебинад. — маслиҳат дод Нодир.
— Ту бояд милиса мешудиву худатро ғам дода, журналист шудӣ, — гуфта лутф кард Валиҷон.
Воқеан ҳам, дар нимаи теппа, зери дарахти сада марде назди чанд гӯр нишаста буд. Валиҷон маслиҳати Нодирро гирифта, аз қафо ба мард наздик шуд. Алафҳои зери по, ки хушкида буданд, хишир-хишир мекарданд, вале мард ба ин садо диққат намедод. Нодир ҳам аз боло, аз шафати мард наздик мешуд. Мард гӯё кӯру кар буд, на чизеро медиду на садоеро мешунид. Фосилаи байни онҳо ҳамагӣ чанд қадам монд. Акнун бараъло дида мешуд, ки мард бесадо мегирист, аз чашмонаш ашк ҷорӣ буд. Ӯ дар олами дигар буд ва бо пайвандонаш сӯҳбат дошт. Нодир ба санги мазорҳо таваҷҷуҳ кард. Дар назди онҳо оилаи Розиқов ва Мирҳасанов зери хок хуфта буданд. Мард ҳам ба ҳамон аксе, ки генерал Шувалов аз Маскав фиристода буд, монанд буд.
Валиҷон беихтиёр рафта, назди мард нишаст. Тешабой ба ин таваҷҷуҳ накард ва танҳо баъди бо садои баланд порае аз Қуръони Каримро қироат кардани Валиҷон ба худ омад. Ҳама даст ба дуо бардоштанд.
Баъди фотиҳа Валиҷон ба Тешабой гуфт, ки ӯ ба куштори Табаралӣ Хошоков ва Гургалӣ Боев гунаҳкор дониста мешавад. Тешабой гӯё аз ин парвое надошта бошад, дастонашро худ ба Валиҷон дароз кард, то ки ба он ишкел занад.
— Ман медонистам, ки имрӯз ё пагоҳ бароям меоед. Ман аз ҳабс шудан наметарсам. Аслан, маро 20 сол қабл кушта буданд. Аҳли оилаамро бегуноҳ боевикҳои мухолифин сангисиёҳӣ гуфта куштанд. Баъд ҷиянам Фирӯзаро Табаралӣ таҷовуз карда кушт ва мурдаашро ба канал партофт. Баъд ӯ бародарам ва аҳли оилаашро бо дасти Гургалӣ кушт. Қотили фиристодаи Табаралӣ маро дар Русия низ куштанӣ буд, ки ман пешдастӣ карда худи ӯро куштам. Албатта, ман барои ин ҷиноят ҷазоямро гирифтам. Ҳозир ҳеҷ пушаймон нестам, ки ин ноодамонро куштаам. Баръакс шодам, ки заминро аз ин ҳайвонҳои дупо тоза кардам.
— Мо бо ин қазия ошно ҳастем. Хуб медонем, ки Табараливу Гургалӣ кистанд. Вале қонун қонун аст ва пеши он ҳар касе, ки ҷиноят кардааст, бояд ҷавоб гӯяд, -гуфт Валиҷон, Тешабойро аз ҷояш хезонда.
Тешабой бори охир ба манзили охирати хешовандонаш назар кард. Ӯ медонист, ки дигар ба ин ҷо зинда барнамегардад. Ӯ орому бепарво буд. Маълум буд, ки ба тақдираш тан додааст. Нодир барои ҳар эҳтимол дар қатори ӯ дар курсии паси мошин нишаст. Валиҷон пеш аз он ки мошинро ба ҳаракат дарорад, ба вазир занг зада ба таври рамзӣ гуфт, ки амалиёт ба охир расид. Вазир онҳоро ба наздаш хонд.
Валиҷон мошинро ба роҳи калон, ки ба Душанбе мебурд, ронд. Ҳамин вақт як «Ҷип»- и сиёҳшиша ба онҳо наздик шуд ва чанд муддате бо онҳо баробар ҳаракат карда, сипас гузашт. Вале он як фосилаи 100-150 метрро бо «Мерседес»-и Валиҷон дошта, ҳаракат мекард.
Инро Нодир эҳсос карда гуфт:
— Ба фикрам таҳти назоратем.
-Бале, ман ҳам ҳамин хел гумон мекунам,- тасдиқ кард Валиҷон ва афзуд:- Кӣ бошад? Агар аз мақомоти мо бошад, ягон илоҷашро меёфтем. Вале агар аз рақибон бошанд, чӣ?
— Мо ҳозир намедонем, кист он. Ва умуман дар дохили мошин чанд нафаранд? Агар онҳо аз пайи мо бошанд, пас аз ду нафар кам нестанд. Вобаста ба ин маълумот метавонем тасмиме гирем, — гуфт Нодир.
— Гапат дуруст ва инро ҳоло месанҷем. Баъди тақрибан як километр автозаправка мешавад. Ман ба баҳонаи бензин ба он ҷо медароям ва то баргаштани онҳо баҳона кофта меистам. Агар воқеан, онҳо моро мепоида бошанд, ҳатман бармегарданд. Ман ронандаро ба гап мегирам, ту ягон илоҷ кун, то аз пасамон дигар кашола нашаванд.
— Безарар кунам?
— Не, аз силоҳ истифода набар, мо намедонем кист он ҷо.
— Хуб, илоҷашро меёбам, гуфт,- Нодир.
Валиҷон мошинашро ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки сари роҳ дар тарафи рост воқеъ буд, гардонда назди колонкаи бензини 98 ронд. Ӯ аз мошин фаромада, назди кассир рафт ва аз кисааш як дона саддоллариро бароварда, хоҳиш кард, ки 20 литр бензин резад.
— Кассир аз симои Валиҷон милиса буданашро пай бурд, магар, ки гуфт:
— Ака, мо бо пули тоҷикӣ муомилот мекунем. Бо доллар савдо кардан манъ аст,- гуфт ӯ.
Валиҷон ҳамин посухи кассирро интизор буд, то бо баҳонаи пулмайдакунӣ бо соҳиби «Ҷип» шинос шавад. Албатта, агар он баргардад.
Нодир ишкели дасти Тешабойро ба дастаи дари мошин баста аз сабукрав берун шуд. Ба сараш омад, ки метавонад ба чархҳои мошин мех монда барои муддате онро корношоям гардонад. Вале ин ҷо мағозаи мехфурӯшӣ ё устохонаи дуредгарӣ нест. Нодир дар паҳлӯи автозаправка хоначаи вулканизатсияро дида хурсанд шуд. Ин ҷо вақти таъмир кардани баллонҳои шикоф ҳатман мехҳояшро кашида мегиранд ва эҳтимолияти пайдо кардани мех ҳаст. Ӯ ба сӯи хоначаи устои вулканизатсия равон шуд. Ҷавони тақрибан 20-25-сола машғули ширеш кардани баллони мошин буд.
— Ассалому алейкум!-гуфта ба ӯ муроҷиат кард Нодир.
Ҷавон сарашро бардошта,-Вааллейкум ассалом,-гуфт ва афзуд: -Амак ягон хизматай?
— Додар, мех дорӣ? Дар як яшик зардолумон додан ай қишлоқ. Тахташ беҷо шидай, мехуш афтидай, -гуфт Нодир.
— Ака, мехи нав надорум, леки мехҳои ай баллонҳо гирифтагим ҳастай. Ана вай қуттичая бинен, кадомуш меша гирен, — гуфт ҷавон ба сӯи қуттии болои миз ишора карда.
Нодир аз қуттича 3 дона мехи мувофиқро ҷудо карда гирифта, ба ҷавон гуфт: -Додар ман ай худут чанд пул қарздор?
— Наход барои ҳамин мехҳои кӯҳна ҳам пул гирум? Саломат бошен!
— Раҳмат, додар. Кам нашавӣ, -гуфт Нодир ва аз хоначаи усто берун шуд.
Ҳамин вақт ҳамон мошини «Ҷип»-и сиёҳшиша омада, аз пайи «Мерседес»-и Валиҷон истод. Валиҷон инро дида, аз касса рост ба назди ронандаи «Ҷип» омад ва тирезаи ронандаро тақ-тақ карда:
— Бародар, ҳамин саддоларая майда намекунӣ? Кассир пули тоҷикӣ те мегӯяд,- гуфт ӯ ва пули дасташро нишон дод.
Ронандаи «Ҷип» шишаи тирезаи мошинро поён фароварда, пулро аз дасти Валиҷон гирифт ва аз кисаи пеши куртаи сафедаш ҳуҷҷате баровард, ки дар дарунаш чанд дусад сомонаву садсомона буд.
— Таға, чанд сумут бутум?- гуфт ӯ. – Бо долларут фалшивий набоша.
— Қалбакӣ будануша, намедонум, ай банкомат гирифтум.
— 450 сомонӣ меша?
— Мешава, раҳмат, — гуфт Валиҷон пулро гирифта.
Ӯ ба касса рафта пул дод ва 20 литр бензин гирифт, агарчи сӯзишвории баки мошин барои ду маротиба ба Душанбе рафта омадан басанда буд.
Валиҷон Нодирро дар мошин дида, сари фармон нишаст ва сабукравро ба ҳаракат дароварда пурсид: –Хуб, чӣ гап?
— Натиҷааш баъди чанде маълум мешавад. Вақте ту бо ронанда сӯҳбат доштӣ, ман ноайён аз паси «Ҷип» омада, ба чархҳои қафояш се дона мех мондам.
— Чаро ба чарххҳои қафояш?
— Агар баллони чархи пеши мошин якбора кафад, он чаппа мешавад. Зарари чархи қафо камтар аст,- шарҳ дод Нодир.
— Ман ҳам вақти пулмайдакунӣ маълумот гирифтам. Ронанда аз даруни ҳуҷҷати корманди амният буданаш пул баровард. Маълум, ки аз кормандони нав аст ва таҷриба надорад. Дар мошин ду нафаранд.
— Пас зӯрамон мерасад, ки аз сари роҳамон бардорем, — гуфт Нодир.
— Ба ин шак надорам, вале кӯшиш кардан даркор, ки бе муноқиша аз ин вазъият бароем.
— Итоат, рафиқ полковник, — гуфт Нодир шӯхиомез. — Вале агар то панҷ дақиқаи дигар ин «Ҷип» аз ҳаракат намонад, маҷбурам аз фармонат сарпечӣ кунам,- ба мошини аз қафо меомада, ишора кард ӯ.
Воқеан ҳам баъди чанд дақиқа «Ҷип» ба канори роҳ баромада истод. Инро Валиҷон аз оинаи қафо дида гуфт:
— Мехҳои мондаат корашонро кард.
— Бале, лекин ин илоҷи воқеа нест. Онҳо ҳамкоронашонро ба кӯмак даъват мекунанд, то Душанбе ҳоло қариб 100 километри дигар. Моро ҳатто дар даромадгоҳи пойтахт ҳам метавонанд, дастгир кунанд, -гуфт Нодир.
— Ягон илоҷашро меёбем. Мошинро дигар мекунем.
-Гумон мекунӣ, онҳо акси моро надоранд. Ҳамаи мусофирони мошинҳоро тафтиш мекунанд ва моро меёбанд.
— Аз вазир кӯмак пурсам-чӣ?
— Ҳамин баъди ба вазир занг заданат, аз пасамон шуданд.
— Мегӯӣ, ки телефони вазирро ҳам гӯш мекунанд.
— Шояд. Ба ҳар ҳол беэҳтиётӣ карда, ба ӯ занг задӣ. Акнун занг зада гӯй, ки ба Санги Сиёҳ бармегардӣ, — маслиҳат дод Нодир.
-Хуб, ин гапат ҷон дорад, — гуфт Валиҷон ва ба вазир Ромизи Маҳмадалӣ занг зада, баъди салому ҳолпурсӣ гуфт:
— Ҷаноби вазир як проблема пайдо шуд, мо бояд барои таҳқиқи як амал ба Санги Сиёҳ баргардем.
— Ягон кӯмак лозим нест?
— Не. Сардори милиса шогирдам аст. Ҳамааш хуб мешавад.
— Майлаш, барори кор. Ман шуморо интизорам,- гуфт вазир.
— Акнун, ягон ҷо ист, то мошинро аз назар гузаронем, шояд кайҳо дар мошинат «жучок» мондаанд,- гуфт Нодир.
— Не-е, наход, — ҳайрон шуд Валиҷон. -Ҳозир ягон ҷои ҳамвори қулай ёбам, мошинро манъ мекунам.
Ҳамин вақт як «Ҷип»-и сиёҳи «Lexus» аз куҷое пайдо шуда, худро ба мошини Валиҷон наздик кард. Ронандаи он мошинашро ба рост гирифта, мекӯшид, ки мошини Валиҷонро танг карда, аз роҳ барорад. Агар Валиҷон каме фармонро ба рост тоб медод, мошин ба ҷарӣ мерафт. Валиҷон хунсардӣ карда, ба иғво роҳ надод ва «Ҷип» бампери мошини ӯро харошида гузашт.
— Боз инаш, кӣ бошад?- пурсид Нодир.
— Албатта, ошноҳои пешина не, — посух дод Валиҷон. Инҳо ба амниятиҳо монанд не. Инҳо моро ба ҷарӣ тела доданӣ буданд.
— Онҳо ҳоло дар ин теппаҳо моро аз роҳ бароварданианд, дар роҳи ағба ҳатман муваффақ мешаванд, -гуфт Нодир.
— Онҳо қотилони касбианд ва аз ҳеҷ чиз наметарсанд. Хуни чандин нафар одамони бегуноҳ дар гарданашон аст, — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Тешабой, ки то ҳанӯз хомӯш буд.
— Шумо аз куҷо медонед?- ҳайрон пурсид Валиҷон.
— Аз мошинашон. Инҳо гургбачаҳои Табаралианд, ки корҳои сиёҳи ӯро анҷом медоданд. Ман аз паяшон шуда онҳоро хуб омӯхтаам. Шумо дастонамро кушода ба ман як таппонча диҳед, онҳоро нигоҳ медорам,- гуфт Тешабой. — Натарсед, ман намегурезам. Ҷонатонро ба хатар мондани шумо чӣ лозим? Барои ман бошад, дигар зиндагӣ маъно надорад.
— Не, мо метавонем аз худамон дифоъ кунем,- гуфт Нодир.
— Бале, — ӯро тақвият дод Валиҷон.
Вақте мошин аз гардиш тоб хӯрд, «Ҷип» дар байни роҳ меистод ва ду нафар аз он берун шуда, сӯи онҳо таппонча рост карда буданд, то ки мошинро нигоҳ доранд. Валиҷон нияти онҳоро фаҳмида, зуд мошинро пас тоб дод. Аз қафо садои тирпарронӣ баромад. Як тир ба чароғи қафои мошин расид.
— Маро фарор, онҳоро бозмедорам,- гуфт Нодир вазъиятро хунсардона таҳлил карда.
Нодир ҳаракати мошинро суст карда истод ва Нодир аз он берун шуда, ба паси дӯлонаи сари роҳ давид. Ӯ худро ба чуқурии аз борони сел пайдошуда гирифт ва аз камараш таппончаи «Макаров»-ро бароварда, онро ба тирпарронӣ омода намуд. Баъди лаҳзае «Ҷип» бо суръати тез аз паси гардиш пайдо шуд. Нодир чархи пеши мошинро нишон гирифта, якбора чанд тир андохт. Баллони мошин кафид магар, ки ронанда идораи мошинро гум кард ва он ба муқобили роҳ гузашта, ба ҷарӣ сарозер шуд.
Нодир аз ҷой бархест ва сӯи мошини Валиҷон давид. Валиҷон як сад метр поинтар мошинро нигоҳ дошта, ӯ хам дар канори роҳ камин гирифта буд. Ӯ, ки ҳамаи ин ҳодисаро дида буд, аз ҷой бархоста сари фармони мошин нишаст ва онро ба қафо тоб дод.
Дар роҳ ба ғайри онҳо дигар мошине набуд ва касе ин ҳодисаро надид.
— Малакаи тирпаррониатро дар ин 30 сол гум накарда будаӣ, -гуфт ӯ ба Нодир, ки худро ба мошин гирифта буд.
— Лутф мекунӣ. Аз тарс тирҳоям ба нишон расиданд.
— Тарсатро намедонам, вале милисаҳои «мани ман» мегуфтагӣ ҳам мисли ту тир парронда наметавонанд. Рости гап, аз ту мегузаранд гуфта, ман ҳам камин гирифтам.
— Пай бурдам. Ин корат аз рӯи мантиқ буд. Ҳоло бошад, мошинро болотар ҳай кун ва дар ягон ҷои ҳамвор нигоҳ дор, -гуфт Нодир. — Гуфтагӣ барин, телефонҳоро хомӯш карда, батарея ва симкартаашро аз трубка гирифтан лозим. Агар телефонат кӯҳна бошад, дигар аз рӯи он моро ёфта наметавонанд. Аз телефонҳои нав бошад, ёфтан осон аст. Агар симкартаву батареяаш набошад ҳам, дар куҷо будани трубкаро аз рӯи JPS меёбанд.
— Таҳти назоратем, гӯй.
-Ҳоло озодӣ мегӯянд, вале озодии инсонро рӯз ба рӯз маҳдуд мекунанд. Дигар одам озод нест, ӯ ҳамеша таҳти назорат аст. Дар кӯчаву кор, мағозаҳо ӯро садҳо камераҳо назорат мекунанд. Бар замми ин телефони мобилиат дар куҷо буданатро хабар медиҳад, — гуфт Нодир бо таассуф.
— Воқеан, ман як чизро ба ту нагуфтам, ки аҳамият надорад. Вақти дар Қӯрғон буданамон, шаб меҳмони криминалист, лейтенанти калони милиса Бунафша шудам. Дар ин хона ман 7 камера ёфта, безарар кардам. Шаб Бунафшаро маст карда, ба гап даровардам, ӯ майори амниятӣ будааст ва аз милисаҳо суханчинӣ мекардааст.
— Дар кори мо майда-чуйда намешавад. Бояд ҳамон вақт маро огоҳ мекардӣ, — сарзанишомез гуфт Валиҷон. — Пас мо дер боз зери назоратем.
— Мумкин, — гуфт Нодир хатояшро фаҳмида.
Валиҷон мошинро пас аз гардише, ки онҳоро интизор буданд, дар канори роҳ нигоҳ дошта, гуфт: — Ман пеши мошинро мекобам. Ту пасашро. Кӣ аввалин шуда «жучок»-ро ёбад, ба ӯ ман зиёфат медиҳам.
-Яъне, ман ҳам ёбам, ту зиёфат медиҳӣ ва агар ту ҳам ёбӣ, зиёфат медиҳӣ.
— Бале.
— Пас, «жучок»-ро ёбем, зиёфат медиҳам, гӯю мон.
— Гапро кам куну аз пайи кор шав,- гуфт Валиҷон.
— Мон ба худ биёям, — гуфт Нодир, паси бампери қафои мошинро кофта. Ӯ бамперро аз дарун даст-даст карда, як «жучок»-ро пайдо кард.
— Ман ёфтам,- гуфт ӯ «жучок»-ро ба Валиҷон нишон дода.
— Мумкин боз бошад, бодиққат як бор тамоми мошинро дидан даркор, — маслиҳат дод Валиҷон.
Нодир қафо ва бари мошинро бодиққат аз назар гузаронида дигар чизе пайдо накард. Валиҷон бошад, аз таги чароғи пеш боз як «жучок»-и дигарро ёфт.
Нодир ҳардуи «жучок»-ро ба даст гирифт ва ба бордони мошини «Камаз», ки ба сӯи Санги Сиёҳ ҳаракат мекард, партофт.
— Ана, акнун аниқ ба Санги Сиёҳ меравем, -гуфт Нодир ба мошин нишаста.
— Бале, онҳо моро дар Санги Сиёҳ кобанд, мо бошем, ба Душанбе меравем,- гуфт Валиҷон.
— Чӣ хел? Моро дар пеш ҳатман дар дидбонгоҳи болои ағба интизор мешаванд.
— Бале, лекин мо онҳоро чапғалат медиҳем. Ҳо ана, дар таги ағба дуртар аз роҳи калон деҳаи бобоии ман воқеъ аст. Дар он ҷо ҳоло амакбачаҳоям зиндагӣ мекунанд. Ба он ҷо меравем ва онҳо ҳатман кӯмакамон мекунанд, — гуфт Валиҷон мошинро ба ҳаракат дароварда.
— Нақшаи хуб аст, — розӣ шуд Нодир.
— Ҳоло ман ҳам аз Санги Сиёҳам, гӯй,- ҳайрон пурсид Нодир.
— Ба қавле ҳа. Падарам баъди хатми Донишгоҳи политехникӣ дар шаҳр мондааст. Ман дар Душанбе таваллуд шудаам.
— Ман туро то ҳол аз Душанбе гумон мекардам. Георафияву беографият рост меомадааст, ҳукумат дар дастатон, пас, чаро туро вазир намонданд? Магар аз ту дида, милисаи касбӣ ҳаст?!
— Худат медонӣ, ки ман мансабхоҳ нестам.
Валиҷон мошинро ба роҳи рост, ба сӯи деҳаи аҷдодиаш гардонд ва дар оғози деҳа, дар назди мағоза истод.
— Ман ҳозир меоям, — гуфт Валиҷон аз сабукрав берун шуда.
Ӯ ба мағозаи деҳа, ки хусусӣ шуда буд, даромад. Дар мағоза вобаста ба иқтидори харидории мардум молҳои ниёз фурӯхта мешуданд. Албатта, молҳои хушсифату гароннарх ба назар намерасиданд ва ӯ намедонист чӣ бихарад. Ӯ барои зиёд интихоб кардан вақт надошт, бинобар ин ки ду кило набот ва 2 кило шоколади аз ҳама гароннархро, ки ин ҷо 25 сомонӣ қимат дошт, харида аз мағоза баромад.
— Хонаи хешовандонатро медонӣ? – пурсид Нодир аз Валиҷон, ки сари фармони мошин нишаст.
— Бале, ҳар сол меоям. Равуоямон канда нест.
Валиҷон мошинро ба канори дигари деҳа ронда, дар назди хонае истод. Садои омадани мошинро шунида, ҷавоне аз дарвоза сар баровард. Ӯ Валиҷонро шинохта, дарвозаро кушод. Валиҷон мошинро ба даруни ҳавлӣ даровард. Валиҷону Нодир аз мошин берун шуданд. Ба истиқболи онҳо марди ҳамсолашон омада, бо Валиҷон оғӯш кушода, салом кард ва баъдан бо Нодир низ дастакӣ салом кард ва онҳоро ба меҳмонхона хонд.
Ҷавон низ бо Валиҷон оғӯш кушода, салом кард. Валиҷон ба ӯ раҳоварди харидаашро дод.
— Мо саросемаем, вақти нишастан надорем, — гуфт Валиҷон ба писарамакаш, ки дар деҳа муаллим буд.
-Ба ҳар ҳол ба меҳмонхона дароед, он ҷо сӯҳбат мекунем, — гуфт соҳибхона.
Нодир Тешабойро ҳам аз мошин фароварда, бо худ ба меҳмонхона овард. Валиҷон дар ин муддат сабаби ба деҳа омаданашонро ба соҳибхона гуфта буд.
— Роҳи кӯҳнаи ағба кушода аст?- пурсид Валиҷон.
— Баъди роҳи навро кушодан, дигар касе онро таъмир намекунад. Баъзе ҷойҳояшро тармаву сел вайрон кардааст, мошин намегузарад. Вале аспакиву пиёда рафтан мумкин, — гуфт соҳиби хона.
— Пас пиёда меравем. – Ин ҷо интизор шудан маънӣ надорад. Зуд ё дер моро ин ҷо меёбанд, — пешниҳод кард Нодир.
— Чаро пиёда? Бароятон асп меёбам ва ҳамроҳатон Хушбахтро мефиристам. Ӯ роҳро хуб медонад, — гуфт соҳибхона.
— Ин идеяи хуб аст, — розӣ шуд Валиҷон.
— Пас шумо шинед, ҳозир шакароб мехӯрем. Янгаатон ҳозир фатири гарм пухт ва шакароб карда истодааст.
Ба ҷуз розӣ шудан дигар илоҷе набуд. Зеро амали минбаъдаи онҳо аз ин шахс вобаста буд. Аз ҷониби дигар онҳо гурусна монда буданд ва шакаробхӯрӣ айни муддао буд.
Он ҷавоне, ки дарвозаро кушода буд, омада дастҳоро об гирифт.
— Писари кенҷагии мо, Хушбахт, — ӯро муаррифӣ кард соҳибхона. — Курси якуми Донишгоҳи кишоварзиро хатм кард, насиб бошад, говдухтур мешавад.
— Бойтор гӯед, -падарашро ислоҳ кард Хушбахт.
— Майлаш, бойтор. Ҳоло писарам ба хонаи амакаҳоят рафта аспашонро зин зада биёр. Аспи худамонро ҳам гир. Ба фикрам 3 асп бас будагист?
— Бале, мешавад. Ману Тешабой як аспро савор мешавем, — гуфт Валиҷон.
Хушбахт ба назди онҳо як табақи калон шакароб, ду фатири гарм ва як чойник чойи гарм оварда монд ва худ аз пайи аспон рафт. Меҳмонон бо иштиҳо шакаробро хӯрданд ва чойники чойро ҳам нӯшиданд.
— Акнун мо мехезем, — гуфт Валиҷон ба дастурхон дуо карда.
— Ин омаданатон албатта, ҳисоб нест. Мешиштед, буз ё гӯсфанд кушта зиёфат медодам, — гуфт соҳибхона.
— Дафъаи дигар ҳатман меоем,- ваъда дод Валиҷон.
Дар рӯи ҳавлӣ аспҳо омода буданд. Валиҷон калиди мошинашро ба писарамакаш дода гуфт:
— Мошинро ба як канор гирифта, болояшро пӯшонед, то ба чашми бегонагон наафтад. Баъд барои он худам меоям ё ягон касро мефиристам.
Меҳмонон хайрухуш карда ба аспҳо савор шуданд ва сӯи ағба роҳ гирифтанд.
— Аз ин ҷо то пушти ағба дар чанд соат мерасем, — пурсид Нодир аз Хушбахт.
— Агар оҳиста равем,тақрибан якуним соат аст.
— Ин хел ба назарам дур метобад.
— Не, мо миёнбур мекунем ва роҳ кӯтоҳ мешавад. Пиёда ҳам дар ду соат расидан мумкин.
— Баъди аз ағба гузаштан чӣ кор мекунем? – пурсид Нодир аз Валиҷон.
— Ягон мошин ёфта ба Душанбе меравем.
— Гумон намекунӣ, ки моро ҳоло ҳам амниятиҳо ва ҳам ҷинояткорон ҷустуҷӯ доранд. То ба Душанбе расидан боз ду дидбонгоҳро гузаштан лозим. Моро ҳатман дар дидбонгоҳи дарвозаи шарқии пойтахт ошкор мекунанд, — гуфт Нодир.
— Пас чӣ кор кунем?
— Ба сарам як идея омад. Агар аз болои гарданаи ағба нафаромада ба тарафи офтобшин равӣ, он ҷо деҳаи Дӯлона ҳаст. Ман як вақтҳо он ҷо будам. Аз ин ҷо роҳ ҳам ба Душанбе ҳасту ҳам ба маркази ноҳияи Гулистон. Агар мо дар ин деҳа ягон мошин ёфта то Гулистон фароем, аз он ҷо то Душанбе 50 км масофа аст. Дар роҳе, ки аз Гулистон ба ҷануби Душанбе меравад, дидбонгоҳи БДА нест. Ҳамчунин бо ин роҳ ба Душанбе рафтани мо ба хаёли касе намеояд.
— Пешниҳоди хуб, — розӣ шуд Валиҷон.
— Амак, ман мошин меёбам,- ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Хушбахт. — Дар деҳаи Дӯлона ҳамкурсам Рамзулло зиндагӣ мекунад. Вай як мошини «Москич» дорад. Аз ӯ хоҳиш мекунам, шуморо то Душанбе мебарад. Мумкин аст ба ӯ занг занам?
— Бо ин симкартаат ягон маротиба ба манн занг назадаӣ?- пурсид Валиҷон.
— Не, ман ин симкартаро як ҳафта пеш гирифтам.
— Пас занг зан.
Хушбахт ба Рамзулло занг зад.
— Рамз аспат соз аст,- пурсид Хушбахт баъди салому ҳолпурсӣ.
— Бале. Садфоизай. Ягон хизматай?
— Ман баъди ягон соат мешавам, аспата зин зада, дар даромадгоҳи деҳа исто, мумкин бузкашӣ равем, — гуфт Хушбахт.
— Бо рамз гап мезанӣ, мефаҳмад?- пурсид Нодир.
— Бале мефаҳмад. Вай худаш мошинашро асп мегӯяд.
Роҳи ағба кӯхна шуда бошад ҳам, чандон душворгузар набуд ва онҳо аз вақти тахмин задаашон пештар ба қишлоқи Дӯлона расиданд. Дар болои деҳа аз ҷониби гарданаи ағба як «Москвич»-и лойиқаранг меистод.
— Ин мошини Рамз аст, — гуфт Хушбахт. – Шумо ҳамин ҷо истед. Аз ин ҷо моро дар поён намебинанд. Ман рафта мебинам, агар тинҷ бошад, тоқиамро мебардорам. Агар не, аспҳоро ба дигар сӯ ронед.
— Ҷиянат детектив борин гап мезанад, аз вай муфаттиши хуб мебаромад, — гуфт Нодир ба Валиҷон.
— Мумкин бо хоҳиши падараш байтор шавад.
Хушбахт бо пайроҳа ба деҳаи Дӯлона фаромад. Нодиру Валиҷон аз ӯ чашм наканда ишораашро интизор буданд. Ниҳоят баъди чанде Хушбахт тоқиашро аз сар бардошт.
Рамзулло онҳоро хуш истиқбол карда ба мошин шинонд. Хушбахт бо онҳо хушбошӣ карда аспҳоро ба ҳам баст ва ба сӯи хонаашон равон шуд. Хушбахт ба Рамзулло ба куҷо рафтани мусофиронро гуфта буд, магар, ки ӯ чизе нагуфта ба сӯи Гулистон мошин меронд. Тақрибан баъди ним соат онҳо ба роҳи калони Гулистон Душанбе баромаданд. Пешопеши онҳо як мошини ёрии таъҷилӣ ҳаракат мекард.
— Рамзулло, ҷӯра метавонӣ ҳамин мошинро гузарӣ ва онро манъ кунӣ?-
пурсид Нодир.
— Бале амак, аспи мо ҷавмастай.
— Пас ба пеш,- амр кард Нодир.
— Идеяи хуб, фаҳмидам,- гуфт Валиҷон.
Рамзулло суръати мошинашро тез карда аз мошини ёрии таъҷилӣ гузашт ва дар тангно дар байни роҳ истод. Дар ин роҳи кӯҳӣ, дигар илоҷи гузаштан набуд.
Валиҷону Нодир зуд аз мошин фаромаданд. Мошини ёрии таъҷилӣ ноилоҷ дар паси «Москвич»-и Рамзулло истод. Ронанда ким чӣ гуфта ғур-ғур мекард. Валиҷон Ба назди ронанда рафта ҳуҷҷат нишон дода пурсид:
— Ба куҷо рафта истодаед?
— Ба Душанбе, ба вазорат барои гирифтани дору барои беморхона рафта истодаем. Ин кас сардухтури беморхона, ба ҳамроҳаш ишора кард, — ронанда.
— Хеле хуб. Роҳамон як будааст. Мо бо шумо меравем, — гуфт Валиҷон.
Дар ин вақт Нодир пешдастӣ карда дари салони мошинро кушода дид, ки он ҷо касе нест. Вале дар он гӯшти як гӯсфандро майда накарда ҷо карда будаанд.
— Аз пеши ронанда фароед, он ҷо полковник мешинанд,- амр кард Нодир. — Мову шумо дар салон бо бемор меравем.
Валиҷон ба пеши ронанда нишаст. Нодир ба Рамзулло якто садсомонӣ дода, ташаккур гуфт. Ӯ пулро гирифтан намехост.
— Ман барои пул шуморо савор накардаам. Ману Хушбахт чун бародарем.
— Агар хоҳӣ, ки мо хафа нашавем, пулро гир ва ба деҳа баргард, — гуфт Нодир ба Рамзулло ва Тешабойро аз «Москвич» фароварда бо худ ба мошини ёрии таъҷиллӣ овард.
— Бемор бояд хоб равад, — гуфт Нодир. Канӣ ба вай кӯмак кунед, — ба сардухтур муроҷиат кард ӯ. — Боз хилъати сафед доред?
— Бале, — посух дод сардухтур.
— Пас ба манну, полковник хилъат диҳед.
Сардухтур аз қуттии дар мошин буда ду хилъати сафед бароварда ба Нодиру Валиҷон дод. Онҳо хилъат пӯшиданд ва ба духтур монанд шуданд.
Рамзулло мошинашро яктарафа гирифта роҳро холӣ кард.
— Ҳай кун, — ба ронанда амр кард Валиҷон ва афзуд: — Агар ба ягон кас бо фарҳоят ишора кунӣ, дар ҷоят мепарронам, — таппончаашро нишон дод ӯ. – Агар, сардухтур ҳам ягон қилиқ кунад, метавонед дар ҷояш парронед, — ба Нодир бо оҳанги омирона гуфт Валиҷон.
— Итоат, рафиқ полковник, — гуфт Нодир.
Мошин бо суръат ба сӯи Душанбе ҳаракат мекард. Пораро ба кӣ мебаред, ба вазир ё муовинаш, — гӯсфандро ишора карда пурсид Нодир аз сардухтур.
— Ба завсклад. Онҳо ҳаққашонро аз завсклад мегиранд.
— Бо як гӯсфанд, коратон буд шавад, ҳеҷ гап набудаст, — гуфт Нодир.
— Ин гӯсфанд ширинкома аст. «Аз нӯги хамир фатир». Ба мо ними доруи ройгонамонро медиҳанду халос. Ними дигараш аз склад рост ба дорухонаҳои шахсӣ меравад, — гуфт сардухтур.
— Бачаи худӣ будӣ, сиҳат саломат ба Душанбе расем, баъд бо ту бафурҷа сӯҳбат мекунем, — гуфт Нодир ва афзуд: — Дар мошин ниқоб доред?
— Бояд дар сумка бошад, мумкин бинам.
— Марҳамат.
— Ҳаст, чанто даркор аст?
— Ба ҳамаамон яктогӣ.
— Ба даромадгоҳи шаҳр расидем, ниқобҳоро пӯшед, моро манъ карданашон мумкин, — гуфт Нодир ва ду ниқобро ба Валиҷону ронанда дароз кард. Агар кассе манъ кард, гӯед, ки бемори сироятии чума ё тоунро бурда истодаем. Аз ин метарсанд ва пурсуков намекунанд.
-Шуморо огоҳ мекунам, ки беҳуда ҷонатонро ба хатар монда, забон накушоед, — гуфт Валиҷон. Мо одамкуши ашаддиро ба вазорат интиқол дода истодаем. Хешовандони кушташудагон мехоҳанд, ки аз боздоштшуда ниқор гиранд. Ӯро куштан мехоҳанд. Барои ҳамин хомӯш бошед. Агар фаҳманд, ки ӯ дар ин ҷо аст, мошинро тирборон мекунанд.
Ин суханонро шунида Тешабой лабханд кард. Сардухтур моту маҳбут шуд. Лабханди Тешабойро дида, Нодир сардухтурро амр кард, ки ба ӯ ниқоб пӯшонад. Сардухтур ҳаросида ба рӯи Тешабой ниқобро кашид.
— Дар даромадгоҳи шаҳр дидбонгоҳи муваққатӣ мондаанд, омода шавед, — гуфт Валиҷон.
Дар дидбонгоҳ мошинҳои ба Душанбе воридшавандаро манъ карда як-як тафтиш мекарданд. Мошини онҳро ҳам манъ карданд. Як корманди БДА ба назди онҳо омад.
— Бемори чумаро ба беморхона интиқол дода истодаем, — гуфт Валиҷон.
Ӯ дари мошинро кушода ба салон нигарист ва ду нафар марди хилъатпӯшро бо бемор дида ба сардораш гуфт, ки беморро интиқол дода истодаанд.
— Мон раванд, — гуфт сардор.
Ронанда мошинро ба ҳаракат даровард.
— Корамон омад кард, акнун рост ба вазорат ҳай кун, — ба ронанда амр кард Валиҷон. – Вазорати моро медонӣ?
— Ҳа, болотар аз вазорати мо.
— Ман ҳам беҳуда нагуфтам, ки роҳамон як аст.
Баъди чанде мошин ба вазорати умури дохила наздик шуд.
— Аз тарафи ақиби вазорат меравем, мумкин моро дар даромадгоҳи асосӣ ҳамсояҳо интизор бошанд, — маслиҳат дод Нодир.
-Бале, эҳтиёт кардан лозим, — гуфт Валиҷон.
Вақте ба дари оқиб расиданд, Валиҷон ба дарбон ҳуҷҷаташро нишон дода амр кард:
— Зуд дарро кушоед, ки ҳоли бемор вазнин аст.
Дарбон дигар пурсҷӯ накарда зуд дарро кушод. Мошинро рост ба дари эҳтётӣ, ки боз буд ронданд. Валиҷон ба дарбон ҳуҷҷаташро нишон дода хоҳиш кард, ки зуд бо вазир занг зада ӯро пайваст кунад. Ӯ ин амрро иҷро карда гӯширо ба Валиҷон дод.
— Ман расидам ва ҳоло пешатон меоям, — гуфт Валиҷон.
— Монед онҳо дароянд, — амр кард вазир ба дарбон.
Валиҷон ба Нодир ишора кард, ки биёяд. Нодир бо сардухтур хайрухуш кард:
— Бародар барои ташвиш доданамон узр. Насиб бошад, боз сӯҳбат мекунем.
— Ҳеҷ гап не. Лекин беморатон воқеан ҳам бемор аст. ба фикрам саратони меъда дорад, — гуфт сардухтур.
— Табобат мекунанд, — гуфт Нодир ва Тешабойро аз мошин фаровард. Онҳо ба кабинети вазир омаданд. Вазир Валиҷону Нодирро хуш истиқбол гирифт.
— Офарин. Ман бовар доштам, ки ин ҷиноятро шумо ифшо мекунед, гуфт Ромизи Маҳмадалӣ ва гӯшии телефонии ҳукуматиро ба даст гирифт. — Ҳоло ман ба сарвазир занг мезанам.
— Ҷаноби сарвазир ҷинояткор дастгир шуд ва ҳоло ӯ пеши ман аст.
— Ман ҳозир меоям, — гуфт сарвазир.
— Шумо бемалол чой нӯшида шинед, ҳозир сарвазир меояд, — гуфт вазир ва афзуд: — хуб қисса кунед, ки ба шумо чӣ шуд, ки аз роҳ баргашта боз ба Санги Сиёҳ рафтед?
— Қисса дароз аст. Ҳеҷ гап не, гӯш мекунам.
— Телефони мову шуморо гӯш мекардаанд, — гуфт Валиҷон. Ба мо сӯйиқасд ташкил карданд.
— Не-е. Кӣ буданд онҳо?
— Ҳаммаслакони Табаралӣ. Моро ҳамсояҳоямон ҳам таҳти назорат доштанд, базӯр то ин ҷо расидем. Дар роҳҳо дидбонгоҳ ташкил карда моро меҷустанд, — гуфт Валиҷон ва воқеаҳои имрӯзаро мухтасар нақл кард.
— Қаҳрамонӣ нишон додаед, офаринатон бод!- гуфт вазир.
Ҳамин вақт навбатдори вазорат хабар дод, ки мошини сарвазир омадааст.
— Шумо истед, ман ҳозир меоям, — гуфт Ромизи Маҳмадалӣ ва ба истиқболи сарвазир ба поён фаромад.
Баъди чанде ӯ бо сарвазир ба кабинет ворид шуданд.
— Ин кас полковник Валиҷони Нарзулло ва ин кас журналист Нодири Аминпур, мушовири ман, — ба сарвазир муаррифӣ кард Ромизи Маҳмадалӣ.
Сарвазир бо онҳо дастакӣ салом карда гуфт: — Ман шуморо хуб мешиносам.
— Ана, ҳаминҳо ҷиноятро ифшо намуда ҷинояткоро боздошт карданд, — гуфт вазир ва Тешабойро нишон дод.
Сарвазир ба Тешабой назар кард ва гуфт: — Ин кас Тешабой. Як замонҳо дар мактаби Санги Сиёҳ ҳамроҳ кор мекардем.
— Бале, — сар ҷунбонд Тешабой.
— Сабаб чист, ки як одами дупа дуруст даст ба куштор мезанад?
— Иҷозат диҳед, нақл кунам, — гуфт Валиҷон ва ҳодисаро мухтасаран нақл кард.
— Ҳамин гапҳо дурустанд, — аз Тешабой пурсид сарвазир.
— Бале, сад дар сад,- посух дод ӯ.
— Баред ӯро, — гуфт сарвазир.
Вазир навбатдорро даъват карда гуфт: — Ин касро ба боздоштгоҳи махсуси худи вазорат баред ва нигоҳ кунед, ки ба ӯ ягон осеб нарасад.
— Ба назари ман, бояд ин қазия ба суд нарасад, ки шарманда мешавем, — гуфт сарвазир.
— Худаш то суд намерасад Тешабой. Саратони меъда дорад ӯ ва рӯзҳояш ҳам ба шумор мондаанд, — гуфт Валиҷон.
— Пас ӯро озод кардан даркор. Бигзор дар хонааш бимирад. Ба ҳар ҳол мо як замон дар мактаб ҳамкор будем, — гуфт сарвазир ва лаҳзае сукут монд.
— Беҳтараш дар бораи ифшо шудани ин куштор хабаре нашр накунед. Хоҳиш мекунам, ки дар ин бора касе лаб накушояд. Дар пеш интихобот аст, — гуфт сарвазир ва афзуд:- Ман ба ваъдаам вафо мекунам. Мукофотпулиро пагоҳ аз вазиратон мегиред.
— Пагоҳ, субҳ одами ман пулро ба шумо мерасонад, — гуфт ба Ромизи Маҳмадалӣ сарвазир. – Бори дигар ба ҳамаатон ташаккур.
Сарвазир ба суи дар роҳ гирифт. Вазир ӯро то мошинаш гусел карда баргашт.
— Аз рӯи гуфтаатон ба ҷони шумо хатар таҳдид мекунад. Бинобар ин, пешниҳод дорам, ки имшаб дар бӯстонсарои ман, дар Варзоб меҳмонам шавед.
— Шуморо ташвиш додан хуб нест, ба хонаҳоямон меравем, -гуфт Валиҷон.
— Шумо таҳдидро шӯхӣ нафаҳмед. Албатта, то субҳ хабаркашҳо дар бораи анҷоми амалиёт маълумот медиҳанд ва рақибон дигар ба шумо кор нахоҳанд гирифт.
— Аз ҷониби дигар, ман ҳам, аз шумо қарздорам. Шумо обрӯи маро бардоштед. Аз тарафи дигар, ман хоҳиш мекунам, — гуфт вазир.
Валиҷону Нодир ноилоҷ розӣ шуданд. Вазир онҳоро ба бӯстонсарояш бурд. Барои онҳо дастархони пурнозу неъмат густурда буданд. Баъди занги аввали Валиҷон вазир амр карда буд, ки зиёфат омода кунанд. Дар вақти зиёфат сухан аз ислоҳоти милиса рафт. Вазир омода буд, ки ислоҳотро шурӯъ кунад.

***
Рӯзи дигар, ронандаи вазир Валиҷону Нодирро ба офисашон овард. Онҳо дар бораи фаъолияти минбаъдаашон сӯҳбат мекарданд, ки вазир занг зада гуфт, ки ҳозир ёварашро бо коре ба наздашон мефиристад. Баъди чанд дақиқа ёвари раис дар даст киф ва папка занги дари офисро пахш кард. Валиҷон аз чашмак ёвари вазирро дида, дарро боз намуд.
Ёвар баъди салому ҳолпурсӣ кифро болои миз гузошт ва аз папкаи дасташ лифофаеро бароварда ба Валиҷон дароз кард:
— Инро вазир доданд, ки ба шумо расонам.
— Ин чӣ аст? — Ҳайрон пурсид Валиҷон.
— Ман намедонам, онро накушодаам. Вазир гуфтанд, ки амонаташонро гиранд.
— Боз бомба наоварда бошед, — шӯхӣ кард, Нодир.
— Ба ростӣ, инашро намедонам. Лекин ба ҳар ҳол баъди аз хона баромадани ман онро кушоед,- ба таври ҷиддӣ гуфт ёвар ва сӯи баромадгоҳ равон шуд.
— Ташаккур,- гуфт Валиҷон ва ёварро гусел карда баргашт:
— Хуб, бомбаро мекушоем?
— Чаро не?
— Агар таркад чӣ?
— Ҳар чизе, ки дар тақдиру насиб бошад,- посух дод Нодир.
— Киф қулф аст, онро чӣ хел мекушоем?
— Калид дар лифофа аст.
Валиҷон лифофаро кушод. Дар варақе рамзи қулф навишта шуда буд. Ӯ ин рақамҳоро дар қулф чид ва тугмаи онро зер кард. Қулф кушода шуд. Даруни киф бастаҳои саддоллара ба тартиб чида шуда буданд. Сарвазир ба ваъдааш вафо карда буд.
-Хуб ҳисоб мекунем?
Бе ҳамин ҳам маълум, ки он ҷо сад бастаи саддолларӣ ҳаст. Дар чунин кифҳо аз ин зиёд доллар намеғунҷад, — гуфт Нодир.
— Ту инро аз куҷо медонӣ?
— Магар ман бори аввал пулро мебинам. Дар филмҳои америкоӣ борҳо кифи долларро дидаам.
— Пас, подоши заҳматро тақсим мекунем, — гуфт Валиҷон.
— Бошад.
Валиҷон пулро ду тақсим карда гуфт:
— Ана, 500 ҳазор доллар ҳаққи ҳалолат.
— Не, намегирам. Ин барои ман зиёд аст.
— Шиори давраи шӯравӣ «бародариву баробарӣ»-ро магар фаромӯш кардаӣ. Мо қавл карда будем, ки мукофотпулӣ баробар тақсим мешавад. Ҳол он ки агар аз рӯи заҳмат пулро тақсим кунем, ҳаққи ту аз ин ҳам зиёд мешавад. Ба ғайри ин, ту нисбат ба ман бештар ба пул эҳтиёҷ дорӣ. Хонаву мошин хариданат даркор.
— Зан гирифтанам даркор, — шӯхӣ кард Нодир.
— Чаро не. Аз занат расман ҷудо шудаӣ ва ба гардани ту барин марди озод ва серпул духтарон ҳалқа мешаванд.
— Албатта, ин шӯхӣ аст ва ман озодии мутлақро аз даст доданӣ нестам.
— Хуб, пулатро ба чӣ сарф мекунӣ?
— Ҳа, воқеан, ин 50 ҳазор барои пешбурди минбаъдаи фаъолиятамон. Баъзе таҷҳизот харидан лозим, — гуфт Нодир ва 5 бастаи пулро пеши Валиҷон гузошт. — Ба 150 ҳазори дигар аз биноҳои нав як хонаи хуб ва мошини нав мехарам. Ба 300 ҳазор доллари боқимонда аз Маскав хона мехарам, то аҳли байт дар шаҳр ҳам хона дошта бошанд.
— Боз мегӯӣ, ки ба ту пул даркор нест.
— Ҳар қадар пул зиёд бошад, ҳамон қадар харҷ ҳам зиёд мешавад.
— Бале.
— Ту чӣ нақша дорӣ?
— Як қисми пулро барои бюро ҷудо мекунам. Ба боқимондааш дар деҳаи бобоӣ хона месозам. Аз ҳавлии бобоям пораеро барои падарам ҷудо карда буданд. Падарам кулбае сохта буд, ки бо мурури вақт фарсуда шудааст. Писарамакҳоям, дер боз хоҳиш доранд, ки ба ҷояш хонае созам.
— Нақшаи олӣ. Ба фикрам аллакай ғами ояндаро мехӯрӣ. Хуни нофат дар деҳа нарехта бошад ҳам, ба зодбуми аҷдодиат дилат кашол аст. Ман ҳам акнун мефаҳмам, ки чаро аксаран мардон баъди нафақа баромаданашон аз шаҳр, ки тамоми умрашонро гузаронидаанд, ба деҳа ба хонае, ки таваллуд шудаанд, бармегарданд.
— Бале. Чизе касро чун оҳанрабо ба худ мекашад. Масалан, ман дар Душанбе таваллуду калон шудам ва мумкин соле як ё ду маротиба ба деҳа меравам, вале ба ҳар ҳол дилам кашоли он ҷост.
— Гумон мекунам, ки ин табиӣ аст. Шахс боз ба асли хеш бармегардад.
— Пас барои амалӣ карданӣ нақшаҳоямон рухсатӣ мегирем.
— Бале, албатта, рухсатии бемузд, — гуфт Нодир.
Дӯстон аз ҷо бархестанд, то нақшаҳояшонро амалӣ кунанд.

Поёни китоби якум.

Хоҷа Оби Гарм, 18-29-юми июли соли 2012

Қасос

Ҷовид Муқим

Муҳаррири техникӣ: Фаррухи Файзулло
Тарроҳи компютерӣ: Манучеҳри Ғайратзод

Ба чоп 03.05.2013 супорида шуд.
Ба чопи китоб 07.05. 2013 имзо шуд.
Андозаи 60 х 84 1/16. Ҳаҷм 9 ҷ.ч. Коғази офсетӣ.
Адади нашр 500. Супориши №
Суроға ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ 50.
Нашриёти «Озар»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: