Ҳар як пораи санг ҳам ватан аст


sangs
Ҳикояи «Санги соҳибном»-и Марямбонуи Фарғонӣ, ки дар маҷмӯаи ӯ «Шаҳболи хаёл» соли 2011 чоп шудааст, ҳаҷман чандон калон нест, ҳамагӣ 14 саҳифаи китоб аст. Вале дар он муаллиф як ҷаҳон маъниро ғунҷондааст. Хати асосии сужаи ин ҳикоя ба Санги лағжонак, ки дар ҳавлии сокини маҳаллаи Кунҷоки деҳаи Ровони ноҳияи Сӯх Зокири Хоҷа воқеъ аст, иртибот гирифта, лаҳзаҳои дигар барои кушодани моҳияти ин санг аз диди қаҳрамон истифода мешаванд. Барои қаҳрамони ҳикоя — Зокири Хоҷа ин харсанги оддӣ нест, ки як кунҷи ҳавлиашро банд кардааст. Барояш ин санг муқаддасот аст, ки бояд пос бидориаш. Ӯ ҳар субҳ баъди адои намоз назди ин санг меояд ва дида бар он дӯхта ба андеша меравад, гоҳе дар гирди он чанд маротиба чарх мезанад. Баъзан ӯ болои санг мебарояд ва чун кӯдакон аз он лағжида поён мефарояд.
Завҷаи Зокири Хоҷа бошад, моҳияти ин сангро намедонад ва инак 30 сол боз бо шавҳараш ҷанҷол мекунад, ки ин харсангро аз ҳавлӣ бардорад. Харсанг чун устухонест, дар гулӯи бону хона. Билохира, ӯ пешниҳод мекунад, ки шавҳараш динамит пайдо карда, сангро тарконад. Зеро ин санг ҷои як хонаро беҳуда банд кардааст. Зокири Хоҷа ба завҷааш мегӯяд: «Ба ҷои ту ягон бонуи худшиноси сӯхӣ мебуд, Санги лағжонака моли худ дида, аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Ту бошӣ, аз ин сарвати худодод ношукрӣ мекунӣ.». Зани Зокири Хоҷа мусофир аст ин ҷо. Ӯ аз ноҳияи дигар арӯс шуда омадааст. Хуни вай ин ҷо нарехта бошад, аз куҷо қадри Санги лағжонакро донад.
Зокири Хоҷа пас аз ҷанҷоли навбатии занаш аз ҷой хеста сӯи харсанг равон мешавад. Ӯ бели дасташро сари воти картошказор монда болои Санги лағжонак мебарояд. Зокири Хоҷа он ҷо чун солҳои ҷавониаш пойро дароз карда, мешинад.
Ӯ аз давраҳои кӯдакиаш ёд меорад. Ба қавли ӯ ҳамин Санги лағжонаки Кунҷок гӯё тарбиятгари кӯдакони бонувони деҳқон буд. Замоне ин ҷо киштзор буд ва бонувони Ровон кӯдаконашонро дар яслии сайёр гузошта, ба кори саҳро машғул мешуданд. Кампири Аён мураббии ин яслӣ буд. Ӯ дар таги зардолуи бузурге шолча партофта, кӯдаконро нигоҳ мекард. Кӯдакони бузургтар болои Санги лағжонак баромада бозӣ мекарданд. Касе дар ёд надорад, ки кӯдаке аз болои харсанг афтида бошанд. Гӯиё Санги Лағжонак ҳам чун бибии Аён мураббии кӯдакони деҳ буд.
Мухтори бахшӣ, ҳамсояи Зокири Хоҷа бошад, ба завҷаи ӯ маслиҳат додааст, ки харсангро тарконанд, аз он ду мошин сангу шағал мебарояд. Аҷиб мардуме, ба кори дигарон дахолат мекунанд.
Зокири Хоҷа даврони дигари умрашро, ки ба ин санг пайвандӣ дорад, ба ёд меоварад: Он вақт Зокир дар мактаб таҳсил мекард ва бо ҳамсабақонаш барои шинондани боғи себ рафтанд. Чун ба Кунҷок расиданд, ҳамагон сӯи Санги лағжонак давиданд. Якояк ба болои он мебаромаданд ва лағжида поин мешуданд. Духтарон бо нозу ишва тарс доштани худро нишон дода аз писарон дасти мадад мехостанд. Албатта, писарон аз дасту духтарони мақбулашон гирифта кӯмак мекарданд, то онҳо болои санг бароянд. Дастҳо ба ҳам расида эҳсоси гувороеро бедор мекарданд, дар дили ҷавонони шонздаҳсола ишқи аввал шӯъла мезад.

Бимирам ман ба ёди боғи Кунҷок,
Ки дар хокаш муҳаббатдона киштам.

Шояд ҳамин дилбастагӣ аст, ки Санги лағжонакро барои Зокири Хоҷа маҳбуб кардааст. Ӯ меҳру муҳаббатро нисбати ин санг дар қалби наберааш Ҷамшед ҳам бедор кардааст. Ҷамшед ифтихор дорад, ки дар ҳавлиашон Санги Лағжонак ҳаст. Ӯ номи харсангро ба исми хос дохил намуда, дар борааш дар дарси забон қисса ҳам кардааст.
Мӯйсафеди Зокири Хоҷа бо наберааш тӯли як ҳафта аз соҳили рӯди Обишир сангҳои гуногунрангро меорад ва алорағми завҷааш, дар поёни Санги лағжонак ҳавз сохта, обод мекунад. Ин ободиро Мухтор бахшӣ дида, ба ӯ маслиҳат медиҳад, ки агар ба мардуми корафтода гӯяд, ки ин санг барои занҳои фарзандталаб кӯмак мекунад, остонаи дари онҳо дар андак вақт аз зар мешавад.
Барои Зокири Хоҷа ин санг воқеан ҳам муқаддас аст. Ӯ Мухтор бахширо аз хонааш пеш карда мегӯяд: «Ҳамин санг монда буд, ки бадном накардаӣ?! Манфиатҷӯйи беномус!».
Дар деҳаи Ровон санги дигаре ҳаст, ки Санги кабуташ меноманд. Аз рӯи ривоят як ҷавони сӯхӣ ин тахтасанги азимҷуссуро аз деҳаи Чоркӯҳи Исфара, ки ба Сӯх ҳамсарҳад аст, пуштора карда овардааст.
Муаллиф дар бораи ин ду санги деҳа ҳарф зада сари масъали хелле ҷиддӣ – ҳуввияти миллӣ сухан меронад. Мардуми ноҳияи Сӯхи Ӯзбекистон аслан тоҷиканд ва бар он мекӯшанд, ки ҳуввияти миллии худро нигоҳ доранд. Ҳастанд нафароне, ки мисли Зокири Хоҷа ҳатто як харсангро чун муқаддасоти миллӣ пос медоранд. Вале дар деҳаи тоҷикнишини Ғазнов пайкараи Султон Маҳмуди Ғазнавиро гузоштанд, ки гӯиё ӯ зодаи ин маҳал бошад. Дар чоряки аввали асри ХХ як авлод аз деҳаи атрофи Хӯканд бо сарварии Каримчаи когазгари Мӯйимуборакӣ ба ин ҷо кӯчида меоянд ва ҳоло онҳо даъво кардаанд, ки аз ҷадди Султон Маҳмуд мебошанд. Яке аз қаҳрамонони ҳикоя аз ин изҳори нигаронӣ мекунад, ки деҳаи тоҷикнишине дар Фарғона ба пайкараи «султони ғаддор» ва душмани миллат чӣ ниёз дошта бошад?
Муаллиф ин ҷо аз бегонапарастӣ ва коҳиш ёфтани ҳуввияти миллии тоҷикон изҳори нигаронӣ мекунад.
Санги Лағжонак барои муаллифи ҳикоя ҳам, ки дур аз зодгоҳаш дар Душанбе зиндагӣ дорад, муқаддас аст. Он ёдест аз даврони ҷавониаш.

Бояд гуфт, ки навиштаҳои Марямбонуи Фарғонӣ ба зодгоҳаш ноҳияи Сӯхи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иртиботи қавӣ доранд. Хонанда бо мутолиаи асарҳои ӯ сайре ба деҳоти Сӯх карда, бо мардуми захматкаши он шинос мешавад. Ҳамчунин дар асарҳои Марямбону Фарғонӣ лаҳҷа ва фолклори мардуми Сӯх хеле хуб истифода мешаванд, ки он навиштаҳои муаллифро табииву хонданӣ мекунанд.

Ҷовид Муқим

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: